Дуруд хонандаи азиз! Инак шумораи 100-уми ҳафтаномаи дӯстдоштании худ - «Пайкон»- ро дар даст дорӣ. Бихон, мулоҳиза рон, камбудиҳои моро ба рӯи мо бигӯ, то ислоҳ шавем.
Воқеан, 100 шумораи як ҳафтанома баробар ба 100 сол аст, чун вақти қиммати инсонро талаф мекунад, заҳмат медиҳад ва ҳатто ба беморӣ мекашад. Аммо мевааш ширин аст. Агар он пухта бошад ва бе чанг заданҳову санг заданҳохуд ба худ афтад. Меваҳои «Пайкон» ширинанд.
Чун баъди пажӯҳишҳо, гӯш додан ба қалби пурдарди чандин шаҳрванди азиятдида, баррасии баҳсҳо аз ҳамдигар ранг мегиранд ва мунтаҳо рӯи саҳифаҳои ҳафтанома меафтанд.
Нӯшат бод ин меваҳои ширини дарахти пурсамари «Пайкон», хонандаи гиромӣ! Ҳама кӯшиши «Пайкон» ба хотири Туст ва барои Ту. Ғаризаҳои «Пайкон» низ баҳри осоиштагии Туст, ки ҳафта ба ҳафта шумораҳои нав ба нави онро интизорӣ. Меваи сабр ҳам ширин аст. Сабр намо, то аз чошниҳои ширинтар аз пеш бичашӣ!
Бо эҳтиром «Пайкон»-и Ту

ЧАНД НУКТА БА ҶОИ ПЕШГУФТОР
Шукри беҳад яздони покро, ки фурсате ба мо дод ва иншои ин китоб сари вақт ба поён расид. Ҳеҷ гоҳ бо чунин дилгармӣ ба навиштани посухе саргарм нашуда будам, чуноне ки дар як моҳи пас аз Наврӯзи соли 2011. Бояд ба ҳарифон низ ташаккур баён намоем, ки ҳар гоҳ хорише пайдо карданд, ному навиштаҳои моро ба миён меоваранд ва ҳадафи тӯҳмату ифтироъ қарор медиҳанд.
Албатта, барои ҳарифони мӯҳтарам ин нуктаро низ мехоҳам таъкид намоям, ки ба забони русӣ посух навиштан бароям душворие надорад, вале баҳсу андеша дар ин мавзӯъи таърихи начандон дур ё навин пеш аз ҳама кори дохилии миллат аст ва бояд байни тоҷикон ҳаллу фасл шавад ва ба доварии бародарони бузургу миёна ниёз нест (лозим ояд матни посухҳоро ба забони русӣ баргардон ва нашр хоҳем кард).
Дар посухҳо ба таври бисёр мухтасар танҳо ба бархе масъалаҳо ишорат кардему халос, зеро барои аҳли фаҳм ҳамин ишоратҳо кифоят мекунад. Читать далее…
Давомаш.
Дар фалсафаи «Ихвон» бошад мусул бо назираш аз ҷиҳати вуҷуд баробаранд. Инҷо ки аз Афлотун сухан рондем, зарур аст ин нуқтаро низ қайд намоем, ки пайравии «Ихвон» аз Афлотун пайравии шаклӣ ва зоҳирӣ буда, моҳиятан аз якдигар фарқ доранд. Дар ягона тадқиқоти марксистӣ дар Иттифоқи Советӣ доир ба «Ихвон-ус-сафо» асари муҳаққиқи озарӣ Закуев А. К. фалсафаи «Ихвон»-ро тақлиди ақидаҳои Афлотунӣ дониста, менависад: «Онҳо ба мисли машшоиён ақидаманданд, ки маърифат иборат аз пайдоиши образи ашёи материалӣ дар фикри инсон мебошад. Читать далее…
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба таваҷҷӯҳи раиси Вилояти Суғд
Ба таваҷҷӯҳи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба таваҷҷӯҳи раиси ноҳияи Истаравшан
Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки як-ду сол инҷониб арзу доди саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Сармисолиқ»-и Ҷамоати деҳоти Нофороҷ, ноҳияи Истаравшанро касе гӯш намекунад. Агар гӯш кунанд ҳам, баррасӣ намекунанд. Гап дар сари он аст, ки то соли 2006-ум хоҷагии мо хоҷагии иҷоравии «Сармисолиқ» тобеи хоҷагии давлатии «Истаравшан» буд. Он солҳо роҳбари хоҷагиро таъин мекарданд, на интихоб. Читать далее…
Шайхи араб, корманди СРУ, террористи №1 ё миллиардери биёбонӣ?
Акнун баъд аз «қиссаи марги Усома бин Лодан» дар бозиҳои сиёсӣ лидери дигарро мехоҳанд «муаррифӣ» кунанд. Тибқи иттилои ахири расонаҳои хориҷӣ, кормандони Хадамоти кашшофии Амрико Анвар ал-Авлакӣ, идеологи Ал-Қоида дар нимҷазираи арабро аз байн бурда натавонистаанд, ки гӯё ӯ яке аз хатарноктарин тундгарои мазҳабӣ дар ҷаҳон будааст, ки барои ИМА ӯ метавонистааст бештар хавф эҷод кунад, на Усома бин Лодан. Ба иттилои Маркази миллии назорати зиддитеррористии ИМА, Авлакӣ бештари умрашро дар Амрико гузаронидааст ва тавони ташкил кардани амалҳои террористиро дар қаламрави Амрико доштааст. Авлакиро кӯшиши нобуд кардан намуда, бо ёрии ҳавопаймои ҳарбии беҳавонавард панҷуми май дар Яман ба як мошин, ки савораҳои ҳарбӣ дошт, оташ кушодаанд. Аз ин оташкушоӣ бародарон Мусаид ва Абдуллои Муборак – роҳбарони маҳаллии дараҷаи миёнаи шабакаи Ал Қоида ҳалок шудаанд. Вале Авлакӣ дар ин мошин набудааст. Авлакиро дар куштори зиёди одамони базаи ҳарбии Техас ҳамдаст медонанд. Читать далее…
Сӯҳбати хабарнигори «Пайкон» бо Қодиршои Мурувват – муовини
раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ
Таври маълум, имрӯзҳо тоҷикон дар бисёр кишварҳои ҷаҳон шуғле доранд ва пайваста заҳмат мекашанд. Яке барои дарёфти воситаи рӯзгузаронӣ, дигаре ба хотири шиносонидани миллати тоҷик ба ҳамсоякишварҳову кишварҳои дур, сеюмӣ барои пайванд додани миллатҳо. Дар сӯҳбате, ки бо яке аз намояндагони мардуми тоҷик дар Ҷумҳурии Қирғизистон Қодиршои Мурувват анҷом додем, дар ин бобҳо низ сухан гуфта шуд. Нахуст ба мавсуф муроҷеъ шудем, ки Шумо берун аз кишвар ду вазифаи пурмасъулият – муовинии Созмони ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ ва сардабирии рӯзномаи тоҷикии «Паёми Ала Тоо»-ро ба ӯҳда доред. Лутфан бигӯед, ки ин ду сохтор барои муттаҳидии тоҷикони Қирғизистон чӣ нақше доранд? Читать далее…
Таври маълум, таъмини аҳолӣ ба оби тозаи нӯшиданӣ масъалаи байналмилалист. Тибқи омори расмӣ, ҳар ҳафта дар миқёси ҷаҳон дар натиҷаи бемориҳои вобаста ба сифати бади об ва шароити ғайрисанитарӣ 42 000 нафар вафот мекунанд. Дар бештар аз 90 фоизи воқеаҳои ногувори вобаста ба об сухан дар бораи кӯдакони то 5-сола меравад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин маълумоту далелҳо ва дар иртибот бо Барномаи даҳсолаи «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015, ки коршиносону масъулин саҳми соҳибкоронро дар амалигардонии он зарур мешуморанд, дар Тоҷикистон чӣ корҳое ба анҷом расидааст? Муваффақияти соҳибкорону мақомот дар ин иртибот то кадом андоза аст? Сатҳи иттилоънокии мардум, истифода аз технологияи муосир барои тоза нигоҳ доштани оби нӯшиданӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ чӣ гуна бояд роҳандозӣ шавад? Ба ин ва дигар саволҳо ба мо Толиб Қудратов – Директори генералии Корхонаи дорои масъулияташ маҳдуди «Оби соф-Geyzer» зимни як мусоҳибаи ихтисосӣ ҷавоб гуфт. Читать далее…
Назар