Архив

Архив Май 11, 2011

Тоҷикистонро аз бӯҳрони иқтисодӣ мебарорам!

Май 11, 2011 1 комментарий

Ман шахсан худам рӯзҳои наздик новобаста ба дар куҷо буданам, гарчанде ба сиёсат дохил набудам, вазъиятҳои объективӣ ва субъективӣ маҷбурам сохтанд, ки ба он дохил шавам. Бо ҳамин мақсад ният дорам, ки устави ҳизби худро барои тасдиқ ба органҳои дахлдор пешниҳод намоям ва дар ҳолати бақайдгирии мусбат дар  мӯҳлати 6 моҳ ба Ҳукумат ва Шӯрои Олӣ барномаи иқтисодӣ оиди дар муддати 1,6 сол ба пуррагӣ аз бӯҳрони иқтисодӣ баровардани Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоям ва барои ин барнома кафолати шахсии худамро диҳам. Мактуби зерин дар маҳбасхонаи муваққатии Кумитаи амнияти ҷумҳурӣ бе ягон шароиту дастур рӯи қоғаз оварда шудааст ва барои ҳамаи хатоҳои имлоии ҷойдошта аз хонанда узр мепурсам.

Миқдори хисорете, ки ба ҶДММ  «Мовароуннаҳр», мизоҷон ва кормандони он дар натиҷаи беасос боздошт кардани роҳбари ширкат, боздоштани корҳои сохтмонӣ, маҳкам кардани суратҳисобҳо ва надодани мӯҳри корхона аз тарафи кормандони Прокуратураи Генералӣ расидааст. (Аз давраи 9.11.2010 то 5.05.2011) +2 моҳ азнавбарқароркунии корхона.                                                               

Асосҳо:

1. Мутобиқи қонунгузорӣ,  вақте кори корхона боздошта мешавад, бояд мувофиқи Кодекси меҳнат 1 моҳ пешакӣ ҳамаи кормандон огоҳ карда шуда, дар вақти аз кор озод кардан 2-ҳафтина музди корӣ бо тариқи «пасобия» дода шавад. Дар санаи 9.11.2010 сол дар корхона 1500 нафар маошгиранда бо музди меҳнати 820000  сомонӣ дар як моҳ кор ва фаъолият мекарданд, ки 2-ҳафтина маоши онҳо – 820000/24=34166, маоши якрӯзаи онҳо ба ҳисоби миёна 34166 сомониро ташкил мекунад. Ба онҳо мувофиқи қонунгузорӣ (34166 х 10 рӯз)=341660 сомонӣ маош додан зарур буд. Читать далее…

Рубрики:Uncategorized

Ба мухбирони «Имрӯз-NEWS» аҳсан мехонам!


Эътироз ба баромади Прокурори Генералии ҶТ Салимзода Ш. О., ки дар рӯзномаи «Имрӯз-NEWS» 13.04.2011 сол таҳти сарлавҳаи «Прокурор умеди муштариёни ширкати «Мовароуннаҳр»-ро барҳам мезанад» чоп шудааст.

Пеш аз ҳама арзу сипоси худро ба роҳбарият ва мухбирони рӯзномаи «Имрӯз-NEWS» мерасонам ва минатдории худро ба онҳо баён мекунам, ки дар ин рӯзҳои вазнин шахсони ба сабабҳои ҳархела аз ҳуқуқи граждании худ маҳрумшударо ба ёд меоранд ва нисбати онҳо нотарсона фикри худро баён мекунанд, новобаста аз ин, ки худ метавонанд дар ваъзияти ҳамин шахсон бошанд. Ба ҳамаи онҳо аҳсан мехонам.

Нисбати таърихи «Мовароуннаҳр», ташкилшавӣ, корҳои ба анҷом расонида ва норасонида, сохтаю носохтаҳояш, хизматҳояш ба халқи ҷумҳурӣ ва худи ҷумҳурӣ аз соли 1990 то ба имрӯз ахборот намедиҳам, чунки ба ҳама маълум аст. Ман боварии том дорам, ки ба ҳамаи ин таърих баҳои худашро медиҳад ва ҳақиқатро муайян мекунад, аммо афсӯс, ки дер нашавад. Читать далее…

Рубрики:Uncategorized

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Ва агар дар ҷисм амалиёти фикрӣ ва фарқгузорӣ анҷом гирад, онро нафси нотиқа (инсонӣ) меноманд.

Дуюм: Идроки робитаи узви байни ин се амалиёт. Чуноне ки дар осори «Ихвон» ба мушоҳида мерасад, ин идрок дар файласуфони дигари арабизабон низ вуҷуд дошта, маро ба ин хулоса водор мекунад, ки ин идрок яке аз падидаҳои маърифатии асри «Ихвон» аст. Бо вуҷуди ин мебояд то ин ҷо мавқеи фалсафаи материалистиро аз фалсафаи идеалистӣ дар масъалаи нафс ҷудо кунем. Зеро ки «Ихвон» ба дуализми нафсу ҷасад ақида меварзанд. Читать далее…

Рубрики:Комил Бекзода

Моҷарои ров

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода

Ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба Кумитаи амнияти миллӣ

Ба Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупо

Ба тамоми созмонҳои ҳимоятгари ҳуқуқ

Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта

Бо ҳамаи ин нодидагириҳо Мазориев Ғ. медонист, ки аломатҳои моддаҳои гузоштааш маротибаи аввал сафед шуданд ва дигарбора низ сафед хоҳанд шуд. ӯ медонист, ки айбҳои эълоннамудааш асос ва пояи ҳуқуқӣ надоранд. Бо ҷабрдидагони сохтааш Алимардонов С., Шукуров Б., Шукурова Х., Назарова М., Назаров Д. даст зада, дар таърихи 12.09.08 нисбати ман бо аломатҳои моддаи 247 қ.2 б «а» ва 247 қ.4 б «а» ғайриқонунӣ, бе исботсозии қаллобӣ, бо шаҳодат ва баёнотҳои сохтаи номбаршудагон парванда оғоз намудааст.

Акнун мегузарем ба таҳлили Моддаи 247 қисми 4 банди «а» – қаллобӣ, яъне тасарруфи амволи ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба амволи ғайр бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи боварӣ дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок. Читать далее…

Рубрики:Uncategorized

СУД МӯҲЛАТИ ҚАБУЛИМЕРОСРО БАЪД АЗ 42 СОЛ ДАРОЗ НАМУД!

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ба таваҷҷӯҳи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо ҳалномаи суди ноҳ ияи Спитамен аз 21.10.2005-ум сол аризаи Абдунабиев Қурбанбой Расулович «оиди дароз намудани мӯҳлати қабули мерос» қонеъ карда шудааст. Аз болои ҳалнома ба тариқи кассатсионӣ шикоят оварда нашудааст.

Аз ҷониби суди зинаи аввал дар вақти баррасӣ намудани парвандаи мазкур аз рӯйи аризаи Абдунабиев Қурбанбой Расулович ба ҳолатҳои кор баҳои ҳаққонии ҳуқуқии ҳаматарафа дода нашуда, парвандаи мазкур аз ҷониби суди зинаи аввал ғайриобъективона бурда шуда, аризаи Абдунабиев Қурбанбой Расулович нодуруст қаноатбахш карда шудааст. Ҳол он ки мутобиқи моддаи 15 Кодекси мурофиавӣ-граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири 1961) суд ӯҳдадор буд, ки барои ҳамаҷониба, пурра ва объективона муайян кардани ҳолатҳои ҳақиқии кор ҳуқуқу ӯҳдадориҳои тарафҳоро бо материалҳо ва баёноти пешниҳодкардашуда маҳдуд намуда, тамоми чораҳои бо қонун пешбинӣ кардашударо бинад. Читать далее…

Рубрики:Uncategorized

Кордиҳандагони қаллоб

Дар тамоми дунё қаллобон буданду ҳастанду мемонанд. Аз рӯзе, ки ба шаҳри Питер қадам гузоштам, эҳсос кардам, ки ба як доираи печ дар печи анкабут дармондаам. Пойтахти ФР – шаҳри Маскав шабеҳи мошинаи гӯштқиммакуниест, ки ҳар як одами нав омадаро мисли қимма мебарорад. Ва ё гард мегардонад. Бо дипломи оливу таҷриба дар соҳаи журналистика умед доштам, ки зуд ҷойи кор меёбам… Читать далее…

Нархи сӯзишворӣ боз боло рафт

 

Русия ва ӯзбекистон аз мо чӣ мехоҳанд?

 

Қимати бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ боз боло рафта, як литраш то ба 5 сомониву 20 дирам расидааст. Сабаби афзудани қимати сӯзишвориро дар боло бурдани боҷи содиротии сӯзишворӣ аз ҷониби Русия барои Тоҷикистон маънидод мекунанд. Боло рафтани нархи сӯзишворӣ ба афзоиши нархи молу маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон оварда расонидааст ва қобилияти харидории мардум паст шудааст.

Русияро далели аслии афзоиши нархи бензин ном мебаранд. Русия аз 1-уми апрели соли 2011 мизони боҷи гумрукии як тон сӯзишворӣ ба Тоҷикистонро аз 244,6 доллар то ба 283,9 доллар боло бурд. Соли 2010 низ дар Русия арзиши боҷи гумрукӣ ду дар сад боло рафт ва аз 200 ба 205 доллар расид, лекин дар нисбати Тоҷикистон 2 фоиз болоравӣ не, балки 205 доллар мушоҳида шуд. Яъне барои Тоҷикистон ин баробар ба 205 доллар аст. Зеро Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ шомил нест. Он вақт тибқи маълумотҳо болоравии боҷи гумрукӣ ба боло рафтани нарх дар ҳаҷми 30 фоиз таъсир расонд. Читать далее…

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.