Архив

Записи, помеченные «Тоҷикистон»

Чаро узр напурсем?!

Ноябрь 27, 2010 1 комментарий

Дар Агентии иттилоотии «Ховар»  баёнияи Вазири мудофиа генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев, бо номи «Кӣ аз кӣ бояд узр пурсад?»-ро хондаму ба худ гуфтам, ки албатта мо бояд узр пурсем. Маро ба ин иқдом ин сатрҳо водор намуд «Ба болои ин ҳама бемасъулиятӣ боз бешармона талаб доранд, ки Вазорати мудофиа аз онҳо узр пурсад.Узр Шумо бояд, бипурсед, қаламкашони мӯҳтарам, агар виҷдону масъулият дошта бошед».

Ба ростӣ виҷдонам сахт азоб дод ва сари баландро болои қоғази сафед хам намудаму саҳифаро бо қалам сиёҳ кардам.Чунки дар Изҳороти рӯзноманигорон нисбат ба узр пурсидани масъулини Вазорати мудофиа имзои банда ҳам буд.  Вале виҷдон…Бовар кунед, мо аз ягон таҳдиди террористу экстремист гуфтан наметарсем. Чунки дар хунамон, дар вуҷудамон, дар андешаамон чунин мафҳумҳо нестанд!

Агар гуфтаҳои Вазири мудофиаро аз аввал то ба охир таҳлил намоӣ, он пур-пури хатоии мантиқист ва ҳар ҷумлаи он даҳҳо суолро тақозо менамояду маълум аст кадом нафари аз саводу мантиқ орӣ  омода кардааст. Дур намеравем. Ба ин  ҷумла таваҷҷӯҳ зоҳир намоед: «Ба болои ин ҳама бемасъулиятӣ боз бешармона талаб доранд, ки Вазорати мудофиа аз онҳо узр пурсад».

Мо рӯзноманигорон аз масъулини Вазорати мудофиа тақозо доштем, ки аз рӯзноманигорон узр пурсад, на аз Вазорати мудофиа? Инсоф кунед, вақте байни Вазорати мудофиа ва  масъулини Вазорати мудофиа тафовут гузошта намешавад, пас чӣ ҷои гила? Мо рӯзноманигорон алифро аз калтаку қаламро аз автомат фарқ мекунем,  нафарони зиёдамон афсар ҳам ҳастем. Медонем, ки ҳеҷ гоҳ Вазорати мудофиа узр пурсида наметавонад… Читать далее…

Қирғизҳои ӯзбектабор дар Тоҷикистон

Октябрь 21, 2010 1 комментарий

Ҳафтае қабл чандин шаҳрванди ӯзбектабори Ҷумҳурии Қирғизистон аз Тоҷикистон дархости паноҳандагӣ карда буданд. Гуфта мешуд, ки онҳо бо сабаби даргириҳои қавмии тобистони соли ҷорӣ дар вилояти ӯши Қирғизистон мехоҳанд дар кишвари мо паноҳгоҳ ҷӯянд. Тибқи иттилои расонаҳо, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дархостро таҳти баррасӣ гирифтааст. Аммо баъзе коршиносони тоҷик тасмими Хадамоти муҳоҷиратро дар ин замина бенатиҷа дониста, ҳатто пешгӯӣ мекарданд, ки алҳол қабул намудани дархости паноҳҷӯёни ӯзбектабор ғайриимкон аст.

Атрофи мавзӯи мазкур сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов андешаронӣ намуда, аз ҷумла чунин гуфта буд: «Ба фикри ман, ин чиз ғайриимкон аст. Чунки дар ин ҳолат мо бояд баъзе талаботҳоро иҷро кунем. Зеро, вақте ин гуна дархостро қабул мекунем, дар ин маврид меъёрҳои байналмилалӣ вуҷуд дорад, ки онро бояд ба эътибор гирифт. Читать далее…

Дар Ғарм ҷанг сар шуд?

Сентябрь 26, 2010 Оставить комментарий

Мулло Абдулло фурсатпойӣ мекард, ки президенти Тоҷикистон

кай ба сафар меравад, то ӯ ва гурӯҳаш вазъиятро дар Тоҷикистон ноором кунанд?

Мақомоти амниятӣ дар ин амал гурӯҳҳои Мулло Абдулло, ки сулҳи соли 1997-ро қабул накарда, тарки Тоҷикистон кард ва ҳамчунин Аловуддин Давлатов, маъруф бо лақаби Алии Бедакиро муттаҳам донистаанд. Мувофиқи маълумоти Вазорати мудофиа террористон шаҳрвандони зархарид ва кирояшудаи Ҷумҳурии Исломии Покистон, Афғонистон ва Чеченистони Федератсия Русия буда, ҳадафи аслии онҳо дар зери ниқоби ғояҳои исломӣ ноамн кардани фазои ором, ҷудоӣ андохтан байни гурӯҳҳову миллатҳо ва ба майдони фаъолияти гурӯҳҳои тундраву ҷангҷӯи исломии минтақа табдил додани Тоҷикистон мебошад.

Дар ҳамин ҳол хабаргузориҳои дохиливу хориҷӣ шумораи ҳалокшудагонро ҳар гуна арзёбӣ мекунанд. Ба иттилои расонаҳо мошинҳои низомӣ барои иваз кардани хизматчиёни ҳарбӣ дар роҳ ҳаракат мекарданд ва дар байни деҳаи Шулмак ва Шулеи дараи Камароб нафарони мусаллаҳ бо гранатомёт ва пулемёт сӯи мошинҳо тир кушодаанд. Гурӯҳи мусаллаҳ дар назди роҳи дара маскан гирифта будаанд, вале шумораи онҳо маълум нест. Хабаргузории «Азия плюс» бо такя ба як манбаи боэътимоди қудратӣ хабар додаст, ки на камтар аз 40 нафар аскарони Вазорати дифоъ дар пайи ин амалиёти террористӣ ҳалок гаштаанд. Дар ҳамла ба мошини низомии «Урал» Вазорати мудофиа гурӯҳи Алии Бедакро муҷрим донистааст, аммо чанд рӯз пеш ба иттилои расонаҳо падари Алӣ гуфтааст, ки фарзандаш бо ҳеҷ як гурӯҳи силоҳ ба даст ҳамроҳ нашуда, ба чорводориву кишоварзӣ машғул аст. Читать далее…

Ҷонон Икромӣ: «Ба гуфтаҳои худ мутлақо ҷавобгарам»

Сентябрь 12, 2010 Оставить комментарий

Тавре бархе аз сомонаҳои  иттилоотӣ менависанд, вақтҳои охир расонаҳои мухталифи ӯзбекистон дар мавриди оқибатҳои марговари фаъолияти Корхонаи Арзизи Тоҷикистон маводҳои зиёд пахш мекунанд. Аз маводҳои мазкур чунин бармеояд, ки чангу дуди корхонаи Арзизи Тоҷикистон барои аҳолии манотиқи наздисарҳадии ӯзбекистон хатарнок  ва марговар аст. Дар ҳар сурат, намояндагони ниҳодҳои экологии ӯзбекистон ин ақидаро тасдиқ мекунанд. Аммо оё матолиби расонаҳои ӯзбекистон асосӣ илмӣ доранд ё асли мақсад чизи дигар аст? Ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба ин ва дигар паҳлӯҳои масъала мо мусоҳибае анҷом додем бо Ҷонон Икромӣ, доктори илмҳои химия, профессор, узви Академияи улуми Тоҷикистон.

- Таври маълум, мушкилоти экологии ТалКо на бори аввал, ва фикр мекунам, на бори охир аст, ки дар расонаҳои гурӯҳӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст. Ташаббускори асосӣ ҳар вақт ҳамсояҳои ӯзбеки мо мебароянд. Ва ҳар маротиба, новобаста аз шарҳу эзоҳҳои мо бо тамоми ҷузъиёти мавзӯъ, экологҳои ӯзбек боз аз нав таъсири манфии ТалКо-ро ба ҳудуди ӯзбекистон такрор мекунанд.

Биёед аз нав ба таърих баргардем. Шояд решаҳо ва ё сабабҳои имрӯзаи чунин «таваҷҷӯҳи хоса»-ро ба ТалКо пайдо кунем?

- Дар солҳои 50-60-уми асри гузашта барои сохтмони Заводи аллюминӣ ҳам ӯзбекистон ва ҳам Тоҷикистон довталаб шуда буданд. Шароф Рашидов, сарвари машҳури давлати ӯзбекистон, ҳамчун номзад ба узвияти бюрои сиёсии КМ ҲКШС, бо тамоми нерӯ ва бо истифода аз мақому манзалати худ, талош кард, ки мақомоти баландпояи Иттиҳоди Шӯравиро барои ҷойгиршавии Заводи алюминӣ дар ҳудуди ӯзбекистон моил кунад. ӯ ин кӯшишҳоро бо баҳонаи афзоиши қувваи корӣ ва зиёд будани майдонҳои калони холӣ дар ҷануби ин кишвар амалӣ менамуд. Аммо Тоҷикистон таҳти роҳбарии Т. Улҷабоев ва А. Қаҳҳоров тавонистанд А. Н. Косигинро бовар кунонанд, ки сохтмони чунин иншооти азим дар кишвари мо мувофиқи ҳадаф аст. Далели асосие, ки дар ин кор нақши муҳимро бозид, ин электроэнергияи арзони НОБ-и «Норак» мебошад. Ҳамчунин мавҷудияти манбаъҳои захоири бойи табиӣ, наздик будани роҳи оҳане, ки корхонаро бо маркази кишвар мепайвандад, мавҷудияти майдон ҷиҳати ҷойгир кардани заводи азим ва шаҳри Регар (имрӯза ноҳияи Турсунзода), ки ҷиҳати сохтмони манзилҳои истиқоматӣ барои коргарон ва муҳандисон муносиб аст, маҷмӯи далелҳои дигаре дар ин иртибот мебошанд. Ба ғайр аз ин, наздикии кишвари ҳамсоя барои бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии ин ҷумҳурӣ аз ҳисоби фаъолияти завод низ даъвои раҳбарони ӯзбекистонро аз байн бурд.

Ҳангоми сохтмони завод Шароф Рашидов ба Тоҷикистон омад ва бо технологияи пешқадами ҳосил кардан ё коркарди алюминӣ, ки дар ТАДАЗ тадбиқ гашта буд, шинос шуд. Дар он солҳо ягон даъвову эътироз аз ҷониби ӯзбекистон бар қиболи корхона набуд.

Нақшаи давлатии (Госплан) ИҶШС ва вазоратҳои марбутаи он ҳаргиз ба манфиати Тоҷикистон қароре қабул намекарданд, агар тамоми далелу бурҳон қотеи ба мақсад  мувофиқ дар мавриди сохтмони завод  пешниҳод карда намешуд. Читать далее…

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.