Главная > Uncategorized > Моли сархур!

Моли сархур!

Рафикон! Мачлиси мо мачлиси одди не. Хар кас метавонад баъди фикри дигарон андешаашро сари ин ё он масъала баён намояд. Ба мо аз «боло» гуфтаги, ки гуногунандеширо риоя намоем. Аз ин лихоз, метавонед баъди гуфтахои ман андешахоятонро гуед. Факат пеш аз суханрони худро муаррифи намоед. Зеро дар ин чо корреспонденти радиои дугуша, Пургуев Камшунав хузур дорад. Сабт мекунаду баъд хамин магнитафонакаша гуш карда, андешахои хамаи моро дар тарозу — гушхояш баркашида, тарики радио пахш мекунад.
— Мухтарам рафикон! Хамин сол дар катори сел боз як офати дигар омадаги- ха. Ин офат аз Америка сар шуда, Русияро пахш карда, Казокистонро убур намуда, аз сархади Узбекистон ба Точикистони азизи мо даромадааст. Номаш «бухрони молияви». Сабил, хамин бухрони молиявияш аз хучуми малаху омадани сел бадтар будааст! Бародарон! Ин бухрони молиявияш чунон зур будааст, ки рост ба чевонхои оханин, яхдонхои кулфзада ва кисахои пулдор даромада, луп — луп пулхоро мехурдааст. Кани, Гулрубутта Хориева, ягон чиз гуфтани хастед-ми?
— Раис, дар вакташ диламонро пур кардед, ки барои як тонна нахи пахта фирмаи «Торочгар» 600-доллари медихад. Хамон писарчонакатон бо мо шартнома басту пахтаро бурд, вале то имруз пул надода истодааст. Хар руз бонк пул мегуяду фоиз илова мекунад. Пагох хонаи ба гарав мондаамонро гирад, бо ин 6 нафар бачаю качахоям чи кор мекунам!?
— Хориева! Ман бо забони фахмо дар хусуси бухрони молияви харф зада истодаам. Вай молаш ба мисли хамин кияи мегуфтагии мо дар кучое, ки пул бошад, медаромадааст. Ба кисаи Каллобчони мо хам мол даромадаги!
— Бародарон, ман Рандагуев Бурранда! Раисамон Хушбошиев зери ливои хамин бухрони моли гуфтани, ки хакки захматамонро аз у ва маблаги пахтаи супоридаамонро аз писарашон, ки бо пулхои мо заводхои пахтатозакунии нохияро харидаанд, талаб накунем!
— Бас кунед, Рандагуеви чанчоли! Ту аз пушти мо то ба вазорат навиштаги! Пагох хамаи хамин ахли нохияро низ то ба вазорат менависи! Чи, ту ба гуфтахои радиё ва телевизион бовар намекуни?!
— Раис, дар хонае, ки гизо набошад, пашша пар намезанад. Охир хамаи молу амволи нохияро ба номи хешу акрабоят хуччат карда гирифти. Хамон ду- се корхонаи будагиро то чубу тахташа фурухта, каср сохти, мошин хариди!
— Косимхуча, кани ин беадаба фахмон!
— Чи фахмонам, дуруст мегуяд! Ту раис шуда, бухрони молиявиро аз селу малах фарк намекуни. Бухрон дар Америка аз он сар зада, ки молу амволашон кам ба савдо меравад. Дар нохияи мо чанд корхонае, ки буд, хамашро ба хешу акрабоят хуччат карда доди. Онхо аз шумо ибрат гирифта, бударо фурухта каср сохтанду якзани кам буд, ки теъдодашонро ба дую се расониданд.
— О, ман дар вакташ ба ту чонамро бовар карда «телехранител» гирифта будам! Эй, агар медонистам!…
— Чи, медонисти!? Дигархо барномаи пеш аз бухронияшонро амали кунанд, шумо «мол»-у «кия» гуфта гаштед. Хамон корхонахо кор мекарданд, заминхо шур намешуданд, мардум сохиби чои кору ризку рузи мегашт. Мана, 6 сол боз дар мулки бегонахо барои дарёфти ризку рузи гаштаму дар зодгохам 12 сотик заминро бо маблаги 6 хазор доллар харидам.
— Хой, махмадоно, дар ин чо ман хоким! Ягон кас аз кисаи ту 6 хазор долларо ба зури нагирифтааст. Худат додаи. Агар лозим шавад, барои доданат дар назди конун чавоб мегуи. Дар мо аввал додаги чавоб мегуяд, баъд лозим шавад, гирифтаги. Агар лозим нашавад, гирифтаги гирифтанаша давом медихаду додагихоро ба махбас мекашанд. Дар давлати урус хам пул кор кардиву хам омухти. Мо кайхо барномаи пеш аз бухрониямонро омода кардаги. Корхое кардаги, ки дигаро накардаги. Кани рафик Пулкор Гадобоевич, ба минбар баромада, дар хусуси барномаи зиддибухрони суханрони намоед!
— Мухтарам раис, барномаи зиддибухронии мо дар чумхури ягона будааст. Рафикон, пеш аз омадани мол мо корхонахоро фурухтем, баъд сохибонашон чои корхонахоро фурухтанд. Чанд сол боз писари раиси мухтарамамон Каллобчон пахтаро фурухта, пулашро у мегираду гузапояро мо, шукрона! Холо барои он, ки мол моро луп-луп фуру набарад, якчанд чорабинихои заруриро ба накша гирифта, онхоро амали карда истодаем. Барои сарфа намудани маблаг хакки ичора, патент, барк, газ, об, замин ва гайраву вахоказоро баланд бардоштем. Натича дод. Дар тули як сол ба кисаи даххо нафар фурушандахои бозорхо, сари роху кучахо мол даромада, пулхояшонро фуру бурда, дар бучаи нохия кай карданд. Холо тасмим гирифтем, ки дар барномаи зиддибухрониямон масъалаи пулаки намудани хаворо чой бидихем. Вазифаи чонии мо ин аст, ки бучаро то чое гани намуда, дар мадди аввал хизматчиёни хукумат ва дар мадди дувум омузгорони чанчолиро бо маош таъмин кунем, вагарна ин се-чор омузгоре, ки дар нохия боки мондаанд, бо хамон шиму костюми кухнаю пойафзолхои даридаашон то ба вазорат шикоят мераванд. Хайрият, ки чавонхояш ба Русия рафта, танхо вакти омадан дар сари кучаю бозорхо мушташонро нишон медиханду ба сарамон намезананд-е!
— Бародарон, хамаатон беваи Зубайдаро мешиносед-ха!? Баъди баромади бачаи рахматии Кари Гадо хамон молхои ба сандуку киссахои мардум даромада, хамаро луп-луп мехурдагихоро шинохтам.
Моли якум раиси таъиншудаи мо Хушбошиев, моли дуввум писарчонакашон бо ахлу акрабояш мебошанд. Бовар кунед, аз дасти ин Хушбошиевхо ва барномаи зидди бухрони моляви кабулкардаашон аз хонам дида ба гуристон рафтан бароям осонтар аст. Охир, вориди хона нагаштаам, ки так — так — пули барк, так — так — пули об… Эх, вой!!!
— Рафикон, рафикон, асабони нашавед! Зубайда зани игвогар аст. Агар у игвогар намебуд, дар хеч сурат шавхараш аз касалии сил намемурд. Супориш медихам, ки нисбати беваи Зубайда парвандаи чинояти кушода шавад. Зубайда шавхарашро сил кард, акнун ба суи хукумати нохия дастдарози карда истодааст.
Рафикон, ба игво дода нашавед, ба раис бовар карда, содикона хизмати бепул кардан лозим, вагарна бо баровардани як карор хамаро бекарор мекунад.
Давлати АБРОР

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Д
    Август 7, 2009 в 12:51 дп

    Дуруд,

    Пайвандак (линк)-и шумо ба чадвали Чархуфалаки Як Дарвеш афзуда шуд. Умедворам шумо хам муъомила ба мисл кунед. Сипос.

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: