Архив
Пайкон 4 (87)
Пайкон №2
Қарздорӣ-ку ғазаби Худо, муфтхурӣ чӣ?
Дар конференсияи солонаи Шӯрои ВАО пас аз ҳисоботи Раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Иброҳим Усмонов суоле пешниҳод шуд, ки айнан чунин буд: «Меъёри асосӣ барои Шӯро ахлоқ аст. Шумо чун Раиси Шӯро ба амали узви Шӯрои ВАО Шариф Ҳамдамов ва яке аз муассисони Шӯро Акбаралӣ Сатторов, ки бе асос, бе ягон далели хаттӣ, бо вуҷуди мавҷуд будани шартнома миёни чопхонаҳояшон ва ҳафтаномаҳои «Фараж», «Пайкон» ва «Нигоҳ» аз нашри онҳо худдорӣ карданд, аз назари ахлоқӣ чи гуна баҳо медиҳед?». Ҳарчанд И.Усмонов баробари хондани савол иброз намуд, ки он як навъ моҳияти хусуматомез дорад, дар асл чунин набуду нест. Ҳадафи асосӣ он буд, ки назари Раиси Шӯроро ба амал ё беамалии ду нафаре, ки дар майдони журналистикаи тоҷик номашон вирди забонҳосту ягон маъракаи журналистӣ бе ҳузури онҳо доир намешавад , ба қавле яккатозанд, муайян намоем. Чунки дар аксари созмони журналистӣ ному насаби онҳоро дучор мешавед. Агар Акбаралӣ Сатторов раиси иттифоқи журналистони Тоҷикистон бошад, Шариф Ҳамдамов узви раёсати Иттифоқи журналистон, агар яке аз муассисисони Шӯрои ВАО якумӣ бошад, дуюмӣ аъзои Шӯро аст…Ҳамин вазифаҳои онҳоро дар назар дошта суол карда будем. Чаро домони директори чопхонаи «Мушфиқӣ»-ро намедорем? ӯ ба ягон созмони журналистӣ алоқаманд несту ба рафтори журналистон дахолат ҳам намекунад.. Читать далее…
Пайкон №41 (83)
Пайкон №40 (82)
Ёқубу Ғаффор «Седой» дар маҳбас, Маҳмадрузӣ Искандаров куҷост?
Марҳилаи аввал
«Побег из тюрмы». Як лаҳза:
Вақте фирори маҳбусон аз СИЗО-и КДАМТ дар байни мардум овоза шуд, аксарият филми бисёрсериягии «Фирор аз зиндон»-ро ба ёд меоварданд, ки дар он ҷо тарҳи гурезро нафаре бо исми Майкл аз берун кашида буд ва ба хотири наҷоти бародараш худро ба зиндон андохт. Дар натиҷа бо душвориҳои зиёд Майкл барои озод кардани бародараш аз зиндон комёб гашт. Валекин аз маҳбас ҳамроҳи онҳо якчанд нафари дигар низ гурехтанд. Аммо дар тарки қаламрави кишвар танҳо 4 нафар ба мақсад расиданд, боқимондаҳо ё дар задухӯрд бо полис ҳалок гаштанд ё бо ғаразҳои шахсӣ қурбон шуданд. Ҳарчанд ин филм шояд асоси воқеӣ надораду вале гурехтан аз маҳбас тамошобононро хеле ба ҳайрат гузошта буд, аммо «побег»-и маҳбусон дар Тоҷикистон тамоми мардуми на танҳо тоҷик, балки минтақаро ба ҳайрат гузошт. Коршиносон фарзияи мавҷудияти «дасти бегона»-ро дар ин фирор рад намекунанд, аммо ба андешаи иддае нақши Майклро дар ин ҷо шояд кишварҳои бозингари минтақа ё касе аз «боло» бозидааст. Аммо гумони ҳукумат аз муллоҳо ва тундгароён дар ин маврид бештар ба назар мерасад. Вале ба ҳар ҳол сенарияи филми «Побег из тюрмы» дар аксар ҳолат ба фирор аз зиндони КДАМТ шабеҳият дорад. Дар филм агар то охир 4 нафар дар баромадан аз ҳудуди кишвар муваффақ шуда бошанду боқимонда аз дасти полис ҷон ба саломат набурдаанд, дар воқеият низ саҳна такрор шуда истодааст, танҳо як тафовут дорад. Масалан, дар филм агар тарроҳи асосӣ ба даст наафтодааст, аммо дар ин ҷо нақшакаш Қорӣ Иброҳим аввал ба даст афтод. Сипас, як нафари дигар ва боз ҳоло ду фирорӣ натавонистанд аз чанги мақомот раҳо ёбанд. Аммо як нуктаро бояд қайд кард, ки дар филм ба амали фирориён гурӯҳҳое аз «боло» манфиатдор буданд ва аммо дар фирори воқеии дар Тоҷикистон рухдода ҳоло ин эҳтимол дақиқ омӯхта нашудааст. Ҳарчанд дар доираҳои коршиносон ин омилро ҳам ҷӯё мешаванд. Читать далее…







Назар