Главная > Uncategorized > Шохиди ВКД аз он дунё наомад

Шохиди ВКД аз он дунё наомад


Хануз дар давраи шурави як навъ муд буд, ки дар зери оинаи кафои мошинхои сабукрави шахси кулох (шабка)-и корманди милисаро мегузоштанд. Ин рафтор чанд чабха дошту атрофиён нисбати он ба тарзи худ муносибат мекарданд. Ба хар навъе, ки набошад, чунин амал бартари доштанро нишон медод. Хусусан, хангоми харакати наклиёт дар рох. Ронандахо бо дидани чунин нишона, яъне дар зери оина гузоштани кулохи милисаги, хатто аз он наклиёт пеш намегузаштанд. Чунки нисбати он як навъ эхтироми хоса мавчуд буд.
Акнун чи? Бисёр вакт аз сабаби надонистани нозукихои вазифа натанхо сазовори эхтиром намегарданд, балки сабабгори коста гардидани обруи як макомот мешаванд.Шохиди ВКД аз он дунё наомад

Дар бораи ба Суди нохияи Исмоили Сомони мурочиат намудани сокини шахри Душанбе Чамшед Факиров барои бекор намудани карор оид ба хукуквайронкунии маъмури, химояи шаъну шараф ва эътибори кори, руёндани зарари моддию маънави ба маблаги 305 хазору 200 сомони каблан хабар дода будем. Баррасии масъала ба судяи Суди нохияи Исмоили Сомони Д. Азизова вогузор шуда буд. Аз огоз то ба анчоми ин бахси суди рафти вокеаро пайгири намуда, хангоми танаффус эълон намудани судя баъзе масъалахои ба парванда алокамандро мавриди омузиш карор додем.
Дар баррасии масъала даъвогару адвокаташ ва намояндагони чавобгар далелхои зиёде пешниход карда, хар тараф хак буданашонро собит кардани мешуданд. Ч. Факиров иброз намуд, ки автомошинаи шахсии маро бо сабаби сиёхшиша буданаш беасос дар давоми соли 2009 кормандони РБДА-и Чумхурии Точикистон ва кормандони ШБДА-и РКД шахри Душанбе чандин маротиба нигох дошта, ба чаримагох бурда, ба ман зарари моддию маънави расониданд. Хол он ки, автомошинааш тамгаи «Тайота-Лексус» РХ 350 (раками давлатияш ЕО 3888 РТ 01, соли баромадаш 2008) дар асоси шиносномаи техникии силсилаи АД № 0233399 аз 27.01.2009 ва ваколатномаи № 15п -78 санаи 9.01.2009 сол дар Идораи давлатии нотариалии нохияи Фирдавсии шахри Душанбе ба кайд гирифта шуда, сиёхшишаи истехсоли саноатист.
Номбурда хамчунин кайд кард, ки санаи 31.03.2009 сол автомашинаашро аз назди тарабхонаи «Сириус» чанд нафар корманди БДА мехоханд ба чаримагох баранд. Ч. Факиров огох гашта, ба навбатдори прокуратураи шахри Душанбе занг мезанад ва бо дахолати навбатдори прокуратура рафтори кормандони БДА пешгири мешавад. Кормандони РБДА дар санаи 1.04.2009 сол маротибаи дуюм автомошини уро боздошт намуда, ба раёсат мебаранд. Ин дафъа бо дастгохи «Тоник» шишахои мошинро месанчанд. Дар натича, маълум менамоянд, ки шишахои бари автомобил 18,6% ва шишахои кафои он 21,5% сиёх карда шудааст. Худи хамон руз санад тартиб дода, дар санад зикр менамоянд, ки автомошинаи мазкур сиёхшиша буда, ба Гости 5727-88 мувофикат намекунад. Аммо баъд аз се соати бахсу мунозира автомобилро ба Ч. Факиров бармегардонанд.
Дар санаи 02.04.2009 сол дар назди «Боги хайвонот» се нафар нозири рох боз автомобили Ч. Факировро боздошт намуда, як соат манъ мекунанду сипас чавоб медиханд. Рузи дигар, яъне 03.04.2009 сол такрибан соатхои 21:00 дар назди «Кохи чавонон», хангоме ки мошин бехаракат меистодааст, онро наворбардори мекунанд.
Вакте Ч. Факиров бо рафиконаш хуроки шом мехурдаасту мошин бехаракат меистодааст, чанд нафар корманди БДА омада, мошинро бурдани мешаванд. Пас аз ин, хуччатхои ронандагии уро гирифта, бе тартиби додани протоколи хукуквайронкунии маъмури ва бе иштироки у автомобилро ба чаримагохи «Гулбутта» бурда, махкам мекунанд. Инчунин, уро огох мекунанд, ки то шишахои мошинро иваз накунад, мошинро барнамегардонанд.
Ч. Факиров дар санаи 05.04.2009 сол шишахои автомобилро ба маблаги 5000 сомони иваз менамояд.
Дар санаи 11.04.2009 дар ШБДА РКД-и шахри Душанбе Ч. Факировро бо протоколи № 0015223 аз 03.04.2009 сол ва карори аз 11.04.2009 сол дар бораи хукуквайронкунии маъмури бо моддаи 330 кисми 1 Кодекси хукуквайрокунии маъмурии Чумхурии Точикистон барои идора кардани автомошинаи сиёхшиша ва руёнидани чарима бо маблаги 200 сомони шинос мекунанду нусхаашро ба у намедиханд. Талаб менамояд, ки чаримаро супорад. Ч.Факиров мачбур мешавад чаримаро супорад. Хангоме ки у чаримаро супорида, барои гирифтани рухсатнома ба ШБДА-и шахри Душанбе меояду квитансияро пешниход мекунад, ба у нусхаи тамоман карори дигар, оид ба чои кораш равон кардани маводи хукуквайронкунии маъмури пешниход мекунанд, ки ба карори аввала умуман мувофикат намекардааст.
Дар мурофиаи суди кайд карда шуд, ки сабаби асосии ба суд мурочиат кардани шахрванд хамин пайгирии доимии кормандони БДА гардидааст. Вакти баррасии бахси суди аз тарафи чавобгарон, яъне ВКД ва Раёсати БДА-ю зерсохторхои он барои тибки нишондоди конун амал намуданашон вачххои зиёд оварда мешуд. Вале хангоми бахс маълум гардид, ки хакикат дар дигар чост.
Масъалаи асосии баррасии суди муайян намудани ду лахза буд. Оё шишахои мошини даъвогар сиёхшишаи саноати буданду ба талаботи ГОСТ чавоб медоданд? Масъалаи дигар ин протоколи оид ба хукуквайронкунии маъмури тартибдода буд.
Ч. Факиров далел меовард, ки мувофики банди 4.2- и Шурои стандартикунонии Евразия тахти раками 5492 аз 4 сентябри соли 2006, ки аз чониби 9 давлат, аз чумла Точикистон ба имзо расидааст, агар нишони нормативи ба хуччатхои асоси ворид карда шуда бошад, мавриди истифода карор мегирад. Гайр аз ин, тибки тагйироти № 3 аз 1 январи соли 2002 ва карори Госстандарт тахти раками 353 аз 27 августи соли 2001 дар банди 2.2.4 омадааст, ки шишаи пеши автомобил 25 фоиз сиёхкардаи саноати, шишахои дари пеш 30 фоиз, шишахои бокимонда бошанд, меъёрикунонда намешаванд. Мувофики моддаи 7- и Конуни Хукумати Чумхурии Точикистон «Дар бораи стандартони» кайд шудаст: «Дар Чумхурии Точикистон стандартхои меъёрии стандартонии категорияхои зерин амал мекунанд: 1. Стандартхои байналхалки (минтакави) 2. Стандартхои байнидавлати -ГОСТ ва гайра».
Дар асоси протоколи санчишии «Точикстандарт» тахти раками 03-09 аз 14 апрели соли 2009 маълум мегардад, ки шишахои мошини шахсии даъвогар Ч. Факиров истехсоли саноати буда, ба меъёрхои ГОСТ 5727-88 мутобикат мекунанд. Вале дар баррасии масъала ба хайати суд нусхаи дигари чунин протоколи санчиши пешниход карда шуд, ки дар санаи 14 апрели соли 2009, яъне дар як руз омода карда шудаасту айнан хамаи санчишгарон дар он имзо гузоштаанд. Танхо як фаркият буд, ки дар ин протокол шишахои мошин ба ГОСТ мувофикат намекард. Бахс дар атрофи ин масъала хеле тул кашид. Вале баромади адвокати тарафи даъвогар ба протоколи маротибаи дуюм ба суд пешниходшуда хати батлон кашид. Чунки дар ин протокол мухри «Точикстандарт» гузошта нашуда буд. Судя Д. Азизова хам такрор ба такрор сабаби мухр нагузоштанашонро аз намояндагони Точикстандарт пурсиду чавоби анике нагуфтанд. Сохта будани протокол аён шуд. Бо дархости даъвогар заводи истехсолкунандаи мошин ба унвони вазири корхои хоричии Чумхурии Точикистон ва раисикунандаи мурофиа мактуб ирсол намуда, хостгори он шудааст, ки мошинхои истехсолмекардаашон дар тамоми дунё бе ягон мамониат истифода мешавад. Дар холати пайдо шудани ягон бахс метавонанд хамчун чонибдори даъвогар баромад кунанд.
Дар санаи 3 апрели соли 2009 тахти раками 0015223 протокол оид ба хукуквайронкунии маъмури омода карда мешавад. Дар протокол чойи вайрон намудани хукуквайронкуни кучаи Чаббор Расулов навишта шудааст. Вале муайян гардид, ки протоколро дар боздоштгохи муваккатии РБДА дар махаллаи «Гулбутта» тартиб додаанд. Тибки конун дар бораи хукуквайронкунии маъмури, мебоист дар иштироки ронанда протоколро тартиб медоданд. Вале бе иштироки даъвогар онро тартиб додан мумкин нест. Протоколи номбаршударо бошад, танхо санаи 11 апрели соли 2009, баъди гузаштани 8 руз «хукуквайронкун»
мегирад. Хангоми тартиб додани протокол иштироки ду нафар шохид шарт аст. Дар худи хамин протокол хам навишта шудааст. «Шохидон (хангоми муоина иштироки онхо хатмист)». Дар протоколи пешниходнамуда ному насаби 2 нафар зикр карда шуда буд. 1. Давлатов К.-нохияи Рудаки, кишлоки Дара. 2. Наботов С. Рудаки, пос Сомониён.
Аз рузи нахустини баргузоршавии мачлиси суди даъвогар Ч. Фвкиров талаб намуд, ки шохидон ба мачлиси суди даъват карда шаванд. Аз чониби намояндаи ваколатдори ВКД Акрамчон Чонов иброз мегардид, ки хатман шохидон даъват карда мешаванд.
Раисикунандаи мурофиа барои хаматарафа муайян намудани холатхои кор ташхиси такрори фармуду мо аз паи омузиш шудем. Гуфтанд, ки дехаи Дара дар худуди чамоати дехоти Чоряккорон вокеъ аст. Ба он чо рафтем. Мувофики маълумотномаи раиси чамоати дехоти номбаршуда тахти раками 1697 аз 3 июни соли 2009, дар худуди чамоат чунин деха мавчуд нест.

Эхсони АБДУЛЛО, БМСТЖ
(Давом дорад)

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: