Архив

Записи, помеченные «Фалсафа»

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта

Аз ин рӯ аз авохири даврони хилофати Ҳорун то рӯзгори Мӯътасим авзоъи Озарбойҷон, Табаристон ва Хуросон мояи нигаронии халифа буд.

Дар воқеъ аз вақте ки халифаҳо авзои Хуросонро бо дидаи диққат ва муроқибат менигаристанд, маркази душманони хилофат ба шимолу ғарби Эрон интиқол гардид. Кӯҳҳои баланд ва роҳҳои душвори ин ҳудуд, андешаи ин саркашиҳо ва шӯришҳоро дар мардуми Эрон тақвият мекард. Аз ин рӯ муддатҳо мардуми ин навоҳӣ бо тозиён ва сипоҳиёни хулафо дарафтоданд ва солҳо бо мусулмонон набардҳои сахт карданд. Читать далее…

Рубрики:Комил Бекзода Метки:

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Аз ин рӯ аз авохири даврони хилофати Ҳорун то рӯзгори Мӯътасим авзоъи Озарбойҷон, Табаристон ва Хуросон мояи нигаронии халифа буд.

Дар воқеъ аз вақте ки халифаҳо авзои Хуросонро бо дидаи диққат ва муроқибат менигаристанд, маркази душманони хилофат ба шимолу ғарби Эрон интиқол гардид. Кӯҳҳои баланд ва роҳҳои душвори ин ҳудуд, андешаи ин саркашиҳо ва шӯришҳоро дар мардуми Эрон тақвият мекард. Аз ин рӯ муддатҳо мардуми ин навоҳӣ бо тозиён ва сипоҳиёни хулафо дарафтоданд ва солҳо бо мусулмонон набардҳои сахт карданд.

Дар Табаристон мардум нисбат ба тозиён нафрат ва кинаи хосе меварзиданд. Чуноне ки дар соли 16 ҳиҷрӣ (777 мелодӣ) мардуми умедвори кӯҳ, аз бедоди коргузорони халифа ба сутуҳ (ғазаб) омаданд. Фармонравоёни онҳо, ки Вандод Ҳурмузд, Сипаҳбуд Парвин ва Масмағони Волош буданд, онҳоро бар зидди тозиён шӯрониданд ва бадон сабаб дар андак замон шӯриш ва ошӯби бузурге падид омад. Дар як рӯз мардуми саросари Табаристон бар зидди арабон берун омаданд ва ононро ба боди куштор гирифтанд. Читать далее…

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

ХУРРАМДИНОН

Аммо дар Озарбойҷон вазъ дигаргуна буд. Ҷовидон ибни Саҳл ва Бобак дину оини хуррамдинонро тоза карда буданд ва ин шӯриши хуррамдинон дар он на фақат дини тозиён ва дастгоҳи хулафоро таҳдид мекард, балки барои шоҳзодагон ва амирони Эронӣ низ, ки ҳамвора ба баҳонаи дини Зардушт мардумро бар зидди арабон ва ба нафъи хеш фароз меоварданд, хатари бузурге буд. Ин оини хуррамӣ, ки зоҳиран бозмондаи дини Маздак буд ва ҳанӯз дар Гургон ва Дайламон, Озарбойҷон, Арманистон, Ҳамадон, Динавар, Рай ва Исфаҳон иддаи (шумори) бисёре аз пайравони он вуҷуд доштанд, бо андешаи деҳқонзодагон ва амирзодагони ҷаҳонҷӯ, ки хоби эҳёи давлати Сосониёнро медиданд, созгор набуд. Бад-ин ҷиҳат буд, ки ашроф ва бузургони Эронӣ низ дар хафа кардан ва фурӯ нишонидани ин наҳзат бо халифаи тозиён ҳамдостон буданд, чунон ки барои мубориза бо ин хатар. Ин эрониён, ки худ аз тозиён нафрати шадид доштанд, дар дӯстӣ бо душманони дерини хеш низ лаҳзае тардид накарданд. Читать далее…

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.