Даргузашти рӯзноманигори шинохта Ҷумъабой Толибов
Рӯзноманигори саршиноси тоҷик Ҷумъабой Толибов – сардабири ҳафтаномаи “Пайкон” даргузашт.
Ҷумъабой Толибов тайи як соли ахир аз бемории саратон дар ноҳияи сараш ранҷ мебурд ва бар асари ҳамин беморӣ дар синни 51-солагӣ ин дунёро падруд гуфт.
Маросими хоксупории зиндаёд Толибов фардо 19-уми ноябр дар деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ баргузор мегардад.
Ҷумъаи Толиб 25-уми январи соли 1960 дар деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1979 аст.
Солҳои 1984 то 1994 дар нашрияи «Меҳнат»-и ноҳияи Айнӣ ба ҳайси мусаҳҳеҳ, мухбир ва мудири шӯъба кор кардааст. Сипас, як сол сармуҳаррири газетаи «Нури ҳақ»-и ноҳияи Айнӣ буд. Солҳои 1995 – 1998 раиси хоҷагии деҳқонии «Авсанъан» ва аз соли 1998 то 2004 мудири шӯъбаи ҳуқуқи ҳукумати ноҳияи Айнӣ буд.
Дар соли 2005 зимни мақолаҳои муҳим ва интиқодии ӯ ба муқобилаш парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва 26-уми июли ҳамон сол вай ба ду соли ҳабс маҳкум гашт. Он вақт бисёриҳо гумон надоштанд, ки ин ҳукм тағйир хоҳад хӯрд. Аммо афроде буданд, ки аз Ҷумъабой ва навиштаҳои ӯ ҳимоят мекарданд. Бо талоши якҷояи вакилони дифоъ ва мушовирони ҳуқуқӣ ва ҳамчунин бар пояи ҳамраъйии журналистони тоҷику эътирози созмонҳои дохилӣ ва ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуот дар 16-уми декабри соли 2005 озод шуд. Читать далее…
Назар