Главная > Uncategorized > «Донишмандони точикро истифода мебарем…»

«Донишмандони точикро истифода мебарем…»

Назмшиноси ва ё фанни шеър барои хар нафаре, ки мехохад дар рохи шеъру шоири кадам гузорад, илми нихоят зарурист. Зеро, агар шахси пайваста ба шеър сарукор дошта аз коидаву конунмандихо ва нозукихои ин илм пурра огох набошад, наметавонад газал, шеър, хатто як мисраъ ё байти бегалат гуяд. Ба ибораи дигар, дар васл кардани аркони байт, ки худ чузъи асосии илми аруз аст, очиз мемонад.
Дар ин маврид сухбате доштем бо як нафар олими забардасти аруздон — доктори илмхои филологи, профессор Урватулло Тоиров, ки чандин соли умри худро дар омузиши ин илм сарф кардааст.

Урватулло ТОИРОВ:
«Донишмандони точикро истифода мебарем…»

— Устоди азиз, пажухишгарони илми аруз бар ин акидаанд, ки тахкики шеър аз иншои он душвортар аст. Чи сабаб шуд, ки Шумо ба ин илми мушкилписанд руй овардед?
— Хангоми тахсил дар мактаби миёна ба илмхои физикаву математика ва химия шавку завки зиёд доштам. Аммо омадани муаллими забон ва адабиёт Нозимов (зодаи шахри Хучанд) ба мактаби мо — мактаби миёнаи раками 2-и нохияи Файзобод майлу хохиши маро ба адабиёт зиёд кард. Аз синфи 8-ум сар карда, ману Хайруллоху Мухаббат (хардуяшон хамсинфони бандаанд ва мо якчоя соли 2007 китоби «Адабиёти точик барои синфи 7»-ро навиштаем) бисёртар ба омухтани нозукихои адабиёт машгул шудем. Бо рохбарии муаллим Нозимов мо кариб тамоми шеърхои «Киссаи Хиндустон»-и Мирзо Турсунзода, газалхои Саъдию Хофизу Камолро аз ёд намудем.
Баъди хатми мактаб (соли 1960) бе ягон дудилаги ман хуччатхоямро ба факултаи таъриху филология супоридам. Хамон солхо барои дохил шудан 4 имтихон супоридан лозим буд (иншо, забон ва адабиёт — дахони, таърих ва диктант). Аз имтихонхои иншою таърих, забон ва адабиёт бахои аъло ва аз диктант бахои хуб гирифтам, аммо мутаассифона аз комиссияи мандати нагузаштам. Ба деха баргаштан нахостам. Рузона дар сохтмон бетонрез шуда кор мекардам ва шабона дар курси тайёрии донишгох мехондам. Ба мо устод Саид Халимов дарс мегуфтанд. Илохо умрашон дароз бод! Чунин устоди гамхору донишманд хеле кам аст.
Соли 1961 боз дар имтихоноти дохилшави иштирок намудам ва ин дафъа хамаи имтихонхоро бо бахои «аъло» супоридам. Боз маро аз комиссияи мандати нагузарониданд. Ба ректори онвакта — Солех Ашурович Рачабов мурочиат кардам. Он кас хам инсони бошафкат ва хам хукукшиноси хуб буданд. Мохи сентябри соли 1961 маро ба донишгох кабул карданд. (Тафсилоти ин вокеаро дар китоби «Тахкик ва таълими аруз», соли 1994 батафсил баён кардаам).
Имтихони нахустини мо дар курси аввал «Назмшиноси» буд. Ин фанро устод Хусенйзода дарс медоданд. Аз ин имтихон бахои аъло гирифтам ва аз соли 1961 то соли 1988 — соли вафоти устод Шарифчон Хусейнзода нозукихои илми арузро аз устод омухтам. Хамин тарик, ба хотири устод Хусейнзода аз соли 1961 ба омухтани илмхои арузу кофияву бадеъу анвоъи шеър машгулам.
— Дар ин мудат чи натичаи назаррасе ба даст овардед, ки аз он хушхол бошед ва дигарон манфиате бардошта бошанд?
— Тули 42 соли фаъолиятам дар хакикат оид ба илми адаб — аруз, кофия, бадеъ ва анвоъи шеър тадкикот гузаронидам. Сабаби ба илми аруз машгул шуданам як сухани устод Хусейнзода гардид. Соли 1961 мо (Гулназар Келди, Саидали Маъмур ва банда) баъди хатми имтихони нимсола барои дидорбини ба хонаи профессор Хусейнзода рафтем. Дар омади гап устод гуфтанд, ки Гулназару Саидали шояд шоир шаванд, аммо як кас бояд ба илми аруз машгул гардад. Хамин сухани устод ба ман таъсир кард ва аз хамон сол ба омухтани ин илм машгулам. Ба ин хотир, китобхои «Ал- муъчам»-и Шамси Кайси Рози (1991), «Меъёр-ул-ашъор»-и Насириддини Туси (1992), «Фунун ва саноеъи адаби»-и Такии Вахидиёни Комёр (1994), «Бадоеъ-ул-афкор»-и Хусайн Воизи Кошифи (2006), «Чахормакола»-и Низомии Арузии Самарканди (1986 хамрохи профессор Худои Шарифов)-ро ба чоп тайёр кардам. Рочеъ ба илмхои арузу кофияву анвоъи шеър китобхои «Фарханги истилохоти арузи ачам» (1991), «Комуси кофия ва арузи шеъри ачам» (чилди 1, 1993), «Тахкик ва таълими аруз» (1995), «Фарханги истилохоти кофия» (1997), «Офтобе дар миёни сояе» (дар ду кисм 1998), «Анвоъ ва авзони шеъри халкии точики» (2008), «Каломи манзум» (2005), «Назмшиноси» (бо хаммуаллифии профессор Худои Шарифов), «Рохе ба суи гафлат» (2007), «Мавлавии Рум хуб бидонад аруз» (2008) ва гайраро таълиф кардам.
— То чое медонем, панч сол мешавад, ки Шумо махфиле доред бо номи «Тахлили каломи манзум». Хафтае як маротиба ба донишчуён, устодон ва он нафароне, ки аз пайи омухтани ин илм хастанд, бе ягон маблаге дарс мегуед. Хадаф аз ин чист?
— Дар хакикат хамин хел аст. Ман дар Донишгохи милли махфили «Тахлили каломи манзум»-ро ташкил кардам, ки хар хафтае як маротиба гузаронида мешавад. Сабаби омода кардани ин махфил асосан дотсент Мирзо Солех ва профессор Худои Шарифов гардиданд. Дотсент Мирзо Солехов, ки ба банда хакки шогирди дорад, чандин бор хохиш кард, ки як семинари доимоамалкунанда оид ба илми аруз таъсис дихем. Илова бар ин, акидаи ман доир ба таълими адабиёти тамоман дигар аст. Ба акидаи ман, то замоне, ки дар мактабхои миёна илми адаб, яъне аруз, кофия, бадеъ, анвоъи шеър ба таври чидди таълим дода нашавад, аз хатмкунандаи ин мактаб дуруст навиштани иншо, бе галат хондани газалу касидаю маснави ва анвоъи шеърро талаб кардан мумкин нест. Аксари хатмкунандагони мактабхои миёна иншо навишта наметавонанд, зеро ба онхо илми аруз, кофия ва бадеъ таълим дода нашудааст. Каломи манзум меъёр ва андоза дорад. Хамин меъёр ва андоза илми аруз аст. Ба хонандаи мактаб нозукихои ин илмро ёд надода, аз у дуруст навиштани шеърро талаб кардан мумкин нест.
Ман дар ин бора соли 2005 дар хафтаномаи «Омузгор» маколае навишта будам. Хушбахтона, хамон макола дар Вазорати маориф замони вазирии Сафарали Рачабов мухокима карда шуд. Аъзои мушовараи Вазорати маорифи Точикистон ба ман супориш доданд, ки барномаи таълимии «Каломи манзум»-ро тайёр кунам. Чунин барномаро тайёр кардам. Хайати мушовараи Вазорати маорифи Точикистон онро макбул донистанд. Дар асоси ин барнома китоби «Каломи манзум»-ро навиштам ва он соли 2005 бо теъдоди 10 хазор нусха чоп шуда, хамчун замимаи китобхои «Адабиёти точик» барои синфхои 5-11 тавсия гардид. Соли 2005 бо тавсияи вазири маорифи Чумхурии Точикистон, академик Абдучаббор Рахмонов барномаи таълими адабиёти точик аз нав тахия карда шуд. Максад аз тахияи ин барнома дар мактабхои миёна омузондани илмхои адаб буд. Профессор Худои Шарифов ва банда тули як сол «Барномаи таълими адабиёт»-ро барои синфхои 5-11 тахия кардем. Дар ин барнома истилохоти асосии илмхои аруз, кофия, бадеъ ва анвоъи шеър дохил карда шуд, ки аз синфи 5 то синфи 11 бояд онро омузонад. Холо китобхои дарсии адабиёт барои синфхои 7, 10 ва 11 чоп шуданд, ки дар асоси ин барнома таълиф шудаанд. Аз руи шунидаам, китобхои дарсии адабиёт барои синфхои 5, 6, 8 ва 9 рузхои наздик дастраси хонандагон хохад гашт.
Махфиле, ки дар ДМТ ташкил кардаам, дар навбати худ давоми амали кардани хамон нияти хайр аст. Ин махфил муддати панч сол аст, ки дар факултаи филологияи точики ДМТ амал мекунад. Соли аввал аъзои махфил нисбатан кам буд. Холо шумораи онхо ба 80-100 нафар мерасад. Иштирок дар махфил озод аст. Донишчуёни факултахои филология, журналистика, шаркшиноси аъзои доимии ин махфил мебошанд. Илова бар ин, хонандагони синфхои болоии мактабхои миёнаи шахри Душанбе, донишчуёни Донишгохи омузгории Точикистон ба номи С. Айни ва баъзе устодони чавони ин донишгоххо дар махфил иштирок мекунанд. Хадаф аз ташкили ин махфил пеш аз хама таълим додани илми шеър аст. (Ин корро бояд Иттифоки нависандагон бикунад! Мутаассифона, садорати Иттифоки нависандагон дар ин бора фикре хам надорад. Натичаи хамин аст, ки моххои охир бештари китобхои шеър аз чихати вазн, кофия ва анвоъи шеър дар шакли галат таълиф гаштаанд. Хуб, ин масъаларо дар мавриди дигар бояд гуфт, холо мавриди гуфтани он нест).
— Аз нигохи Шумо, сатхи омузиши илми аруз дар донишгоху донишкадахои мо дар давраи пеш аз сохибистиклол шудани Чумхурии Точикистон ва баъд аз он чи гуна аст?
— Таълими илми аруз дар донишгоххои Точикистон бо кушиши профессор Хусейнзода ва доктори илмхои филология Бахром Сирус ба рох монда шуда буд. Профессор Шарифчон Хусейнзода аз солхои 50-ум дар китоби «Адабиёти точик» барои синфхои 8-ум илми арузро дохил кард. Баъдтар домулло Туракул Зехни китоби «Санъати сухан»-ро таълиф кард, ки дар он рочеъ ба илми аруз маълумоти мухтасар дода шуда буд. Китоби Бахроми Сирус «Арузи точики» (1963) барои таълими ин илм хеле муфид буд. Аз донишмандони солхои 60-70-уми асри XX устодон А. Маниёзов, устод А. Давронов ва устод Зухуриддинов барои омузонидани кисми амалии илми аруз хизматхои аразанда кардаанд. Устод Давронов китобхои «Сохти шеъри точики» ва «Вазни ашъори Лохути»-ро навишт, ки дар назмшиносии точик сухани нав буд. Устод Зухуриддинов чанд бахри солим ва фаръиро ба нота (адвор) дароварда, ба донишчуёни Институти санъати Точикистон таълим медод. Чи тавре ки гуфтам, солхои 90-ум аз чониби банда чанд китоб таълиф карда шуд. Холо донишмандону устодони чавоне чун Мухаммадчон Умаров, Мирзо Солехов, Мухриддин Низомов ва дигарон ба омухтани нозукихои илми аруз сахт дилбастаги доранд ва оид ба ин илм китобхо таълиф кардаанд. Аз шоирони имруза Аскар Хаким, Рахмат Назри, Гулназар Келди, Киром Остон ва дигарон илми арузро хеле хуб медонанд ва доир ба назария ва амалияи он асархои илми таълиф кардаанд.
— Донишчуён чи? Онхо шавке нисбати ин илм дар дил доранд? Агар ха, муносибати устодони назмшинос бо онхо чи гуна аст?
— Гузаронидани махфили «Тахлили каломи манзум» нишон дод, ки устодон ва донишчуёни зиёде ба омухтани илми аруз майли беандоза доранд. Шумо устод Мухибовро мешиносед. Ин кас ба ман хакки устоди доранд. Дар чанд соли охир чунон ба илми аруз дил доданд, ки холо дар амалияи аруз на хар кас ба у баробар шуда метавонад. Устод Баравни-номзади илми филология баъди чанд соли иштирок дар ин махфил илми арузро чунон аз худ карданд, ки холо дар Донишгохи омузгории Точикистон аз ин илм дарс мегуянд. Чунин мисолхо хеле зиёданд. Аз хама мухимаш он аст, ки илмхои шеър, арузу кофияу бадеъу анвоъи адабро пайваста ба толибилмон ёд додан лозим.
— Дар оянда чи накшахо доред?
— Пеш аз хама бо розигии Худованд мехохам, ки махфили мо боз хам сернуфуз шавад, майлу хохиши толибилмон ба омузиши илми аруз зиёд гардад. Аз мавриди мусоид истифода бурда, тамоми чавонони лаёкатмандро ба махфил даъват мекунам. Холо рохбарияти факултаи филологияи точик барои махфили мо бехтарин утокро чудо кардааст. Ичрои хар гуна накша ба нияту умед вобастаги дорад. Нияти банда ин аст, ки барои мактабхои миёнаву оли «Комуси кофияву арузу анвоъи шеъру бадеъ» тахия кунам.
Зиёда аз 13 сол аст, ки бо Донишкадаи исломии Точикистон ба номи Имоми Аъзам хамкори дорам ва мо дар он чо бо рохбарии ректори донишкада Абдучалол Ализода ва дигар устодони арзанда тахияи «Энсиклопедияи ислом»-ро сар кардем. Ин энсиклопедия бояд хеле содаю оммафахм бошад. Дар он бояд оддитарин истилохоти исломи (аз кабили руза, намоз, сачда пир, солик, шайх, хач, хочи, истидроч, рукуд, мухаббат, тарикат, истигно ва гайра) чой дода шавад. Ин китоб бояд тавре тахия карда шавад, ки дар он хонанда доир ба тамоми ашхоси исломи ва китобхои дини маълумоти сахех пайдо кунад. Ин кори нихоят душвор аст, аммо ибтидо ва асоси хамаи корхои маърифати хисоб меёбад. Мо кушиш мекунем, ки дар таълифи ин комус тамоми донишмандони Точикистонро истифода барем, зеро Соиб бархак гуфтааст:
Чун субх файзи сухбати равшандилон дамест,
Аммо даме, ки боиси эхёи олам аст.

Сухбаторо Фаридуни УМАРБЕК

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: