Главная > Uncategorized > ФАРМОНИ НАВУ АФСОНАХОИ КУХНА

ФАРМОНИ НАВУ АФСОНАХОИ КУХНА

ФАРМОНИ НАВУ АФСОНАХОИ КУХНА

Президенти мамлакат Эмомали Рахмон бо як фармони худ дар истифодаи неруи барк низ танзимро чори кард. Яъне, истифода кардан аз лалампаи камхарчмпахои камхарчи барки, ки гуё аз яктои он дар як сол 31 сомониву 84 дирам ба бучаи хонавода фоида меовардааст. 

Масъулин асос пеш меоранд, ки аз пули бокимонда метавон барои харидани як ё ду китоб ва ё ашёи оддии дарси барои фарзандон сарф кард. Аммо дар холати зарар расонидани он чи кадар маблаг сарф мешавад, касе аз ин намеандешад. Дар мавриди зарари лампахо бошад, чои дигар сухан хохем гуфт.  

Бояд гуфт, ин фармон аз таърихи 24 –уми апрели соли равон кабул гардиду аз сатхи хукумати сар карда то мардуми одди ба хариди ин намуди лампахо машгул шуданд. Чунки рохбарони макомоти маркази ва махаллии хокимияти давлати, ташкилоту муассиса ва корхонахо, сарфи назар аз шакли моликият, бояд то охири соли 2009 ба истифодаи лампахои каммасрафи барки гузаранд.

Албатта, дар чунин холат аз кабули фармони мазкур танхо савдогарони ин намудаи ашё фоидаи бештар мебинанд. Зеро тавре маълум барои танхо як вазорату идора 300-400 дона лампа лозим аст, ки хар як фурушанда дар як руз метавонад аз 200 то 250 дона аз 12-14 сомона ва  аз чарогхои арзонтар, яъне 6 сомониаш то 400 дона фурушад.

Пас, ки гуфта наметавонад, ки  ин идеяи кадоме аз савдогарони чунин навъи чарогхо набошад?!

Хуб, ин танхо андешае сари кабули фармони гузаштан ба фурузандахои каммасраф буд, ки гуфтем.

 

Пешигирии бухрон ва ё ба он гута задан

Тавре дар боло ёдрас шудем, имрузхо корхонаву вазоратхо охирин маблаги дар буча доштаашонро ба харидани чунин лампахо сарф карда истодаанд. Харчанд, маблаги на хамаи онхо ба пурра таъмин намудани идорахояшон ба чунин чарогхо мерасад, вале хама гуё ин фармонро бо ХУШНУДИ дастгири мекунанд. Зеро агар ба хисоби миёна лампахои шашсомона хам харид кунанд, дар як вазоратхона наздики 400 дона лозим аст. Акнун хисоб кунед, ки дар холати гузаштани хама ба чунин лампахо бучаи давлат чи кадар хароб мешавад. Ин хам дар холест, ки агар танхо аз шашсомониаш истифода баранд. 

Хамзамон, аз руи фармони дар боло ёдрасшуда, барои таъмини 241 хазор оилаи камбизоат 16 миллион сомони аз хисоби Хукумати мамлакат чудо карда шудааст. Сохибкорону точирони сохибимкони кишварро даъват намудаанд, ки дар ин кор сахмгузор бошанд ва ба ахолии камбизоат дар харидории фурузандахои каммасраф дасти кумак дароз намоянд.

Худ казоват кунед, рахои аз бухрони иктисоди мечуему боз худро ба гирдоби он тела медихем. Ин кадар маблагхои бучетро сарф намуда, кисаи кадом шахси манфиатдореро пур мекунем? Агар не, наход барои пеши рохи истифодаи сарфачуёнаи энергияро гирифтан, чораи дигаре набуд?!

Масалан, оилахои камбизоат бе ин хам аз хар бори кимат шудани кувваи барк худ истифодаи онро танзим мекарданд. Яъне, хамаги як чарог фурузон мекарданд ва онро хам дар лахзахои даркори. Дигар вакт чарогхои хонахо хамеша хомуш карда мешуданд.

Дар дигар холатхо барзиёд истифода баранд хам, хамеша пулашро месупоранд. Бо истиснои холатхои саркаши, ки онро хам хеч гумон надорам як шахрванди одди содир кунад. Дар чунин холат низ аз чорахои чаримави истифода кардан мумкин аст.

Яъне, агар ба 241 хазор оилаи камбизоат 16 миллион сомони барои як маротиба харидори кардани лампахо даркор бошад, пас, оё онхо дигар корношоям намешаванд? Дар холати хар дафъаи аз кор баромадани онхо, ки оё фоидае ба ин оилахо меорад ё не, аз кадом хисоб харидори кунанд?

Аз ин ру, Хукумати мамлакат мебоист, он 16 млн. сомониро ба яке аз сохтмони неругоххои оби харч мекарду корхои сохтмони дар он тезонда  мешуд. Ё агар фаъолияти марказхои барку гармидихии хонахои баландошёнаро чун пештара хуб ба рох монанд, кувваи барк худаш сарфа мегардад.

 

Лампахои камхарч симоб доранд?

Тавре савдогарони чунин навъи фурузонакхо иброз медоранд, харчанд сифати шашсомониаш пасттар аст, вале чун арзонтар аст мардум аз он бештар харидори мекунанд.

Агар чунин аст, ки кафолат медихад, ки он ба саломатии инсон безарар мебошад? Бар замми ин, рушноияш низ камтар аст. Масалан, агар як донаи онро дар хона монед, базур хонаро равшан мекунад. Пас, ки гуфта метавонд, ки он ба биноии мардум таъсир намерасонад?

Дар баробари ин, бархе мутахассисон ба хулосае омаданд, ки чарогхои камхарч дар таркибашон моддахои кимиёвии зараровар ва хатарнок барои саломатии инсонро дорад.

Масалан, радиёи «Озоди» аз кавли  Владимир Чупров – рахбари барномаи энергетикии созмони “Гринпис” дар Русия овардааст, ки хар яке аз ин чарогхо такрибан 2 ва 3 миллиграм симоб доранд ва дар вокеъ ин микдори зиёд нест ва хатари марговар хам надорад. Вале дар сурати шикастани ин гуна чарогхо пеш аз тарки хона бояд дару тирезахои хонаро барои 15 дакика кушода монд. Дар ин сурат бухори симоб аз уток хорич мешавад.

“Албатта як чарог хатари зиёде надорад, вале агар мардум ба таври оммави ба ин навъи чарогхо ру биёрад ва микдори онхо зиёд шавад, дар ин хол мо муассисаи махсус барои безарар кардани ин гуна чарогхоро надорем. Албатта дар ин холат, мардум чарогхои азкормондаро ба сатили партоб меандозанд ва он партоб дар бехтарин холат ба партобгох меафтад. Вале агар чунин нашавад, эхтимолан чарогхо ба дасти кудакон, кучахо ва ё ба чуй меафтанд ва дар нихоят омехтаи симоб метавонад, инсонхоро олуда созад. Он метавонад, масалан як фард ва ё тамоми наслхои ояндаи уро гирифтори бемории вахшатноки “миномат” ва маъюбу маслук кунад.”- иброз доштааст Чамшед Кодиров мухаррири мачаллаи “Табиат”, нашрияи “Экоцентр”, як созмони мухитизистии Душанбе ба радиёи «Озоди».

Бо вучуди он ки хамин чанбаи масъала, яъне партоби номуносиби чарогхои аз кормондаи каммасраф созмонхои мухитизистиро нигарон кардааст, вале агар пеш аз ин хукумат корхонаи безараргардонии чарогхои каммасрафро ба рох меандохт ва баъд аз паси ташвики мардум ба истифодаи чунин чарогхо мешуд, аз ин икдом хушхол мешуданд,.

 

Фармони наву  афсонахои кухна

Ба монанди фармони гузаштан ба лампахои камхарч, дар сохаи алока, мошинхои чамбаракашон аз ростбудаву сиёхшиша, марказхои савдои пойтахт, манъ кардани харакати «тангем»-хо дар кучахои протоколи ва гайра карору фармонхо низ ба имзо расида буданд. Вале танхо муддати ду-се мох амал карданду халос. Ин хам аз зумраи онхост, ки бо бовари метавон гуфт, ки «умри дароз» намебинад. Зеро аллакай дар бархе вазоратхо ва хонахои мардум онхо корношоям шудаву ба чарогхои пештара баргаштанд.

Магар ин хандаовар нест, ки дар идорахои бонуфузи давлати рохравхояш базур рушои мекунаду хамон хам якто лампаи камхарч дораду якто чарогхои пурхарч?! Вокеан, дар ин маврид ВАО-и хоричи барномахои тахкиромез доштанд, ки ба шаъни як миллату давлат намеарзад.

Аммо агар хохем коргоху хонахои худро рушантар кунем, мачбурем ду-се донаги аз шашсомониаш ё ин ки 12-14 сомониаш насб кунем. Пас, дар ин холат ду 15 як 30 намешавад?!

 

Коррупсияи бештар дар сохаи барк

Тавре хамаруза масъулони сохаи энергетика тахлил мекунанд, бо кабули фармони номбурда, метавон дар як сол талафи микдори неруи баркеро пешгири кард, ки дар неругохи баркию обии Сангтуда хосил мешавад. 

Масалан, муштариёни барк аз хисоби ахоли, ки зиёда аз 1 миллион нафар хонаводаро ташкил медиханд, агар чарогхои тафсандаро, ки неруи баркро зиёд мегиранд, бо чарогхои каммасраф иваз кунанд, гуё дар як сол баробари 3 миллиарду 120 миллион киловат соат неруи барк сарфа мешавад, ки ин баробар аст, ба иктидори солонаи як неругохи барки-оби.

Пас, маълум мегардад, ки боз мардуми одди «курбони» аст. Зеро хам дар кам омадани пули барк ва хам барзиёд сарф шудани барк халк гунахгор!!!  Аз ин ру, боз хам мардуми бечора бояд маблагхои азхудкардаи неруи барк ва миллиард кВт соат неруи барки гайбзадаро чуброн кунад.  

Дар хамин хол набояд фаромуш кард, ки собик директори нерухгохи Норак Махмадулло Курбонов ва муовини у Махмадали Халимов дар азхудкунии маблагхои давлати ба микдори наздик ба 380 хазор доллари ИМА гумонбар дониста шуда буданд.

Ин маблагхое, ки давлати мегуянд аз кадом хисоб аст? Албатта, аз хисоби мардуми бечора. Чунки аз мухлати пардохти пули барк танхо ду-се руз нагузаштаву мавриди тахдидхои кормандони соха карор гирифта, ки «Агар пулро насупоред, баркатонро хомуш мекунем». Хол он ки маблаги барки истифодакардаи худ, чанд мох боз супорида нашудааст.

Зимнан, дар чаласаи Хукумати низ Шарифхон Самиев — раиси ширкати «Барки точик» барои ноухдабарои ва гайб задании наздики 3 млрд. кВт соат неруи барк мавриди интикоди Президент карор гирифта, аз вазифа сабукдуш гардида буд.

Он вакт низ сиёсатшиносон, гуфта буданд, ки хеч бовар надоранд бо тагйир ва ё барканории як-ду нафар вазъият махсусан дар сохаи таъминоти барк ва газ бехбуди ёбад

Хамин тавр хам шуд. Гайричашмдошт Шарифхон Самиевро, ки бо сабаби гайб задани 3 млрд. кВт соат кувваи барк аз вазифа барканор шуда буд, ба хайси директори НБО «Норак» таъин карданд. Чое, ки боз ГАЙБ задани неруи барк осонтар аст. Магар ин худфиреби нест? 

Шахсе, ки дар як чо ин кадар зарар оварда бошад, оё у метавонад чои дигарро обод кунад?!

 

Таъсиси корхонаи лампахои каммасраф

Президенти мамлакат тибки фармони худ дар бораи гузаштан ба истифодаи лампахои камхарч ба Вазорати рушди иктисод ва савдо, Вазорати энергетика ва саноат ва Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии кишвар супориш додааст то дар давоми солхои 2009 — 2011 бо чалби сармояи дохили ва хоричи ду корхонаи истехсоли лампахои каммасрафи барки созанд.

Шояд хангоми сохтани ин корхонахо чорахои безараргардонии ин лампахо ва сифати онхо андешида шаванд?

Хамчунин, вазорату идорахои дахлдор вазифадор шудаанд, ки барои кам кардани талафоти кувваи барк, гази табии ва об барномаи истифодаи самараноки захирахои энергетикиро барои солхои 2009 — 2015 тахия ва тасдик намояд.

Аммо бо вучуди таргиби харрузаи телевизиону радиохои давлати ва ташвики нашрияхо барои истифода аз чарогхои каммасраф мардуми камбизоат барои харидани чунин чарогхо саросема нестанд. Зеро неруи баркро танхо дар ду-се мохи тобистон мебинанду се фасли солро дар торики мегузаронанд. Ба кавли эшон чароги гароне, ки неруи барк барои фурузон кардани он набошад, даркор нест. 

Умед мекунем, ки ин маротиба бо чунин барномахои «хандаровар» масъулин кишвари моро мавриди масхараи ВАО-ву кишвархои хорич карор намедиханд.

Саида Курбонова, БМCTЖ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Фридрих
    Июль 4, 2009 в 11:57 дп

    Дар Точикистон дигар кор нест мачбур ягон фармон бароранду аз он шикамкалоно ягон фоида гиранд. Бар холи мо точикон дар хама чо механданд.

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: