Главная > Uncategorized > «Эшони Нуриддин ботамкин ва бовиқор буд…»

«Эшони Нуриддин ботамкин ва бовиқор буд…»

Дар раҳи дин сахт чун алмос зӣ,
Дил ба ҳақ барбанду бе васвос зӣ.
Эй туро бахшад Худо қалбу ҷигар,
Тоати марди мусалмоне нигар.
Ман фидои он ки дарвешона зист,
Вой он к-ӯ аз Худо бегона зист.
Каргасонро расму ойин дигар аст,
Сатвати парвози шоҳин дигар аст.
Сирри дини Мустафо гӯям туро,
Ҳам ба қабр андар дуъо гӯям туро.

- Мавлонои гиромиқадр! Ҷаноби Абдулҳамид фарзанди мулло Фақир, омадани Шуморо ба кишвари Тоҷикистон, ба Симпозиюми байналмилалӣ бахшида ба бузургдошти 1310-солагии фақеҳи бузург, асосгузори мазҳаби ҳанафӣ ва бунёдгузори Академияи фиқҳӣ — Имоми Аъзам (р) хайра мақдам мегӯем. Бошад, ки Худованд бо баракати ин ҷашнвораи бузург ва намояндаҳои баландмақоми ҷаҳони исломӣ хайру раҳматашро ба уммати исломӣ арзонӣ бидорад. Пас, мавлонои гиромиқадр, хешро бо хонандаи тоҷик муаррифӣ менамудед!
— Зиндагиро чист расму дину кеш,
Як дами шерӣ беҳ аз сад соли меш.

Мавлави Л..

Номи ман Абдулҳамид. Падарам мулло Фақир писари Исмоили Зеҳӣ. Соли таваллудам 1326 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба соли 1947 мелодӣ. Миллатам балуҷ. Зодгоҳам шаҳри Зоҳидони Ҷумҳурии Исломии Эрон. Забони форсӣ, балуҷӣ, арабӣ, ингилисӣ, паштӯӣ ва ҳиндиро хуб медонам. Забони балуҷӣ яке аз шохаҳои қадимаи забони форсӣ — тоҷикӣ мебошад. Мусалмони ҳанафимазҳаб ва аз аҳли тариқатам. Силсилаи насабиам ба аҳлу байти Расулаллоҳ (с) пайванд аст. Падару аҷдодам аз аҳли суннат ва ҷамоат буданд, ки мо низ андарон ҳастем. Кулли мардуми минтақаи ҷануби кишвари Эронро мусалмонони суннӣ ташкил мекунад. Забони коргузории мо забони давлатӣ, яъне форсӣ мебошад. Минтақаи Зоҳидон як пора дили Эрони бузург мебошад.
Мисли ҳазрати Яқуб (ъс) серфарзандам. Фарзандонам соҳиби маълумоти олии динӣ мебошанд ва баъзеяшон тулоб ҳастанд. Бо лутфу карами Худованд дар ҳоли ҳозир пешво ва имоми аҳли суннат ва ҷамоати минтақаи ҷануби Эрон мебошам. Бештар ба ибодат ва таълиму тадрис машғулам. Китоби дӯстдоштаам Қуръон ва аҳодиси Расули раҳмат ва шафоат (с) мебошад. Дар кишвари Покистон таҳсил намудаам. Падарам ва бародаронам донишмандони замони худ буданд. Либоси сафедро дӯст медорам ва мепӯшам. Бар сар болои кӯлоҳ доимо саллаи сафед мебандам. Болои салла чодар меандозам, ки аз суннатҳои Расулаллоҳ (с) аст.
— Феълан барои шинохти фалсафаи шаръӣ ва масоили мухталифу гуногунҷабҳаи мактаби фиқҳии Абӯҳанифа (р) чӣ корҳоро ба сомон бояд расонд, ки чеҳраи илмӣ ва масоили фиқҳии Имоми Аъзам (р) шинохта шуда, дастраси муштариён ва уммати исломӣ гардад?
— Шинохти шахсият ва маърифати масоили фиқҳи Абӯҳанифа (р) аз замони қадим то ба имрӯз ба пуррагӣ даст наёфтааст. Ҳарчанд ки нисбати ин абармарди бузург ва фақеҳи ориф дар масири таърих аз ҷониби бузургони дин ва мусташриқин садҳо китоб ва рисолаҳои илмӣ навишта шудааст, то ба ҳол ин шахсият ба таври илмӣ шинохта нашудааст. Дар ин ҷода ковишҳои илмӣ шарт ва зарур аст. Бештар ба сарчашмаҳои таърихӣ ва зиндагии орифонаи Абӯҳанифа (р) бояд такя намуд.
Ҳамин Симпозиюми байналмилалӣ, ки бахшида ба бузургдошти 1310-солагии Имоми Аъзам (р) дар торихи 5-6-уми октябри соли 2009-и мелодӣ бо ибтикори Президенти кишвари Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон доир гашт, барои шинохти Абӯҳанифа (р) бисёр муфид буд.
Барои иттилооти бештар ва шинохти илмии Абӯҳанифа (р) бузургони дин, пажӯҳишгарон, насли ҷадид ва наслҳои ояндаро зарур аст, ки ба омӯзиши маноқиб, фазоили илмӣ ва ахлоқию ибодатии орифи ирфонӣ ва суфии куфӣ Имоми Аъзам (р) аҳамияти ҷиддӣ бидиҳанд.
Суханронии ҷаноби Райиси Ҷумҳури Тоҷикистон дар Симпозиюм мавриди шукргузорӣ ва пазироӣ барои уммати исломӣ ва махсусан барои уламо буд, ки Худованд ин лутфу карамро барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва уммати исломӣ насибу рӯзӣ гардонид. Танҳо дӯст доштани Абӯҳанифа (р) барои шинохти фақеҳи шаҳид ва суфии куфӣ кофӣ нест, балки иттилооти сирати эшонро ва равиши ақида, низоми ибодат ва мактаби фиқҳии эҷодкардаи орифи бузургвор Имоми Аъзам (р)-ро эътироф ва пайравӣ кунем. Сирати эшон ифшогари розҳои пинҳони ӯ мебошад.
Имоми Аъзам (р) орифи дурандеш, таҳаммулпазир, тезҳуш, хушкалом, батақво буд. Зӯҳду порсоии ин фақеҳи шаҳид ва орифи рашид то ҷое буд, ки қаламро бе таҳорат ба даст намегирифт. Дар ин нуқта худсозӣ, худтарбияткунӣ, худназоратӣ ва қудсияти инсонӣ дар симои Абӯҳанифа (р) ошкор мегардад. Инсоне, ки фалсафаи Аврупо ва Юнони Қадим дар ҷустуҷӯй ва орзуи он ҳастанд. Абӯҳанифа (р) барои инсони комил будан худро дар ҳама ҳолат омода месозад. Абӯҳанифа (р) рамзи инсони комил ва чеҳраи поки имонист.
Омӯзиши рафтор, кирдор, ахлоқ, муносибат ба ҷамъият, риёзати ҷонгудоз, шабзиндадориҳои бардавом, баёни ҳақиқати амри Илоҳӣ дар муқобили ҳокимони замон ва эҳтироми ҳуқуқи инсон ҳамчун падида ва неъмати илоҳӣ, эҷодгари мактаби ҳуқуқӣ ва таҳаммулгароӣ ва сабру субот дар муқобили хушунат ва ҷаҳлу ҷаҳолати фитнагарону кинатӯзон омилҳо ва сарчашмаи асосии ковишҳои илмӣ дар шинохти Абӯҳанифа бояд қарор бигиранд. Зеро бидуни шинохти Қуръон ва маърифати аҳодуссуннабӣ ва мактаби илмӣ ва ахлоқии Расули раҳмат (с) ковишҳои илмӣ дар шинохти Имоми Аъзам (р) ғайри имкон аст. Касе имон надорад, дар риштаи ковишҳои илмӣ Имоми Аъзам (р)-ро шинохта наметавонад.
Симпозиюми мазкур ҳоло ибтидои кор дар шинохти Абӯҳанифа (р) мебошад ва дигар шинохти ин нобиғаи илмӣ ва фақеҳи бузург аз мутахассисон, уламои бузург ва рӯшандилони равшанзамир вобастагии бештаре дорад, ки эшон дар шинохти ин шахсият аз кадом равзанаи илмӣ ворид мешаванд.
Гурӯҳҳои тундгаро ва мазҳабгурези ба ном динӣ ва баъзе мусташриқини динситези дингурез то ба ҳол ҳамчун як шахсияти илмӣ ва нобиғаи замон Абӯҳанифа (р)-ро қабул надоранд. Балки ӯро бунёдгузори тафриқа дар ҷаҳони ислом медонанд, яъне вай бунёдгузори аввалин мазҳаб дар ислом мебошад. Албата ин фикр ботил ва хилофи ақли солим мебошад. Аммо барои радди ақида ва диди ботили мухолифин ва мункирини мазҳаб бо асосҳои илмӣ ҷавоб бояд гуфт.
Наҷоти инсоният рӯ овардан ба маорифу илм аст. Дин барои хушбахтӣ ва саодатмандии инсон аст.
Дунё худ дар вартаи садамаҳои бузурги табиӣ қарор дорад аз беаҳамиятӣ ва фориғболии Инсон. То ҳол дунёро нашинохтаем. Худоро нашинохтаем. Инсонро нашинохтаем. Худованд ба хотири Инсон дунёро халқ кардааст. Инсонро нашинохтаем. Инсон ниёзи бештаре ба шинохти асли худ дорад. Инсон аз шинохти асли худ дур афтодааст. Пас итоати Худованд ва маърифати илмии масоили фиқҳии Имоми Аъзам (р) дар замони муосир барои шинохти Инсон ва Худошиносӣ як амри табиӣ ва зарурист. Инсон фитратан мусалмон мебошад.
Ва ин Симпозиюми байналмилалӣ, ки аз ҷониби давлати Тоҷикистон баргузор гардид, як падидаи тозаи илмӣ дар шинохти орифи шаҳид – Абӯҳанифа (р) мебошад. Барои арабу аҷам дарси ибрат аст. Аз Тоҷикистон ва ҳиммати баланду шуҷоат ва хирадмандии раҳбари он — ҷаноби Эмомалӣ ибрат бояд бигиранд. Райиси Ҷумҳури Тоҷикистон аз ин пас ифтихори уммати исломӣ аст, ӯ як шахси воҳид нест, балки хоси уммати исломист. Ба қадри ин ифтихори уммати исломӣ бирасед, эй ворисони Имоми Аъзам (рҳ)!
— Худованд беҳтарин неъматҳоро ба Шумо ҷаноби мавлоно Абдулҳамид арзонӣ бидорад ва дуогӯйи он ҳастем, ки дар ду сарой хушбахту саодатманд бошед. Пас бигӯед, миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистонро чӣ гуна дарёфтед?
— Сафо ва самимият, меҳмоннавозӣ, эҳтирому дӯстӣ ва муҳаббат ба дин дар мардуми тоҷик дидам. Ва ҳамчунин дар тавазӯъ, диндӯстӣ, дурандешӣ ва мудирияте, ки дар Райиси Ҷумҳур дидам бисёр, таассуроти зиёде нисбати миллати тоҷик пайдо кардам. Ба ин хулоса расидам, ки миллат ва халқи тоҷик аз қадимтарин миллатҳои дунёст, ки ин мардум соҳиби фарҳанги қадимаи аҷдодӣ мебошад.
Дар роҳи салоҳият ва сулҳу сафо ва талоши гумшудаи худ, ки Қуръону суннат ва илму дониш аст, ҷавонони ин кишвари мусалмоннишин саъю талоши зиёд доранд. Пешрафт ва комёбиҳои бузурги илмӣ эшонро интизор аст. Воқеан мардуми тоҷик ворисони асосии Салмони Форсӣ (р), Имоми Аъзам (р), Имом Бухорӣ (р), Имом Муслим (р) ва Имом Тирмизӣ (р) мебошанд. Маънии тоҷик ба фикри ман мусалмони комил ва биҳиштӣ аст. Ва ман хушнудам, ки дар кишвари биҳиштиёнам. Тулоби тоҷик мисли Имом Бухорӣ (р) ва Имом Абӯҳанифа (р) барои дарёфти илм ва шинохти бештари масоили фиқҳӣ пайваста дар ҷустуҷӯянд. Ҳиҷрат мекунанд, гирифтори мушкилоти роҳ, манзил ва дурии ҷигарбандон мегарданд. Ба фирқа ва гурӯҳои гуногуни ақидавӣ рӯ ба рӯ ва гирифтор меоянд.
Тулоб ва ҷавононро шарт аст, ки барои расидан ба истиқлолияти иқтисодӣ ва динӣ такя бо илмҳои динӣ ва дақиқи замони муосир саъю кӯшиш биварзанд. Тарз ва усулҳои беҳтарини омӯзиш ва парваришро думболагирӣ намоянд. Тақлиди кӯр — кӯронаи ғарб ва ифротгароии ба ном динӣ ҷомеаро аз бунбастҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динӣ раҳо карда наметавонад. Ба нерӯҳои созандаи дохилӣ такя бояд кард. Кишваре, ки худоношинос, динситез ва дингурез аст, иқтисодиёт ва пешрафти техникӣ надорад, вобастагиҳояш аз дигарон бештар аст. Шавқу рағбат ва муҳаббати зиёди худшиносӣ ва диндӯстдорӣ дар мардуми ин кишвар зиёд аст.
— Шайхи мӯҳтарам, Мавлоно Абдулҳамид! Шумо як шахсияти бузурги ҷаҳони ислом мебошед ва зиёда аз 15 миллион нафар аз аҳли суннати ҷануби Эрон Шуморо ба ҳайси роҳбар ва пешво мешиносанд ва эътироф мекунанд. Барои азизони худ бигӯед, ки чаро роҳи исломро пешаи худ сохтед? Ва чӣ манфиате дар ин ҷода барои инсоният ва миллати исломӣ нуҳуфтааст?
— Роҳи ислом беҳтарин роҳи муқаррабони даргоҳи илоҳӣ ва роҳи Паёмбарон (съ) аст. Роҳи наҷоти башарият ва дарёфти муҷозоти дунёву охират дар дин аст, ки инсонҳо то ба ҳол ин маъниро ба таври комил дарнаёфтаанд. Монеаҳо ва таззодҳои зиёде андарин роҳ нуҳуфтааст. Дин ва бандагӣ ҳадафи аслии офариниш ва хилқат мебошад. Ва дунё василаи зиндагӣ ва эҳтиёҷу ниёзи ҳаёт аст. Дунё мазраъаи охират аст. Дунёро бо чашми ҳақорат набояд нигарист. Бар киштзори охират боэҳтиром бошед. Аз бадгӯйӣ нисбати киштзори охират боз истед ва дунёро маъбуди худ қарор надиҳед. Дунёро ба ҳайси зарурат ва эҳтиёҷ ба даст биёред. Мақсад аз хилқат дин ва бандагӣ аст. Роҳи дини ислом роҳи Биҳишт ва саодати охират мебошад. Дар сиришти ман муҳаббати дини исломро Худованд сириштааст. Хоҳони онам, ки инсоният аз шароби туҳур ва ширини дини ислом нӯш намояд. Дини ислом дини сулҳу сафо, муҳаббат ва наҷот аст. Мусалмон дурӯғ намегӯяд. Бештари ҳоҷиён дурӯғгӯй гаштаанд, суд мехӯранд ва суд мегиранд. Шаробфурӯшанду шаробхора. Мусалмонасту ҳаромфурӯшӣ ва гаронфурӯшӣ мекунад. Ин гурӯҳ риёкоронанд, ки дар назди Худованд манзалате надоранд. Роҳи динро ба хотири нафси аммора пушти сар намудаанд. Худованд беҳтарин файсалакунандаи зоҳир ва сират аст. Ғайруллоҳи зоҳирпараст дар амал ва кирдорҳои баъзе ҳоҷиёни риёкор баҳогузорӣ мекунанд бар уммати исломӣ. Дини ислом дини адолат ва раҳмат аст. Қуръон ҳуҷҷати илоҳӣ аст. Қуръон каломи Худованд мебошад. На наср аст ва на назм. Танҳо каломи Худованд аст. Китоби шифо, китоби раҳмат, китоби баракат мебошад. Назму низоми сайёраҳо ва низоми Дунёву Охират андар он нуҳуфтааст. Маълумотҳои комил ойиди дунёи Қабр, пурсиши Мункар ва Накир, Фариштагон, аҳволи Дӯзахиёну Биҳиштиён, оби Кавсар, рӯзи Қиёмат, Мизон — санҷиши амалҳо, пули Сирот, аҳамияти намоз, моҳияти зикр, мақоми дуо, аҳамияти садақа ва накӯӣ, хулқу атвори хуб, маззарати куфру ширк, илмҳои табиӣ, кайҳоншиносӣ, зистаншиносӣ, аҳамияти зиндагӣ дар дунё, Инсон беҳтарин махлуқи Худованд ва моҳияти он ва дигар масоили зиндагӣ ва муфидро дармеёбем.
Ба муҷарради фавтидани шахс зиндагӣ қатъ намегардад, балки ин оғози зиндагист. Аз марг наҳаросед, аз дурӯғгӯйӣ, шаробхӯрӣ, бенамозӣ, риёкорӣ, хушунат, ҷаҳлу нодонӣ, эҷоди фитна, бадгумонӣ нисбати якдигар, махсусан уламо ва аз қатлу зино битарсед. Марг паёмовари васл аст. Дар ҷустуҷӯйи марг нашитобед. Ризқ ва марг дар ҷутуҷӯйи шумост.
Бад — ин хотир, роҳи динро ихтёр намудам, то бошад бар уммати исломӣ ва инсоният хизмати шоистаеро анҷом бидиҳам. Ва дар ин роҳ ҷонамро фидо ҳоҳам кард. Ҳамчуноне, ки сарвари мо ва пешвои мазҳабамон Имоми Аъзам (р) дар муқобили лаззатҳои нафсонӣ ва айшу нӯши ҳукумати аббосиён динро пазируфт. Ҳақиқатро иброз дошт. Мисли қозиёни дурӯғгӯи асри хеш ва ҳоҷиёни шаробхора ва судхӯру риёпешаи замони муосири мо набуд. Дин дурӯғгӯйро қабул надорад. Роҳи дин роҳи наҷоти башарият ва роҳи расидан ба Худо мебошад. Барои шинохти дин илму маърифат лозим аст. Пас дар ҷустуҷӯйи гумшудаи худ — илму дониш бошед.
— Мавлонои арҷманд! Басе каломи дилкаш ва пурмӯҳтаво барои азизони тоҷики худ гуфтед. Худованд неъмати донишомӯзӣ ва раҳмати бепоёнашро ба мусалмонони ин кишвар ато формояд, ки дорои илму дониш ва ахлоқи ҳамида бошанд. Ва Худованд ҷаноби мавлоноро низ дар ҷивори раҳматаш мақом диҳад. Лутфан бигӯед, ки бузургтарин орзуи Шумо ҳамчун як шахсияти илмӣ ва аҳли тариқат барои уммати исломӣ дар чист?
— Бузургтарин орзуи банда дар зиндагӣ он аст, ки бедории динӣ ва иҷтимоӣ пайдо шавад дар зиндагии мусалмонҳо. Мусалмонон аз лиҳози ахлоқ ва худошиносӣ баргарданд бар аслашон. Ва муслимин ба ваҳдату иттиҳод бирасанд. Касодии иқтисодӣ аз зиндагӣ ва марзу буми муслимин зудуда шавад.
Орзуи ман барои кишвари Тоҷикистон он аст, ки аз лиҳози дин ва дунё ба тараққӣ ва пешрафт бирасад. Ҳам аз ҷиҳати санъати техникӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, динӣ ва илмӣ ба пешрафтҳои чашмрас дастёб гардад. Иттиҳод ва дӯстӣ барпо бошад. Дучори ихтилоф набошед, зеро ихтилоф миллатҳои бузургро нобуд месозад. Ба хотири масоили ҷузъӣ дар ростои афкор ва дидгоҳ ихтилоф наварзед. Ҳалли масъалаҳои шаръиро аз фиқҳи ҳанафӣ ҷӯё шавед. Фиқҳи ҳанафӣ ҷавобгӯйи ҳама ниёзҳои мардумӣ ва масъалаҳои мубрами имрӯзу фардо мебошанд. Шинохти ҳама дидгоҳи фиқҳӣ хуб аст.
Дар минтақе, ки ҳама ҳанафӣ мебошанд, аз дидгоҳи мазҳаби ҳанафӣ бояд амал кард. Ва агар ҳама шофеъӣ бошанд, аз мазҳаби шофеъӣ истифода кунанд, зеро наҷоти онҳо дар мазҳаби онҳост. Ҷумла мазоҳиби аҳли суннат ва ҷамоат аз Қуръон ва суннат сарчашма гирифтаанд. Наҷоти ҳанафимазҳабон аз пайравӣ кардани мазҳаби худашон мебошад. Гурӯҳ ва фирқаҳои мазҳабгурез ва бемазҳам ҳақ надоранд, ки аҳволи мардуми соҳибмазҳабро парешон кунанд. Яқин донед, ки ин гурӯҳҳои иғвоангез ҳар куҷое бошанд, мухолифини динанд, на ғамхори дин. Дастгоҳи бузурге эшонро идора хохад кард. Ҳудуд ва ҳадди шариъат муайян аст, кас наметавонад онро тағйир бидиҳад.
Орзуйи дигари ман он аст, ки баъди Симпозиюми бузургдошти Имоми Аъзам (р) ин абармарди шаҳид ва фақеҳи бузург, яъне Абӯҳанифа (рҳ)-ро ба дасти фаромӯшӣ надиҳед. Мисли ӯ ботақво, донишманду фозил, ботаҳаммул, дурандеш ва ғамхори дину ватани худ бошед. Аз камиттилоотӣ ва камхабарии соҳибони ин мазҳаб мабошад, ки ҳар гурӯҳи бемазҳаб ва мухолифони мазҳаб мавқеъ ва мақом меёбанд. Пас дар меояд, ки байни уламои динии ин кишвар робитаи хуби илмӣ вуҷуд надорад. Аз ин фурсати ба даст омада бемазҳабон хуб истифода мекунанд. Адабиётҳои бемӯҳтаво ва хилофи динро тақдими мусалмонҳо мекунанд.
Уламои динро зарур аст, ки аз баҳри ихтилофҳо ва ғаразҳои шахсӣ, ҷоҳу мансабталабӣ даргузаранд. Манфияти миллату уммати исломиро аз манфиятҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ боло бидонанд. Уламо худ намунаи сулҳу салоҳ ва ваҳдату якпорчагии уммати исломӣ бошанд. То ғайруллоҳ натавонад байни уламо шӯр ва мухолифат эҷод бикунад. Уламо даст ба даст бидиҳанд ва якдигарро дар канор бигиранд. Барои хушбахтӣ ва саъодатмандии мусалмонони ин кишвари биҳиштосо камари ҳиммат банданд. Воқеан, китобҳои таълимӣ ва илмӣ эҷод бикунанд барои тулоби худ. Бар сарнавишти миллати худ ва фарзандони худ бетараф набошанд. Бетарафӣ нисбати сарнавишти дин ва мазҳаби худ ҷуз гумроҳӣ чизи дигаре нест.
Орзӯйи дигари ман он аст, ки уламои дини Тоҷикистон дар кофронсҳои илмӣ дар кишвар ва хориҷ аз ватан садри маҷлис бошанд. Аз рафтор ва кирдори Расулаллоҳ (с) ва пешвои худ Имоми Аъзам (р) дарси ибрат бигиранд. Уламоро чоплусӣ ва хиёнат ба миллати худ сазовор нест. Уламо чеҳраи миллат ва қивоми миллати мусалмон мебошанд. Шикасти уламо шикасти уммат аст. Умматро набояд шикаст.
Симои Райиси Ҷумҳури Тоҷикистонро чеҳраи миллат дарёфтам, пас бад — ин чеҳраи миллат ва пайрави мазҳаб дуои хайр бигӯед. То хайр насиби ҳамагон бошад. Уламо тақдирсози миллати худ ҳастанд ва бас тақдирсозони миллатро ғофилию танбалӣ сазовор нест. Бар тақдирсозони миллати худ эҳтиром гузоред. То Худованд дар ивази эҳтироми уламои дин подошу раҳматашро ба уммати исломӣ арзонӣ бидорад.
— Чӣ хотироти неке бардоштед аз кишвари Тоҷикистон ва уламои он?
— Хотиротамро метавонам дар шакли китоби алоҳида дарҷ намоям, аммо барои мусалмонони кишвари Тоҷикистон чанд лаҳзаеро ёд хоҳам кард. Вохӯрии ман бо шайх Амонуллоҳи Неъматзода, домулло Маъруф ва мулло Ҳайдари кулобӣ фараҳбахшу фаромӯшнашаванда аст. Домулло Маъруф аз хонадони аҳли тариқат буда, ҷадии бузургвораш зиёда аз 11 китоб дар тариқат таълиф намудааст. Шайх Амонуллоҳ дар сатҳи баланди инсонӣ ҳайати кории моро дар дафтари кориаш қабул намуда, дар атрофи масоили гуногунҷабҳаи Имоми Аъзам (р) сӯҳбат ва табодули афкор намудем. Мо низ, яъне донишмандони ҷануби Эрон зодагони аҳли тариқат ҳастем. Суфиҳо дӯстони Худо ва ёрони барҳақи Расулаллоҳ (с) мебошанд. Кӯтоҳандешон ва бехабарони хавориҷ суфия ва тариқатро нашинохтаанд ва санги маломат ба эшон мезананд. Дар шинохти ин ёрони Худо ғайримуққалиддин ба нуқсон ва тақсирот гирифторанд. Бо ҳар баҳона тариқат ва суфияро намепазиранд.
Ва дигар, дар хонае ба меҳмонӣ даъват гаштем, ки дар он макон уламои зиёди тоҷик бо қиёфаи кушода моро пешвоз гирифтанд, ки хешро муррифӣ намуданд: Эшони Нуриддин, ки дар тан либосҳои тоза ва озода ва бар сар саллаи сафеди зебо дошт, ҳоҷӣ Акбар, эшони Маҳмуд, эшони Аҳмад ва домулло Абдураҳими қазоқонӣ, домулло Холмурод ва ҳоҷӣ Мирзо. Домулло Абдураҳими қазоқонӣ низ либосҳои суннатӣ дошт ва бар сар амомаи сафед. Гоҳ — гоҳ ҳоҷӣ Акбар бо суханронии ширини худ хомӯшии маъракаро зебанда месохт. Равшан буд, ки ӯ аз донишмандони соҳаи дин мебошад. Эшони Нуриддин ботамкин ва бовиқор буд. Гуфтораш ҳадафрас ва тоҷикии ширин буд. Бо ирода ва ихлоси комил сухан мегуфт. Инчунин ҳайати намояндагии мо бо эшони Абдухалил, ки ҳолиё дар Ҳисор зиндагӣ мекунад, мулоқот намуда, аз файзи гуфтораш баҳраманд шудем. Кулли эшон азизони Худоянд.
Баъди ғазо хӯрдан мардуми зиёд ба зиёрати мо пардохт. Сидқу ихлос ва муҳаббати мардум нисбати мо беандоза зиёд буд. Аз байни издиҳоми зиёраткунандаҳо ба осонӣ халос намеёфтем. Аз ин самимияти мардуми мусалмони тоҷик нисбати мо хеле хушнуд ва шукргузорем.
Чизи нодире, ки дар ин миллат дарёфтам, он аст, ки мавқеи дуо хеле устувор ва маҳкам аст. Сари ҳар қадам аз мо талаби дуо мекарданд. Дар ягон мамлакати исломӣ ва ғайри исломӣ мавқеъ ва мароми дуо то ин сатҳи баланд вуҷуд надорад. Ин нишон ва баёнгари он аст, ки дуо дар мазҳаби ҳанафӣ нақши асосиро дар ҳама ҳолат мебозад. Ҳатто хоҳарон ва модарон пеши роҳ меистоданд, ки дар ҳаққи мо ва миллати мо дуъои хайр намо. Баъди намоз се дуо мекунанд, ки дар дигар манотиқи кишварҳои муслимоннишин кам дида мешавад. Воқеан дуо мағзи ибодат аст. Баъди намози рӯзи ҷумъа дуои чаҳорумро ман намудам.
Тоҷикон нисбати нон эҳтироми хоса доранд. Дар бисёр мамолики ба ном исломӣ чунин қадрдонӣ нисбати нон дида намешавад. Бар намоянагони ин мамлакатҳо зарур аст, ин суннати ниёгони муслиминро аз тоҷикон боз биёмӯзанд. Икром ва иззати нонро ба ҷо биёранд, ки яка аз неъматҳои Худовандист. Баъди таъом хӯрдан низ дуъо мекунанд ва Қуръон тиловат мекунанд. Дар беруни намоз низ дар ҳаққи фавтидагон бисёр дуъо мекунанд, ки дар дигар манотиқи дунё дида намешавад. Албатта ин амали хайр аст. Худованд гуфтааст: Дуо кунед, то бипазирам.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, аз Маркази Исломшиносӣ дар назди Президенти кишвар ва раҳбари он ҷаноби Муродуллоҳи Давлат дидорбинӣ намудем. Ифтитоҳ ва фаъолияти чунин як маркази илмӣ — тадқиқотии исломшиносиро дар назди Райиси Ҷумҳури Тоҷикистон хуб дарёфтем. Мубодилаи афкор дар фазои озод сурат гирифт. Доктор Муродуллоҳ Давлатов як шахсияти мусалмону бофарҳанг ва дорои ҷаҳонбинии васеъ буд. Табодули афкори мо аслан дар мавзӯи равобити илмӣ ва фарҳангии ҳарду ҷониб буд. Ин маркази исломшиносии навбунёд думболи худ пайёмадҳои хуби илмиро доро мебошад. Дар наздиктарин мӯҳлат яке аз беҳтарин марказҳои исломшиносии ҷаҳон хоҳад гашт. Мо аз ҷониби худ омода ҳастем, ки дар доираи фаъолият ва талаботи қавонун равобити илмӣ ва фарҳангии худро мустаҳкам намоем. Забони гуфттугӯйи мо забони тоҷикӣ — форсӣ буд. Барои мо дигар тарҷумон лозим нест. Дину мазҳаби ягона ва фарҳанги муштарак дорем. Дар симои ҷаноби Муродуллоҳ Давлатов ба ҳамаи кормандони ин Маркази исломшиносӣ ва мардуми Тоҷикистон хушбахтӣ ва бурдбориҳо дар ковишҳои илмӣ аз Худованд хоҳонам.
Ва дигар хотироти неки ман он аст, ки аз Осорхонаи миллии ба номи Камолиддини Беҳзоди шаҳри Душанбе дидорбинӣ намудем. Мудирияти осорхона ҷаноби Абдувалӣ Шарифзода кулли меҳмононро бо чеҳраи кушода хайри мақдам намуд. Аз Осорхонаи Миллӣ вақте ки дидорбинӣ мекардем, ҷаноби Абдувалӣ ҳар нуқта, осор ва нишонаҳои таърихиро дар сатҳи баланди илмӣ ва касбӣ ба мо муаррифӣ мекард. Забони ширини тоҷикӣ ва арабиро хуб медонист. Катибашиноси моҳир ва донишманди хубе будааст. Навиштаҷоти катибаи меҳроби чӯбинеро, ки хеле мураккаб ва душвархон буд, бо як санъати баланд хонд ва тарҷума намуд. Муҳаббати илмии мо нисбати ин кишвару ин ҷавон зиёдтар гардид. Воқеан халқи тоҷик дорои таърихи хеле қадима аст. Ҷаноби Абдувалӣ тангаҳои хеле қадима, аз ҷумла тангаҳои замони Имоми Аъзам (р)-ро ба мо нишон дод ва навиштаҷотҳои болои ин тангаҳоро озодона хонд, ки хеле диққатҷалбкунанда буд. Инчунин, бо қадимтарин дастхатҳои исломӣ андарин ҷо шинос гаштем. Худованд чунин ҷавонони бедору донишмандро дар ҷивори раҳматаш нигаҳбон бошад, ки барои миллати мусалмон ва башарият захираи зиндаи илмӣ мебошанд.
— Ҷаноби мавлоно Абдулҳамид! Дар охир барои мардуми кишвари Тоҷикистон чӣ гуфтание доред?
— Фурсат даст бидиҳад ва умр вафо кунад, ки боз ба Тоҷикистон биёем ва аз дигар манотиқи биҳиштосо ва мардуми он дидорбинӣ намоем. Тоҷикистон кишвари сарсабзу хуррам аст. Ҷавонони бедор ва дӯстдори илму маърифт дар ин ҷо бисёр аст. Бозшиносии шуури динӣ ва маърифати Худошиносии ҷавононро эҳтиром бояд гузошт. Аз уламои азиз ва ҷавонони мутаддайин хоҳиши онро дорам, ки аз баҳсу ҷадал ва муноқишаҳои фирқаи хавориҷ дур бошанд. Агар аз нигоҳи илмӣ заъиф бошед ва аз мазҳаби худ бехабар, аллбата, бемазҳабон хуруҷ мекунанд. Соҳибхонаро бехона мекунанд. Заминаҳои пайдоиш ва инкишофи хавориҷро бештар шиносед ва барои рафъи заминаҳои пайдоиши онҳо аз илм истифода баред. Бештар ба Қуръону суннат такя намоед. Наҷоти шумо дар шинохти мазҳаби худ, пайравӣ ва мутобиат ба сирати Абӯҳанифа (р) аст.
Ҳуввияти миллӣ ва истиқлолияти кишвари худро ба ҷонҳо харидорӣ намоед. Раҳбари кишвари Тоҷикистон як шахсияти мусалмон ва соҳибмазҳаб аст. Чанд китоби ҷаноби Президентро бо худ гирифтаам, ки мавриди мутолиа қарор хоҳам дод. Пойбанди илму дониш ва суннат бошед. Ҳар куҷое мо низ бошем, аз миллат ва арзишҳои илмӣ, миллӣ ва динию мазҳабии мардуми Тоҷикистон ҳифозат ва дастгирӣ хоҳем кард.

Мусоҳиб Абдуллоҳи МУҲАҚҚИҚ

About these ads
Рубрики:Uncategorized
  1. олимджон бо шумо
    Июнь 26, 2011 в 5:17 пп

    рахмат бо олимони бо такво худованд нигахбонатон бод хаки ислом дар забони шумост то рохбари дини ислом бошед то ки ислом зери пои беномусони мусалмон набошан рахмат аз шумо ду металабему аз худо баракати кору бори зиндаги

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

Отслеживать

Get every new post delivered to your Inbox.

%d такие блоггеры, как: