Главная > Uncategorized > « ОХ»-И СИРКЧИЁНИ ТОЧИКРО КИ МЕШУНАВАД, КИ БА ДОДАШОН МЕРАСАД?

« ОХ»-И СИРКЧИЁНИ ТОЧИКРО КИ МЕШУНАВАД, КИ БА ДОДАШОН МЕРАСАД?

Ба таваччухи Хукумати Чумхурии Точикистон

 

« ОХ»-И СИРКЧИЁНИ ТОЧИКРО КИ МЕШУНАВАД, КИ БА ДОДАШОН МЕРАСАД?

 

Маводхои чанде кабл тавассути ВАО дар бораи Сирки точик нашр гардида хисси таваччухи маро зиёд намуд. Мо хам барои дилхуши омадем. Чунки   сиркро як чои дилхуши медонанду  барои фароѓат ва хандидан меоянд.

Хостем бо хунармандон ва мутахассисони соха сухбат кунем. Вакте ба Ашур Рачабов- рохбари студияи хунархои сирки милли мурочиат намудам, у ба сухбат кардан рози нашуд. Гуфт аз сухбат кардани ту чи фоида? Чи натича медихад? Ин суханхоро  бо алам мегуфт. Кас дар садои дардолудаш як  чизи нихонеро эхсос мекард. Вакте дуюмбора ба у мурочиат намудем, чиптаи намоишро дод ва гуфт:

-Хатман ба намоиш биё. Аввал тамошо кун. Мисли хама не, аз нигохи касби. То азобу машаккати моро дар рафти намоиш дарк накуни, суханхои маро сарфахм  намерави. Бо сухбати хушку холи, бе дидани барнома, намешавад.

Хамин гуфтугузор моро бори дигар ба намоиши Сирк овард. Барандаи барнома ва хунармандон, духтарони торбоз бо либоси милли руи сахна омаданд. Руи тори борик духтаракон мохирона рох мегаштанд.  Дар намоиши «Ромео ва Чулетта» духтарак дар баландии 24-25 метр руи дастони чавон ракс мекард.  Албатта, ин кори сахлу осон нест. Барои ин часорат, иродаи кави лозим аст. Вале вакте ки масхарабоз ба сахна омад, хамрохаш ду сагча дошт, ба андозаи гурбача. Хеле лоѓар. Ѓайр аз ин ман як харча ва се мор дидам. Ман хам мисли дигарон ба холи сагчаву харча хандидан хостам. Дар аввал гумон кардам, ки барои диккати мухлисонро чалб намудан чунин хайвонхои лоѓарро интихоб кардаанд. Вале  баъдтар, аз асли вокеа бохабар шудам.

 Хунармандоне, ки барои сухбат сари як миз чамъ омада буданд, пеш аз он ки ман ба сухан оѓоз кунам, якчанд маротиба пурсиданд:

— Ту аз навиштан наметарси? Барои навиштани асли вокеа чуръат дори? Суханхои моро бетаѓйир менависи? Баъд аз нашри макола, ягон кас онро мавриди мухокима карор медихад? Ба доди мо мерасанд? Охи моро мешунаванд?

Рости, аввал  чизе гуфта натавонистам. Барои он ки аз савол дида зиёдтар оханги дард доштани он пурсишхо  маро мутаассир карда буд. Эхтимол,  нафари ноогох аз дур хис карда натавонад, ки сиркчиён бо кадом мушкилихо вазифаашонро адо намуда истодаанд.

Дар хакикат, холи зоре доранд, хунарманди Сирки точик. Хунарманд дар  пардозхона, ки оддитарин шароити зиндаги нест, бо кудаконаш хоб аст.  Ба хотире онхоро дар ин чо чой додаанд, ки аз сирк нараванд.   Хунармандони Сирк иброз медоранд, ки аз рафтори баъзе шахсон хеле дилмонда шудаанд. Дар чустучуи точики баномусе хастанд, ки меояду ба додашон мерасад.

Ашур Рачабов, рохбари студияи сирк, аълочии фарханги ЧТ мегуяд:

-Хар кас хунарманд шуда наметавонад. Мо фидоиёнем. Фидоиёни сохаи худ. Фидоиёни ватан. Фидоиёни миллати точик. Вокеан, мардуми фидои ду рох дорад. Ё рузе дилаш сахт метападу аз сактаи дил вафот мекунад ва  ё тарки соха менамояд. Сари худро гирифта, ба сахро меравад ва чун Мачнун дар ишки Лайли то рузи  мурданаш дар азоби хунарашу истеъдодаш мегардад. Агар мо фидои набошем ва сохаи худро нигох дошта натавонем, пас мо давлати худро чи гуна нигох медорем? Хамин фидоиёнанд, ки давлат пойдор мемонад.

Дар тамоми олам бинои Сирк мехмонхонаи худро дорад. Сирки точик низ мехмонхонаи худро бо номи «Арена» дошт. Соли 1997 гурухи эчоди пароканда мешавад. «Точиксирк» аз фаъолият мемонад ва мехмонхона аз мувозина(баланс)-и он бароварда мешавад.

Имруз бо сабаби дар ихтиёри худ надоштани хобгохи махсус, рохбарияти муассиса наметавонад Сиркхои дигар кишварро даъват кунад ва дар хамкори карор дошта бошанд.

Бо фармони Вазорати фарханг факат ошёнаи сеюми мехмонхонаи «Фарханг» ба ихтиёри Сирк гузаронида мешавад, то ки хунармандон дар он чой дода шаванд. Лекин ин халли масъала нест. Мехмонхона бояд ба ихтиёри Сирк пурра гузаронида шавад. Дар холе, ки сирк  ягон манбаи даромад надорад ва хатто китъаи замин барои тайёр кардани хуроки хайвонон низ дар ихтиёраш нест, аз хисоби даромади мехмонхона метавонист, барои хайвонхо  хурока харад. Сару либоси сирки омода кунад. Асбобхои лозимиро барои намоиши сирки фармоиш дихад. Дар холе ки асбобхои барои намоиши сирки лозимро аз ягон маѓоза пайдо карда намешавад, он бо рохи эчод ба вучуд меояд, истифода кунад.

Ашур Рачабов мегуяд:

— Мо гурухи нав таъсис дода истодаем. Мепурсанд, ки чаро дигар сиркхо мехмонхона доранду мо не? Барои чи мехмонхонаи моро гирифтанд? Ман хаминро гуфта метавонам, ки он касоне ба ин кор даст заданд хиёнаткори ин соха буданд. Ѓайримуттахасисхо буданд. Ободкуниро сарфахм нарафта, вайрон карда тавонистанд.

Агар мо имруз нисбати хунармандон ѓамхори зохир накунем, хамин чанд нафари бокимонда хам тарки соха мекунанд. Масъалаи дигар ин хеле кам будани маош аст. Шогирдоне ки Сирки точик  тайёр кардааст, дар Арабистон кор карда истодааст, дар Хитой кор мекунад, дар Русия кору фаъолият дорад. Кадри точик, кадри худи. Вале аз сабаби он ки маош дар сатхи паст аст, хунармандон баромада рафтанд.

Ман хамчун мутахассис, он чизеро ки дар дигар сиркхо дидаам, он чизеро ки дар руйи дунё дидам, мегуям, ки ба ин соха дилсузи даркор аст. Чи хеле ки ба осони хобгохи сиркро гирифтанд, хамин хел ба осони баргардонанд. Илова бар ин мо бояд китъаи замин дошта бошем, ки дар он хуроки хайвон кишт кунем Мо миннатдор аз вазири фарханг, чонишини вазир ва Хукумати Чумхурии Точикистон хастем, ки як ошёнаи мехмонхонаи худамонро ба мо баргардонида доданд.

Ба хамаи ин нигох накарда Сирки точик барои пешравии соха кушиш карда истодааст. Ба шароити вазнини кор нигох накарда, хунармандон фаъолият доранд. Ба кадри имкон дар конкурсхои байналмилали иштирок мекунанд.  Вале барои он ки Сиркро хамчун шохаи фарханги милли ба арсаи чахони бардоранд, сохаро ривоч додан зарур аст.

Сирк хамаги 33 нафар корманд дорад, ки дар баробари хафт миллион ахоли ва дар мукоиса бо дигар мамлакатхо ин хеле кам аст. Мутахассисро эхтиром кардан лозим. Махсусан хунармандони сохаи Сиркро, ки дар хакикат дилдодаи касби худ хастанд. Онхо як максад доранд, Сирки точик бояд аз байн наравад, бояд мактаби сирки точик  нест нашавад. Нест шудани Сирк осон аст. Боз як ѓайримутахассис пайдо мешавад, мисли он ки соли 1933 мактаби сиркро бархам доданд, мисли он ки соли 1968 онро бархам доданд,  бархам медиханд. Соли 1935-36 ба ихтиёри Чумхурии Узбекистон доданд, хамаро валангор карданд, дигар ягон кадри махалли тарбия накарданд. Вале барои пойдор мондани он мутахассисро гуш кардан лозим аст. Агар мутахассис набошад, агар мутахассисро гуш накуни, ракета дар осмон парвоз намекунад. Мутахассисро гуш накуни ГЭС бино намешавад. Мутахассисро гуш накуни, хунарманд ба воя намерасад. Хамон мутахассис аст, ки хар як сохаро алохида ва баъдан мамлакатро пеш мебарад. 

Сирк фахмиши байналмиллали дорад, мисли опера , монанди балет. Он  безабон аст. Масалан, дар акрабатика баромад карданро дар хамаи чахон мефахманд, зеро фахмиши байналмиллали аст. 

Тавре хамсухбатам кайд кард:

-Тамошобин аз мо талаб мекунад, ки барои чи шумо хайвони хуб надоред? Чи хел хайвон дошта бошем, ки вакте шиками уро сер карда наметавонем? Ман далел дорам, ки барои як рекордсмен тайёр кардан хар руз 100-120 $ даркор аст. Барои шахси дарача (разряд) дошта 100-120 сомони. Инро ман чи гуна тайёр кунам? Барои студияи Сирк 80 сомони  маош мукаррар кардаанд. Мутахассис онро рохкиро кунад, ба шикамаш сарф кунад, либос пушад, чи кор кунад?!  Акнун тасаввур кунед, ки хунарманди кудакдор чи кор мекунад?!»

Чанд соат дар паси сахнаи тамошои Сирк бо хунармандон будаму бо шароити кори онхо ошно гардида, надонистам ба онхо боз чи гуям. Хайрон мондам, ки  ягон чиз пурсам ё аз наздашон гурезам. Онхо бо як овоз мегуфтанд.

-Касоне ки моро мешунаванд, заррае хуни точики доранд, агар номуси точики доранд, бояд моро дастгири кунанд ва мутахассисро бифахманд.

Агар аз руи вичдон бахо дихем, мо дар холате хастем, ки ба кумак ниёз дорем. Агар мо, ки мутахассис бошему моро нафахманд, пас ба ки арзу доди худро расонем?! Мо ба умеди ягон миллату давлати дигар нестем, ба умеди точики баномусем.

Мо дуст медорам он касеро ки ватанашро дуст медорад.  Нафареро дуст медорем, ки миллати точикро дуст медорад. Он нафареро дуст медорем, ки дилдодаи сохаи худ аст. Меписандем онхоеро ки аккалан, ба дигарон халал намерасонад. Куввати неки надори, бад накун! Ба тарафи мо бади омад, вале неки холо наомадааст. Барои пешравии соха мо харакат карда истодаем ва харакат мекунем, вале ба мо дастгири лозим аст. Мегуянд, ки дунё хамеша дар талаби марди кобил аст. Марди кобилро дар хама чо ба кор кабул мекунанд. Бояд хунарманди сирк хуроки хуб хурад, машки хуб карда тавонад. Агар ба асп зимистон чави хуб надиханд, бахор дар бузкаши намедавад. ..

Айни замон, рохбари студияи хунархои сирки миллиро Ашур Рачабов ба ухда дорад. Пас аз карори Хукумати ЧТ аз 7 сентябри соли 2001, тахти № 431, ки Вазорати фарханги Чумхурро барои эхёи санъати Сирки точик ,бо истифодаи анъанахои милли ва таълими мутахассисони санъати Сиркро ба воситаи таъсиси студияи назди Сирки давлатии Точикистон вазифадор намуд А. Рачабов ба ин вазифа таъин гардид. У соли 2001 аз коллечи сиркию эстрадии шахри Тошканд ба кор даъват карда шуда буд. Дар як муддати кутох бисту панч шогирд дар ин студия жанрхои гуногунро омухта сохиби шаходатномаи тахассуси гардиданд, ки айни замон хунарнамои мекунанд. Дар соли хониши 2008-2009 боз  15 нафар наврасону чавононро ба студия кабул карданд.

Накшахои рохбарияти Сирки точик зиёд аст. Онхо мехоханд аз хонаи кудакон ва мактаб- интернатхои тамоми чумхури наврасону чавонони болаёкатро чамъ намуда, як дастаи пуркуввати хунармандони Сирки миллии точикро тарбия карда, ба воя расонанд.

Зарурат ба миён омадааст, ки дувоздах утоки пардозгари (гирмёрная)-ро  ба синфхона табдил диханд. Солхои 2006-2008 ду барномаи калони сирки дар жанрхои гуногун ба тамошобинои пойтахту вилоятхои Суѓду Хатлону ВМБК ва шахру нохияхои тобеи чумхури пешниход карданд.

Харчанд аз бинои Сирк дур мешудем, хамон кадар суханони пурхаячону дардолуди хунарпешагон ва манзарахои дидаамон моро хамон кадар азият медод. Наход, мо ба кадри санъату санъаткорони худ нарасем. То ба кай оби дари дида хира мешавад. Охир, Сирки точик яке аз шохахои асосии фарханги милли ба хисоб меравад. Барои хамин хам барномаи давлатии рушди ин сохаро хар чи тезтар омода кардан зарур аст. Хуб мебуд агар, тавассути барномахои гранти ин муассисаи фарханги дастгири карда мешуд.

Аз хама масъалаи нигаронкунанда ин дуруст ба рох мондани студияи хунархои Сирки мебошад.

Хамчунин барои ба хоричи кишвар барои тачрибаомузи ва баланд бардоштани малакаи тахассуси сафарбар кардани хунармандон аз манфиат холи нест.

Вокеан, хайвонот, ки яке аз шохахои асосии санъати сирки мебошад, набояд фаромуш шаванд.  Нихоят, масъалаи асоси-чи хеле осонакак мехмонхонаи Сиркро гирифтанд, хамон тавр осонакак супоранд…

Парвонаи Хамдам,

БМСТЖ

 

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: