Архив

Записи, помеченные «СМИ Таджикистана»

Қарздорӣ-ку ғазаби Худо, муфтхурӣ чӣ?

Дар конференсияи солонаи Шӯрои ВАО пас аз ҳисоботи Раиси Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Иброҳим Усмонов суоле пешниҳод шуд, ки айнан чунин буд: «Меъёри асосӣ барои Шӯро ахлоқ аст. Шумо чун Раиси Шӯро ба амали узви Шӯрои ВАО Шариф Ҳамдамов ва яке аз муассисони Шӯро Акбаралӣ Сатторов, ки бе асос, бе ягон далели хаттӣ, бо вуҷуди мавҷуд будани шартнома миёни чопхонаҳояшон  ва ҳафтаномаҳои «Фараж», «Пайкон» ва «Нигоҳ» аз нашри онҳо худдорӣ карданд, аз назари ахлоқӣ чи гуна баҳо медиҳед?». Ҳарчанд И.Усмонов баробари хондани савол иброз намуд, ки он як навъ моҳияти хусуматомез дорад, дар асл чунин набуду нест. Ҳадафи асосӣ он буд, ки назари Раиси Шӯроро ба амал ё беамалии ду нафаре,  ки дар майдони журналистикаи тоҷик номашон вирди забонҳосту ягон маъракаи журналистӣ бе ҳузури онҳо доир намешавад , ба қавле яккатозанд, муайян намоем. Чунки дар аксари созмони журналистӣ ному насаби онҳоро дучор мешавед. Агар Акбаралӣ Сатторов раиси иттифоқи журналистони Тоҷикистон бошад, Шариф Ҳамдамов узви раёсати Иттифоқи журналистон, агар яке аз муассисисони Шӯрои ВАО якумӣ бошад, дуюмӣ аъзои Шӯро аст…Ҳамин вазифаҳои онҳоро дар назар дошта суол карда будем. Чаро домони директори чопхонаи «Мушфиқӣ»-ро намедорем? ӯ ба ягон созмони журналистӣ алоқаманд несту ба рафтори журналистон дахолат ҳам намекунад.. Читать далее…

Пайкон №41 (83)

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.