Архив

Архив автора

Азоби «Анзоб»

ё худ, дар «Истиклол» истиклолият надидам

Роххои нав сохтем. Не, аниктараш, туркхо ва чинихо рох сохтанд барои мо. Аммо чи гуна? Хуб ё бад, ба хар хол сохтанд. Баъзе аз рохсозони  ватани бар ин акидаанд, ки роххои сохтаи чинихову туркхо ба стандарти чахони чавобгу нест. Бо сохтани роххои нав роххои кухнаро ба гушаи фаромуши додем. Дигар рохи агбаи Анзобро ба хотир наовардем. Баъзе чойи онро селу барфу борону тарма бурду хароб кард, вале моро парво набуд. Охир, эронихо ба мо накби «Истиклол» сохтанд-ку! Пас, рохи пуразоби агбаи Анзоб ба ки даркор? Барои мо фарк надорад, ки рохи ба умед сохтаи бобоёнамон аз  байн меравад. «Таъмир намудани он зарур нест. Кухна шудааст. Падарон аз «беакли» он рохро  сохтаанд. Мо кухро шикоф кардем. Ин корро мо кардем!»,- гуён даст ба сина мезанем, фахр мекунем, тавсиф мекунем, таъриф мекунем… Аммо боре андеша намекунем, ки рохи агба танхо рахпаймои нест, балки тамошост, лаззат аст. Ва шумо тобистон дар ин агба, агар хохед, зимистони кахратунро хам меёбед. Ба хотири шикофи кардаи эронихо байт гуфтем, рузи кушодашавияш хай хофизи намудему раксидем ва рохи бобоии худро ба боду борон додем.

Хучаини чинии мо

Ахиран накшаи кори чинихо ва баста шудани рохи сохтаи онхо хам дар баромади Душанбе ва хам дар баромади шахри Истаравшан ба назар мерасад. Аммо ин накшаи сохтмонии точикон ва ё чиниён аз чониби рохсозони чини риоя намешавад. Кай вакте ки чинии рохсоз хохад, рохро мебандад ва кай хохад, мекушояд. Агар накшаро пеши руи чини гузориву талаби хукук намои, худатро мезанад, мошинатро зери сангборон карор медихад. Пас, хучаини мо имруз дар рохи Душанбе -Чанок чини аст, на точик. Доштани мошини шумо аз чониби чинихо аз дехаи Хушёрии нохияи Варзоб сар шуда, то баромадгохи нохияи Истаравшан идома меёбад. Канд зану сухане гуй! Худо накарда фишорат баланд ё  паст шавад ва ё бемор шави… Мури хам, бародари чини намегузорад дар рохи сохтааш гом зани! Кани як кушиш кун! Очаи зората нишон медихад! Мегуяд, ки «мури, мурдан гир!».

Афсус! Хато кардем!

«Об рушноист» мегуянд точикон, аммо оби накби «Истиклол» валлох ки торикист. Оби накби «Истиклол» хам кул ва хам дарёст, аниктараш, руз аст. То хануз дилам ба онхое месузад, ки хангоми кушодашавии накби «Истиклол» овозхони, суханрони ва раксу бози карда буданд, ки «ана, кухро шикофтем, дигар хама кор осон шуд!». Афсус! Хато кардем! Хеч не ки оби ду руди ин накб, ки яке ба чанубу дигаре ба шимол чорист, хушк шавад. Мошинхои бо азоби алим харидаи сокинони кишвар дар ин кулу руд киштиеро мемонанд, ки дар об шино доранд.  «Жигули»-яке миёни хавз дар монда, чанд зану мард то рон дар обу либосхояшон тар онро тела медиханд. «Мерседес»-и чанд сол дар Олмон ва баъд чанд сол дар кишвархои назди Балтик  ва пас аз он дар Русия хизматкарда баъди таъмир ба бозорхои мо афтода, бо холи зор дар руди Чануб ва Шимол дар мемонаду дили точикро аз мошини хоричи низ хунук мекунад. Пайдархам гузаштани мошинхои гуногунтамга накби бехавокаши «Истиклол»-ро пурдуд намуда, аз дуди зараровар мусофиронро сурфаю атса мегирад. Бо бовари гуфтан мумкин аст, ки агар беруни мошин бишавед, умуман нафасатон мегардад ва дунёро падруд мегуед. Хол он ки, дар дохили мошин низ рохи нафас, чашму бини аз буи газ сузиш мекунад. Шуморо намедонам, аммо ман дар накби «Истиклол» хеч истиклолияте надидам, ба чуз азоби сангин. Пас, рохи Анзоб акаллан мошингард мебуд, барои ман «Истиклол», ки маънияш «озоди» аст, озодтару бархаво мебуд ва чанд рузак буи гази мошин умри маро кутох намекард ва дар ин дунё зиёдтар умр медидам. Ва ахиран, имруз гуфтаи депутатхо Шабдолову Ахмадов дуруст аст. Рохи иловаги зарур аст, вагарна аз мохи сентябр рох пулаки мешавад. Мардуми бе ин хам камбизоати точик дар ин хол чи кор мекарда бошанд?

Товони зарарро ки медихад?

Рох пайвандгари инсонхост, агар он рох бошад. Хатто, ба гуфтаи кухистониён, агар «харраха» низ дехаеро ба дех бипайвандад, инсонеро ба инсони дигар мерасонад. Аммо кухистониён рохи дигареро ном мебаранд, ки дар он инсону аспу хар кор намеояд, яъне гом зада наметавонад. Ва ин рохро «бузраха» гуянд, ки рохи дар замони шурави сохтаву айни хол аз мадди назари хама дур афтодаи нохияи Айни — Панчакент мебошад. Чавоби чабри экологии рохи ноободи ба гуфтае «Шохрохи абрешим», хамчунин, дехоти Дардар, Вашан, Воба, Ревати Нав, Ёвон ва гайраи нохияи Айни, дехахои Киштудак, Дашти Кози, Рузи Обнок, Шурча, Маргедари Поён, Вагаштон, Гусар, Сузина, Сугдиён ва худи шахри Панчакенти нохияи Панчакенти аз чангу хоки мошинхои кирокаш ба дод омадаро ки медихад? Боз «амак»-еро аз «амакхо»-и эрониву араби ва ё аврупоиву амрикои интизор шавем? Охир, мо ба  ёрдами «башардустона» одат кардаву хамеша интизори он хастем! Гадои хам одат мешудааст. «Гадо доро шавад хам, талбандагиро бас намекунад» мегуфтанд, ки рост будааст. Ман дар бораи чашну  чашнворахо, ки хар сол дар чумхури баргузор мешаванду миллионхо сомониро фуру мебаранд, чизе намегуям. Танхо ин нуктаро кайд   мекунам, ки ман дигар аз ориёи, аз Рудаки то Айни ва баъд Сомонию Тохирию Сосони ва дигару дигархо фахр намекунам. Ман як инсони хокиям ва мехохам хамчун як инсони хоки дар руи замине, ки маро офаридааст, чун аглаби инсонхои дигари чахон зиндагии серу пур дошта бошам. Дар рохи обод кадам монам, на бешу на кам. Мехохам садо барорам, ки «чаноби вазири наклиёт! Товони зарари чанги рохи Айни -Панчакентро ба мардум, ки ба хар гуна бемори гирифтор мешаванд, ки медихад? Рудаки, Имоми Аъзам ва ё бухороиёну самаркандиён, ки оби Зарафшонро истифода мебаранд?».

Руи одам дар агба сиёх мешавад!

Рохи агбаи «Шахристон». Ин рох аз дехаи Хишекати нохияи Айни сар мешавад, ки пурмашакаттарин рохи Душанбе — Чанок аст. Хангоми гузаштан аз ин рох вокеан дил ба ларза меояд. То ба хамвории нохияи  Шахристон фаромадан, агар мусулмон бошед, чанд бор калима арза мекунед, вагар насоро, чанд маротиба «во имя отса и сина» гуфта, «крест» мекашед. Ин агба умуман таъмир нашуда, пури чоху чохчахо, чую чуйчахост. Гумон мекунед, ки 20 ва ё 25 сол  пеш булдозер ин чоро зер карда — зер карда гузаштааст. Аз муме, ки замони Шурави руи рох хобонда буданд, чизе боки намондааст. Дахшадовартарин он аст, ки мабодо мошин вайрон шавад, руи одам дар ин агба сиёх мешавад. На ошхонае хаст, на чои таъмири мошин ва на чои хобу хез. Ба хотирам агбаи Тахтакарачаи Узбекистон расид, ки сари кадам ошхона ва дар ду  тарафи агба 3-4 чои таъмири мошин доранду пули шуморо  мегиранд. Рахмат бар падарашон! Аз хама ачиб он аст, ки дар харду минтака точик зиндаги мекунанд ва саволи «чаро точики узбекистонии хамхуни мову шумо метавонад, аммо мо наметавонем?» маро ором намегузорад. Баъдан андеша мекунам, ки вориси ориёию каёни, хахоманишинию сосони, сомониву бармани ва дигару дигар на мову шумо, балки хамаи точикони дар Узбекистон монда хастанд. Пас аз мо дида зиёдтар онхо  хукуки даъвои авлоди ину он буданро кунанд!

Мошин вайрон шуд, ругандонаш шикоф ва мо мондем дар «аъроф». «Аъроф» ба гуфтае мавзеест дар байни бихишт ва дузах, ки на дузах аст ва на бихишт. Агбаи «Шахристон» барои мо «аъроф» буд. Тайи ду руз интизор шудем, ки устое аз Айни ё Истаравшан ояду мошини моро таъмир кунад. Аммо касе наомад ва онхое, ки ба ин ду чониб рафта буданд ба чустучуи усто, холи баргаштанд. Мачбур шудем нафареро ба Душанбе фиристем.

Ки даромаду баромадро хисоб мекунад?

Хама хуччатхои ронанда чобачо буд. Хатто варакаи сугурта низ дошт. Аммо аз ин сугуртаю сугуртакунии мошин чи суд, дар холе, ки он ба шумо хеч ёрдаме намекунад. Пас, савол доданиям, ки «идорахои сугурта ба ки даркоранд? Ки даромаду баромади онхоро хисоб мекунад?». Идораи мубориза ба мукобили фасоди Точикистон танхо ба тафтиши мактабхои миёнаю оли, духтуру духтурхона, гуё дигар коре надорад. Порахур хам аз нигохи онхо аслан ин ду кишри бепушту панохи чомеаянд. Намешавад, ки назаре ба кори сугуртаю сугуртакунии  давлатию шахси намоянд?

Д. БОБО, рузноманигор
Рубрики:Uncategorized

Моли сархур!

Август 6, 2009 1 комментарий

Рафикон! Мачлиси мо мачлиси одди не. Хар кас метавонад баъди фикри дигарон андешаашро сари ин ё он масъала баён намояд. Ба мо аз «боло» гуфтаги, ки гуногунандеширо риоя намоем. Аз ин лихоз, метавонед баъди гуфтахои ман андешахоятонро гуед. Факат пеш аз суханрони худро муаррифи намоед. Зеро дар ин чо корреспонденти радиои дугуша, Пургуев Камшунав хузур дорад. Сабт мекунаду баъд хамин магнитафонакаша гуш карда, андешахои хамаи моро дар тарозу — гушхояш баркашида, тарики радио пахш мекунад.
- Мухтарам рафикон! Хамин сол дар катори сел боз як офати дигар омадаги- ха. Ин офат аз Америка сар шуда, Русияро пахш карда, Казокистонро убур намуда, аз сархади Узбекистон ба Точикистони азизи мо даромадааст. Номаш «бухрони молияви». Сабил, хамин бухрони молиявияш аз хучуми малаху омадани сел бадтар будааст! Бародарон! Ин бухрони молиявияш чунон зур будааст, ки рост ба чевонхои оханин, яхдонхои кулфзада ва кисахои пулдор даромада, луп — луп пулхоро мехурдааст. Кани, Гулрубутта Хориева, ягон чиз гуфтани хастед-ми?
- Раис, дар вакташ диламонро пур кардед, ки барои як тонна нахи пахта фирмаи «Торочгар» 600-доллари медихад. Хамон писарчонакатон бо мо шартнома басту пахтаро бурд, вале то имруз пул надода истодааст. Хар руз бонк пул мегуяду фоиз илова мекунад. Пагох хонаи ба гарав мондаамонро гирад, бо ин 6 нафар бачаю качахоям чи кор мекунам!?
- Хориева! Ман бо забони фахмо дар хусуси бухрони молияви харф зада истодаам. Вай молаш ба мисли хамин кияи мегуфтагии мо дар кучое, ки пул бошад, медаромадааст. Ба кисаи Каллобчони мо хам мол даромадаги!
- Бародарон, ман Рандагуев Бурранда! Раисамон Хушбошиев зери ливои хамин бухрони моли гуфтани, ки хакки захматамонро аз у ва маблаги пахтаи супоридаамонро аз писарашон, ки бо пулхои мо заводхои пахтатозакунии нохияро харидаанд, талаб накунем!
- Бас кунед, Рандагуеви чанчоли! Ту аз пушти мо то ба вазорат навиштаги! Пагох хамаи хамин ахли нохияро низ то ба вазорат менависи! Чи, ту ба гуфтахои радиё ва телевизион бовар намекуни?!
- Раис, дар хонае, ки гизо набошад, пашша пар намезанад. Охир хамаи молу амволи нохияро ба номи хешу акрабоят хуччат карда гирифти. Хамон ду- се корхонаи будагиро то чубу тахташа фурухта, каср сохти, мошин хариди!
- Косимхуча, кани ин беадаба фахмон!
- Чи фахмонам, дуруст мегуяд! Ту раис шуда, бухрони молиявиро аз селу малах фарк намекуни. Бухрон дар Америка аз он сар зада, ки молу амволашон кам ба савдо меравад. Дар нохияи мо чанд корхонае, ки буд, хамашро ба хешу акрабоят хуччат карда доди. Онхо аз шумо ибрат гирифта, бударо фурухта каср сохтанду якзани кам буд, ки теъдодашонро ба дую се расониданд.
- О, ман дар вакташ ба ту чонамро бовар карда «телехранител» гирифта будам! Эй, агар медонистам!…
- Чи, медонисти!? Дигархо барномаи пеш аз бухронияшонро амали кунанд, шумо «мол»-у «кия» гуфта гаштед. Хамон корхонахо кор мекарданд, заминхо шур намешуданд, мардум сохиби чои кору ризку рузи мегашт. Мана, 6 сол боз дар мулки бегонахо барои дарёфти ризку рузи гаштаму дар зодгохам 12 сотик заминро бо маблаги 6 хазор доллар харидам.
- Хой, махмадоно, дар ин чо ман хоким! Ягон кас аз кисаи ту 6 хазор долларо ба зури нагирифтааст. Худат додаи. Агар лозим шавад, барои доданат дар назди конун чавоб мегуи. Дар мо аввал додаги чавоб мегуяд, баъд лозим шавад, гирифтаги. Агар лозим нашавад, гирифтаги гирифтанаша давом медихаду додагихоро ба махбас мекашанд. Дар давлати урус хам пул кор кардиву хам омухти. Мо кайхо барномаи пеш аз бухрониямонро омода кардаги. Корхое кардаги, ки дигаро накардаги. Кани рафик Пулкор Гадобоевич, ба минбар баромада, дар хусуси барномаи зиддибухрони суханрони намоед!
- Мухтарам раис, барномаи зиддибухронии мо дар чумхури ягона будааст. Рафикон, пеш аз омадани мол мо корхонахоро фурухтем, баъд сохибонашон чои корхонахоро фурухтанд. Чанд сол боз писари раиси мухтарамамон Каллобчон пахтаро фурухта, пулашро у мегираду гузапояро мо, шукрона! Холо барои он, ки мол моро луп-луп фуру набарад, якчанд чорабинихои заруриро ба накша гирифта, онхоро амали карда истодаем. Барои сарфа намудани маблаг хакки ичора, патент, барк, газ, об, замин ва гайраву вахоказоро баланд бардоштем. Натича дод. Дар тули як сол ба кисаи даххо нафар фурушандахои бозорхо, сари роху кучахо мол даромада, пулхояшонро фуру бурда, дар бучаи нохия кай карданд. Холо тасмим гирифтем, ки дар барномаи зиддибухрониямон масъалаи пулаки намудани хаворо чой бидихем. Вазифаи чонии мо ин аст, ки бучаро то чое гани намуда, дар мадди аввал хизматчиёни хукумат ва дар мадди дувум омузгорони чанчолиро бо маош таъмин кунем, вагарна ин се-чор омузгоре, ки дар нохия боки мондаанд, бо хамон шиму костюми кухнаю пойафзолхои даридаашон то ба вазорат шикоят мераванд. Хайрият, ки чавонхояш ба Русия рафта, танхо вакти омадан дар сари кучаю бозорхо мушташонро нишон медиханду ба сарамон намезананд-е!
- Бародарон, хамаатон беваи Зубайдаро мешиносед-ха!? Баъди баромади бачаи рахматии Кари Гадо хамон молхои ба сандуку киссахои мардум даромада, хамаро луп-луп мехурдагихоро шинохтам.
Моли якум раиси таъиншудаи мо Хушбошиев, моли дуввум писарчонакашон бо ахлу акрабояш мебошанд. Бовар кунед, аз дасти ин Хушбошиевхо ва барномаи зидди бухрони моляви кабулкардаашон аз хонам дида ба гуристон рафтан бароям осонтар аст. Охир, вориди хона нагаштаам, ки так — так — пули барк, так — так — пули об… Эх, вой!!!
- Рафикон, рафикон, асабони нашавед! Зубайда зани игвогар аст. Агар у игвогар намебуд, дар хеч сурат шавхараш аз касалии сил намемурд. Супориш медихам, ки нисбати беваи Зубайда парвандаи чинояти кушода шавад. Зубайда шавхарашро сил кард, акнун ба суи хукумати нохия дастдарози карда истодааст.
Рафикон, ба игво дода нашавед, ба раис бовар карда, содикона хизмати бепул кардан лозим, вагарна бо баровардани як карор хамаро бекарор мекунад.
Давлати АБРОР

Рубрики:Uncategorized

Дар Зафаробод хама чиро фурухтанд, ба гайр аз хаво?

Август 6, 2009 1 комментарий

Ноадолатихо мачбур намуд, ки калам ба даст гирифта, ба Шумоён мурочиат намоям. Синнам кайхо аз 70 гузаштааст. Эхтимол дорад, аз ман пурсанд, ки чи мехохам. Ман ягон чиз намехохам, ба гайр аз пешравии давлату ободии чамъият ва муборизаи беамон бурдан ба мукобили он падидахои номатлуб, ки хилофи сиёсати пешгирифтаи Президент мебошанду ба тараккиёти чамъият халал мерасонанд. Хамин амали ман ба бисёр касон хуш намеояд ва бо хар роху восита мехоханд аз ман касос гиранд. Маро , ки ягон гунох содир накарда будам, бо чурми дузди паси панчара кашиданд, писарамро хам махбас намуданд. Замини наздихавлигиамро кашида гирифтанд. Боз кушиш карда истодаанд, ки маро ба ягон бало печонанд.
Чаро ба мани муйсафед дар нохияи Зафаробод чунин муносибат мекунанд. Аввал каме дар бораи худ маълумот медихам. Ман соли 1968 факултаи сиёсатшиносии шахри Янс Куйбишев (хозира Самара)- ро хатм карда, то соли 1972 дар шахри Толяти, заводи мошинсозии ВАЗ бо хамрохи инжинерхои Итоляви фаъолият карда,вазифаи мухимро адо менамудам. Дар Точикистон хам дар вазифахои гуногун фаъолият доштам. Соли 1995 гуреза шуда ба Чумхурии Узбекистон рафтам. Сабаби рафтанам он буд, ки аз нооромихо истифода бурда, имкон дошт ба ман, ба фарзандонам зарари чидди расонанд.Чунки пеш аз гурезаи ичбори шуданам, чанд нафар ба хонаам даромада, хамсарамро заданд.Ноилоч бо 3 фарзандам тарки ватан кардем. Дар натичаи латхури хамсарам вафот кард.Баъд барои обод намудани хонааам ба нохияи Зафарбод баргаштам. Раиси хамонвактаи нохияи Зафаробод Мирзоокил Исмоилов ба ман ва се фарзандам кумак карда,бо маводи хурока таъмин намуд. Барои бог кардани замини хорзори сари рох ризоият дод. Ман он заминро гирифта обод карда 1500 нихоли мевадихонда ва сояафкан шинондаму дар хамон чо як хона , як ошхона ва огил бунёд кардам. Вале чанде кабл боги бо хазор машаккат бунёд кардаамро гирифта, ба як сохибмансаби дигар доданд.
Ман якчанд маротиба ба макомотхои дахлдор тарики аризаву ба таври дахони мурочиат карда будам.Вале ягон чораи катъи андешида намешавад. Ба умеди он ки хакикат вучуд дорад, мурочиат намуда истодаам.Бигзор ягон чорае наандешанд, вале рузе мерасад, ки бояд дар назди таърих, дар назди миллат посух гуянд. Ман дар мурочиатхоям дар бораи талаву торочи замин аз тарафи сохибмансабон, изофанависи,сабаби куштори мархум Сулаймон сардори агропроми нохия ва директори совхоз Саримсоков маълумот дода будам. Гайр аз он сабаби тезутунд шудани сархади байни Точикистону Узбекистонро дар худудхои сархадии нохияи Зафаробод медонам. Хуччатхоро дар даст дораму чиноятхое, ки яксаду чилу ду кг маводи нашъадор дар таърихи бисту дуюми июни соли ду хазору чор бо кумаки корманди макомоти кудрати ба воситаи нохияи Мастчох гузаронданд, медонам. Бо сесаду панчох грамм маводи сахтаъсири героин хамсари дуюми муфатише ба даст афтоду бечазо монд.
Борхо маро даъват намуда, хостгори хомуш истодан ва маводхоро ба онхо додан мешаванд. Вале маро вичдонам токат намекунад.Мегуянд, ки хамон маводхо дар бораи пахтаи солхои чанги шахрванди бударо ба онхо дихам ва изофанависии 7 тонна пилларо ба касе нагуям. Кубурхое, ки ба масофаи як километру 400 м ба Чумчукарал (холо Наврузгох) -и вилояти Сугд бурданд, бе ягон хуччат буд… Он кубурхо барои гузарондани газ ба нохияи Зафаробод шинонда шуда буд.
Дар бораи дигар талаву торочи ин нохия чои гап хам нест. Тамоми чизу чораро фурухтанд, танхо хаво мондаасту халос. Агар ягон чора набинанд?… Баъд дер мешавад…

Парда ШУКУРОВ,
сокини нохияи Зафаробод.

Рубрики:Uncategorized

Улфати чор ёр дар хизмати диёр

Як одати ачиб дорам. Ба Сангтудае, ки неругох бунёд шуда истодааст, кадом мавсиме наравам, имкон ёфта, лаб — лаби дарёи Вахш гаштугузор мекунам. Чои кулайро ёфта, ба болои сабзахо мешинам. Атрофро тамошо мекунам. Иншоотро аз назар мегузаронам. Баъд ба оби шаффофи осмонранг дида медузам. Мавчхо хаёламро ором мекунанд. Дар сурудхо мегуянд-ку:
Бо дили дарё нишинам, то дилам дарё шавад,
Бо дили дунё нишинам, то дилам дунё шавад.
Бо об дар дил гуфтугу мекунам: «Роххо рафта, аз Рогун гузашти, ба Норак омади, Бойгозиро диди! Корхои рогунихо чи тавр? Чархи агрегатхоро чарх занонда, ба Сангтуда омади! Шучоати энергетикхои ин истгоххо чи тур аст? Монда нашуда кор мекунанд? Э, бале!…
Ба муштарии азиз як чизро хотиррасон карданиям, ки диёрамон диёри дарёхост. Дар дараву водихои мо зиёда аз 25 хазор руду сой мавчуд аст. Дарозии умумии онхо ба 90 хазор километр мерасад. Ба назарам, аз руду дарё об не, нур чорист. Кишварамон аз руи хачми захирахои об ва имкониятхои энергетикияш дар чахон чои хаштум, дар шуравии собик баъди Русия дуюм, ба сари хар яки ахоли ба хар як километри худуд мутаносибан дар чои якум меистад. Ин фахри мо, шухрати диёри мост! Дар лаби дарёхо 900 неругох сохтан мумкин аст ва холо ин накшахо пайи хам чомаи амал мепушанд. Яке аз дарёхои мо — Вахш хусусиятхои хайратангез дорад. Барои силсиланеругох сохтан кулай аст. Мачрои он аз пиряххои Федченко ва аз дарёи Кизилсу (Киргизистон) сарчашма мегирад. Мачрои ду дарёча як шуда, номи Сурхобро мегирад. Мачрои Сурхоб бошад, бо мачрои Сорбогу Сангикамар серобтар шуда, дар дехаи Сарипулак омада номи Вахшро мегирад. Ана аз он чо дарёи Вахш ба дарёи пурзур, манбаи нур ва ободкор табдил меёбад. Монда нашав, Вахш!
Аз руи маълумотхои мавчуда, ба хавзаи дарёи Вахш 6276 руду дарёча якчоя мешавад. Мардуми махаллии мо серобиву шухии дарёро дида, онро Вахши табиатан «девонадарё» меномидаанд. Вахшро мардуми эронинажод «Худои дарёхо» меноманд. То холо (аз соли 1930) дар лаби ин дарё 8 нурхона сохта шудааст. Охирин неругох — «Шуроб» дар байни Рогуну Норак дар солхои оянда сохта мешавад.
***
Ана, холо сохтмони 6-ум неругохи силсила ба анчом расид. 31-уми июл сахар ба Сангтуда расида омадам. Бинои неругох гуё либоси идона пушидааст. Парчамхои мамлакатамон ва парчами давлати бузурги Русия дар мабдаи дарё алвонч мехурданд. Офтоби оламоро аз пушти адиру куххо ба ин мавзеъ нурпоши мекард. Дар чунбучули одамон як ташвиши ширинро хис кардан мумкин буд. Аз симои бинокорон руй додани навигариеро фахмидан осон буд. Мардум дар лаби дарё, дар сахна консерт тамошо мекарданд. Ман бошам, чун одати деринаам, дар лаби дарё нишаста, лахзахои тантанаро интизори мекашидам. «Хо, имруз 4-умин агрегати неругох ба кор медарояд. Сохтмон ба анчом мерасад»,- мегуфтам ба худ.
«Блокнот»-и Сангтударо сари зону монда, варак гардондам. Сатрхои качу килеби дар рох, дар мошин, дар мачлисгоххо кайдшуда лахзахои ачиби пурчушу хуруши сохтмонро ба ёд меоварданд…
15-уми апрели соли 2005 ёздах аъзои бригадахои бетонрезон бо рохбарии Точ Кодиров ва Григорий Тригубов ба пойдевори бинои неругох аввалин метри мураббаъи масолехи бетонро рехта буданд.
16-уми декабри соли 2006 бо воситаи тарконидан дар мавзеи Сангтуда дарёи Вахш бо усули сунъи баста шуд. Дарё аввалин бор 23-юми марти соли 1966 дар Норак баста шуда буд. 20-уми январи соли 2008 якум агрегат ба кор огоз кард.
Аввалхои мохи июли соли 2008 агрегати дуюм ба кор даромад.
5-уми ноябри соли 2008 агрегати сеюм барк доданро сар кард.
Ду агрегати неругох то агрегати сеюм ба кор даромадан барои хочагии халки кишварамон 84 миллион киловатт/соат барк дод.
Дар сохтмон 38 ташкилоти сохтмони, 52 корхонаи Русия ва Точикистон ширкат варзиданд. Дар иншоот мутахассисон, механизаторхо, лоихакашон ва бинокорони Русияву Точикистон садокатмандона мехнат карданд.
Баландии сарбанд ба 76 метр расонида шуд. Дар ин кор сарбандсозони ширкати «ТАДЭС»-и Точикистон, мухандисхои «Чиркейгэстрой» ва дигар гуруххо фидокори нишон доданд. Агрегатхо дар як шабонаруз 2733 миллион киловатт/соат барк истехсол мекунанд. То хозир се агрегат барои кишвар ду миллиард киловатт/соат энергияи арзон истехсол кард.
***
Дар осмони лочуварди гурриши чархбол шунида шуд. Саросемавор ба ба осмон нигаристам. Ана, ду президенти давлатхои бо хам бародар омаданд. Бо хурсанди ба суи бинои неругох шитофтам. Мехмони азизро мардум дар пеши дарвозаи бино пешвоз гирифтанд. Сардори ширкати «Сангтуда-1» рафик Алчонов онхоро рохбалади намуд. Бо хаячон гашта назди тугмаи агрегати чорум омаданд. Тугмаро пахш карданд. Агрегат ба давр задан даромад. Баъд онхо ба хавлии бино даромада, барои хотира нихол шинонданд. Ду президент ба низди чамъомадагон омаданд. Агрегати 4-ум ба кор сар кард. Бо хамин неругохи «Сангтуда-1» пурра ба кор даромад. Ин шодии мо, рушди энергетикаи мост. Он дар накшаи сохтмони силсиланеругоххои Вахш роли калон мебозад. Дар бунёди он панч хазор бинокор сахм гузоштанд, ки хаштод фоизи онхо кадрхои махалли хастанд. Ин бинои неругох хам самараи дусти ва бародарии энергетикии Русия ва Точикистон боки монд, барои мо!
Сухан ба президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведов дода шуд.
«Рафикон! Бинокорони Русия ва Точикистон! Галабаю мехнат муборак! Хамкории мо бояд ана хамин тавр идома ёбад! Ба шумо галабахои нав ба нав орзумандам! Чи тавре, ки дар Душанбе, дар чамъомад эълон шуд, мо дувоздах нафар бинокор ва мутахассисро бо ордену медалхо мукофотондем. Тарафи Точикистон низ хамин тавр, дувоздах нафар пешкадамхоро мукофотонид. Мукофотхо муборак!»,- гуфт у.
Бо хамин тантанаи пурра ба истифода дода шудани неругох ва агрегати 4-ум ба охир расид. Акнун чахор агрегат баробар кор карда, барои кишварамон хар шабонаруз 670 меговатт барк истехсол мекунанд. Ин буд чамъбасти мехнати 20-солаи бинокорон дар сохтмон.
Чамолиддин ТОШМАТОВ, рузноманигор

Рубрики:Uncategorized

Донишгохи байналхалки: бахс идома дорад

«Судяхо мустакиланд ва танхо ба конун итоат мекунанд». Моддаи 84-и Кониститутсияи Чумхурии Точикистон.

Чавоб ба мурочиати хайати профессорону омузгорони Донишкадаи технологияи инноватсиони ва коммуникатсионии Точикистон («Ки чомаро дар бадани дигарон пора карданист?», «Пайкон», №19 (19), 22.07.2009).
Тайи чанд соли охир дар чумхури фаъолияти якчанд муассисаи таълими, ки ба талаботи мавчуда чавобгу набуданд, катъ ва ё муваккатан боздошта шуд. Хамаи ин амалхо ба максади татбики сиёсати давлати дар сохаи маориф, ки хадафи нахустини он баланд бардоштани сифати таълим аст, ба вукуъ пайвастанд. Барои расидан ба хамин максад Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон, ки масъули амали сохтани сиёсати давлати дар сохаи маориф мебошад, ба Хукумати Чумхурии Точикистон барои халли мушкилоти Донишкадаи технологияи инноватсиони ва коммуникатсионии Точикистон маълумотнома пешниход намуд. Тибки ин маълумотнома, комиссияи махсус таъсис дода шуд, ки вазъро дар Донишкадаи мазкур санчида баромад. Баъди санчиш хулосахои Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход гардид, ки Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон барои ичрои онхо аз чумлаи мутахасисони Хадамоти давлатии назорат дар сохаи маориф, Раёсати тахсилоти олии касби ва баъдидипломи, хукукшиноси Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон ва мутахассисони даъватшуда гурухи кори таъсис дод. Гурухи кори масъаларо мавриди барраси карор дода, пешниход намуд, ки кабули довталабон ба донишкада дар соли тахсили 2009-2010 фавран манъ карда шавад ва масъалаи бозпас хондани ичозатномаи ин муассисаи таълими баъд аз маълум гаштани натичахои аттестатсияи давлати мавриди барраси карор дода шавад. Дар асоси ин пешниход фармони Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон дар бораи муваккатан манъ кардани кабули довталабон ба донишкада дар соли тахсили 2009-2010 ва аз аттестатсияи давлати гузаронидани Донишкадаи технологияи инноватсиони ва коммуникатсионии Точикистон тибки накшаи тасдикшудаи Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон содир карда шуд.
Ба хамин тарик, масъалахое, ки дар мурочиати хайати профессорону омузгорони Донишкадаи технологияи инноватсиони ва коммуникатсионии Точикистон ба миён гузошта шудааст, батадрич дар доираи конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон халли худро меёбад. Масъалахои дигаре, ки дар мурочиат омадаанд, асосан нуктаи назари субъективии шахсони алохида буда, аз асли вокеият дуранд. Дар хар сурат онхо низ мавриди барраси карор дошта, дар ояндаи наздик бахои хукукии худро пайдо хоханд кард.
Х. М. ЗИЁЕВ,
сардори Хадамоти давлатии
назорат дар сохаи маориф
Таъинот дар бораи боздоштани амали Фармони Вазири маорифи Чумхурии Точикистон аз 23 июли соли 2009 тахти № 1450 Шахри Душанбе 30 июли соли 2009 Парвандаи № 1-640/09
Cуди иктисодии шахри Душанбе тахти раисии судя Мухаммадиева Х.А., дар мачлиси суди аризаи Донишкадаи технологияи инноватсионии Точикистон ва хамдаъвогар Чамъияти Саххомии Пушидаи байналмилалии Точикистонро ба чавобгарии Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон дар бораи беэътибор донистани Фармони Вазири маорифи Чумхурии Точикистон аз июни соли 2009 тахти №1450, дида баромада, муайян кард:
Аризадиханда Донишкадаи технологияи инноватсиони ва коммуниникатсионии Точикистон ва хамдаъвогар Чамъияти Саххомии Пушидаи Донишгохи Байналмиллалии Точикистон ба чавобгарии Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон дар бораи беэътибор донистани Фармони Вазири маорифи Чумхурии Точикистон аз 23 июли соли 2009 тахти №1450, бо ариза ба суди иктисоди мурочиат намуда аст.
Дар аризаи мазкур омадааст,ки дар сурати фавран боз надоштани амали Фармони Вазири Чумхурии Точикистон аз 23 июли соли 2009 тахти № 1450 то мохияти дида баромадани бахс хачми зарар соат ба соат меафзояд,ки ин метавонад окибатхои ба таври сунъи муфлисшавии корхонаро ба вучуд орад.
Зарари мазкур метавонад боиси напардохтани андозхо, музди мехнати кормандони Донишкада, махдуд шудани таъмини шароити таълиму тарбия донишчуён, ба вучуд овардани фазои номусоиди рухию равонии донишчуён, кормандон ва тарафхои шарномавии дохиливу хоричи гардад.
Бо дастрасии зербанди 2-и кисми 1-и моддаи 90, моддаи 91 ва кисми 1-и моддаи 92, моддаи 134 ва 186-и Кодекси Чумхурии Точикистон дар бораи мурофиаи судии иктисоди, суд:- таъин кард:
Амали Фармони Вазири маорифи Чумхурии Точикистон аз 23 июли соли 2009 тахти № 1450, то мохиятан дида баромадани бахси мазкур, боздошта шавад.
Таъиноти мазкур мавриди шикоят карор гирифта наметавонад.
Раисикунанда: Мухаммадиев Х.А.

… баъди 24 соат…

Таъинот дар бораи бекор кардани тадбирхои таъминоти Ш. Душанбе 31 июли соли 2009 Парвандаи №2-274/09
Дар асосохои гуфтаи боло ва бо дастрасии моддахои 96, 182 ва 183-и Кодекси Чумхурии Точикистон дар бораи мурофиаи судии иктисодии судя,-таъин кард;
Таъиноти суд аз 30 июли соли 2009 дар бораи боздоштани амали Фармони Вазири маорифи Чумхурии Точикистон аз 23 июли соли 2009 тахти № 1450, бекор карда шавад.
Нусхаи таъинот барои маълумот ба тарафхо фиристода шавад.
Аз болои таъинот шикоят овардан мумкин аст.
Судя: Мухаммадиева Х.А.
Суди иктисодии шахри Душанбе

Изхори назар ба аризаи даъвоги «Дар бораи беэътибор донистани фармони вазири маорифи Чумхурии Точикистон аз 23.07.2009, №1450 ва дар асоси меъёрхои Кодекси ахлоки хизматчии давлати бахо додан ба амалхои вазири маорифи Чумхурии Точикистон нисбати БДБТ ва ДТИКТ»
Замима:
1. Нусхаи вазири маорифи Чумхурии Точикистон аз 21.07.2009, №1428.
2. Нусха аз протоколи гурухи кори.

Рубрики:Uncategorized

«Хучум» ба «Сурхакбини»

Дехаи Заркамар дар нохияи Файзобод дехаи сернуфуз буда, як хазору хафтсад хочагиро дар бар мегирид. Дар деха то солхои пешин китобхона, чойхона, бунгохи тибби чойгир буда, ба ахоли хизмат мерасонданд. Баробари истиклолият ба даст овардан, пулдорон китобхонаю чойхонаро ба нести расонда, ба манфиати шахсияшон магоза бунёд карданд.
Сокини дехаи Заркамар, пири рузгордида Зохир Тохиров мегуяд, ки китобхона дорои зиёда аз панч хазор адабиёт буд, ки хонандаи сершумор дошт. Дар китобхона конфросхо, вохури бо ахли илму адаб, махфилхои суолу чавоб бо шахсони номдори арсаи мехнат доир мегардид, ки ин имкон медод савияи дониш ва малакаю чахонбинии хонандагон инкишоф ёбад. Яке аз сабабхои паст будани донишу малакаи хонандагон нахондани китобхои бадеию бачагона мебошад.
То имруз дар маркази деха бунгохи тибби боки мондааст, ки ба мардуми деха хизмат мерасонад, аммо сокини хамин деха Точиддин Сатторов ба воситаи тагобози дар назди бунгох барои бунёди ким — кадом корхона бетон рехта, норозигии сокинони дехаро ба вучуд овардааст. Агар дар назди бунгохи тибби корхона бунёд шавад, он пурра ба нести мерасад. Заркамар дар чое чойгир аст, ки замистонаш зиёда аз шаш мох давом карда, ба беморхонаи маркази нохия ва беморхонаи дехаи Мискинобод рафтуомад кардани корафтодагонро душвор менамояд. Бояд гуфт, ки Чамоати дехоти Мискинобод, Кумитаи заминсозии нохия, Макомоти махалии хокимияти давлатии нохия шароити махал ва сокинони дехаро сарфи назар карда, ба Точиддин Сатторов дар назди бунгох барои бунёди корхона замин чудо кардаанд. Онхо андеша накарданд, ки корхона бунёд шавад, барфаш болои болопуши бунгох афтода, онро аз байн мебарад. Аз хама кимат — ин саломатии инсон аст. Модоме ки ин тавр бошад, чаро Кумитаи заминсози, Макомоти махалии хокимияти давлатии нохия дар ин бора андеша накардаанд?
Дар шафати деха теппае бо номи «Сурхакбини» мавчуд аст, ки дар шафати рости он оромгох чойгир шудааст. Садхо нафар дар ин оромгох ором мехобанд… Бо амри Кумитаи заминсозии нохия Точиддин Сатторов ва дигарон барои ба даст овардани пули бе дарди миён теппаро аз худ карда, дар фаслхои бахору тобистону тирамох хишти хом мерезанд ва хар донаи онро аз 80 дирам то як сомонию 20 дирам мефурушанд. Рохбарон андеша намекунанд, ки сол аз сол хоки теппа тамом шуда, чукурихо ба оромгох наздик мешаванду руху арвохи хомушонро халалдор мекунанд. Рохбарони Чамоати дехоти Мискинобод ва Кумитаи заминсозии нохия ба кадом хотир барои Точиддин Сатторов ва дигарон замин чудо карда бошанд?!

Додои ХАКЧУЙ,
нохияи Файзобод

Рубрики:Uncategorized

ВОЙ БАР ХОЛИ КИСТ?

22-юми июли соли равон дар АМИТ «Ховар» навиштаеро бо номи «Вой бар холи чунин хизб!» хонда, дар аввал хурсанд шудем. Охир, дар давоми чанд мох овозаи нашрияи навтаъсиси «Пайкон» ба Миср рафтаву онро донишчуён мавриди мутолиа карор дода бошанд, пас ин боиси хурсандист. Вале хар кадар ба поёнтари навишта мефаромадем, номаи аз номи хама ва хеч кас навишташуда моро ба гирдоби андеша мебурду саду як суол домангир мешуд.

Чи тавр хамон шумораи рузнома, ки дар он мусохибаи Мухиддин Кабири нашр шуда буд, ба дасти донишчуёни мисри расид? Чаро посухро донишчуён, агар вокеан вучуд дошта бошанд, ба идораи хафтанома, тавассути почтаи электрони ирсол накарданду ба «Ховар» фиристоданд? Онхо ному насаб доранд?! Наход аз байни «садхо донишчу» нафаре пайдо нашуд, ки ному насабашро нависад? Ё ки аз навиштани номашон тарсиданд? Суолхои зиёде яке паси дигар дунболагири хам шуданду маро вокеае ба ёд омад. Ба маснади Презеденти чумхури ду нафар номзадияшонро пешниход карда буданд. Яке Президенти кунуни Эмомали Рахмон, дигаре Абдумалик Абдуллочонов. Нафаре ба гурухи ташвикотии хар ду тараф алокаи зич дошт. Агар то нисфирузи дар «штаб»-и яке мебуд, бегохи ба тарафи мукобил мерафт. Токат накарда пурсидам. Посух дод, ки яке аз ин номзадхо хатман пируз мегардад. Хоху нохох у сохиби вазифа мегардад… Имруз барои тоифае ягон арзиш надорад, ки дар кадом хол аст. Танхо барои манфиати худ ба бозихои сиёси дохил мешаванд.
Навиштаро хондаму худ ба худ суол намудам, ки ин амалхо барои чи бошад? Музлам кардани нафаре ё барои хисобот додан? То ба кай «обро лой карда, мохи доштани» мешавем?! Агар нафаре ба Мухиддин Кабири гуфтание дорад, чаро ному насаби худро нанавишта дар паси номи донишчуён панох мебарад?
Пешаки иброз менамоям, ки бо Мухиддин Кабири хатто тавассути телефон гуфтугу накардаам. Танхо расмашро аз ВАО мебинаму навиштахояшро хондаам. Тавассути хамин чиз нисбаташ эътимоди хосае дорам, ки барои ватан дилсуз аст. Ба акидахои сиёсии у коре надорам. Хамчунин, дар мавриди аз кучо омадани маблагхою дар кучо сарф шудани онхо. Дар номаи бебунёди хубобмонанд чун дайни фолбин иброз шудааст: «Мусохибаи мазкур фармоиши буда, А. Салимпур онро мувофики дастури худи ХНИТ тартиб додааст». Ба гуфтаи Хофизи Шерози «Кучо донанд холи мо сабукборони сохилхо». Вакте ки чунин номаи «гурухи донишчуёни точики Донишгохи «Ал-азхар»-ро дар АМИТ «Ховар» мутолиа намудем, барои равшани андохтан ба он бо супориши хайати эчоди Ахлиддини Салимпур вазифадор карда шуд, ки бо раиси ХНИТ Мухиддин Кабири мусохиб шавад. Пас аз мурочиати чандинкарата Мухиддин Кабири ризоият дод, ки ба суолхои мухбири мо посух гуяд. Албата барои чунин илтифот, мо сипосгузорем.
Эхтимол нафари дар паси номи «донишчуён» панох бурда рузноманигорони «Пайкон»-ро чун худ пиндошта бошад, ки барои як зарра манфиати худ аз бахри хама чиз мегузарад. Мо бошем, ба акидахои сиёсии касе кор надорему танхо ба Худованд сачда мекунем! Як Ватан дорем, ки номаш Точикистон асту як миллат, ки точик! Мо дуруя нестем. Як руй дорем! Максад аз нашри мусохиба бо Мухиддин Кабири ягон манфиат бурдан не, нишон додани асли вокеа буд.
Намедонам, муаллиф гуям ё муаллифони ин мактуби «донишчуён» чаро хар дафъа мардумро аз чанги шахрванди, ки аз хомуш гардидани он 12 сол гузашт, тарсондани мешаванд? Хамон чангро низ дуруяги ба амал оварду ба оташи газаби мардум равган рехт… Пас «вой» ба ягон касу ягон чиз нест. «Вой» бар онхоест, ки аз навиштани ному насабашон метарсанд! Дакиктараш, на исми хос доранду на исми чинс…

Чумъаи ТОЛИБ,
БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized

Файзобод сохибдор мешавад?

Додхохии сокинони Заркамар аз Президент
Сокинони дехаи Заркамари нохияи Файзобод дар робита ба тахриб шудани як манзил дар ин деха аз чониби макомоти махалли ба Президент шикоят овардаанд.
Субхи 3-юми август беш аз 10 нафар сокини дехаи Заркамари нохияи Файзобод, аз чумла чор нафар собикадори Чанги Бузурги Ватани ва занон бо як номаи шикояти ба Дастгохи раёсатчумхури Точикистон омаданд. Ба гуфтаи онхо, манзили як хонаводаи серфарзанди дехаи мазкур бар асоси фармони шифохии додситони собики нохияи Файзобод бо далели он, ки ин манзил дар сари рох бунёд шудааст, хароб гардидааст. Вале додситони нави Файзобод ва раиси ин нохия гуфтаанд, ки ин амал бидуни ичозати онхо ва гайриконуни сурат гирифтааст.
Гулру Ибодова, модари 5 фарзанд мегуяд, ки хонаашро берахмона тахриб кардаанд ва акнун дар хавлияш умр ба сар мебарад.
Гулру Ибодова, модари ин хонавода, ки дар холи хозир хамрох бо кудаконаш дар хамин хавли зиндаги дорад, дар бораи ходиса ва зиндагии сангини худ гуфт, ки манзили у аз чониби макомот берахмона хароб шудааст ва худи у мавриди латукуб карор гирифтааст.
Файзулло Фозилов, сокини дехаи Заркамари нохияи Файзобод гуфт, ки манзили Гулру Ибодова бидуни огохи хароб карда шудааст ва ашёву анчоми хонааш зери хок мондааст.
Баъд аз ин ходиса раёсати нохияи Файзобод ба Гулру Ибодова ичозаи баркарор кардани манзилашро додааст, вале у мегуяд, ки барои дубора бунёд кардани хонаи худ тавони моли надорад. Вай интизор дорад, ки бо мусоидати дафтари раёсатчумхури Точикистон Макомоти махаллии нохия ба мушкили у расидаги кунад.
Ба гуфтаи сокинони дехаи Заркамар, онхо бори дуввум аст, ки ба дастгохи раёсатчумхури кишвар дар робита ба ин ходиса шикоят овардаанд. Дар шуъбаи кабули мактубхои дастгохи раёсати чумхури номаи дуввуми шикоятии онхоро сабти ном кардаанд ва ба кавли эътирозгарон, ваъда дода шудааст, ки ба ин масъала расидаги хоханд кард.

Расули ШОДОН, «Озоди»

Арзи сипос ба Кумитаи холатхои фавкулодда

Ман, сохибхоназан Ибодова Гулру, сокини дехаи Заркамари нохияи Файзобод, сохиби 5 фарзанди ноболигам. Ба воситаи хафтаномаи «Пайкон» миннатдории самимии худро ба раиси Кумитаи холатхои фавкулодда Латипов Н. ва муовини у Шоев Р. мерасонам. Ба он хотир, ки аризаи шавхарам Ракибов Атобуллоро аз 27.07.2009 ба эътибор гирифта, худи хамон руз ба мо кумак расонданд. Сардори ситоди нохияи Файзобод бо мошини Кумита хайма, курпа, курпаи болопуш, сатил, плиткаи керосини ва кострюлу жемпир овард.
Рости, аз муомилаву муносибати бади хукуматдорони нохияи Файзобод, ки хонаи маро бе асоси хукуки чапа карданд, дилмонда шуда, мехостам хатто ба худкуши даст занам. Вале вакте дидам, ки дар дунё одамхои борахму боимон хам будаанду хангоми тангдасти ба ёрии ман омаданд, дар дилам шуълаи умед ба зиндагии оянда шуълавар гашт ва аз ин амал даст кашидам.
Дар арафаи мохи шарифи Рамазон ба Шумо — Латипов Н. ва Шоев Р. изхори сипос намуда, аз Худои карим таманно дорам, ки ба Шумо ва фарзандонатон умри дароз бахшад. Ва аз Худованд илтичо дорам, ки ба хукуматдорони нохияи Файзобод каме адлу инсоф ато намояд.
Рузи хурсандии мо хамаи хамсоязанхо ашки шоди рехтанд. Худо равшангари рохи онхо бошад!

Бо эхтиром, Ибодова ГУЛРУ
Рубрики:Uncategorized

«Тянши» ё мухрабизнеси Сиёев?

Август 6, 2009 2 комментариев(я)


Ду маротиба мешавад, ки маро дар рох медоранд. Сабаби асоси ин аст, ки дар китфам чузвгир дораму тезхаракатам ва гох — гох дар сари роху кучахо аз мардум интервю мегирам.

«Начоти мохи»

Хангоми дар шахри Кургонтеппа кор карданам бонуе маро дар сари рох дошт ва гуфт: «Хар мох 600 доллар кор кадран мехохи?». Ин лукмаи партофтаи бонуи русзабон начоти мохии дар хушки афтодаеро мемонд, ки ба об ниёз дорад. У гуфт, ки «пагох ба бинои Шурои Иттифоки касаба биё!». Рафтам. «Тянши» аз хитой будааст. Баъди пул додану омухтан ба хулосае омадам, ки «Тянши» хамон мухрабизнеси Чамшед Сиёев аст. Танхо фаркаш хамин, ки гуру киёмататро сухта, як бечораи бехолу мадорро ба он бовар мекунони, ки бо хурдани устухон, нохун, зангу мех саломатияш баркарор мешавад. Ду дурггуи дигар гапхои гуфтаатро тасдик мекунанд ва шахси мариз ба «Тянши» аъзо шуда, доруву дармон харидори мекунад. Хангоми дарс гузаштан борхо аз забони муаллимони «Тянши», ки аслан зодагони Точикистон мебошанд, номи Президенти кишвар Эмомали Рахмон гаштаю баргашта садо медод. Хамаи бурдборихои кишварро ба номи Чаноби Оли насб намуда, хамзамон фаъолияти ин дуздони хоричиро файзи баркарории сулху салoх ва демократия дар Точикистон арзёби мекарданд.

«Аз Худованд пузиш мепурсам…»

Ба рости, баъди омузиши якчандруза аз аъзо шудан ба «Тянши» даст кашидам, вале як шиносам ба чои ман пул доду барои бародараш дору харид. Бо амри такдир баъди аз хач баргаштанаш ба шиносам гуфтам, ки барои сохиби яхта шудан корро дар «Тянши» давом медихад ё не? У аз ман узр хост ва гуфт: «Барои ин гунохам аз Худованд сари чойнамозам пузиш мепурсам». У акнун дуруст фахмида буд, ки хоричиён аз шифо ёфтану бой шудани мардуми точик бештар ба кашшоку дастгнигар шудани онхо марок доранд.
Инак, чанде кабл дар пойтахти кишварамон — шахри Душанбе бехолу бемадор кадам мезадам. Ногох чавони тахминан 20-солае наздам омаду гуфт, ки бо эронихо кор мекунад ва холо барои кабули онхо ба у мехмонхона зарур аст. Баъди каме сухбат кардан, у аз кору бори ман пурсид. Ба ман чои кор пешниход кард. Хеч боварам намеомад, ки ин чавон маро сохиби чои кор ва маоши кофи мекарда бошад. Маротибаи аввал ба он чое, ки маро даъват карда буд, нарафтам. Баъди чанде бо у дар тамос шудам. Шикоят кард, ки раисашон маро интизор шудааст. Маротибаи дуввум бовариям ба ин чавон афзуд ва ба чои гуфтааш рафтам. Дар офиси онхо як эрони ва як точикистони ду соат вакти пуркимати маро гирифта, дар бораи «Квестнет» харф заданд. Он чи онхо мегуфтанд, ман кайхо медонистам.
Нафратам нисбати онхо, ки бо накшахои тутивор аз ёд кардаашон дар тули 18 мох мохонаи маро ба 20 000 доллар расониданд, афзоиш меёфт. Вале гайр аз дандон соидану хомуш нишастан чорае надоштам. Онхо низ зимни суханронии хеш мегуфтанд, ки дар Точикистон фаъолияташон конуни буда, дар ичозатномаашон Президенти кишвар Эмомали Рахмон имзо кардааст.

Агар доллар медоштам…

Дар китобе хонда будам, ки вакте мошинхои аввалин дар Англия ихтироъ шуда, мавриди истифода карор гирифтанд, ракамхои фарккунанда надоштанд. Чанд маротиба як чехраи шинохтаро мошин задааст. У пешниход намуд, ки мошинхо ракамгузори шаванд, то чабрдидахо донанд, ки кадом мошин киро задааст.
Ман пешниход мекунам, ки рафти кори ширкатхои хоричие, ки таблигашонро ба воситаи одамхо рохандози мекунанд, зери назорати каъти гирифта шавад. Бовари комил дорам, ки онхо даххо нафарро бо дуругхои бефуруги бофтаашон аз сари роху кучахо ба офисхояшон бурда, вакти пуркимматашонро гирифтаанд. Ман агар 650 доллар медоштам, ба «Квестнет» дар сад сол аъзо намешудам. Аз Кургонтеппа бодирингу помидор оварда, дар таъмини ахолии пойтахт бо меваю сабзавот сахм мегирифтам ва хам зиндагиям боз бехтар мешуд.

Бо эхтиром
Давлати ШОХЭЪТИБОР,
сокини сарсону саргардони
шахри Кургонтеппа
дар Душанбе

Рубрики:Uncategorized

Мулокоти чоргона мушкилотро хал кард?

30-юми июли соли чори дар Душанбе мулокоти чорчонибаи президенти Чумхурии Исломии Афгонистон Хомид Карзай, президенти Чумхурии Исломии Покистон Осиф Али Зардори, президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ва президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон баргузор гардид. Мулокот дар замоне гузашт, ки атрофи чанд ходисаи ахири Точикистон бахсхо сурат гирифта, идома доштанд. Аллакай пеш аз вуруди сарони кишвархо ба Душанбе хангомахо ба миён омада, бархе тасмими харчи зудтар кабул кардани Конуни нав «Дар бораи забони давлатии Чумхурии Точикистон», се таркиши хафта ва хатто нооромихои Тавилдарраро «садди бузург» барои гарму самими гузаштани мулокот арзёби мекарданд. Аммо натичаи вохурихо нишон дод, ки таваччухи асоси ба хамкори дар самти энергетики дода шудаву масоили дигари то андозае матрахшуда ахамияти дуюмдарача касб кардаанд.
«Санги сари рох»?
Аз бозе, ки Президенти Точикистон Эмомали Рахмон зарурати кабул намудани Конуни нав «Дар бораи забони давлатии Чумхурии Точикистон»-ро ба парлумон пешниход намуд, дустони рус як навъ норозиги баён карданд. Коршиноси рус оид ба масоили Осиёи Маркази Аркадий Дубнов лоихаи конун дар бораи забонро «санги сари рох» бахо дод ва хатто баъди анчом ёфтани вохурихо изхори нобовари кард, ки чун дар ин самт нукта гузошта нашудааст, айни замон мушкили халношуда боки мемонад. Аммо чунин як нобовари аз вокеият дур аст ва пайомади нохуше хам нахохад дошт. Зеро дигар намояндахои баландпояи макомоти Русия низ масъалаи мазкурро ташвишовар мегуфтанд, вале охируламр бо он муросо карданд. Ёвари президенти Русия Сергей Приходко хам дар аввал шархи тасмими пешгузоштаро мехост. «Ба боки мондани забони руси дар Точикистон бештар худи точикон манфиатдоранд. Зеро, агар дар Точикистон аз истифодаи забони руси даст кашанд, ягон мардикори точик дар Русия кору зиндаги карда наметавонад»,- гуфта буд у. Вале, чун донистанд, ки забони точики танхо барои хуччатгузории макомоти хокимияти давлати ва идории дохили Точикистон забони ягонаи муошират мукаррар гардидааст, хомуш шуданд. Ба он хотир оромиро пеша карданд, ки мантикан, забони руси харгиз дар Точикистон аз истифода берун нашуда, хамчун забони кумакрасон вазифаи худро ичро кардан мегирад.

«Рогун» давлатист, сахмия фурухта намешавад…

Ду масъалаи дигари калидие, ки бояд дар мулокоти сарони кишвархо мавриди барраси карор мегирифт — вазъи хамкорихои низомии Русияву Точикистон ва рохи халли мушкили неругохи «Рогун» буд. Аммо харду хам рохи халли худро наёфтанд.
Пештар рузномаи «Коммерсант» бо истинод ба «сарчашмаи номаълум» навишта буд, ки Точикистон масъалаи пулаки кардани хузури пойгохи низомии 201-уми Русияро дар кишвар пеш хохад гузошт. Коршиносон низ дар пайи шархи ин хабар иброз доштанд, ки сабаби чунин тасмим гирифтани Точикистон вобаста ба шиддати бухрони молии чахони ва таъсири он ба иктисодиёти кишвар аст. Яъне, Точикистон мехохад аз шароити мусоид истифода бурда, Русияро барои чудо кардани кумаки моли водор намояд. Аммо дар рафти мулокот вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков ва вазири корхои хоричии Точикистон Хамрохон Зарифи аз рохбарони давлатхо супориш гирифтаанд, ки корро дар самти тайёр кардани пешниходот идома диханд. Дар боби пешниходоте, ки ба дурнамои рушди хамкорихои низомии Точикистону Русия, аз чумла масъалахои пойгохи низоми марбутанд. Дар холе, ки панч сол кабл, вакти президентии Владимир Путин байни ин ду кишвар созишномае ба даст омада буд ва тибки он Русия бояд бар ивази пойгохи низоми ва Маркази назорати фазоии «Окно» сохтмони неругохи «Рогун»-у 3 неругохи барки обии хурдтарро дар Точикистон бо маблаги 2 миллиард доллар сармоягузори мекард. Аз ин барномахо танхо бунёди неругохи «Сангтуда-1» амали шуд. Дар мавриди сахм гирифтан барои бунёди неругохи «Рогун» бошад, муовини вазири рушди иктисоди Русия Андрей Клепач мегуяд, ки «мо дар бунёди ин тарх алокаманд хастем ва холо чанд ширкати Русия пас аз «Сангтуда-1» дар ин чо кор мекунанд». Хамзамон, у изхори нигарони дорад, ки Точикистон дар пардохти музди мехнати онхо карздор аст ва бояд пеш аз хама ин масъала халли худро ёбад. Аммо фикри нихоии номбурда ин аст, ки барои хал намудани мушкили неругохи «Рогун» бояд Узбекистон ба тархи мазкур чалб карда шавад. Дар холе, ки неругохи «Рогун» давлати эълон шудаву сахмияхояш фурухта намешавад.

Карзхо карздор мекунанд…

«Сангтуда-1» вакте пурра ба истифода дода шуд, ки Точикистон назди ин неругох аз аввали соли чори 20 миллион доллар карздор аст. Дар хамин хол, муовини вазири рушди иктисоди Русия Андрей Клепач мегуяд, ки бояд Точикистон дар давоми 20 соли оянда сармояхои барои «Сангтуда-1» сарфкардаи Русияро баргардонад. Хамзамон, президенти Русия Дмитрий Медведев ва президенти Точикистон Эмомали Рахмон созишномаеро дар мавриди бахрабардории муштарак аз неругохи «Сангтуда-1» ба имзо расонданд, ки заминахои хукукии таксими даромади онро мушаххас мекунад.
Бояд зикр намуд, ки «Сангтуда-1» аз чор агрегат иборат буда, иктидори он 670 меговатро ташкил медихад. Чониби Русия барои амали кардани лоиха 720 доллари ИМА сарф кардааст ва тибки созишномаи тарафайн зиёда аз 75 фоизи сахмия моли уст. Ширкати «Интер РАО ЕЭС»-и Русия баробари ба кор даромадани нахустин агрегатхо фуруши неруи баркро ба ширкати «Барки точик» огоз кард. Кимати хар як киловатт/соат неруи барки «Сангтуда-1» барои Точикистон 3,1 сенти амрикоист. Дар холе, ки «Барки точик» аз ин неругох карздор аст ва санадеро тахия карда, ки тибки он кимати хар як киловатт/соати неруи барк барои ахоли то 3,1 сенти амрикои ё 13 дирам нишон дода мешавад. Масъулони ин ширкат гуфтаанд, ки танхо дар сурати боло рафтани кимати неруи барк метавонанд карзхояшонро бозпас гардонанд. Аммо раиси ширкати «Неругохи Сангтуда-1» Рахматулло Алчонов иброз медорад, ки хатто афзоиши то 2,5-сентии неруи барк барои хар як киловатт/соат наметавонад мушкили бахши энергетикии Точикистонро бартараф намояд. Ин дар холест, ки аллакай аз огози мохи август кимати истифода аз неруи барк дар Точикистон 25 фоиз (ба чои 6 дирам 7,5 дирам барои як киловатт/соат) боло рафтааст.

Русия таваччух дорад…

Чониби Русия нисбати фурухтани неруи барки тавлиди «Сангтуда-1» ба хамсоякишвархои Точикистон — Афгонистону Покистон таваччухи беандоза дорад. Ин далел аз шархи дурнамои лоихаи энергетикии «КАСАРЕМ» аз чониби коршиноси масоили Осиёи Маркази Санавбар Шерматова бармеояд. «Барномаи КАСА-1000 як бахши барномаи глобалии «КАСАРЕМ» аст, ки «Осиёи Марказии бузург» унвон шудааст. Дар аввал бархе аз сиёсатмадорони Русия хадафи ин тархро «дур кардани Осиёи Маркази» хонда буданд, вале ширкати Дмитрий Медведев дар гуфтугухои чоргона собит кард, ки ин барнома ба нафъи Русия ва рушди кишвархои ин минтака аст. Ба назари ман, ин барнома пеш аз хама барои Точикистон муфид аст. Ба ин далел, ки дар ин минтака бозори энергетики ташкил мешавад ва ин бозор метавонад афзоиши интиколи неруи баркро ба хорич таъмин намояд. Русия низ метавонад дар ичрои ин барнома сахм бигирад»,- мегуяд коршинос.
Бояд зикр намуд, ки дар доираи барномаи «КАСАРЕМ» хангоми гуфтугухои чоргона миёни Русия, Покистон, Афгонистон ва Точикистон оид ба хамкорихо ёддошти тафохум ба имзо расид. Президенти Точикистон Эмомали Рахмон дар охири мулокоти чорчониба ахамияти ичрои барномаи «КАСАРЕМ»-ро таъкид кард. У гуфт, ки дар доираи ин барнома гайр аз ичрои лоихахои энергетики бунёди хатхои барк ва неругоххои обиву харорати, хамчунин, ичрои барномахои бунёди роху пулхои мошингард, рохи охан, обёрии заминхо дар Афгонистон низ ба назар гирифта шудааст.
«Точикистон дар ин маврид эхсосоти худпарастии миллиро котеъона сарфи назар менамояд. Мамлакати мо хеч гох ба хеч вачх хадафхоеро амали нахохад сохт, ки бар зарари мамлакатхои хамсоя бошанд. Ман инро бори дигар бо камоли масъулият изхор менамоям»,- мегуяд сарпвари кишвар.

Киёми САЪД, БМСТЖ
Рубрики:Uncategorized

«Каканхо»

Ё чаро парлумон вазъи зиндагии мардумро ба назар намегирад?

Мусофирони сугди, бахусус сокинони се нохияи кухи — Мастчох, Айни ва Панчакент аз карори кабулкардаи парлумон, яъне пулаки шудани рохи Душанбе — Хучанд — Чанок рози буда наметавонанд.
Сабаби асосии норозигии мардум камбагали ва нодории ин се нохия аст. Бозори асосии ин мардум, ки дар поёноб, яъне Самарканду Бухоро буд, пас аз пошхурии Давлати Шурави аз даст рафт ва ин мардум имруз мачбуранд моли истехсолкардаи худро ба бозорхои Истаравшан, Хучанду Душанбе оранд ва аз ин шахрхо амволи зарурии рузгор бихаранд. Баъдан, бахонаи вазири наклиёт ва парлумон, ки рохи номбурда «яке аз роххои вазнинтарини дунёст», комилан хатост. Роххои аз ин рох хатарноктар хам вучуд дорад. Дур рафтан ва сифати роххои Шветсияву Шветсарияро тахлил кардан хочат нест! Назаре ба рохи байни Исфара ва Оши Киргизистон ва ё рохи Кулоб — Дарвоз — Хоруг кофист. Пас, чаноби вазир ё дуруг мегуяд ва ё хато мекунад. Баъдан, бояд андеша намуд, ки сохиби ин рохи пулаки ки мешавад? Давлат ва ё …? Зери ин коса (пулаки шудани ин рох) чи косае нухуфта? Чаро танхо рохи Душанбе — Хучанд — Чанок? Ё ин гушаи дур аз пойтахт фарзанди угай аст ва ё сагираи аз кафои модар омада, ки «какан» мегуяндаш?!
Кариб аз тамоми хонадони ин се нохияи кухи — Панчакент, Айни ва Мастчох намояндае дар Душанбе, Хисор, Кургонтеппа зиндаги мекунад. Пас, дар холати пулаки шудани рох равобити хешутабори низ канда хохад гашт ва писаре, ки дар ин тарафи агбаи Анзоб зиндаги мекунад, ба чанозаи падар ва модараш аз сабаби гарои шудани нарх ва нарасидани пул намеравад. Ба гуфтае, чанозаи падару модари худро «ботантана» аз хисоби худаш «танзим» менамояд. Ахиран, аз айбу шарми шарки ру мегардонад.
Зиёда аз ин, аксарият гушрас менамоянд, ки пули рохро ронандахои мошинхо медиханд ва ин ба ахоли зарари иктисоди намерасонад. Аммо боре андеша намоед, ягон ронандае, ки ба кирокаши машгул аст, аз хисоби худаш пули рохро пардохт намекунад ва хамаи он ба души кухистонию водинишини ин гушаи Точикистон меафтад. Пас, депутатхо аз кадом нигох ин карорро кабул карданд? Сабаби асоси чист? Андозе, ки ахоли ва ронандахо пардохт мекунанд, кучо меравад?

Д. БОБО,
рузноманигор

Рубрики:Uncategorized

Фиттафуруш, гурез! «Литсензия» меояд!

Бо гузашти вакт сохаи илму техника таракки кард ва нихоят асри 21-ро «асри илму техника» номиданд. Кинотеатрро «DVD» ном тачхизоте иваз намуд, ки мардум барои истифодаи он ба фиттахо эхтиёч пайдо карданд. Дигар нафаре ба кинотеатр нарафта, дар хонаи худ хар филме, ки мувофики завку хохишаш хаст, интихоб намуда, тамошо мекунад. Бояд гуфт, ки дар ин замина нуктаи фуруши фиттахо таъсис ёфт. Акнун мардум барои дарёфти фиттаи филму мусики ба инхо мурочеъ мешаванд. Аммо ташвишовар чизи дигар аст. Дар кучаю паскуча ва назди бозорхо фуруши фиттахо дар ароба ба рох монда шуд. Ин кабил фурушандахо бо хар рохе, ки табъи дилашон аст, фаъолият мекунанд. Аробахояшонро ба чойхои пуродам кашида, ба фуруши молашон машгул мешаванд. Барои онхо ахамияте надорад, ки ончо рохгузари пиёдагардон аст ё истгохи автомобил. Барои онхо мухимтар аз хама «чайби гафс» аст.
«Ака, сад фоизай!»
Аз назди магозаи «Кафолат» гузашта, суйи боги «Дустии халкхо» мешитофтам. Хамин вакт назарам ба як гурух одамон афтид, ки чое чамъ шудаанд. Чун ба наздашон расидам, маълум гардид, ки барои чи дар ин чо чамъ омадаанд. Хама барои харидани фитта. Барои ман низ фиттае зарур буд ва фурсатро муносиб дониста, аз фурушанда нархи онро пурсидам. Гуфт, ки калонхояш ду сомониву хурдхояш як сомони арзиш дорад. Боз аз фурушанда пурсидам: «Бародар, кафолат дода метавони, ки фитта ба талабот чавобгуст? Чунки рохи ман дур аст ва барои баргардондан имкон надорам». Дар чавоб гуфт: «Ака, сад фоизай, барш, нашид, лубой время биёрш, ма мегирумуш!». Ин суханхои бо боварии комил гуфтаи фурушанда маро конеъ намуд ва аз он чо ба хона баргаштам. Бисёр хурсанд будам, ки фиттаи заруриямро ёфтам. Аммо сад афсус! Вакте фиттаро барои анчом додани корхоям ба компютер гузоштам, нахонд, ки нахонд. Барои санчиш онро гирифта ба DVD мондам, вале боз хам нашуд, ки нашуд.

«Танзим лозим аст!»
Ба андешаи банда, хама он фиттахое, ки дар сари кучаю паскуча ба фуруш гузоштаанд, на он кадар ба талабот чавобгуянд. Чунки инро дар амал санчида баромадам. Аммо назари мардум чист? Комил ном шахс, ки дар завод кору фаъолият мекунад, андешаашро оид ба фуруши фиттахо чунин баён кард: «Рости, намедонам то кадом андоза ин фиттахо ба талабот чавобгу хастанд. Вале хаминро бояд кайд намоям, ки вакте аз кор хаста шуда, ба хона бармегардам, баъзан вакт барои гузаштан дар чойхои серодам садди рох шуда, мушкили ба бор меоранд. Аз ин хотир, хуб мешуд, каме танзим мекарданд». Аммо Пайрав ном донишчу мукобили ин гуфтахо буда, сари рох ба фуруш гузоштани фиттахоро осонии кори шахрвандон маънидод мекунад. Чуноне худи у мегуяд: «Ба андешаи ман, фуруши ин фиттахо дар сари роххо ягон бади надорад. Шахсоне хастанд, ки имкони ба магозаи фуруши фиттахо рафтанро надоранд. Дар магозахо як фитта 5 сомони арзиш дорад, аммо дар ин чо 3 сомони. Худат ки донишчу хасти, бароят кадомаш хуб аст? Албатта, инхо. Бояд бигуям, ки ин фиттахо аксари чавононро аз бисёр корхои бад бармегардонанд. Масалан, додари ман вакте бекор монад, ба кучагарди машгул мешавад. Аз ин ру, хар вакте аз ин чо мегузарам, барои худ ва барои додарам фиттахои заруриро бо нархи арзон харидори мекунам. Хамчунин, аз тамошои филмхо шахсан ман забони русиро омухтам. Албатта, чихати манфи низ дорад. Масалан, баъзе филмхое хастанд, ки фахшу зуровари доранд. Аммо одами боаклу бофарханг ин гуна филмхоро харидори намекунад».

«Кори ту чи!? Милисаи!?»
Аз фурушандаи фиттахо — Довуд ном чавон пурсон шудам, ки касе барои фуруш дар ин чо ба шумо халал намерасонад? Чунин посух дод: «Мо аробапулию «чек» медихем. Аммо боз омада, дискхоро бурда месанчанду оварда медиханд. Меган литсензия кнен. Барои мо хозир литсензия даркорай. Кариб ду хафта мешавад, ки ба хамин кор машгулем. Хозир дар даводави литсензияем. Лекин то сентябр кор мекунему тамом». Аз гуфтахои Довуд бармеояд, ки у хонанда аст ва то огози дарс ба ин кор машгул мешавад. Дар мавриди аз кучо, чи гуна дастрас кардани фиттахову шикояти шахрвандон аз у пурсон шудам ва чунин посух гирифтам: «Мо дискхоро аз хамон магозахои дискфуруши бо нархи арзонтар, масалан, дискхои калонро 2 сомониву 20-дирами гирифта, 3 сомони мефурушем. Дискхои хурдро бошад, 1 сомониву 20-дирами гирифта, 2 сомони мефурушем. Дар он чо дискхо бисёр асту кам ба фуруш мераванд. Барои кухна нашудан ба мо арзонтар медиханд ва мо дар ароба гардонда, мефурушем. Шикоят аз тарафи шахрвандон баъзан мешавад. Лекин дискхо хамаашон созанд. Баъзан вакт агар ягонташ запсш холи ё ягон камбудии дигар дошта боша, иваз мекунем». Барои исботи ин гуфтахо аз як нафар зан, ки назди ароба истода, ба харидани фитта машгул буд, пурсидам: «Хола, ин дискхо камбуди надоранд? Шуморо каноатманд мекунанд?». «Ха, каноатманд мекунанд. Мефорам, мехарм, кори ту чи!? Милисаи!?»,- гуфта, дугу диранг кард. Маълум буд, ки у аз ин фиттахо каноатманд аст.
«Шогирдони магозадорхо»
Аз Кудрат ном чавон, ки магозаи фиттафуруши дорад, сабаби фуруши фиттахоро дар аробахо пурсон шудам. У низ дар пайрави ба гуфтахои Довуд афзуд: «Онхо омада, аз баъзе магозахо фитта гирифта мебаранду дар сари роххо мефурушанд. Аксарияташон шогирдони хамин магозадорхоянд». Дар магозаи Кудрат як фитта 5 сомони арзиш дошт. Сабаби арзиши баланд доштани фиттахоро аз у фахмидан хостам. Кудрат сабаби кимат будани фиттахоро вобаста ба студияхои сабт медонад. Чуноне ки у гуфт: «Сабаби киматии дискхои мо дар он аст, ки бо студияхо хамкори дорем. Масалан, мо бо студияи «Нозанин» хамкори дорем. Гирифтани фитта аз онхо киматтар меафтад. Барои хамин, мо мачбурем гаронтар фурушем». Аммо сабаби арзон будани фиттахои дар ароба ба фуруш гузоштаву арзиши баланд доштани фиттахои магозахоро Адиба ном чавондухтар ба таври дигар маънидод кард: «Бародар, имруз техника ва технология пеш рафтааст. Аксарият сохиби компютерхои фарди мебошанд. Хама он фиттахое, ки дар сари куча ва роххо бо нархи арзон ба фуруш гузоштаанд, ба талабот чавобгу нестанд. Нафароне хастанд, ки дар хонаи худ хамаи он филму мусикихоро аз Интернет гирифта, диск мекунанд ва бо нархи арзон ба фуруш мегузоранд. Ташвишовар аст, ки баъзе филмхо идеологияи чавононро тагйир медиханд. Аммо мебинем, ки онхоро хам ба фуруш мегузоранд. Барои ин шахсони масъулро зарур меояд кор баранд».
Тавре ба мо маълум гардид, андешахо гуногунанд. Яке фуруши ин фиттахоро хубу якеи дигар бад, яке фоидаовару якеи дигар зараровар маънидод мекунад. Аммо суоли матрах ин аст, ки Вазорати фарханг дар ин маврид чи назар дошта бошад!?

Навруз КУРБОНЗОДА, донишчу

Рубрики:Uncategorized

Донишгохи байналмилалии Точикистон Вазорати маорифро ба суд мекашад

Июль 31, 2009 1 комментарий

Ягона донишгохи гайридавлатии байналмилалии Точикистон баста мешавад?
Тавре, ки огахи доред, дар чанд шумораи гузаштаи хафтанома оид ба ходисахои ДТИКТ, мактуби муовини сарвазири чумхури Р.Курбонова, супориши Вазорати маорифи чумхури, нуктаи назари омузгорони ин муассисаи таълими маводро пешкаши хонандагон намудем. Барои ба масъала равшани андохтан ба раиси комиссияи кабули ДТИКТ мурочиат намудем.Маълум гардид, ки онхо кабули донишчуёнро барои солхои тахсили 2009- 2010 идома дода истодаанд. То ба имруз зиёда аз 400 нафар барои тахсилро дар ин муассисаи таълими идома додан, хуччат супоридаанд. Харчанд мегуянд, ки амалхои хилофиконун ба рафти хуччаткабулкуни таъсири манфии худро расонд.
Президент ризоги дода буд?
Санаи 8-уми июли соли 2009 ба унвони Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон пешниходи муовини сарвазири Чумхурии Точикистон Р.Курбонова ирсол карда мешавад. Дар гузориш омадааст, ки гуё бо супориши Президент фаъолияти ДТИКТ мавриди омузиш карор дода шудааст. Вале, мувофики гуфтаи рохбарияти ДТИКТ барои омузиши фаъолияти онхо ягон супориш ё дастури Раиси Чумхур дохил нашудааст ва санчишгарон хам нусхаи онро пешниход накардаанд. Хатто нусхаи маълумотномаи санчидашударо барои шинос шудан ба муассис пешниход накардаанд.Онхо иброз намуданд, ки хамаи ин амалхо дар асоси як мактуби ба унвони Вазири маорифи Чумхурии Точикистон ирсол намудаи собик ректори ДТИКТ Х. Бобоев, ки пас аз 3 рузаш аз вазифа сабукдуш карда мешавад, чараён гирифта истодааст.
Дастури муовини аввали сарвазир
Гузориши муовини сарвазири Чумхурии Точикистон Р.Курбонова санаи 8-уми июли соли 2009 ирсол карда мешаваду санаи 11-уми июли соли 2009 барои барраси муовини авали сарвазири Чумхурии Точикистон А. Гуломов имзо мегузорад. Санаи 21.07. 2009 Вазири маориф А. Рахмонов барои баррасии ин масъала гурухи кори таъсис медихад. Гурухи кори, дар хайати 8 нафар, масъалаи муваккатан катъ намудани кабули довталабонро, ки дар дастур омада буд, хамчунин мактуби Вазири маорифро оид ба ин масъала чонибдори намуда,аз шахсони масъул хохиш менамоянд, ки ичрои дастурро зери назорат гиранд.
Муассиси ЧСП изхор кард:

Муассиси ЧСП Донишгохи байналмилалии Точикистон С. Акрамов дар нишасти матбуоти бо чамъи хабарнигорон чунин изхор намуд:
Ман Бобоев Х. Ю-собик ректори Донишкадаи технологияи инноватсиони ва коммуиникатсионии Точикистонро бинобар сабаби аз чониби у риоя нашудани талаботи санадхои дохилии муассиса дар мохи майи соли 2009 аз вазифа озод кардам. Бобоев Х. Ю. хангоми тарки кор котеона ба ман ва хайати профессориву омузгории Донишкада изхор намуда буд, ки Вазири маориф ва нисфи Дастгохи ичроияи Хукумат чурахои у мебошанд ва у дар давоми 10-12 руз муассисаи моро махкам менамояд.
Баробари аз кор рафтани Бобоев аввал аз хафтаномаи «Омузгор» дар асоси шикояти Бобоев ба санчиш омаданд ва маколаи тухматомезе нисбати мунокиша ба табъ расониданд. Аз дунболи он як хайати тафтишоти аз Вазорати маориф барои тафтиш омад. Баъд аз рафтани онхо як комиссияи дигар аз чониби дастгохи Хукумати Точикистон ба тафтиш омаданд. Харду дастаи тафтишгарон дар кадом асос якбора ба санчиш омаданашонро ошкор нагуфтанд, хеч гуна санадеро пешниход накарданд. Комиссияхо аз натичаи тафтиши худ ба мо хулосае пешниход накарданд.
Танхо рузи 17.07.2009 намояндаи Хадамоти давлатии назорат дар сохаи маориф ба мо ду нома овард. Яке номаи муовини Сарвазири Точикистон Р. Курбонова аз 08.07.2009 ба Президенти Точикистон буд. Р. Курбонова дар мурочиат ба Президент навиштааст: «Чаноби Оли, дар робита бо супориши Шумо ба омузиши фаъолияти муассисаи тахсилоти олии касбии гайридавлати…» Саволе пайдо мешавад, ки чи гуна супориш, дар кадом асос, бо ташаббуси ки? Чавоб яктост. Дар асоси ранчиши Бобоев Х. Ю., ташаббуси Вазири маориф ва боки супориш. Мактуб-пешниходи Р. Курбоноваро А. Миралиев-рохбари Дастгохи ичроияи Президент барои амали кардан аз таърихи 08.07.2009 № 16-1/4-13 дастхати ризо гузоштааст, муовини аввали Сарвазир А. Г. Гуломов аз 11.07.2009 №16-1/4-13 барои ичро ба Факиров Х. Н. равона намуданд, дигар мактуби Сардори Хадамоти давлатии назорат дар сохаи маориф Х. М. Зиёев аз 17.07.2009 №319/06.
Дар нома-пешниходи Р. Курбонова омадааст, ки: «Бо супориши Шумо (яъне Президент) комиссия барои санчиши фаъолияти Донишкадаи технологияи инноватсиони ва коммуникатсиони ташкил карда шуд ва аз руи 7 меъёр (ба чои 25 меъёр) санчиш доир шуд ва натичахо чавобгу набуд. Савол: санчиш дар кадом асос ва бо кадом максад? 25 меъёри чи? Кадом натича? Чи ба талабот чавобгу набуд?
Дар давоми мактуб-пешниход омадааст: …дигар камбудихо низ мушохида шуданд. Кадом камбудихо? Кучост хулосаи тафтишгарон? Хуллас, дар охир пешниход шудааст, ки кабули довталабон дар Донишкада аз соли хониши 2009-2010 муваккатан манъ карда шавад. Ва боз чанд таклифи махдудкунандаи дигар.
Дар асоси ин мактуб-пешниход ба Донишкада мактуби Хадамоти давлатии назорат дар сохаи маориф 4 талаби худро ба миён гузоштааст, ки яктои он катъи кабули довталабон аз 17.07.2009 ва чанд матлаби норавшани дигар мебошад. Инчунин омадааст, ки; тибки конунгузории мавчуда ичозатномаи Донишкада ба сабаби ичро нагардидани талаботи Вазорати маорифи Точикистон бозпас хонда мешавад. Кош талаботи конунгузори аз чониби худи муаллифони мактуб риоя мешуд.
Ман хамчун муассиси муассисаи мазкур амали аз чониби Хукумати Точикистон, Вазорати маорифи Точикистон ва Хадамоти назорат дар чодаи маорифро буги кардани хукуки шахси хукуки ва вокеи мешуморам. Мансабдорони дар омодасозии хамин санад ширкаткунанда нисбат ба конунгузории Точикистон, конунхои байналмилали, ки Точикистон эътироф кардааст, хукуки инсон ва шахрванд бехурматии ошкоро содир намудаанд.
Вобаста ба ин, ба Президенти Точикистон мурочиат менамоям:
Барои хилофи конунхо ва асноди зериконунии амалкунандаи Чумхурии Точикистон амал намудани чонишини Сарвазири ЧТ Р. Курбонова ва Вазорати маорифи ЧТ дар масъалаи риояи хукук ва манфиатхои конунии Донишкадаи технологияи инноватсиони ва коммуникатсионии Точикистон, ба таври гайриконуни буги кардани Донишкада ва ба таври сунъи ба холати муфлисшави оварда расонидани он, махдуд кардани хукук ва манфиатхои конунии бештар аз 300 довталабе, ки то 17.07.2009 ба Донишкада хуччати довталаби супурдаанд, халалдор кардани хукук ва манфиатхои конунии бештар аз 200 нафар кормандони ДБТ ва сохторхои он, зарари маънави расонидан ба манфиатхои гайримоддии зиёда аз 1500 нафар донишчуёни соли 2-5 ба Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон хамчун назоратчии риояи бечуну чарои конунхои кишвар барои боздоштани амалхои гайриконунии мансабдорони чудогона мурочиат хохам кард.
Санадхои ба унвони мо фиристодашуда на хосияти меъёри доранд ва на бо меъёрхои дигар асноди хукуки мустахкам карда шудаанд. Далели ин баён меъёрхои конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи Хукумати Чумхурии Точикистон», Регламенти Хукумати Чумхурии Точикистон, Низомнома дар бораи Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон ва Низомномаи Хадамоти аттестатсия, аккредитатсия ва ичозатномадихии назди Вазорати маорифи ЧТ мебошад. Номахои фиристода на карор, на амр на фармоиш, балки як номаи оди мебошанд.
Масъалаи то кадом андоза хак будани чонибхоро суд (дохили ва байналхалки) муайян хохад кард.
Харду номаи ба унвони Донишкада фиристодашударо амали руирости конуншикани ва беэхтироми ба конунхои Точикистон ва байналмилал медонам. Ман хамчун точики шахрванди ИМА омодаам пас аз анчоми масъалахои ба пурраги бастани муассисахои таълимиам хоки ачдодиро тарк намоям ва дигар дар хеч чорабинии Хокимияти мавчуда дахл надошта бошам.
Аз сабаби он ки ин масъала ба такдири садхо нафар мухассилони ватаниву хоричи, даххо корманду ахли оилаи он дахл дошта, дорои ахамияти ичтимои ва сиёсист, муассис тавзехи пурраи онро масъулият ва ухдадории худ медонад. Вобаста ба ин, шархи пурраи ин изхорот ба воситаи матбуот ба самъи Хукумат ва чомеаи Точикистон расонида мешавад.
Аз сафорати ИМА дар Точикистон такозо менамоям бехатарии манро хамчун шахрванди ИМА то тарки марзи Точикистон зери назорати худ гирад.
Вазири маориф фармон баровард:
Дар асоси дастури Хукумати Чумхурии Точикистон бо имзои муовини аввали сарвази Чумхурии Точикистон А .Г.Гуломов, №16.1/4-13-уми аз 11 июли соли 2009 ва хулосаи гурухи кори,ки бо фармони Вазири маорифи Чумхурии Точикистон № 1428, аз 21.07.2009 таъсис дода шудааст:

Фармон медихам:
1.Кабули довталабон ба донишкадаи техналогияи инноватсиони ва каммуникатсионии Точикистон дар соли тахсили 2009-2010 фавран катъ карда шавад.
2.Аттестатсияи давлатии Донишкадаи технологияи инноватсиони ва коммуникатсионии Точикистон тибки накшаи тасдикшудаи Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон гузаронида шавад.
Вазир А.Рахмонов
23 июли соли 2009
ДТИКТ ба Прокуратураи генерали мурочиат кард
Донишкадаи технологияи инноватсионии Донишгохи байналмиллалии Точикистон ва сохторхои он бо арзи таассуф дар бораи конуншиканихои макомоти давлати дар симои Вазорати маорифи Чумхурии Точикистон ва сохторхои он, аз чумла, Хадамоти давлатии назорат дар сохаи маориф шикоят дорем.
Ба андешаи мо, мукаррароти модаи 1-и Конститутсияи Точикистон, ки «Чумхурии Точикистон давлати … хукукбунёд…мебошад», моддаи 14, ки: «Хукуку озодихои инсон ва шахрванд ба воситаи Конститутсия, конунхои чумхури…хифз мегарданд», моддаи 17, ки: «Хама дар назди конун…баробаранд», моддаи 42, ки: «Дар каламрави Точикистон хар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва конунхоро риоя кунад, хукук, озоди, шаъну шарафи дигаронро эхтиром намояд» шиорхои «сиёси» нестанд ва барои танзими муносибатхои чамъияти нигаронида шудаанд.
Донишгохи байналмилалии Точикистон ва сохторхои он хануз аз соли 2000 дар шаклхои гуногун дар каламрави Чумхурии Точикистон фаъолият доранд ва ба худ хукук медиханд арз намоянд, ки дар пиёда кардани конунхои Точикистон, амру фармонхои Президенти кишвар, Хукумати Точикистон, алалхусус, ормонхои Президент ва Раиси Хукумати Точикистон, ки дар Укази Президент аз 4.04.2003 «Дар бораи такмил додани таълим ва омузиши забонхои руси ва англиси дар Чумхурии Точикистон», Карори Хукумати Чумхурии Точикистон «Дар бораи тасдик кардани барномахои компютеркунонии мактабхои маълумоти умумии асоси ва миёнаи Чумхурии Точикистон дар солхои 2003-2007» аз 31.12.2003 №502, Карори Хукумати Чумхурии Точикистон «Дар бораи тахияи барномаи давлатии таълим ва омузиши забонхои руси ва англиси дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2003-2013» аз 10.05.2003 №194, Протоколи мачлиси Хукумати Точикистон аз 24.01.2008 №2 дар бораи инкишофи бахши хусусии сохаи тандурусти ва маориф, Карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 1.11.2006 №484 дар бораи «Консепсияи миллии рушди тахсилоти касби дар Чумхурии Точикистон» корхои мушаххаси назаррасро ичро кардаанд.
Донишгох дар як вакт бо изхори таассуф кайд мекунад, ки дар раванди фаъолият пайваста гирифтори конуншиканихо ва монеаэчодкунихо гаштааст. Конуни ЧТ «Дар бораи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими» дар банди 2-и моддаи 3 яке аз вазифахои давлатро дар «мусоидат дар таъсис ва фаъолияти муассисахои таълимии гайридавлати, аз рохи чудо намудани грантхо ва карзхои дарозмуддати боимтиёз аз бучаи давлат…» муваззаф кардааст.
Дар кисми 7-и «Консепсияи миллии рушди тахсилоти касби…» мухимтарин роххои расидан ба хадаф дар чодаи маорифро дар «Тахияи санадхои дигари меъёриву хукуки барои инкишофи муассисахои таълими, аз чумла, муассисахои хусусии таълиму тарбия, пайдо намудани имтиёзхо дар андозбандии сохаи маориф бо максади ракобатпазирии сохаи маориф. Ба чо овардани ракобат дар бозори хизматрасонии сохаи маълумот» муайян карда шудааст.
Мутаассифона, хамаи ин меъёрхо на ин ки ичро намешаванд, балки дар мукобили сиёсати давлат амалиёти мансабдорони чудогона дастгохи тавонои коррупсиониеро ба вучуд овардааст, ки аз як тараф барои амали шудани ормонхои давлат монеа ба вучуд оранд, аз тарафи дигар боиси нобовари ба сиёсати давлат, бекурбгардонии арзишхои конститутсионии «волоияти конун» гаштаанд. Бесабаб нест, ки дар солхои охир аз тарафи макомоти конунгузории давлат бо масъалагузории Президенти кишвар Конун «Дар бораи мубориза алайхи коррупсия» кабул карда шуд.
Яке аз нишонахои ошкоро ва дагали коррупсия хамин аст, ки: «Хар ки аз иродаи вай сар печид, «пишаки у ва атрофиёни уро пишт гуфт», бо истифода аз «механизми давлати ва хукумати уро банд-банд мешиканад». Ва як нишонаи ошкорои садокат ба миллату Ватан хамин аст, ки пайравони ин пайроха агар сад бор аз дасти коррупсия шикаста шаванд, хамоно боз агар зинда шаванд (дар чехраи насл зинда мешаванд), боз аз хамон рох-рохи муброиза алайхи коррупсия, худро фидоъ кардан барои манфиатхои миллату Ватан пеш мераванд.
Донишгохи байнамилалии Точикистон имрузхо дар мукобили хамин гуна раванд карор доштани худро дарк мекунад.
Бо иллати он ки «чураи Вазир» аз ректории ДТИКТ барканор шуд, Вазири маориф бо максади «дар чояш шинондани муассиси саркаши ДБТ ва сохторхои он «подпольно» ба унвонии Хукумати Точикистон мактуб навишт ва дар он арз намуд, ки «боз як саркаш ошкор шуд». Дар ин асос ба таври очил гурухи кори ташкил шуд ва ба фаъолият гузашт. Хатто гурухи кории ба «омузиш» омада, бархилофи принсипхои тамоми системаи конунгузории Точикистон, ки мухимтарини онхо принсипи ошкоро, демократи будан мебошад, амал намуда, танхо шифохи аз мавчудияти «Мактуб»-и Вазири маориф сухан карданду онро нишон надоданд ва гуфтанд, «ИЧОЗАТ НЕСТ». Аммо суоли ичозат аз ки нестро чавоб сукут шуд.
Гурухи кори бо кадом максад ба тафтиши ДБТ ва сохторхои он омад? Ба кавли раиси гурухи кори Маликов Т. «барои омузиш». Аммо дар асоси супориши ки? Магар дар асоси «дархост»-и Ваизири маориф не? Чаро Вазири маориф, агар мехост сифати таълим дар ДТИКТ омухта шавад, Хадамоти давлатии назорат дар сохаи маорифро, ки нимтобеъи вай хаст, супориш надод? Чаро ин амалро аз Хокимият хост? Ва чаро Хокимият ин кадар ба у «гапдаро» шуд, вакто ки амали омузишии номбурда на аз салохияти Хукумат, балки салохият ва вазифаи сохторхои уст. Ачабо, дар хамин гуна шароит ва авзои сиёси аз ДБТ дида барои Хукумат масъалаи раками аввал вучуд надошт? Ва чаро гурухи кори то хол «Хулоса»-и худро аз ДБТ пинхон нигох медорад? Чаро аъзои гурухи кори хангоми дар ДБТ доир кардани «омузиш» ба рохбарияти ДБТ эълон карданд, ки «аз фаъолияти ДБТ ва сохторхои он каноатманданд», вале дар паси парда бо имзои Р. Курбонова танхо як хулоса шуд: «Ба талабот чавлобгу набуд».
«Кодекси ахлоки хидматчии давлати» мукаррар кардааст:
-хидматчии давлати ифодагари чехраи давлат аст; хидматчии давлати бояд чехраи давлатро дар назди чомеа соф ва бегаш намоиш дихад (кисми 1). Дар ин асос, бояд хидматчии давлати вазифаи худро ончунон ичро кунад, ки шубха ва нобовариро ба вучуд наорад. Хидматчии давлати набояд зери таъсири дигарон амал кунад…» (кисми 2).
Вале ДТИКТ дар хулосаи гурухи кори аз номи Р. Курбонова, амалашон дар ДБТ ва фарки ин ду натича ки ва чиро пайдо кард?
Моддаи 74-и Конститутсияи Точикистон, моддаи 29-и Конун «Дар бораи Хукумати Точикистон» мукаррар кардааст, ки Хукумати Точикистон амали худро ба воситаи карор ва фармоиш амали мекунад. Моддаи 28-и конуни зикргашта холат, асос, сабаб ва мазмуни ташкили комиссия ва гурухои мувакатиро муайян кардааст. Регламенти Хукумати Чумхурии Точикистон таъин кардааст, ки дар иловаи карор ва фармоиш Хукумати Точикистон санадхоеро хамчун «супориш», «дастур» кабул мекунад. Аммо дар кадом холат, дар кадом шакл, бо кадом механизм? Ин санадхо аз тарафи ки имзо мешаванд, чи гуна мухрхо мебояд дошта бошанд?
Санаде, ки аз чониби чонишини Сарвазир Р. Курбонова ба имзо расидааст, мухолифи санадхои зикргашта мебошанд. Вазири маориф барои амали гардонидани «ормонхои худ» ба воситаи Хадамоти давлатии назорат дар чодаи маориф амал кардани шуда, аз номи Хадамот мактуб ирсол намуд, ки: «Кабули довталабон дар ДТИКТ катъ карда шавад».
Р. Курбонова бахо надод, ки амали у хилофи таъиноти конунгузории амалкунанда аст. Хадамоти давлатии назорат дар сохаи маориф бахо надод, ки он матлаберо ба миён гузоштааст, ки ин хукукро надорад. Ва чун Вазири маориф «дарк» кард, ки амалаш хилофи конун аст, болои мактуби Хадамот Фармон дар бораи «фавран манъ кардани кабули довталабон дар ДТИКТ»-ро кабул кард. Вазири маориф гуё аз конунгузории сохаи маориф бехабар бошад, гуё аз низомномаву дастурхои ба воситаи мушовараи Вазорати маориф кабулшуда хабаре надорад. Агар ин набуд, бояд дарк мекард, ки дар асоси меъёрхои конун «Дар бораи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими» (моддаи 12), «Низомномаи намунави оид ба муассисаи таълимии тахсилоти олии касбии Чумхурии Точикистон» (кисми 3) кабул дар муассисахои тахсилоти олии касби танхо дар асоси мавчудияти ичозатнома (литсензия) ба рох монда мешавад.
Ва масъалаи кабул чузъи масъалаи амал кардан дар чодаи маориф мебошад. Вазорати маориф масъалаи кабулро хамчун масъалаи таркибии фаъолят дар дилхох муассисаи таълими танхо бо рохи бозпас хондани Ичозатномаи фаъолият (Литсезия) амали карда метавонаду халос.
Дар ин асос, фармони Вазири маорифи Точикистон аз 23.07.2009 №1450 бо талаби «ба таври фаври катъ кардани кабули довталабон дар ДТИКТ» амали гузаштан аз хадди ваколатхои хидмати мебошад.
ДБТ ва ДТИКТ дар рафти тафтиши шикоят арзхои иловагии худро пешниход хохад кард. Ба санади мазкур асноди тасдиккунандаи вокеияти конуншикании дастгоххои давлати нисбати ДБТ ва сохторхои он замима шудааст.
Дар мавриди кунуни аз Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон хохиш менамоем, ки:
Мутобики мукаррароти моддаи 28-и Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи макомоти Прокуратура» нисбати фармони Вазири маорифи Чумхурии Точикистон аз 23.07.2009 № 1450 фармони боздошти амал бароварад, зеро фармони мазкур мутобики таъиноти к. 2-и м. 28-и Конун «Дар бораи макомоти Прокуратура» ба ДБТ ва сохторхои он зиёни сахти модди ва маънави расонида истодааст. Бинобар санади гайриконуни будан боздошти фаврии санади номбурдаро (то мукаррар шудани асли масъала) хохиш менамоем.
27-уми июли соли 2009

С.АКРАМОВ,
Ректори Донишкадаи технологияи инноватсиони ва коммуникастионии Точикистон.

Рубрики:Uncategorized

«Квестнет» Пушаймони надорад суд!

ё чи тавр садхо чавони вилояти Сугд ба доми фиреб меафтанд…
Аввалин маротиба дар бораи ин рохи пулкоркуни аз дустам шунидам. У мегуфт: «Як кори хубе хаст. Хамин ки вакти холи ёфти, ба ман занг зан, хамаашро мефахмонам». У бо як махорати хуб ва хаячони зиёд ваъда дод, ки то охири сол на кам аз 10000 доллари ИМА ба даст меорам. Бо саросемаги гуфту барои ичрои кадом як кораш дигар су рафт. Ин аст аввалин дарси чи тавр даъват кардани дустон ба ин намуди фаъолият.

Касеро бояд фиреб дихам-ку!
Маркетинги шабакави, ё худ «сетевой маркетинг» намуди савдоест, ки максади аввалиндарачаи он расонидани махсулот аз истехсолкунанда ба истеъмолкунанда бе иштироки миёнарав аст. Аз нигохи аввал гуё ин намуди савдо хуб аст. Бе иштироки миёнарав истеъмолкунанда метавонад махсулотро бо нархи арзон ва бо сифати хуб харидори кунад. Вале…
Ба гуфтаи дустам, агар дар давоми чанд мох 10000 доллар ба даст орам, охир ман касеро бояд фиреб дихам-ку! Хар мохе 2-3 хазор долларро танхо бо рохи фиреб ба даст овардан мумкин асту халос.
Камтар вакти холи ёфтаму ба дустам занг задам. Чойи вохуриро маслихат кардем ва ман рафтам ба чои ваъдаги.
«Медони, маро як дусти наздикам ба як кори хуб даъват карду баъди чанд вакти шиносои дархол ба ёдам ту омади. Хуллас, ин намуди савдо талаб мекунад, ки мо инро ба шахсони наздиктарини худ пешниход кунем. Баробари шинос шудан бо ин савдо ва аъзо шудан, дарсхои махсус мегузарем. Бовар кун, маро зинда кардааст ин кор, аз ман одами нав сохтааст»,- мегуфт дустам. Ба хотири сари мавзуи асоси баргаштан, аз у пурсидам, ки чи тавр бо ин ташкилот шиносои пайдо кунам.
«Аввал барои аъзо шудан ту бояд ягон намуди махсулотро интихоб куниву харидори намои. Ана баъд шахсони наздики худро бояд даъват куни ва монанди ахром дар поёни худ чой дихи».
Мо ба маркази Интернет рафтем. У ба ман сахифаи хамон ташкилотро кушоду якбора махсулоташро намоиш дода, дар бораашон накл мекард. Нархи махсулоти ин ташкилот аз 620 доллари ИМА боло будааст. Аз руйи гуфтаи дустам, ин намуди савдо бехтарин аст ва дигар ягон намуди фаъолият ба ин баробар шуда наметавонад. У бо хаячон мегуфт, ки агар уро аз наздик намешинохтам, фикр кардан мумкин буд, ки у аклашро гум кардаст. Ба фикрам, охирон маротиба, вакте ки бо у дар чое вохурда будем, ин кадар эхсоси набуд ва суханонаш хам замини буданд. Пас чаро хозир хассос аст, маро дар хайрат гузошт. Гуё шиносои бо ин ташкилот ва гузаштани курсхои махсус дар у як шахси навро кашф карда бошад. Хуллас, то бегох вай маро бовари мекунонд, ки ба гайр аз хамрох шуда кор кардан дар ин ташкилот рохи дигари «начот» надорам. Ин намуди суханрониву ин намуди савдое, ки дар чанд мох маблаги зиёд ба даст меори, маро ба тахлука оварду аз пайи чамъ овардани маълумот шудам.

Ташкилотхо
фарк доранд
То он чое, ки дар рузи аввал фахмидам, гирду атроф, кариб дах дар сади дустонам ба ин ё он ташкилоти «зуд ба даст пуловаранда» аъзо будаанд. Ва чунин ташкилот яктову дуто не, чандинто будааст. Хар яки онхо вобаста ба меъёри махсулоти мефурухта, тарзи аъзо шудан, тарзи аъзо кардан ва фоизи ба даст меовардаи аъзо аз махсулоти фурухтаашу шумораи аъзо карданаш аз якдигар фарк доштаанд. Вале асос як, ту хариди калон мекуни, дигаронро даъват менамои ва вобаста аз шумораи шахсони даъваткардаат фоиз мегири. Масалан дар quest.net барои аъзо шудан бояд ягон шахс туро даъват кунад ва ту аз ягон намуди махсулоти он харид куни. Махсулоте, ки ба гумон аст баъди чанд вакт ба дасти ту меояд. Лекин, чи хеле, ки даъваткунандагон мегуянд: «Ин хариди 620-доллараи ту хеч чи! Агар хуб кор куниву мардумро даъват намои, ин 620 долларатро дархол ба даст меори ва боз пули бисёр».

Зиддияти «негатив»-хо
Чавононе, ки ман бо у дар бораи quest.net сухбат кардам, мегуянд, ки аз хариди кардаашон 6 мох гузаштаасту то хол дараки махсулот нест. Ё якчандтояшон гуфтанд, ки «биодиск» гирифтаанду онро ба каси дигар бо нархи 100 доллар фурухтаанд, то камтар бошад хам, хамон 620 доллари рафтаро 620 набошад хам, ба 520 расонанд. Хуллас, харидори кардани яке аз махсулот, баъдан гузаштани курси махсуси шиносои бо ин ташкилот, махсулоти ин ташкилот, нарху навояш, агар махсулоти фоидаовари тибби бошад, шиносои бо намудхои фоидабахши он, хатто омухтани тарзи суханрони ва чи тавр давъват кардан ба ин фаъолият асоси кор будааст. Дар курсхои махсус онхо мефахмонанд, ки киро бояд даъват кунию киро не. Шахсоне, ки бар ин намуди фаъолият зид хастанд, онхоро бо калимаи руси «негатив» меноманд. Аз руи фикри худи онхо, «негатив»-хо худ кор намекунанд ва аъзошудагонро аз ин намуди фаъолият бозмедоранд. Барои ин хамаро аз сари худ гузаронидан, мисли харидору хохишманд гуфтам: «Биё! Кани фахмон, чи тавр ман харид кунам, ба ки мурочиат намоям!?». Чавоне, ки маро даъват кардани буд, хохиш кард то 5 дакика уро интизор шавам. Ба касе занг заду баъд ба ман гуфт: «Шуд, рафтем! Ман ба акаи Часур занг задам. У моро кабул мекунаду туро аз наздик шинос мекунад». Дар хайрат мондам, ки чаро худи дустам неву акаи Часур моро кабул мекардааст?! Дархол ба дусти наздикам, ки «негатив»-и сахт асту зидди чунин намуди савдо, занг задам ва аз у хохиш кардам хамрохам равад, то аз «негативи» тарафи дигар нагардаму якбора харидори карда, ба онхо аъзо нашавам. Бо хамрохии Хасанчон ба собик бинои донишгох рафтем. Онхо дар он чо як хучраро гирифтаанд. Даромадем. Акаи Часур моро пешвоз гирифт. Хамрохаш боз як шахси дигар буд. Мо се нафар наздашон рафтему ба курси нишастем. Аввалин саволе, ки акаи Часур дод, дар бораи хачми маоши ман буд. Гуфтам, ки 350 сомони маош мегирам. Пурсид: «Мехохед, ки маоши шумо 350 сомони неву 3500 сомони дар як мох бошад? Мехохед, ки соли оянда як «дача»-и худро дошта бошед? Мехохед, ки мошини хоричи дошта бошед? Агар хамту ки бошад, даъвати Хасанчонро дархол кабул кунед. У ба шумо шанс додааст, ки дар шароити хуб зиндаги кунед». Назди акаи Часур чаридахои гуногун, маводи сохти ахромии аъзоён, як — ду брошура дар бораи шахсоне, ки аллакай сарватманд шудаанд. Ман ва дусти «негатив»-ам хайрухуш карда баромадем.

Накшаи ахром
Ба маркази Интернет даромада, сахифаи интернетии ташкилотро кушодам: http://www.quest.net/ru/. Дар ин чо тамоми маълумот хаст. Хам таърихи пайдошавию хам махсулоти ин ташкилот. То чое, ки ман фахмидам, барои баргардондани 620 доллари сарф кардаатон бо рохи фоиз чунин аст: Фарз кардем шумо махсулоти аз хама арзон, 620-доллара харидед. Шумо мардумро даъват мекунед, то онхо хам харид кунанд. Вакте ки барои аъзошави онхо рози шуданд, сабти ному насабашон мисли накшаи ахром дар поёни шумо чой мегирад. 1 шахс дар тарафи рости шумо ва шахси дигар дар тарафи чап. Дар курсхои махсуси онхо гуфта мешавад, ки вохуриву сухбатро бо шахси аз шумо боло, ки шуморо даъват кардааст канда накунед ва шахсонеро, ки худ даъват кардед, бо онхо низ. Ин намуди савдо канда нашудани занчирро мехохад. Барои хамин, аз руйдодхои нав хам худ бохабар шуда истеду хам аз худ поёниро хабардор кунед. Ана акнун шахсони дар поёни шумо буда низ бояд хам дар тарафи чапашону хам дар тарафи росташон аъзо дошта бошанд. Пас, дар поёни шумо 6 кас шуд; се кас дар поёни тарафи ростатон ва се каси дигар дар тарафи поёни чапатон. Аз поёни тарафи чапу рост аъзо шудани даъватшудагонро «степ» мегуянд. Дар хамин холат ташкилот ба шумо 250 доллар хамчун тухфа мефиристад. Ана акнун хисоб кунед, ки шумо барои аъзо шудан махсулоти аз хама арзонро бо нархи 620 доллар харидори кардед ва дар поёни шумо хамчунин 6 кас 620-доллари сарф карданд. Хамаги 3720 доллари ИМА шуд. Бо 620 доллари шумо хамаги 4340. Шумо чанд пул гирифтед? 250 доллар… Магар ин тарзи савдои хубест? Магар ин рохи бехтарини ба даст овардани маблаг аст? Холо мо хисобро бо махсулоти аз хама арзонаш кардем. Шахсоне хастанд, ки то 1000 ва 2000-доллари харидори кардаанд. Мо шояд нодуруст гуфтем, ки ин машгулияти хуб нест. Бигзор рохи маблагчамъкунии хуб бошад! Вале барои ки? Барои ман, ё барои дусти ман? Агар ташкилот 4340 доллар чамъ кунаду 250 долларашро баргардонад, ин бар фоидаи кист? Аз хама асосиаш ин ки, вакте чавонон аъзо мешаванду баъдан пушаймон мегарданд, дигар рохи кафогарди нест. Мачбуранд барои баргардонидани маблагашон пеш раванду мардумро даъват кунанд. 8680 долларро аз ёру дустонашон сарф кунанду ана баъд 500 доллар баргардонда гиранд. Ин дар як холат, мисоли як чавон. Чунин чавонон садхоянд. Шумораи дакики аъзошудагонро касе намедонад. Тахмин мекунанд, ки дар тамоми вилояти Сугд онхо то ба 7000 расидаанд. Аз дустони ман 10 кас аъзо шудаанд. Онхо ба ин ташкилот 6200 доллар супоридаанд. Танхо як нафари онхо 250 доллар ба даст овардаасту халос. 5950 доллари бокимонда кучо рафт? Бар фоидаи ташкилот. Махсулоте ки онхо ба ин 6200 доллар харидори карда буданд, шояд ба дасташон нарасидааст.

Фурушандахои бемаълумоту доно
На факат чавонони аъзошудаи чунин ташкилотхо, балки шояд худи шумораи ташкилотро хам касе ба дурусти надонад. Ин аст номгуи ташкилотхое, ки мо дар ду руз тавонистем чамъ кунем: Quest.net (http://www.quest.net/), Меридиан Интернешнл Групп (http://www.meridianlife.ru/), Тяньши (http://ru.tiens.com/ tiens/ru/ru/index.htm). Натавонистем то ба охир бо тарзи фаъолияти онхо шинос шавем. Ачибаш дар он хам хаст, ки масалан вакте дорухона меравед, хамеша медонед, ки фурушанда маълумоти тибби дорад. Баъзе аз ташкилотхои маркетинги шабакави ба фуруши дорухо ва ё махсулоти характери тиббидошта машгуланд. Вале шахсоне, ки шуморо даъват мекунанду даъвои хуб будани ин дорухоро мекунанд, шояд баъзеяшон хатто маълумоти миёнаи пурра надошта бошанд. Аммо бо чунон як боварии том ба шумо дар бораи махсулоташон накл мекунанд, ки гуё он даво ба тамоми намуди бемори бошад!

Асбоби фиреби омма
Маълумотхоро дар бораи маркетинги шабакави чамъ кардем. Дар тамоми маълумотхо онро чун рохи савдои хуб ва боварибахш тавсия медиханд. Охир ташкилоти истехсолкунанда бе иштироки миёнарав махсулоташро то ба истеъмолкунанда мерасонад, ин хуб аст. Истеъмолкунанда бо боварии комил медонад, ки махсулоте, ки вай харидори карда истодааст, аз худи ташкилоти интихобкардаш асту хеч гох калбаки намегирад. Вале бо нархи кимат фурухтани ягон махсулот, ё бо бахонаи «тухфа» чамъ кардани мардуму бо ин рох пули зиёде кор кардан на маркетинги шабакави, балки асбобест барои фиреби омма. Пас, чаро сохторхои кудративу идорахои дахлдор аз паи омузиши чунин фиреб намешаванд?
ЭЙМАН,
шахри Истаравшан

P.S. Аз маълумоти гирдовардаамон ба хулоса омадем, ки агар такрибан 7000 кас ба чунин ташкилот аъзо бошаду хамаи онхо махсулоти аз хама арзон гирифта бошанд, хисоби умумии маблаг баробар мешавад ба 4340000 доллар. Ин микори аъзоён ва пули рафта вобаста ба як ташкилот аст. Агар тамоми ташкилотхои амалкардаистода ва шумораи аъзоёнашон, маблаги махсулоти харидкарда ва микдори умумии маблаги аз Точикистон рафтаро хисоб кунем, шояд барои сохтмони якчанд мактаби хозиразамону якчанд китобхона, синфхонахои компютери ва ё корхонахои истехсоли кифоят кунад.

Рубрики:Uncategorized

Сотрудник милиции препятствовал профессиональной деятельности журналиста «Пайкон»

На прошлой недели полковник милиции Чакаев забрал удостоверение журналиста издания «Пайкон», когда тот по поручению редакции готовил материал о выселении жителей общежития Национальной Консерватории со стороны сотрудников правоохранительных органов. Об этом говорится на страницах издания от 08.07.09 года (№17).

Журналист рассказывает, что один из жителей общежития обратился в редакцию за помощью. По его словам, он является работником сферы культуры, но сотрудники милиции выгнали его из общежития и теперь ему негде жить. На его заявление в прокуратуру ему ответили — «иди туда, откуда пришел». Для выяснения обстоятельство журналист поехал на место события. Оказалось, что на самом деле обитатели общежития уже собрали вещи и выселяются. Увидев журналиста, полковник милиции позвал его к себе и попросил показать удостоверения. Забрав документ, он сказал «а теперь иди, куда хочешь. Кто твой начальник, пусть придет и поговорит со мной». Журналисту пришлось позвонить в редакцию, и только заметив это, полковник записал номера удостоверения и вернул его документ.

10.07.2009
Источник: Мониторинговая служба НАНСМИТ.

Рубрики:Uncategorized

БЕ ПАДАРУ БЕ ХОНАИ ПАДАР…

Июнь 16, 2009 1 комментарий

Бахси суди оид ба ин масъала соли 2002 огоз ёфта буд. Инак, наздики 7 сол аст, ки идома дорад. Дар ин давра 5 маротиба халномаи суди кабул карда шуда, як маротиба даъвогарро хамчун чинояткор ба курсии айбдори шинонданд.
Чи буду чи шуд? Барои чи модари ду кудаки ноболиг доштаро ин кадар сарсону саргардон мекунанд?? Чаро руз то руз парванда печидатар мегардад? Дар паси хамаи ин ки меистад?
Биёед, аз аввал накл мекунем. Бо амри такдир Мохбиби Олимова бо Субхон Шокиров акди никох баста, дар шахрчаи Лучоб хонаи № 101, дар хонаи падари шавхараш Шокир Тохиров зиндаги мекард. Хочагии якчоя доштанд. Дар хамин сурога падарарусаш Ш. Тохирову духтараш, занаш Н. Мухточова зиндаги мекарданд. Соли 1995 Мохбиби Олимова фарзанди нахустинашон Илхомро таваллуд мекунад. Пас аз таваллуди фарзандаш муносибати хушдоманаш Н. Мухточова бо онхо сард мегардаду бо шавхараш Ш. Тохиров чанчол карда мегуяд, ки писараш бо занаш чудо зиндаги кунанд. Соли 1996 хангоми маротибаи дуюм хомиладор буданаш хамрохи шавхарашу писарчаашон Илхом мачбур мешаванд, ки дар яке аз бустонсарохои шахрчаи Лучоб муваккатан зиндаги кунанд. Баъди таваллуд кардани фарзанди дуюмашон Фаттона ба хонаи падару модараш шахрчаи Лучоб хонаи 90 рафта муваккатан зиндаги мекунад.Чунки дар он бустонсаро оддитарин шароит барои зиндагию нигохубини кудаки навзод набудааст. Соли 1996 шавхараш Субхон Шокиров барои кор ба Русия меравад. Мохбиби бошад хар вакт ба хонаи хусураш рафта меомадааст. Соли 1997 у дар хонаи яке аз хешони шавхараш муваккати зиндаги мекунад. Хусураш доимо мегуфтааст, ки барои Мохбибию кудаконаш хона харида медихад. Бо хамин максад падар ба назди писараш Субхон ба Русия барои овардани пул меравад. То ки барои оилаи писараш хона харад. Мохбиби масъалаи бо хона таъмин карданашро доимо ба хонаи хусураш омада, мебардоштааст. Дар хонаи хусураш кучаи Лучоб 101 якчанд руз зиндаги мекардаасту бо талабу чанчоли хушдоманаш, ки уро аз хона пеш мекардааст, мачбур хонаи шавхарашро тарк карда, боз ба хонаи падару модараш меравад. Соли 2001 хусураш касали вазнин мешавад. Мохбиби бо фарзандонаш омада, дар хонаи хусураш зиндаги карда, уро нигохубин мекунад. Хусураш ба А. Мухточова мегуяд, ки хонаро фурухта ба келинаш як хона харида медихад. Хушдоманаш розиги медихаду баъди чанд руз боз уро бо фарзандонаш пеш мекунад. Даъвогар боз ба хонаи волидайнаш меравад, ки дар он чо зиёда аз 38 нафар аъзои оила зиндаги мекарданд.
Мохбиби ба раиси махалла Убайдулло Шоимов мурочиат мекунаду хамрохаш гирифта ба хонаи хусураш барои хал намудани масъалаи манзили зисташ рафта, талаб мекунад, ки бо фарзандонаш он чо зиндаги кунад. Хусуру хушдоманаш рози мешаванду баъди 2-3 руз хушдоманаш боз уро аз хона пеш мекунад. Ба нозири минтакави мурочиат мекунад. Нозири минтакави Мехмондустов, раиси махалла У.Шоимов рузи 14.10.2001 сол ба хонаи хусураш мераванд. А. Мухточова дар хузури онхо забохат медихад, ки хонаи шавхарашро дар кучаи Лучоб № 101 фурухта ба даъвогар хона харида медихад. Боз уро фиреб дода, ваъдаашонро ичро намекунанд. Падари шавхараш Ш. Тохиров мохи июни соли 2002 аз олам мегузарад. Мохбиби пас аз марги падарарусаш хабардор мешавад, ки хонаро хушдоманаш Н. Мухточова ба номи писараш Б. Раимкулов хуччатгузори намудааст. Мачбур мешавад, ки барои ба хонаи падари шавхараш маскун гардидан ба суд мурочиат намояд. Ба суди нохияи Синои шахри Душанбе мурочиат мекунад. Санаи 28 октябри соли 2002 судяи суди нохияи Сино С. Расулов масъаларо мавриди барраси карор дода, даъвои М. Олимоваро конеъ гардонда, хамчун аъзои оилаи молик Б. Раимкулов ба хонаи бахси маскун менамояд.
Чаро пас аз марги Ш.Тохиров молики хонааш Б. Раимкулов гардид? Писари Ш. Тохиров-Собир барои кор ба Русия рафту дигар барнагашт. Мархум Ш.Тохиров бо никохи мусулмони бо Н. Мухточова акди никох баста буду он вакт Н. Мухточова хамрохаш писараш Бахтиёр низ буд. Модар дар хонаи Ш. Тохиров хамчун хамсар зиндаги мекарду писараш барои Ш. Тохиров чун фарзанд ба камол мерасад.
Наздики 8 мох Шокир Тохиров бемор мешавад. Аз руи нишондоди Н.Мухточова вай хонаро ба писараш Бахтиёр ба маблаги 3 хазор сомони фурухта барои табобату дигар маъракахои пас аз дафнии сохибмулк сарф кардааст.Вале бародари мархум Бой Тохиров забонхат додаст, ки ягон кас барои маросимхои пас аз дафнии бародараш ва вакти бемор буданаш маблаг сарф накардааст. Ин чо мухим нест, ки ки барои маъракахою дигар мавридхо маблаг сарф кардаааст. Чунки муайян намудани он хеле мушкил асту омузиши тулониро такозо менамояд.Танхо муайян кардани чигунагии хариду фуруши манзилгох, ки дар асоси санадхои хукуки ба амал омадаанд, барои ба ин казия равшани андохтан кумак карда метавонанд.
Боваринома 1-сентябри соли 1999 аз номи Шокир Тохиров ба хамсараш Назира Мухточова, ки аз кайди сабти асноди холатхои шахрванди нагузаштаанд, барои фурухтани хонаи истикоматии шахрчаи Лучоб хонаи 101 дода шудааст. Бо карори суди нохияи Сино аз 3-апрели соли 2002 мукаррар карда мешавад, ки сохибмулки ин хона Шокир Тохиров мебошад. Маълум мегардад, ки боваринома се сол кабл дода шудаасту ягон асоси хукуки надорад. Чунки хеч кас намедонист ин манзил ба ки тааллук дорад. Меоем сари шартномаи хариду фуруш аз 26-апрели соли 2002. Вакте ки шартномаи хариду фуруш дар намояндагии Н. Мухточова бо писараш Бахтиёр Раимкулов баста шуд, сохибмулк Шокир Тохиров дар кайди хаёт буд. Барои чи хангоми бастани шартномаи хариду фуруш у чалб карда нашуд? Эхтимол далел оранд, ки бемор буду имконияти ба идораи нотариали омадан надошт.Чаро нотариати давлати ба назди у рафта, ризоияташро дар бораи фурухтани хона напурсид? Ё ин ки барои чи санади хариду фуруши хона бевосита бо иштироки худи сохибмулк сурат нагирифт? Харчанд хангоми хариду фуруши манзил аз тамоми аъзоёни болиги оила ризояташон гирифта мешавад.
Ба халномаи баровардаи судя С. Расулов ризо нашуда чавобгарон ба мархилаи шикоятии суди шахри Душанбе ариза менависанд. Парванда барои баррасии нав ба хамон суду дар хайати дигар баргардонда мешавад. Парвандаро судяи суди нохияи Сино Т. Д. Кувватова ба истехсоли худ гирифта, санаи 2 июни соли 2003 хал менамояд, ки бинобар гузарондани мухлат даъвои М. Олимова рад карда шавад.
Бале, гуё Мохбиби Олимова мухлати даъворо гузаронда бошад, судя чунин халнома мебарорад. Тибки мукаррароти конун мухлати умумии даъво се сол мукаррар карда шудааст ва чараёни ин мухлат аз лахзаи огох шудани шахс аз поймол гардидани хукукаш огоз меёбад. Аз маводхои парванда маълум мегардад, ки санаи 14.10.2001 сол Н. Мухточова забонхат додааст. Пас аз он чанд маротибаи дигар даъвогар ба хонаи бахси омадаасту дар интихо ба суд мурочиат мекунад. Судя Т. Д. Кувватова забонхати Н. Мухточова барои харида додани хона додаашро ягон ухдадории граждани хисоб намекунад. Гуё он бо рохи фиреб гирифта шуда бошад.
Агар забонхат бо рохи фиреб гирифта мешуд, чаро то баррасии суди Н. Мухточова ба ягон чой мурочиат накард? Ё ин ки дар баррасии аввалаи парванда нагуфт, ки ин забонхатро бо рохи фиреб аз у гирифта буданд?.
Ба ин халнома ризо нашуда М. Олимова боз ба коллегияи суди оид ба баррасии парвандахои граждании суди шахри Душанбе аризаи касатсиони менависад. Парвандаро ба хамон суду дар хайати дигар бармегардонанд. Судяи суди Сино И. Х. Бобочонов санаи 23-августи соли 2004 бахси шахрвандиро барраси намуда, хал мекунад:
«Даъвои Олимова Мохбиби Бобобековна кисман конеъ карда шавад.
Олимова Мохбиби Бобобековна аъзои оилаи молик Раимкулов Бахтиёр Хасанович дониста шавад ва бо фарзандонаш ба манзили истикоматии вокеъ дар кучаи Лучоб, хонаи №101-и шахри Душанбе маскун карда шавад».
Мохбиби Олимова бо ду кудаки ноболигаш, пас аз 4 соли даву този суди, танхо санаи 11 ноябри соли 2004 ба ин хона маскун карда мешавад.Ду мох зиндаги накарда, мушкилоти дигаре пеш меояд. Мохбибиро дар худсари айбдор мекунанд. Гуё у яхдони Бахтиёр Раимкуловро худсарона гирифта, аз худ карда бошад. Аз руи нишондоди чабрдида Б. Раимкулов, ки дар хукм оварда шудааст, у санаи 1 январи соли 2005 бо максади хабаргирии манзилаш ба Лучоб меояду яхдонашро дар ошхона намеёбад. Ба милиса мурочиат мекунад. Милисахо муайян мекунанд, ки М. Олимова яхдони уро гирифта ба хонаи хоби худ бурда будааст.Дар мурофиаи суди Б. Раимкулов аз суд хохиш кардааст, ки нисбат ба М. Олимова чазо таъин карда шавад.
Иштирокчиёни ин «сахна»-и суди, агар ду нафар шахсони холисро ба назар нагирем, модару писар аз як тарафу аз тарафи дигар Мохбиби мебошанд.Шахсони холис, ки дар хукм хамчун шохид маънидод мешаванд, танхо нишондод додаанд, ки яхдонро аз хонаи Махбиби берун баровардаанд. Худ аз худ аён мешавад, ки ду бор як кас голиб меоянд. Вачххои овардаи Мохбибиро, дар мавриди чунин яхдонро аз Сирочиддин Аминов ном хамсояаашон хариданаш, на аз тарафи тафтишот санчида мешаваду на ба суд он шахрвандро даъват карда мепурсанд. Судяи суди нохияи Синои шахри Душанбе И.К. Гиёев дар таърихи 20 апрели соли 2005 Мохбиби Олимоваро бо моддаи 334 (худсари) кисми 1 Кодекси Чиноятии Чумхурии Точикистон айбдор хисобида, дар намуди корхои ислохи дар чои кораш ба мухлати як сол бо нигох доштани дах фоизи музди мехнати хармоха ба фоидаи давлат хукм мекунад.
Манзил дар бахси суди карор дошту халномаи суди оид ба дар манзили бахси маскун намудани М. Олимова бо фарзандонаш набаромада буду санаи 11-майи соли 2004 дар идораи нотариалии давлатии нохияи Сино тахти фехрести № 8д-201 Б. Раимкулов ба маблаги 8300 доллар ба шахрванд А. Алиев хонаро мефурушад. Гуё А. Алиев пас аз харидани хона барои мардикори ба Русия рафта будааст. Хамсараш Г. Хикматова бо М. Олимова якчоя зиндаги карда натавониста, дар манзили истикоматии дигарон хамчун ичоранишин зиндаги кардааст .У дар таърихи 3-августи соли 2006 аз Русия баргашта аз ин ходиса хабардор шудааст.
А. Алиев барои аз манзили истикоматии харидааш берун кардани М. Олимова бе додани манзили дигар ба суд мурочиат мекунад. Дар суд А. Алиев аз даъвояш дар кисми кучондани М. Олимова аз манзили истикомати даст кашида, аз суд хохиш намудааст, ки уро бо ахли оилааш дар хонаи бахси, яъне Лучоб 101 маскун намояд.
Судяи суди нохияи Сино Д. М. Ризоева санаи 28.08.2006 чунин хал мекунад.
«Даъвои Алиев Абдурахмон Вахобович ва Хакимова Гулистон нисбати Олимова Мохбиби, Рахимкулов Бахтиёр ва Мухточова Назарби оиди маскун намудан ба манзили истикомати конеъ карда шавад.
Алиев А. В. бо ахли оилааш ба манзили истокоматии вокеъ дар сурогаи шахри Душанбе кучаи Лучоб, хонаи 101 маскун карда шавад.
Аз даъво даст кашидани Алиев А. оиди кучонидани Олимова М. аз манзили истикомати кабул карда шуда, пешбурди кор дар ин кисм катъ карда шавад».
Касе аз хонахару хонафуруш суол намекунад, ки барои чи ин манзилгох дар бахси суди карор дошту Шумо шартномаи хариду фурушро ба тавсиб расондед?
Мохбиби гумон кард, ки бо хамин хамааш ба охир расид.Баъди чанде боз мушкилии дигаре пеш омад. А. Алиев хонаи бахсиро ба Б.Ч. Сафаров ном шахс санаи 9 январи соли 2008 фурухта будааст. Барои ба он хона рафтану зиндаги намудан Мохбиби Олимова садди рох гардида онхоро намегузоштааст, ки дар манзили харидаашон зиндаги кунанд.Б.Ч. Сафаров ба суди нохияи Синои шахри Душанбе барои дар манзили харидааш маскун намуданашу аз он бе додани манзилгох берун намудани Мохбиби Олимова аризаи даъвоги менависад. Дар суд Б.Ч. Сафаров иброз менамояд, ки то харидани хона намедонистааст, ки Мохбиби Олимова аъзои оилаи Б. Раимкулов мебошад. Магар хамин чиз боиси беэътибор донистани шартномаи хариду фуруши байни А. Алиеву Б.Ч. Сафаров намебошад? Дар боло хам таъкид намудем. Боз илова менамоем, ки тибки талаботи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи нотариати давлати» хангоми бастани шартномаи хариду фуруши хона хатман шахсони маскунбудаи он манзилгоху аъзоёни оила огох карда шуда, барои кабул шудани чунин санад ризоияташон гирифта шавад. Маълум аст, ки бо халномаи суди нохияи Синои шахри Душанбе аз 23-августи соли 2004 Мохбиби Олимова ба ин хона маскун шуда, хамчун аъзои оилаи молик эътироф гардида буд. Вале ин нишондоди конун риоя карда намешавад.
Санаи 12 феврали соли 2008 судяи суди нохияи Сино К.Д.Дустмуродова аризаи даъвогар Б.Сафаровро мавриди барраси карор дода чунин хал мекунад:
«Даъвои Сафаров Бахтиёр Чалишиевич нисбати Олимова Мохбиби оиди кучондан аз манзили истикомати ва руёндани зарари модди кисман конеъ карда шавад.
Чавобгар Олимова Мохбиби бо ахли оилааш аз манзили истикоматии вокеъ дар шахри Душанбе , кучаи Лучоб 101 бе додани манзили дигари истикомати кучонда шавад.
Даъвои Сафаров Бахтиёр нисбати Олимова Мохбиби дар кисми руёндани зарари модди рад карда шавад».
Дар халномаи суди таъкид мешавад, ки Мохбиби Олимова ягон хуччати хукукмуайянкунанда ба ин манзил надорад. Намедонем, чиро дар назар дошта судя чунин хулоса бароварда бошад. Магар, хамон халномаи суди (аз 23-августи соли 2004) хуччати хукукмуайянкунанда нест? Чаро онро судя нодида мегирад? Дар асоси хамон халнома шахрванд аъзои оила дониста шуду ба он манзил маскун гардид. Наход ин чиз ягон арзиши конуни надошта бошад?
Аз хама ачибаш он аст, ки халнома 12 феврали соли 2008 кабул карда шудаасту ба Мохбиби Олимова 23 феврали соли 2009 ирсол карда мешавад. Пас аз гузаштани зиёда аз як сол…Намедонед, ки як сол ин халнома кучо хобид.
-Ба хамаи ин бозихо Бахтиёр Раимкулов, ки дар суди иктисоди кор мекунад, сахм дорад, -мегуяд М. Олимова. Борхо ба макомотхои дахлдор мурочиат намудам, ки пеши ин амалхои хилофи конун гирифта шаванд.Вале боз хамон чурабозию хамон хамдигарро химоя намудан. Ман намедонам, бо ду кудаки ноболигам ба кучо равам. Аз ки имдод чуям? Шавхарам 13 сол мешавад, ки бедарак аст. Ки рахми моро мехурад? Аз хар тараф ба ман фишор оварда истодаанд. Ариза менависаму баъди интизорихо хамон як чавобро мегирам.Хайронам, чи кор кунам… Наход, хакикат набошад…
Не, хакикат хаст! Онро кад мекунанду шикаста наметавонанд. Рузе мерасаду хама чиро аз нав варакгардон мекунанд. Хам масъалаи бовариномаи нахустину хам шартномахои хариду фуруши манзилро.Ба андешаи мо хишти ин «бино» аз аввал кач гузошта шудаасту то ба охир он кач меравад. Мерасад, рузе…
Бале, мерасад, рузе…Фарзандакони Мохбиби бо кадом ранчу азобе набошад, ба камол мерасанд. Эхтимол сохиби хонаю дари бошукухе гарданду ба модарашон гуянд, ки « Модарчон, ана мо хона сохтем, бо маблаги араки чабини худ. Бахузур зиндаги кардан гир. Ёд дорем, ки барои дар хонаи бобоямон зиндаги намудан, чи кадар аз як суд ба суди дигар мекашиданд. Шабхо омада, то сахар гиря мекарди.Ха, модарчон ту моро бе хонаи падару бе падар калон карда буди»…
Намедонем, чунин андеша ба хотири Бахтиёр мерасида бошад…
Чумъаи Толиб,
БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized

ЧАНД БОР ЧАСТИ «МАЛАХАК»?

Судяи суди нохияи Фирдавсии шахри Душанбе Ф.М. Бобобеков бо халномаи худ дар таърихи 17 сентябри соли 2008 дар асоси даъвои Р.З.Мерганов нисбат ба Ф. Мерганова, Р.Хочаев, Ш.Хочаев ва Д.Каюмова оид ба беэътибор донистани шартномаи хариду фуруши манзили истикомати ва кучондан аз манзил, хамчунин даъвои мутакобилаи чониби дигарро мавриди барраси карор дода, халномаи худро мебарорад.Хамин халнома сабаб гардиду дар асоси мурочиати шахрвандон ба омузиш машгул гардидем. Пас аз сухбат бо нафарони алохида, барои хаматарафа инъикос намудани масъала дар таърихи 20 феврали соли 2009 ба Шурои адлия ба тарики хатти мурочиат намудем. Чанд руз сипари гардиду барои муайян намудани натичаи мурочиатамон ба шуъбаи умумии Шурои адлия рафтему посух доданд, ки мактуб барои мохиятан барраси намудан ба муовини аввали раиси Шурои адлия М. Р. Хабибуллоева ирсол карда шудааст. Назди М. Р. Хабибуллоева рафтему пас аз шунидани сабаби омаданамону чи кора буданамон, бо як дурушти посух доданд, ки «Чи шумоён ба фаъолияти Шурои адлия дахолат мекунед? Равед, ба мактубатон чавоб мефиристем». Хатто нагузоштанд, ки бо чанд суол мурочиат кунем. Интизори тул кашиду мактуби дигарро дар санаи 2 марти соли 2009 пешниход кардем. Аммо ягон чавобе нагирифтем. Нихоят, санаи 18 маи соли равон ба Шурои адлия рафта, хостори посухи мактубхо гардидем. Гуфтанд, ки кайхо посух фиристодаанд ва як нусхаи дигарро ба мо доданд. Дар посух, ки онро муовини аввали раиси Шурои адлия М. Р. Хабибуллоева имзо кардаву дар он санаи 21 апрели соли 2009 меистод, ба ду мактуби мо як чавоб омода гардида буд .Яъне, «бо як кулух ду фохтак»-ро задани шудаанд. Посухро хонда кас хайрон мешавад, ки чаро моро гул задани мешаванд?! Дар бораи риоя накардани мухлати посух тибки конунгузории чумхури чизе намегуем, зеро хадафи мо дигар аст. Мурочиат карда будем, ки барои шинос шудану омузиши арзу шикояти шахрвандон нисбат ба судя Ф. Бобобеков ризоият диханд. М. Р. Хабибуллоева ризоият надоданд. Дар мактуби дуюм бо харфхои хоно навишта будем: «Иттило дихед, ки дар давоми соли 2008 нисбат ба судяи суди нохияи Фирдавсии шахри Душанбе Ф. Бобобеков чанд шикоят дохил шуд ва чи гуна тадбирхо андешида шуданд? Вале аз нишон додани ин далел хам худдори кардаанд. Дар чавобнома мехонед: «Мувофики конуни конститутсиони Чумхурии Точикистон «Дар бораи судхои Чумхуриии Точикистон» санчиши маълумотхо оид ба рафтори судя ва огоз намудани истехсолоти интизоми аз тарафи Коллегияи тахассусии Шурои адлияи Чумхурии Точикистон сурат мегирад.Мувофики конуни номбурда хар гуна дахолат ба фаъолияти судя хангоми ба амал баровардани адолати суди манъ аст».Мазмуни мактуби пешниходкардаамонро дар боло овардем. Ба ин пораи посух мукоиса намоеду хулоса бароред.Охир, мо танхо бо максади шинос шудан ва омухтани арзу шикояти шахрвандон мурочиат карда будем, на ин ки барои «санчиши маълумотхо оид ба рафтори судя». Хамчунин, дар Шурои адлия ба мурочиати шахрвандон шинос шудан, чи хел «харгуна дахолат ба фаъолияти судя хангоми ба амал баровардани адолати суди» мешудааст? Нихоят М.Р.Хабибуллоева моро омузондани мешавад: дар моддаи 25 Конститутсияи Чумхурии Точикистон, ки ба он такя карда будем, навишта шудааст: «Макомоти давлати, иттиходияхои чамъияти, хизбхои сиёси ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба хар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба хуччатхое, ки ба хукук ва манфиати у дахл доранд, таъмин намояд,ба истиснои холатхое, ки конун муайян кардааст». Акнун казоват кунед, ки ин нишондоди Сарконун аз чониби ки вайрон карда шуд? Шинос шудан ба шикояти шахрвандон нисбат ба судяи суди нохияи Фирдавси Ф. Бобобеков ба манфиати касбии мо алокаманди дорад.Дар кучои конунгузори навишта шуда бошад, ки ба мурочиатхои шахрвандон шинос шудани рузноманигор манъ аст?
Хамчунин дар посухнома таъкид мешавад, ки тибки нишондоди моддаи 14 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хукуки дастраси ба иттилоот» пешниход намудани иттилооти дорои маълумоти дар бораи баррасии парвандахои граждани ва чиноятию хочаги ва мавод оид ба хукуквайронкунии маъмури дар мавридхое, ки фош кардани ин маълумот бо конун манъ карда шудааст ё метавонад боиси риоя нашудани хукуки инсон ба баррасии холисонаи судии парванда гардад, ба хаёт ва саломатии шахрванд тахдид намояд, манъ карда шудааст.Инсоф кунед! Аз ин сабабхои оварда шуда кадомаш ба дархостхои мо дохил мешаванд? Бори дигар таъкид мекунем, ки хадафи мо танхо ба мурочиатхои шахрвандон шинос гардидан буд.
Пуштибонии М. Хабибуллоева аз судя Ф. Бобобеков дар дигар посуххояш низ баръало мушохида карда мешавад.Санаи 12 ноябри соли 2008 ба шахрванд Ш.Хочаев посух дода мешавад, ки хакикатан парвандаи шахрванди санаи 15 майи соли 2006 ба истехсоли судя Ф. Бобобеков гирифта , мухлати тулони кашол дода, нишондоди моддахои 117, 157, 218 КМГ ЧТ вайрон кардаасту барои чунин рафтораш дар хузури муовини авали раиси Шурои адлия М. Хабибуллоева огохонида шудааст.
Магар химоя кардан аз ин зиёд мешавад? Шахрвандон як маротиба не, якчанд маротиба такрор ба такрор менависанд, ки хангоми баррасии парвандаи шахрванди хукуку манфиатхои онхо аз тарафи судя дагалона вайрон карда шудааст. Хатто дар аризахояшон дар бораи тамаъи маблаг ва гирифтани маблаг аз тарафи судя сухан меравад.Дар яке аз аризахояшон кайд мекунанд, ки хангоми гузарондани суди сайёр судя Ф. Бобобекова бе ягон асос сардори хона(старший дом)-ро «авчарка» мегуяду бо алфози кабех суханони ночоро хамрох менамояд..
Намедонем, ин навиштахои шахрвандон то кадом андоза ба вокеият наздик аст.Муайян намудани далелхои дар аризахояшон овардаро бигзор макомотхои дахлдор халлу фасл намоянд.Вале зиёда аз ду сол тул кашидани як парвандаи граждани касро хайрон мекунад. Парвандаи номбурда 15 майи соли 2006 ба истехсолоти судя гирифта шуда,то санаи 17 сентябри соли 2008 идома меёбад.Пас аз кабули халнома арзу шикоят авч мегирад.
Мувофики навиштахои халнома, ки дар баррасии парванда муайян кардаанд, Р. Мерганов ба суд бо аризаи даъвоги мурочиат кардааст, ки соли 1973 Ф. Мергановаро ба зани гирифта, никохашонро 22 апрели соли 1978 аз сабти давлати гузарондаанд. Дар таърихи 15.06.1998 онхо хонаеро бо хамсараш дар кучаи Неъмат Карабоев мехаранд. Пас аз харидани манзили истикомати вай ба Русия рафта дар таърихи 24 апрели соли 1998 махбас шуда, соли 2004 аз хабс озод гардида,ба шахри Душанбе бармегардаду мефахмад, ки хонаашро дар набудани у хамсараш фурухтааст. Баъдтар маълум гардидааст, ки шахрванди аз хамсараш хонаро харида ба каси дигар манзилро фурухтааст.
Хамин чизро асос намуда барои бекор намудани шартномаи хариду фуруши манзилу аз он баровардани нафарони дар хона зиндаги дошта мурочиат кардааст.
Акнун ба далели овардаи даъвогар ахамият дихед. Хонаро мохи июни соли 1998 харидаасту ба Русия рафта, мохи апрели хамон сол хабс шудааст. Яъне, аввал хонаро мехараду пас вактро ба кафо мегардонаду хабс мешавад. Ки ба ин чиз бовар мекунад? Агар ягон манфиатдор набошад. Дар холати тамоман чонибдор будан хам ин холатро ба инобат гирифтан гайри имкон аст. Чунки хеч мумкин нест, ки чархи таърихро ба кафо гардони. Агар ин холатро дар як чои халнома вомехурдем, мегуфтем, ки сахве рох ёфтааст.Аммо дар чанд чой ин матлаб такрор мешавад. Санаи ба хабс гирифта шудани Р. Мерганов хаккони бошад, пас у хангоми харидани манзили бахси умуман иштирок надоштааст.
Дар халнома оварда мешавад, ки хамсари Р. Мерганов пас аз ба Русия рафтани шавхарашу хабс гардиданаш, бинобар ду маротиба горат кардани манзилашон хостгори фурухтани манзил мегардад. Ба собик язнааш Т.Бокиев мурочиат мекунаду пас аз чанде язнааш ба назди у омада, гуфтааст, ки як шиносаш Х.Сафаров дар ВКД ЧТ кор мекунаду дар фурухтани манзил кумак мекунад. Язнааш Т.Бокиев ба Чумхурии Узбекистон кучида мераваду баъди гузаштани чанд вакт Х. Сафаров, ки ба хонаашон омада мерафтааст, хамрохи харидор Ш. Хочаев ба хонаи бахси омада, онро ба маблаги 3 хазор доллари амрикои нарх мекунанд Байни онхо маслихат шуда будааст, ки пас аз дар идораи нотариалии давлати баста шудани шартномаи хариду фуруши манзил харидор маблагро медихад. Ш.Хочаев гуфтааст, ки мехохад хонаро ба номи бародараш Р. Хочаев ба расмият дарорад. Аммо имруз ба идораи нотариали омада наметавонад. Рузи дигар мувофики маслихати кардаашон Ш. Хочаев наомадаасту Ф.Мерганова ба хонаи бахси рафтааст, ки дари хона кулф будааст. Сурогаи Ш. Хочаевро намедонистааст. Аз ин лихоз Х. Сафаровро чустучу намуда наёфтааст. Чунки Х. Сафаров ичоранишин будаасту аз он чо хам кучида рафтааст.Якчанд маротиба ба хонаи бахси рафтаасту дари он махкам будааст.Пас аз он ба назди нотариуси давлати рафта оид ба шартномаи хариду фуруши манзил пурсон мешавад.Нотариус чавоб медихад, ки шартнома аз харду чониб имзо карда шудааст.Пас Ш. Хочаевро кофтукоб карда, ба чои кори у рафта, маблаги хонаи бахсиро талаб кардааст. Ш.Хочаев ба у тахдид кардааст, ки як бори дигар ба наздаш барои маблаг ояд, вайро хам монанди шавхараш хабс мекунад. Азбаски зани танхо будааст, аз ин тахдид тарсида, ба шахри Самарканди Чумхурии Узбекистон ба назди волидонаш рафтааст.
Кас ба ин нишондоди Ф. Мерганова бовар мекард. Агар дар давоми ин солхо боре хам бошад ба ягон макомоти дахлдор мурочиат менамуд.Гуфтем, ки дар он солхо вазъияти чумхури ноором буду боиси хавотири мегардид. Чаро пеш аз худуди чумхури баромада рафтан Ф. Мерганова ба макомоте мурочиат накард, ки маблаги хонаашро надодаанд? Имкон дошт, ки аз шахри Самарканд истода мурочиат намояд. Аммо ин амал зохир карда намешавад.Аз шартномаи хариду фуруши манзили бахси то рузи даъво пешниход кардан 8 сол сипари гардидааст.Дар давоми ин солхо Ф. Мерганова пурра имконият дошт, ки дар сурати поймол гардидани хукукаш барои хифзи моликияташ мурочиат кунад. Аммо ягон харакате карда намешавад. Дар холате, ки ба он пурра имконият дошт.Дар мавриди нагирифтани маблаги хонаи бахси низ хаминро таъкид намудан лозим, ки дар хама чо пеш аз ба каси дигар гузарондани хукук ба моликият, ризоияти у пурсида мешавад.Дар холати норизо будан шахрванд метавонад ба хамон санади хукукмуайянкунанда имзои худро нагузорад. Дар ин чо худи Ф.Мерганова дар шартномаи хариду фуруш имзо гузоштааст, ки пурра пардохта шудани маблаги манзили бахсиро гувохи медихад.Гайр аз он Ф. Мерганова ба унвони нотариати давлати бо ариза мурочиат карда будааст, ки барои фурухтани манзили бахси шавхари даъво мекарда надорад.
Дар асоси чунин далелхое, ки ягонтои онро бебахс кабул кардан мумкин нест, судя Ф. Бобобеков аризаи даъвогии Р. Мерганов ва Ф. Мергановаро каноатбахш намуда, хал менамояд, ки аз хисоби Ш.Хочаев ба фоидаи Р. Мерганов ва Ф. Мерганова 47 хазор доллари ИМА мутаносибан бо асъори милли 160 740 сомони руёнида шавад.Д.Каюмоваро бадастоварандаи бовичдони манзили бахси эътироф намуда, аз хисоби Ш. Хочаев ба фоидаи давлат бочи давлати 803 сомони руёнида шавад.
Пас аз ин халнома чавобгарон ба коллегияи касатсиони оид ба баррасии парвандахои чиноятии суди шахри Душанбе мурочиат мекунанд.Суди мархилаи касатсиони дар хайати раисикунандаА. Юсупов, судяхо Ш. Азизова, Р. А. Наимов шикоятро мавриди барраси карор дода, барои дар хамон суду дар хайати дигар барраси намудан парвандаро ирсол менамоянд. Дар карори зинаи касатсиони аз чумла кайд карда мешавад. «Суд дар рафти мурофиаи суди талаботхои КМШ ЧТ-ро дагалона вайрон карда,онро ба инобат нагирифта,холатхои корро объективона, хаматарафа ба пурраги насанчида, оиди додани далелхои маблаги хона ба Мерганова Ф. шохидон баёнот додаанд, аммо хангоми баходихи бо далелу вачххои овардаи у, ба хатоги рох дода, талаботхои КМШ ЧТ-ро вайрон кардааст.Тамоми хулосаи овардаи суд нодуруст мебошанд ва ба холатхои вокеии кор мувофикат намекунанд»…
Карори коллегияи зинаи касатсиони санаи 17 сентябри соли соли 2008 кабул карда мешавад. Вале то ба хол онхое, ки хамчун чавобгар зиёда аз ду сол аз кору фаъолияти худ монда ба мурофиахои суди даъват карда шуданд, шикоят доранд.
-Дар давоми ин кадар вакт,- мегуяд Ш. Хочаев, ба ман хеле зиёд зарари моддию маънави расид.Аз кори асосиам мондам, дар натичаи фикру асабоният ба бемори гирифтор шудам. Охир дар кучо дидаед, ки пас аз гузаштани 8 сол «конуншикани» ба ёдашон расаду боз онро судя ба хукми конун дарорад? Дар вакти мурофиаи судии зинаи аввал борхо ба судя Ф. Бобобеков суханони Президентро, ки дар даромадгохи бинои суд навишта шуда буданд: « Судя хукуки хато карданро надорад»-ро ёдрас намуда будам. Аммо судя бо як нописанди мегуфт, ки хар чи хоханд навиштан мегиранд.
Оид ба ин парванда хар хел акидахо, ки дар аризахои мурочиаткунандагон таъкид карда шудааст вомехуред. Дар якеи он шахрванд Х. Сафаров менависад, ки гуё назди у даъвогарон Р. Мерганов ва Ф. Мерганов омада гуфта бошанд, ки баёнот дихад, ки дар вакти хариду фуруши хона умуман чавобгарон маблаги хонаро надодаанд. Аз руи навиштаи муаллифи ариза гуё ин маслихатро ба даъвогарон судя Ф. Бобобеков дода бошад. Албатта, барои ин вачххоро санчидану ба он бахои хукуки додан мо ваколат надорем. Макомотхои дахлдор «муйро аз хамир чудо мекунанд». Дарвокеъ,айни замон дар асоси мурочиати шахрвандон дар Прокуратураи генерали оид ба ин масъала санчиш рафта истодааст.
-Кариб макомоте намонд, ки барои баркарор намудани хукукамон шикоят накунем, мегуяд,-Ш.Чалилова. Дар Шурои адлия танхо ба мо бе ягон санчиш посух медоданд. Бори аввал аст, ки дар Прокуратураи генерали моро даъват намуда, асли вокеаро пурсида, масъаларо санчида истодаанд. Мо бовари дорем, ки хак ба хакдор мерасад.
Хакикат шабехи офтоб аст. Имруз не, пагох зухур мекунад. Онхое, ки бо сабабе ошкор намешаванд, хоху нохох фош мегарданд. Дар халк хам мегуянд: «Як бор части малахак, ду бор части малахак, охир ба дасти малахак»…

Чумъаи ТОЛИБ

Талоши хакикату кунчи зиндон

«Илтичо мекунам, ёри расонед! Вагарна беадолати тантана мекунад»-бо чунин сатрхо ба охир мерасад, мурочиати хафтуми ба унвони Президенти кишвар навиштаи муаллимаи забони русии мактаби миёнаи тахсилоти умумии дехаи Шайнаки Муллогадои нохияи Рудаки С. Камолова. Дар аризааш С.Камолова хабар медихад, ки муфаттиши нохияи Рудаки А. Абдуллоев нисбат ба у тибки нишондоди моддаи 135 кисми 2 ва 3-и Кодекси Чиноятии Чумхурии Точикистон парвандаи чинояти огоз намуда, хар руз уро аз дарс махрум намуда, ба пурсиш даъват менамояд. Дар холе,ки имкон дорад, дар худи махал фактхо санчида шаванд.
Хамчунин, дар хамин мурочиатнома кайд карда мешавад, ки аризахои ба Дастгохи Раиси Чумхур фиристодаашро барои мохиятан барраси намудан ба макомотхои дахлдор фиристодаанд. Онхо бошанд, аризаро руяки санчидаанду баръакс мушкилоти мурочиаткунанда зиёдтар шудааст.Ин мурочиат санаи 3 ноябри соли 2008 мебошад.
Пас аз 14 рузи ин мурочиат муфаттиши шуъбаи тафтишотии ШКД-1-и нохияи Рудаки парвандаро бо айбдории С. Камолова дар содир намудани чинояти дар моддаи 135 ( тухмат) кисми 2 ва 3-и Кодекси Чиноятии ЧТ ба охир мерасонад.
Аз маводхои дар даст доштаамон маълум мегардад, ки Ш.Хушов барои руёндани 200 хазор сомони зарари маънави ба суди нохияи Рудаки мурочиат карда будааст. Ин аризаро барои барраси намудан судяи суди нохияи Рудаки Э. Алиев ба истехсолоти худ гирифта, барои масъаларо хал намудан ба мактаби дарс медодаи С. Камолова омада, мехохад дар хузури шогирдону муаллимон С. Камоловаро суд кунад. Аммо С. Камолова ба раиси суди нохияи Рудаки мурочиат намуда, хохиш менамояд, ки масъаларо ягон суди бегараз мавриди барраси карор дихад. Аз руи аризаи С. Камолова маълум мешавад, ки байни писараш ва фарзанди Ш.Хушов чанд сол кабл чанчол ба амал омада будаасту судя С. Алиев шабона такрибан соатхои 22 ба хонаашон омада, хохиш намудааст, ки пагох ягон химоячи даъват накунед, ман хам бе иштироки прокурор ин масъаларо мебинаму хал мекунам. Пагохаш дар мактаби деха чанчоли байни писараш ва фарзанди Ш.Хушовро мавриди мухокима карор дода, корро яктарафа хал намудааст. Писари уро, ки хамон вакт маъюб буд , тибки нишондоди моддаи 111 КЧ ЧТ гунахкор дониста, ба андозаи 100 маоши хадди акал баробари 2000 сомони чарима мебандад.
Маротибаи якум аризаи С. Камоловаро ба инобат намегиранд. Мачбур мешавад, ки ба тарики такрори аризаи нобовари нависад. Аризаро кабул мекунанду пас аз гузаштани ду мох боз Ш.Хушов аризаи такрори менависад, ки гуё хангоми пешниходи ариза барои барканор намудани судя Э.Алиев С. Камолова гуфта бошад, ки Ш. Хушов ба судя Э.Алиев 8 хазор доллари амрикои дода бошад. Вакти аризаи нобоварии С.Камоловаро барраси намудан намояндаи прокуратураи нохияи Рудаки Илхом Муродов ва адвокатхо ширкат доштаанд. Онхо дар баёнотхояшон иброз кардаанд, ки чунин суханонро нашунидаанд. Пас даъвогар онро аз кучо шунид? Барои чи пас аз гузаштани 2 мох оид ба ин масъала ба суд мурочиат кард? Чаро бо шахсони дар он чо хузур дошта, агар вокеан чунин сухан гуфта шуда бошад, ягон санад тартиб надоданд? Ин дафъа баррасии парвандаро судяи суди нохияи Рудаки М.Ш. Мирзоев ба истехсоли худ гирифта, дар асоси аризаи Шодмон Хушов дар санаи 11 июни соли 2008 карор дар бораи нисбат ба Сайёра Камолова тибки моддаи 135 кисми 3 парвандаи чинояти огоз намудан кабул карда, барои гузарондани тафтишоти пешаки ба прокуратураи нохияи Рудаки мефиристад.
Дар баррасии парванда шохидон даъват карда пурсида мешаванду ба саволи мушаххаси судя, ки Шумо хамин суханро, ки С.Камолова гуфта бошад, ки Ш.Хушов ба судя Э.Алиев 8 хазор доллари амрикои додааст, шунидед. Дар чавоб шохидон нишондод додаанд, ки чунин суханро шахсан аз забони С. Камолова нашунидаанд.
С. Камолова ба коллегияи суди оид ба баррасии парвандахои чиноятии Суди олии Чумхарии Точикистон аризаи касатсиони менависад . Аризаи С. Камоловаро конеъ намуда, карори кабулнамудаи судяро бекор карда, парвандаро барои аз нав мохиятан омухтан ба прокуратураи нохияи Рудаки ирсол мекунанд. Аз прокуратура ба ШКД-и нохияи Рудаки, ки натичаашро дар боло кайд кардем. Сайёра Камолова дар содир намудани чинояти дар моддаи 135 Кодекси Чиноятии Чумхурии Точикистон айбдор дониста шуда парвандаро барои мохиятан барраси намудан ба суд ирсол мекунанд.
Вакте ки парванда дар тафтишот будааст, пас аз гузаштани наздики 4 мох, баъди аризаи барканоркуниро маротибаи дуюм навиштану онро кабул кардани судя судя Э.Алиев, судя ба макомоти тафтишот ариза менависад, ки С. Камолова уро дар гирифтани пора тухмат карда буд. Хамин аризаро хам ба парванда хамрох мекунанду тафтишоти ибтидои гузаронда, якчоя ба суд мефиристанд. Касе намепурсад, ки барои чи баъди гузаштани ин кадар мухлат ин масъала ба хотири Э. Алиев расидааст?…
Баррасии казияро судяи суди нохияи Хисор Р. Рахимов ба истехсолоти худ гирифта, санаи 12 январи соли 2009 чунин хукм мекунад:
«Камолова Сайёра Саидовна бо моддаи 135 кисми 2 ва 3-и КЧ ЧТ гунахкор дониста шавад.
Бо моддаи 135 кисми 2 КЧ ЧТ Камолова С.С. ба мухлати як сол аз озоди махрум карда шавад.
Бо моддаи 135 кисми 3 КЧ ЧТ Камолова С.С. ба мухлати се сол аз озоди махрум карда шавад.
Дар асоси моддаи 67 КЧ ЧТ бо рохи чазои сабуктарро дар бар гирифтани чазои вазнинтар чазои нихои нисбати Камолова С.С. се сол махрум кардан аз озоди бо нигох доштан дар колонияи ислохотии низомаш умуми таъин карда шавад».
Дар мурофиаи суди айбдоркунандаи давлати М. Х. Назаров фикри айбдориро дастгири намуда, талаб менамояд, ки ба судшаванда ду сол корхои санчишии бехабси чазо таъин карда шавад.Вале судя Р. Рахимов дар симои муаллимаи мактаб «чинояткори хавфнок»-ро дида, уро барои паси панчара кашидан хукм мекунад. Хатто судя фикр накардаст, ки ин масъала аз кучо огоз меёбаду сабаби паси панчара кашида шудани С. Камолова чист?
Дар яке аз аризахои ба макомотхои болои навистаи С. Камолова омадааст: «Ман конунро мухофизатчии худ хисобида, аз болои беадолатхои Ш.Хушов ариза навистам. Фикр кардам, ки дар боло нишастагон ба доди ман мерасанд, арзамро мепурсанд. Аммо баръакс шуд.Худамро ба махкама кашиданд. Наход, адолат хамин бошад? Наход, барои хукуку манфиатхои худро химоя намудану аз камбудии дигарон шикоят навиштан тухмат бошад?»
С. Камолова чи навишт ва чаро хакталошиаш боиси паси панчара кашида шуданаш гардид? Дар огоз аз мурочиати охирини С. Камолова ба Дастгохи Раиси Чумхур ёдовар шуда будем.Дар хамон мурочиатнома С. Камолова 8 далелро меорад.
1. Мо 4 гектар хочагии дехкони доштему Ш . Хушов 5 гектар. Давлат ин заминхоро аз мо гирифт.Заминро мебоист факат онхое,ки хонахояшон барои сохтани аэропорт кучонда шуда буд, мегирифтанд. Аммо ба Ш. Хушов 6 китъаи замини зери иморат чудо карда шудаасту ба мо не.
2. Барктаксимкунак( трансформатор), ки Ш.Хушов дар назди девори бинои хавлии мо гузошт,оббарои хавлии моро махкам кард ва бо супориши Ш. Хушов аз ин барктаксимкунак ба мо кувваи барк дода намешавад.
3. Хатти баландшиддати баркро аз болои хавлии мо гузарондаанд. Ин хат то хонаи мо аз тарафи рости рох мегузашту дар назди хонаамон ба тарафи чап мегузашт.
4. Доимо аз пахлуи хавлии мо чуйбор мегузашт. Ш.Хушов дар чуйбор латок шинонду чуйборро ба хавлии мо 30-40 см наздиктар намуда, сатхи об баландтар гардид. Дар натича мо зарари модди дидему айвон ва танурамон корношоям гардид.
5. Собик раиси чамоат С. Шокиров барои сохтани бунгохи тибби ба мо ичозат дода буд.Мо ба чои бунгохи тиббии фарсуда онро сохтем. Тамоми мутахассисони нохия ризо буданд. Хангоми кабул намудани он бунгохи тибби Ш. Хушов ба мо халал расонд.
6. Бе ягон хуччати дахлдори чамоати дехоти Чортеппа ва дигар макомотхо Ш. Хушов чанд коргар оварда,девори дар гирди пункти тибби сохтаи моро вайрон кард. Он деворро бо максади нигох доштани бунгохи тибби сохта будем.
7. Якчанд маротиба бо супориши Ш. Хушов хати барки хонаи моро бурриданд.
8. Ш.Хушов бо шохидони худ мехоханд нисбат ба ман тухмат кунад, ки гуё гуфта бошам, ки Ш. Хушов ба судя 8000 доллари амрикои дода бошад. Ман хайрон мешавам, ки барои чи ин маблагро ном бурда истодаанд. Онхо инро исбот карда натавонистанд.Хамаи шохидони Ш.Хушов ва судя Э. Алиев кормандони заводи Ш. Хушов мебошанд. Як нафари онхо чонишини Ш. Хушов хамчун раиси махалла мебошад.
Маротибаи аввал як нишондод доданд. Акнун нишондодашонро дигар карда истодаанд.Намедонам, барои чи мехоханд, ки маро дар байни коллективи омузгорон, дар байни шогирдонам суд кунанд.
Ин далелхои С. Камолова, ки дар аризахояш такрор ба такрор таъкид менамуд. Натичааш он гардид, ки таълиму тарбия, зиндагию фарзандонро як суй гузошта дар кунчи зиндон зиндаги кунад.. Барои чи ин холат рух дод? Дар паси хамаи ин ки меистад? Оё навиштахои С. Камолова ягон асоси вокеи надоштанд?

Дар фикри айбдори оварда мешавад: «Дар ин мурочиатхо С. Камолова оиди аз чониби Ш. Хушов хангоми директори заводи «Точикэнергоремонт» буданаш содир намудани чинояти вазнин бо моддаи 314 кисми 3 КЧ ЧТ пешбинишуда, яъне гайриконуни ба даст овардани ду адад завод охиронро тухмат кардааст.
Вачххои овардаи у дар натичаи бурдани санчиш тасдики худро наёфтааст ва Прокуратураи Генералии Чумхурии Точикистон 12-уми июли соли 2006 тахти раками № 7-132-06 ба Камолова С.С. оид ба беасос будани шикояташ чавоб фиристодааст.
Инчунин директори Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза ба мукобили коррупсияи Чумхурии Точикистон Ш.О. Салимзода бо чавоб аз 25 ноябри соли 2007-ум бегунох будани Хушов Ш-ро низ исбот кардааст».
Аввал ба ин далели дар асоси он С. Камоловаро, бо моддаи 135 кисми 2 айбдор карданашон мутаваччех мешавем. Посухи прокуратураи генералии ЧТ аз 12-уми июли соли 2006 тахти раками № 7-132-06 айнан оварда мешавад: «Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон мурочиати Шуморо оиди кирдорхои гайриконунии хамдехаатон Хушов Шодмон мавриди санчиш карор дод.
Муайян карда шуд, ки вачххои овардаи Шумо дар хусуси харидани бошишгохи сахрои, буридани дарахтони тут, фурухтани заминхои хочагии дехкониаш барои сохтмони манзили истикомати аз тарафи Хушов Ш. асоси вокеи надошта, дар рафти санчиш тасдики худро наёфтанд.
Чунончи, бошишгохи сахроии номбурда моликияти шахсии Хушов Ш. набуда, дар мувозинаи хочагии ба номи Р. Давлатови нохияи Рудаки карор дорад ва ба хеч кас фурухта нашудааст.
Дар кисми фурухтан ва гирифтани заминхои хочагии дехкониатон бошад, мукаррар карда шуд, ки бо карори раиси нохияи Рудаки тахти № 249 аз 2 декабри соли 1996 ба шахрванд Хушов Ш. ба масохати 5 га. китъаи замин ва бо карори раиси хамин нохия тахти № 216 аз 11 сентябри соли 1997 ба шавхари Шумо – Хошматов З. ба масохати 4 га китъаи замин барои ташкили хочагихои дехкони чудо карда шудааст, ки онхо дар ин асос мутаносибан хочагихои «Шодмон-96» ва «Чайхун»-ро таъсис додаанд. Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон тахти № 541 аз 25-декабри соли 2003 барои кучонидани ахолии дехахои Навобод ва Полевая, ки хонахои истикоматиашон ба худуди сохтмони фурудгохи харбии «Хисор» вокеъ дар шахраки Навобод дохил мешавад, аз заминхои хочагихои дехконии «Шодмон» ва «Чайхун» мутаносибан 3 га ва 2 га китъаи замин хамчун замини наздихавлиги чудо ва ба шахрвандон таксим карда дода шудааст. Бокимонда 2 га замини хочагии дехконии «Чайхун» бошад, ба худуди заминхои сохтмони фурудгохи номбурда хамрох гардидааст. Ин амалхо низ ба Хушов Ш. ягон алокаманди надорад.
Вобаста ба хусусигардонии заводи таъмири трансформаторхо бошад, он ба воситаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Чумхурии Точикистон ба тарики музояда аз тарафи Хушов Ш. харидори карда шудааст ва дар ин хусус хуччатхои дахлдор мавчуд аст.
Оиди руёнидани зарари модди ва маънави аз хисоби Хушов Ш. бошад, тибки талаботи моддахои 1079 ва 1115 Кодекси граждании Чумхурии Точикистон ба Шумо фахмонда дода мешавад, ки бо аризаи даъвоги ба суд мурочиат намоед».
Пас аз ин чавоб якчанд маротибаи дигар ба унвони Прокуратураи генералии Чумхурии Точикистон аризаи С. Камолова дохил мешавад.Маротибае онро барои барраси намудан ба прокурори нохияи Рудаки ирсол менамоянду бори дигар бо имзои муовини прокурори генерали посух фиристода мешавад.Вачххои овардаи аризаи С. Камоловаро рад мекунанд.Чунин далел оварда мешавад:гуё тафтишот мукаррар кардааст, ки трансформатор дар хисоби тавозуни Шабакаи барки нохияи Рудаки меистаду мардуми деха барои истифодабарии кувваи барк ба Ш.Хушов ягон алокаманди надорад ва ба бунгохи тиббии аз чониби С. Камолова бо ахли оилааш худсарона сохта шуда Ш. Хушов ягон таъсир нарасондааст.
Барои ба масъала равшани андохтан иктибосеро аз аризаи С. Камолова меорем. «Барои истифода бурдани кувваи барк барои худаш( Ш.Хушов дар назар дошта шудааст.Шархи мо.) ва рафиконаш аз хисоби «Барки точик» трансфарматори баланд шиддати баркдиханда бо ичозати органхои барктаъминкунанда дар назди иморати хочагии мо ба тарики зури мондааст».
Ана, чавоби хадамоти давлати оид ба назорат дар сохаи энергетикаи Вазорати энергетика ва саноати Чумхурии Точикистон аз 21 августи соли 2008 тахти № 09/06-321 « Иктидори трансфарматори кувваги 400 кВА, мутобики шартхои техники барои ба системаи барк пайваст намудани эхтиёчоти коммуналию маишии хонаи истикоматии шахрванд Ш.Хушов таъин шудааст».
Модоме трансформатор барои эхтиёчоти коммуналию маишии хонаи истикоматии шахрванд Ш.Хушов таъин шуда бошад, пас чи хел шикояти навиштаи С. Камолова тухмат будааст? Чи хел «мардуми деха барои истифодабарии кувваи барк ба Ш.Хушов ягон алокаманди надоштаанд»?
Нисбат ба масъалаи худсарона сохтани бунгохи тибби бошад, дар даст нусхаи лоихаи сохтмони бинои бунгохи тибби, ки онро раиси чамоати дехоти Чортеппа С. Х. Шокиров санаи 17 июли соли 2006 тахти раками 2392 ба Зиёчон Хошматов додааст, дорем. Хакикатан он аз диди меъмори ба талабот чавоб намедихад. Вале дар он мухри раиси чамоат, ки дар хамон худуди маъмури конун ваколатдор кардааст, меистад. Пас чи хел он худсарона сохта шуда ба хисоб мерафтааст? Намедонем, бинои сохтаи З. Хошматов ба талаботи имруза чавоб медихад ё не? Чунки дари он махкам буд. Вале аник аст, ки бинои кухнаи тибби ба оддитарин шароит мусоидат намекунад.
Меоем сари посухи прокуратура, ки онро айнан овардем.Гуё С. Камолова шахрванд Ш.Хушовро дар содир намудани чинояти вазнин гайриконуни ба даст овардани ду завод тухмат карда бошад. Аслан мазмуни мурочиати С. Камолова чунин аст:Магар дар вазифаи муовини сардори «Барки точик» кор карда имкон дорад, ки ду заводро хусуси гардонад? Оё дар ягон чои ин пурсиш тухмати руирост дида мешавад? Имруз бошад мо пурсиданием, ки сарчашмаи даромади ин собик сохибмансаб аз кучост, то чунин иншоотро харидааст?
Ба андешаи мо ё иншоотро ба нархи ночиз фурухтаанд ё ин ки аз хисоби ягон маблаги дигари ба даст омада харида шудааст. Вакеан хангоми хусусигардони нишон додани сарчашмаи даромадро конунгузори талаб мекунад…
Гайр аз он дар ин посух гуфта нашудааст, ки Ш. Хушов бегунох аст. Баръакс ба С.Камолова тавсия дода мешавад, ки барои руёндани зарари маънави ба суд мурочиат кунад.
Далели дигари овардаи макомоти тафтишот чавоби Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза ба мукобили коррупсияи Чумхурии Точикистон мебошад.Ба ин посух ахамият дихед: (айнан) Cарраёсати Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон аризаи даъвогии шуморо, ки рузи 25 октябри соли 2007 тахти №К-10 ба Агенти ворид шуда буд, мавриди барраси карор дода, ба маълумоти шумо мерасонад, ки аз сабаби он ки вачххои дар ариза навишта тобеияти суди дорад, бинобар ин шумо метавонед оиди халли ин масъала ба суд мурочиат намоед.
Дар кучои ин посух : «бегунох» будани Хушов Ш. исбот карда шудааст?Дар асоси хамин ду посуху аризаи Ш.Хушов парвандаи чинояти огоз карда мешавад. С.Камолова ба ВКД-и Чумхурии Точикистон бо ариза мурочиат мекунад, ки муфаттиш парвандаро яктарафа, хилофи талаботи конун бурда истодааст.Вале парвандаро барои барраси аз ВКД ба шуъбаи корхои дохилии нохияи Рудаки мефиристанду боз аризаро ба хамон муфаттиш, ки аз болояш шикоят карда мешуд, месупоранд. Муфаттиш бошад, аризаро ба парвандаи чиноятии худи аризадиханда хамрох мекунад. Магар ин ачиб нест? Охир, то ба кай чунин бепарвои идома меёфта бошад? Аниктараш ин чо бепарвои нест. Дидаву дониста рафтор намудан аст, ки ба як бозии гурухи ба конуншикани даст дошта оварда мерасонад.
Дар фикри айбдории С. Камолова, ки тафтишотро муфаттиш А.Х.Абдуллоев бурдааст,номуайян аст, ки Ш.Хушов чабрдида эътироф шуда бошад, ё на.Чунки у хамчун чабрдида пурсида нашудааст.Дар хукм хам Ш. Хушовро чун чабрдида номбар намешавад. Агар Ш. Хушовро эътироф накарда бошанд, пас дар асоси вайрон гардидани хукуку манфиати ки С. Камоловаро суд кардаанд?
Вачхи дигари макомоти тафтишот дар мавриди гунахкории С. Камолова ин аст, ки гуё ба судя Э. Алиев оид ба 8000 доллари амрикои додани Ш. Хушов тухмат кардааст.Дар бораи ин масъала дар огози макола андешахоямонро иброз намуда будему хочат ба такрори он нест.
Вакте ки дар бораи мафхуми тухмат кас сухан меронад, пеши назар сухани гуфтае ва ё рафторе чилвагар мешавад, ки танхо ба хамон «тухматкунандаю тухматшаванда» дахл доранд. Вакте масъалаи ба миён гузошта ба воситаи дигарон, ки ваколаташон бештар аст бахогузори карда мешавад, тамоман кор ранги дигар мегирад. Чунки бо пешниходи нафаре, ки ба ранги шир ваколатдор асту гуфтаи у хукми конун дорад, хангоми гуфтани он ки шир сиёх гаштааст, бояд хатман ширро сиёх гуем.
Чаро ба ин гуфта руй овардему аз мавзуъ дур рафтем. Чунки ба вазъияти ба амал омада дурусттар бахо дода шавад. Дар асоси ду чавоб, ки дар боло овардему боиси паси панчара кашида шудани судшаванда гардидаанд, касе бояд посух гуяд. Охир, нафаре хамон шири «сафед»-ро сиёх гуфтаасту дигарон онро чунон кабул кардаанд.
Дар бораи мурочиатхои такрор ба такрори С. Камолова ба макомотхои болои гуфтем. Наход, ягон навиштаи у асоси вокеи надошта бошад? Хангоми овардани иктибос аз мактубхои макомоти прокуратураю Агентии назорати молияви ва мубориза алайхи коррупсияи Чумхурии Точикистон то андозае дар бораи мурочиатхои С. Камолова равшани андохтем. Маълум гардид, ки онхо асос доштаанд.Хамон вакт дар асоси аризаи С. Камолова кормандони чамоати дехоти Чортеппа аз 28. 08.2008 санад тартиб медиханд. Дар санад бо тамгаи чамоат тахти № 2371 ба кайд гирифта шудааст. Дар санад аз он чумла таъкид карда мешавад:
« Дар натичаи санчиш муайян гашт, ки хакикатан пушти хавлии шахрванд Камолова С. аз тарафи Хушов Шодмон барои гузаштани об 6 латоки обгузар чой карда шудааст.Аммо аз сабаби як кисми латокхо шикастан ва дар натичаи баланд шудани об хавлии шахрванд Камолова С. об зер карда, дар хакикат девори хонааш шиштааст.
Бинобар ба Хушов Ш. тавсия дода мешавад, ки латокхоро 50 см паст шинонад ва сурохихои латокхоро махкам кунад, то ки ба Камолова С. зарар нарасад».
Бубинед, лоихаи бо мухр тасдик намудаи раиси чамоат, санади омода кардаи кормандони чамоатро ба инобат намегиранду нишондоди ким-киро, ки бо рохи гараз ва ё манфиат шохиди додааст, бо «оби тилло» менависанд.Намедонед, муфаттишу суди дар ин парванда иштирокдошта маводхои расмиро ба инобат гирифтаанду ба конун такя кардаанд ё ин ки бо доираи ким- кадоме ракс намуда, нафареро паси панчара кашидаанд.
Хамаи навиштахои С. Камолова асос дорад. Мо онро бо чашми худ дидем. Ба хар кас хам алам мекунад, ки дар пахлуи хонаааш нуктаи барктаксимкунанда (трансфарматор) бошаду аз ким-кучо барк кашида биёранд. Агар ба барктаксимкунак чун моликияти шахсиаш рафтор накунад,( харчанд дар асоси мактуби Вазорати энергетика ва саноат овардааамон барои хонаи Ш.Хушов пешбини шудани барктаксимкунак маълум аст) чаро ба хонаи С. Камолова барк намедиханд? Дар холе, ки Ш.Хушов бо шавхари С. Камолова шахсони наздик-писари амак мешаванд.
Дар мавриди дар фасли зимистон аз тарафи Ш. Хушов кандани девори С. Камолова чизе гуфта наметавонем. Чунки он лахзаро айнан ба кафо гардондан гайриимкон аст. Харчанд одамон дар ин бора гувохи медиханд.
Танхо ба як далели дигар, аниктараш ба як вачхи дар аризахояш овардаи С. Камолова мутаваччех бошед. С. Камолова дар бораи замин менависад. Ана, посух:( айнан)
«Кумитаи давлатии заминсозии Чумхурии Точикистон аризаи шикоятии Шуморо дар махал барраси намуда, чунин иттилоъ медихад.
Дар аризаи шикоятии Шумо дарч гардидааст, ки Хушов Ш. сарвари хочагии дехконии «Хушов Ш» заминхои корами обии ба хочаги вобасташударо ба микдори 0,08 гектари, хамчун замини наздихавлиги ба фуруш монда шудааст.
Дар натичаи санчиш муайян карда шуд, ки дар асоси карори Хукумати Чумхурии Точикистон № 541 аз 25 декабри соли 2003 аз хисоби заминхои хочагии дехконии Хушов Ш. майдони 3 гектар барои кучонидани ахолии дехахои Полевая, Навобод, Лаби тол ба сохтмони хонахои истикомати чудо карда шудааст.
Аз ин лихоз, гайриконуни чудо намудани китъаи замин барои сохтмони хонахои истикомати тасдики худро наёфт.
Дигар далелхои дар ариза дарч гардида, бинобар дар доираи салохияти Кумита дохил набудан тахти санчиш карор дода нашуд.
Бинобар ин нисбати санчиши хариду фуруши замин ба макомоти хифзи хукук мурочиат намоед».
Дар ин масъала вачхи овардаи С. Камолова он буд, ки барои чи ба Ш. Хушов 6 китъаи замин барои сохтани манзилгох додаанду ба онхо не?
Дар хама холат макомотхои дахлдор инкор кардаанд, ки чунин замин ба касе чудо карда нашудааст. Аммо замин чизе нест, ки онро дар киса панох намои.Ин масъаларо муайян намудан чандон мушкили надорад.Танхо пурсише басанда аст, ки аз кучову чи хел сохиби замин шудан мукаррар карда шавад. Мо пурсиш нагузарондем. Танхо барои таквияти навиштахои С. Камолова, ки «тухматчи» ном гирифтааст, акси хонаро чоп мекунему пурсишашро ба макомотхои дахлдор хавола мекунем. Бигзор муайян кунанд, ки он хонаи кисту ки ва чи хел аз ин мавзеъ замин додааст?
Ин аст киссаи талоши хакикату он «хакикат» ,ки боиси паси панчара бурдани муаллимаи 22 сол боз ба таълиму тарбияи насли наврас машгул буда ва аз фанни забони руси таълим медода, Сайёра Камолова гардид.Вакте ки маводхои пешниходшударо меомухтам, ба ин зан , ба ин модар дар истодагари дар рохи хакикат ахсан гуфтаму беихтиёр мисрахои шоир ба хотирам расид:«Сано бодо ба занхое, ки марданд»…
Муаллимаро суд карданд, илму донишро, тарбиятдихандаи насли наврас, ки хонандагонро бо рохи адолату хакикат рахнамун месохт, хор сохтанд. Вакеан намешуд, ки дар холати пурра, бе ягон гумон тасдикшудани гунохи С. Камолова ба у ягон чазои гайрихабси диханд. Бале, мешуд. Аммо ин масъала аз аввал кач омада буду мебоист то ба охир кач равад.Аниктараш аз руи конунхои нонавиштаи нафаре бояд амали гардад. Вале мо дар давлати хукукбунёд зиндаги дорем. Хама гуна конунхои «худи» амал набояд кунанд.Дер ё зуд адолат тантана мекунад.

Чумъаи Толиб

АФСОНАИ МУФАТТИШ, ТАХМИНКУНИИ СУДЯЮ ХУКМИ БИСТСОЛА

Июнь 12, 2009 1 комментарий

(Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

Парвандаи чинояти

Чи хеле, ки дар боло ишора намудем, парвандаи чинояти санаи 20 октябри соли 2007 тибки нишондоди моддаи 109 (ба худкуши расондан) кисми 1-и Кодекси Чиноятии Чумхурии Точикистон огоз карда шуда, Бежан Кудратовро се шабонаруз нигох дошта, бинобар дар харакатхояш набудани таркиби чиноят озод менамоянд. Санаи 29 октябри соли 2007 боз Бежанро боздошт мекунанд. Гарчанде барои дастгир намудани у ягон асоси кофи набуд. Таъкид менамоем, ки парванда нисбат ба худкушии Махина огоз карда шуда буду санаи 1 ноябри соли 2007 дар бораи харакатхои Бежан ягон парвандаи чинояти накушода, карор дар бораи хабси пешакиро муфаттиш кабул мекунад.
Аз санаи 8 ноябри соли 2007 карор дар бораи ба чавобгарии чинояти кашидан ба сифати айбдоршаванда бароварда шуда, бо моддаи 109 кисми 2 КЧ ЧТ айб эълон карда мешавад. Танхо санаи 10 январи соли 2008 нисбат ба Бежан Кудратов ва дигарон дар асоси нишондоди моддахои 109 кисми 2, 286 кисми 3, банди «а», «б», КЧ ЧТ ва дигарон бо моддаи 286 кисми 2 КЧ ЧТ парвандаи чиноятиро прокуратураи вилояти Сугд огоз мекунад. Шахрванд охири мохи октябр дастгир мешаваду пас аз ду мох нисбаташ парвандаи чинояти огоз менамоянд. То парванда ба истехсолоти прокуратураи вилояти Сугд гузаштан Бежан Кудратов ба ягон карори муфаттиш ва ташхисхои тиббии гузаронда шуда, шинос карда намешавад. Аз 20 декабри соли 2007 парвандаи чинояти дар истехсолоти прокуратураи вилояти Сугд карор мегирад. Сардори гурухи тафтишоти С. Шарипов таъин карда мешавад. То санаи 5 апрели соли 2007 Бежан Кудратов танхо дар асоси моддахои дар боло номбаршуда (ба худкуши расондану муомилоти гайриконуни бо асъори хоричи) айбдор дониста мешавад.
Айби Б. Кудратов бо моддаи 109 к. 2 КЧ ЧТ исбот намегардад ба прокуратураи шахри Чкалов намояндаи чабрдида И. К. Рузиев мурочиат мекунад ва масъалаи дуркунии муфаттишро дархост мекунад. Чунки муфаттиши покуратураи шахри Чкалов дар асоси маводхои парванда якчанд маротиба ба аризаи онхо посух дода буд, ки дар ин ходиса ягон амали куштор нест. Баъд аз ба истехсолоти прокуратураи вилояти Сугд гирифта шудани парвандаи мазкур намояндаи чабрдида И. К. Рузиев. аз санаи 10.03.2008 сол ба номи прокурори вилояти Сугд бо ариза мурочиат намуда, чунин менависад:
«Ман аз Шумо умеди калон дорам, ки дар ин рузхои наздиктарин ба котил оиди куштори духтарам Рузиева Махина айб эълон карда шуда, парванда ба суд ирсол карда мешавад».
Гуё хамин хохишро интизор буданд, бе огоз намудани парвандаи чинояти санаи 3 апрели соли 2008 аз чониби макомоти тафтишоти пешаки нисбат ба Б. Кудратов бо моддаи 104 (одамкуши) к. 2 б.б. «в», «е» КЧ ЧТ айб эълон мекунанду танхо санаи 5 апрели соли 2009 карор дар бораи огоз намудани парвандаи чинояти бо ин модда кабул карда мешавад. Баъди 5 рузи огоз намудани парвандаи чинояти бо ин модда тафтишоти парвандаро ба итмом мерасонад.
Хамин як аризаи намояндаи чабрдида сабаб мешаваду шахрванд ба котил мубаддал мегардад. Барои хамчун котил ном бурдану ба у айб эълон кардан макомоти тафтишот чи далел дошт?

«Далел»-и муфаттиш

«Кудратов Б, ки бо занаш бо сабаби аз тарафи охирон хамон руз бе ичозати у ба корманди милитсия- нозири минтикави Абдурахмонов И. додани шиносномааш ва дар натича, хангоми ба туйи хамсояаш рафта истодан, дар даромадгохи хонааш ба кормандони милитсия Абдурахмонов И. ва Акрамов В. вохурда, онхо уро ба нуктаи нигохдории тартиботи чамъиятии ШКД-и шахри Чкалов бурдаанд, дар холати чанги буд, аз ин харакатхои охирин сахт ранчида, бо корди ба дасташ гирифта тахдидона талаб кард, ки пулхои бо араки чабини рехта, бо машаккат чамъ кардаашро сузонданро бас кунад. Вакте ки суханхои у натича набахшиданд ва хамсараш пулхоро сузондан гирифт, у ба Рузиев М. хамла карда, бо корд гардани охиронро бурид. Рузиева М., ки тахдиди шавхарашро чидди нахисобида, хавфу хатарро хис намекард, намедонист ва дониста хам наметавонист, ки кордро нисбати у истифода карданаш мумкин аст, аз хамлаи ногахонии хамсараш фиреб хурда, то хатто наметавонист, ки ба худмухофизаткуни кушиш кунад. Дар натича аз дарди теги корд ва вазнинии чарохати гирифтааш «Очачон» гуён дод заду, ба давидан афтид.
Ин холатро дида, Кудратов Б. фахмид, ки ба Рузиева М. чарохати вазнини чисмони расонида ва натичаи он марг аст, барои руйпуш кардани ин кирдораш, бо максади гумрох кардани макомоти хивзи хукук, аввл ба чои ходиса шишаи холии уксусро, сониян якчанд когазхои доруворихоро оварда партофт, то гумон баранд, ки бо истифодаи онхо занаш Рузиева М. ба чони худ касд карда бошад. Гайр аз он, бо максади ба рохи нодуруст даровардани харакатхои кормандони макомоти хифзи хукук, тафтишкунандагони чинояти содиркардааш, дастхои чабрдидаро бо теги корд бурид, то ки фикр кунанд, охирон барои худкуши аввал якчанд маротиба харакатхои бехуда карда, баъдан гарданашрор бурида бошад. Аз ин хам дилпур нашуда, ба халтаи муштзании варзиши дор кашида, танаи нимчони Рузиева М-ро овезон карда монд, то фикр кунанд,ки гуё занаш худашро овехтааст. Баъд дари хучраро аз дарун кулф карда , барои ба худаш холати бегунохи сохтан, аз тирезаи ошхона ба берун баромада, бо апааш Мижгона вохурда, ба у гуфт, ки хамсараш дар хона буд, у бошад аз милисахона омада истодааст».
Ин сатрхо аз фикри айбдори, ки онро муфаттиши прокуратураи вилояти Сугд, сардори гурухи тафтишоти Cаминчон Шарипов, ки айни замон дар вазифаи ёрдамчии калони прокурори вилоят оид ба кор бо кадрхо ва коргузориро дар хамин макомот ичро мекунад, айнан овардем. Бо у дар утоки кориаш вохурдем. Сухбатамон хеле идома ёфту чун сухан сари ин парванда омад, аз мо хохиш кард, ки аввал аз прокурори вилоят ичозати сухбат намуданро гирем. Ба у посух додем, ки аллакай ба суоламон чавоб гирифтем. Хадафи асосии мо муайян кардан буд, ки дар хакикат у бо амаки Махина-прокурори нохияи Бобочон Гафуров Ё. Рузиев якчоя кор кардааст ё на. Вай хамрох кор карданашонро тасдик намуд. Ба мо якчоя кор кардан ё накардан, хамчунин бо оханги «доира»-и ки «ракс» кардани муфаттиш мухим нест. Мухим он аст, ки чи хел дидаву дониста вачххои бебунёд меорад? Охир, фикри айбдори афсонаи «Буду набуд» ё ин ки «Бузаки чингилапо» нест, ки чи хеле хохи хамон хел навистан гири. Сари хар як фикр бояд он бо далели раднашаванда мустахкам карда шавад.
Ходиса дар дохили хона ба амал омадааст, ки онро дида метавонад. Муфаттиш хатто ба чойдамкуни рафтани Махина, чойникро бо плитаи барки мондан, барои он ки Махина нафахмад бо овози паст сухан гуфтани Бежанро тасвир мекунад. Дар холе, ки яке бо олам падруд гуфтаасту дигаре чунин нишондод надодааст. Ин вачх аз кучо пайдо мешавад? Фарз кардем, навиштаи муфаттиш асоси вокеи дорад. Пас пурсиданием, ки рафторхои Махина, сухангуии уро тавассути чи муайян намуда бошад? Оё пешаки дар хонаи Бежан ягон дастгохи махфии сабти овозу наворбардори гузошта буданд? Агар гузошта бошанд, бо кадом максаду кани он? Дар холати мавчуд набудани чунин далел максад (матив)-и мукаррар намудаи муфаттиш ягон асоси хукуки надорад. Ё ин ки арвохи мархума ба муфаттиш он суханонро гуфта бошад?!

Мотив (максад)-и чиноят

Сабаби асосии содир намудани чиноятро муфаттиш дар муносибати байни Бежану Мадина ном духтар, ки то хонадор шуданаш бо у муносибати махрамона доштааст, медонад. Гуё хамон шаби ходиса Мадина ба Бежан пас аз баргаштан аз нуктаи нигохдории тартиботи чамъиятии ШКД-и шахри Чкалов, телефон карда пул пурсида бошад. Ин холатро Махина, ки дар хонаи хоб будааст, гуё шунида, рашк карда, пулхоро аз сандук гирифта сузонда бошад, ки пулхо на ба ман насиб кунаду на ба Мадина. Харчанд дар рафти тафтишоти пешаки ва дар мурофиаи суди ин далел собит намегардад, асоси максади чиноят ба хамин чиз мустахкам карда шудааст. Хамон бегохи ходиса Мадина дар соати 19.55 дакика ба Бежан занг зада хамаги 31 сония гуфтугу мекунад. Мувофики фарзияи муфаттиш гуё Мадина аз Бежан 40 сомони пурсида бошаду Бежан гуфта бошад, ки 20 сомони медихаду бокимондаашро аз маъшукаш гирад. Вале ин вачхи муфаттиш аз руи нишондоди ду нафар яке судшудаву дигаре шохид исбот карда нашудаанд. Хар ду хам дар рафти тафтишоту мачлиси суди инро инкор намуда, иброз кардаанд, ки оид ба маблаг он бегох ягон сухане гуфта нашуда буд.
Бо Мадина дар хонааш вохурдем. Оид ба муносибаташ бо Бежан сухан ронда, кайд намуд, ки он бегох дар бораи маблаг ягон харфе гуфта нашудааст. Танхо у ба Бежан занг зада дар кучо буданашро пурсид. Бежан дар чавоб гуфтааст, ки дар хамин чо ва аз гушаки телефон садои телевизор меомадааст. Масъалаи 40 сомони чанд руз кабл аз ин ходиса дар бозор сурат гирифтааст. Муфаттиш ба нишондоди ду нафар бовар намекунаду худ чун гайбдон амал менамояд. Маълум мешавад, ки асос барои ба ин чиноят даст задани Бежан умуман вучуд надорад. Пас чиноятро ки содир кард? Ин амал худкуши буд ё куштор?
Панч «шитобкори»-и Бежан аз нигохи муфаттиш.
Муфаттиш дар асоси ин холатхо гунохи Бежанро собит кардани мешавад: (айнан аз фикри айбдори)
«Дар рафти сохтани холати худкушии Рузиева М. — айбдоршаванда Кудратов Б. аз шитобкори ба панч хатои пинхоннашаванда рох додааст: якумаш дар он, ки чун одати хамешагии хамсараш дарро аз дарун бо (илтаг крючок махкам накарда, бо калид кулф кардааст, бо нишондодхои Кудратова Ф. тасдик мегардад);
Дуюм, ба хисоб нагирифтааст, ки бо рохи ташхиси суди-тибби мутахассисон вакту соати вафоти чабрдидаро тахминан аник карда метавонанд, дар байни соатхои 18.30-20.30 дакика, яъне аз руи хулосаи ташхисотчиёни тибби, вакти тахминии марги Рузиева М., бо чи кор машгул буду вактро чи хел гузаронидааст, «алиби»-и бебахс тайёр карда натавонистааст. Дар натича оиди ин масъала нишондодхои хархела додаст.Хангоми шинос шудан бо хулосаи ташхис, дар нишондодхои охирон додааш баъд аз соати 20.00 бо милитсионерон рубару шуда, бо онхо ба нуктаи нигахдории тартиботи чамъиятии ШКД-и шахри Чкалов рафтаасту аз он чо соати 21.00 яъне баъд аз ходиса гашта омадааст, дар амал бошад аз руи нишондодхои шохидон Абдурахмонов И. ва Ибодуллоева М. маълум, ки Кудратов Б. аз соати 20.00 аллакай дар хонаш буд) ;
Сеюм. боз ба хисоб нагирифтааст, ки ташхисгарони суди-тибби дар бадан (гардан)- и Рузиева М. доги бо доркашидан набуданашро муайян мекунанд ва холати набудани доркаширо гуфта метавонанд;
Чорум, ба чои ходиса шишаи уксус,доруворихоро партофта, харакати бехуда кардааст, то гумон кунанд, ки бо истифодаи онхо Рузиева М. бо худкуши харакат карда бошад;
Панчум- пулхои сухтаву нимсухтаро дар катори дигар пулхо аз чои ходиса чамъ карда, ба хохараш Фотима бурда дода, аз у хохиш кардааст, ки ба ягон чой монад ва дар натича ин холат бо сабаби дар як вакт пурсида шудани Кудратов Б., Кудратова Ф. ва Кудратова М. ошкор гардида, бо далели радкарданашаванда табдил ёфта ва ба тафтишот имкон дод, ки ба ин холат бахои дуруст дихад (яъне пулхоро ба муносибати Кудратов Б. бо Ибодуллоева М. ситеза карда, Рузиева М. сузонидааст, ки дузд ё горатгар харгиз ин корро накарда, баракс гирифта мерафт)».
Биёед ин далелхои хулосавии муфаттиш С. Шариповро як ба як тахлил намоем. Аввалаш, дарро аз дарун бо калид махкам кардани Махина чи хел шитобкории Бежан буда метавонад. Муфаттиш вачх меорад, ки Махина калид дошту боз барои чи Бежан калиди худашро дод. Калидро додан, дарро аз дарун бо халка ё калид махкам намудан, барои ошкор намудани чиноят чи медихад? Магар мумкин нест, ки дарро гох бо халка махкам куни ва гох бо калид. Ё бо хар ду. Хамчунин имкон дорад, ки нафари дигаре онро махкам карда буд…
Дуюм: Муфаттиш нишондоди Бежанро ба ШКД рафтану омаданашро саросемагии навбатии у медонад, ки барои рохгум задани тафтишот иброз намудааст. Нусхаи протоколи пурсиши Бежан Кудратовро аз санаи 29 октябри соли 2007 дар даст дорем. Мувофики хамин протокол соатхои нишондодаи Бежан оид ба рафти ходиса хамаги 10 дакика мутаносибан фарк мекунаду халос. Ба таъбири муфаттиш «аз руи нишондоди шохид И. Абдурахмонов» гуё Бежан соати 20.00 дар хонааш будааст.
Дар хакикат Бежан дар хонааш буду ин холатро муфаттиш ба максади худ истифода бурдааст. И. Абдурахмонов, ки нишондодаш хам дар фикри айбдориву хам дар хукмнома аз як копютер руйбардор карда шудааст, (дар ин бора баъдтар харф мезанем. Муаллиф.) гуфтааст, ки такрибан соати 19.00-19.20 ба таври такрори ба хонаи Бежан омадаанд. Пас чи хел соати 20.00 дар хонааш будани Бежанро исбот мекунад? Агар гуфтаи милисанер И. Абдурахмонов асоси вокеи дошта бошад, пас чи хел дар муддати кутох Бежан ба ШКД рафту бозгашт? Дар муайян намудани вакт судшуда ва шохид имкон дорад, ба хатоги рох диханд. Вале нишондоди кадоме аз онхо ба хакикат рост омаданашро ба воситаи таблограммаи телефони, ки он аз тарафи муфаттиши прокуратураи шахри Чкалов гирифта шудааст, муайян кардан мумкин аст. Хамон бегохи ходиса Бежан пас аз анчоми кор, яъне шинондани дар аз шахри Кайрокум ба хона баргашта, аз телефони хонааш соати 18. 52 ба телефони хонаи апааш занг зада такрибан чор дакика гап мезанад. Боз соати 19.36 дакика аз телефони хонааш ба хонаи апааш занг зада, як дакика харф задааст. Агар гуфтаи шохид И. Абдурахмонов дуруст бошаду онро муфаттиш С, Шарипов ба эътибор гирад, Бежан чи хел хамрохи милисахо ба суи ШКД мерафту боз бо телефони хонаги харф зад?
Хамин шохид икрор шудааст, ки дар рох Бежан бо ким-кадоме аз телефони дастиаш занг задааст. Таблограмма телефони Мадинаро нишон медихад, соат 20.23 дакика мебошад. Шохид Мадина Ибодуллоев низ дар хамаи баёнотхояш тасдик намудааст, ки пас аз 15-20 дакика Бежан занг задааст. Азбаски дар наздаш нафари дигаре буд, ба телефони у чавоб надодааст. Аз руи гуфтаи И. Абдурахмонов вакти Бежанро ба ШКД бурданашон нозири минтакави Эркин Аширов омадааст. Хамин милисанер тасдик намудааст, ки вакти бо Бежан вохурдан номбурда бо телефони хамрохаш ба касе харф мезад. Он чизе, ки нозири минтакави шаходат медихад, мувофики хамин таблограмма соати 20.37 дакика мебошад. Ба телефони Бежан аз хамон телефони соати 20.37 дакика занг задааш, соати 20.52 дакика телефон мекунанд. Пас нишондоди ки ба хакикат рост меояд?
Мувофики гуфтаи Бежан вай хангоми ин занги телефон дар рох буду ба хонааш бармегашт. Барои чи аз ин холат муфаттиш чашм пушидааст
Сеюм. Сухан дар бораи ба дор кашидани Махина меравад. Дар ин боб намедонед, ки муфаттиш чиро собит кардани мешавад. Дар хама нишондодхояш Бежан холати пас аз ба хона даромадану чи тавр карор гирифтани Махинаро як хел тасвир кардааст. Танхо муфаттиш ба он хурдагири мекунад, ки дар мавриди дар гардани Махина чанд маротиба печонда шудани шарф нишондоди Бежан мухолифат мекунад. Вале муфаттиш муайян кардан намехохад, ки катрахои хун дар болои халтаи муштзани аз кучо пайдо шуданд. Дар баландии 2-2,5 метр чи хел 3 чакраи хун дар дастакхои халтаи муштзани, дар он чое, ки як тарафи шарф баста шуда буд, пайдо шуд? Онро хангоми азназаргузаронии чои ходиса муфаттиши прокуратураи шахри Чкалов А. Шодиев ошкор намуда, дар протокол кайд намудааст.
Ин катрахои хун аз кучо пайдо шуданд. Магар онхо хам аз дасти Бежан чакиданд? Мувофики хулосаи ташхиси ягон чои Бежан бурида нашуда буд. Пас он катрахои хуни болои халтаи муштзани ё чакрахои дар девори хонаи хоб, фарши хонаи хоб, каридор, ванна, ошхона, дастаки яхдон, плитаи барки аз кучо пайдо шуданд? Магар Бежан барои руйпуш кардани чиноят сохта буд?
Чорум. Оварда партофтани шишаи холии сирко (уксус) ва дорухоро муфаттиш амали Бежан медонад. Вале дар кадом асос ин фикрашро собит намудааст маълум нест. Агар ба чои ин фарзия бо воситаи далелхо собит месохт, ки хакикатан дар шишахои овардашуда изи дасти Бежан мавчуд аст, мегуфтем, ки ин сахнаро у сохтаааст. Хамчунин дорухои ёфташуда, кадомаш ба саломатии инсон зарарнок буданд? Аз руи маводхои парванда, хулосахои ташхис маълум мегардад, ки дар он шишахо на изи дасти Бежан хасту на изи дасти Махина. Пас он шишахоро ки овард? Дар маводхо кайд карда мешавад, ки дар хона изи дасте мавчуд мебошад, ки на ба изи дасти Бежан монанд асту на ба апаашу на ба хохараш, на ба хамсараш. Пас, он изи дасти кист? Ки бояд онро муайян мекард?
Панчум. Дар масъалаи пулхоро ба хонаи апааш бурдан дар тамоми нишондодхояш Бежан маълумот медихад. Муфаттиш аз он «далели радношаванда» месозад. Боз хамон хадафи худро мустахкам кардани мешавад. Гуё телефони Мадина сабаб шуду Махина пулхоро сузонд. Аммо ба масъалаи асоси ахамият дода намешавад. Хамон шаби ходиса пулхои нимсухта аз чои ходиса гирифта шудаанд, танхо пулхои носухтаро Бежан бурдааст. Аммо бо вучуди хамчун далели шайъи эътироф намудани онхо тафтишот муккаррар накардааст, ки дар он пулхои нимсухтаи паи дасти хунолуд дошта, изи дасти ки боки мондааст. Муфаттиш вачх меорад, ки Махина пулхоро месузонду Бежан ба кахр омада ба у чарохати марговар расонд. Пас пурсида мешавад, ки дар пулхо изи хун аз кучо пайдо шуд? Хамчунин дар чои ходиса, дар он чое, ки пулхо сузонда шудааст, 17 дона гугирдчуби хунолуди оташгирифта ва 10-15 чакра хун чакидааст. Куттии гугирд хам изи дасти хунолуд дорад. Ин сахнаро ки сохт?

«Очачон»-ро ки гуфт?

« Аз ин кирдори занаш Кудратов Б., ки аз рафторхои занаш оиди бе ичозати у бамилисахо додани шиносномааш ба кахру газаб омада буду уро бахшида наметавонист, бо корд тахдид карда ба Рузиева М. Талаб кард, ки пули бомехнат дарёфт кардаи уро насузонад ва чун дид, ки ин фоида надорад бо корд, бо тези хамла карда, гардани хамсарашро буррид..Охирон бошад, аз зурии дард» Оча, очачон»гуён ду се маротиба фарёд карда, ба диван афтод, ки бо нишондодхои Бобочонова Н. ва писари у Манучехр тасдик мегардад.»
Ин сатрхо аз сахифаи 48-и фикри айбдори оварда шудаанд. Оё дар асл чунин буд? Барои ба ин масъала рушани андохтан, аввал мавкеи чойгиршавии хонахоро шарх медихем. Хонаи Бежан дар ошёнаи дуюм чойгир асту хонаи Бобочонова Н. дар ошёнаи якум. Тарзи чойгиршавии хонахо бошад, яке аз тарафи кунчи чапи ошёнаи дуюму дигаре дар тарафи рости ошёнаи якум. Агар мавкеи онро ба тарики паралели ба хисоб гирем, аз хонаи хоби Н. Бобочонова то чои ходиса наздики 20 метр масофа мебошад. Агар сахрою хавои кушод мебуд, мегуфтем, ки хакикатан овозро мешунави. Бар заммаш яке дар як ошёнаю дигаре дар ошёнаи поён. Дари хучрахоро хам касе шабона кушода намемонад.
Н. Бобочонова манзили зисташро дигар кардааст. Нишонаи уро гирифта, бо у дар хонааш сухбат кардем. Ходисаро накл намуда, иброз кард, ки вай овози «очачон» гуфтани касеро шунид. Он вакт барк хомуш карда шуда буд. Овозро аз ошёнаи якум, аз назди дари даромадгохи долон, ки хонааш рости он мебошад шунид. Аз Н. Бобочонова суол кардем, ки агар дар асл чунин холат рух медоду мархум Махина бо тамоми овозаш «Оча-чон» гуфта дод мезад, у он овозро шунида метавонист?
- Не, ман хеч гох шунида наметавонистам. Чунки чои ходиса, аз хонаи ман ба тамом дар дигар мавкеъ чойгир мебошад.
Пурсидем, ки барои чи дар суд ин суханонро нагуфт. Чавоб дод, ки хамаашро гуфтаасту хатто барои аз чониби муфаттиш дигар намудани нишондодаш у ба прокуратураи вилоят ариза навиштаасту барои мохиятан барраси намудан ба муфаттиш месупоранд. Вале он ягон натича намедихад.
Аз хамсояхои дар шафати хучраи ин ходиса ба амал омада, пурсон шудем. О. Музаффарбеков, Т. Шакархучаева, Э. Хочиева гуфтанд, ки шаби ходиса дар хона будаанду ягон овозро нашунидаанд. Барои чи нафарони дар шафати хона зиндаги дошта, садоро намешунидаанду нафари тамоман дар дури буда, ба «хост» муфаттиш онро шунидааст?
Аз сухбат бо шохидони ходисаю омузиши маводхои аз дасти адвокатхо гирифтаамон маълум гардид, ки пас аз ба беморхона бурдани Махинаю марги уро мукаррар намудани духтурон Мижгона ба хонааш ба хохараш Фотима занг зада мегуяд, ки «Махина мурд».
У ба назди хонаи акояш омада, «оча –очачон» гуён гиря мекунад. Ин овози уро дигар хамсояхо хам шунида, ба ёриаш баромада, якчоя гирифта ба беморхона мебаранд.
Чаро ин суханро ба Махина часпонданд? Агар манфиатдор набошад, барои чи чунин мекунанд? Тибки маълумотномаи шабакахои барки шахри Чкалов барк санаи ин ходиса ба амал омада соати 22.00 хомуш карда шудааст. Н. Бобочонова пас аз хомуш кардани барк овозро шунидааст. Мувофики хулосаи духтурон, часади мархума соати 21.36 ба беморхона бурда шудааст. Наход хамин чизи оддиро муфатиш ба эътибор нагирифта бошад? Барои чи муфаттиш нишондоди шохид Н. Бобочоноваро дар кисми шунидани овози «оча-чон» асос мекунаду аз худ намепурсад, ки ходиса дар дохили хона ба амал омад, дар ошёнаи дуюму хонаи Н.Бобочонова дар ошёнаи якум чойгир аст. Фарз кардем имкони шунидани овозро дошт. Пас чи хел дид, ки мархума ба руи диван афтидааст.
Махина аз ки шикоят дошт?
Бо хамсояхои Бежан хамсухбат шудему то чое имкон доштем, ба наздикону хешу табори ин оила, ки ба хам наздиканд, гуфтугу намудем. Касе аз муносибати носолими Бежану Махина шикоят накард. Хамчунин аз маводхои парвандаи чиноятии дар дасти адвокатхо буда, маълум мегардад, ки рузгори онхо хушу хурсанд мегузаштааст. Пас чаро ин ходиса рух дод? Барои чи хамон шаби вокеа Махина аз Бежан руйхати карздоронро пурсид? Чаро хамон рузи ходиса 29 дакика бо хамсари амакаш С.Ф.Мирзоева ба воситаи телефон гап зад? Барои чи муфаттиш тафтишотро ба охир нарасонда, барои гирифтани баъзе анчомхои хона ичозат дод? Бо кадом сабаб рузи аввали ходисаро ба навор нагирифтанд? Чаро хангоми маротибаи якум азназаргузаронии чои ходиса аз тарафи чонишини прокурори шахри Чкалов Ч.Н. Ахмедов кати хобу хонаи хоб «бетартиб » будаасту пас аз даромадани баъзе ашхос, хангоми маротибаи дуюм аз назаргузаронии чои ходиса хона ба тартиб овардаги будаасту танхо кати хоб андаке нохамвор?
Пас аз ходисаи марги Махина, сахарии санаи 20 октябри соли 2007 як занаки ношинос ба хонаи Т.Шакархучаева, ки дар утоки хамшафат зиндаги мекунад, омада аз ходиса пурсон мешавад. Ки буд он занаки ношинос?
Чанде кабл дар бозор расми Махинаро як занаки ношинос бо воситаи телефон аксбардори мекунад. Бо кадом сабаб, акси у бе ризоияташ гирифта шуду максади гирифтани расм чи буд? Дар суд милитсионер И. Абдурахмонов нишондод додааст, ки модари Ф. Акрамов ( хамон милисаи ба кучое гайб зада. Шархи мо) дар бозор ба тичорат машгул будааст.Гуфтем боз таъкид менамоем, ки хонаи Бежану Ф. Акрамов дар ру ба руи хамдигар чойгир асту тамоми харакатхоро дар долон имкони дидан дорад. Пас, Махина аз ки шикоят мекард?

Экспертхо чи мегуянд

Оид ба ходисаи ба амал омада, якчанд маротиба ташхиси судию тиббию дигар намудхои он гузаронда шудааст. Вале баъзе холатхо номуайян аст. Дар ташхиси судию тиббии кушодани часад тахти раками 109 санаи 20 октябри соли 2007 гузаронидашуда, ки онро муфаттиши прокуратураи шахри Чкалов А.А.Шодиев гузарондааст, дар он ному насаби ташхисгарон Ш.Ш.Гозиев ва А. Мухаммадиев навишта шудаасту танхо имзои Ш.Ш.Гозиев меистад. Дар ташхиси судию тиббии иловагии тахти раками 108 санаи 30 октябри соли 2007 гузаронидашуда, ки дар он ному насаби ташхисгарон Ш.Ш.Гозиев ва А. Мухаммадиев навишта шудааст, танхо имзои А. Мухаммадиев меистад. Ин холат аз чи шаходат медихад? Магар ин асос барои шубха намудан ба сохта будани хулосаи тибби нест? Дар мурофиаи суди ба сифати шохид Ш.Ш.Гозиев пурсида шудаасту вай нишондод додааст, ки дар протоколи азназаргузарони чои ходиса ва ташхиси кардаашон имзояшро гузошта будааст. Хамчунин нозири милиса Э.Ф.Аширов гуфтааст, ки имзо гузоштаанд. Пас имзои онхо кучо рафт? А. Мухаммадиев бошад маълумот додаст, ки дар холати набудани имзои яке аз иштирокчиёни ташхис он санад, хилофи талаботи конун асту ягон арзиши конуни надорад.
Дар мурофиаи суди Ш.Гозиев иброз намудааст, ки дар часад аломатхои худовези дида намешуд.Гардани часад бурридаги буд. Вакти бурида шудани гардан мархума дар холати рост истодан ё нишастан будааст.Чунки хун аз боло ба поён чори шудааст.Вакти бурридани гардан чабрдида ба тези намурдааст.Чунки чарохат чои тез чори шудани хунро надоштааст.Одам ба худаш ба он чойхое, ки дасташ мерасад чарохат расонда метавонад.Чарохати гарданро худаш расонда метавонад.
Аз руи гуфтаи ташхисгарон тамоми чарохатхо дар зинда будани мархум расонда шудаанд.Натичаи маргро ташхисгарон аз рафтани хуни зиёд маънидод кардаанд.
Вале дар фикри айбдори чунин хулоса карда шудааст: «Ин чарохатхо вазнин буда, дар вакти зинда будани чабрдида бо истифодаи предмити тегдори бурранда, эхтимол бо корд расонда шудааст.Чарохатхои мазкур аз тарафи худи чабрдида расонда шуданаш аз эхтимол дур буда, бисёр эътимоли аз тарафи шахси дигар расонда шудани ин чарохатхо, хусусан буридани гардан вучуд дорад». Намедонед, ки бо чунин катъият бо кадом асосу далел муфаттиш хулоса мекунад. Дар холе, ки аз тарафи ташхисгарон муайян карда нашудааст, ки бо кадоме аз ин кордхо, ки якеи он асбоби сабзипусткуни мебошад, чарохат расонда шудааст. Дар кадом корд, изи дасти судшуда мавчуд аст, то гуем, ки бо он чарохат расонда шуд?
Дар ташхиси далелхои шайъи, ки тахти раками 14 аз санаи 15 ноябри соли 2007 огоз ёфта, санаи 23 ноябри соли 2007 ба охир расидааст ва онро ташхисгар Д.Д Юсупова
гузарондааст, муфаттиш дар назди мутахассис вазифа гузоштааст, ки тарзи расондани зарари чисмониро, яъне ибтидо ва интихои онро ва бо кадом предмет расонда шудани зарарро муайян намояд. Барои муайян намудан ба ихтиёри ташхисгар ду корди дар хочаги истифодашавандаю як сабзитарошак гузошта мешавад.Ташхисгар аз пусти гардани мархума, ки дар байни он изи чарохат буд, гирифта дар пластини дигар бо кордхои хамчун далели шайъи пешниходшуда, ба тарики санчиш мехарошаду изхоро мукоиса менамояд. Хангоми бо дастхои махсус 8,4-9,8 маротиб калон кардану мукоиса намудани изхо ташхисгар ба хулоса меояд, ки аз ин кордхо чарохат расонда нашудаст.
Дар мурофиаи суди ба сифати шохиди иловаги, ки аммаи Махина аст, пурсида шудааст. Аз руи гуфтааш часадро пеш аз дафн у шустаасту изхои чарохати бадани Махина, ба фикри у бо алмос (лезва) расонда шудаанд. Дар нишондоди ин шохид хам як вачхи дигар таъкид карда мешавад: «Аъзои баданаш дастхояш бо алмос бурридаги буданд. Агар бо корд бурридаги бошад, он кадар махин ва хамвор намешавад».
Дар вакти азназаргузаронии чои ходиса изхои даст гирифта мешаванд, ки он аз тарафи чонишини прокурори шахри Чкалов Ч.Ахмедов дар лифофа махкам карда мешавад. Дар ин лифофа имзои холисон тамоман мавчуд нест ва бо мухр махкам карда нашудааст. Вакти ин лифофа ба парвандаи чинояти хамрох карда шудааст, аллакай ин парванда дар истехсолоти прокуратураи шахри Чкалов набуд.

Бозидани накш дар сахнаи «одамкуши»

Дар фикри айбдоркуни дар сахифаи 11 мехонед: «Мактаби миёнаи дехаи Некноти шахри Панчакентро хатм карда ( Бежан дар назар дошта шудааст) хамон сол, яъне соли 1998 ба факултаи актёрии донишгохи санъати шахри Душанбе дохил шудааст ва якуним сол дар он чо тахсил карда, бинобар вазнинии шароити иктисоди, хонданро тарк карда,ба шахри Маскав ба мардикори рафтаст». Акнун ба хулосаи муфаттиш ахамият дихед: «Аз ин маълум мегардад, ки у ба актёри шавку хаваси калон дорад ва ба накши каси дигар даромада, дар сахна бози карда метавонад..Аз он чумла, дар рузи ходисаи мазкур тавонистааст, ки накши чабрдидаро ичро карда, кушиш кунад, ки хамон вакт куштор нашудаасту хамсараш ба чони худ касд кардааст»…
« Актёри»-и судшавандаю «режиссёри»-и судя.
Парвандаи чиноятиро аъзои коллегияи суди оид ба баррасии парвандахои чиноятии суди вилояти Сугд Ф.Н. Зиёдуллоев мавриди барраси карор додаст.
Хукмро мехонеду ангушти хайрат мегазед. Кисми аввали хукм, агар як чумларо ба эътибор нагирем, аз фикри айбдори руйбардор карда шудааст. Аниктараш аз як компютер нусхабардори кардаанд, Эхтимол далел оранд, ки дар кисми муайянкунии холати чиноят чунин амал кобили кабул аст. Харчанд дар мачлиси суди кисми муайянкунии холати ба амал омада, бояд дар муайян намудани такдири минбаъдаи судшаванда мавкеи махсус дорад. Аммо бо хадафи хеш истифода намудани нишондоди шохидон, тамоман масъалаи дигар аст. Дар сахифаи 7- хукм нишондоди шохид Н. А. Бобочонова оварда шудааст. Мувофики навиштахои хукм, ки гуё номбурда иброз карда аст: «Рузи 19. 10. 2007с тахминан соатхои 19-30, 20-30 дакика бо писараш Манучехр дар хонааш буд ва бо эхтимоли барвакткушта шудани барк тараддуди хоб карданро мекарданд, ки ногахон ду-се маротиба овози «Оча… оча!» гуфта дод задани духтаракеро шунидааст. Ин овозро писараш низ шунида тарсидааст. У бошад писарашро «натарс ягон чанчоли оилави будагист…» гуё ором кардааст. Баъд онхо хоб рафта рузи дигар оиди фавти фочиавии Рузиева Махина аз гуфтахои хамсояхо бохабар шудааст». Ин гуфтахои Н.А Бобочонова айнан аз варакаи 34-35 фикри айбдори, оварда шуд.
Аз руи накли шохид Н.А.Бобочонова барои тагйир додани нишондодаш хангоми тафтишоти пешаки ба прокуратураи вилояти Сугд ариза менависаду аризаи уро барои барраси ба ихтиёри муфаттиш месупорад. Аммо ариза мавриди барраси карор дода намешавад. Хангоми вохурдан Н.А. Бобочонова такрор ба такрор иброз намуд, ки у овозро паз аз хомуш гардидани кувваи барк шунидааст. Мувофики маълумотномаи шуъбаи барктаъминкунии шахри Чкалов хамон бегох баркро соати 22 хомуш кардаанд . Барои чи ин далелро судя нодида мегирад ? Хатто нафари аз илми хукук тамоман бехабар, агар боре дар мурофияи суди ширкат варзида бошад медонад, ки дар мачлиси суди котиб хасту гуфтахои шохидонро менависаду дар протоколи рафти мачлиси суди ва халномаю хукмнома иктибос меоранд. Вале дар инчо бо максади аз пайи тафтишот рафтан, бегунохии судшаванда зери суол карор дода шудааст.
Аз маводхои парванда маълум мешавад, ки нишондоди ду милитсионер дар ходисаи марги Махина мавкеи махсус доранд. Яке аз онхо ба кучое гайб мезанад, нишондоди нафари дигар Абдурахмонов И. бояд накши халкунанда, яъне такдирсоз ё такдирсузро бояд бошаду адолати судиро таъмин намояд.
Намедонем дар мурофиаи суди И Абдурахмонов чи гуфту ба суолхои иштирокчиёни мурофиа чи посух дод. Вале муайян аст, ки барои суд кардани Бежан Кудратов хам тафтишоту хам суд аз он мохирона истифода бурдаанд. Дар фикри айбдори нишондоди И.Абдурахмонов аз сахифаи 30 огоз ёфта, то сахифаи 32 оварда шудааст. Магар боре дидаеду шунидаед, ки нафаре нишондоди 5-6 мох пеш додаашро, айнан бо хамон калимахою хамон тарзи баён ифода кунад. Хастанд шахсоне, ки кувваи хофизиашон бакувват асту ходисаро айнан накл карда метавонанд ва хатман тарзи баёну истифодаи калимахо дигар мешавад. Дар хукми кабул намудаи судя Зиёдуллоев нишондоди И. Абдурахмонов хамон тарзе, ки дар фикри айбдори оварда шудааст, нишон дода мешавад. Маълум аст, ки аз як компютер руйбардор кардаанд. Вале номуайян аст, ки он руз мурофиаии суди доир гардидааст ё тасдики идомаи мантикии фикри айбдори. Дар мавриди истифодаи нишондоди И. Абдурахмонов судя фаромуш кардааст, ки дар дохили нишондоди шохид хулосаи муфаттиш С. Шарипов низ мавчуд мебошад. Он хам айнан оварда шудааст. Таваччух намоед: «Дуруггуии навбатии Кудратов Б. дар амал маълум гардид, ки баъд аз соати 16.00 аз хонааш аввал рост ба магозаи дар бозор будааш ва баъд аз он чо ба шахри Кайроккум барои шинонидани дари охани ба хучраи духтур Рузиев И. рафтаасту аз он чо ба хонааш соатхои тахминан 18.30 дакика гашта омада истода, дар рох ба хамсояаш Тиллоев , ки туй дошт рубару шуда, бо таклифи у оиди ба маъракаи охирин ташриф овардан рози шуда хостааст, ки баъд аз ба хучрааш даромада либосхояшро иваз кардан, аз он чо баромада ба туи хамсояаш равад. Аммо бо милитсионерон Абдурахмонов И. ва Акрамов Ф. рубару шудааст».

«Гунох»-и дигари Бежан

Чизи дигаре, ки Бежан Кудратовро гунахкор медонанд ин рафтори у тибки моддаи 286 КЧ ЧТ (муомилоти гайриконуни бо асъори хоричи) мебошад. Ин айбро ба у, пас аз парвандаи чинояти ба истехсолоти прокуратураи вилояти Сугд гузаштанаш муфаттиш С.Шарипов эълон мекунад. Гуё вай мохи декабри соли 2003 бо асъори хоричи хонаеро харида бошад. Гайр аз он бо максади харидани як хонаи дигар тахминан моххои апрел- майи соли 2004 бо асъори хоричи муомила кардааст. Соли 2006 бошад бо хохиши апааш хонаи уро бо асъори хоричи фурухтааст. То он даме, ки ходисаи марги Махина ба амал наомад, ба гушаи хотири касе ин масъала намерасад. Вале ачибаш он аст, ки оид ба ходисаи марг парванда огоз кардаву Бежан ба хабс гирифта мешаваду дар фикри айбдори собит намудани айбдории махкумшударо аз хамин чиз огоз мекунанд. Харчанд дар тамоми санадхо, шартномахои хариду фуруш кайд карда мешавад, ки муомила бо пули милли сурат гирифтааст, касе инро ба инобат намегирад. Хатто як хонаро Бежан барои апааш хамчун ёрдамчи харидааст. Чунки маблаги шавхари апааш будаасту хона ба номи Х. Холиков хариду фуруш шудааст. Лахзаи сеюми ин «чиноят» хам ба Бежан ягон алокаманди надорад. Чунки хонаро апааш мефурушаду вай ёри мерасонад. Фарз кардем, ки Бежан бо асъори хоричи муомила кард. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи авф», ки аз 20 июни соли 2007 кабул карда шуд, нисбати тамоми шахрвандон бояд амали карда шавад. Яъне, гунохе, ки то ин давра содир кардаанд, аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон авф карда шуд. Гайр аз он тибки талаботи конунгузори конун амали бозгашт надорад.Аммо дар мавриди гунахкор намудани Бежан Кудратову уро паси панчара кашидан хама чизро раво медонанд. Барои чи ин конунро нисбат ба Бежан тадбик накарданд? Охир, бори дигар таъкид менамоем, дар холати пурра тасдик шудани гунохаш бо нишондоди ин модда, мебоист Бежанро дар асоси конуни авф, на ин ки ба чавобгари, балки аз чавобгари озод мекарданд. Аммо…

Хукм

«Кудратов Бежан Абдуалиевич бо моддахои 268 к банди «а» ва 104 кисми 2 бандхои «в, е» КЧ Чумхурии Точикистон гунахкор дониста шавад.
Ба Кудратов Б. А. бо моддаи 286 кисми 3 банди «а» КЧ Чумхурии Точикистон чазо дар намуди махрум сохтан аз озоди ба мухлати 8 (хашт)- сол бо мусодираи амвол таъин карда шавад.
Бо моддаи 104 кисми 2 банди «в, е» КЧ Чумхурии Точикистон чазо дар намуди махрум сохтан аз озоди ба мухлати 18 (хаждах) сол бо мусодираи амвол боа дои он дар калонияи ислохии дорои низомаш сахт таъин карда шавад.
Мувофики моддаи 67 кисми3 КЧ Чумхурии Точикистон аз руи мачмуи чиноятхо бо рохи кисман зам кардани чазохои таъиншуда чазои нихои нисбати Кудратов Бкжан Абдуалиевич бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати 20 (бист) сол»

Суди оли

Аз болои халномаи суди коллегияи касатсиони оид ба баррасии парвандахои чиноятии Суди вилояти Сугд химоячиёни махкумшуда ва худи судшуда ба коллегияи касатсиони оид ба баррасии парвандахои чиноятии суди Олии Чумхурии Точикистон аризаи касатсиони менависанд. Дар ин зина парвандаро судяхои суди Оли дар хайати раисикунанда Х.С.Холова судяхои суди оли Н.А. Расулов ва Б.Р. Муродов мавриди барраси карор дода, хукми суди зинаи аввалро бетагйир мемонанд. Махкумшуда ба тарики назорати ариза менависаду парванда барои барраси намудан ба суди мархилаи назорати пешниход карда намешавад. Ачибаш он аст, ки дар аризаашон адвокатхо, судшуда ва падари у вачх меоранд, ки хангоми ба амал омадани ходисаи марги Махина Бежан умуман дар чои ходиса набуд. Аз суди Оли посух мегиранд, ки аз руи баёноти милиса И. Абдурахмонов маълум мешавад, ки марги Махина то омадани милисахо, яъне соати 19 фаро расидаасту Бежан дар чои ходиса будаст. Чунки ба талаби онхо барои дидани хамсараш Махина чавоби рад додааст. Дар ин чо хам чун дастгирак аз баёноти яке аз иштирокчиёни асосии ин казия И. Абдурахмонов, ки ба чи гунагии рафти ходиса манфиатдор буд, мегиранду пеши назар намеоранд, ки ин нишондод умуман ба замони ходиса мувофикат намекунад. Маълум мегардад, ки дар Суди Оли хам ба таври чидди ин масъаларо мавриди барраси карор надодаанд.

Чаро айбдоркунандаи чамъияти?

Дар хукми суди зинаи аввал кайд карда мешавад, ки яке аз иштирокчиёни мурофиа айбдоркунандаи чамъияти Ф. Вохидова мебошад.Гуфтанд, ки дар рафти тафтишоти пешаки низ Ф. Вохидова иштирок кардааст.Намедонистем, ки дар кадом асос хангоми тафтишот шахси бегонаро рох додаанд. Ба гуфти яке аз адвокатхо оид ба дар рафти тафтишот иштирок намудани Ф. Вохидова карори муфаттиш будааст.Мо ба парвандаи чинояти шинос нашудем. Аз ин лихоз аник гуфта наметавонем, ки дар хакикат чунин карор хаст ё не.Вале як чиз тааччубовар аст, ки чаро дар рафти тафтишот айбдоркунандаи чамъияти рох дода шудааст.

Дуруггую дуругросткун

Накл мекунанд, ки дар як замоне, дар як маконе як дуруггу будаасту як дуругросткун. Корашон якчоя равнак доштааст. Рузе гапашон мегурезаду дуругросткун кахр мекунад. Дуруггуй ба назди шох рафта мегуяд:
-Шохам, як бузи кухиро чунон ба нишон гирифта паррондам, ки аз кафшакаш даромада, аз шохаш баромад.
Шох дар газаб шуда мепурсад, ки
-Ой, аблах! Чи хел тири ту аз кафшаки оху даромада, аз шохаш мебаромадааст.
Дуруггуй лол мешаваду ноилоч назди дусти дуругросткунаш рафта, зорию тавалло мекунад, ки агар ба назди шох даромада сухани уро исбот накунад, кораш тамом. Дуругросткун ба назди шох омада, таъзим карда мегуяд:
-Шохам ин рост мегуяд. Вакте ки бузи кухи бо кафшаки пояш шохашро мехорид ин ба нишон гирифта тир андохту тираш аз кафшаки оху гузашта аз шохаш баромад…
Ин накл хох афсона бошад, хох ривоят ва хох хакикат ба касе нисбат намедихем. Танхо дар хаёти вокеи ба ходисахое вохурдан мумкин аст, ки як макомот бе дигараш, агар созиш надошта бошанд, миси корашон мебарояд.
Бехтараш ба идомаи мавзуъ шуруъ мекунем.Ба фикрам дар бораи аксар лахзахое, ки барои чинояткор будан ё ба таври тасодуфи махкум шудани Бежан накл кардем. Танхо бисёр лахзаю далелхои дигар хастанд, ки гуфтанашон ба ваколати мо дохил намешавад. Аниктараш онро фош кардан холо барвакт аст.
Харчанд дар ин мавзуи хеле тулкашида, дар бораи лахзахои чудогона ибрози назар карда бошем хам, бори дигар таъкид менамоем, ки замони ба амал омадани ходисаро муфаттиш С. Шарипов ва судя Ф.Зиёдуллоев байни соатхои 18.30-20.30 муайян кардаанд.Аммо дар карори кабулнамуда оид ба хабси пешаки гирифтани Бежан Кудратов, аз 1 ноябри соли 2007 гуфта мешавад, ки Махина Рузиева ба муомилаи берахмона ва пастзанандаи кадру кимати худ тоб наоварда, хамон руз тахминан дар соати 21 ба воситаи асбоби тез ба гулу ва гарданаш чарохатхои чисмони расонда худро халок кард.
Нишондодхои милитсинер И. Абдурахмонов бо махкумшуда такрибан як соат фарк мекунанд. И. Абдурахмонов мегуяд, ки мо тахминан соати 19-19.20 ба назди хонаи Бежан омадем. Вакти ру ба ру шуданашон Бежан бо касе телефон кардани будааст.Баъдтар Бежан дар рох , хангоми ба суи ШКД рафтанашон занг задаст. Бежан дар ШКД аз соати 19.30 то соати 19.45 дакика хузур доштааст.Дар он чо дигар милисахо будаанд.
Судшуда Бежан Кудратов нишондод додаст, ки такрибан соати 20-20.10 бо милисахо вохурда, тахминан соати 20.30 дакика ба ШКД рафта мерасанд. Аз он чо такрибан соати 20.45 дакика ба суи хонааш баргашта, тахминан соати 21 ба хонааш меояд.
Мутаасифона, на муфаттишу на судя ин нишондодхоро бо дигар далелхо мукоиса намекунанд.Харчанд барои муайян намудан имкониятхои зиёд доштанд.Танхо нишондоди ду нафарро ба таблограмма мукоиса намудан кифоя буд, ки гуфтаи кадоме аз онхо хак буданашро пурра собит намои.Вале танхо мавкеи айбдоркуниро пеша намуда, чунин нишондод тахлил карда намешавад.Дар арафаи тафтишоти пешаки муайян кардаанд, ки Бежан соати 18.52 ва 19.36 аз телефони хонааш ба раками телефони апааш занг задаст.Вале И. Абдурахмонов мегуяд, ки хамрохи у Бежан то соати 19.45 дакика дар ШКД будааст.Пас пурсида мешавад, ки агар Бежан дар милисахона буд, чи хел дар он соат аз телефони хонагиаш занг зад? Хамчунин судя ба ин нишондодхо, гуфтаи ягон шохиди дигарро дар мавриди замони ба амал омадани ходисаю дар кучо будани судшаванда мукоиса накардааст.
Аз маводхои дар даст доштаамон, дар боло хам ишора намудем, вакти марги Махинаро ду хел нишон медиханд. Аввалааш ба хакикат рост намеояд. Чунки дар ин вакт зинда будани Махинаро хамсояхо ва дигар далелхо собит месозанд. Холати дуюми марги Махина байни соати 20- то 21 мебошад. Аз руи нишондоди Бежан ва гуфтахои шохидону мукоиса бо таблограмма маълум мегардад, ки дар ин вакт Бежан дар хонааш набудааст.
Чизи дигар. Барои ба марг расондан ягон асоси муайян лозим аст. Аз нишондоди судшудаю ба таври дигар гуем сабаби чанчол-Мадина Ибодуллоева маълум мегардад, ки оид ба маблаг он бегох ягон сухане нагуфтаанд.Дар хукм хулоса карда мешавад, ки Бежан пас аз занги М.Ибодуллоева, яъне пас аз соати 19.55 дакика бо хамсараш чанчол карда, ба у бо корд хамла намуда, гарданашро буррид.Аммо ин далели судя бо ягон чиз исбот карда нашудааст.Чунки хамаи инро шохид М. Ибодуллоева рад кардааст.Дар бораи дигар далелхои барои гунахкории Бежан оварда, хаминро гуфтан чоиз аст, ки сохтакории махз асту халос. Барои чи то ба ШКД рафта омадани Бежанро ба таври такрори санчидаанду шунидан ё нашунидани садои «оча»-гуиро аз тарафи Н.Бобочонова мавриди тахкик карор надоданд? Чунки агар месанчиданд, на ба манфиати тафтишот буду на ба манфиати судя.Гайр аз он дар мурофиаи судию дар тамоми нишондодхояш Н. Бобочонова мегуяд, ки овозро пас аз хомуш шудани кувваи барк шунидааст.Пас барои чи аз маълумотномаи идораи барки шахри Чкалов ба назар гирифта намешавад? Чун ки агар он маълумотномаро ба эътибор мегирифтан, худ аз худ нишондоди шохидон дар мавриди бегунохии Бежан тасдик мегардид.
Дар тамоми тачрибаи судию тафтишоти хангоми печидагии чиноятхо ба хулосаи мутахассисон руй оварда, ба холати кор бахо медиханд.Дар ин ходиса хам якчанд мутахассис чалб карда шуда, онхо фикри худро иброз намудаанд.Дар бораи чигунагии санадхои омода намудаи мутахассисон чизе намегуем. Зеро ки дар боло ёдрас шудем. Танхо лозим донистем, ки чанд суоли ба мутахассис аз тарафи тафтишот гузошташудаю чавоби мутахассиси ташхисгарро ин чо таъкид намоем.Масалан чунин суол гузошта шудааст: « Оё мархума метавонист, пас аз гирифтани чарохатхо харакат кунад, дод занад, одамонро ба ёри даъват кунад?»Чавоби ташхисгар: « Бо чарохатхое, ки дар танаи мархума мавчуданд, у метавонист дар хона харакат кунад, дод занад, одамонро ба ёри даъват кунад». Савол: «Оё ин чарохатхо дар вакти зинда будани чабрдида расонида шудаанд, ё баъд аз маргаш». Чавоб: «Хамаи чарохатхо дар вакти зинда будани чабрдида расонда шудаанд, зеро аз онхо баромадани хуни зиёд ба назар мерасад». Савол: « Оё дар бадани мархума ягон аломати худмухофизаткуни дида мешавад?» Чавоб: «Дар бадани мархума ягон чарохати чои латхурда, ки дар натичаи худмухофизаткуни, ба вучуд омаданаш мумкин аст, вучуд надорад».
Акнун ин саволу чавобро ба холати вокеии кор мукоиса мекунем.Аз маводхои ташхиси ва протоколхои азназаргузаронии чои ходиса маълум мегардад, ки дар 17 дона гугирдчуби бо онхо пулхоро сузода, изи дасти хунолуд боки мондааст. Хамчунин дар пулхо хам, кисмаш сухтаю кисми дигараш носухта изхои дасти хунолуд мушохида шудаанд.Дар чои сузондагии пулхо дар руи гилему дар фарши хона 10-15 чакра хун чакидааст. Дар ванна, ошхона, дахлез, хонаи хоб чакрахои хунро мушохида кардаанд. Дар дастгираки дари яхдон, плиткаи барки хам изи дасти хунолуд мушохида шудааст. Пас ин изхо кай пайдо шуданд? Пеш аз марг ё пас аз марг?
Дар хукм таъкид мешавад, ки Бежан бо корд хамла карда, гардани Махинаро буррид. Аммо дар асоси ташхиси судию тибби маълум мегардад, ки дар гардани Махина ду чарохати буридаи кисми пеши гардан мушохида мешавад.Ин чарохатхоро мутахассисон «ссадына»,яъне харошидаги номидаанд. Судя фикр накардааст, ки чи хел бо корд чарохат мерасонию он монанд ба харошидаги мешавад?
Гайр аз он дар хукм гуфта мешавад, ки гуё Махина ба сузондани пулхо машгул шуду аз он кахри Бежан омада, бо корд ба мархума хучум кард.Агар вокеан ходиса чунин мебуду дар зинда буданаш, хангоми пулхоро сузондани шудан чарохат расонда мешуд, изи хунолуди дар пулхо аз кучо пайдо шуд?
Чарохатхои дар часад бударо ба назар гирифта,тафтишот дар назди ташхисгарон чунин суол мегузорад: « Чарохатхои дар гулу ва дасти чапи мархума чи тавр метавонистанд, пайдо шаванд?» Чавоб: «Ин чарохатхо метавонистанд бо дастони худи чабрдида, хам дар гулу ва хам дар дастхо расонда шуда бошанд. Аз руи баъзе тадкикотхо ин гуна чарохатхоро метавонад, шахси дигар низ расонад».Савол: « Чаро хам харошидагихои(ссадына) гулу ва хам кисми пеши дасти чап ба мисли хатхои параллели аз як самт буррида шудаанд? Чавоб: « Ба хам параллел будани чарохатхо як хел буррида шудани онхо, самти якхела буриш доштани онхо ба он далолат мекунад, ки ин чарохатхо бо дастони худи чабрдида бурида шудаанд».
Дар хукм бошад, оварда мешавад, ки чун Бежан фахмид, ки натичаи зарбаи бо корд расондааш марг аст,бо максади гумрох намудани кормандони макомоти хивзи хукук дастхои Махинаро буррид. Оид ба лахзаи доркаши хам чунин тахминкуни мушохида мешавад.Гуё ба хамаи ин каноат накарда,танаи нимчонро ба халтаи муштзани овезон карда бошад, ки гумон кунанд то ба доркаши Махина якчанд харакати бехуда кардааст. Магар бо сохтани сахнаи доркаши чарохати гарданро пинхон карда мешавад? Вокеан, агар ин сахнаро Бежан сохта бошад, пас чанд чакраи хун дар баландаи 2,5 метр дар банди бастаи халтаи муштзани аз кучо пайдо шуд? Барои чи дар зери халтаи муштзани чакрахои хун пайдо нашуданд? Агар дастони Махина бо максади ба гумрохи андохтани макомоти тафтишоти буррида шуда бошанд, пас чаро донахои гугирдчубу пулхо хунолуданд? Он изи хун аз кист? Таъкид мекунем, ки мувофики хулосаи ташхисгарон ягон чои Бежан буррида нашуда буду хатто аз зери нохунхояш хам ягон нишонаи хун мушохида нагардидааст.
То чое имкон доштем дар боло аз харакатхои тафтишотию суди изхори акида намудем. Дар хама чо аз нишондодхои хархелаи судшуда харф мезананду ягон вачхи мушаххас нисбат ба ин ходиса оварда намешавад, ки хархела будани нишондоди Бежанро собит намояд.Дар баъзе холатхо махкумшударо ба дуруггуи муттахам намуда,худашон дуруг мегуянд.Нисбат ба ин масъала хам аз фикри айбдориву хаи аз хукм далелхои зиёд овардан мумкин аст. Вале бо овардани як мисол конеъ мешавем.Дар хукм хулоса мешавад, аниктараш дуруггуии Бежанро собит кардани мешаванд, ки дар байни соатхои 18.30- ва 20.30 дар назди хонаи Бежан бинобар туй буданаш одамони зиёде хузур доштанду каси бегона наметавонист кушторро содир кунад.Пас нишондоди И. Абдурахмонов, ки судя барои таквияти тахминаш аз фикри айбдори айнан руйбардор кардааст, чи мешавад? И. Абдурахмонов мегуфт, ки соати 19-19.20 дакика ба назди хонаи Бежан омада буданду 4-5 дакика дар берун бо Бежан сухбат карданд. Пас чаро онхоро ягон кас надид?
Хамин кадар судя барои исбот намудани гунохи судшаванда дар ходисаи марг вачх наорад, хамон кадар хангоми ходиса хузур надоштани Бежан аниктар мешавад. А. Тиллоев сохиби туй шаходат додааст, ки то соати 19.30 дакика у дар берун меистодаасту одамон бисёр будаанд ва у хурок мекашидааст. Барои чи у ва дигарон омадани милисахоро надиданд?
Хар кадар дар бораи ин ходиса сухан ронему далел орем.хамон кадар суолхо зиёд мешаванду аз он дарак медиханд, ки барои афсонабофию тахминкуни ва хукми 20 сола нафаре истодаасту бехабараст, ки аз хукми Худо чои гурез нест. Имруз не, пагох ин хукм гиребони уро мегирад.
Хукм гуфтаму суханони Бежан, ки шароити зиндон, аллакай рангашро заъфарон кардааст, пеши назарам омаданд.Бежан накл кард, ки холааш модари мархум хамсараш Махина хануз баррасии парванда ба охир нарасида гуфта будааст, ки бачем ба такдират тан дех. Инхо туро 20 сол зиндони мекунанд.
Инро гуфту «наход, ман бист сол»… гуён ба ман нигариста, боз илова кард:
-Умедам ба Шумо….
-Ба у посух додам, ки ба умеди Худо шав, Худованд туро аз зиндон рахо мекунад.
Бале, ман бо катъият гуфтам, ки Худованд туро озод мекунад. Чунки сояи Худо дар сарзамини Точикистон Эмомали Рахмонро дар назар доштам…

Чумъаи Толиб,
Душанбе-Чкалов-Душанбе

Отслеживать

Get every new post delivered to your Inbox.