Главная > Тадкикоти журналистї > АФСОНАИ МУФАТТИШ, ТАХМИНКУНИИ СУДЯЮ ХУКМИ БИСТСОЛА

АФСОНАИ МУФАТТИШ, ТАХМИНКУНИИ СУДЯЮ ХУКМИ БИСТСОЛА

(Давомаш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

Парвандаи чинояти

Чи хеле, ки дар боло ишора намудем, парвандаи чинояти санаи 20 октябри соли 2007 тибки нишондоди моддаи 109 (ба худкуши расондан) кисми 1-и Кодекси Чиноятии Чумхурии Точикистон огоз карда шуда, Бежан Кудратовро се шабонаруз нигох дошта, бинобар дар харакатхояш набудани таркиби чиноят озод менамоянд. Санаи 29 октябри соли 2007 боз Бежанро боздошт мекунанд. Гарчанде барои дастгир намудани у ягон асоси кофи набуд. Таъкид менамоем, ки парванда нисбат ба худкушии Махина огоз карда шуда буду санаи 1 ноябри соли 2007 дар бораи харакатхои Бежан ягон парвандаи чинояти накушода, карор дар бораи хабси пешакиро муфаттиш кабул мекунад.
Аз санаи 8 ноябри соли 2007 карор дар бораи ба чавобгарии чинояти кашидан ба сифати айбдоршаванда бароварда шуда, бо моддаи 109 кисми 2 КЧ ЧТ айб эълон карда мешавад. Танхо санаи 10 январи соли 2008 нисбат ба Бежан Кудратов ва дигарон дар асоси нишондоди моддахои 109 кисми 2, 286 кисми 3, банди «а», «б», КЧ ЧТ ва дигарон бо моддаи 286 кисми 2 КЧ ЧТ парвандаи чиноятиро прокуратураи вилояти Сугд огоз мекунад. Шахрванд охири мохи октябр дастгир мешаваду пас аз ду мох нисбаташ парвандаи чинояти огоз менамоянд. То парванда ба истехсолоти прокуратураи вилояти Сугд гузаштан Бежан Кудратов ба ягон карори муфаттиш ва ташхисхои тиббии гузаронда шуда, шинос карда намешавад. Аз 20 декабри соли 2007 парвандаи чинояти дар истехсолоти прокуратураи вилояти Сугд карор мегирад. Сардори гурухи тафтишоти С. Шарипов таъин карда мешавад. То санаи 5 апрели соли 2007 Бежан Кудратов танхо дар асоси моддахои дар боло номбаршуда (ба худкуши расондану муомилоти гайриконуни бо асъори хоричи) айбдор дониста мешавад.
Айби Б. Кудратов бо моддаи 109 к. 2 КЧ ЧТ исбот намегардад ба прокуратураи шахри Чкалов намояндаи чабрдида И. К. Рузиев мурочиат мекунад ва масъалаи дуркунии муфаттишро дархост мекунад. Чунки муфаттиши покуратураи шахри Чкалов дар асоси маводхои парванда якчанд маротиба ба аризаи онхо посух дода буд, ки дар ин ходиса ягон амали куштор нест. Баъд аз ба истехсолоти прокуратураи вилояти Сугд гирифта шудани парвандаи мазкур намояндаи чабрдида И. К. Рузиев. аз санаи 10.03.2008 сол ба номи прокурори вилояти Сугд бо ариза мурочиат намуда, чунин менависад:
«Ман аз Шумо умеди калон дорам, ки дар ин рузхои наздиктарин ба котил оиди куштори духтарам Рузиева Махина айб эълон карда шуда, парванда ба суд ирсол карда мешавад».
Гуё хамин хохишро интизор буданд, бе огоз намудани парвандаи чинояти санаи 3 апрели соли 2008 аз чониби макомоти тафтишоти пешаки нисбат ба Б. Кудратов бо моддаи 104 (одамкуши) к. 2 б.б. «в», «е» КЧ ЧТ айб эълон мекунанду танхо санаи 5 апрели соли 2009 карор дар бораи огоз намудани парвандаи чинояти бо ин модда кабул карда мешавад. Баъди 5 рузи огоз намудани парвандаи чинояти бо ин модда тафтишоти парвандаро ба итмом мерасонад.
Хамин як аризаи намояндаи чабрдида сабаб мешаваду шахрванд ба котил мубаддал мегардад. Барои хамчун котил ном бурдану ба у айб эълон кардан макомоти тафтишот чи далел дошт?

«Далел»-и муфаттиш

«Кудратов Б, ки бо занаш бо сабаби аз тарафи охирон хамон руз бе ичозати у ба корманди милитсия- нозири минтикави Абдурахмонов И. додани шиносномааш ва дар натича, хангоми ба туйи хамсояаш рафта истодан, дар даромадгохи хонааш ба кормандони милитсия Абдурахмонов И. ва Акрамов В. вохурда, онхо уро ба нуктаи нигохдории тартиботи чамъиятии ШКД-и шахри Чкалов бурдаанд, дар холати чанги буд, аз ин харакатхои охирин сахт ранчида, бо корди ба дасташ гирифта тахдидона талаб кард, ки пулхои бо араки чабини рехта, бо машаккат чамъ кардаашро сузонданро бас кунад. Вакте ки суханхои у натича набахшиданд ва хамсараш пулхоро сузондан гирифт, у ба Рузиев М. хамла карда, бо корд гардани охиронро бурид. Рузиева М., ки тахдиди шавхарашро чидди нахисобида, хавфу хатарро хис намекард, намедонист ва дониста хам наметавонист, ки кордро нисбати у истифода карданаш мумкин аст, аз хамлаи ногахонии хамсараш фиреб хурда, то хатто наметавонист, ки ба худмухофизаткуни кушиш кунад. Дар натича аз дарди теги корд ва вазнинии чарохати гирифтааш «Очачон» гуён дод заду, ба давидан афтид.
Ин холатро дида, Кудратов Б. фахмид, ки ба Рузиева М. чарохати вазнини чисмони расонида ва натичаи он марг аст, барои руйпуш кардани ин кирдораш, бо максади гумрох кардани макомоти хивзи хукук, аввл ба чои ходиса шишаи холии уксусро, сониян якчанд когазхои доруворихоро оварда партофт, то гумон баранд, ки бо истифодаи онхо занаш Рузиева М. ба чони худ касд карда бошад. Гайр аз он, бо максади ба рохи нодуруст даровардани харакатхои кормандони макомоти хифзи хукук, тафтишкунандагони чинояти содиркардааш, дастхои чабрдидаро бо теги корд бурид, то ки фикр кунанд, охирон барои худкуши аввал якчанд маротиба харакатхои бехуда карда, баъдан гарданашрор бурида бошад. Аз ин хам дилпур нашуда, ба халтаи муштзании варзиши дор кашида, танаи нимчони Рузиева М-ро овезон карда монд, то фикр кунанд,ки гуё занаш худашро овехтааст. Баъд дари хучраро аз дарун кулф карда , барои ба худаш холати бегунохи сохтан, аз тирезаи ошхона ба берун баромада, бо апааш Мижгона вохурда, ба у гуфт, ки хамсараш дар хона буд, у бошад аз милисахона омада истодааст».
Ин сатрхо аз фикри айбдори, ки онро муфаттиши прокуратураи вилояти Сугд, сардори гурухи тафтишоти Cаминчон Шарипов, ки айни замон дар вазифаи ёрдамчии калони прокурори вилоят оид ба кор бо кадрхо ва коргузориро дар хамин макомот ичро мекунад, айнан овардем. Бо у дар утоки кориаш вохурдем. Сухбатамон хеле идома ёфту чун сухан сари ин парванда омад, аз мо хохиш кард, ки аввал аз прокурори вилоят ичозати сухбат намуданро гирем. Ба у посух додем, ки аллакай ба суоламон чавоб гирифтем. Хадафи асосии мо муайян кардан буд, ки дар хакикат у бо амаки Махина-прокурори нохияи Бобочон Гафуров Ё. Рузиев якчоя кор кардааст ё на. Вай хамрох кор карданашонро тасдик намуд. Ба мо якчоя кор кардан ё накардан, хамчунин бо оханги «доира»-и ки «ракс» кардани муфаттиш мухим нест. Мухим он аст, ки чи хел дидаву дониста вачххои бебунёд меорад? Охир, фикри айбдори афсонаи «Буду набуд» ё ин ки «Бузаки чингилапо» нест, ки чи хеле хохи хамон хел навистан гири. Сари хар як фикр бояд он бо далели раднашаванда мустахкам карда шавад.
Ходиса дар дохили хона ба амал омадааст, ки онро дида метавонад. Муфаттиш хатто ба чойдамкуни рафтани Махина, чойникро бо плитаи барки мондан, барои он ки Махина нафахмад бо овози паст сухан гуфтани Бежанро тасвир мекунад. Дар холе, ки яке бо олам падруд гуфтаасту дигаре чунин нишондод надодааст. Ин вачх аз кучо пайдо мешавад? Фарз кардем, навиштаи муфаттиш асоси вокеи дорад. Пас пурсиданием, ки рафторхои Махина, сухангуии уро тавассути чи муайян намуда бошад? Оё пешаки дар хонаи Бежан ягон дастгохи махфии сабти овозу наворбардори гузошта буданд? Агар гузошта бошанд, бо кадом максаду кани он? Дар холати мавчуд набудани чунин далел максад (матив)-и мукаррар намудаи муфаттиш ягон асоси хукуки надорад. Ё ин ки арвохи мархума ба муфаттиш он суханонро гуфта бошад?!

Мотив (максад)-и чиноят

Сабаби асосии содир намудани чиноятро муфаттиш дар муносибати байни Бежану Мадина ном духтар, ки то хонадор шуданаш бо у муносибати махрамона доштааст, медонад. Гуё хамон шаби ходиса Мадина ба Бежан пас аз баргаштан аз нуктаи нигохдории тартиботи чамъиятии ШКД-и шахри Чкалов, телефон карда пул пурсида бошад. Ин холатро Махина, ки дар хонаи хоб будааст, гуё шунида, рашк карда, пулхоро аз сандук гирифта сузонда бошад, ки пулхо на ба ман насиб кунаду на ба Мадина. Харчанд дар рафти тафтишоти пешаки ва дар мурофиаи суди ин далел собит намегардад, асоси максади чиноят ба хамин чиз мустахкам карда шудааст. Хамон бегохи ходиса Мадина дар соати 19.55 дакика ба Бежан занг зада хамаги 31 сония гуфтугу мекунад. Мувофики фарзияи муфаттиш гуё Мадина аз Бежан 40 сомони пурсида бошаду Бежан гуфта бошад, ки 20 сомони медихаду бокимондаашро аз маъшукаш гирад. Вале ин вачхи муфаттиш аз руи нишондоди ду нафар яке судшудаву дигаре шохид исбот карда нашудаанд. Хар ду хам дар рафти тафтишоту мачлиси суди инро инкор намуда, иброз кардаанд, ки оид ба маблаг он бегох ягон сухане гуфта нашуда буд.
Бо Мадина дар хонааш вохурдем. Оид ба муносибаташ бо Бежан сухан ронда, кайд намуд, ки он бегох дар бораи маблаг ягон харфе гуфта нашудааст. Танхо у ба Бежан занг зада дар кучо буданашро пурсид. Бежан дар чавоб гуфтааст, ки дар хамин чо ва аз гушаки телефон садои телевизор меомадааст. Масъалаи 40 сомони чанд руз кабл аз ин ходиса дар бозор сурат гирифтааст. Муфаттиш ба нишондоди ду нафар бовар намекунаду худ чун гайбдон амал менамояд. Маълум мешавад, ки асос барои ба ин чиноят даст задани Бежан умуман вучуд надорад. Пас чиноятро ки содир кард? Ин амал худкуши буд ё куштор?
Панч «шитобкори»-и Бежан аз нигохи муфаттиш.
Муфаттиш дар асоси ин холатхо гунохи Бежанро собит кардани мешавад: (айнан аз фикри айбдори)
«Дар рафти сохтани холати худкушии Рузиева М. — айбдоршаванда Кудратов Б. аз шитобкори ба панч хатои пинхоннашаванда рох додааст: якумаш дар он, ки чун одати хамешагии хамсараш дарро аз дарун бо (илтаг крючок махкам накарда, бо калид кулф кардааст, бо нишондодхои Кудратова Ф. тасдик мегардад);
Дуюм, ба хисоб нагирифтааст, ки бо рохи ташхиси суди-тибби мутахассисон вакту соати вафоти чабрдидаро тахминан аник карда метавонанд, дар байни соатхои 18.30-20.30 дакика, яъне аз руи хулосаи ташхисотчиёни тибби, вакти тахминии марги Рузиева М., бо чи кор машгул буду вактро чи хел гузаронидааст, «алиби»-и бебахс тайёр карда натавонистааст. Дар натича оиди ин масъала нишондодхои хархела додаст.Хангоми шинос шудан бо хулосаи ташхис, дар нишондодхои охирон додааш баъд аз соати 20.00 бо милитсионерон рубару шуда, бо онхо ба нуктаи нигахдории тартиботи чамъиятии ШКД-и шахри Чкалов рафтаасту аз он чо соати 21.00 яъне баъд аз ходиса гашта омадааст, дар амал бошад аз руи нишондодхои шохидон Абдурахмонов И. ва Ибодуллоева М. маълум, ки Кудратов Б. аз соати 20.00 аллакай дар хонаш буд) ;
Сеюм. боз ба хисоб нагирифтааст, ки ташхисгарони суди-тибби дар бадан (гардан)- и Рузиева М. доги бо доркашидан набуданашро муайян мекунанд ва холати набудани доркаширо гуфта метавонанд;
Чорум, ба чои ходиса шишаи уксус,доруворихоро партофта, харакати бехуда кардааст, то гумон кунанд, ки бо истифодаи онхо Рузиева М. бо худкуши харакат карда бошад;
Панчум- пулхои сухтаву нимсухтаро дар катори дигар пулхо аз чои ходиса чамъ карда, ба хохараш Фотима бурда дода, аз у хохиш кардааст, ки ба ягон чой монад ва дар натича ин холат бо сабаби дар як вакт пурсида шудани Кудратов Б., Кудратова Ф. ва Кудратова М. ошкор гардида, бо далели радкарданашаванда табдил ёфта ва ба тафтишот имкон дод, ки ба ин холат бахои дуруст дихад (яъне пулхоро ба муносибати Кудратов Б. бо Ибодуллоева М. ситеза карда, Рузиева М. сузонидааст, ки дузд ё горатгар харгиз ин корро накарда, баракс гирифта мерафт)».
Биёед ин далелхои хулосавии муфаттиш С. Шариповро як ба як тахлил намоем. Аввалаш, дарро аз дарун бо калид махкам кардани Махина чи хел шитобкории Бежан буда метавонад. Муфаттиш вачх меорад, ки Махина калид дошту боз барои чи Бежан калиди худашро дод. Калидро додан, дарро аз дарун бо халка ё калид махкам намудан, барои ошкор намудани чиноят чи медихад? Магар мумкин нест, ки дарро гох бо халка махкам куни ва гох бо калид. Ё бо хар ду. Хамчунин имкон дорад, ки нафари дигаре онро махкам карда буд…
Дуюм: Муфаттиш нишондоди Бежанро ба ШКД рафтану омаданашро саросемагии навбатии у медонад, ки барои рохгум задани тафтишот иброз намудааст. Нусхаи протоколи пурсиши Бежан Кудратовро аз санаи 29 октябри соли 2007 дар даст дорем. Мувофики хамин протокол соатхои нишондодаи Бежан оид ба рафти ходиса хамаги 10 дакика мутаносибан фарк мекунаду халос. Ба таъбири муфаттиш «аз руи нишондоди шохид И. Абдурахмонов» гуё Бежан соати 20.00 дар хонааш будааст.
Дар хакикат Бежан дар хонааш буду ин холатро муфаттиш ба максади худ истифода бурдааст. И. Абдурахмонов, ки нишондодаш хам дар фикри айбдориву хам дар хукмнома аз як копютер руйбардор карда шудааст, (дар ин бора баъдтар харф мезанем. Муаллиф.) гуфтааст, ки такрибан соати 19.00-19.20 ба таври такрори ба хонаи Бежан омадаанд. Пас чи хел соати 20.00 дар хонааш будани Бежанро исбот мекунад? Агар гуфтаи милисанер И. Абдурахмонов асоси вокеи дошта бошад, пас чи хел дар муддати кутох Бежан ба ШКД рафту бозгашт? Дар муайян намудани вакт судшуда ва шохид имкон дорад, ба хатоги рох диханд. Вале нишондоди кадоме аз онхо ба хакикат рост омаданашро ба воситаи таблограммаи телефони, ки он аз тарафи муфаттиши прокуратураи шахри Чкалов гирифта шудааст, муайян кардан мумкин аст. Хамон бегохи ходиса Бежан пас аз анчоми кор, яъне шинондани дар аз шахри Кайрокум ба хона баргашта, аз телефони хонааш соати 18. 52 ба телефони хонаи апааш занг зада такрибан чор дакика гап мезанад. Боз соати 19.36 дакика аз телефони хонааш ба хонаи апааш занг зада, як дакика харф задааст. Агар гуфтаи шохид И. Абдурахмонов дуруст бошаду онро муфаттиш С, Шарипов ба эътибор гирад, Бежан чи хел хамрохи милисахо ба суи ШКД мерафту боз бо телефони хонаги харф зад?
Хамин шохид икрор шудааст, ки дар рох Бежан бо ким-кадоме аз телефони дастиаш занг задааст. Таблограмма телефони Мадинаро нишон медихад, соат 20.23 дакика мебошад. Шохид Мадина Ибодуллоев низ дар хамаи баёнотхояш тасдик намудааст, ки пас аз 15-20 дакика Бежан занг задааст. Азбаски дар наздаш нафари дигаре буд, ба телефони у чавоб надодааст. Аз руи гуфтаи И. Абдурахмонов вакти Бежанро ба ШКД бурданашон нозири минтакави Эркин Аширов омадааст. Хамин милисанер тасдик намудааст, ки вакти бо Бежан вохурдан номбурда бо телефони хамрохаш ба касе харф мезад. Он чизе, ки нозири минтакави шаходат медихад, мувофики хамин таблограмма соати 20.37 дакика мебошад. Ба телефони Бежан аз хамон телефони соати 20.37 дакика занг задааш, соати 20.52 дакика телефон мекунанд. Пас нишондоди ки ба хакикат рост меояд?
Мувофики гуфтаи Бежан вай хангоми ин занги телефон дар рох буду ба хонааш бармегашт. Барои чи аз ин холат муфаттиш чашм пушидааст
Сеюм. Сухан дар бораи ба дор кашидани Махина меравад. Дар ин боб намедонед, ки муфаттиш чиро собит кардани мешавад. Дар хама нишондодхояш Бежан холати пас аз ба хона даромадану чи тавр карор гирифтани Махинаро як хел тасвир кардааст. Танхо муфаттиш ба он хурдагири мекунад, ки дар мавриди дар гардани Махина чанд маротиба печонда шудани шарф нишондоди Бежан мухолифат мекунад. Вале муфаттиш муайян кардан намехохад, ки катрахои хун дар болои халтаи муштзани аз кучо пайдо шуданд. Дар баландии 2-2,5 метр чи хел 3 чакраи хун дар дастакхои халтаи муштзани, дар он чое, ки як тарафи шарф баста шуда буд, пайдо шуд? Онро хангоми азназаргузаронии чои ходиса муфаттиши прокуратураи шахри Чкалов А. Шодиев ошкор намуда, дар протокол кайд намудааст.
Ин катрахои хун аз кучо пайдо шуданд. Магар онхо хам аз дасти Бежан чакиданд? Мувофики хулосаи ташхиси ягон чои Бежан бурида нашуда буд. Пас он катрахои хуни болои халтаи муштзани ё чакрахои дар девори хонаи хоб, фарши хонаи хоб, каридор, ванна, ошхона, дастаки яхдон, плитаи барки аз кучо пайдо шуданд? Магар Бежан барои руйпуш кардани чиноят сохта буд?
Чорум. Оварда партофтани шишаи холии сирко (уксус) ва дорухоро муфаттиш амали Бежан медонад. Вале дар кадом асос ин фикрашро собит намудааст маълум нест. Агар ба чои ин фарзия бо воситаи далелхо собит месохт, ки хакикатан дар шишахои овардашуда изи дасти Бежан мавчуд аст, мегуфтем, ки ин сахнаро у сохтаааст. Хамчунин дорухои ёфташуда, кадомаш ба саломатии инсон зарарнок буданд? Аз руи маводхои парванда, хулосахои ташхис маълум мегардад, ки дар он шишахо на изи дасти Бежан хасту на изи дасти Махина. Пас он шишахоро ки овард? Дар маводхо кайд карда мешавад, ки дар хона изи дасте мавчуд мебошад, ки на ба изи дасти Бежан монанд асту на ба апаашу на ба хохараш, на ба хамсараш. Пас, он изи дасти кист? Ки бояд онро муайян мекард?
Панчум. Дар масъалаи пулхоро ба хонаи апааш бурдан дар тамоми нишондодхояш Бежан маълумот медихад. Муфаттиш аз он «далели радношаванда» месозад. Боз хамон хадафи худро мустахкам кардани мешавад. Гуё телефони Мадина сабаб шуду Махина пулхоро сузонд. Аммо ба масъалаи асоси ахамият дода намешавад. Хамон шаби ходиса пулхои нимсухта аз чои ходиса гирифта шудаанд, танхо пулхои носухтаро Бежан бурдааст. Аммо бо вучуди хамчун далели шайъи эътироф намудани онхо тафтишот муккаррар накардааст, ки дар он пулхои нимсухтаи паи дасти хунолуд дошта, изи дасти ки боки мондааст. Муфаттиш вачх меорад, ки Махина пулхоро месузонду Бежан ба кахр омада ба у чарохати марговар расонд. Пас пурсида мешавад, ки дар пулхо изи хун аз кучо пайдо шуд? Хамчунин дар чои ходиса, дар он чое, ки пулхо сузонда шудааст, 17 дона гугирдчуби хунолуди оташгирифта ва 10-15 чакра хун чакидааст. Куттии гугирд хам изи дасти хунолуд дорад. Ин сахнаро ки сохт?

«Очачон»-ро ки гуфт?

« Аз ин кирдори занаш Кудратов Б., ки аз рафторхои занаш оиди бе ичозати у бамилисахо додани шиносномааш ба кахру газаб омада буду уро бахшида наметавонист, бо корд тахдид карда ба Рузиева М. Талаб кард, ки пули бомехнат дарёфт кардаи уро насузонад ва чун дид, ки ин фоида надорад бо корд, бо тези хамла карда, гардани хамсарашро буррид..Охирон бошад, аз зурии дард» Оча, очачон»гуён ду се маротиба фарёд карда, ба диван афтод, ки бо нишондодхои Бобочонова Н. ва писари у Манучехр тасдик мегардад.»
Ин сатрхо аз сахифаи 48-и фикри айбдори оварда шудаанд. Оё дар асл чунин буд? Барои ба ин масъала рушани андохтан, аввал мавкеи чойгиршавии хонахоро шарх медихем. Хонаи Бежан дар ошёнаи дуюм чойгир асту хонаи Бобочонова Н. дар ошёнаи якум. Тарзи чойгиршавии хонахо бошад, яке аз тарафи кунчи чапи ошёнаи дуюму дигаре дар тарафи рости ошёнаи якум. Агар мавкеи онро ба тарики паралели ба хисоб гирем, аз хонаи хоби Н. Бобочонова то чои ходиса наздики 20 метр масофа мебошад. Агар сахрою хавои кушод мебуд, мегуфтем, ки хакикатан овозро мешунави. Бар заммаш яке дар як ошёнаю дигаре дар ошёнаи поён. Дари хучрахоро хам касе шабона кушода намемонад.
Н. Бобочонова манзили зисташро дигар кардааст. Нишонаи уро гирифта, бо у дар хонааш сухбат кардем. Ходисаро накл намуда, иброз кард, ки вай овози «очачон» гуфтани касеро шунид. Он вакт барк хомуш карда шуда буд. Овозро аз ошёнаи якум, аз назди дари даромадгохи долон, ки хонааш рости он мебошад шунид. Аз Н. Бобочонова суол кардем, ки агар дар асл чунин холат рух медоду мархум Махина бо тамоми овозаш «Оча-чон» гуфта дод мезад, у он овозро шунида метавонист?
— Не, ман хеч гох шунида наметавонистам. Чунки чои ходиса, аз хонаи ман ба тамом дар дигар мавкеъ чойгир мебошад.
Пурсидем, ки барои чи дар суд ин суханонро нагуфт. Чавоб дод, ки хамаашро гуфтаасту хатто барои аз чониби муфаттиш дигар намудани нишондодаш у ба прокуратураи вилоят ариза навиштаасту барои мохиятан барраси намудан ба муфаттиш месупоранд. Вале он ягон натича намедихад.
Аз хамсояхои дар шафати хучраи ин ходиса ба амал омада, пурсон шудем. О. Музаффарбеков, Т. Шакархучаева, Э. Хочиева гуфтанд, ки шаби ходиса дар хона будаанду ягон овозро нашунидаанд. Барои чи нафарони дар шафати хона зиндаги дошта, садоро намешунидаанду нафари тамоман дар дури буда, ба «хост» муфаттиш онро шунидааст?
Аз сухбат бо шохидони ходисаю омузиши маводхои аз дасти адвокатхо гирифтаамон маълум гардид, ки пас аз ба беморхона бурдани Махинаю марги уро мукаррар намудани духтурон Мижгона ба хонааш ба хохараш Фотима занг зада мегуяд, ки «Махина мурд».
У ба назди хонаи акояш омада, «оча –очачон» гуён гиря мекунад. Ин овози уро дигар хамсояхо хам шунида, ба ёриаш баромада, якчоя гирифта ба беморхона мебаранд.
Чаро ин суханро ба Махина часпонданд? Агар манфиатдор набошад, барои чи чунин мекунанд? Тибки маълумотномаи шабакахои барки шахри Чкалов барк санаи ин ходиса ба амал омада соати 22.00 хомуш карда шудааст. Н. Бобочонова пас аз хомуш кардани барк овозро шунидааст. Мувофики хулосаи духтурон, часади мархума соати 21.36 ба беморхона бурда шудааст. Наход хамин чизи оддиро муфатиш ба эътибор нагирифта бошад? Барои чи муфаттиш нишондоди шохид Н. Бобочоноваро дар кисми шунидани овози «оча-чон» асос мекунаду аз худ намепурсад, ки ходиса дар дохили хона ба амал омад, дар ошёнаи дуюму хонаи Н.Бобочонова дар ошёнаи якум чойгир аст. Фарз кардем имкони шунидани овозро дошт. Пас чи хел дид, ки мархума ба руи диван афтидааст.
Махина аз ки шикоят дошт?
Бо хамсояхои Бежан хамсухбат шудему то чое имкон доштем, ба наздикону хешу табори ин оила, ки ба хам наздиканд, гуфтугу намудем. Касе аз муносибати носолими Бежану Махина шикоят накард. Хамчунин аз маводхои парвандаи чиноятии дар дасти адвокатхо буда, маълум мегардад, ки рузгори онхо хушу хурсанд мегузаштааст. Пас чаро ин ходиса рух дод? Барои чи хамон шаби вокеа Махина аз Бежан руйхати карздоронро пурсид? Чаро хамон рузи ходиса 29 дакика бо хамсари амакаш С.Ф.Мирзоева ба воситаи телефон гап зад? Барои чи муфаттиш тафтишотро ба охир нарасонда, барои гирифтани баъзе анчомхои хона ичозат дод? Бо кадом сабаб рузи аввали ходисаро ба навор нагирифтанд? Чаро хангоми маротибаи якум азназаргузаронии чои ходиса аз тарафи чонишини прокурори шахри Чкалов Ч.Н. Ахмедов кати хобу хонаи хоб «бетартиб » будаасту пас аз даромадани баъзе ашхос, хангоми маротибаи дуюм аз назаргузаронии чои ходиса хона ба тартиб овардаги будаасту танхо кати хоб андаке нохамвор?
Пас аз ходисаи марги Махина, сахарии санаи 20 октябри соли 2007 як занаки ношинос ба хонаи Т.Шакархучаева, ки дар утоки хамшафат зиндаги мекунад, омада аз ходиса пурсон мешавад. Ки буд он занаки ношинос?
Чанде кабл дар бозор расми Махинаро як занаки ношинос бо воситаи телефон аксбардори мекунад. Бо кадом сабаб, акси у бе ризоияташ гирифта шуду максади гирифтани расм чи буд? Дар суд милитсионер И. Абдурахмонов нишондод додааст, ки модари Ф. Акрамов ( хамон милисаи ба кучое гайб зада. Шархи мо) дар бозор ба тичорат машгул будааст.Гуфтем боз таъкид менамоем, ки хонаи Бежану Ф. Акрамов дар ру ба руи хамдигар чойгир асту тамоми харакатхоро дар долон имкони дидан дорад. Пас, Махина аз ки шикоят мекард?

Экспертхо чи мегуянд

Оид ба ходисаи ба амал омада, якчанд маротиба ташхиси судию тиббию дигар намудхои он гузаронда шудааст. Вале баъзе холатхо номуайян аст. Дар ташхиси судию тиббии кушодани часад тахти раками 109 санаи 20 октябри соли 2007 гузаронидашуда, ки онро муфаттиши прокуратураи шахри Чкалов А.А.Шодиев гузарондааст, дар он ному насаби ташхисгарон Ш.Ш.Гозиев ва А. Мухаммадиев навишта шудаасту танхо имзои Ш.Ш.Гозиев меистад. Дар ташхиси судию тиббии иловагии тахти раками 108 санаи 30 октябри соли 2007 гузаронидашуда, ки дар он ному насаби ташхисгарон Ш.Ш.Гозиев ва А. Мухаммадиев навишта шудааст, танхо имзои А. Мухаммадиев меистад. Ин холат аз чи шаходат медихад? Магар ин асос барои шубха намудан ба сохта будани хулосаи тибби нест? Дар мурофиаи суди ба сифати шохид Ш.Ш.Гозиев пурсида шудаасту вай нишондод додааст, ки дар протоколи азназаргузарони чои ходиса ва ташхиси кардаашон имзояшро гузошта будааст. Хамчунин нозири милиса Э.Ф.Аширов гуфтааст, ки имзо гузоштаанд. Пас имзои онхо кучо рафт? А. Мухаммадиев бошад маълумот додаст, ки дар холати набудани имзои яке аз иштирокчиёни ташхис он санад, хилофи талаботи конун асту ягон арзиши конуни надорад.
Дар мурофиаи суди Ш.Гозиев иброз намудааст, ки дар часад аломатхои худовези дида намешуд.Гардани часад бурридаги буд. Вакти бурида шудани гардан мархума дар холати рост истодан ё нишастан будааст.Чунки хун аз боло ба поён чори шудааст.Вакти бурридани гардан чабрдида ба тези намурдааст.Чунки чарохат чои тез чори шудани хунро надоштааст.Одам ба худаш ба он чойхое, ки дасташ мерасад чарохат расонда метавонад.Чарохати гарданро худаш расонда метавонад.
Аз руи гуфтаи ташхисгарон тамоми чарохатхо дар зинда будани мархум расонда шудаанд.Натичаи маргро ташхисгарон аз рафтани хуни зиёд маънидод кардаанд.
Вале дар фикри айбдори чунин хулоса карда шудааст: «Ин чарохатхо вазнин буда, дар вакти зинда будани чабрдида бо истифодаи предмити тегдори бурранда, эхтимол бо корд расонда шудааст.Чарохатхои мазкур аз тарафи худи чабрдида расонда шуданаш аз эхтимол дур буда, бисёр эътимоли аз тарафи шахси дигар расонда шудани ин чарохатхо, хусусан буридани гардан вучуд дорад». Намедонед, ки бо чунин катъият бо кадом асосу далел муфаттиш хулоса мекунад. Дар холе, ки аз тарафи ташхисгарон муайян карда нашудааст, ки бо кадоме аз ин кордхо, ки якеи он асбоби сабзипусткуни мебошад, чарохат расонда шудааст. Дар кадом корд, изи дасти судшуда мавчуд аст, то гуем, ки бо он чарохат расонда шуд?
Дар ташхиси далелхои шайъи, ки тахти раками 14 аз санаи 15 ноябри соли 2007 огоз ёфта, санаи 23 ноябри соли 2007 ба охир расидааст ва онро ташхисгар Д.Д Юсупова
гузарондааст, муфаттиш дар назди мутахассис вазифа гузоштааст, ки тарзи расондани зарари чисмониро, яъне ибтидо ва интихои онро ва бо кадом предмет расонда шудани зарарро муайян намояд. Барои муайян намудан ба ихтиёри ташхисгар ду корди дар хочаги истифодашавандаю як сабзитарошак гузошта мешавад.Ташхисгар аз пусти гардани мархума, ки дар байни он изи чарохат буд, гирифта дар пластини дигар бо кордхои хамчун далели шайъи пешниходшуда, ба тарики санчиш мехарошаду изхоро мукоиса менамояд. Хангоми бо дастхои махсус 8,4-9,8 маротиб калон кардану мукоиса намудани изхо ташхисгар ба хулоса меояд, ки аз ин кордхо чарохат расонда нашудаст.
Дар мурофиаи суди ба сифати шохиди иловаги, ки аммаи Махина аст, пурсида шудааст. Аз руи гуфтааш часадро пеш аз дафн у шустаасту изхои чарохати бадани Махина, ба фикри у бо алмос (лезва) расонда шудаанд. Дар нишондоди ин шохид хам як вачхи дигар таъкид карда мешавад: «Аъзои баданаш дастхояш бо алмос бурридаги буданд. Агар бо корд бурридаги бошад, он кадар махин ва хамвор намешавад».
Дар вакти азназаргузаронии чои ходиса изхои даст гирифта мешаванд, ки он аз тарафи чонишини прокурори шахри Чкалов Ч.Ахмедов дар лифофа махкам карда мешавад. Дар ин лифофа имзои холисон тамоман мавчуд нест ва бо мухр махкам карда нашудааст. Вакти ин лифофа ба парвандаи чинояти хамрох карда шудааст, аллакай ин парванда дар истехсолоти прокуратураи шахри Чкалов набуд.

Бозидани накш дар сахнаи «одамкуши»

Дар фикри айбдоркуни дар сахифаи 11 мехонед: «Мактаби миёнаи дехаи Некноти шахри Панчакентро хатм карда ( Бежан дар назар дошта шудааст) хамон сол, яъне соли 1998 ба факултаи актёрии донишгохи санъати шахри Душанбе дохил шудааст ва якуним сол дар он чо тахсил карда, бинобар вазнинии шароити иктисоди, хонданро тарк карда,ба шахри Маскав ба мардикори рафтаст». Акнун ба хулосаи муфаттиш ахамият дихед: «Аз ин маълум мегардад, ки у ба актёри шавку хаваси калон дорад ва ба накши каси дигар даромада, дар сахна бози карда метавонад..Аз он чумла, дар рузи ходисаи мазкур тавонистааст, ки накши чабрдидаро ичро карда, кушиш кунад, ки хамон вакт куштор нашудаасту хамсараш ба чони худ касд кардааст»…
« Актёри»-и судшавандаю «режиссёри»-и судя.
Парвандаи чиноятиро аъзои коллегияи суди оид ба баррасии парвандахои чиноятии суди вилояти Сугд Ф.Н. Зиёдуллоев мавриди барраси карор додаст.
Хукмро мехонеду ангушти хайрат мегазед. Кисми аввали хукм, агар як чумларо ба эътибор нагирем, аз фикри айбдори руйбардор карда шудааст. Аниктараш аз як компютер нусхабардори кардаанд, Эхтимол далел оранд, ки дар кисми муайянкунии холати чиноят чунин амал кобили кабул аст. Харчанд дар мачлиси суди кисми муайянкунии холати ба амал омада, бояд дар муайян намудани такдири минбаъдаи судшаванда мавкеи махсус дорад. Аммо бо хадафи хеш истифода намудани нишондоди шохидон, тамоман масъалаи дигар аст. Дар сахифаи 7- хукм нишондоди шохид Н. А. Бобочонова оварда шудааст. Мувофики навиштахои хукм, ки гуё номбурда иброз карда аст: «Рузи 19. 10. 2007с тахминан соатхои 19-30, 20-30 дакика бо писараш Манучехр дар хонааш буд ва бо эхтимоли барвакткушта шудани барк тараддуди хоб карданро мекарданд, ки ногахон ду-се маротиба овози «Оча… оча!» гуфта дод задани духтаракеро шунидааст. Ин овозро писараш низ шунида тарсидааст. У бошад писарашро «натарс ягон чанчоли оилави будагист…» гуё ором кардааст. Баъд онхо хоб рафта рузи дигар оиди фавти фочиавии Рузиева Махина аз гуфтахои хамсояхо бохабар шудааст». Ин гуфтахои Н.А Бобочонова айнан аз варакаи 34-35 фикри айбдори, оварда шуд.
Аз руи накли шохид Н.А.Бобочонова барои тагйир додани нишондодаш хангоми тафтишоти пешаки ба прокуратураи вилояти Сугд ариза менависаду аризаи уро барои барраси ба ихтиёри муфаттиш месупорад. Аммо ариза мавриди барраси карор дода намешавад. Хангоми вохурдан Н.А. Бобочонова такрор ба такрор иброз намуд, ки у овозро паз аз хомуш гардидани кувваи барк шунидааст. Мувофики маълумотномаи шуъбаи барктаъминкунии шахри Чкалов хамон бегох баркро соати 22 хомуш кардаанд . Барои чи ин далелро судя нодида мегирад ? Хатто нафари аз илми хукук тамоман бехабар, агар боре дар мурофияи суди ширкат варзида бошад медонад, ки дар мачлиси суди котиб хасту гуфтахои шохидонро менависаду дар протоколи рафти мачлиси суди ва халномаю хукмнома иктибос меоранд. Вале дар инчо бо максади аз пайи тафтишот рафтан, бегунохии судшаванда зери суол карор дода шудааст.
Аз маводхои парванда маълум мешавад, ки нишондоди ду милитсионер дар ходисаи марги Махина мавкеи махсус доранд. Яке аз онхо ба кучое гайб мезанад, нишондоди нафари дигар Абдурахмонов И. бояд накши халкунанда, яъне такдирсоз ё такдирсузро бояд бошаду адолати судиро таъмин намояд.
Намедонем дар мурофиаи суди И Абдурахмонов чи гуфту ба суолхои иштирокчиёни мурофиа чи посух дод. Вале муайян аст, ки барои суд кардани Бежан Кудратов хам тафтишоту хам суд аз он мохирона истифода бурдаанд. Дар фикри айбдори нишондоди И.Абдурахмонов аз сахифаи 30 огоз ёфта, то сахифаи 32 оварда шудааст. Магар боре дидаеду шунидаед, ки нафаре нишондоди 5-6 мох пеш додаашро, айнан бо хамон калимахою хамон тарзи баён ифода кунад. Хастанд шахсоне, ки кувваи хофизиашон бакувват асту ходисаро айнан накл карда метавонанд ва хатман тарзи баёну истифодаи калимахо дигар мешавад. Дар хукми кабул намудаи судя Зиёдуллоев нишондоди И. Абдурахмонов хамон тарзе, ки дар фикри айбдори оварда шудааст, нишон дода мешавад. Маълум аст, ки аз як компютер руйбардор кардаанд. Вале номуайян аст, ки он руз мурофиаии суди доир гардидааст ё тасдики идомаи мантикии фикри айбдори. Дар мавриди истифодаи нишондоди И. Абдурахмонов судя фаромуш кардааст, ки дар дохили нишондоди шохид хулосаи муфаттиш С. Шарипов низ мавчуд мебошад. Он хам айнан оварда шудааст. Таваччух намоед: «Дуруггуии навбатии Кудратов Б. дар амал маълум гардид, ки баъд аз соати 16.00 аз хонааш аввал рост ба магозаи дар бозор будааш ва баъд аз он чо ба шахри Кайроккум барои шинонидани дари охани ба хучраи духтур Рузиев И. рафтаасту аз он чо ба хонааш соатхои тахминан 18.30 дакика гашта омада истода, дар рох ба хамсояаш Тиллоев , ки туй дошт рубару шуда, бо таклифи у оиди ба маъракаи охирин ташриф овардан рози шуда хостааст, ки баъд аз ба хучрааш даромада либосхояшро иваз кардан, аз он чо баромада ба туи хамсояаш равад. Аммо бо милитсионерон Абдурахмонов И. ва Акрамов Ф. рубару шудааст».

«Гунох»-и дигари Бежан

Чизи дигаре, ки Бежан Кудратовро гунахкор медонанд ин рафтори у тибки моддаи 286 КЧ ЧТ (муомилоти гайриконуни бо асъори хоричи) мебошад. Ин айбро ба у, пас аз парвандаи чинояти ба истехсолоти прокуратураи вилояти Сугд гузаштанаш муфаттиш С.Шарипов эълон мекунад. Гуё вай мохи декабри соли 2003 бо асъори хоричи хонаеро харида бошад. Гайр аз он бо максади харидани як хонаи дигар тахминан моххои апрел- майи соли 2004 бо асъори хоричи муомила кардааст. Соли 2006 бошад бо хохиши апааш хонаи уро бо асъори хоричи фурухтааст. То он даме, ки ходисаи марги Махина ба амал наомад, ба гушаи хотири касе ин масъала намерасад. Вале ачибаш он аст, ки оид ба ходисаи марг парванда огоз кардаву Бежан ба хабс гирифта мешаваду дар фикри айбдори собит намудани айбдории махкумшударо аз хамин чиз огоз мекунанд. Харчанд дар тамоми санадхо, шартномахои хариду фуруш кайд карда мешавад, ки муомила бо пули милли сурат гирифтааст, касе инро ба инобат намегирад. Хатто як хонаро Бежан барои апааш хамчун ёрдамчи харидааст. Чунки маблаги шавхари апааш будаасту хона ба номи Х. Холиков хариду фуруш шудааст. Лахзаи сеюми ин «чиноят» хам ба Бежан ягон алокаманди надорад. Чунки хонаро апааш мефурушаду вай ёри мерасонад. Фарз кардем, ки Бежан бо асъори хоричи муомила кард. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи авф», ки аз 20 июни соли 2007 кабул карда шуд, нисбати тамоми шахрвандон бояд амали карда шавад. Яъне, гунохе, ки то ин давра содир кардаанд, аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон авф карда шуд. Гайр аз он тибки талаботи конунгузори конун амали бозгашт надорад.Аммо дар мавриди гунахкор намудани Бежан Кудратову уро паси панчара кашидан хама чизро раво медонанд. Барои чи ин конунро нисбат ба Бежан тадбик накарданд? Охир, бори дигар таъкид менамоем, дар холати пурра тасдик шудани гунохаш бо нишондоди ин модда, мебоист Бежанро дар асоси конуни авф, на ин ки ба чавобгари, балки аз чавобгари озод мекарданд. Аммо…

Хукм

«Кудратов Бежан Абдуалиевич бо моддахои 268 к банди «а» ва 104 кисми 2 бандхои «в, е» КЧ Чумхурии Точикистон гунахкор дониста шавад.
Ба Кудратов Б. А. бо моддаи 286 кисми 3 банди «а» КЧ Чумхурии Точикистон чазо дар намуди махрум сохтан аз озоди ба мухлати 8 (хашт)- сол бо мусодираи амвол таъин карда шавад.
Бо моддаи 104 кисми 2 банди «в, е» КЧ Чумхурии Точикистон чазо дар намуди махрум сохтан аз озоди ба мухлати 18 (хаждах) сол бо мусодираи амвол боа дои он дар калонияи ислохии дорои низомаш сахт таъин карда шавад.
Мувофики моддаи 67 кисми3 КЧ Чумхурии Точикистон аз руи мачмуи чиноятхо бо рохи кисман зам кардани чазохои таъиншуда чазои нихои нисбати Кудратов Бкжан Абдуалиевич бо махрум сохтан аз озоди ба мухлати 20 (бист) сол»

Суди оли

Аз болои халномаи суди коллегияи касатсиони оид ба баррасии парвандахои чиноятии Суди вилояти Сугд химоячиёни махкумшуда ва худи судшуда ба коллегияи касатсиони оид ба баррасии парвандахои чиноятии суди Олии Чумхурии Точикистон аризаи касатсиони менависанд. Дар ин зина парвандаро судяхои суди Оли дар хайати раисикунанда Х.С.Холова судяхои суди оли Н.А. Расулов ва Б.Р. Муродов мавриди барраси карор дода, хукми суди зинаи аввалро бетагйир мемонанд. Махкумшуда ба тарики назорати ариза менависаду парванда барои барраси намудан ба суди мархилаи назорати пешниход карда намешавад. Ачибаш он аст, ки дар аризаашон адвокатхо, судшуда ва падари у вачх меоранд, ки хангоми ба амал омадани ходисаи марги Махина Бежан умуман дар чои ходиса набуд. Аз суди Оли посух мегиранд, ки аз руи баёноти милиса И. Абдурахмонов маълум мешавад, ки марги Махина то омадани милисахо, яъне соати 19 фаро расидаасту Бежан дар чои ходиса будаст. Чунки ба талаби онхо барои дидани хамсараш Махина чавоби рад додааст. Дар ин чо хам чун дастгирак аз баёноти яке аз иштирокчиёни асосии ин казия И. Абдурахмонов, ки ба чи гунагии рафти ходиса манфиатдор буд, мегиранду пеши назар намеоранд, ки ин нишондод умуман ба замони ходиса мувофикат намекунад. Маълум мегардад, ки дар Суди Оли хам ба таври чидди ин масъаларо мавриди барраси карор надодаанд.

Чаро айбдоркунандаи чамъияти?

Дар хукми суди зинаи аввал кайд карда мешавад, ки яке аз иштирокчиёни мурофиа айбдоркунандаи чамъияти Ф. Вохидова мебошад.Гуфтанд, ки дар рафти тафтишоти пешаки низ Ф. Вохидова иштирок кардааст.Намедонистем, ки дар кадом асос хангоми тафтишот шахси бегонаро рох додаанд. Ба гуфти яке аз адвокатхо оид ба дар рафти тафтишот иштирок намудани Ф. Вохидова карори муфаттиш будааст.Мо ба парвандаи чинояти шинос нашудем. Аз ин лихоз аник гуфта наметавонем, ки дар хакикат чунин карор хаст ё не.Вале як чиз тааччубовар аст, ки чаро дар рафти тафтишот айбдоркунандаи чамъияти рох дода шудааст.

Дуруггую дуругросткун

Накл мекунанд, ки дар як замоне, дар як маконе як дуруггу будаасту як дуругросткун. Корашон якчоя равнак доштааст. Рузе гапашон мегурезаду дуругросткун кахр мекунад. Дуруггуй ба назди шох рафта мегуяд:
-Шохам, як бузи кухиро чунон ба нишон гирифта паррондам, ки аз кафшакаш даромада, аз шохаш баромад.
Шох дар газаб шуда мепурсад, ки
-Ой, аблах! Чи хел тири ту аз кафшаки оху даромада, аз шохаш мебаромадааст.
Дуруггуй лол мешаваду ноилоч назди дусти дуругросткунаш рафта, зорию тавалло мекунад, ки агар ба назди шох даромада сухани уро исбот накунад, кораш тамом. Дуругросткун ба назди шох омада, таъзим карда мегуяд:
-Шохам ин рост мегуяд. Вакте ки бузи кухи бо кафшаки пояш шохашро мехорид ин ба нишон гирифта тир андохту тираш аз кафшаки оху гузашта аз шохаш баромад…
Ин накл хох афсона бошад, хох ривоят ва хох хакикат ба касе нисбат намедихем. Танхо дар хаёти вокеи ба ходисахое вохурдан мумкин аст, ки як макомот бе дигараш, агар созиш надошта бошанд, миси корашон мебарояд.
Бехтараш ба идомаи мавзуъ шуруъ мекунем.Ба фикрам дар бораи аксар лахзахое, ки барои чинояткор будан ё ба таври тасодуфи махкум шудани Бежан накл кардем. Танхо бисёр лахзаю далелхои дигар хастанд, ки гуфтанашон ба ваколати мо дохил намешавад. Аниктараш онро фош кардан холо барвакт аст.
Харчанд дар ин мавзуи хеле тулкашида, дар бораи лахзахои чудогона ибрози назар карда бошем хам, бори дигар таъкид менамоем, ки замони ба амал омадани ходисаро муфаттиш С. Шарипов ва судя Ф.Зиёдуллоев байни соатхои 18.30-20.30 муайян кардаанд.Аммо дар карори кабулнамуда оид ба хабси пешаки гирифтани Бежан Кудратов, аз 1 ноябри соли 2007 гуфта мешавад, ки Махина Рузиева ба муомилаи берахмона ва пастзанандаи кадру кимати худ тоб наоварда, хамон руз тахминан дар соати 21 ба воситаи асбоби тез ба гулу ва гарданаш чарохатхои чисмони расонда худро халок кард.
Нишондодхои милитсинер И. Абдурахмонов бо махкумшуда такрибан як соат фарк мекунанд. И. Абдурахмонов мегуяд, ки мо тахминан соати 19-19.20 ба назди хонаи Бежан омадем. Вакти ру ба ру шуданашон Бежан бо касе телефон кардани будааст.Баъдтар Бежан дар рох , хангоми ба суи ШКД рафтанашон занг задаст. Бежан дар ШКД аз соати 19.30 то соати 19.45 дакика хузур доштааст.Дар он чо дигар милисахо будаанд.
Судшуда Бежан Кудратов нишондод додаст, ки такрибан соати 20-20.10 бо милисахо вохурда, тахминан соати 20.30 дакика ба ШКД рафта мерасанд. Аз он чо такрибан соати 20.45 дакика ба суи хонааш баргашта, тахминан соати 21 ба хонааш меояд.
Мутаасифона, на муфаттишу на судя ин нишондодхоро бо дигар далелхо мукоиса намекунанд.Харчанд барои муайян намудан имкониятхои зиёд доштанд.Танхо нишондоди ду нафарро ба таблограмма мукоиса намудан кифоя буд, ки гуфтаи кадоме аз онхо хак буданашро пурра собит намои.Вале танхо мавкеи айбдоркуниро пеша намуда, чунин нишондод тахлил карда намешавад.Дар арафаи тафтишоти пешаки муайян кардаанд, ки Бежан соати 18.52 ва 19.36 аз телефони хонааш ба раками телефони апааш занг задаст.Вале И. Абдурахмонов мегуяд, ки хамрохи у Бежан то соати 19.45 дакика дар ШКД будааст.Пас пурсида мешавад, ки агар Бежан дар милисахона буд, чи хел дар он соат аз телефони хонагиаш занг зад? Хамчунин судя ба ин нишондодхо, гуфтаи ягон шохиди дигарро дар мавриди замони ба амал омадани ходисаю дар кучо будани судшаванда мукоиса накардааст.
Аз маводхои дар даст доштаамон, дар боло хам ишора намудем, вакти марги Махинаро ду хел нишон медиханд. Аввалааш ба хакикат рост намеояд. Чунки дар ин вакт зинда будани Махинаро хамсояхо ва дигар далелхо собит месозанд. Холати дуюми марги Махина байни соати 20- то 21 мебошад. Аз руи нишондоди Бежан ва гуфтахои шохидону мукоиса бо таблограмма маълум мегардад, ки дар ин вакт Бежан дар хонааш набудааст.
Чизи дигар. Барои ба марг расондан ягон асоси муайян лозим аст. Аз нишондоди судшудаю ба таври дигар гуем сабаби чанчол-Мадина Ибодуллоева маълум мегардад, ки оид ба маблаг он бегох ягон сухане нагуфтаанд.Дар хукм хулоса карда мешавад, ки Бежан пас аз занги М.Ибодуллоева, яъне пас аз соати 19.55 дакика бо хамсараш чанчол карда, ба у бо корд хамла намуда, гарданашро буррид.Аммо ин далели судя бо ягон чиз исбот карда нашудааст.Чунки хамаи инро шохид М. Ибодуллоева рад кардааст.Дар бораи дигар далелхои барои гунахкории Бежан оварда, хаминро гуфтан чоиз аст, ки сохтакории махз асту халос. Барои чи то ба ШКД рафта омадани Бежанро ба таври такрори санчидаанду шунидан ё нашунидани садои «оча»-гуиро аз тарафи Н.Бобочонова мавриди тахкик карор надоданд? Чунки агар месанчиданд, на ба манфиати тафтишот буду на ба манфиати судя.Гайр аз он дар мурофиаи судию дар тамоми нишондодхояш Н. Бобочонова мегуяд, ки овозро пас аз хомуш шудани кувваи барк шунидааст.Пас барои чи аз маълумотномаи идораи барки шахри Чкалов ба назар гирифта намешавад? Чун ки агар он маълумотномаро ба эътибор мегирифтан, худ аз худ нишондоди шохидон дар мавриди бегунохии Бежан тасдик мегардид.
Дар тамоми тачрибаи судию тафтишоти хангоми печидагии чиноятхо ба хулосаи мутахассисон руй оварда, ба холати кор бахо медиханд.Дар ин ходиса хам якчанд мутахассис чалб карда шуда, онхо фикри худро иброз намудаанд.Дар бораи чигунагии санадхои омода намудаи мутахассисон чизе намегуем. Зеро ки дар боло ёдрас шудем. Танхо лозим донистем, ки чанд суоли ба мутахассис аз тарафи тафтишот гузошташудаю чавоби мутахассиси ташхисгарро ин чо таъкид намоем.Масалан чунин суол гузошта шудааст: « Оё мархума метавонист, пас аз гирифтани чарохатхо харакат кунад, дод занад, одамонро ба ёри даъват кунад?»Чавоби ташхисгар: « Бо чарохатхое, ки дар танаи мархума мавчуданд, у метавонист дар хона харакат кунад, дод занад, одамонро ба ёри даъват кунад». Савол: «Оё ин чарохатхо дар вакти зинда будани чабрдида расонида шудаанд, ё баъд аз маргаш». Чавоб: «Хамаи чарохатхо дар вакти зинда будани чабрдида расонда шудаанд, зеро аз онхо баромадани хуни зиёд ба назар мерасад». Савол: « Оё дар бадани мархума ягон аломати худмухофизаткуни дида мешавад?» Чавоб: «Дар бадани мархума ягон чарохати чои латхурда, ки дар натичаи худмухофизаткуни, ба вучуд омаданаш мумкин аст, вучуд надорад».
Акнун ин саволу чавобро ба холати вокеии кор мукоиса мекунем.Аз маводхои ташхиси ва протоколхои азназаргузаронии чои ходиса маълум мегардад, ки дар 17 дона гугирдчуби бо онхо пулхоро сузода, изи дасти хунолуд боки мондааст. Хамчунин дар пулхо хам, кисмаш сухтаю кисми дигараш носухта изхои дасти хунолуд мушохида шудаанд.Дар чои сузондагии пулхо дар руи гилему дар фарши хона 10-15 чакра хун чакидааст. Дар ванна, ошхона, дахлез, хонаи хоб чакрахои хунро мушохида кардаанд. Дар дастгираки дари яхдон, плиткаи барки хам изи дасти хунолуд мушохида шудааст. Пас ин изхо кай пайдо шуданд? Пеш аз марг ё пас аз марг?
Дар хукм таъкид мешавад, ки Бежан бо корд хамла карда, гардани Махинаро буррид. Аммо дар асоси ташхиси судию тибби маълум мегардад, ки дар гардани Махина ду чарохати буридаи кисми пеши гардан мушохида мешавад.Ин чарохатхоро мутахассисон «ссадына»,яъне харошидаги номидаанд. Судя фикр накардааст, ки чи хел бо корд чарохат мерасонию он монанд ба харошидаги мешавад?
Гайр аз он дар хукм гуфта мешавад, ки гуё Махина ба сузондани пулхо машгул шуду аз он кахри Бежан омада, бо корд ба мархума хучум кард.Агар вокеан ходиса чунин мебуду дар зинда буданаш, хангоми пулхоро сузондани шудан чарохат расонда мешуд, изи хунолуди дар пулхо аз кучо пайдо шуд?
Чарохатхои дар часад бударо ба назар гирифта,тафтишот дар назди ташхисгарон чунин суол мегузорад: « Чарохатхои дар гулу ва дасти чапи мархума чи тавр метавонистанд, пайдо шаванд?» Чавоб: «Ин чарохатхо метавонистанд бо дастони худи чабрдида, хам дар гулу ва хам дар дастхо расонда шуда бошанд. Аз руи баъзе тадкикотхо ин гуна чарохатхоро метавонад, шахси дигар низ расонад».Савол: « Чаро хам харошидагихои(ссадына) гулу ва хам кисми пеши дасти чап ба мисли хатхои параллели аз як самт буррида шудаанд? Чавоб: « Ба хам параллел будани чарохатхо як хел буррида шудани онхо, самти якхела буриш доштани онхо ба он далолат мекунад, ки ин чарохатхо бо дастони худи чабрдида бурида шудаанд».
Дар хукм бошад, оварда мешавад, ки чун Бежан фахмид, ки натичаи зарбаи бо корд расондааш марг аст,бо максади гумрох намудани кормандони макомоти хивзи хукук дастхои Махинаро буррид. Оид ба лахзаи доркаши хам чунин тахминкуни мушохида мешавад.Гуё ба хамаи ин каноат накарда,танаи нимчонро ба халтаи муштзани овезон карда бошад, ки гумон кунанд то ба доркаши Махина якчанд харакати бехуда кардааст. Магар бо сохтани сахнаи доркаши чарохати гарданро пинхон карда мешавад? Вокеан, агар ин сахнаро Бежан сохта бошад, пас чанд чакраи хун дар баландаи 2,5 метр дар банди бастаи халтаи муштзани аз кучо пайдо шуд? Барои чи дар зери халтаи муштзани чакрахои хун пайдо нашуданд? Агар дастони Махина бо максади ба гумрохи андохтани макомоти тафтишоти буррида шуда бошанд, пас чаро донахои гугирдчубу пулхо хунолуданд? Он изи хун аз кист? Таъкид мекунем, ки мувофики хулосаи ташхисгарон ягон чои Бежан буррида нашуда буду хатто аз зери нохунхояш хам ягон нишонаи хун мушохида нагардидааст.
То чое имкон доштем дар боло аз харакатхои тафтишотию суди изхори акида намудем. Дар хама чо аз нишондодхои хархелаи судшуда харф мезананду ягон вачхи мушаххас нисбат ба ин ходиса оварда намешавад, ки хархела будани нишондоди Бежанро собит намояд.Дар баъзе холатхо махкумшударо ба дуруггуи муттахам намуда,худашон дуруг мегуянд.Нисбат ба ин масъала хам аз фикри айбдориву хаи аз хукм далелхои зиёд овардан мумкин аст. Вале бо овардани як мисол конеъ мешавем.Дар хукм хулоса мешавад, аниктараш дуруггуии Бежанро собит кардани мешаванд, ки дар байни соатхои 18.30- ва 20.30 дар назди хонаи Бежан бинобар туй буданаш одамони зиёде хузур доштанду каси бегона наметавонист кушторро содир кунад.Пас нишондоди И. Абдурахмонов, ки судя барои таквияти тахминаш аз фикри айбдори айнан руйбардор кардааст, чи мешавад? И. Абдурахмонов мегуфт, ки соати 19-19.20 дакика ба назди хонаи Бежан омада буданду 4-5 дакика дар берун бо Бежан сухбат карданд. Пас чаро онхоро ягон кас надид?
Хамин кадар судя барои исбот намудани гунохи судшаванда дар ходисаи марг вачх наорад, хамон кадар хангоми ходиса хузур надоштани Бежан аниктар мешавад. А. Тиллоев сохиби туй шаходат додааст, ки то соати 19.30 дакика у дар берун меистодаасту одамон бисёр будаанд ва у хурок мекашидааст. Барои чи у ва дигарон омадани милисахоро надиданд?
Хар кадар дар бораи ин ходиса сухан ронему далел орем.хамон кадар суолхо зиёд мешаванду аз он дарак медиханд, ки барои афсонабофию тахминкуни ва хукми 20 сола нафаре истодаасту бехабараст, ки аз хукми Худо чои гурез нест. Имруз не, пагох ин хукм гиребони уро мегирад.
Хукм гуфтаму суханони Бежан, ки шароити зиндон, аллакай рангашро заъфарон кардааст, пеши назарам омаданд.Бежан накл кард, ки холааш модари мархум хамсараш Махина хануз баррасии парванда ба охир нарасида гуфта будааст, ки бачем ба такдират тан дех. Инхо туро 20 сол зиндони мекунанд.
Инро гуфту «наход, ман бист сол»… гуён ба ман нигариста, боз илова кард:
-Умедам ба Шумо….
-Ба у посух додам, ки ба умеди Худо шав, Худованд туро аз зиндон рахо мекунад.
Бале, ман бо катъият гуфтам, ки Худованд туро озод мекунад. Чунки сояи Худо дар сарзамини Точикистон Эмомали Рахмонро дар назар доштам…

Чумъаи Толиб,
Душанбе-Чкалов-Душанбе

Advertisements
  1. Рустам
    Декабрь 20, 2010 в 4:38 дп

    Ман Ахмедов Рустам Бакриддинович донишчуи бахши II, ихтисоси 24010200 «Хукуки тичорат» мебошам. Имруз ман дида истодаам, ки дунё то ба дарачае расид, ки баъзе аз шахрвандони мо даст ба чиноят зада истодаанд, онхо падару модари худро бо корд кушта итстодаанд. Аз ин лихоз, ман ба ин рафтори донишчуён каноаттманд нестам. Агар мо Точикистонро бунёд накунем, ки бунёд мекунад. Шоми Шанбе Президенти Чумхурии Точикистон дар баромаданашон кайд карданд, ки баъзеи коркунони маориф маълумотхои бардуругро пешниход мекунанд, Хозир дар баъзе макатабхо дарс нашуда истодааст. Баъзеи мактаббачахо аз дарс баромада бо бозии компьютери рафта истодаанд. То ба кай ин коро онхо давом медиханд. Ин рафтори хонандагон ба ман маъкул нест. Максади ман ин аст, ки боядл хар як хонанда ва донишчу бо хондани китоби бадеи ва китоби дарси шавку рагбат намоянд. Яке аз рукнхои асосии пешравии мамлакат дар он аст, ки хондан дар донишгох ва донишкадахо ба хисмоб меравад. Ин ба мо гувохи медихад, ки мо бояд ба дарачаи аъло хонем, ба дузди даст назанем, бо одамкуши даст назанем, бо корхои чинояткорона даст назанем.

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: