Архив

Записи, помеченные «Иқтисод»

Орзуи булбул баҳору орзуи каргас мурдор

Аксарият манфиати шахсиро фикр мекунанд ва донистан намехоҳанд, ки оянда натиҷаи амали эшон аҳли ҷомеаро ба чӣ гуна проблема мувоҷеҳ хоҳад сохт. Мисли он ки булбул танҳо  фасли баҳорро орзу мекунад ва каргас хоҳиши онро дорад, ки ҳар рӯз як мурдорро саркандаву парканда бинад.

Ҳар кӯдаки гаҳвора аз кадом як «хоҷаи хориҷӣ» 250 доллар қарздор аст

Ба иттилои вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, ҳоло қарзи берунаи Тоҷикистон ба 1 миллиарду 755 миллион доллар расидааст, ки ин нишондод ҳудуди 32 дар сади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Барои давлате, ки 7 миллион нуфуз дорад, аммо иқтисодаш заиф аст, ин қарзи андак нест. Агар ба сари ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ҳатто кӯдаки гаҳвора ин қарзро тақсим кунем, ҳудуди 250-доллариро ташкил хоҳад дод. Вақте одати қарзро гирифтан ҳасту баргардонидан не, оқибат бори гарони дӯши кӣ хоҳад буд? Ба дӯши мардуме, ки худ ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ буду шудашро фурӯхта, мошинпулӣ мекунад, аммо аз гаронии билет ва роҳкиро маҷбур аст бар замми фурӯхтани ҳамаи дороиҳояш боз аз куҷое қарз гирад, дар охир қарзи иловагиеро ба гардан хоҳад гирифт? Модоме, ки 50 дар сади аҳолии кишвар бо қашшоқӣ ва фақр ҳаёт ба сар мебаранд ва шояд бо гирифтани қарз ва хайр аз наздикону одамони алоҳида зиндагии «хӯру намур» доранд, беандеша ба амалҳои паёмадаш нохуб даст задан аз рӯи инсоф нест.

Агар аз дидгоҳи дигар баҳо диҳем, ки ҳангоми гирифтани қарз нақшаи баргардонидан вуҷуд дорад, ростӣ ба суоли «то куҷо ба воқеият наздик будани ин амал» посухе дарёфт карда наметавонем. Чун агар нақшае буд ё алъон вуҷуд дорад, чаро сол то сол қарзи берунии Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст? Якчанд сол аст, ки қарз дар ҳоли афзоиш аст. Чаро як марҳилае набуд ва нест, ки нақшаи баргардони қарз иҷро шуда бошад? Ин гуна суолҳоро зиёд метавон пеши худ гузошт, аммо дарёфти посух ба онҳо хеле душвор аст. Читать далее…

Рубрики:Иқболи САИДЗОД Метки:
Follow

Get every new post delivered to your Inbox.