Архив

Записи, помеченные «Ёвон»

Ҳадаф хона, парванда баҳона

Ба таваҷҷӯҳи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев

Ба таваҷҷӯҳи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзодаи Одина

Ба таваҷҷӯҳи директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсия Фаттоҳ  Саидов

Зайнура тамоми хароҷоти хонаро мепардозад. Дар асоси қарори раиси ноҳия ба кампири яккаву танҳо парастор таъин мешавад. Кампир мемураду пас аз ду рӯзи вафоташ дар фасли зимистон Зайнура, кӯдаки хурдсолаш ва хоҳарону додарашро кормандони прокуратура аз хона берун карда, дари хонаро мӯҳр мезананд. Баъдар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Тағои Зайнура чанд муддат дар ҳабс менишинад. Парванда ба суд ирсол карда мешаваду суд онро ба тафтиши иловагӣ бармегардонад. Ёрдамчии прокурори ноҳия эътироз менависад. Вале коллегияи судӣ ва раёсати суд таъиноти суди зинаи аввалро бетағйир гузошта, эътирози прокурорро рад мекунанд. Парванда боз ба ҳамон судя ирсол карда мешавад. Аммо нишондоди раёсати суди вилоятро ба инобат нагирифта, таъиноту ҳукм қабул карда мешавад, ки гӯё давлат ба маблағи 26 272 сомонӣ зарар дида бошад. Дар ин қазия кӣ гунаҳкор карда шуду кӣ паси парда монд? Оё нафарони судшуда гунаҳкор буданд? Шарҳи онро дар зер мутолиа мекунед.

Гапи мард яктост. Аз прокурор чӣ?!

Дар кӯча ҳаво ниҳоят сард буду дари утоқи кории моро сокини ноҳияи Ёвон Зайнура Авезова кӯфта, бо ҳаяҷон нақл намуд, ки ӯро кормандони прокуратураи ноҳия ҳамроҳи кӯдаки хурдсолашу хоҳарону додараш моҳе қабл аз хона берун кардаанд. Баъд ҳикоя намуд, ки дар ҳамсоягии холааш зане бо номи И. А. Медведова зиндагӣ доштаасту якаву танҳо умр ба сар мебурдааст. Ягон сарпарасте надоштааст, ки ба кампири синнаш ба ҷое расида ёрӣ расонад. Зайнура бо сабабҳои оилавӣ аз хонаи падарарӯсаш, ки шавҳараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ будааст, баромада, дар хонаи холааш зиндагӣ мекардааст. Байни он кампиру холаи Зайнура муносибати хуб будааст. Аз ин ҷо, бо хоҳиши И. А. Медведова ва тавсияи холааш Зайнура барои нигоҳубини кампир розигӣ медиҳаду ду моҳи аввал кампирро нигоҳубин намуда, аз ҳисоби худаш маводи хӯрока оварда таъмин мекунад. Вақте муносибати ӯ ба И. А. Медведова хуш меояд, кампир таклиф мекунад, ки омада дар хонаи ӯ зиндагӣ кунад. Зайнура ба хонаи кампир мекӯчад. Азбаски бардоштану дигар ҳоҷатҳои биологии кампирро иҷро намудан ба Зайнура мушкилӣ мекунад, вай хоҳарашро ҳамроҳ мегирад. Вақте онҳо ба хонаи И. А. Медведова кӯчида меоянд, кампир иброз медорад, ки аз мағозаҳо, хизмати коммуналӣ, қувваи барқ, маблағи истифодаи об ва ғайра қарздор мебошад. Ҳамаи ин маблағҳо аз тарафи Зайнура пардохт карда мешавад. Дар як вақт барои истифодабарӣ ҷиҳози хонаро аз нав мехарад. Ҳангоми  дар хонаи И. А. Медведова зиндагӣ карданаш нафароне пайдо шуданд, ки қарзашонро аз кампир талаб карданду ӯ имкони қарзи барои нигоҳубинаш қаблан сарфкардаро пардохт кардан надошт. Яке аз онҳо А. Ғойибов буд, ки 400 доллари амрикоӣ талаб мекард. Зайнура ин маблағи қарзи кампирро пардохт мекунаду дар санаи 5-уми июни соли 2006 И. А. Медведова бо хати худ дар он забонхат менависад, ки ҳамаи ин ҳаракатҳо бо розигии ӯ сурат гирифтааст ва ҳақиқатан қарздор буду Зайнура қарзашро пардохт намуд. Бо дархости И. А. Медведова Зайнура ҳуҷҷат омода намуда, ба Ҳукумати ноҳияи Ёвон барои сарпараст таъин намудан ариза менависад. Тибқи қарори раиси ноҳия аз 12-уми августи соли 2008 таҳти №460 Зайнура сарпараст таъин карда мешавад. Зайнура барои саломатии кампир ҷаҳд намуда, мудом ӯро ба духтурон нишон медиҳад. Ҳатто ду маротиба ба шаҳри Душанбе оварда, дар беморхонаи «Медгородок» аз ташхиси тиббӣ мегузаронад. И. А. Медведоваро дилаш бемор будааст. Ҳатто ҳамшираи шафқатеро киро мекунад, ки мудом аз ҳоли кампир огоҳ гардида, дору диҳаду сӯзандору гузаронад. Вале ҳодисаи гӯшношуниди тоҷикона, овозаи заминҷунбии шаби 10-уми январи соли 2009 дар қатори дигар сокинони ҷумҳурӣ ба гӯши Зайнура ҳам мерасаду онҳо як илоҷ карда, аз ошёнаи сеюм кампирро ба саҳни хавлӣ мефуроранд. Шаби дигараш бошад, якбора саломатии И. А. Медведова бад мешаваду Зайнура, холааш ва дигар ҳамсояҳоро хабардор мекунад. Ба қисми ёрии таҷилӣ занг мезанад, онҳо сари вақт намеоянд. Кампирро ба беморхона бурданӣ мешаванду ӯ ба беморхона нарасида, дар роҳ ҷон медиҳад. Ба мақомоти дахлдор хабар медиҳанд. Онҳо омада сабаби марги кампирро муайян мекунанд. Зайнура бо кӯмаки хешу табораш кампирро ба хок месупораду ногаҳон санаи 14-уми январи соли 2009 кормандони прокуратураи ноҳия ӯро бо хоҳарону додарашу кӯдаки хурдсолаш аз хона берун мекунанд. Назди прокурори ноҳия Т. Ю. Юлдошев меравад. Прокурор онҳоро қабул намекунад. Ба назди ёрдамчии прокурор Б. Х. Розиқов мераванду илтимос мекунанд, ки хонаро кушоянд, ақаллан либосҳои кӯдакро гиранд. Аммо дағалӣ намуда, онҳоро аз дар меронад ва талаб мекунад, ки хонаро холӣ кунанд.

Ҳамон рӯз, аниқтараш  санаи 9-уми феврали соли 2009 мо роҳи ноҳияи Ёвонро пеш гирифтем. Аввал бо ҳамсояҳо ва шоҳидони бевоситаи ин ҳодиса сӯҳбат намудему сипас роҳи прокуратураи ноҳияро пеш гирифтем. Ҳамроҳамон Зайнура дар даст тифли хурдсолаш буд. Прокурор моро қабул намуду котибааш иброз дошт, ки Зайнура дар қабулгоҳ истад. Худро шиносондему аз чанд ҳолати дар давоми ним рӯз ошкорнамуда ба прокурор нақл кардем. Вай моро бо таҳаммул гӯш карда, қавл дод, ки агар шароити ин занак (Зайнура Авезова,- муаллиф) чунин бошад, ҳатман барои ба ӯ гирифта додани хона ёрӣ мерасонад ва супориш медиҳад, ки хонаро кушоянду дар он Зайнура зиндагӣ кардан гирад. Ҳатто дасти мардӣ дода, илова намуд: «Гапи мард яктост. Ин масъаларо худамон ҳал мекунем, ҳоҷат ба газет нест»…

Мо ба Зайнура фаҳмондем, ки ҳама корҳояш ба некӣ анҷом меёбад. Пагоҳ рафта хонаро мекушоянду дар он зиндагӣ кардан гирад. Вале аз байн чор рӯз гузашту ба мо боз занг заданду гуфтанд, ки хонаро ҳанӯз накушодаанд. Ҳарчанд прокурори ноҳия рақамҳои телефонии хизматию ҳамроҳашро ба мо дода буд, занг заданро ба худ муносиб надониста, боз роҳи ноҳияи Ёвонро пеш гирифтему ба утоқи кории прокурор даромадем. Т. Ю. Юлдошев 100 фоиз тағйир ёфта буду гуфт:

- Мо нисбат ба ин масъала парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудем… Метавонед нусхаи онро гиред… Читать далее…

Follow

Get every new post delivered to your Inbox.