Главная > Uncategorized > Президент сояашро гирифт, раис дар сояи кї паноњ мебарад?

Президент сояашро гирифт, раис дар сояи кї паноњ мебарад?


Пас аз маќолаи «Фараж» дар рўзномаи «Љумњурият» маќолае бо номи «Аз илми дењќонї истифода бурданро њаёт таќозо дорад» («Љумњурият» 3 июни соли 2008 ) ба табъ расид. Навишта аз аввал то ба охир ба васфи Н. Аюбов бахшида шуда буд. Баъди чопи ин маќола номаи як гурўњ аъзоёни хољагии дењќонии А. Меликмуродов дар рўзномаи «Фараж» бо номи «Киро ба суд дињем ?» аз————— ба хонандагон пешкаш карда шуд. Аъзоёни хољагии дењќонї навиштањои хар ду рўзномаро ба њам муќоиса намуда, меафзуданд, ки кадоме аз ин муаллифонро ба суд дињанд? Дар повараќи њамон маќола њам гуфта будем, имрўз њам таъкид мекунем, ки барои њар як далели худ тибќи ќонун посух мегўем.Умедвор будем, ки моро дар асоси аризаи аъзоёни хољагии дењќонии ба номи А.Меликмуродов ба суд даъват мекунанд. Аммо ин тавр нашуду боз чанд нафари дигар ба наздамон омаданд, ки далелњои дар аризаашон овардаро санљему барои барќарор намудани њуќуќашон ёрї расонем.
Шояд пурсанд, ки чаро ба маќомотњои дахлдор ариза намекунанд? Ба гуфти шикояткунандагон мурољиатњояшонро аз маќомотњои болої барои баррасї намудан боз ба ноњия мефиристанду дар он љо «гум» мешавад.Пас аз чанде бошад, ба таъќибашон шурўъ мекунанд.Чун њадафи ягонаи мо њалли масъала буд, бо мурољиаткунандагон сўњбат намуда, дар њузури онњо бо раиси ноњияи Шањринав Рањматуллои Пўлод тавассути телефон хабар додем, ки аъзоёни хољагии дењќонии ба номи А. Меликмуродов бинобар поймол гардидани њуќуќашон ва барои гирифтани њиссаи сањми заминиашон мурољиат намуда истодаанд. Раиси ноњия ба мо гуфт, ки дар рўзњои наздик, пас аз љамъбасти сол њатман ба аъзоёни хољагии дењќонї кўмак мекунаду онњо њиссаи сањми заминиашонро мегиранд. Танњо мо бояд ному насаби онњоро навишта ба њукумати ноњия пешнињод кунем.
Ин гуфтаи раиси ноњияро ба мурољиаткунандагон хабар додаму яке аз онњо , ки хеле солор буд, гуфт:
-Писарам, ин тавр накун. Онњо аз мо ќасос мегиранд… Њамаашон як њастанд.
Мўйсафедро тасаллї додаму гуфтам, ки охир, худи раиси ноњия ваъда кард.
Мурољиаткунандагон рафтанду пас аз чанд рўз шахсан мактубе омода намуда, ному насаби нафароне, ки тибќи ќонун»Дар бораи хољагињои дењконї(фермерї) даѓалона вайрон карда шудааст, навишта ба раиси ноњия пешнињод кардему посух шунидем:
-Дар рўзњои наздик пурра њал мешавад…
Ба ростї, хеле хурсанд гардидам, ки аќаллан дар барќарор намудани њуќуќи чанд нафар андаке сањм гузоштам.
Дар дафтари корї менишастем, ки аз ноњияи Шањринав занг зада, њамон мурољиаткунандагон гуфтанд, ки онњоро ба идораи љамоат даъват кардаанд. Фањмондем, ки мувофиќи ваъдаи раиси ноњия ба онњо њиссаи сањми заминиашонро људо карда медињанду бе ягон ташвиш рафтан гиранд.
Аммо пагоњаш…Бовар кунед, замин намекафид, ки кашад… Аз шарм намедонистам чї кор кунам…Занги телефони љои корї баланд шуду яке аз мурољиаткунандагон хабар дод, ки њамроњаашонро ду милиса кашолакунон аз бинои љамоат гирифта бурданд.
Ана, натиљааш: (айнан)
Акнун ба гуфтањои аъзоёни хољагии дењќонии А. Меликмуродов бовар кардед? Гап дар сари он нест, ки шањрвандро чанд сомонї љарима кардаанд? Аз рўи наќли Г. Каримова ягон сомонї њам насупоридааст. Ин љо танњо боз тарсондани чашми мардуму нишон додани маќоли «Бозї накун бо арбоб, ки мезанад, ба њар боб» мебошад.
Агар ин њодисаи ягона мебуд, мегуфтем, ки эњтимол нисбат ба раиси ноњия шањрвандон беодобї зоњир карда бошанд.Вале аз рўи наќли Љ. Бобоев њам аён аст, ки чанд рўз шахсан нафарони баландрутбаи ШКД-и ноњияи Шањринав омада ўро ба њукумати ноњия бурдаанд.
Ваќте ки њодисаи «суд» кардани Г. Каримова ба амал омада буд, тавассути телефон бо раиси ноњия сўњбате доштем. Хабар дод, ки дар
рўзњои наздик дар хољагии дењќонии ба номи А. Меликмуродов маљлис доир мекунанду арзу шикояти аъзоёни хољагии дењќониро њаллу фасл менамоянд. Њатто рўзи баргузор намудани љамъомадро низ муайян карда буданд.Вале маљлиси аъзоёни хољагии дењќонї доир нагардид.
Сабабашро касе намедонад. Мо бошем барои муайян намудани асли воќеа,сабаби ба љазои маъмурї гирифтор шудани Г. Каримова дар бинои љамоати дењоти А. Њасанов бо њамаи мурољиаткунандагон вохўрда пурсон шудем. Суханони гуфтаи онњоро сабт намудем. Маълум гардид, ки пас аз тањќирњои зиёд Г. Каримова, ки аз њама љавонтар будааст, посух додаасту «њуќуќвайронкун» номидаанд.
Ин пешгуфтори дароз барои муайян намудани асли воќеа, ки дар хољагии дењконии ба номи А. Меликмуродов ба њукми ќонун даромадааст, далели бурњоне буда метавонад.Чаро намехоњанд, љамъомад доир намуда, арзи мардумро пурсанд? Барои чї касе мехоњад њакталошї кунад, бо њар роњ мањкум мекунанд? Чунки медонанд, ки њаќќи дигаронро хўрдаанд…Далел мехоњед…
Ба мо аз хољагии дењќонї ягон њуљљат пешнињод накарданд. Вагарна имрўз дар ин љо менавиштем, ки чанд сар барраро ба фурўш монданду бо чанд сомонї фурўхтаанд ва арзиши як барра дар бозор чанд аст? Чун ки барои гуфтани ин чиз асос дорем.Ба мо рухсат надоданд, ки маблаѓи биноњои фурўхташударо фањмем, то муайян намоем, ки арзиши як бино чанд аст.Мо ваколат надорем, ки аз шањрванд барои чї тавр соњиби замини наздињавлигї гардиданаш баёнот гирем. Њарчанд ному насаби онњоро дорем, ки умуман ба хољагии дењќонии ба номи А. Меликмуродов ягон алоќамандї надоранду соњиби замини обии наздињавлигї гардида, дар он бинои истиќоматї сохта истодааанд. Хољагї он тараф , умуман дар ноњияи Шањринав зиндагї намекунанд.
Имрўз мардумро талаву торољ ба њарос андохтааст.Тамоман барњам хўрдани бинои ферма, бе ному нишон гардидани 11 км ќубури обгузар ва ѓайрањои дигар.8 бинои амборхона, ду бинои магазин ва як устохонаро фурўхтаанд. Дар хољагї ќариб, ки техника намондааст.
Натиљањои истењсолї бошад, сол то сол он ба поён меравад.Наход дар чунин давраи њассос, ки овозаи бўњрони молиявї тамоми оламро ба тањлука андохтааст, боз муросокорї намоем? Дар боло таъкид намудем, ки њам дар њукумати ноњияи Шахринаву њам дар Вазорати кишоварзї ба ин масъала чандон таваљљўњи хоса зоњир накарданд. Шояд ин дафъа муовини сарвазир М. Алимардонов ѓами мардумро хўрад? Аќаллан комиссияе созмон дода, арзи мардумро пурсанд, ки онњо чї мехоњанду хољагї ба куљо рафта истодааст? Чаро аъзоёни хољагии дењќонї то ба њол сањми заминашонро нагирифтаанд?
Нињоят, то ба кай касе аз Наљмиддин Аюбов љуръати пурсидан намекунад? То ба наздикињо ў аксашро бо расми Президент калон карда, дар маркази хољагї овехта дар бораи муносибати хубаш бо сарвари кишвар фахр мекарду дигаронро тарсонданї мешуд. Раиси Љумњур бо як фармони худ ба њамаи ин амалњои носавоб хотима гузошт.Акнун райис ба сояи кї паноњ мебурда бошад?
Љумъаи Толиб,
Душанбе-Шањринав-Душанбе

Аз БМСТЖ.
Ваќте ки мавод ба нашр омода мешуд ба унвони рўзнома мактуби сокинони дењаи Ќизилбайроќи ноњияи Шањринав дохил шуд. Дар мурољиаташон сокинон иброз доштаанд, ки сабаби асосии ба дења ворид гардидани селу боиси зарари љиддї гардиданаш муносибати бархе аз роњбарони хољагї мебошад, ки барои кушодани пеши селроња мусоидат намудаанд. Мувофиќи навиштаи онњо барои мустањкам намудани селроња маблаѓи зиёд људо шуда будаасту дар куљо сарф шудани онро касе намедонад.

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: