Архив

Записи, помеченные «Кумитаи РТВ»

Зарина Раҳмонова: яккатоз ё пуштибон?

Ҳафтаи гузашта тамоми расонаҳои хабарӣ аз хусуси ровии телевизион шудани духтари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта бошанд ҳам, шояд кам мардуми оддиро ба ҳайрат оварад. Зеро халқро дигар на вазифа гирифтани шахси оддӣ ба ташвиш меораду на шахсони маъруф. Охир, аз ҳеҷ кадоме ба онҳо суде нест. Вале як умед ҳаст: Шояд ояндаи наздик ӯ раиси Кумитаи телевизион ва радио шаваду гузоришҳои мадҳиясароӣ ва шахсиятпарастиро дар шабакаҳои телевизионӣ хотима бахшад.

Ҳамагӣ меболанд…
Зарина Раҳмонова дар хориҷа таҳсил кардаву шояд бо муҳити ВАО ва вазифаи журналист ошноӣ пайдо карда бошад. Бо вуҷуди 16-сола будан, ӯ хуб дарк карда метавонад, ки дар ягон кишвари ДЕМОКРАТӣ ВА ДУНЯВӣ ба ин андоза ЗИНДАБОДГӯӣву БУТПАРАСТӣ ҳатто дар ВАО-и давлатӣ нест, ки дар мост. Бояд дарк карда тавонад, ки он ба ҷуз хандахариши хориҷиёну худи мардуми тоҷик гаштан, чизе беш натиҷа нахоҳад дод.
Масалан, кӣ бояд ҷавоб диҳад, ки тӯли як моҳ дар 5 шабакаи телевизионӣ такрор ба такрор танҳо як чеҳраву мадҳиясароии мардумро дар васфи мансабдоре намоиш додан чӣ маъно дорад? Ба кӣ чӣ медиҳад ин мадҳиясароӣ? Оё рисолати журналистони телевизионҳои давлатӣ ҳамин аст?
Дар ҳамин ҳол, саволи аввалиндараҷа ин аст, ки оё духтари президент бо маоши ночизи телевизион розӣ аст, ки оянда кор кунад ва ё ба қавли собиқ Прокурори генералии ҶТ, сарулибос ва мошинҳои гаронбаҳои хориҷиро хешовандонаш “тӯҳфа” хоҳанд кард? Читать далее…

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.