Ғолибияти Султони Ҳамад ва Гулафшон Соқиева дар озмун

Султони Ҳамад ва Гулафшон Соқиева

Султони Ҳамад ва Гулафшон Соқиева

Се нафар рӯзноманигори пурмаҳсули тоҷик — сардабири ҳафтаномаи «Рӯзгор» Султони Ҳамад, Гулафшон Соқиева ва Илҳомҷон Аюбов барандаи ҷоизаҳои таъсисдодаи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон шуданд.

Султони Ҳамад барои беҳтарин тадқиқоти публитсистӣ-илмӣ соҳиби Ҷоизаи ба номи Пайванди Гулмуродзода гардид. Гулафшон Соқиева бошад, барои беҳтарин тадқиқоти журналистӣ Ҷоизаи ба номи Ҷумъаи Толибро ба даст овард. Рӯзноманигор Илҳомҷон Аюбов барои силсиламақолаҳо оид ба муҳоҷират соҳиби ҷоисаи махсуси МТЖТ шуд. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Аксҳои устоди марҳум…

Устод Нуралиев бо Ҷумъаи Толиб

Устод Нуралиев бо Ҷумъаи Толиб

 

‎30 октябри соли 2009, Конфронси созмондиҳандаи механизми худтанзимкунии расонаҳо дар Кохи Ваҳдати Душанбешаҳр.

Тег «Далее»

Як сол бе ӯ…

Табассуми устод: Моро реклама мекунанд.
(Танқиди навбатии расонаи ҳукуматӣ ба як матлаби «Пайкон»)

18-уми ноябр расо як сол мешавад, ки устоди сухан моро тарк карда. Дигар дар миёни мо нест ӯ, вале суханаш, нақши қаламу дарди қалбаш бо мост. Суханаш таърих, фарзандонаш ёдгор ва нишонае аз ӯянд. Мо- шогирдонро низ бо номи ӯ мешиносанд. Имрӯз шогирдонаш дар телевизион, радио ва матбуоти чӣ давлатию чӣ хусусӣ журналистони ҷавони ояндадоранд. Мо аз шогирдии абармарде чун Ҷумъаи Толиб ифтихор мекунем.

Имрӯзҳо мо ғоибона бо устод сӯҳбат мекунем, ба ӯ шикоятҳои шахсии худро мерасонем ва маслиҳат мепурсем. Бале, маҳз аз ӯ, ки бо боигариҳои дошта — таҷрибаи ғанӣ ва дили дардманду дар ғами мардуми бечора абгор, пайомадҳоро пешгӯӣ мекард. Ӯ ҳеҷ гоҳ ором набуд, то нисфи шаб кор мекард. Аз нӯги қалам рӯи авроқи сафед алам мерехт. Тег «Далее»

Китоби «Кӯҳи ғурур»

15 сентября, 2012 1 комментарий

Кухи гурур

ЭЪЛОН !!!

Ҷумъаи Толиб

Дар арафаи Иди матбуоти тоҷик дар соли 2012 бахшида ба гиромидошти хотири рӯзноманигори боҷасорату болаёқати тоҷик марҳум Ҷумъаи Толиб маҷмӯаи ёддоштӣ ба табъ мерасад. Аз ҳама наздикон, шогирдон, ҳамкорон ва ёру дӯстони марҳум хоҳиш карда мешавад, ки агар хотирае дар бораи рӯзноманигори зиндаёд Ҷумъаи Толиб доранд, то 10-уми феврали соли 2012 бо суроғаҳои электронии fozil_80@mail.ru ва kiyom-saad@yandex.ru фиристонанд.

Рубрики:Uncategorized

Ҷумъа Толиб, марди Худову ҳақиқат буд

12 января, 2012 1 комментарий

Аҳлиддин дар бораи устоди худ марҳум Ҷумъа Толиб мегӯяд, “Ӯ марди Худову ҳақиқат буд; мардонавор аз марг истиқбол кард ва ба сӯи Худо шитофт.”

Рӯзноманигори маъруф Аҳлиддин Салимов, нахустин меҳмони “Бепарда” аст. Гуфтугӯи бепардаи Кимиёи саодат бо ӯ, дар бораи устодаш марҳум Ҷумъа Толиб аст. Бидуни муқаддима, машрӯҳи гуфтугӯ бо ӯ пешкаши хонандагони азизамон мешавад:

— Ҷаноби шумо аз кай марҳум оқои Ҷумъа Толибро мешиносед?

— Ман аз солҳои 2006 ғоибона он бузургворро мешинохтам. Вақте дар бораашон аз тариқи ВАО менавиштанд яъне соли 2006, ки марҳумро ҳабс карда буданд. Баъдан солҳои 2008-2009 нашрияи “Фараж”-ро ба хотири навиштаҳои Ҷумъа Толиб мехондам. Ҳамин тавр соли 2009 ҳамкурси эшон — Пӯлод Нуров, ки ҳаққи устодӣ ба ман доранд, маро бо эшон шинос намуданд ва ҳамкории мо оғоз шуд.

— Дар нашрияи “Пайкон”?

— Кори ман дар “Пайкон” соли 2009 оғоз шуд. Аз шумораи 3-юми нашрия корро оғоз кардам. Вақте шумораи аввали “Пайкон”-ро дар бинои Шарқи Озод дидам ва хондам, шод гардидам. Шурӯъ аз шумораи яки ин нашрия, мавзӯъхои баҳсталаб ва мубрам чоп мешуд. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

ҶУМЪАИ ТОЛИБ РАФТ…

Ҷумъа Толиб

«Ҷумъаи Толиб рафт». Вақте аз гӯшӣ ин садо омад, дигар суол накардам. Ба тамоми дӯстон ва ҳамкорони марҳум занг задам ва гуфтам: «Ҷумъаи Толиб рафт». Онҳо ҳам суол накарданд.
Соати 12 – и 18 ноябр ҳамроҳи дӯст ва ҳамкасби Ҷумъаи Толиб — Пӯлод Нуров, ҳуқуқшиноси варзида — Фаррухшо Ҷунайдов, намояндаи Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон — Абдуфаттоҳ Воҳидов, собиқ сармуҳаррири ҳафтаномаи «Пайкон» — Фазлиддин Асозода ва хабарнигори ҳафтаномаи «Пайкон» — Олимҷон Умаров роҳи ноҳияи Айниро пеш гирифтем. Тақрибан соатҳои 17 ба деҳаи Испағн, ки устод Ҷумъаи Толиб зиндагӣ мекард, расидем.
***
Дар кӯчаҳои Испағн қадам мегузоштаму гӯё ӯро медидам, ки аз Душанбе меомад. Хаставу афгор ва мариз, аммо бо сари баланд. Моҳи март шумораи 100 – уми «Пайкон» — ро бароварду дигар натавонист, ки дар Душанбе монад. Он ҷо барояш хеле вазнин буд. Мурофиаи судии «Пайкон» идома дошту ӯ аз маризӣ азият мекашид. Наметавонист дар мурофиа ширкат кунад. Бовар намекарданд. Танҳо дар як рӯз ба сараш сездаҳ духтур фиристоданд. Бешармона мегуфтанд, ки ӯ худро касал рост кардааст. Ноилоҷ хеста ба суд рафт. Худро дифоъ карда наметавонист. Инро медиданд, аммо барои онҳо ширкати ӯ зарур буд, ки ҳалномаашонро қабул кунанд. Ӯ фақат ширкат кард, базӯр гап мезад, аммо нанолид ва ба ҳама ҳушдор дод: «Ин корро ҳамин тавр нахоҳам гузошт ва то охир хоҳам расонд». Бо ҳамон ғуруре, ки дошт, толорро тарк кард… Тег «Далее»

Даргузашти рӯзноманигори шинохта Ҷумъабой Толибов

21 ноября, 2011 1 комментарий

Ozodi 18.11.2011

Рӯзноманигори саршиноси тоҷик Ҷумъабой Толибов — сардабири ҳафтаномаи «Пайкон» даргузашт.

Ҷумъабой Толибов тайи як соли ахир аз бемории саратон дар ноҳияи сараш ранҷ мебурд ва бар асари ҳамин беморӣ дар синни 51-солагӣ ин дунёро падруд гуфт.

Маросими хоксупории зиндаёд Толибов фардо 19-уми ноябр дар деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ баргузор мегардад.

Ҷумъаи Толиб 25-уми январи соли 1960 дар деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1979 аст.

Солҳои 1984 то 1994 дар нашрияи «Меҳнат»-и ноҳияи Айнӣ ба ҳайси мусаҳҳеҳ, мухбир ва мудири шӯъба кор кардааст. Сипас, як сол сармуҳаррири газетаи «Нури ҳақ»-и ноҳияи Айнӣ буд. Солҳои 1995 — 1998 раиси хоҷагии деҳқонии «Авсанъан» ва аз соли 1998 то 2004 мудири шӯъбаи ҳуқуқи ҳукумати ноҳияи Айнӣ буд.

Дар соли 2005 зимни мақолаҳои муҳим ва интиқодии ӯ ба муқобилаш парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва 26-уми июли ҳамон сол вай ба ду соли ҳабс маҳкум гашт. Он вақт бисёриҳо гумон надоштанд, ки ин ҳукм тағйир хоҳад хӯрд. Аммо афроде буданд, ки аз Ҷумъабой ва навиштаҳои ӯ ҳимоят мекарданд. Бо талоши якҷояи вакилони дифоъ ва мушовирони ҳуқуқӣ ва ҳамчунин бар пояи ҳамраъйии журналистони тоҷику эътирози созмонҳои дохилӣ ва ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуот дар 16-уми декабри соли 2005 озод шуд. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Ҷумъаи Толиб: “Маро ноҷавонмардии дӯст мекушад…”

21 ноября, 2011 Комментарии выключены

Ҷумъаи Толиб, сардабири нашрияи мустақили «Пайкон» ва раҳбари Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журналистӣ
05.10.2011
Фарҳоди Милод

Сардабири ҳафтаномаи мустақили «Пайкон» — Ҷумъаи Толиб, ҳашт моҳ боз аз маризӣ ранҷ мебарад.
Дар ин муддат ҳафтаномае, ки ӯ сардабираш буд ва Дафтари мушовара, сухансанҷӣ ва таҳқиқоти журналистие, ки ӯ сарварӣ мекард, бо даъвои Вазорати адлияи Тоҷикистон баста шуданд. Ин хабарнигори тоҷик ҳоло дур аз сарусадои пойтахт, дар зодгоҳаш деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ ба сар мебарад. Мо ба аёдати ӯ рафтем ва дар Ба Худо қасам, ман аз мурдан гузаштам. Мегӯянд, ки касалии онкологӣ аст, рак (саратон) аст, ки ӯро мекушад. Маро намекушад. Маро номардии дӯст мекушад…
манзилаш бо ӯ сӯҳбат оростем. Шунида будем, ки ӯ сахт мариз аст Ба Худо қасам, ман аз мурдан гузаштам. Мегӯянд, ки касалии онкологӣ аст, рак (саратон) аст, ки ӯро мекушад. Маро намекушад. Маро номардии дӯст мекушад… ва ҳам бо азоб
сӯҳбат мекунад. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

ПӯКид

24 мая, 2011 2 комментария

Охираш. Аввалаш (…)

Дурӯғи дуввуми С. Мирзораҳматов ин аст, ки гӯё «Акбар Турсунов, Сафар Абдулло в те годы опубликовали на эти темы в центральных литературных и философских журналах научные статьи» (с. 71). Бо вуҷуди эҳтироми зиёде, ки нисбат ба А. Турсунов, С. Абдулло ва дигарон роиҷ аст, даъвогар ҳеҷ мисоле намеоварад, ки ишон дар куҷо ва дар кадом маҷаллот ва дар кадом навиштаҷот ва дар кадомин сол дар мавриди омӯзиши алифбои ниёгон (расмулхати форсӣ) ва дигар масоиле, ки дар мақолаи «То ба кай об аз таги ях меравад?» сухан рафтааст, пешниҳоде ироаъ додаанд. Ин ҷо дурӯғгӯй аз ду услуби санҷидашудаи ҷаҳонбинии (тасаввурот, идеология) низоми коммунистӣ истифода кардааст: 1. муқобил гузоштани андеша ва корномаи М. Мирраҳимов бо А. Турсунов ва С. Абдулло; 2. дурӯғи бузург далел намехоҳад, ҳамон ки пароканда шуд, кифоят мекунад. Хонандаро ин тарзи дурӯғ роҳгум мезанад ва ҳатто барои шубҳа ва ё андеша кардан фурсат намеёбад ва маҷбур аст ба он дурӯғ бовар кунад.

Шояд худи дурӯғгӯй камбудии даъвояшро дарк карда, ки дар ҷумлаи дигар чунин узр пеш меоварад: «Но эти материалы читали в республике лишь единицы, поскольку широкой публике эти издания были недоступны» (с. 71). Ба эҳтимоли зиёд дар сафи он нафароне, ки яккаву ягона дастрасӣ ба он маводи нашрии комилан сиррӣ дошт, ҳамин С. Мирзорахматов қарор гирифта, ки ҳол аз овардани мисол худдорӣ фармудааст (бахилӣ аз даст наравад ва ё сирри давлатӣ фош нашавад!). Ба ҳар ҳол лутфи карам мебуд, агар шаммае аз он мақолоти илмӣ ба таваҷҷӯҳи хонандагон бо мисоли рӯшан пешниҳод мешуд ва даъвои ин рӯзноманигори тӯҳматгар бо далел собит мегардид, ки чизе ҳаст. Тег «Далее»

100-умин шумораи «Пайкон»

Дуруд хонандаи азиз! Инак шумораи 100-уми ҳафтаномаи дӯстдоштании худ — «Пайкон»- ро дар даст дорӣ. Бихон,  мулоҳиза рон, камбудиҳои моро ба рӯи мо бигӯ, то ислоҳ шавем.

Воқеан, 100 шумораи як ҳафтанома баробар ба 100 сол аст, чун вақти қиммати инсонро талаф мекунад, заҳмат медиҳад ва ҳатто ба беморӣ мекашад. Аммо мевааш ширин аст. Агар он пухта бошад ва бе чанг заданҳову санг заданҳохуд ба худ афтад. Меваҳои «Пайкон» ширинанд.

Чун баъди пажӯҳишҳо, гӯш додан ба қалби пурдарди чандин шаҳрванди азиятдида, баррасии баҳсҳо аз ҳамдигар ранг мегиранд ва мунтаҳо рӯи саҳифаҳои ҳафтанома меафтанд.

Нӯшат бод ин меваҳои ширини дарахти пурсамари «Пайкон», хонандаи гиромӣ! Ҳама кӯшиши «Пайкон» ба хотири Туст ва барои Ту. Ғаризаҳои «Пайкон» низ баҳри осоиштагии Туст, ки ҳафта ба ҳафта шумораҳои нав ба нави онро интизорӣ. Меваи сабр ҳам ширин аст. Сабр намо, то аз чошниҳои ширинтар аз пеш бичашӣ!

Бо эҳтиром «Пайкон»-и Ту

Рубрики:Uncategorized

ПӯКид

ЧАНД НУКТА БА ҶОИ ПЕШГУФТОР

Шукри беҳад яздони покро, ки фурсате ба мо дод ва иншои ин китоб сари вақт ба поён расид. Ҳеҷ гоҳ бо чунин дилгармӣ ба навиштани посухе саргарм нашуда будам, чуноне ки дар як моҳи пас аз Наврӯзи соли 2011. Бояд ба ҳарифон низ ташаккур баён намоем, ки ҳар гоҳ хорише пайдо карданд, ному навиштаҳои моро ба миён меоваранд ва ҳадафи тӯҳмату ифтироъ қарор медиҳанд.

Албатта, барои ҳарифони мӯҳтарам ин нуктаро низ мехоҳам таъкид намоям, ки ба забони русӣ посух навиштан бароям душворие надорад, вале баҳсу андеша дар ин мавзӯъи таърихи начандон дур ё навин пеш аз ҳама кори дохилии миллат аст ва бояд байни тоҷикон ҳаллу фасл шавад ва ба доварии бародарони бузургу миёна ниёз нест (лозим ояд матни посухҳоро ба забони русӣ баргардон ва нашр хоҳем кард).

Дар посухҳо ба таври бисёр мухтасар танҳо ба бархе масъалаҳо ишорат кардему халос, зеро барои аҳли фаҳм ҳамин ишоратҳо кифоят мекунад. Тег «Далее»

Ояндаи равшанфикрони миллӣ

Давомаш.

Дар фалсафаи «Ихвон» бошад мусул бо назираш аз ҷиҳати вуҷуд баробаранд. Инҷо ки аз Афлотун сухан рондем, зарур аст ин нуқтаро низ қайд намоем, ки пайравии «Ихвон» аз Афлотун пайравии шаклӣ ва зоҳирӣ буда, моҳиятан аз якдигар фарқ доранд. Дар ягона тадқиқоти марксистӣ дар Иттифоқи Советӣ доир ба «Ихвон-ус-сафо» асари муҳаққиқи озарӣ Закуев А. К. фалсафаи «Ихвон»-ро тақлиди ақидаҳои Афлотунӣ дониста, менависад: «Онҳо ба мисли машшоиён ақидаманданд, ки маърифат иборат аз пайдоиши образи ашёи материалӣ дар фикри инсон мебошад. Тег «Далее»

Рубрики:Комил Бекзода

Олимов, шестернаро баргардонед!!

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба таваҷҷӯҳи раиси Вилояти Суғд

Ба таваҷҷӯҳи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба таваҷҷӯҳи раиси ноҳияи Истаравшан

 Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки як-ду сол инҷониб арзу доди саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Сармисолиқ»-и Ҷамоати деҳоти Нофороҷ, ноҳияи Истаравшанро касе гӯш намекунад. Агар гӯш кунанд ҳам, баррасӣ намекунанд. Гап дар сари он аст, ки то соли 2006-ум хоҷагии мо хоҷагии иҷоравии «Сармисолиқ» тобеи хоҷагии давлатии «Истаравшан» буд. Он солҳо роҳбари хоҷагиро таъин мекарданд, на интихоб. Тег «Далее»

Рубрики:Uncategorized

Бин Лодан рафт, Лодан бини дигар меояд…

Шайхи араб, корманди СРУ, террористи №1 ё миллиардери биёбонӣ?

Акнун баъд аз «қиссаи марги Усома бин Лодан» дар бозиҳои сиёсӣ лидери дигарро мехоҳанд «муаррифӣ» кунанд. Тибқи иттилои ахири расонаҳои хориҷӣ, кормандони Хадамоти кашшофии Амрико Анвар ал-Авлакӣ, идеологи Ал-Қоида дар нимҷазираи арабро аз байн бурда натавонистаанд, ки гӯё ӯ яке аз хатарноктарин тундгарои мазҳабӣ дар ҷаҳон будааст, ки барои ИМА ӯ метавонистааст бештар хавф эҷод кунад, на Усома бин Лодан. Ба иттилои Маркази миллии назорати зиддитеррористии ИМА, Авлакӣ бештари умрашро дар Амрико гузаронидааст ва тавони ташкил кардани амалҳои террористиро дар қаламрави Амрико доштааст. Авлакиро кӯшиши нобуд кардан намуда, бо ёрии ҳавопаймои ҳарбии беҳавонавард панҷуми май дар Яман ба як мошин, ки савораҳои ҳарбӣ дошт, оташ кушодаанд. Аз ин оташкушоӣ бародарон Мусаид ва Абдуллои Муборак — роҳбарони маҳаллии дараҷаи миёнаи шабакаи Ал Қоида ҳалок шудаанд. Вале Авлакӣ дар ин мошин набудааст. Авлакиро дар куштори зиёди одамони базаи ҳарбии Техас ҳамдаст медонанд.   Тег «Далее»

Қодиршои МУРУВВАТ: «Фарзандони тоҷикон узбакӣ мехонанд»

Сӯҳбати хабарнигори «Пайкон» бо Қодиршои Мурувват — муовини

раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ

Таври маълум, имрӯзҳо тоҷикон дар бисёр кишварҳои ҷаҳон шуғле доранд ва пайваста заҳмат мекашанд. Яке барои дарёфти воситаи рӯзгузаронӣ, дигаре ба хотири шиносонидани миллати тоҷик ба ҳамсоякишварҳову кишварҳои дур, сеюмӣ барои пайванд додани миллатҳо. Дар сӯҳбате, ки бо яке аз намояндагони мардуми тоҷик дар Ҷумҳурии Қирғизистон Қодиршои Мурувват анҷом додем, дар ин бобҳо низ сухан гуфта шуд. Нахуст ба мавсуф муроҷеъ шудем, ки Шумо берун аз кишвар ду вазифаи пурмасъулият — муовинии Созмони ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ ва сардабирии рӯзномаи тоҷикии «Паёми Ала Тоо»-ро ба ӯҳда доред. Лутфан бигӯед, ки ин ду сохтор барои муттаҳидии тоҷикони Қирғизистон чӣ нақше доранд? Тег «Далее»

Рубрики:Меҳронаи САБО

Толиб ҚУДРАТОВ: «Оби тоза ҳам таҷҳизот ва ҳам масъулият мехоҳад!»

Таври маълум, таъмини аҳолӣ ба оби тозаи нӯшиданӣ масъалаи байналмилалист. Тибқи омори расмӣ, ҳар ҳафта дар миқёси ҷаҳон дар натиҷаи бемориҳои вобаста ба сифати бади об ва шароити ғайрисанитарӣ 42 000 нафар вафот мекунанд. Дар бештар аз 90 фоизи воқеаҳои ногувори вобаста ба об сухан дар бораи кӯдакони то 5-сола меравад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин маълумоту далелҳо ва дар иртибот бо Барномаи даҳсолаи «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015, ки коршиносону масъулин саҳми соҳибкоронро дар амалигардонии он зарур мешуморанд,  дар Тоҷикистон чӣ корҳое ба анҷом расидааст? Муваффақияти соҳибкорону мақомот дар ин иртибот то кадом андоза аст? Сатҳи иттилоънокии мардум, истифода аз технологияи муосир барои тоза нигоҳ доштани оби нӯшиданӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ чӣ гуна бояд роҳандозӣ шавад? Ба ин ва дигар саволҳо ба мо Толиб Қудратов — Директори генералии Корхонаи дорои масъулияташ маҳдуди «Оби соф-Geyzer» зимни як мусоҳибаи ихтисосӣ ҷавоб гуфт. Тег «Далее»

Пайкон 100

Пайкон 100

Рубрики:Пайкон pdf

Пайкон 100

Рубрики:Пайкон pdf
%d такие блоггеры, как: