Главная > Uncategorized > Улфати чор ёр дар хизмати диёр

Улфати чор ёр дар хизмати диёр

Як одати ачиб дорам. Ба Сангтудае, ки неругох бунёд шуда истодааст, кадом мавсиме наравам, имкон ёфта, лаб — лаби дарёи Вахш гаштугузор мекунам. Чои кулайро ёфта, ба болои сабзахо мешинам. Атрофро тамошо мекунам. Иншоотро аз назар мегузаронам. Баъд ба оби шаффофи осмонранг дида медузам. Мавчхо хаёламро ором мекунанд. Дар сурудхо мегуянд-ку:
Бо дили дарё нишинам, то дилам дарё шавад,
Бо дили дунё нишинам, то дилам дунё шавад.
Бо об дар дил гуфтугу мекунам: «Роххо рафта, аз Рогун гузашти, ба Норак омади, Бойгозиро диди! Корхои рогунихо чи тавр? Чархи агрегатхоро чарх занонда, ба Сангтуда омади! Шучоати энергетикхои ин истгоххо чи тур аст? Монда нашуда кор мекунанд? Э, бале!…
Ба муштарии азиз як чизро хотиррасон карданиям, ки диёрамон диёри дарёхост. Дар дараву водихои мо зиёда аз 25 хазор руду сой мавчуд аст. Дарозии умумии онхо ба 90 хазор километр мерасад. Ба назарам, аз руду дарё об не, нур чорист. Кишварамон аз руи хачми захирахои об ва имкониятхои энергетикияш дар чахон чои хаштум, дар шуравии собик баъди Русия дуюм, ба сари хар яки ахоли ба хар як километри худуд мутаносибан дар чои якум меистад. Ин фахри мо, шухрати диёри мост! Дар лаби дарёхо 900 неругох сохтан мумкин аст ва холо ин накшахо пайи хам чомаи амал мепушанд. Яке аз дарёхои мо — Вахш хусусиятхои хайратангез дорад. Барои силсиланеругох сохтан кулай аст. Мачрои он аз пиряххои Федченко ва аз дарёи Кизилсу (Киргизистон) сарчашма мегирад. Мачрои ду дарёча як шуда, номи Сурхобро мегирад. Мачрои Сурхоб бошад, бо мачрои Сорбогу Сангикамар серобтар шуда, дар дехаи Сарипулак омада номи Вахшро мегирад. Ана аз он чо дарёи Вахш ба дарёи пурзур, манбаи нур ва ободкор табдил меёбад. Монда нашав, Вахш!
Аз руи маълумотхои мавчуда, ба хавзаи дарёи Вахш 6276 руду дарёча якчоя мешавад. Мардуми махаллии мо серобиву шухии дарёро дида, онро Вахши табиатан «девонадарё» меномидаанд. Вахшро мардуми эронинажод «Худои дарёхо» меноманд. То холо (аз соли 1930) дар лаби ин дарё 8 нурхона сохта шудааст. Охирин неругох — «Шуроб» дар байни Рогуну Норак дар солхои оянда сохта мешавад.
***
Ана, холо сохтмони 6-ум неругохи силсила ба анчом расид. 31-уми июл сахар ба Сангтуда расида омадам. Бинои неругох гуё либоси идона пушидааст. Парчамхои мамлакатамон ва парчами давлати бузурги Русия дар мабдаи дарё алвонч мехурданд. Офтоби оламоро аз пушти адиру куххо ба ин мавзеъ нурпоши мекард. Дар чунбучули одамон як ташвиши ширинро хис кардан мумкин буд. Аз симои бинокорон руй додани навигариеро фахмидан осон буд. Мардум дар лаби дарё, дар сахна консерт тамошо мекарданд. Ман бошам, чун одати деринаам, дар лаби дарё нишаста, лахзахои тантанаро интизори мекашидам. «Хо, имруз 4-умин агрегати неругох ба кор медарояд. Сохтмон ба анчом мерасад»,- мегуфтам ба худ.
«Блокнот»-и Сангтударо сари зону монда, варак гардондам. Сатрхои качу килеби дар рох, дар мошин, дар мачлисгоххо кайдшуда лахзахои ачиби пурчушу хуруши сохтмонро ба ёд меоварданд…
15-уми апрели соли 2005 ёздах аъзои бригадахои бетонрезон бо рохбарии Точ Кодиров ва Григорий Тригубов ба пойдевори бинои неругох аввалин метри мураббаъи масолехи бетонро рехта буданд.
16-уми декабри соли 2006 бо воситаи тарконидан дар мавзеи Сангтуда дарёи Вахш бо усули сунъи баста шуд. Дарё аввалин бор 23-юми марти соли 1966 дар Норак баста шуда буд. 20-уми январи соли 2008 якум агрегат ба кор огоз кард.
Аввалхои мохи июли соли 2008 агрегати дуюм ба кор даромад.
5-уми ноябри соли 2008 агрегати сеюм барк доданро сар кард.
Ду агрегати неругох то агрегати сеюм ба кор даромадан барои хочагии халки кишварамон 84 миллион киловатт/соат барк дод.
Дар сохтмон 38 ташкилоти сохтмони, 52 корхонаи Русия ва Точикистон ширкат варзиданд. Дар иншоот мутахассисон, механизаторхо, лоихакашон ва бинокорони Русияву Точикистон садокатмандона мехнат карданд.
Баландии сарбанд ба 76 метр расонида шуд. Дар ин кор сарбандсозони ширкати «ТАДЭС»-и Точикистон, мухандисхои «Чиркейгэстрой» ва дигар гуруххо фидокори нишон доданд. Агрегатхо дар як шабонаруз 2733 миллион киловатт/соат барк истехсол мекунанд. То хозир се агрегат барои кишвар ду миллиард киловатт/соат энергияи арзон истехсол кард.
***
Дар осмони лочуварди гурриши чархбол шунида шуд. Саросемавор ба ба осмон нигаристам. Ана, ду президенти давлатхои бо хам бародар омаданд. Бо хурсанди ба суи бинои неругох шитофтам. Мехмони азизро мардум дар пеши дарвозаи бино пешвоз гирифтанд. Сардори ширкати «Сангтуда-1» рафик Алчонов онхоро рохбалади намуд. Бо хаячон гашта назди тугмаи агрегати чорум омаданд. Тугмаро пахш карданд. Агрегат ба давр задан даромад. Баъд онхо ба хавлии бино даромада, барои хотира нихол шинонданд. Ду президент ба низди чамъомадагон омаданд. Агрегати 4-ум ба кор сар кард. Бо хамин неругохи «Сангтуда-1» пурра ба кор даромад. Ин шодии мо, рушди энергетикаи мост. Он дар накшаи сохтмони силсиланеругоххои Вахш роли калон мебозад. Дар бунёди он панч хазор бинокор сахм гузоштанд, ки хаштод фоизи онхо кадрхои махалли хастанд. Ин бинои неругох хам самараи дусти ва бародарии энергетикии Русия ва Точикистон боки монд, барои мо!
Сухан ба президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведов дода шуд.
«Рафикон! Бинокорони Русия ва Точикистон! Галабаю мехнат муборак! Хамкории мо бояд ана хамин тавр идома ёбад! Ба шумо галабахои нав ба нав орзумандам! Чи тавре, ки дар Душанбе, дар чамъомад эълон шуд, мо дувоздах нафар бинокор ва мутахассисро бо ордену медалхо мукофотондем. Тарафи Точикистон низ хамин тавр, дувоздах нафар пешкадамхоро мукофотонид. Мукофотхо муборак!»,- гуфт у.
Бо хамин тантанаи пурра ба истифода дода шудани неругох ва агрегати 4-ум ба охир расид. Акнун чахор агрегат баробар кор карда, барои кишварамон хар шабонаруз 670 меговатт барк истехсол мекунанд. Ин буд чамъбасти мехнати 20-солаи бинокорон дар сохтмон.
Чамолиддин ТОШМАТОВ, рузноманигор

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: