Дигар аз фоли «русӣ» ва тарҳи «амрикоӣ» халос шудем
Кушта шудани Абдулло Раҳимов, ки бо номи «Бин Лодан»-и русӣ ва «Мулло Абдул¬ло» ёд мешуд, расман тасдиқ шуд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як баёния кушта шудани Мулло Абдулло ва 14 ҷонибдори ӯро тасдиқ кард.
Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки ама¬лиёти зидди гурӯҳи мазкур пас аз ошкор шу¬дани маҳали ҷойгиршавии Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба «Мулло Абдулло» «дар қисмати ғарбии ноҳияи Рашт, дар масофаи беш аз 50 километр дуртар аз маркази ноҳия, дар мав¬зеи баланду мушкилгузар» рӯзи 15-уми апрел оғоз ёфт. Ҳангоме ки нерӯҳои давлатӣ барои боздошти Абдулло Раҳимов, бо лақаби «Мул¬ло Абдулло» ба ин маҳал омаданд, задухӯрди шадиде шурӯъ шуда, бар асари он Абдулло Раҳимов ва 14 нафар аз «аъзои гурӯҳи ҷиноии ӯ» кушта шудаанд. Дар баёнияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо изҳори таассуф гуфта шудааст, ки дар ин даргирӣ ду нафар аз сокинони маҳаллӣ, ки бо иродаи ватанахоҳӣ аз ҳамсафони ихтиёрии сохторҳои қудратии кишвар буданд, ба шаҳодат расиданд ва ду нафар аз кормандони мақомоти амният ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтаанд. Читать далее…
«Урал»-ро Мулло Абдулло тарконду Мирзохӯҷаро таъқиб мекунанд
Замоне, ки мошини «Урал»-и Вазорати мудофиа таркид ва 25 нафар аз аскарон дар натиҷаи ин таркиш ҷони худро аз даст доданд, мақомот инфиҷори мазкурро кори дасти Мулло Абдулло номиданд. Аммо баъдан ба ин кор даст доштани Мирзохӯҷа Аҳмадов, собиқ корманди милиса ва қумондони мухолифи ҳукумати феълӣ ва одамони ӯро низ тасдиқ карда, аз пайи дастгир кардани ӯ афтоданд. Аммо ҳанӯз замоне, ки нерӯҳои амниятии Кумитаи амнияти миллӣ, Вазорати дифоъ ва Вазорати корҳои дохилӣ ба самти Рашт ҳаракат карда буданду баъдан сафари вазирони ин ниҳодҳо ба минтақаи Рашт чун гуфтушунид байни нерӯҳои мухолифини собиқ, Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Шоҳ Искандар маънидод гашт ва ҳоло вазъият хеле ором ба назар мерасид, коршиносон аз эҳтимоли «бадбахт» шудани Аҳмадов ҳадс мезаданд. Аммо аз ин ҳам пештар, замоне, ки маҳбусон аз зиндон фирор карданд, иддае аз коршиносон чунин мешумориданд, ки «давидани гӯсола то каҳдон аст» ва «каҳдон»-и онҳо шояд минтақаи Рашту ҳадаф Мирзохӯҷа бошад.
Аммо худи Мирзохӯҷа дар сӯҳбат бо хабарнигори «TojNews» чунин гуфтааст: «Ман дар манзили худ юмбош карда нишастаам ва бо касе аз намояндагони ҳукумат музокира надоштам. Дар бораи ба Рашт омадани ҳайати баландпояи ҳукуматӣ ҳам иттилое надорам». Вале ба иттилои хабаргузориҳо мулоқоти Шоҳ Искандаров бо мақомот таъйид шудааст. Бино бар хабарҳо дар Рашт як ситоди фаврии ниҳодҳои қудратӣ низ таъсис ёфтааст. Яъне аз ин нуқтаи назар чунин хулоса кардан мумкин аст, ки шояд манзури мақомот аз аввал маълум буд ё шабаҳи Мулло Абдулло бори дигар мисли соли 2009, ки бо амалиёти «Кӯкнор 2009» машҳур аст, дар ин минтақа пайдо шуду баъди боздошти Мирзохӯҷаву ёронаш нопадид мегардад ва ба гӯшаи фаромӯшӣ меравад. Зеро дар соли гузашта низ дар Тавилдара вуруди Мулло Абдулло бо гурӯҳаш таъйид шуда буд, аммо пас аз кушта шудани Мирзо Зиёев ва боздошти ҳамдастонаш номаш ҳам фаромӯш гашту амалиёти «Кӯкнор 2009» низ ба анҷом расид. Ин амалиёти мақомоти қудратӣ барои аҳли ҷомеа саволҳои беҷавоберо гузошт, ки то ин замон посухи мушаххаси худро наёфтаанд. Чӣ гуна мешавад, ки Мулло Абдулло ба хоки Тоҷикистон бо гурӯҳи мусаллаҳаш ворид гашт ва бо нерӯҳои амниятии мо даргир шуд, аммо баъд аз қатли Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизов якбора ғайб зад? Читать далее…
Мулло Абдулло фурсатпойӣ мекард, ки президенти Тоҷикистон
кай ба сафар меравад, то ӯ ва гурӯҳаш вазъиятро дар Тоҷикистон ноором кунанд?
Мақомоти амниятӣ дар ин амал гурӯҳҳои Мулло Абдулло, ки сулҳи соли 1997-ро қабул накарда, тарки Тоҷикистон кард ва ҳамчунин Аловуддин Давлатов, маъруф бо лақаби Алии Бедакиро муттаҳам донистаанд. Мувофиқи маълумоти Вазорати мудофиа террористон шаҳрвандони зархарид ва кирояшудаи Ҷумҳурии Исломии Покистон, Афғонистон ва Чеченистони Федератсия Русия буда, ҳадафи аслии онҳо дар зери ниқоби ғояҳои исломӣ ноамн кардани фазои ором, ҷудоӣ андохтан байни гурӯҳҳову миллатҳо ва ба майдони фаъолияти гурӯҳҳои тундраву ҷангҷӯи исломии минтақа табдил додани Тоҷикистон мебошад.
Дар ҳамин ҳол хабаргузориҳои дохиливу хориҷӣ шумораи ҳалокшудагонро ҳар гуна арзёбӣ мекунанд. Ба иттилои расонаҳо мошинҳои низомӣ барои иваз кардани хизматчиёни ҳарбӣ дар роҳ ҳаракат мекарданд ва дар байни деҳаи Шулмак ва Шулеи дараи Камароб нафарони мусаллаҳ бо гранатомёт ва пулемёт сӯи мошинҳо тир кушодаанд. Гурӯҳи мусаллаҳ дар назди роҳи дара маскан гирифта будаанд, вале шумораи онҳо маълум нест. Хабаргузории «Азия плюс» бо такя ба як манбаи боэътимоди қудратӣ хабар додаст, ки на камтар аз 40 нафар аскарони Вазорати дифоъ дар пайи ин амалиёти террористӣ ҳалок гаштаанд. Дар ҳамла ба мошини низомии «Урал» Вазорати мудофиа гурӯҳи Алии Бедакро муҷрим донистааст, аммо чанд рӯз пеш ба иттилои расонаҳо падари Алӣ гуфтааст, ки фарзандаш бо ҳеҷ як гурӯҳи силоҳ ба даст ҳамроҳ нашуда, ба чорводориву кишоварзӣ машғул аст. Читать далее…
Назар