Архив

Записи, помеченные «вазорати мудофиа»

Чаро узр напурсем?!

Ноябрь 27, 2010 1 комментарий

Дар Агентии иттилоотии «Ховар»  баёнияи Вазири мудофиа генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев, бо номи «Кӣ аз кӣ бояд узр пурсад?»-ро хондаму ба худ гуфтам, ки албатта мо бояд узр пурсем. Маро ба ин иқдом ин сатрҳо водор намуд «Ба болои ин ҳама бемасъулиятӣ боз бешармона талаб доранд, ки Вазорати мудофиа аз онҳо узр пурсад.Узр Шумо бояд, бипурсед, қаламкашони мӯҳтарам, агар виҷдону масъулият дошта бошед».

Ба ростӣ виҷдонам сахт азоб дод ва сари баландро болои қоғази сафед хам намудаму саҳифаро бо қалам сиёҳ кардам.Чунки дар Изҳороти рӯзноманигорон нисбат ба узр пурсидани масъулини Вазорати мудофиа имзои банда ҳам буд.  Вале виҷдон…Бовар кунед, мо аз ягон таҳдиди террористу экстремист гуфтан наметарсем. Чунки дар хунамон, дар вуҷудамон, дар андешаамон чунин мафҳумҳо нестанд!

Агар гуфтаҳои Вазири мудофиаро аз аввал то ба охир таҳлил намоӣ, он пур-пури хатоии мантиқист ва ҳар ҷумлаи он даҳҳо суолро тақозо менамояду маълум аст кадом нафари аз саводу мантиқ орӣ  омода кардааст. Дур намеравем. Ба ин  ҷумла таваҷҷӯҳ зоҳир намоед: «Ба болои ин ҳама бемасъулиятӣ боз бешармона талаб доранд, ки Вазорати мудофиа аз онҳо узр пурсад».

Мо рӯзноманигорон аз масъулини Вазорати мудофиа тақозо доштем, ки аз рӯзноманигорон узр пурсад, на аз Вазорати мудофиа? Инсоф кунед, вақте байни Вазорати мудофиа ва  масъулини Вазорати мудофиа тафовут гузошта намешавад, пас чӣ ҷои гила? Мо рӯзноманигорон алифро аз калтаку қаламро аз автомат фарқ мекунем,  нафарони зиёдамон афсар ҳам ҳастем. Медонем, ки ҳеҷ гоҳ Вазорати мудофиа узр пурсида наметавонад… Читать далее…

Қалам ё алам?

Дирӯз навиштаҳои журналистонро ИҒВОГАР номиданд, имрӯз ТАРҒИБГАРИ

ТЕРРОРИЗМ эълон карданд, фардо чӣ? Маҳкум ба марг?

Сураи «Қалам» ва тӯҳмат намудани қаламкашон

Сураи «Қалам» яке аз сураҳои аввали нозилшудаи Қуръон аст… ва савганд ба қалам хӯрдани Аллоҳтаъоло рӯшан сохтани эътибору мартабаи баланди қалам аст пеши худованд ва аз ин дарс гирифтан аст.

Яъне, савганд чунин омадааст: нун вал қалами ва мо ястурун: Қасам ба қалам (-и аъло) ва бо он чи менависанд (фариштагон)

Вале халқи қалам ва «нун», (ки худо донотараст дар маънии он) ва забон, ки бародари қалам аст барои ифодаи мақсад бо хат ин як фазлу марҳамати илоҳист, ки инсонро аз миёни махлуқоташ имтиёз дод то ҳарф бизанад ва қаламу давот дод то фикрашро навишта бисозад.

(Ояи якуми сураи қалам, 29 пораи таборак, «Тафсири осонбаён»)

Бояд ёдрас шуд, ки ин сура се мавзӯи асосиро ёдрас ва рӯшан мегардонад, ки яке аз онҳо қадру қимати пайғамбарон ва пок будани онҳо аз айбҳое, ки мушрикон ба онҳо мебастанд ва соҳиби ахлоқи олӣ будани пайғамбарон таъкид мешавад.

Яъне, дар замони пайғамбарон ҳам бо вуҷуди он ки фиристодаи Худо буданд ва аз рӯйи ончи ки дар китоби муқаддаси Қуръон омадааст, амал мекарданд, нисбаташон тӯҳмату истеҳзо намуда, ба қатл маҳкум мекарданд. Читать далее…

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.