Архив

Posts Tagged ‘Санкт-Петербург’

НОМА БА ПРЕЗИДЕНТ БОВАР НАДОРАМ, ВАЛЕ УМЕДВОРАМ, КИ БА ПРЕЗИДЕНТ МЕРАСАД

24 сентября, 2010 8 комментариев

Шаби 18-уми апрели соли ҷорӣ, тахминан соати 10-и шаб дар кӯчаи «9-уми январ»-и ноҳияи Фрунзеи шаҳри Санкт-Петербург шаҳрванди Тоҷикистон, Давлат Норов Гурезалиевич, соли таваллудаш 1976, аз ҷониби ашхоси миллаташон қафқозӣ бо истифодаи корд ваҳшиёна ба қатл расонида шуд. Ҷасади ин ҷавонмарги тоҷик баъди ду рӯз ба ватан интиқол ёфт.

Рӯзи сеюми сентябр боз як шаҳрванди дигари тоҷик, ки ба мусофиркашӣ машғул буд, аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии ӯзбекистон ваҳшиёна кушта шудааст.

Ҷаноби олӣ, Эмомалӣ Раҳмон! Ин лаҳза ман суханони шуморо дар ҷаласае, ки дар Русия баргузор гашта буд, ба хотир овардам:

-Барои ман ҳамчун президенти мамлакат шунидани хабари ҳалокати ҳатто як шаҳрванди тоҷик дар хориҷи кишвар хеле вазнин аст, ба хусус дар замони осоишта.

Оре, барои шумо ҳамчун сарвари давлат хабари марги ҳамватане дар хориҷ аз кишвар вазнин аст, вале…….

Муҳоҷират дард аст, дарди бедаво, ки расму анъанаро оҳиста-оҳиста аз байн мебарад. Ҷудоии зану шавҳар хеле зиёд мешавад, чунки ҷавонмардони синнашон аз 17 боло рӯ ба мардикорӣ меоранд. Сафи бесаводон меафзояд. Муҳоҷират муҳаббату вафодории оилавиро сарнагун карда истодааст. Он мисли «касб»-е гаштааст, ки ҳатто ҷавонон ҳанӯз синфи 10-ро хатм накарда, орзу менамоянд, ки «мо россиян мешавем!». Тег «Далее»