Архив

Записи, помеченные «Вазорати дифоъ»

Мулло Абдуллову Мирзохӯҷа «Хӯҷааливу Алихӯҷа»?

«Урал»-ро Мулло Абдулло тарконду Мирзохӯҷаро таъқиб мекунанд

Замоне, ки мошини «Урал»-и Вазорати мудофиа таркид ва 25 нафар аз аскарон дар натиҷаи ин таркиш ҷони худро аз даст доданд, мақомот инфиҷори мазкурро кори дасти Мулло Абдулло номиданд. Аммо баъдан ба ин кор даст доштани Мирзохӯҷа Аҳмадов, собиқ корманди милиса ва қумондони мухолифи ҳукумати феълӣ ва одамони ӯро низ тасдиқ карда, аз пайи дастгир кардани ӯ афтоданд. Аммо ҳанӯз замоне, ки нерӯҳои амниятии Кумитаи амнияти миллӣ, Вазорати дифоъ ва Вазорати корҳои дохилӣ ба самти Рашт ҳаракат карда буданду баъдан сафари вазирони ин ниҳодҳо ба минтақаи Рашт чун гуфтушунид байни нерӯҳои мухолифини собиқ, Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Шоҳ Искандар маънидод гашт ва ҳоло вазъият хеле ором ба назар мерасид, коршиносон аз эҳтимоли «бадбахт» шудани Аҳмадов ҳадс мезаданд. Аммо аз ин ҳам пештар, замоне, ки маҳбусон аз зиндон фирор карданд, иддае аз коршиносон чунин мешумориданд, ки «давидани гӯсола то каҳдон аст» ва «каҳдон»-и онҳо шояд минтақаи Рашту ҳадаф Мирзохӯҷа бошад.

Аммо худи Мирзохӯҷа дар сӯҳбат бо хабарнигори «TojNews»  чунин гуфтааст: «Ман дар манзили худ юмбош карда нишастаам ва бо касе аз намояндагони ҳукумат музокира надоштам. Дар бораи ба Рашт омадани ҳайати баландпояи ҳукуматӣ ҳам иттилое надорам». Вале ба иттилои хабаргузориҳо мулоқоти Шоҳ Искандаров бо мақомот таъйид шудааст. Бино бар хабарҳо дар Рашт як ситоди фаврии ниҳодҳои қудратӣ низ таъсис ёфтааст. Яъне аз ин нуқтаи назар чунин хулоса кардан мумкин аст, ки шояд манзури мақомот аз аввал маълум буд ё шабаҳи Мулло Абдулло бори дигар мисли соли 2009, ки бо амалиёти «Кӯкнор 2009» машҳур аст, дар ин минтақа пайдо шуду баъди боздошти Мирзохӯҷаву ёронаш нопадид мегардад ва ба гӯшаи фаромӯшӣ меравад. Зеро дар соли гузашта низ дар Тавилдара вуруди Мулло Абдулло бо гурӯҳаш таъйид шуда буд, аммо пас аз кушта шудани Мирзо Зиёев ва боздошти ҳамдастонаш номаш ҳам фаромӯш гашту амалиёти «Кӯкнор 2009» низ ба анҷом расид. Ин амалиёти мақомоти қудратӣ барои аҳли ҷомеа саволҳои беҷавоберо гузошт, ки то ин замон посухи мушаххаси худро наёфтаанд. Чӣ гуна мешавад, ки Мулло Абдулло ба хоки Тоҷикистон бо гурӯҳи мусаллаҳаш ворид гашт ва бо нерӯҳои амниятии мо даргир шуд, аммо баъд аз қатли Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизов якбора ғайб зад? Читать далее…

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.