Главная > Uncategorized > Курсидорони азизу мењрубони ман,

Курсидорони азизу мењрубони ман,


Худо ба Шумо дода, оре, зеро мансаб доред, аз њар намуд мошине, ки кишварњои мошинистењсолкунанда баровардаанд, шукри Худо доред ва мо табаќаи «ан-нос» инњоро, алњамду… надорем! Ба мо намерасад ва орзуяшро њам надорем! Ош шавад! Аммо, фаќат як боракак, бале як боракак ањкоми шаръи набиро дар доираи мазњаби њазрати Имоми Аъзаме, ки бо шўру шаъаф 1310 солагияшонро љашн хоњем гирифт, бихонед. Бовар кунед, аз дилсўзї ин маслињатро ба Шумо медињам, зеро ман хондаам, ки дар рўзи ќиёмат њаќиртарин касоне њастанд, ки дар он сањрои биму вањшату араќбору бесояву сарпаноњ, чун мўрчањо зери пои мардум лагадмол мешаванд, ман хондам, ки њисоби соњиби як курта ё соњиби як дирам ё соњиби… аз соњиби ду курта, ду дирам… душвортар мегузаштааст, ман хондам, ки барои хонањои беш аз мояњтољ сохта посухи дардноке додан лозим будааст, ман хондам, ки барои протсентгирї, аълам аз бонки давлатї ё шахсї ё ба ќарз бо протсент чї ќадар гуноњи азиму баракатпарон будааст, ман хондам, ки… Эй вой, он рўзи саъбу душвор Шумоњои азиз чї љавоб хоњед дод? Он рўзи азим бар иловаи ин њама иртикоботи хилофи шаръ, азобу азиятеро, ки ба мардум тањвил мекунед, ба Соњиби офариниш чи гуна узр хоњед овард?
Гуфтам, ки ман лаб аз интиќоди Шумо фурў баста будам, зеро гуфтан ба Шумо фоида надорад, зеро Шумо њаргиз ањкоми диниро нахоњед хонд ва њатто бо Ќуръон агар шуморо ќасам дињанд, суде надорад. Касе метарсад аз Соњиби Ќуръон, ки Китоби ўро хонда бошад ва донад, ки ўро дар лањзаи љонсупорї чї интизор аст, дар шаби аввали гўр чї интизор аст ва Шумо, ки онро нахондаед ва љуз фикри мансабу курсиву сарватѓундоштани хеш њастед, аз куљо донед, ки бандаро чї интизор аст?!
Аммо чаро боз лаб ба шиква кушодам ва чаро Ќаламро, ки Худованд ба он савганд ёд кардаву «Вал Ќаламу» гуфтааст, ба даст гирифтам?
Зеро ба ман «лампочка»-часпонї маъќул нашуд! Ман дар ин бора њам аслан сухан гуфтанї набудам, чун аз ин бадтарашро ин халќ дидаву тањаммул кардааст, чун дар њаќиќат «ин фољиа кирои гиристан намекунад»! Аммо якчанд нуктаест, ки бад-ин васила бояд онро гуфт. Ман аз ин лампочкањои нозанине, ки нури ширие аз онњо чун аз моњ дар шаби чордањ метаровад ва Шумо онро имрўз як василаи «рањої аз бўњрони энергетикї» донистаед, ду сол боз дар манзили иљоранишинии худ истифода менамоям. Бале аз ду сол ќабл ба хотири сарфаљўйии барќ ва њисси ватанпарастї ман дар се хонаву ошхонаву дастшўиву роњраву балкон онњоро часпондам ва баъди як њафта аз истифодаи онњо дар хонаи зисту хоби бачањо ва хонаи кории худ даст кашидам. Чаро? Зеро ин лампочкањо барои мутолиа ва навиштан, хоса дарсхонии атфол ќотеъан муносиб нестанд. Шахсан маро аз бист сол ќабл духтури чашм (духтурони бовиљдони замони Шўравї, ки ёди он айёми халќпарвару боадолат ба хайр бод) тавсия дода буд, ки дар баробари лампочкаи манзил, њамчунин аз лампаи рўимизї низ истифода намоям, то чашмњоям беш аз ин камнур нашаванд ва бо њамон маслињати муфид ман солњо нури заифи чашми хешро дар як мизон нигоњ доштам. Аммо бо ин лампочкањои чинї њаргиз хондану навиштан имкон надорад ва бењтар аз инњо чароѓи бобоист!
Истифодаи ин лампочкањо дар роњрави хона, дастшўй, ошхона ва балкон муносиб аст. Аммо истифодаи чунин лампочкањо дар хонањои эљодї (манзурам дафтарњои кории шоирон, нависандагон, табибон, хонањои љарроњї, дўзандагон ва амсоли инњо) на танњо мувофиќ нест. Маълум аст, ки ќисми зиёди эљодкорон аз синни љавонї, табибон ва дўзандагон биноии заиф доранд, зеро онњо соњибмутолиа ва соњиби њунар будаанд. Зеро ба соњибони мутолиа аќлу тамиз буд,зеро бе мутолиа онњо наметавонистанд, эљодкору табибу њунарманд шаванд!
Њамин тариќ, истифодаи ин лампочкањо бояд пеш аз њама дар тамоми хиёбонњо, кўчањо, даромадгоњњо, деворњои зиннатии тарабхонаву амокини ѓайришаръии сердаромади афроди алоњида ба роњ монда шавад, ки ќобили дастгирист!
Аз тарафи дигар, ба роњ мондани ин лампочкањо дар корхонањои давлативу шахсї гўё мувофиќи матлаб аст, зеро соњиби корхонаи шахсї хоњаду нахоњад иљборан онњоро бояд харидориву насб кунад, аммо корхонањои давлатї, ки чашм ба буљаи давлат дўхтаанд хеле ба мушкилї дучор хоњанд шуд. «Минфин» ба гумон аст, ки сариваќт ба баъзеи онњо маблаѓ интиќол дињад ва аз ин њисоб онњо лампочкањоро насб кунанд.
Аз сохтмонњои азими барќї дар њудуди хеш, пеш аз пода чанг бардошa, ба тамом дар коми бебарќї фурў рафтем. Њол он, ки шахсан худи ман, ки тарафдори сарсахти ин бунёдкорињо ва сиёсати пешгирифтаи Роњбари Давлат њастаму мебошам, гумони ботил дар сар чун хаёли хом мепарваронидам, ки дуруст: чун Миллати бошарофати мо агар ИБО-и Сангтўда, Роѓун, Зарафшон ва боз дањњо нуќоти барќдињиро созад ва Худованд моро ба он рўз расонад, ќимати барќ аќаллан барои ин мардуми азияткашида, таќрибан ройгон мешавад. Вале акнун меандешам, ки: Не, ин хаёли хом аст, зеро њар рўз, њар моњ ќимати барќро њазарот боло мебардоранд ва њеч не, ки умеде ба хайру рўзи хуш бошад.
Ман аз аввал тарафдори харидории газ аз Узбекистон набудаму њоло њам нестам. Ман намехоњам, ки гази касеро истифода кунам, ки маро чашми дидан надорад ва аз мусулмониву инсонї бўйе набурдааст ва боре фикр намекунад, ки фардои рўзи ќиёмат барои ин ќадар мавриди тазйиќу азоб ќарор додани бандањои Худо чї љавоб медињад?!
Ваќте «инисиатива» бардоштед, ки дењќону зореъи тољик бояд мањсулоти беш аз мўњтољи хешро дар бозорњои Русия ба фурўш расонад, ќимати картошкаву сабзиву ангуру тарбузу харбузу… тилоњ шуд ва мардум аз хўрдани таркорї њам дар пойтахт бенасиб монданд! Шармандагї бояд аз ин зиёд набошад, ки картошкаи мањаллї ба Русия равад ва мардум аз Покистону Афљонистон, ки маълум нест бо чї маводе сабзиљоташ парвариш меёбад ва ё фазояш пас аз тањољуми Амрикову шариконаш аз кадом зарроти инсонкуш оганда аст, картошкаву пиёзу биринљ меоранд.
Халтаи орде, ки дар Тољикистон ба 125 сомонї «ќад ёзонда буд», дар Покистон 45 сомонї арзиш дошт, вале њатто ба нархи аќаллан 80 сомонї вориди Тољикистон нагардид ва чунин тасаввур мешавад, ки дар гумрукот, сарњадот нерўњои ноаёни бизнесї муассиранд, ки аз вуруди масолењи арзон, ки метавонад тиљорати бузурги онњоро коњиш дињад, љилавгирї мекунанд.
Њоло агар шумо љанобон сидќан дар ѓами халќ њастед, чаро аз имкониятњое, ки орду биринљу дигар маводи хўрданї ва низ масолењи арзонбањои дигар кишварњо наметавонанд бо гузоштани масрафи роњу каме фоида вориди кишвар шаванд?
Ё чаро ин њисси риндиву футуват дар шумо нест, ки аќаллан барои ворид шудани маводи аввалияи љизоњ иќдом кардаву бољи гумрукии хешро ќадаѓан наменамоед?!
Бале, барои кулли ин суолњо пеши шумо посух вуљуд дорад ва мардум низ медонанд, ки он посух чист.
Нуктаи дигар ин аст, ки пардохти андозро шояд битавон ба њисоби шаръии «закот» даровард, вале ба тањќиќ бидонед, ки бољи гумрукї њеч гоњ вориди «закот» нест ва ќотеъан њаром аст ва баракати кори тамоми халќро мепарронад.
Дигар, шумо посух медињед, ки «агар бољи гумрукї барои ин ќисмати мавод бардошта шавад ва давлат, ки исломї несту дунявист ба гапи шариат рафта онро њаром њисоб кунад, маоши кормандони худу муаллимону табибу…-ро аз куљо дињад?»
Ана, њамин суол хеле љолиб аст. Нахуст, агар маоше, ки давлати мо ба ин табаќаи мардум медињад, ба ќадри кифоф бошад, пас чаро то кунун пизишк аз он ќонеъ несту аз бемор аввал «њаќќи хидмат» мепурсад ва низ омўзгоронеро аз тариќи ТВ намоиш медињанд, ки барои ришва аз донишљў дастгир шудаанд ва низ…
Мо табаќае, ки вориди калимаи «ан-нос» њастем чаро бояд ба хотири маоши баъзе депутатњое, ки шояд дар вуљудашон чун пашша хайре нест, раисоне, ки аз ѓуруру такаббур ба сояашон салом намедињанд, прокурору суду …андоз биспорем? Онњо худ даромади њангуфт доштанду доранд. Њоло суол ба шумо ин аст, ки: Агар Худой нахоста, Русия он таќрибан 2 миллион (аз рўи гуфти мардум ва бигзор 700 њазор ба ќавли шумо) нафар муздури тољикро аз кишвараш ќотеъан ронад, ба онњо шумо чї хоњед кард? Оё љойњои холии корї барои ин теъдод мављуд аст? Оё корхонањои бузурги навсохтае дорем, ки онњоро бо маоши хуб бипазирад?
Шумо њам хуб медонеду мардум низ, бењтараш гўям ман низ хуб медонам, ки таќрибан 80 фисади хонаводањои ин кишвар аз њисоби фарзандони муздурашон њаст ва аз њамон њисоб, бале аз пули муздурии онњо ин мардум њаќќи барќ, њаќќи манзил, об, андозу молиёт ва дигар василањои кашидагирифтани шуморо мепардозанд!
Инак, ман метарсам, ки «лампочкачаспонї» дар шаклњои дигар низ идома пайдо накунад ва ин бори аввал нест, ќабл аз ин, мардум «амалиёт»-и хоњї-нахоњии «часпондани мошинњои муњосиботї дар њар корхона тавассути кормандони андоз», «газелзудої», «тангемзудої» ва акнун «лампочкатабдилкунї»-ро тањаммул карданд.
Худо накунад, ки чинињо бухорињои каммасраф истењсол кунанд (њарчанд кош истењсол мешуд) ва он гоњ шумо василаи нави тиљоратро пайдо мекардед ва њамаро ба харидани он маљбур менамудед.
Аз хотирам наравад, ман ба шоирони порсигўйи худамон эњтиром дорам, албатта на ба ин табаќае, ки лабу лунљашонро лесида мадњиясарої мекунанд ва ба «ситорањо» амр медињанду «шеър»-њояшонро месароёнанд, балки ба шоирони њаќиќї, вораста ва мард, ки азияти ин миллати љафокаш рўњашро озурду бо њазорњо бало ё ин хокро ва ё ин дунёи дунро тарк карданд.
****
Як мушкилии дигарро низ бояд барои Шумоњои азиз ёдовар шавам. Шумо њеч гоњ гўши танќидшунав надоштед ва «танќид меваи коммунист аст» ба шумо дахл надорад, зеро тарбиятдидаи он мактаби воќеан њаётї набудед ва баръакс ба мурдаи сотсиализму коммунизм шодї кардед. Аммо танќидро ба маънои тамомаш боре ќабул кунед, зеро дўст табарвор мегўяд ва душман шакарвор. Банда њаргиз рўзноманигор набудаму ин даъворо њам надорам, аммо агар аз навиштањои танќидии як журналист шумо ба манфиати кор, ба манфиати Ватан суд љўед, олам гулистон мешавад. Манзурам ин аст, ки бо љустуљўйи танќидгар, тањдиди соњиби рўзнома ва «муайян кардани шахсият»-и танќидгар на шумо дер мепоед ва на мо ба зиндагии хуб даст меёбем!
***
Ва суоли охир: Шумо моро ба куљо роњнамої доред? Мо — табаќаи «ан-нос» ба куљо равонаем?…

, дар сурати эњсоси ноўњдабарої на танњо дар фикри холї кардани курсиву мусоидат кардан ба мансабдори воќеъии иљрокунандаи умури милливу мамлакатдорї нестед, балки онро, агар имкон бошад, розї њастед, ки танњо ба ивази хуну пўсту молу љонатон низ мањкам нигоњ доред. Дар зењни мубораки Шумо њаргиз хутур накарда, ки як фард бо соњиби мансаб шудан бояд хидматгори халќ бошад, на, дар зењни мубораки Шумо ворид шуда, ки бо гирифтани мансаб халќ хидматгори Шумо мешавад ва алњаќќ, ки дар мо чунин буду чунин њаст ва шояд чунин мемонад! Хотири отиру дили мубораки Шумо аз гуфтањои ошкору содиќонаи ман њошо, ки ранљур шавад, ман инро њаргиз намехоњам, зеро «Бо Худододагон ситеза макун, ки Худододаро Худо дода-ст» ва чун мо, ки ба ќавли арабњои ќабл аз исломї вориди калимаи «ан-нос», яъне афроди бебизоату бепуштибону маљмўан њеч кас! — њастем, ин њаќро њаргиз надорем, ки ба Шумоњои воќеан њам мењрубон ситез кунем, охир мо аз љиргаи «Худозадагон» њастему Шумо аз тоифаи мутабаррикаи «Худододагон»!

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: