Главная > Фазлиддин Асозода > Чоизаи Айни тахкир нашуд?

Чоизаи Айни тахкир нашуд?

Чоизаи Айни тахкир нашуд?

«Шохкори»-и Шохмузаффар Ёдгори, «дебоча»-и Абдулхамид Самад ва «тахрир»-и Чонибек Акобир

Соли 2008-ро президенти чумхури Эмомали Рахмон «Соли Забон» эълон намуд. Ба пешвози он 9-уми ноябри соли чори  дар Иттифоки нависандагони Точикистон чаласае баргузор гардид, ки кисми асосияш  масъалаи забони адабиёт ва матбуоти муосир буд. Аксарияти иштирокчиёни чаласа маъруза хонда, вазъи забони точикиро мавриди мухокима карор доданд. Сардабири мачаллаи миллии адабии «Садои Шарк»  Чонибек Акобир насри имрузаи точикро махлут бо вожахои нолозим шуморида, чунин мисол овард: «Дареѓо, ки мотор сухт. Он хафта лабавояшро шикаста будам, дар пеши хонаи худам. Худо накарда крилову капотамро хам пачак кунам»… Дар холе, ки навиштахои аз ин хам нобоб, хатто фахшангез ба табъ расидаву боз муаллифи он дар озмун сохиби чоиза гардидааст.

Чанд сухан дар боби озмун

Озмун. Ин калима дар «Фарханги забони точики» ба маънои озмудан, санчидан, тачриба кардан омадааст. Солхои охир гузаронидани озмунхо дар Точикистон, махсусан дар сохаи адабиёту ВАО ба хукми анъана даромадааст. Вале инчо чанд савол пайдо мешавад: «Оё хамаи озмунхо аз руи адолат мегузаранд?», «Хайати хакамон ба нигоштаи муаллифон хаккони бахо медиханд?», «Миёни овоздихандагон шахсони ѓаразнок рох намеёбанд?» ва ахиран «Хама гуна навиштаи ѓолибонро, ки месанчанду меозмоянд, воситаи тачрибаандузи карор додан мумкин аст?».

Ду сол пеш дар як макола чавоби ин саволхоро мухтасар кайд намуда, хулоса карда будам, ки дар шакли пушида гузаронидани озмун хам бар зарари ѓолибон ва хам «харифони махрумшуда»-ю овоздихандагон аст. Зеро, агар хохем, ки натичаи «пушидагуи» миёни иштирокчиён шуру валвала барнахезонаду вокеияти тахкики осори нависанда риоя гардад, бояд матни овозгирифтаро дар шакли кушода ба кулли иштирокчиён пешниход кард, то онхо нуктаи назарашонро гуянд, бахс ба вучуд ояд ва хусну кубхи каломи бадеъ муайян шавад. Ё хеч набошад, пеш аз он, ки ба овоздихи оѓоз бахшанд, як маротиба навиштахоро аз назари тахкик гузаронанд. Он вакт гумон мекардам, ки шояд соле баъд дар натичаи зиёд шудани озмунхо ва пештар рафтани шуури миллию таквият ёфтани фикррони ба ин нукта таваччух зохир мекунанд. Вале, чун дар шумораи 18-уми хафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (аз 2  майи соли 2007) эълони Мачлиси раёсати Иттифоки нависандагони Точикистонро дар боби «бо овоздихии махфи» ба мухокима пешниход кардани асархои муаллифон хондам, донистам, ки хануз хам зиёиёни мо аз мубохисахои ру ба ру мехаросанд.

Дере нагузашта, 4-уми июл дар мачлисгохи Иттифоки нависандагони Точикистон Мачлиси раёсати Иттифоки нависандагони Точикистон баргузор гардид. Дар рузномаи Мачлис масъалаи ширкати адибон дар чашни 10-солагии Вахдати Милли ва эхёи Точикистон, хамчунин чамъбасти озмуни асархо барои дарёфти чоизахои адабии ба номи  Садриддин Айни ва Мирзо Турсунзода барраси шуд. Маълумотномаи муаллифони асархое, ки бо овоздихии пушида сохиби чоиза гаштаанд, дар шумораи 28-уми хафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (аз 12-уми июли соли 2007) ба табъ расид. Айнан:

«Чоизаи адабии ба номи Садриддин Айни:

Шохмузаффар Ёдгори. «Васваса». Роман. Мачаллаи «Садои Шарк», № 9 -10, соли 2006.

Мирзо Шукурзода. «Чонпайванд». Мачмуаи маколахои публитсисти, «Адиб»-2006.

Чоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода:

Абдурахмон Абдуманнонов. «Пиндорхо». Кисми аввал аз китоби «Пиндорхо ва ингорхо», ки ба тадкики назм бахшида шудааст. «Адиб»-2006.

Ато Мирхоча. «Шакарганч». Мачмуаи шеърхо. «Адиб»-2006».

Чун ба мавзуи гузаронидани озмунхо дер боз таваччух доштам, баробари мутолиаи эълони Мачлиси раёсати Иттифоки нависандагони Точикистон карор додам дубора сари ин мавзуъ баргардам.

«Падидаи эчоди» ку?

Азбаски «Пиндорхо»-и Абдурахмон Абдуманнонов дар номгуи (номинатсияи) «Накди назм» ва «Чонпайванд»-и Мирзо Шукурзода дар «Публитсистика ва накди адаби» танхо монданд, маълум буд, ки бе ягон гуфтугузор аз санчиш мегузаранд. Вале чоиза гирифтани Шохмузаффар Ёдгори туфайли романи «Васваса», ки бо дархам- бархамии афкор, забони махлути кучаги, садхо хатои имлоию  мантики ва маънихои подархавою хамокати беш дар мачаллаи бонуфузи «Садои Шарк» ба табъ расидааст, касро ба шигифт меорад. Дар холе, ки як имтиёзи Низомномаи озмун бахри додани мукофот «барои падидахои эчоди» будааст. Пас, хонанда аз «падидаи эчоди»-и Шохмузаффар Ёдгори чиро меомузад? Инро, ки у навиштааст: «Дидан баробар занака бин, ки руймол пеши чашм кашиду «худо бигира х…хои кашолта-е, Комил» гуфта чириѓу пириѓ карда гурехт!» («Садои Шарк», №9, 2006, сах. 34), ё «- Хар, бачам, к…и очат рафт» (хамон чо. сах.47), ва ё «- Дар ин чо х…ма мекови?» («Садои Шарк», №10, 2006, сах. 54) ба хотири олуда накардани забон калимахои фахшро на айнан, балки бо сенуктахо овардам,- Ф.Х.)). Чои дигар, гуё у алфози кабеху фахшро дар нигоштааш дарк карда бошад, ки худ баъзе калимахоро бо сенукта навиштааст: «Боз мегуям, ки рузаш мерасад, ки омада, зорию тавалло карда каллаи к…- ро мебусед» («Садои Шарк», №9, 2006, сах.22), ё  «Барои он, ки ба гуфти худи бобои Комил, замин холи монда хафа нашаваду зани заминдорро на…яд, таи дарахтонро рушка корида буд». (Хамон чо, сах. 49), ё худ «- Э дар забонат н…рам!» («Садои Шарк», №10, 2006, сах.16). Вале аз «пайроха»-и пешгирифтааш пой накашидааст. Масалан, чои дигар менависад: «- Очаи туро бобои Комил  ѓинг кунам гуфт…» («Садои Шарк», №9, 2006, сах. 52), «- Ши…фи (сенукта гузоштам,- Ф.Х.) акибаш чи, бобои Комил?» (хамон чо, сах. 53), «Бурав, гуфтам г…и (боз сенукта гузоштам,- Ф.Х.) очата бухур» (хамон чо, сах. 59) ё «Э бача, хиштаки изори очат даридаги, тавба кардам, хамун чизуш метова — йе!» (№ 10, сах. 54).

99 фисади одамон «харомзодаанд»?

Муаллиф аз забони Шайтон ба Одам сухан мегуяд, вале чои маъхази иктибосхо холи мондааст. Дебочахои сохтаи у хандахаришанд ва пуропур аз тахкири Одам:

«- Ту зану фарзанд надори, Шайтон?

— Дорам. 99 фисади занхо зани мананд ва 99 фисади кудакхои Одам фарзандони мананд.

— Барои чи 99 фисад?

— Чунки 99 фисад мард одам гирифтору хаводори зани бегона аст. Чун аз кафои зани бегона рафт, ман бо зани у меомезам ва фарзанди Шайтон ба замин меояд…» («Садои Шарк», №10, 2006, сах. 18).

Ахсант! Адиби мухтарам аз кучо дарёфт карда бошанд чунин омори «дакик»-ро, ки бе истихола онро ба души Одамони чахон бор мекунанд!? Аз ин мебарояд, ки 99 фисади одамон «харомзодаанд»? Касе наметавонад мукобили Шайтони рачим мубориза барад? Наход 99 фисади занхо чунин сустирода бошанд (ба акидаи Шохмузаффар Ёдгори), ки тану нафси худро таслими «Шайтон» созанд?… (Медонем, ки кисми зиёди чумлаву иборахо дар чомаи кинояанд. Вале максад аз чунин кинояпардози дар чист?- Ф.Х.)

Дар «роман» асли максади муаллиф чунон торик аст, ки дар ин торики хонанда миёни мазмуну мундаричаи асар рохгум мезанад ва дарк карда наметавонад, ки зиддияти Бобоёру Холназар дар чист. Магар аз ин, ки «Бобоёр даст пеши бар боодобона ба Холназар салом гуфт. Холназар бошад, овоз набароварда бо андак чумбондани сар ба саломи у чавоб дод, ки ин бехурмати ва тахкири рушод буд»? (№ 9, сах. 5). Пас, барои он, ки «тахкиру бехурмати» нашавад, алейкдиханда бояд бо сари барахна  пеш даваду ба пои саломдиханда афтода, хокбуси кунад?

Ба хамин монанд лахзахои зид ва аз нигохи муаллифи «роман» тахкиромезу дар назари хонанда номафхум хеле зиёданд. Масалан, дар чои дигар адиб менависад: «Хатто рузу моххои гузаштаи наздик низ бо хамдигар кам ру ба ру шудаанд ва сабабе  хам набуд, ки гапашон гурехта бошад. Агар тундгуии соле  пеш байнашон руйдодаро у то имруз дар дил нигох доштаву кина гирифта бошад, гапи дагар». (Хамон чо. сах. 6). Шояд зиддияти кахрамонхо аз хамин нукта оѓоз шуда бошад, вале, хатто хонандаи заки хам пай намебарад, ки муаллиф кадом «тундгуи»-ро дар назар дорад, аниктараш дар «роман» аз он осоре намеёбад. Танхо хамин чиз аён аст, ки муаллиф кахрамонхоро дар муколимахои дурударозу печида бози доронда, аз забони онхо тамоми калимаву иборахои фахшро ба сари хонанда фуру мерезад, вале ба хадафи худ (?) нарасидааст.

«Хизмати хирсона»

Ба акидаи устод Садриддин Айни, нависандаро лозим аст хангоми таълифи асар аз забони барои мардум содаву фахмо бомахорат ва бо санъати хос истифода барад. Вале Шохмузаффар Ёдгори чараёни махлутсозии забони точикиро чунон тезонидааст, ки хонанда дар хайрат монда, ба дарки ибороту калимахои сохтаи базурносир намерасад. Аз ифодахое ба монанди «кумби» (сах. 4-37), «руи чунуб дид» (сах. 4 -15), «натурад», «оваз», «рупук» (сах. 9), «мега», «хилеб» (сах. 10), «чурт кард», «пучид» (сах. 14), «луфтак» (сах. 15), «туриди», «шакид», «дохон», «каттаги»  (сах. 16), «рушка», «Бурки», «кампири халадавак», (сах. 16 — 23), «ночадари» (сах. 17), «гулмехчики», «бузан» (сах. 20), «чуртак», «фус», «тарѓарфа», «сабзаковаи тез», «киндик» (сах. 22), «чикид», «чунг», «кирни», «асаббози» (сах. 23), «беханги», «бухурумут», «кавар» (сах. 24), «хуру пуч» (сах. 25), «худхоро», «човур», «охирин сатри даравида», «падкол», «пала парронда», «харба», «бухон» (сах. 26 — 76), «чапушак» (сах. 27), «ѓулуп» (сах. 29), «кумур» (сах. 30), «шинник», «хардумка»(сах. 31), «кампири хулиган» (сах. 32), «каладиккак», «забони дурушти форам», «хевааш» (сах. 33), «пайкаи хар», «биген», «зоро», «рушда»,  (сах. 34), «такка», «фучида» (сах. 35), «нугули бамазза» (сах. 36),  «пичи», «гурумбоси», «кучок» (сах. 38), «манка», «магам», «дидакум», «пилефта», «чи мегат», «шуш бина», (сах. 39), «кашики сар», «минчик» (сах. 41), «зиётай» (сах. 42), «куст», «куда» (сах. 43), «будаванд» (сах. 45), «радаи хархо», «гуз зада» (сах. 46), «пойрам», (сах. 47), «нахурат», «будора» (сах. 50), «гуз мезанен» (сах. 53), «пучала», «курук» (сах. 51), «у бор хурда» (сах. 52), «харкан» (сах. 53), «када», «шилмак», «булук», «лишт», «гундиша», «саги баобру», «дохт», «навера», «бегури шухай», «шунавошуна», «бугум», «мерем» (сах. 54, 56, 79), «букап», «биги» (сах. 55), «тиринг» (сах. 57), «чапуш», «худмун», «сопидан», «мара», «дига мегум»  (сах. 58), «фусмол» (сах. 59), «такалочук» (сах. 60), «пармучала» (сах. 63), «хова» (сах. 64), «нугчухт», «бирен», «мешен» (сах. 65), «ѓуруп» (сах. 66), «почикит» (сах. 67), «тушка», «агане» (сах. 68), «кут», «чоноби» (сах. 69), «санбака», «тушкаи хизматнишондода» (сах. 70), «бутен», «беписанди» (сах. 75), «ликоби» (сах. 77), «балам», «бинии мошин», «бузан», «килкилак», «чанковоз» (сах. 81), «фандонаки» (сах 82), «мешакум», «инка» (сах. 84), «мандонами» (сах. 89), «мундалаѓут» (сах. 85), «поист», «какровукхо», (сах. 87), «фит», «ботинан кунчиду» (сах. 88), «валай» (сах. 90), «калтус» (сах. 94), «пис мешавад» (сах. 95), «дирингас» (сах. 98), «серѓузук», «бурава», «шидай», «бурен», «бигем», (сах. 99) ва чандин калимаву ибораи дигари у, ки сахифахои мачаллаи «Садои Шарк» (№ 9 -10)-ро «оро» додаанд, бисёр нафарон чизе намефахманд ва агар мунаккидхои забондону адабиётшинос ба тахкики ин «шохасар» чазб шаванд, бешубха, маълум мегардад, ки он чизе нест, ба чуз «хизмати хирсона» дар нопоксозии забони модари.

«Шохкори»-и дакёнуси

Забони ноби точики дар садади асрхо рушду такомул ёфт, ки дар ин раванд хидмати устод Садриддин Айни беназир аст. Чунки у дар умри пурфайзи худ ба алифбои забон таѓйирот ворид кардаву алайхи ачнабиёни бедодгар муборизаи беамон бурд. Домулло Айни ба забони кадимаи мо — точикон умри дубора бахшид. Ин хидматхои арзишманд боис шуд, ки аз минбархои муътабар точикона сухан мегуфт. Хамин буд, ки баъзе хасудони тангназар захматхои кашидаашро нодида мегирифтанд ва хатто суяш «сангандози» мекарданд. Ин нукта аз чониби нависанда Саттор Турсун тасдик шуд. Вакти суханрони дар Иттифоки нависандагони Точикистон, у гуфт: «Ончи дар замони Айни ба вучуд омад, хеле хуб буд. Худамон бесавод ки хастем, дар навиштан Айниро гунахкор мекунем».

Агар устод Садриддин Айни бархаёт мебуд, аз Шохмузаффар Ёдгори барои хамокат ворид сохтану беэхтироми нисбати забони модари сахт меранчид ва ба Нависандаи Халкии Точикистон Абдулхамид Самад мефармуд, то чунин амалро шарх дихад. Вале эхтимол меравад, ки дар ин холат Абдулхамид Самад аз фармудаи устод сар печида, ба мачаллаи «Садои Шарк» дида медузад. Чаро? Зеро, ба кавле, «хишти аввал»-и «Васваса»-ро дар «Садои Шарк» у гузоштааст. Яъне, асарро хонда (?), ба хулосае омадааст, ки: «… шиддати вокиа, зиддияти афкору амали инсонхо дар романи «Васваса»-и Шохмузаффар Ёдгори дар музофоти дур аз пойтахт гирехи бисёр муаммо ва саволхоро то андозае мекушояд. Мухимаш, муаллиф дар тасвири фаъолияти кахрамонхои мусбату манфи, рохи тайкардаи онхо дар пасту баланди рохи хаёт назари холис, хайрхохона ва зебо дорад». (Аз чумлаву ибора ва калимахои фахше, ки дар боло овардем, маълум аст!- Ф.Х.) Изофатан, Абдулхамид Самад ба хонанда мурочиат намудааст: «Дигар ба санъату хунари муаллиф дар офаридани ин асар зимни мутолиа, шумо, хонандагони гироми озод хастед». Ачабо! Хонанда «ба санъату хунари муаллиф дар офаридани ин асар зимни мутолиа» чигуна озод буда метавонад? Шояд дебочанавис ба шитобкори рох додааст, агар не, чумла дар чунин шакли дуруст руи чоп меомад: «Дигар, дар ифшои хусну кубх ва тахкику казовати санъату хунари муаллиф зимни мутолиа, хонандагони гироми, озод хастед». Ва боз, шояд у гумон доштааст, ки пеш аз чоп хайати тахрир ва шахсан сардабири мачаллаи «Садои Шарк» Чонибек Акобир тахкирномаи «Васваса»-ро «сурху сиёх» карда, хама ифодахои фахшу муѓлакро, ки хоси рузномаву мачаллахои шахватангезанд, аз матн мебардоранд? Агар чунин фикр дошта бошад, пас мутлако хато кардааст. Аз руи бовар мегуям, ки матни «роман» баъди хондани (?) Абдулхамид Самад куллан калам зада нашудааст. Ё не?! (Хитоб ба масъулини «Садои Шарк»). Бадбахтии мост, ки чунин як «шохкори»-и дакёнуси ва берун аз чахорчубаи адаби дар минбари адибон — нашрияи миллии адабии Иттифоки нависандагони Точикистон ба табъ расидааст. Дар нашрияи муътабаре, ки бо Амри президенти кишвар Эмомали Рахмон аз 25-уми марти соли 2005 (№АII-1699) макоми миллии адаби гирифтааст.

Риштаи «Харшиноси»

Чанд фасли «роман»-и навбаромад «Вокеа дар чойхонаи говбозор», «Масчид, «Маѓозаи Коля» ва чойи ѓалтанакзании хархо» ва «Хархо обруи кишлоканд» ном гирифтааст. Дар ин фаслхо матн ва чумлахоеро дучор меоем, ки аз мантик дур буда, имлои забони точикиро ба сатхи хеле поин фаровардаанд. Хонандаи азиз, аз ин чумлахо сар — сари нагузашта, ба маънояшон бо мулохиза таваччух фармоед: «Хархо … мухимии масъаларо (?) дарк карда (?!) буданд, ки дар хузури (?) мочахархо худро боинтизом (?) нишон дода, дигар беодоби (?) намекарданд», «Хар тез давад, обруи кишлок (?) будааст, хар тез надавад, обруи кишлок мерехтааст» (?).

Ба давоми чумлахо мувочех бошед (айнан): «Унвони (?) хари бехтарин ба хари ягон кишлок дода нашуд», «Охир, нархар буи мочахарро, ки гирифт, тамом, намедавад, аз мочахар пеш намегузарад», «Хар аз пушти як мочахари ту вори ёшак (?) хез зада рафт». «Баръакс, хамин ки мочахар аз тарси нархар то чон дорад, тез меравад», «Сохибони мочахархо бошанд, ба сари сохибони нархархо сахттар дуѓ заданд. Гуфтанд ва исбот карданд (?), ки мочахар низ зоти хар аст ва ягон инсони муъмину мусалмон хак надорад (?) хукукашро (?!) поймол кунад», «Хари хулигани (?) чавмаст муйсафедро афтонда, худаш «бало занад хамин пайкаатонро» гуфтаги барин (?), буйи мочахарро гирифта, гурехта «ишкбози» (?!) рафта буд» (сах. 81), Мочахархо низ суст наомада (?), шарафи худро (?!) мухофизат мекарданд (?)», «… вакте ин нархару мочахар дар як чой боз хам бо хамдигар чавси (?) танамол гирд оварда шуд, чи руй дод?», «Нархархои бекор гаштаи фарбеху чавмаст … аз шамидани (?!) буи хушу (?!) дидани модиёнхои сохибчамол (?!) маст шуда … бо тамоми кувва мочахархоро сурсуркунон худро байни тудаи одамон мезаданд», «Мехохем хамаи дунё фахмад, ки хари кадом кишлок хару хари кадом кишлок кирои хар гуфтан нест…» ва «Хархо обруи кишлокро нарезонанд, аз кафои мочахархо харигари накарда ханг зада будаванд» ва ѓайраву хоказо.

Офарин!!! Дар риштаи «Харшиноси» тачрибаи бузург андухтаед, устод Шохмузаффар Ёдгори! Агар дар ин бахш озмуни чахони эълон мекарданду Шумо  асаратонро пешниход менамудед, бемухобо, дар он хам сохиби «Шохчоиза» мегаштед!

Чумлахои «думбурида»

Шохмузаффар Ёдгори дар «роман»-и худ калимаи «чор»-ро дар як чумла  панч маротиба истифода бурдаву (сах.4) бо ин конеъ нашуда, чумлахои «думбурида»-еро, ки тихи аз маъниянд, руи сахифа «бод додааст». Чунончи: «Ва шуд» (сах. 97), «Бисмиллохи ош» (сах. 9), «Номаш Халим нест, номаш Пирхаров Нархар» (сах. 54), «Дахани ма гурда» (сах. 67), «Дастам ба чи бирасад? Ба тушкахом» (сах. 68), «Дахани ма ѓуруп» (сах. 66) ва чандин мисоли дигар, ки маърифати пастро ба мутолиагар наздик месозанд. Адиб аз «забардасти»-и худ ба вачд омадаю забони точикиро «забун» карда, дигарбора «бозор»-и дашномро метафсонад: «… очахаки зори хаматонро м…. холи», «Бобои Камол дар ѓилофи Фаёз даромад» (сах. 53), «Г…а (сенукта гузоштам,- Ф.Х.) ба чени даханат хури, намешавад?» (сах. 61), «Хирак накард» (сах. 62). Боз шарм надошта, хонандаро ба куи нобовари мекашад: «… офтоб яку якбора  аз нуги кух хез зада (?!) токи осмон баромад» (сах. 5). Дар холе, ки олимон чарх задани офтобро гирди мехвараш — замин собит намудаанд. Пас, ин чигуна офтоб аст? Ё тирест, ки аз камон мечахад?

Адибон чи назар доранд?

Тасмим гирифтам сари мавзуи мазкур нуктаи назари чанд нафар адиби точикро пурсам. Вакте фиттаи сабти овози адибонро гуш мекардам, хис намудам, ки кам шахсоне пайдо мешаванд, то дар шархи мавзуъ худдори накарда, аз вокеият сухан гуянд. (Шояд бархе метарсанд. Тарс аз чи? Ё аз ки?). Шоири Халкии Точикистон Мухаммад Ѓойиб гуфт: «Мувофики Низомнома барои пирузи дар озмун овозхо бояд 10 — 11 -то мебуданд. Чун Шохмузаффар Ёдгори 11 овоз гирифта буд, дар руйхат монд. Дар даври дуюм бошад, сохиби 17 овоз шуд, яъне аз хама зиёд». Шоир хамчунин кайд намуд, ки дар озмун ягон вайронкуни нашудааст, ба хар нафар мувофики мавкеъ ва эчодиёташон бахо додаанд. Хафтовози гирифтану аз руйхат афтодани ду нафар иштирокчии дигари номгуи «Наср»  — Ато Хамдам ва Сипехри Хасанзодро у вобаста ба кам будани мукофотхо донист. «Аз мо хам одамони бузург меѓалтанд, чи мегуи!? Чанд бор Низом Косим ѓалтид, ин як насиб аст»,- гуфт у. Вале, хамзамон афзуд, ки асархои харду адиб арзанда буданд.

Дар хамин маврид барандаи Чоизаи олии адабии Покистон Ато Хамдам мегуяд: «Азбаски ман дар руйхат будаму аз он берун мондам, шояд посух доданам лозим набошад? Боз фикр накунанд, ки «ин мардакро аламаш омадааст». Мухим ин аст, ки ба асарат мардум бахо диханд. Бахои онхо барои ман бехтарин мукофот аст. Ба кавли баъзехо, шояд дар озмун хотирбини карда бошанд. Ба хар хол, дустонеро, ки сохиби мукофот шуданд, табрик мегуям!».

Нависанда Сипехри Хасанзод гуфт: «Эхтимол дар такдири ман ин мукофот навишта нашудааст. Лекин чоизаи бехтарини озмун бароям он шуд, ки атрофи китобам як идда мухаккикини адабиёт изхори назар намуданд. Бар он боварам, ки эчоди адиб аз руи моли хубаш миёни хонандахо дер ё зуд махбубият пайдо мекунад».

Шоири Халкии Точикистон, барандаи Чоизаи давлатии ба номи Абуабдуллохи Рудаки Рахмат Назри кайд намуд, ки хар кас нуктаи назари худро дар бораи асархои пешниходгашта ба таври махфи баён доштааст, зеро озмун пушида буд.

Сафармухаммад Аюби низ хамин далелро тасдик карда, дар шакли пушида гузаштани овоздихиро кобили кабул шуморид. Зеро, ба акидаи у, агар овоздихи кушода бошад, нафаре хатман ба шахси дигар такя мекунад. Аммо ба ки овоз додани худро «махфи» арзёби кард. Ин дар холест, ки Мухаммад Ѓойиб ба Ато Хамдам овоз додани худро маълум намуду Рахмат Назри гуфт: «Сипехри Хасанзод арзанда буд. Ба пуштибонии асари вай маколахои зиёде ба табъ расид. Муаллифони маколахо хама адабиётшиносон, мутахассисон, онхое буданд, ки ба адабиёт бахо дода метавонанд».

Узви Иттифоки нависандагони Арманистон, мунаккид Абдували Давронов ва корманди Институти забон ва адабиёт Мирзо Муллоахмадов тамоман нахостанд сухан гуянд. Шояд аз он сабаб, ки навиштаи онхоро ба мухокима рох надоданд? Шоир Ато Мирхоча бошад, чараёни озмунро сад фоиз шаффоф номиду шоира Нукраи Суннатниё аз посух гуфтан ба суолхо худдори намуд. «Овоздихи пушида буд, ба ман маълум нест. Рости гап, ман намедонам»,- чавоб дод у.

Охирсухан

Бале, шоираи азиз намедонанд. Шояд ба чандин нафари дигар хам маълум набошад, ки 17 нафар овоздихандагони «роман»-и «Васваса» кихоянд ва аз руи кадом меъёр ба он бахо гузоштаанд? Ва шояд бисёрихо надонанд, ки чоиза аз руи мазмуну мухтавои асар дода мешавад, ё барои пиронсоли? Шояд кас хайрон шавад, ки чаро навиштаи фахшангезе аз зери назари адибони саршиноси точик гузаштаву бо лак — лак хатохои техники ва услубию имлои дар нашрияи адаби ба табъ расидааст? Ин «шоядхо» муаммоянд. Муаммое, ки аз Иттифоки нависандагони Точикистон ва «Садои Шарк» посух мехохад.

Фазлиддин ХОЧАЕВ

P.S. Нависандаи точик Саттор Турсун дар хамон чаласае, ки 9-уми ноябр баргузор шуд, гуфт: «Нависандахои мо вакте чизе менавиштанд, вокеан хам навиштахои онхо як навъ «ѓалбер» мешуд. Чанд нафар дар нашриёт нишаста, онро тахрир мекарданд, сарфи назар аз он, ки муаллиф нависандаи бузург аст. Мутаассифона, имруз чунин нест. Аз ин ру, забон вазъи хеле ногувор дорад».

Шояд ин эроди нависанда ба инобат гирифта шавад ва романи «Васваса»-и Шохмузаффар Ёдгориро пеш аз он, ки дар шакли китоб ба табъ мерасонанд, «як навъ ѓалбер кунанд». Ин кор ба манфиати миллат хохад буд.

  1. 115k
    Июнь 8, 2009 в 9:13 дп

    ачоиб

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: