ПӯКид
Охираш. Аввалаш (…)
Дурӯғи дуввуми С. Мирзораҳматов ин аст, ки гӯё «Акбар Турсунов, Сафар Абдулло в те годы опубликовали на эти темы в центральных литературных и философских журналах научные статьи» (с. 71). Бо вуҷуди эҳтироми зиёде, ки нисбат ба А. Турсунов, С. Абдулло ва дигарон роиҷ аст, даъвогар ҳеҷ мисоле намеоварад, ки ишон дар куҷо ва дар кадом маҷаллот ва дар кадом навиштаҷот ва дар кадомин сол дар мавриди омӯзиши алифбои ниёгон (расмулхати форсӣ) ва дигар масоиле, ки дар мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» сухан рафтааст, пешниҳоде ироаъ додаанд. Ин ҷо дурӯғгӯй аз ду услуби санҷидашудаи ҷаҳонбинии (тасаввурот, идеология) низоми коммунистӣ истифода кардааст: 1. муқобил гузоштани андеша ва корномаи М. Мирраҳимов бо А. Турсунов ва С. Абдулло; 2. дурӯғи бузург далел намехоҳад, ҳамон ки пароканда шуд, кифоят мекунад. Хонандаро ин тарзи дурӯғ роҳгум мезанад ва ҳатто барои шубҳа ва ё андеша кардан фурсат намеёбад ва маҷбур аст ба он дурӯғ бовар кунад.
Шояд худи дурӯғгӯй камбудии даъвояшро дарк карда, ки дар ҷумлаи дигар чунин узр пеш меоварад: «Но эти материалы читали в республике лишь единицы, поскольку широкой публике эти издания были недоступны» (с. 71). Ба эҳтимоли зиёд дар сафи он нафароне, ки яккаву ягона дастрасӣ ба он маводи нашрии комилан сиррӣ дошт, ҳамин С. Мирзорахматов қарор гирифта, ки ҳол аз овардани мисол худдорӣ фармудааст (бахилӣ аз даст наравад ва ё сирри давлатӣ фош нашавад!). Ба ҳар ҳол лутфи карам мебуд, агар шаммае аз он мақолоти илмӣ ба таваҷҷӯҳи хонандагон бо мисоли рӯшан пешниҳод мешуд ва даъвои ин рӯзноманигори тӯҳматгар бо далел собит мегардид, ки чизе ҳаст. Читать далее…
Назар