ПАЙКОН

Февраль 5, 2010

Пешгӯиҳо хато баромаданд

Рубрика: Uncategorized — 115k @ 6:02 дп

Тайи ду рӯзе, ки ҷаласаи ҳисоботии ҳукумат доир мегашт, мардуми гӯшбақимор танҳо ба як чиз таваҷҷӯҳ доштанд: шунидани номи онҳоеро, ки ҳолдонҳо ба ин ё он маснади давлатӣ муносиб дониста буданд.

Саҳнаи дохили ҷаласа
Вале аз толори ин ҷаласа, ки дар бахшҳои хабарӣ нишон дода шуд, се муовини раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Нурмаҳмад Холназаров, Шариф Исоев ва Сафаралӣ Саъдуллоев барои роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ дар кори худ ва роҳбари идораи ду лоиҳаи инвеститсионӣ доир ба барқарорсозии системаи ирригатсионӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияи ҳамадонӣ Рустам Баротов аз вазифаҳои хеш озод ва берун шуданд.
Воқеан, бояд гуфт, ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз ҷаласа, 19-уми январи соли 2010 раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Санъат Раҳимов низ аз вазифа озод гардида буд. Шояд хуб ҳам шуд. Зеро агар аз вазифа озод намешуд, яқин буд, ки дар ин ҷаласа ҳатман зери танқид қарор мегирифт. Фаъолияти ӯро ҳамагӣ як сол шуда буду ҳоло дар чунин ҷаласаҳои ба таври оммавӣ «гӯшмол»-и Президент ва маломати халқро надидаву нашунида буд. Зеро аз он ки муовинонашро ба хотири «камбудиҳои ҷиддӣ дар кори худ» аз толори маҷлис пеш карданд, бо вуҷуди нисбати Шарифхон Самиев фаъолияти назаррастар доштан, ба сари ӯ низ борони танқид меборид.
Бояд гуфт, Президент Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ дар ин ҷаласа аз беҳ шудани имконоти барқтаъминкунӣ изҳори қаноатмандӣ карда, супориш дод, ки аз имрӯз сар карда, нерӯи барқ ба аҳолии вилояти Хатлон 10 соатӣ ва ба аҳолии вилояти Суғд аз 30-юми январ 11-соатӣ таъмин карда шавад.
Дар ҳамин ҳол, чизи норӯшан ин мемонад, ки агар вазъи барқтаъминкунӣ беҳ шуда бошад, пас озод шудани Санъат Раҳимову муовинонаш ба чӣ хотир буд?

Саҳнаи пушти дари ҷаласа
Ҳарчанд дар рӯзҳои баргузории ин ҷаласа як қатор тағйироти кадрӣ ба амал омада бошад ҳам, аммо на он тавре, ки мардум «ҳангомаомез»-ашро интизор доштанд. Яъне, он кадрҳое, ки аз ҷониби Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон ба номзадӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод гардиданд. Шермуҳаммад Шоҳиён аз вазифаи раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мунаввар Кенҷаева аз вазифаи раиси Суди иқтисодии вилояти Суғд, Хайринисо Юсуфӣ аз вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азизмат Имомов аз вазифаи муовини аввали вазири адлия, Маҳмадшариф Ҳақдодов аз вазифаи муовини вазири энергетика ва саноат ва Низом Қосим аз вазифаи директори Муассисаи давлатии Телевизиони кӯдакону наврасон «Баҳористон» аз ҷумлаи онҳоянд.
Тавре сайти Президент хабар додааст, озод шудани шахсони зикргардида ба хотири таъмин намудани шароити баробари интихоботӣ ба ҳамаи номзадҳо мебошад. Бояд гуфт, аз вазифа озод гардидани 7 нафар раисони шаҳру ноҳияҳо, ки қаблан дар мақолаи «Мавсими шоҳмотбозӣ расид» зикр карда будем, сабабаш ҳамин будааст.
Ҳамчунин, Исуфалӣ Муродов аз вазифаи муовини сардори Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ақибгоҳ, техника ва аслиҳа бо сабаби ба нафақа баромадан, бо ризоияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромадан ва Абдусамӣ Додобоев аз вазифаи муовини аввали Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шуданд.
Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Азизов аз вазифаи муовини раиси Суди Олии ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сайфулло Гиёев аз вазифаи муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – раиси Коллегияи ҳарбӣ бо сабаби ба корҳои дигар гузаштан бозхонд карда шуда, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Азизов раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Саҳнаи аҷиби тағйироти кадрӣ
Аз ҳама тағйироти пурсарусадо ин навбат – бо фармони Президент Шерхон Салимзода, ки Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ – намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, аз ин вазифааш озод шуда, ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии таъин гардид.
Чаро маҳз аз вазифа рафтани Бобоҷон Бобохонов ва ба ҷойи ӯ омадани Шерхон Салимзодаро пурсарусадо гуфтем? Зеро то имрӯз Прокурори генералӣ бо Агентии мубориза ба ришва як навъ муқобилият доштанд ва аз тарафи дигар Шерхон Салимзода пештар низ дар ин маснад ифои вазифа кардааст.
Ин ду мақоми қудратӣ ҳатто дар нишастҳои хабарияшон дар симои якдигар рақиби носолим буданашонро пинҳон намедоштанд. Масалан, Бобохонов боре дар мавриди фаъолияти Агентии мазкур чунин гуфта буд: «Боварӣ дорам, ки баъзе аз ин ҷиноятҳоро худи кормандони Агентии мубориза бо фасоди молӣ ташкил кардаанд. Ду-се ҷинояте, ки дар ҳамин қатор ба қайд гирифта шудааст, «провокатсионӣ»-янд. Провокатсия на натанҳо дар ҳаққи кормандони додситонӣ, балки провокатсия дар ҳаққи додрасҳо ва милисаҳо низ».
Ҳамин гуна вокунишҳои Прокурори генералӣ зидди ин ниҳод зиёд ҳастанд. Далели дигар – ин соли ҷорӣ ислоҳоти ба тасвиб расонидаи Маҷлиси Намояндагони парлумон дар Қонун дар бораи ниҳодҳои додситонӣ мебошад. Он вақт Бобохонов низ изҳори норозигӣ кард, ки тибқи ислоҳоти воридшуда Агентӣ назорати молӣ ва мубориза бо ришва акнун салоҳият дорад бар зидди кормандони додситонӣ барои ришвахорӣ парвандаи ҷиноӣ боз кунад.
Дар аввал баъзе коршиносон ин гуна вокунишҳои роҳбарони ин ду ниҳоди қудратиро дар муносибати нохуби шахсӣ доштанашон шарҳ медоданд, вале бо озод шудани Шерхон Салимзода аз вазифаи директори Агентии мубориза бо коррупсия он то ҳанӯз давом дошт. Ва ин тарзи корбарӣ бевосита метавонад ба обрӯи кишвар таъсир расонад.
Хулоса, шояд сабаби аз вазифаи Прокурори генералӣ барканор шудани Бобоҷон Бобохонов дар интиқодҳои пай дар паяш аз Агентии номбурда аст, шояд дар нафақа баромадан ва ё дар чизи дигар, ки пешгӯиҳои таҳлилгарон рост баромад.
Ба ҳар ҳол, Шерхон Салимзода, ки ҳам дар вазифаи Прокурори генералӣ таҷриба дораду ҳам дар вазифаи роҳбари Агентии мубориза бо коррупсия, ку бубинем фаъолияти ин ду мақоми интизомӣ чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.

Саҳнаи охир
Агар мантиқан бингарем, аз таъин шудан ё нашудани ину он ба халқ на фоидае мерасаду на зарар. Зеро он зиндагие, ки мардум тайи чанд соли охир доранд, як навъ пеш рафта истодааст. Дигар таъин ва ё барканор шудани ин ё он шахс ба вазифаҳои аввалӣ барои халқ муҳимият надорад.
Танҳо то ҳанӯз мардум интизор доранд, ки ҷаласаи ҳукуматро ба тавре пурра, чун ҳамасола тариқи телевизион намоиш диҳанду аз камбудиҳову сурху сафедшуданҳои роҳбаронашон огоҳ шаванд. Зеро халқ аз фаъолияти роҳбарону курсинишинон танҳо дар як сол як бор дар ҷаласаҳои ҳисоботии назди Президент бохабар мегарданду халос. Аммо аз чӣ бошад, ки имсол то кунун онро ба таври пурра дар шабакаҳои телевизионӣ намоиш надоданд.
Ҳарчанд, дигаргуниҳои ҷолибтар дар тағйиротҳои кадрие, ки мардум интизор доштанд, набуд, вале акнун ба воситаи шабакаҳои телевизионӣ муфассал намоиш надодани ҷаласа барои мардум аҷиб ва саволи беҷавоб мондааст.

Саида ҚУРБОНОВА, БМСТЖ

Домулло НУРМУҲАММАД: «Ҷинҳо аз садои азон сахт метарсанд»

Рубрика: Uncategorized — 115k @ 5:58 дп

Чанд соли охир дар кишвар шумораи беморони рӯҳӣ афзудааст. Аз кадом ҳисоб? Сабабҳои афзоиши ин бемориро табибон як хел шарҳ медиҳанд, фолбинҳо ба таври дигар. Рӯҳониён бошанд, назари хоси худро доранд. Аз ин лиҳоз, сӯҳбате оростем бо Домулло Нурмуҳаммад, ки собиқаи беш аз 15-сола дар дуохонӣ дорад.

- Мувофиқи шунида ва мушоҳидаҳо, имрӯз шумораи гирифторони бемории рӯҳӣ зиёд шудааст. Шумо ҳамчун домуллои қасидахон, ки бо ин гуна беморон сарукор мегиред, сабабҳои зиёдшавии онҳоро дар чӣ мебинед?
- Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон! Аз рӯи таҷрибаи чандинсолаам гуфта метавонам, ки сабаби зиёд шудани беморони рӯҳӣ тарс аст. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мардуми тоҷик муҳоҷир шуданд ва хории зиёд диданд. Аз садои тиру тӯп тарсиданд. Ин тарс боис шуд, ки аз таъсираш гирифтори беморӣ гарданд. Тарси инсон боис мегардад, ки ҷин бар вай тасаллут ёбад. Ва ин ҷин рӯҳи инсонро идора мекунад.
Боз сабаб шуда метавонад фикри зиёд дар бораи чизе. Мисол, агар духтари бешавҳар доим дар фикри ояндааш бошад, ин фикр ӯро ба бемории рӯҳӣ расонида метавонад. Ҳамчунин, бекорӣ сабаб шуда метавонад.
Сабаби дигараш аз ҳадиси Паёмбар (с) маълум аст, ки мегӯяд: «Дар куҷое, ки рибохорӣ зиёд бошад, дар онҷо бемории рӯҳӣ зиёд мешавад».
Бемории рӯҳи мешавад осебӣ ва ҷинӣ. Осебӣ он аст, ки асаб ё майнаи сари инсон аз чизе осеб мебинад ва дар ин ҳолат ҳам шахс ба бемории рӯҳӣ гирифтор мешавад.
Бемории рӯҳии осебӣ бояд бо тиби имрӯза муолиҷа шавад ва агар ҷин зиён расонида бошад, ҳатман он бемор бояд хонда шавад.
Имрӯзҳо «муллоҳо» ва ашхоси фолбин дар ҷомеаи мо зиёд шудаанд. Мардум аз бесаводӣ, ё бечорагӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд. Соҳирон ё ҷодугарон бо ҷинҳо сарукор доранд.
Дар олами ислом сеҳр ҳаром аст. Ҳадиси Паёмбар аст, ки манзили фолбину шахсоне, ки ба онҳо муроҷиат мекунанд, дӯзах аст. Вақте шахс аз фолбин барои баровардани ягон ҳоҷат кӯмак мепурсад, аввалин чизе ки фолбин мепурсад, номи падару модари муроҷиаткунанда аст. Ин гуна одамон худро бо дасти худашон зери тасаллути ҷинҳо қарор медиҳанд. Яъне, шахсе ки пеш аз муроҷиат кардан ба фолбин ҷин надошт, баъдан ҷин ёраш мешавад.
Сабаби дигар шабгардӣ аст. Мебинем, ки имрӯзҳо аксарияти ҷавонон шабгардиҳои беҳуда доранд. Аксарияти бемороне, ки онҳоро хондаам, аз торикӣ тарсида, ба ин дард гирифтор шудаанд.
- Аз олами ҷинҳо каме нақл кунед. Оё онҳо миллату мазҳаб доранд?
- Устодам насиҳат карда буданд, ки он чиро дар вақти дуо хонданат мушоҳида мекунӣ, ба бемор нагӯй. Умуман, дар бораи олами ҷин ба шумо маълумоти зиёд доданӣ нестам, зеро мумкин нест.
Дар Қуръон омадааст, ки ҷин аз оташ офарида шудааст.
Ман ба шумо аз таҷрибаҳоям мегӯям, ки баъзан ҳолат аз забони бемор бо ҷин сухан мегӯям. Ҷинҳо бо забонҳои гуногун ҳарф мезананд. Аз ҷумла бо забони кореягӣ, русӣ, арабӣ, эронии қадима.
Ҳамчунин, ҷинҳо ба мисли инсонҳо қабила, роҳбар ва равияву оинҳои гуногун доранд. Баъзеяшон инсонро намозхону худотарс мекунанд ва онҳо сахт ба ибодат дода мешаванд.
Як замон бемореро дуо мехондам ва он бемор мегуфт, ки ин ояти раҳмат аст, он ояти азоб аст. Баъди чанд бор дуо хондан, вақте ҷин аз вай дур мешуд, аз бемор суол мекардам, ки аз ин оят хабар дорӣ? ӯ не мегуфт. Баъзе ҷинҳои дигар аз имон хориҷ мекунанд. Аз ин рӯ, маълум мешавад, ки ҷинҳои босавод ҳам ҳастанд. Гуфта намешавад, ки ҷинҳо ҳама чизро медонанд. Ин дурӯғ аст.
Имрӯз фолбинҳои мо шарм надошта, аз оянда чунон сухан меронанд, ки! Бояд мардуми мо огоҳ бошанд, ки фолбинҳо на бар он пояанд, ки онҳо фикр мекунанд.
Як беморро дуохонӣ мекардам. Ҷин аз ҳар боб сухан мегуфт ва худро доно вонамуд мекард. Аз ӯ суол кардам, ки Худованд инсро зиёд офаридааст ё ҷинро? Дар ҷавоби ин суол чизе нагуфт. Ин суол далел шуда метавонад, ки онҳо ҳам донишманд нестанд.
Бори дигар як беморро дуо мехондам ва бо ҷинаш гуфтугӯ кардам. ӯ бо забони эронии қадима сухан мегуфт. Аз синнаш пурсон шудам. Он бемор гуфт, ки 500 сол умр дорад. Яъне, ин ҳарфзаниҳо ба воситаи бемор сурат мегирад.
Сухани Мавлоно Яъқуби Чархист дар мавриди ҷинҳо, ки гуфтааст баъзеяшон ба сурати саганд, баъзеи дигар ба сурати кабӯтар ва ба ҳар сурат тағйир кардан ҳам қодиранд. Қодиранд масофаи дарозро дар як муддат тай кунанд. Ин ҳама аз қудратҳои Худост, ки махлуқашро чунин халқ кардааст.
Устодам дар мавриди он, ки кадом ҷинҳо зудтар аз инсон хориҷ мешаванд гуфта буд: «Ҷини масеҳӣ зудтар аз инсон мегурезад, ҷини мусалмон дертар».
- Дар ноҳияи Рашт воқеае дар як хонавода рух дода буд, ки ҷинҳо соҳибхонаро аз хонааш ба воситаи сангзанӣ меронанд. Оё чунин қудрат доранд онҳо?
- Ҷинҳо дар баъзе ҷойҳо макон мегиранд ва дар он макон агар инсон бошад, онҳо инсонҳоро меронанд. Яъне, ҳолатҳое мешавад, ки либосҳои одамҳоро мебуранд. Баъзеяшон телевизорашонро фаъол мекунанд. Ҳама корро карданашон мумкин.
Ҳолатҳоеро дида будам, ки бо санг ё оташ ба инсонҳо ҳуҷум мекарданд. Сангро аз тарафе мезаданд, ки инсон ба он қодир нест. Яъне дар дохили хона аз болои сар сангро зада буданд. Ба он хотир, ки онҳо намегузоранд манзилашон аз даст равад.
Барои ҳамин, бояд пеш аз вуқӯи воқеа илоҷашро ёфт. Бояд дар ҳар хонадон Қуръон тиловат карда шавад ва аъзоёни оила намозхон бошанд. Бояд аз хонадон садои азон барояд. Ҷинҳо аз садои азон сахт метарсанд. Дар куҷое, ки намозу дуо зиёд шуд, ҷинҳо аз онҷо фирор мекунанд.
- Вақте ҷин ба инсон таъсир мерасонад ва ӯ бехабар аст, ягон нишонаи муайянкунанда вуҷуд дорад? Кадом узви инсон аввал зиён мебинад?
- Ҳолатҳое мешавад, ки баъди дуо хондан шахс ҷинро мебинад ва дар ин ҳолат ҷин аз инсон мегурезад. Баъзе ҳолате мешавад, ки инсон ҷинро намебинад ва ӯ зиён расонидан мегирад.
Боз аломат ин аст, ки ягон мушак беихтиёр меларзад, ягон ҷойи бадан бе сабаб месӯзад. Ва дигар ин ки, сар як лаҳза дард мекунад ва дард зуд ба шикаму пою дигар узвҳо мекӯчад.
Баъзе ҳолатҳое ҳам мешавад, ки шахси гирифторро қариб даҳҳо мулло мехонанду соҳиби бемор оҷиз мемонад. Бояд бигӯям, ки вақте шахс ба бемории тиф гирифтор мешавад ва беморро назди духтури касалии дил мебаранд, он духтур дору мефармояд, вале ин бемор шифо намеёбад. Яъне шахси зиёни ҷинрасидаро бояд назди муллои пуртаҷриба ва касбӣ бурд. Дуохоне, ки бо ин дард ошност.
Як рӯз маро назди беморе бурданд. Он бемор гирифтори бемории саратон будааст. Пеш аз ман домуллоеро барои хондан овардаанду он домулло ба бемор парҳез фармудааст, ки муддати дароз танҳо обу нон истеъмол кунад. Ин гуна парҳез мумкин нест. Бояд мо донем, ки гирифтори чунин беморӣ ба ғизо ниёз дорад ва бояд миқдори зарурӣ аз ҳар гуна таъом истеъмол намояд. Аз камхабарӣ аст, ки домулло ба ҳама беморӣ як хел рафтор мекунад. Домуллои дуохон бояд аз тиб ҳам бохабар бошад, то беморро бо фармудааш ба ҳалокат нарасонад.
- Баъзеҳо дар зиёд шудани гирифторони бемории рӯҳӣ муллоҳоро гунаҳкор медонанд. Шумо дар ин бора чӣ мегӯед?
- То андозае ин гуфтаҳо дуруст аст. Дар боло ҳам зикр кардам, ки сабаби асосии зиёд гардидани беморони рӯҳӣ (ҷинӣ) ҳамин «мулло»-ҳои соҳиранд.
Имрӯзҳо мешунавам, ки баъзе муллоҳо мегӯянд: «Ҷинро ба Макка равон мекунам, ё нӯхта карда, ба дасти бемор медиҳам!». Ин хандаовар аст ва дурӯғи маҳз аст. Бояд онҳо шарм доранд, чунки дуохон ҷинро дида наметавонад. Агар чизеро эҳсос кунад, бояд он сир бошад ва ба касе нагӯяд.
Мардуми мо аксарияташон «пеши домулло меравем» гуфта, назди соҳир медароянд. Ва мегӯянд, ки «фалон мулло моро фол дид». На ҳар он чизе ки бо ҳарфи арабӣ навишта мешавад, аз ислом аст. Бояд мо байни донишманди дини ислом ва соҳир фарқият гузорем.
- Оё дуо хондан нозукӣ дорад?
- Дуохон маънои «дуо карда, хон» аст. Яъне, ба ҳаққи «Ва ну наззилу минал Қуръони мо ҳува шифоун ва…». Худо дар ин оя мегӯяд, ки «мо нозил кардем Қуръонро шифо барои мӯъминон…». Ҳар касе ки ба Худо имон дошта бошад ва дуохонӣ карда шавад, иншоаллоҳ шифо меёбад. Бояд шахси дуохон пуштӣ бошад. Яъне, падар ё бобоҳои гузаштааш дуохон ё дамгар бошанд. Чунки агар нозукиҳо риоя нашавад, ба шахси дуохон зиён мерасад. Ҳамчунин, шахсоне, ки риштаи аҷдодияшон ба Паёмбар (с) мерасад, яъне сайидзодаанд, метавонанд дуохони хуб шаванд. Вале, мутаассифона, дар Тоҷикистон сайидзодаҳо ангуштшуморанд.
Дуохон бояд ботақво бошад. Қабули дуо худотарсӣ аст. Касе ки тақвою худотарсӣ надошта бошад, дуояш мақбули Худо намегардад.
Баъзе одамҳое, ки нав «пайдо шудаанд», мегӯянд, ки қасида ё дуохонӣ аз мо нест. Мо дуо мекунем, аз Худо мехоҳем. Ҳатто ояҳое, ки дар Қуръон ҳастанд, фазилат доранд. Мисол, сураи Ихлос ё ояи Ояталкурсӣ дар бораи сухани Парвардигор, бузургии парвардигор аст, ки фазилати зиёд дорад. Вақте қасида ё дуо дар сифати парвардигор бошад, ягон ҷойи бадӣ надорад. Яъне, ин афрод исломро дар назди омма паст нишон медиҳанд. Ва ба таъбири худашон дуову қасидаро аз ислом дур медонанд. Бояд бигӯям, ки қасидаро ҷинҳо ҳам эътироф доранд ва вақте қасидаро ба бемор мехонӣ, ба воситаи дуо онҳо хориҷ мешаванд.
- Ҷин ба кадом тоифаи одамон бештар зиён мерасонад? Мешавад ин зиёнро пешгирӣ кардан?
- Агар бигӯем, ки пешгирӣ карда шуд, хато намекунем. Чунки аз тарафи ҳукумат қароре барои манъи фаъолияти фолбинҳо, соҳирон баромада буд. Ва ин кӯшишест барои пешгирӣ, вале то кадом андоза мо мардум ин қарорро ба назар мегирем, аз худи мо вобаста аст.
Имрӯз домуллоҳо вазифадоранд ба мардум бифаҳмонанд, ки рафтан назди фолбин мумкин нест ва Қуръон инро манъ кардааст. Бояд мардум донанд, ки шифои Қуръонӣ дигар асту сеҳру ҷоду дигар.
Мардум бояд ҳар рӯз сураҳои чор қулро (сураҳои Кофирун, Ихлос, Фалақ, Нос) хонанд.
Як вақт назди Расули Худо (с) Ҷабраил омаду гуфт: «Ё Расулаллоҳ, як деве аз ҷин мехоҳад туро ҷоду кунад. Вақте ки ту сӯи ҷойхобат шудӣ, Ояталкурсиро бихон». Касе ки Ояталкурсиро медонад, пеш аз хоб ҳатман хонад. Ин як деворе мешавад, ки ӯро Худованд нигоҳ медорад.
Баъзе суханҳо ҳаст, ки ҷин ба инсони пок зиён мерасонад. Ин нодуруст аст. Чунки ҳатман аз сӯи мо ягон хатое содир мешаваду зиён мебинем.
Гӯё ҷин ба шахси шаробнӯш ё ҳаромхӯр таъсир намерасонида бошад. Ин тавр нест. Мутаассифона, баъзеҳо чунин тавсия ҳам мекунанд, ки касе арақ нӯшад, нашъа кашад, ё кори ҳаром кунад, ба ӯ ҷоду ё ҷин таъсир намерасонад. Ин тавсия хизмати хирсонаест ба шахси бемор. Зеро бемории дигар ба бемории ӯ зам мешавад.
Бисёр вақт мебинем, ки гирифтори касалии рӯҳиро мегӯянд, агар даст бигирад, сиҳат ва фолбин мешавад. Дар натиҷа, аз роҳ мебароянду соҳиру ҷодугар мешаванд.
Боз гапҳост, ки гӯё шахсро илм мебардорад ва дар шахсияти ӯ мегӯянд: «ӯ Қуръон мехонд ва Қуръон ӯро бардоштаст». Қуръон шахси ботақво ва Худоҷӯйро хор намекунад. Қуръон раҳмат аст ва барои инсоният омадааст. Пас, чӣ хел инсонро хор мекардааст? Ҳамон қадар ки инсон пайравӣ аз Қуръон кард ва вайро азиз шуморид, ҳамон қадар Худо ҳифзаш мекунаду шайтон ба ӯ наздик шуда наметавонад.
Покизагӣ, намоз, дуо метавонад инсонро аз ҳама гуна махлуқи зараррасон эмин нигаҳ дорад.

Мусоҳиб
Аҳлиддини САЛИМПУР, БМСТЖ

Дар Панҷакент прокурору суд забон як мекунанд ё такя ба қонун доранд?!

Рубрика: Uncategorized — 115k @ 5:52 дп

Нафареро бо ҷурми одамдуздию ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта бо духтараки ҳанӯз ба синни 14-солагӣ нарасида маҳкум кардаанд. Вале «ҷабрдида»-ҳо мегӯянд, ки чунин ҳолат рух надодааст…
Ба мо сокини шаҳри Панҷакент М. Сатторов муроҷиат карда, дархост намуда буд, ки вобаста ба ҳодисаи ба сари бародараш омада ба онҳо ёрӣ расонем. Бо муроҷиаташ нусхаи ҳукми Суди шаҳри Панҷакент аз 20-уми ноябри соли 2009 ва дигар маводҳоро ҳамроҳ намуда буд. Муайян кардем, ки то ҳол баррасиии кассатсионии парванда доир нагардидааст. Вале бинобар риояи мӯҳлати муроҷиати шаҳрвандон, ки дар Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» нишон дода шудааст, салоҳ донистем онро нашр намоем. Намедонем дар зинаи кассатсионии Суди вилояти Суғд оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ ба ин ҳодиса чӣ хел баҳо медиҳанд? Вале мо тасмим гирифтем, ки пас аз баррасии он парда аз рӯи ҳодиса бардорем.
Суди шаҳри Панҷакент дар ҳайати раисикунанда Б. Д. Турсунов парвандаи ҷиноятиро нисбат ба А. Х. Сатторов дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 130, қисми 3, банди «Б» (Одамдуздӣ бо мақсади шаҳвонӣ ё усули дигар истисмор намудани шахси дуздидашуда) ва моддаи 139, қисми 4, банди «А» (Кирдори зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, чунин ҳукм мекунад:
«Сатторов Азимҷон Холботирович дар содир намудани ҷинояти бо моддаҳои 130, қисми 3, банди «б» ва 139, қисми 4, банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда,-
Ба ӯ бо моддаи 130, қисми 3, банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрумкунӣ аз озодӣ ба мӯҳлати 12 (дувоздаҳ) сол бо адо кардани ҷазо дар калонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт,
Ба ӯ бо моддаи 139, қисми 4, банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 15 (понздаҳ) сол бо адо кардани ҷазо дар калонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт, таъин карда шавад.
Бо дастрасии моддаи 67, қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сатторов Азимҷон Холботирович аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо, ҷазои ниҳоӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 16 (шонздаҳ) сол бо адо намудани ҷазо дар калонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт, таъин карда шавад».
Ҳукми судро мехонед, ки дар он гӯё Азимҷон санаи 28-уми майи соли 2008 тахминан соати 19:20 дақиқа аз назди хонаашон ба тариқи маҷбурӣ даҳони духтараки ҳанӯз ба синни 14 нарасидаро бо рӯймолча маҳкам намуда, бо таҳдиди корд ӯро гирифта ба саҳро бурда, то соати 19:00-и рӯзи дигар бо худ нигоҳ дошта, бо духтарак ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ дошта мекунад. Ҳамон бегоҳ модари духтарак мекобад, духтарашро намеёбад. Шоҳид О. Нарзиев дар тафтишот нишондод додааст, ки духтаракро маҷбуран аз дасти Азимҷон кашида гирифта, бурда ба падару модараш супоридааст.
Аз рӯи нишондоди маҳкумшуда А. Х. Сатторов дида мешавад, ки ӯ аз хурдсолӣ бо духтарак муҳаббати дӯстона дошта, бо ҳам гуфтугузор мекарданд ва якдигарро дӯст медоранд. Вақте ки дар хонаашон менишаст, ба воситаи телефонии мобилӣ духтарак ба ӯ занг зада, илтимос кардааст, ки пеш аз Русия рафтанаш бо ӯ вохӯрад. Пас, ӯ бо ҳамроҳии духтарак ба хонаи апааш рафта, нон мегиранду ба тарафи сойи дарёи Зарафшон мераванд ва дар он ҷо то бегоҳии дигар сӯҳбат карда бармегарданд. Ягон хел кирдорҳои қонеъ кунонидани нафси шаҳвонӣ нисбати духтарак накардааст. Умуман, ӯ корд ё рӯймолча истифода набурдааст. Духтарак бо ихтиёри худ ҳамроҳаш рафтааст. ӯ одамрабоӣ накардааст. Фақат бо илтимоси худи духтарак рафтааст.
Дар бораи ҳукм ҳоло чизе намегӯем. Дигар ҳуҷҷатҳои замимашуда, аз он ҷумла аризаи ба зинаи кассатсионӣ навиштаи волидони духтар ва худи ӯ акси ин ҳолатро нишон медиҳад. Дар ин мавод таъкид мешавад, ки аз хурдӣ Азимҷон он духтаракро дӯст медоштааст. Байнашон доим мукотибаи ошиқона сурат гирифта, ба ҳам номаҳои саршор аз ишқу муҳаббат навишта, расмҳояшонро ба якдигар тӯҳфа намуда будаанд. Он бегоҳ духтар бо хоҳиши худ ҳамроҳи Азимҷон рафта будааст. Онҳо бо ҳамдигар танҳо сӯҳбат намудаанд. Духтар аз тарси модараш баъзе суханҳо гуфта будааст. Дар асл Азимҷон духтарро надуздидааст. Агар Азимҷон ӯро медуздид, духтар пурра имконият дошт, ки фирор кунад. Чунки Азимҷон барои нон ба хонаи апааш мераваду духтар дар беруни хона интизори ӯ меистад. Духтарак қаблан ба унвони Прокуратураи генералӣ ариза навишта, нисбати Азимҷон ягон шикоят надоштанашро иброз менамояд. Дар аризаи ба зинаи кассатсионии суди вилояти Суғд навиштааш аз ҷумла таъкид менамояд: «Сабаби бо Сатторов А. Х. ба сой рафтанамон дар он аст, ки мо пештар бо ҳамдигар доим бо телефони мобилӣ гуфтугузор доштем. Инро маълумотномаи Сомонком тасдиқ кардааст. Дуюм он ки, мо ба ҳамдигар мактубҳои ошиқона навишта, расмҳоямонро ба якдигар тӯҳфа кардаем. Ин мактубҳо дар парванда вуҷуд доранд.
Масъалаи баъзе суханҳои бардурӯғи ман, ки дар маҷлиси судӣ баён кардам, сабаб дар он, ки пеш аз як рӯз аз маҷлиси судӣ прокурори шаҳри Панҷакент ман ва модарамро ҷеғ зада, агар дар суд аз гапат гардӣ, ту, падар ва модаратро ба ҳабс мегирем гуфта буд.
Бинобар ин, аз тарс суханҳои бардурӯғро дар маҷлиси судӣ баён кардам».
Волидони духтарак ҳам дар маҷлиси судӣ иброз намудаанд, ки ба духтари онҳо ягон чиз нашудааст. Тибқи ташхиси тиббӣ вай бокира мебошад. Ҳамон рӯзи аз назди Азимҷон баргаштанаш модараш духтарашро ӯрён карда дидааст, дар бадани ӯ ягон из ё ҷароҳат набудааст. Онҳо дар муроҷиаташон ба зинаи кассатсионӣ аз ҷумла менависанд: «Пас аз баргаштани духтарамон пурсидем, ки ба куҷо ғайб задӣ? ӯ аз тарси худ ба мо бардурӯғ фаҳмонд, ки Азимҷон бо рӯймолча даҳони маро маҳкам намуда, бо корд таҳдид карда, ба тарафи сой бурд. Барои ҳамин моён ба суд муроҷиат намудем. Дар охир фаҳмидем, ки духтарамон бо ихтиёри худ бо Азимҷон рафта будааст. Дар бадани духтарамон ягон ҷароҳат нест ва ӯ бокира мебошад. Дар маҷлиси судӣ ин нишондодамонро пурра тасдиқ намудем. Аммо суд нишондоди моро ба инобат нагирифт. Дар рафти санҷиш аз ҷониби мақомоти тафтишот сохтакорӣ карда шудааст, ки гӯё Азимҷон одамрабоӣ карда бошад. Дар охир мо фаҳмидем, ки байни духтарамону Азимҷон муносибати ошиқона будааст. Моён розием, ки пас аз ба балоғат расидан духтарамонро ба Азимҷон ба занӣ диҳем».
Вале нишондоди духтараку волидонаш ва судшударо ба инобат намегиранд. Дар мавриди одамрабоии Азимҷон танҳо нишондоди О. Нарзиев, ки аз тарафи кормандони суди ноҳияи Панҷакент гирифта шудааст, мавҷуд асту халос. Дар мурофиаи судӣ ин шоҳид пурсида нашудааст. Чунки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия будааст… О. Нарзиев тавассути мақомоти дахлдори Русия баёнот ирсол намудааст, ки бегоҳии ҳамин ҳодиса умуман духтараку Азимҷонро надидааст. Вале ин нишондоди ӯ дар баррасии парванда ба эътибор гирифта намешавад.
Ҳамаи инро адвокати Азимҷон дар шикояти кассатсионияш чунин маънидод кардааст: «Асоси масъала дар он аст, ки худи раискунандаи суди зинаи аввал ба муқобили А. Х. Сатторов парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Бо мақсади тарафдорӣ намудани таъиноти баровардаи худ парвандаро ба дигар судя ирсол накарда, шахсан худаш мавриди муҳокима қарор дод, ки ба талаботи Кодекси мурофиавӣ – ҷиноятӣ рост намеояд».
Шарҳи хеле мухтасари ҳодиса чунин аст. Ку интизор шавем, чӣ мегӯянд?! Пас гуфтор аз мост.

Фарангиси МУЗАФФАР, БМСТЖ

«Бохтар» аз Ёқуб Салимов буд?

Рубрика: Uncategorized — 115k @ 5:42 дп

Мувофиқи маълумоти баъзе сарчашмаҳо, солҳои 90-уми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фонде таҳти унвони «Бохтар» фаъолият мекардааст. Тибқи хабарҳо, онро собиқ вазири корҳои дохилӣ Ёқуб Салимов таъсис дода будааст ва зери роҳбарии ӯ фаъолияти фонди мазкур ба роҳ монда шудааст. Ба унвони идораи ҳафтаномаи «Пайкон» номае аз ҷониби як сокини пойтахт – Р. Олимов расид, ки дар он ҷо муаллифи мактуб дар бораи ин фонд аз шунидаҳояш нақл карда, гуфтааст, ки мехоҳад дар ин бора маълумоти бештаре дошта бошад. Тибқи навиштаи ӯ, аз ҳисоби фонди «Бохтар» иддае аз мансабдорон ва одамони касбу корашон гуногун фоидаи бештар дидаанд. Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки дар минтақаҳо ва пойтахти Тоҷикистон, хоса дар ташкилоту муассисаҳои эҷодии кишвар онро ашхоси масъул ҳимоя ва идора мекардаанд. Дар Иттифоқи нависандагон низ барои баъзеҳо ба таври кӯмак аз ин фонд маблағ ҷудо мегардидааст, вале тақсими нобаробари имтиёз аз ҳисоби фонди мазкур гӯё нофаҳмиҳоеро байни аҳли қалам ба вуҷуд оварда будааст.
Барои мушаххас кардани мавзӯъ ва ошкор намудани он, ки то куҷо гуфтаҳои боло ба воқеият наздик аст, аз пайи дарёфти маълумот ба муассисаву вазоратҳои дахлдор муроҷиат кардем, то каме ҳам бошад, ба мавзӯъ рӯшанӣ андозем. Вақте ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, аз масъули бақайдгирии ташкилоту иттиҳодияҳои давлативу ҷамъиятӣ дар ин бора пурсон шудам, вай мавҷуд будани чунин як фондеро рад кард ва гуфт, ки барои ҷавоби мушаххас гирифтан бояд расман бо мактуб муроҷиат намоям. Пас аз ду ҳафтаи супоридани мактуб ба назди яке аз масъулони Раёсати бақайдгирии ташкилотҳои ҷамъиятӣ рафтам, то ҷавоби номаро гирам. Вале ӯ пеш аз ҷавоби мактубро додан, масъалаи дар қайди расмӣ будани Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистиро зери суол бурд ва гуфт, ки сараввал ин масъаларо мушаххас кунам, баъдан аз пайи ҷавоби мактуб шавам. Пас аз нишон додани рақами ба қайд гирифташудаи Бюро дар худи Вазорати адлия, ҷавоби мактубро доданд. Аммо дар нома бо як ҷумла дар қайд набудани чунин як фонд хулоса карда шуда буд. Аз номи муовини авали вазир А. Х. Имомов чунин навишта шудааст, ки дар феҳристи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ бо номгӯи фонди «Бохтар» ба қайди давлатӣ гирифта нашудааст.
Ҷойи тааҷҷуб аст, ки чӣ гуна аз як ҷониб фонде таҳти унвони «Бохтар» фаъолият мекарда бошад, вале аз тарафи дигар, нафаре ба ҳайси роҳбар онро сарварӣ намекардааст ва ин фонд дар қайди давлатӣ гирифта нашудааст.
Дар ИНТ «Бохтар»-ро пуштибонӣ мекарданд?
Барои дарёфти маълумот оиди он, ки дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кӣ аз фонди «Бохтар» пуштибонӣ мекардааст ва сарварии он бар ӯҳдаи кадом шахс буда, ба даргоҳи аҳли қалам омадам. Дар аввал бо нависандагоне, ки ҳамсӯҳбат шудам ва оиди фонди «Бохтар» пурсон гаштам, аз доштани маълумот изҳори беиттилоӣ карданд. Ҷӯрабек Назриев иброз дошт, ки дар ин бора ҳеҷ маълумот надорад. Вай гуфт: «Агар иттилоъ медоштам, мегуфтам. Худо шоҳид, ки надорам».
Мирзо Шукурзода низ дар бораи фонди «Бохтар» маълумот надоштанашро баён кард ва гуфт, ки ба дигар нависандаҳо муроҷиат кунам, эҳтимол огоҳӣ дошта бошанд.
Аммо муовини раиси Иттифоқи нависандагон Абдулҳамид Самадов гуфт, ки аз фаъолияти фонди «Бохтар» огоҳӣ дорад ва аз ҳисоби он ба иддае аз аҳли қалам кӯмакпулӣ ба таври имтиёз дода мешудааст. Асосан аз кӯмаки ин фонд нависандагоне бархӯрдор будаанд, ки камбизоат, солхӯрда ё ниёзманди кӯмаку дастгирӣ маҳсуб мешудаанд. Вале дар Иттифоқи нависандагон ҳимоя, идора ва сарварӣ кардан ба фонди «Бохтар»-ро аз ҷониби касе, дар тақсими кӯмакпулии он машғул будани ягон нафарро Абдулҳамид Самадов рад кард ва беасос хонд. Аммо ба кӯмаку дастгирии баъзе аҳли қалам нигаронида шудани фаъолияти фондро тасдиқ нумуд. Аз Абдулҳамид Самадов хостам, то номи чанд нафар аз аҳли қаламро, ки аз кӯмаки фонд бархӯрдор буданд, ифшо кунад, то бо онҳо ҳамсӯҳбат шавам. ӯ мегӯяд, ки аксари эшон ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд, вале аз ифшои номи онҳо худдорӣ кард.
Агар воқеан ташкилкунандаи фонди «Бохтар» собиқ қумондони саҳроӣ Ёқуб Салим аст, эҳтимол фаъолияти фонди мазкур дар ҷомеа таъсири манфӣ дошта бошад. Вале аз ҷониби дигар, бо назардошти кӯмаку дастгирӣ ба аҳли илму фарҳанг, нависандагон ва соҳибқаламон, дар шароити бӯҳронии имрӯза, фикр намекунам, ки ниёзе ба ташкил ва фаъолияти ин гуна фондҳо набошад.
Лекин чизи дигар тааҷҷубовар аст, ки чӣ гуна метавонад фонде дар ҷомеа фаъолият дошта бошаду дар қайди давлатӣ гирифта нашудааст. Чун аз Вазорати адлия ҷавоби мактуб ин гуна буд, ки шахси ҳуқуқие бо номгӯи фонди «Бохтар» ба қайди давлатӣ гирифта нашудааст, аммо огоҳии нависандагоне мисли Абдулҳамид Самадов аз фаъолияти фонди мазкур дар қайди давлатӣ набуданро зери суол мебарад.
Ҳуқуқшинос Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, ки барои таъсиси иттиҳодия ё ташкилотҳо мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд роҳбари он, муовинонаш ва иҷрокунандагони вазифаи муайян дар қайд гирифта шавад. Ташкилот наметавонад бе қайди давлатӣ ё бе роҳбар фаъолият дошта бошад. Ба андешаи ин ҳуқуқшинос, вуҷуд доштани ин гуна ҳолатҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳарчанд Ёқуб Салим ҳабс шудааст, аммо шахсоне шояд дар ҳукумат аз ӯ пуштибонӣ мекунанд ё кардаанд. Зеро ба эътимоди ӯ фаъолияти як фонд бе қайди давлатӣ танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки мансабдорони баландпояи ҳукуматӣ онро пуштибонӣ кунанд ва ин амал ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад.

Исфандиёр ХАЛИЛОВ

Рубрика: Uncategorized — 115k @ 5:40 дп

Дар бораи китоб ва маърифат
- Ҳам акнун дасти ситам бар ниҳоди маърифат ва андеша дарозтар шуда ва дар воқеъ китобу маърифат мазлум воқеъ шудаанд ва ҷаҳолату нодонӣ ҳаққи хирад ва андешаро поймол кардаанд.
- Таҳоҷуми андешаҳо аз дохил аст, на аз берун, пас бояд ҳушёр буд. Имрӯз ҳам китоби ситам ва шарр бар китоби адолату хайр зулм мекунад. Китоби дурӯғ бар китоби ростӣ ҳоким аст.
- Ақле, ки олуда аст, наметавонад ҳомии ҳақ ва ҳақиқат бошад.
- Бояд ҳушёр буд, ки Паёмбарони ҷаҳл китобе бар сарнавишти фазилат нанависанд.
Аз «Чеҳраи ғуборолуд»

Дар бораи ватан
- Аз болотарин арзишҳои дунё ҳақиқат аст ва аз болотарин муҳаббатҳо ҳубби Ватан аст.
- Оре, Ватан он ҷост, ки инсон бо ишқ ва муҳаббат бо хуну хок паймон бастааст.
- Ҳамеша дар Ватан будан бо ватан будан нест. Ватан ҳамеша аз онҳо садама дидааст, ки дар домонаш будаанд.
Аз «Сароғоз ва саранҷом»

Дар бораи Озодӣ
- Бояд Озодии худро ҳифз кард, то ба камоли худ расид. Ҳеҷ касе наметавонад ба инсон Озодӣ бидиҳад ва ҳеҷ кас наметавонад Озодиро аз ӯ бигирад ва ҳаққи Озодӣ барои ҳама ва ҳаққи гирифтан ва додан барои ҳеҷ кас.
- Озодӣ ва ҳақиқат аз они ҳама ва моли ҳеҷ кас ҳам нест.
- Фитрати инсон ва хилқати он аз азал ҳамроҳ бо ин умур будааст.
- Озодӣ ормони рӯҳ аст ва ҳамин ормон роҳи наҷотро барои саодатии инсон ҳамвор мекунад. Агар инсон озод аст, пас Озодӣ ба маънои воқеъӣ гавҳари инсон аст.
- Ишқ ва Озодӣ ҳамроҳанд ва ишқ дар канори Озодӣ такомул меёбад.
- Шояд агар ҷону дили одамӣ пазироии ҳақоиқ буд, бисёре аз афрод дар паҳнаи ҷаҳон тарки фазилат ва ахлоқ намегуфтанд ва ба қаъри забунӣ фурӯ намеафтоданд ва шахсияти афрод маҳфуз мемонд ва ба осонӣ арзон хариду фурӯш намешуд.
- Оре, дар зиндагӣ мубориз бояд буд. Зафаре бидуни хатар нест. Бо ирода бояд буд, ки ирода руҳи Озодӣ аст.
- Золимон дар нафси худ ҳам зулм мекунанд.
- Ҷоҳилон қотилони оқиланд ва ноогоҳӣ салби Озодӣ аст.
- Бояд Озодиро ҳифз кард, зеро ки он волотарин хидмат барои арзишҳои инсон аст. Шахсе, ки дар зиндагии хеш Озодӣ ва ҳақиқатро пос надоштааст, зиндаи мурда аст.
- Инсон бо Озодӣ зинда аст ва маънии зиндагӣ ҳам Озодӣ аст.
- Ҳеҷ мафҳуме ба андозаи Озодӣ азизи инсон нест ва ҳеҷ мафҳуме инсонро ба ин қадр саодатманд нахоҳад кард.
- Азимтарин арзишҳо ва волотарин маърифати инсонӣ ҳамон Озодӣ аст, чун шахсиятсозӣ бидуни Озодӣ ва озодманишӣ муяссар намешавад. Ба ин хотир гуфтаанд, ки модари арзишҳои инсонӣ Озодӣ ва ихтиёр аст.
- Озодӣ ҳадафи аслӣ, маънии ҳақиқӣ ва роҳи поённопазири сайри инсон аст, аммо ин камоли башарият нест, балки танҳо васила ва шарти камоли башарият аст. Инсони маҳкум ба камол нахоҳад расид, агар Озодӣ набуд инсон ба камол намерасид. Озодӣ аст, ки ин роҳи камолро омода мекунад.
- Афъол ва аъмоли инсон дар зиндагӣ набояд аз мадори инсоният хориҷ шавад.
- Маҷбур кардани инсон ҳамоно маҳрум кардани ӯ аз Озодии ҳақиқӣ аст.
- Озодии ҳақиқӣ бидуни озодии афроди дигари ҷомеа наметавонад ба даст ояд.
- Решаи аслӣ ва ангезаи табиии Озодии андеша асл ва асоси шахсиятсозии инсон аст.
- Агар Озодии сиёсӣ бистари тамомии озодиҳост, пас озодии андеша муаллими онҳост.
- Ҳеҷ мафҳуме ва ҳеҷ арзиши инсонӣ нест, ки ба андозаи Озодӣ ҳамеша дар хатар бошад. Аз ин рӯ Озодиро нигаҳ бояд дошт.
- Озодии зоҳирӣ озодии ҳақиқиро салб кардааст.
- Озодӣ ҳамчун сиёнат зоти ҷон, ҳаққи табиӣ ва зотӣ ва ҳукуқи мусаллами башар аст. Ҳеҷ ҳукумате ҳақ надорад ин ҳаққи табиии инсонро зери по гузорад. Ҳукуматҳо набояд ба домони Озодӣ таҷовуз намоянд. Озодӣ ва Адолат аст, ки ҷомеаро барои наҷот аз ҳар гуна бадиҳо ва палидиҳо ҳидоят мекунад. Тамомии мардум бояд ҳофиз ва посдори Озодӣ бошанд. Бояд ҳарими Озодиро пос дошт, то касе натвонад бар ин ҳаққи илоҳӣ таҷовуз кунад.
Аз » Озодии гумшуда»

Дар бораи илм ва қудрат
- Илмро бояд таълим дод, ки вагарна ҷоҳил қотили оқил мешавад.
- Қудрат дар гузашта худхоҳ буд ва ба ғайр аз худ касеро намедид ва акнун ҳам табиат ва зоташро тағйир надодааст.
- Дунёи мо дунёи илм нест, балки дунёи қудрат аст.
- Ҳеҷ замоне дар дунё илм ва маърифат ба андозаи имрӯз асир ва бандаи қудрат набудааст.
- Равшанфикрон ва андешамандон низ аз мардуми оддӣ нофаҳмтар шудаанд.
- Он чӣ акнун мебинем, ин аст, ки устодони фарзона даллолони ҷаҳл ва зиллатанд.
- Афсӯс, ки доноён ба ин арзонӣ ва осонӣ шаън ва арзиши худро фурӯхтаанд.
- Ақл модари дониш аст ва абзор саодати дунёст, на василаи бадбахтӣ.
- Марг дар сояи иззат аз зиндагии бо зиллат беҳтар аст.
- Асли қудрат инсон будан ва ба доди мардуми мазлум расидан аст.
- Иззати нафс бояд дошт ва аз шарофати худ дифоъ бояд кард.
- Ҷавонмардӣ ва мурувват бисёр беҳтар аз шуҷоат аст.
- Донишмандон ва соҳибназарон дар зулмати рӯзгор чароғи ҳидоятро ба даст мегиранд, то инсонро ба худ оваранд ва роҳи адолат ва растагориро ба ӯ биёмӯзанд.
Аз «Асири қудрат»

ЛУҚМОН

Дар сари мижгон чу ашк истодаӣ…

Рубрика: Uncategorized — 115k @ 5:39 дп

Гӯё вазъи ҳаракати нақлиёти давлатию шахсӣ дар кишвар рӯз ба рӯз беҳтар гардида, мардум аз хизматрасонии ронандагон қаноатманданд. Гӯё дар ин самт камбудие ба чашм барнамехӯрад. Вале агар жарфтар ба умқи ин масъала дида дӯзем, муайян мегардад, ки «офтобро бо доман пӯшонидан» намешудааст…
Мисраи пурмаънии «Дар сари мижгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош» якбора ба ёдам расид ва хотири шодамро озурда гардонд…
Мегӯянд, ки омӯзгор мушоҳидакор аст. Ҳақ будаасту рост. Вагарна, чунин андешаҳо дар майнаам чарх намезад.
Тахминан 2 ҳафта пештар, рӯзи якшанбе аз назди хона баромада, бо роҳрав – пиёдагард ҷониби бозор, дунболи коре мерафтам. Ҳамин лаҳза аз ҷониби мағриб ҷониби машриқ мошине бо чунон суръати баланд ҳаракат кард, ки ҳатто рақамҳои онро дида натавонистам. Ҳамин қадараш маълумам гашт ва имкон даст дод, бубинам, ки ронандааш ҷавон буд. Дигар чизе маълумам нашуд. Чун банда дигар раҳгузарон – пиру ҷавон ангушти ҳайрату маломат ба дандон гирифта, ба қавле аз ҳунари ронанда моту маҳбут гардиданд. Баъдан «э войи ту…», «оё сархуш буд?», «аз қоидаҳои ронандагӣ воқиф аст?» гуфтанҳо садо дод. Аслан, дар ин кӯчае, ки ман ҳузур доштам ва он «ҳавопаймо» босуръат гузашт, кӯдакони зиёд ба бозӣ машғул буданд. Ба бахти касе, ё чизе пешорӯи мошин бачае бархӯрд накард, вагарна «лингаш аз осмон» меомад.
Ин як лаҳзаи ҳодисаи ҳақиқии ҳаётист, ки бо ду дидаи бино дидаву ҷилави андешаву тахайюламро ба ҳар тараф кашидам.
Ронандаи он «ҳавопаймо» гӯё мақоли халқии «давидани гӯсола то каҳдон»-ро аз хотир баровардааст, ё аз кӯчаи одаму одамгарӣ нагузашта ва ё аз оддитарин қоидаҳои ҳаракати нақлиёт огоҳ нест. Вагарна, чунин амал намекард. «Пушти ману табари қассоб» гуфтанҳои ин ронанда як рӯз не, як рӯз собит хоҳад шуд, ки он вақт дер мешавад. Ронандае, ки сари чанбарак нишаста, боре андешаи онро надорад, ки қисмати мусофирони ҳамроҳи ӯ шарики ӯянд, ронандаи ботаҷриба нест.
Ҳар саҳарӣ барвақт ба кор рафта, дар роҳ, аз назди маркази савдои «Мардон» то «Гулистон» баъзан шоҳиди садамаҳои нақлиётӣ шуда, мушоҳида менамоям, ки бисёре аз ин садамаҳо аз фориғболию бемасъулиятии ронандагони ҷавон ба амал меояд. Андеша дорам, ки қисми зиёди ҷавонон бо истифода аз «тағо»-ю маблағ соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардида, ҳангоми идоракунии нақлиёт қоидаро сарфи назар намуда, бо суръати баланд ҳаракат мекунанд. Баъзан ҳангоми сурх будани чароғак ҳатто наистода гузашта мераванд. Ин ҳолат ба садамаҳои мухталиф оварда мерасонад. Аз ин ҳавобаландиву нописандиҳои ронандагон ибораи «буруташро табар намебурад» ба хотирам меояд. Яъне, ҷавонони «тағодор» дар паси чанбараки мошин нею дар «осмони ҳафтум» нишастаанд, ки худашон шоҳу таъбашон вазир аст. «Ҷони худ ва дигаронро зери хатар нагузор!» гуфтанӣ ҷумлаи хитобатие дар забон мавҷуд аст, ки бояд онро бо ҳарфҳои калон-калон навишта, наздашон гузорем.
Тавассути намоишҳои телевизион аз садамаҳои нақлиётӣ ва қоидаҳои нодурусти ҳаракат воқиф гардида, мебинему мефаҳмем, ки ҳамарӯза дар роҳҳои нақлиётгард садамаҳои нохуш рӯй дода, боиси ҳалокату маҷрӯҳ гардидани ронандагону мусофирон мешаванд. Яке аз сабабҳои асоситарини чунин нохушиҳои ҷойдоштаро ман дар саводи кофии ронандагӣ надоштани ҷавонон, бо ҳавою ҳавас сари чанбараки мошин нишастани эшон мебинам.
Агар сари вақт бо мошинҳои шахсӣ ба дарс омадани донишҷӯён аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манъ намегардид, ҳолат боз ҳам бадтар мешуд. Чунки, хонандаи синфи 3 ё 5 куҷову сари чанбараки нақлиёт нишастан куҷо!? Баъзан падарон фарзандони «қайсару эрка»-ашонро сари чанбарак шинонда, аз дур ба ӯ бо «ҳавас» нигоҳ мекарданд. Шукрона, ки пеши роҳи чунин қонуншиканиҳо аз ҷониби сарвари давлат гирифта шуда, лаҷоми «ҳавобаланду пулпарастон» кашида шуд. Вагарна, дар роҳҳо «мусобиқаи мошинронии хонандагони синфҳои ибтидоӣ»-ро бемалол тамошо мекардем. Вой бар ҳоли чунин волидайн! Магар онҳо аз ақл бегона шудаанд, ки дидаву дониста калидро ба фарзанди ноболиғашон медиҳанду он «қайсар» чӣ коре бо мошин мекунад, ҳаволааш ба Худо!?
Аз ин хотир, гуфтаниям, ки бо нақлиёт бозӣ кардани хурдсолон ва хонандагони «эрка» қатъиян манъ аст. Тибқи қонунгузориҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар шахсе ки қонуншиканӣ мекунад, ҳатман дар назди он ҷавобгар аст. Сарнавишти ронандаи дар боло зикргардида дар дасти Худованд аст ва дер ё зуд ӯву ӯ барин ронандагони якрав ҷазояшонро мебинанд. Ҳадафи мо низому тартиби муайяни қоидаҳои роҳ, бо суръати на он қадар тез мошин рондан, дар роҳҳо кам ба амал омадани садамаҳои нақлиётист. Умед бар он мебандам, ки минбаъд ронандагони ҷавон хатоҳои худро фаҳмида, қоидаҳои дурусти ҳаракати нақлиётро риоя мекунанд ва падару модар ҳам садди роҳи ронандагии фарзандони ноболиғашон мешаванд.

Баҳром ЭСАНӣ, омӯзгор

Рубрика: Uncategorized — 115k @ 5:37 дп

Баҳси судии ҳафтаномаи «Пайкон» бо Агентии «Тоҷикстандарт» ҳанӯз ба охир нарасида, қазияи ба додгоҳ кашидани боз чор нашрияи мустақили Тоҷикистон ба миён омад. Вазорати кишоварзӣ ҳафтаномаи «Миллат»-ро ба суд доду талаби 1 миллион сомонӣ ҷарима кард. Ду судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяи Суди шаҳри Душанбе аз болои маводи нашрнамудаи ҳафтаномаҳои «Азия плюс», «Фараж», «Озодагон» (изҳороти адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев) ба Суди ноҳияи Синои пойтахт бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намудаву талаби 5,5 миллион сомонӣ кардаанд. Аммо ҳама дар мавқеи худ устувор истода, кӯшиши исбот кардани бегуноҳияшонро доранд. Аз ин лиҳоз, бо саволе ба масъулини ҳафтаномаҳои мазкур муроҷиат кардем: «Оё матлабе, ки ба табъ расонидед, дар ҳақиқат метавонист боиси ба суд кашидани нашрияи Шумо гардад?».

Зоҳири ДАВЛАТ, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Миллат»:
Хостанд «Миллат»-ро гунаҳкор кунанд!

- Не. Ин мавзӯъро бо ҳамин маъно дигар расонаҳо пеш аз мо чоп карда буданд. Пеш аз он, ки ба суд муроҷиат мекарданд, бояд дигар нашрияҳоро як бор варақ мезаданд. Мутаассифона, хостанд «Миллат»-ро бо ҳамин чиз гунаҳкор кунанд. Аммо, чун далелҳо ҳастанд, манбаъҳо вуҷуд доранд, мо боке надорем. Мо ҳоло ба ягон додгоҳ даъват нашудаем. Фақат тавассути як хабари расонавӣ иттилоъ гирифтем.

Зафари СӯФӣ, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Озодагон»:
Мо ҳам ба додгоҳ мекашем!

- Аз назари қонун бигирем, он матлабе, ки мо ба чоп расондем, набояд боиси ба суд кашидани нашрия мешуд. Чун мо ба касе тӯҳмат назадему дурӯғ ҳам нагуфтаем. Дар сӯҳбате адвокат Ҷӯраев ба мо сабти аудиоии сӯҳбаташро бо судяи Суди Олӣ Н. Нуров пешниҳод кард. Ҳам сабти мазкур ва ҳам нусхаи изҳорот дар дасти ҳама буд. Судяҳо иддао доранд, ки гӯё мо ба ҷараёни суд таъсир расондан мехостем. Тасмим гирифтанд, ки ба додгоҳ муроҷиат кунанд. Ин ҳаққи онҳост. Додгоҳ мушаххас мекунад, ки мо гунаҳкор ҳастем ё онҳо. Ба ҳар сурат, дар ҷавоб мо ҳам қарор намешинем. Мо ҳам ба додгоҳ мекашем. Ку бинем, чӣ мешавад!?

Хуршеди АТОВУЛЛО, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Фараж»:
Муроҷиат ба суд худсафедкунӣ буду бас!

- Не. Ба он хотир, ки ҳар он чӣ дар матлаби адвокат Ҷӯраев омадааст, аз ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ – прокурор тасдиқи худро ёфт. Даъвои аслии онҳо ин аст, ки гӯё қарори суд набаромада, мо маводро чоп кардем ва ба ҳамин хотир, гӯё як навъ ба ҷараёни суд таьсир расонидем. Аммо асли воқеа дигар аст. Гап дар сари он аст, ки суди зинаи поёнӣ ҳукми худро баровард ва парванда айни замон дар зинаи шикояти кассатсонӣ баррасӣ шуда истодааст. Ба ҳамин хотир, ман фикр мекунам, ки ба суд муроҷиат кардани онҳо танҳо як гуна худсафедкунӣ буду бас!

Марат МАМАДШОЕВ, муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-плюс»:
Аризаи даъвогӣ асос надорад!

- Не, наметавонист. Зеро мо суханҳои адвокат Солеҳҷон Ҷӯраевро чоп кардем, ҳамон ҳам ихтисоран. Баъд, қисман гапи адвокатро прокурор ҳам тасдиқ кард. Ба фикри ман, ин аризаи даъвогӣ асос надорад.

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА,
БМСТЖ

5 миллион доллар: Кӣ дод? Кӣ бурд? Кӣ хӯрд? ва ё «парвандаи исфарагиҳо»

Рубрика: Uncategorized — 115k @ 5:31 дп

Аз ҳама ҳодисаи пурсарусадо дар соли 2009 – ин «парвандаи исфарагиҳо» буд, ки тибқи як ҳукми суд 31 нафар ба мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Масъалаи паси панҷара кашида шудани ин нафарон аз рӯзҳои аввал ҳар гуна сару садоҳоро ба бор овард ва яке аз масъалаҳои асосӣ дар нишастҳои матбуотӣ буд. Баррасии парванда дар зинаи кассатсионии Суди Олии Ҷумҳурии Точикистон оғоз гардиду пас аз чанде аризаи шикоятии ду нафар судяи Суди Олӣ ва як нафар судяи Суди шаҳри Душанбе нисбат ба адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев дар мавриди ҳимояи шаъну шараф ва рӯёндани зарари маънавӣ пайдо шуд. Пас аз он Солеҳҷон Ҷӯраев бо журналистон вохӯрда, нишасти матбуотӣ доир намуда, оид ба масъалаҳое, ки ба фикри адвокат боиси коста гардидани системаи судӣ мегарданд, ҳарф зад. Ҳамчунин, дар ин нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон сабти диктофонии гуфтугузорашро, ки бо раисикунандаи «парвандаи исфарагиҳо», судяи Суди Олӣ Н. Нуров ба тариқи пинҳонӣ сабт намудааст, пешниҳод кард.
Изҳороти адвокатро се ҳафтаномаи ҷамъиятию сиёсӣ – «Фараж», «Озодагон» ва «Азия плюс» нашр намуда буданду танҳо ба тарзи хеле норавшан аз он сабти диктофонӣ ёдовар шуданд. Натиҷа он гардид, ки ду нафар судяи Суди Олӣ ва як нафар судяи суди шаҳрӣ ба Суди ноҳияи Сино барои рӯёндани зарари маънавӣ ба маблағи 5,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби ин нашрияҳо аризаи даъвогӣ навиштанд. Худи аризаи даъвогӣ ва ба Суди ноҳияи Сино ариза навиштани ин судяҳо як муаммоест. Чаро ба Суди ноҳияи Сино? Дар ҳоле, ки макони қарор доштани ин нашрияҳо ноҳияи Фирдавсист. Тибқи талаботи қонун, пас аз як моҳи нашр накардани раддия ё ҷавобнома тарафе метавонад масъаларо ба суд кашад. Ҳатто қонунгузор кафолат медиҳад, ки дар мавриди нашри раддия ҳам
шаҳрванд метавонад барои ҷуброни зарари маънавияш шикоят намояд. Пас, ин шитобкориро сабаб чӣ бошад? Ниҳоят талаби судяҳо аҷоиб менамояд, ки то ба охир расидани баррасии парванда дар марҳилаи кассатсионӣ фаъолияти ин нашрияҳо боз дошта шавад. Намедонем ин талаб барои чӣ бошад?! Дар мавриди изҳороти С. Ҷӯраев ва сабти пешниҳоднамудаи ӯ бисёр масъалаҳо ҳаст. Гӯё нафароне барои ғайри объективона ҳукм баровардан ба судя 5 миллион доллар дода бошанду он овоза шуда бошад… Гӯё соҳибмансабони баландпоя маблағро гирифта, дар дафтарҳои корияшон қисмати одамонро ҳал мекардаанд…
Пешакӣ чизе гуфта наметавонем. Ин овозаи хушку холӣ барои ҳангома буд ва ё асоси воқеӣ дошт? Мо тасмим гирифтем масъаларо омӯхта, баробари ба итмом расидани баррасии кассатсионии парванда дар шакли пурра он сабти диктофониро манзури хонандагон намоем.
Барои равшанӣ андохтан ба баъзе паҳлӯҳои ин масъала ба Суди Олӣ рафтему бо судяи Суди Олӣ Н. Нуров вохӯрда, бо чанд суол муроҷиат намудем. (Матни сӯҳат бе таҳрир нашр мешавад).

- Якбора паҳн шудани ҳангома атрофи «парвандаи исфарагиҳо»-ро дар ВАО-и кишвар сабаб чӣ буд?
- Ман нисбати парвандаи Одилов ва дигарон, ҷамъ 33 нафар, ки дар рӯзномаҳо таҳти номи «парвандаи исфарагиҳо» бисёртар ба нашр мерасад, фикрҳоямро мехостам иброз кунам. Баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар чорчӯбае қарор дошт, ки он чорчӯбаро мақомоти тафтишоти пешакӣ тайёр кардааст. Ҳамчун айб ба айбдоршавандагон пешниҳод кардааст. Ва парвандаро дар маҷмӯъ ба Прокуратураи генералӣ барои тасдиқ кардани хулосаи айбдоркунӣ фиристода буд. Ба диққати хонандагон ман талаботи моддаи 215-и Кодекси мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешкаш карданӣ будам. Ин моддаи Кодекси мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба прокурор ҳуқуқ додааст, ки хулосаи айбдоркунии пешниҳодшударо бо назардоши худаш дар ҳаҷми пуррааш тасдиқ кунад, қисми якуми модда. Қисми дуюм метавонад, ки парвандаи ҷиноятиро бе тасдиқи хулосаи айбдоркунӣ барои гузаронидани тафтишоти иловагӣ ба мақомоти тафтишоти пешакӣ баргардонад. Мувофиқи талаботи қисми сеюми ин модда, метавонад, ки парвандаи ҷиноятиро дар ҳаҷми пуррааш ба истеҳсолот қатъ намояд. Метавонад, ки дар ҳолати номувофиқаи хулосаи айбдоркунӣ бо далелҳои дар парвандаи ҷиноятӣ ҷамъоварда ин парвандаро барои сохтани хулосаи айбдории нав боз ба мақомоти тафтишоти пешакӣ баргардонад ва охирон мувофиқи талаботи қисми 5-и моддаи мазкур прокурор метавонад хулосаи айбдоркуние, ки аз тарафи мақомоти тафтишоти пешакӣ тартиб дода шудааст, аз парванда дур сохта, хулосаи айбдоркунии худаш тартибдодаро тасдиқ кунад, бо парванда ҳамроҳ кунад ва ба суд равона созад. Мувофиқи ин талабот парвандаи ҷиноятии мазкур дар як муддати муайян дар прокуратура мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор дода шудагӣ буд ва дар як қисми айб, ки он бо ташкили эҷоди ҷиноятӣ дар Исфара вобастагӣ дорад, қисман қатъ карда, дар қисми боқимондаи айб бо пуррагӣ хулосаи айбдоркунӣ тасдиқ карда, ба тафтишоти Суди Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон фиристода шудагӣ буд. Аз тарафи роҳбарияти Суди Олӣ ин парванда барои баррасӣ кардан номнавис шудагӣ буд. Дар инҷо қайд кардан зарур аст, ки гарчанде дар матбуот маълумоти зиёд оид ба ин парванда ба нашр расида бошад ҳам, аз тарафи мо баҳс пешкаш нашуд. Мумкин ин ҳолат то як дараҷае дар байни хонандагон нофаҳмӣ ба миён оварда бошад. Лекин ин мавқеи мо асоси қонунӣ дорад. Барои чӣ? Барои он ки, қонун тағйир, таҳқиқ ва баҳо доданро ба ҳукм ва ба ҳалномаҳое, ки ҳанӯз ба қувваи қонун надаромадаанд, манъ кардааст. Аз он ҷумла Қонун дар бораи матбуот ва ВАО, моддаи 29, қисми 3 гуфтааст, ки идораи ахбороти омма оиди мавриди баҳс қарор додани ҳалнома ва онҳоро, ки ҳанӯз ба қувваи қонун надаромадаанд, манъ кардааст. Бар замми ин, дар яке аз нишастҳои матбуотӣ, баъд аз он, ки баъзеҳо ба таҳлили ин ҳукм даст заданд, раиси Суди Олӣ ошкоро изҳор кард, ки ман айнан меорам: «Ман, ки ҳоло раиси Суди Олӣ мебошам, мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати баҳо додани қонунӣ будан ё ғайриқонунӣ будани ҳукмро надорам. Ин ваколатро қонунгузор фақат ба коллегияи судӣ оид ба корҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст». Барои ҳамин, барои вайрон нагардидани талаботи қонун мо бо матбуот, бо баъзе муаллифони мақолаҳое, ки нисбати ин ҳолат баҳсҳои беасосу бемантиқро пешниҳод мекарданд, баҳс накардем. Ин ба хотири таъминоти қонун. Шумо нағз медонед, дар аввали асри гузашта В. И. Ленин гуфта буд: «Қонун маъқул номаъқул, аз нуқтаи назари мо қонун хуб аст ё бад, бояд онро бе баҳс иҷро кунем». Аз ҳамин нуқтаи назар, мо баҳс накардем. Ягон изҳорот ба диққати хонандагон пешниҳод накардем. Ин маънои онро надорад, ки мо бо онҳо дар ҳаҷми пуррааш розӣ мебошем.
- Аз озодӣ маҳрум кардани гурӯҳи калони одамон дар ҷараёни муҳокимаи «парвандаи исфарагиҳо» тобистони соли гузашта аз ҷониби прокурори генералӣ вокуниш ба бор овард. Б. Бобохонов зимни як нишасти матбуотӣ гуфта буд: «Ман дар таҷрибаи худам бори нахуст бо чунин қонунвайронкунӣ дучор шудаам. Ҳанӯз дар давраи тафтишоти пешакӣ иттиҳом дар ташкили иттиҳоди ҷинояткорона бардошта шуда буд, аммо дар айбнома ин модда боқӣ гузошта шудааст. Ин гувоҳ аст, ки суд натиҷаҳои тафтишотро сарфи назар кардааст». Ин нутқи прокурори генералиро чи гуна тавзеҳ медиҳед?
- Аз тарафи мақомоти тафтишоти пешакӣ ба аксари кулли судшавандагон айб эълон карда шудааст, ки дар Исфара таҳти роҳбарии Ҷӯраев Низомхон иттиҳоди ҷиноятӣ дар қисми тоқ ташкил карда шудааст. Дар як ҳолат, дар як мавқеъ, дар як мавзеъ айб гарчанде эълон карда шудагӣ бошад, агар нисбати баъзеҳо қатъ карданд, нисбати баъзеҳо фикри хулосаи айбдоркуниро тасдиқ карданро ман на аз нуқтаи назари ҳуқуқ, на аз нуқтаи назари мантиқ қабул карда наметавонам. Дар матбуот, дар ВАО баҳсҳои беохир давом дорад, ки гӯё нисбати як қисми айб дар вақти тасдиқ кардани хулосаи айбдоркунӣ Прокуратураи генералӣ иттиҳоди ҷиноятиро қатъ кардааст. Гӯё сарфи назар ин, қарори прокурори генералиро мо ба назари эътибор нагирифта, ғайриқонунӣ ҳукм бароварда бошем. Ман дар ҳамин мартаба оиди ин масъала баҳс карданро ба худам ҷоиз намедонистам. Барои чӣ? Барои он ки, ҳар як муфаттиши ноҳиявӣ бояд донад, ки қарор дар бораи қатъ кардани айб фақат нисбати айби эълоншуда ҷоиз аст. Нисбати айбдоршавандаҳо Убайдуллоев ва Ҷӯраев Толиб аз тарафи мақомоти тафтишоти пешакӣ бо моддаи 187, қисми 1 айб эълон карда шудааст, ки ин таркиби ҷинояти алоҳидаро ташкил медиҳад. Аммо аз тарафи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Убайдуллоев ва Ҷӯраев Толиб бо қисми 2-и моддаи 187 айб қатъ карда шудааст, ки бо ин модда умуман онҳо айбдор карда шудагӣ нестанд. Аз ҳамин нуқтаи назар, мо дар ҳамин қисм қарори Прокуратураи генералиро ба инобат гирифта наметавонистем. Зеро бо қисми 2-и моддаи 187 ба онҳо айб эълон шудааст. Дар ин қисм айб қатъ карда шудагӣ нест. Аз ҳамин рӯ, ман боварии қатъӣ дорам, ки дар ин қисм мо ба ягон хатоӣ роҳ надодем, бо айби қатъкардашуда ҳукм набаровардем.
- Дар изҳороти адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев гуфта мешавад, ки нисбати як қисми айбдоршудагон дар асоси далелҳои бофта ҳукм бароварда шудааст…
- Ба ман як мавқеи муаллифони мақолаҳои дар давоми якчанд моҳ ба нашр расида нофаҳмост. Ҳоло ҳам мо ҳуқуқи таҳлили ҳукмро надорем. Имкониятҳои ман маҳдуд ҳастанд. Баъд аз баррасии коллегия имконияти шарҳ додани мо васеътар мешавад. Агар насиб бошад, баъд аз баррасии кассатсионӣ оид ба ин масъала ба таври муфассал сӯҳбат кардан ҷоиз аст. Лекин як ҳолатро ман намефаҳмам, ки дар баъзе ҳолатҳо ҳолатҳои айби эълоншуда дар вақти тафтишоти пешакӣ, дар вақти тасдиқ кардани хулосаи айбдоркунӣ, дар вақти баррасии судӣ тағйир надоштанд. Ин хел ҳолатҳо кам нестанд. Ҳолатҳое ҳастанд, ки ҳатто гарчанде худашонро бе гуноҳ бе асосноккунии ҳуқуқӣ иҷро карда бошанд ҳам, аз рӯи нишондодҳои худашон, тамоми ҳолатҳои содиршавии ҷиноят ва айби эълоншударо аз тарафи мақомоти тафтишоти пешакӣ дар мурофиаи судӣ низ тасдиқ мекунанд. Дар ҳамин ҳолат тасдиқ кардани баъзе одамон шахсони ваколатдорро, ки 31 нафар бегуноҳ маҳкум шудаанд, барои ман ҳам аз нуқтаи назари касбӣ, ҳам аз нуқтаи назари мантиқӣ умуман нофаҳмост. Ман оиди ин ҳолат ба диққати хонандагон пас аз баррасии касатсионӣ далелҳои бебаҳсро бе ягон шарҳу баҳо додан пешниҳод мекунам. Бигзор хонандагон худашон хулоса кунанд, ки оё ҳамин 31 нафар бегуноҳ суд шудаанд, ё дар ҳақиқат ҷиноят содир кардаанд.
Ман ба саволи шумо оиди исботи гуноҳ, гунаҳкор ё бегуноҳ будани маҳкумшудагон бо парвандаи Ҷӯраев ва дигарон бо сабабҳои дар боло қайд кардашуда маълумот дода наметавонам. Барои он ки, ин масъала ба салоҳияти коллегияи судӣ оид ба корҳои ҷинояти Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид аст. Лекин, ман қайд карданӣ ҳастам, ки Ҷӯраев Солеҳҷон моҳирона, бо як лаёқати хоса хостааст, ки ақидаи хонандагони бешумори рӯзномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар зидди системаи судӣ равона кунад. Агар ба изҳороти адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев ба вайронкунии ҳуқуқи инсон дар газетаи «Фараж», аз 20-уми январ аҳамият додагӣ бошед, агар дар якчанд банд ҳолатҳои манфии раиси Суди Олӣ Абдуллоев оварда, дар як банд қатъ кардааст. Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раёсати пӯшидаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти баррасии парвандаи Ашӯров гӯё ӯро ҳамчун авбош ба ҷавобгарӣ кашида, як қатор рафторҳои ғайриқонунӣ содир кардагӣ бошад. Лекин, ман бо пуррагӣ тасдиқ мекунам, ки заявленияи парвандаи Ашӯров дар раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз то соли 2006 мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ба фикрам, Нусратулло Абдуллоев дар он вақт раиси Шӯрои адлия буда, ба Суди Олӣ ягон дахолату вобастагие надошт. Ғайр аз ин, дар давоми 15 соли фаъолияти кориям ман дар Суди Олӣ раёсати пӯшидаи Суди Олиро нав аз суханони Ҷӯраев Солеҳҷон фаҳмидам. Дар давоми зиёда аз 15 сол, кафолат медиҳам, ки дар Суди Олӣ ягон раёсати пӯшида гузаронида нашудааст. Барои исботи ин ҳолатҳо, барои ғаразнокии мавқеи Ҷӯраев Солеҳҷон ман ба диққати шумо боз як ҳолати дигарро расониданӣ ҳастам. Ҷӯраев Солеҳҷон, ки худро ҳуқуқшиноси варзида ва муборизи зидди вайронкуниҳои қонун эълон кардааст, биёед як таҳлил кунем, ки бо кӣ, дар кадом мавзеъ дар ин ҳолат баҳс карда мешудааст. Парвандаи ҷиноии Ашӯров О. дар як муддати кӯтоҳ се маротиба барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, маҳкум карда шудааст. Бигзор ҳукмҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардаро Ҷӯраев зери шубҳа монда бошад. Бар замми ҳукмҳои дар Тоҷикистон бароварда Ашӯров О. дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо ҳаммаслаконаш бо ҳам ҷинояти махсусан вазнин содир карда, духтари ноболиғро дар Ҷумҳурии Қирғизистон рабуда, дар давоми шаш моҳ пинҳон карда, аз падару модари духтар маблағ талаб карда, аз тарафи мақомоти қудратии Ҷумҳурии Қазоқистон дастгир шуда, аз тарафи мақомоти суди Қирғизистон гунаҳкор эътироф гардида, маҳкум карда шудааст. Оиди ҳукме, ки Ҷӯраев Солеҳҷон мавриди баҳс қарор додааст, роҳзании хонаи Сулаймонов – ҷабрдида меравад. Садҳо вазъ аз тарафи ҳимоятчӣ, падару модар, судшавандаҳо ба суд пешниҳод карда, ҳар яки он мавриди таҳлил қарор гирифта, ҳамаи онҳо баҳои ҳуқуқӣ гирифтаанд. Бе баҳс муайян карда шудааст, ки аз Ҷумҳурии Қирғизистон аз мақомоти адои ҷазо маҳкум Ашӯров ҷавоб гирифта, ба Тоҷикистон баргашта, дар Тоҷикистон ҷиноят содир намудааст. Аз фурӯдгоҳ чиптаҳои ба Душанбе – Хуҷанд, Хуҷанд – Душанбе парвоз кардаи Ашӯров талаб карда, ба парвандаи маҳкум ҳамроҳ карда шудааст. Гуноҳи Ашӯров оиди ин ҷиноят бе баҳс бо парвандаи ҷиноятӣ тасдиқ карда шудааст. Агар имконияти рӯзнома бошад, ман ба таври хаттӣ тамоми далелҳоро ба рӯзномаҳо пешниҳод мекунам, бигзор хонандагон худашон таҳқиқ карда, ба хулоса оянд, ки оё Ашӯров шахси бегуноҳ аст ё шахси ҷинояткори барои ҷамъият, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон хавфнок.
Ғайр аз ин, дар изҳорот якчанд парванда номгӯй шудаанд, ки гӯё таҳти роҳбарии раиси Суди Олӣ ғайриқонунӣ баррасӣ шудаанд. Як қисми ин парвандаҳо умуман ба Суди Олӣ ворид нагаштаанд, як қисмашон дар судҳои поёнӣ баррасӣ шудаанд, як қисмашон дар вақти набудани раиси Суди Олӣ Абдуллоев баррасӣ шудаанд. Инро ҳам ҳуҷҷатан тасдиқ кардан мумкин аст.
- Шумо дар ҳақиқат бо Солеҳҷон Ҷӯраев сӯҳбат доштед? Агар ҳа, дар чӣ гуна шароит?
- Дар ҳақиқат ман бо Ҷӯраев ҳамсӯҳбат шудагӣ будам ва фақат бо мақсади аз думболагириҳои ӯ халос шудан. Баъзе гапҳои ношоистаро ман дар ҳақиқат изҳор кардагӣ будам ва дар вақти қабули раиси Суди Олӣ, ки Ҷӯраевро қабул карда буд, ин ҳолатро тасдиқ кардам. Баъд ман аз мутахассисон фаҳмидам, ки имкониятҳои компютерӣ шароит оварданашон мумкин аст, ки ба сабт тағйироту иловаҳо ворид карда шавад. Барои ҳамин, ман дар ҳаҷми пурра тасдиқ карда наметавонам, ки ҳар чи ки дар онҷо пурра сабт шудааст, ба ман тааллуқ дорад, ё як қисмаш ба воситаи компютер илова шуда бошад. Ман инро пурра таҳлил карда наметавонам. Ба фикрам, сохтакорӣ бо истифода аз компютер ҳам ҷой доштагист.

«ПАЙКОН»

Кайҳо маро дар маҳбас мешинонданд, агар…
Тавассути телефон бо адвокат С. Ҷӯраев дар тамос шуда, нуқтаи назарашро пурсидем. Андешаҳояшро чунин иброз намуд: «Агар ҳамин хел гуфта бошад, ки овозҳоро ман сохта карда бошам, вай фиребгари муғамбир аст. Дар назди раиси Суди Олӣ худаш қоил шуд, ки ин овозҳои ман. Дар аризаи даъвогияш, ки дар дасти ман ҳаст, худаш гуфтааст, ки ман гап задам ҳамаашро. Яъне, ҳамон овозҳое, ки дар магнитофон сабт шудааст, овозҳои ман аст гуфтааст.
Сабт оид ба он, ки ман онро 15-уми июн сабт кардам, дар ман далелҳои шайъӣ ҳаст. Сабтро баъди як ҳафтааш ба дасти раиси Суди Олӣ супоридам. 7-уми августи соли 2009 маро раиси Суди Олӣ қабул кард ва рӯбарукунӣ бо Нуров шуд. Нуров дар ҳузури раиси Суди Олӣ қоил шуд, ки сабт овози вай аст. Агар сабтро ман сохта мекардам, онҳо маро кайҳо дар маҳбас мешинонданд.

Аз БМСТЖ:
Чуноне дар боло ишора намудем, ин масъала мавриди омӯзиши БМСТЖ қарор дорад. Мо парда аз рӯи ҳама чиз мебардорем. Дар рӯзҳои наздик маводи муфассал пешкаши хонандагон мегардад.

Пирӯзӣ муборак!

Рубрика: Uncategorized — 115k @ 5:19 дп


Хабари аз ҷониби Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба суд кашидани ҳафтаномаи «Миллат»-ро фаҳмида, ба худ печидем. Ба худ андешидем, ки он нафари ташаббускори ин қазия гардида ақаллан баробари як шумораи ин рӯзнома ба ҷамъият фоида оварда бошад? Оё ғайр аз худу чанд нафар наздиконаш ба каси дигар дасти имдод дароз намуда, ақаллан барои беҳбудии соҳа коре карда бошад?! Ҳайронем, ки бо кадом рӯй ба суд муроҷиат мекунанду дар бораи кадом обрӯву шаъну шараф ҳарф мезананд ва 1 миллион сомонӣ товони зарар талаб менамоянд! Агар ин қадар маблағро муассису рӯзноманигорони «Миллат» медоштанд, кайҳо шодимарг мешуданд…

Вазъи имрӯзаи хоҷагии қишлоқ ба таъбире «ба чор подшоҳ маълум». Ба ҷои аз танқид хулоса баровардану аз пайи ислоҳи камбудиҳо гардидан, баҳри беҳбудии рӯзгори мардум тадбир андешидан, аз рӯзномаю рӯзноманигор қасос мегиред?! Фарз кардем, рӯзноманигор хатое кард. Магар онро бахшидан намешавад?! Барои чӣ Шумоёнро, ки моликияти халқро ба бод додед, истеҳсолотро ба замини сиёҳ яксон кардед, касе ба суд намекашад? Куҷо шуд ин қадар корхонаҳо, ки бо пули мардум бино шуда буд? Бо баҳонаи таҷдид, аз як сохт ба сохти дигар гузарондан, тамоми моликият «прихвитатсия» карда шуд. Шарм намедоред?! Мисол мехоҳед?! Садҳо мисол меорем. Имрӯз кор то ба ҷое расидааст, ки заминро ба тариқи ауксион ба фурӯш мондаанд. Дар бораи ба тариқи пинҳонӣ хариду фурӯш намудани замин ҳоҷати гап задан ҳам нест… Барои ҳамин, биёед як бор дар назди виҷдонатон, ба шири поки модаратон қасам ёд кунед, ки киро ба маҳкама кашидан лозим аст?! Шуморо ё рӯзноманигорро!? Чаро садҳо камбудиҳои ошкор намудаи журналистон роҳи ҳалли худро намеёбанд? Чунки Шумо ҳам дар ҳамон дег ҷӯшидаед…
Судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рӯёндани зарари маънавӣ аз ҳафтаномаҳои «Азия-плюс», «Фараж» ва «Озодагон» ба Суди ноҳияи Сино муроҷиат кардааанд, ки хандаовар аст. Магар судяи суди зинаи аввал «шикоят»-и Суди Олиро рад мекунад?! Не, бародарон. «Судяҳо мустақиланд ва танҳо ба қонун итоат мекунанд»! Шояд чунин бошад. Дарвоқеъ дар Конститутсия чунин навишта шудааст. Шумо ба он хоҳ бовар кунед, хоҳ не, вале мо боварӣ надорем. Ин фикри мост. Дур намеравем. Чанде қабл дар асоси Қонун «Дар бораи авф» ҳазорон нафар дар асоси таъинотҳои судҳо аз маҳкамаҳо озод шуданд. Директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ф. Саидов дар нишасти матбуотӣ ба ҷамъи рӯзноманигорон изҳор намуд, ки авфшудагон бемаблағ озод нашудаанд… Боз чӣ мехоҳед?! Маъзарат мехоҳем, ҳарчанд нафарони пок ҳанӯз ҳастанд, системаи судӣ монанди бозор гардидааст… Нафаре муроҷиат карда, иброз намуд, ки раиси суди ноҳияе барои ҳал намудани баҳси манзилаш аз ӯ 10 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст. Он занак маблағро бурда медиҳаду судя талаб мекунад, ки шабе бо ӯ ҳамхоба шавад. Занак рад мекунад. Пагоҳаш маблағро баргардонда, корро ба тарафи муқобил ҳал мекунад. Чунин мисолҳо зиёданду намедонем судяҳо пагоҳ, пас аз ба нафақа баромадан рӯзи бо аҷал даст ба гиребон шуданро фикр мекарда бошанд ё не? Ягон маротиба худро ба суди виҷдонашон ҳавола карда бошанд?! Аз дасташон чӣ қадар одамон дар маҳбасанд, чӣ қадар бехона, чӣ қадар сарсону саргардон… Замона ба дасти онҳо ҷилд-ҷилд китобҳои қонунро додааст. Ба кадом шакле хоҳанд, ба ҳамон тарз тоб медиҳанд. Барои қонеъ намудани нафси шум. Вале Худованд ба рӯзноманигор дуввумин чизи офаридааш – шоҳи ҷаҳон – қаламро додааст ва ҳамон қалам нидо намуда, ки «Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам, қаламкашро ба мақсад мерасонам».
Худо хоҳад, мо ба мақсад мерасем. Офаридгор на ҳар касро бо тарозуи адлу инсоф рӯ ба рӯ мекунад. Навмед набояд шуд, ки тарозудор чӣ тур рафтор мекунад. Додраси дигаре ҳаст. Фахр бояд кард, ки «Миллат»-у «Фараж»-у «Озодагон»-у «Азия плюс» хоби тоифаеро аз сарашон паррондаанд, онҳо ба худ мепечанду чӣ карданашонро намедонанд.
Пас, ба «Миллат»-е, ки Адолат дорад, ба «Озодагон»-е, ки бо Зафар музаффар аст, ба «Фараж»-е, ки бо Хуршед оламоро гардидааст, ба «Азия плюс»-е, ки бо Умед умедгоҳи имрӯзу фардост, ин пирӯзӣ муборак бошад…

«ПАЙКОН»

Бигӯед, бигӯед, ба Болтуев бигӯед…

Рубрика: Uncategorized — 115k @ 5:11 дп

Ба рӯзи интихоботи парлумонии кишвар камтар аз як моҳ боқӣ мондааст. Вале то ҳол на ҳамаи номзадҳои мустақил шаҳодатномаи номзадӣ гирифтаанд. Ба гуфтаи номзадҳо, ин ҳолат боиси он шудааст, ки бе санад наметавонанд вориди сабқат шаванд. Барои бархе аз номзадҳо марбут ба мансубияти ҳизбии онҳо ҳамаи дарҳо бозанд, барои бархеи дигар ҳамаи дарҳо баста. Раиси Комиссияи марказии интихобот Мирзоалӣ Болтуев мегӯяд, ки фурсати таблиғоти интихоботӣ фаро расидааст. Вале тавре ба назар мерасад, довталабони курсиҳои парлумонӣ ҳеҷ не, ки аз «хоби зимистона» бархезанд.
Шояд иддае аз ин номзадҳоро интихоботҳои ҳафтаномаҳо дилпур кардааст. Як номуайянии бузургро маҳдуд кардани таблиғ дар чаҳорчӯби барномарезиҳои ҳавзаҳои интихоботӣ ба вуҷуд овардааст. Аз як сӯ ҳамаи мулоқотҳо бояд тибқи ин барнома сурат гиранд ва аз сӯи дигар, номзадҳое ҳақ доранд ба чунин мулоқот бо рақибони худ наоянд. Масалан, номзадҳои ҲХДТ бе ягон мушкилӣ дар кадом толори биное хоҳанд, бидуни иштироки ҳарифонашон вохӯрӣ доир мекунанд. Пас, чунин тарҳи танҳо аз чӣ сабаб аст? Бо истифода аз ҳоким будани ҳизб ва ё баҳсҳое, ки мабодо рух диҳанду нуфузи номзадҳоро муаррифӣ кунанд? Раҳматилло Зойиров, номзад аз Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар мавриди иҷтиноб варзидани номзадҳои Ҳизби халқӣ – демократӣ аз мулоқотҳои муштарак бо рақибони худ аз аҳзоби мухолиф гуфт, шояд онҳо метарсанд, ки дар суолу ҷавобҳои рӯбарӯ ҳарифонашон бартарӣ нишон диҳанд. Зойиров ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кард, ки мулоқотҳои муштарак тибқи сенария ва бо суолҳои аз пеш барномарезишуда мегузаранд. Номзадҳои мухолиф ҳамчунин аз он шикоят мекунанд, ки номзадҳои ҳизби ҳоким дар муқоиса бо дигарон ба истифода аз толори корхонаву муассисаҳои воқеъ дар ҳудуди ҳавза дастрасии комил доранд ва ин дар ҳолест, ки соири муддаиён аз чунин имкон маҳруманд.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, номзад аз Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳавзаи Сомонии пойтахт, мегӯяд, ки масъулони ин ҳавза то ба ҳол нақшаи мулоқоти номзадҳоро омода накардаанд ва ӯ ба фарқ аз номзадҳои ҳизби ҳоким то кунун натавонистааст бо интихобкунандагонаш боре ҳам мулоқот кунад. Ва бурди номзадҳои ҲХДТ дар он аст, ки онҳо дар муассисаҳои давлатӣ ташкилотҳои ҳизбии хешро таъсис додаанд. Ва имрӯз ин ташкилотҳо ба номзадҳои ҳизб хидмат мекунанд. Дар ҳоле ки, тибқи қонуни аҳзоби сиёсӣ, ҳеҷ ҳизбе бидуни ҷойи зисти аъзои хеш ё худи ҳамин шаҳрванд ташкилоти ибтидоӣ таъсис дода наметавонад. Мутаассифона, ҳизби ҳоким ин имкониятҳоро дорад. Дар тамоми ниҳодҳои таълими сиёсӣ ва идораҳои мухталиф ташкилоти хешро таъсис додааст, на ҷойи зист. Вале агар чунин як корро ҲНИТ пешниҳод кунад, мегӯянд, ки Шумо хилофи қонун рафтор мекунед. Ба эътиқоди номзади ҲНИТ, ҳарчанд масъулон ошкоро муроҷиати онҳо барои ташкили мулоқот бо мардумро рад намекунанд, вале бо баҳонаҳои мухталиф иҷоза ҳам намедиҳанд.
Пас, аз ин бармеояд, ки қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистони демократӣ амалкардҳои ҲХДТ-ро ғайриқонунӣ намедонанд. Вагарна, чаро барои таъсис додани ташкилотҳои ҳизбҳои дигар дар муассисаҳои таълимиву тиббӣ расман иҷозат нест. Фикр мекунам, ки бо ин шеваи корбарӣ бархе аз намояндагони ин ҳизб ба мардум нишон медиҳанд, ки бинед, мо ғайриқонунӣ ҳам амал мекунем. Вале бехабар аз он, ки чунин шева обрӯи ҳизбро назди интихобкунанда коҳиш медиҳад. Ба ин маъно, ки талаботи қонун поймол мешавад. Дар Тоҷикистон маъмул гардидааст, ки фаҳмиши як мансабдори давлатӣ болотар аз воқеияти мӯҳтавои қонунҳо аст. Барои мисол, дар баҳси додгоҳии ҲНИТ дар Суди Конистутсионӣ ҳарчанд ҳукми додгоҳи олиро дар асоси қарори Кумитаи Маҷлиси Намоядагон ғайриқонунӣ исбот карданд. Вале боз ҳам ин ниҳоди болотарини судӣ ҳам адолатро барпо карда натавонист. Ин барои як давлате, ки даъвои демократӣ ва дунявӣ будан мекунад, даҳшат аст.
Бо вуҷуди дарки ҳамаи ин нуқтаҳо, мехоҳем аз Комиссияи марказии интихобот сабаби нобаробарии номзадҳоро дар амри вохӯрӣ бо интихобкунандагон мушаххас кунем. Мирзоалӣ Болтуев, раиси Комиссияи марказии интихобот дар посух ба ин шикоятҳо гуфт, ки дар воқеъ ҳеҷ як номзад ҳуқуқ надорад берун аз нақшаи ҳавзаи интихоботӣ иқдом кунад. Вале Болтуев боз ҳам танҳо дар хидмати номзадҳои ҳизби ҳоким будани муассисаҳои ҷамъиятиро ғайриқонунӣ намехонад: «Инҳо назди мо график кардагӣ, аз 1-уми феврал вохӯриҳояшон сар мешавад. Ман намедонам кадом номзад аз пеши худаш куҷо рафтааст. Бояд ҳавза озод бошад ва роҳбари ҳавза бо номзадҳо бошад».
Артис Пабрикс, раиси ҳайати нозирони САҲА дар Душанбе мегӯяд, ки феълан рисолати онҳо танҳо назорати ҷараёни сабқат аст ва онҳо ҳаққи интиқод аз таққалубҳо ва ҷилавгирӣ аз яккатозиҳоро надоранд: «Мутаассифона, ҳоло ман ба ин суол дақиқ ҷавоб дода наметавонам. Чунки, танҳо ду ҳафта аст кори худро анҷом дода истодаем. Мо ҳоло то рӯзи интихобот ба ягон кас ягон хел тавсия дода наметавонем. Мо ҳоло танҳо маълумот ҷамъоварӣ карда истодаем ва онро таҳлил карда истодаем. Танҳо дар рӯзи интихобот метавонем баҳо диҳем, ки интихобот чӣ гуна гузашт». Бо ин вуҷуд, ки то интихоботи парлумонии Тоҷикистон ҳамагӣ як моҳи дигар боқӣ мемонад, то ҳол тақрибан ягон овеза ё таблои таблиғотие дар кӯчаву хиёбонҳои масалан, Душанбе дида намешавад, ки мардумро аз қариб омадани ин маърака дарак диҳад. Аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳо, тавре ба назар мерасад, дар пешбурди маъракаҳои таблиғотии худ аз марзи мулоқотҳои алоҳидаи расмӣ бо интихобкунандагон фаротар нарафтаанд. Минбари шабакаҳои телевизиону радио низ аз наворҳои таблиғии аҳзоб ва номзадҳо то ҳол холист.

Ҳарамгули ҚОДИР

Следующая страница »

Блог на WordPress.com.