Главная > Uncategorized > «Чарх бизан, чарх бизан, гардаме…»

«Чарх бизан, чарх бизан, гардаме…»

мочарои судии 2- солае, ки силсиларакс дорад

Дар бораи он ки «пасипарданишинон» хобгохи вокеъ дар кучаи Борбад 48/9-и нохияи Фирдавсии шахри Душанберо чи тавр бар хилофи риояи оддитарин талаботи конунгузори аз руи тартиби хусусигардонии фонди манзили зист ба моликияти хусусии Баходур Саъдуллоеви 17-18 сола табдил доданд, суханро ба вакти дигар гузоштем.

Холо хамин аст, ки ин хобгох моликияти хусусии уст. Хангоме ки зиёда аз 60 нафар хочагии маскуни ин бино аз ходисаи мазкур огох шуданд, хама «шок» гирифтанд. Маскунон фикр карданд, ки имкон надорад макомоти давлатии дахлдор барои по гузоштан болои хукук ва манфиати конунии мардуми мазлуму аввом мусоидат карда бошад. Бинобар, ба усули «худмухофизати хукуки» гузаштанд ва кабул накарданд, ки манзили онхо моликияти хусусии як чавони 17-18 сола шудааст. Н. Мирзоев-ваколатдори Саъдулло Мирзоев ба Хукумати нохия арз кард то бо маскунони бино мачлис ороста, хукуки моликии Саъдуллоевро ба онхо тавзех диханд. Январи соли 2007 дар зали литсей-техникуми хамшафати хобгох мачлиси маскунони хобгох бо Раиси Хукумат, рохбарони макомоти кудрати, дигар масъулони нохия доир шуд. Хукумат изхор дошт, ки моликияти Саъдуллоев будани хобгохро икрор аст ва бояд мардум ба ин итоат кунад.

Ваколатдори Саъдуллоев маблаги ичораи ахли хобгохро дар хар 3-4 мох 50-100 сомони афзудан гирифт. Маскунон аз ин афзоиши «алчабри»-и хакки ичора ба холати сахти ичтимои афтоданд ва эътирозашон руз аз руз афзуд. Мирзоев бидуни доштани ваколати даъво аз номи Саъдуллоев Б. ба суди нохия бо аризаи даъвои мурочиат намуд, то «аклак»-хоро аз хобгох кучонад. Судяи суди нохияи Фирдавси Сафаров А. Ш. даъвои Саъдуллоевро дар шахси намояндаи гайриконуни Мирзоев Н. бо халномаи худ аз 20 августи соли 2008 каноатманд намуд. «Аклак»-хо ба Суди шахри Душанбе шикояти назорати (бо сабаби гузаронидани мухлати шикояти кассатсиони) навиштанд. Раёсати Суди шахри Душанбе тахти раисии Х. Шарифов бо карори худ аз 20 ноябри соли 2008 халномаи судя Сафаровро бекор карда, барои мохиятан аз нав барраси намудан ба хамон суд фиристод.

Танхо баъд аз гузашти хамин мухлат судя Саидова М. Ш. дарк намуд, ки Мирзоев Н. ваколати аз номи Саъдуллоев даъво пешнход намудан надорад ва дар ин асос бо таъиноти худ аз 5 майи соли 2009 парвандаро бе барраси монд.

Табиист, ки Мирзоев ин камбудро ислох кард ва ваколатномаи даъвои судиро аз номи Саъдуллоев гирифт ва аз болои таъиноти судя Саидова шикояти хусуси навишт. Мутаассифона, то имруз касе намедонад, ки такдири шикояти хусусии Мирзоев, ки гуё тахти раёсати судяи Суди шахри Душанбе Каримов барраси шуда бошад, чи шуд. Чун хар бор, ки чавобгарон аз суди шахр натича хостанд, чавоб гирифтанд, ки ба суди нохия мурочиат намоянд. Дар суди нохия посух доданд, ки ба суди шахр мурочиат намоянд. Ва «аклак»-хо то имруз аз суди нохия то суди шахр «аклакикунон» равуо доранд…

Новобаста ба ин, ба номи «аклак»-хо Зокирова Сафаргул ва Дустов Исроил аз суди нохия хабарнома дар бораи идомаи баррасии парванда расид. Парванда дар истехсоли судя Содирова М. Х. карор гирифт. Содирова бо вучуди он ки парвандаро мохиятан барраси намуд, дар таърихи 13 майи соли 2009 хилофи мукаррароти м. 198-и КМГЧТ ба чои халнома таъинот кабул намуд. Вале ачибии масъала дар он аст, ки дар таъинот омадааст, ки гуё судя парвандаро дар асоси аризаи Зокирова ва Дустов мавриди истехсол карор дода бошад. Дар асл аз шаходати Зокирова ва Дустов бармеояд, ки онхо хеч гуна аризаи даъвои пешниход накардаанд. Танхо ба тарики шифохи хар руз ба дари додгох имдодчуи мерафтаанду халос.

Хамин тавр, судя Содирова гуё аризаи Зокирова ва Дустовро дар мавриди талаби маскун кардан дар хобгох каноатбахш кард. Мирзоев Н.-ваколатдори Саъдуллоев ба суд бо ариза дар бораи боздошти  ичрои карор мурочиат намуд. Хамоно, судя Содирова аз баровардани таъиноти пешинаи худ  аз 13 майи соли 2009 пушаймон шуда, дар таърихи 26 май таъинот дар бораи боздошти амали таъиноти маскункуни кабул кард. Таъиноти мазкури судя аз зумраи таъиноте шуд, ки онро аз руи меъёрхои КМГЧТ бахо додан имконнопазир аст.

Парвандаро  аз нав дар таърихи 2 июли соли 2009 судяи Суди нохияи Фирдавси Бобобеков Ф. М. мохиятан дида баромада, даъвои Саъдуллоевро дар шахси Бобошеров У. рад намуд. Чуноне ишора намудем, даъвои даъвогар ду матлабро дар бар мегирифт. Яке кучонидан аз хобгох бе додани манзили истикомати ва дигар беэътибор донистани манзилномахо (ордерхои чавобгарон). Ва инак, харду матлаби даъвогар рад карда шуд.

31 июли соли 2009 даъвогар ба суди шахри Душанбе аз болои халномаи судя Бобобеков шикояти кассатсиони намуд ва нусхаи онро суд ба чавобгарон Зокирова ва Дустов расонид.

Вале дар таърихи коидахои мурофиави кашфиёти эйнштени шуд. Даъвогар бо хамон даъвои ибтидои (Аризаи даъвоги дар бораи кучонидан бе додани манзили истикомати ва беэътибор намудани манзилномахо) ба суди нохияи Фирдавси мурочиат намуд. Суди нохия бо он ки дар асоси мукаррароти к. 1., сархати 4-и моддаи 138-и КМГЧТ аризаро баргардонад, онро ба истехсоли суди гирифт ва судя Содирова М. Х. аз нав барои чавобгарон Дустов И. ва Зокирова хабарнома дар бораи дар рузи 6.08.2009 таъин кардани баррасии парванда фиристод. Яъне, дар як вакт аз руи як бахс, як мавзуъ як асос шикояти кассатсиони ба суди шахр дода шудаасту аз тарафи дигар суд хамин бахсро бо аризаи нав ба истехсол гирифтааст.

Рузи 6.08.2009 чавобгарон ба назди судя Бобобеков рафта такозо намуданд, ки шикояти кассатсиони ба суди шахр фиристода шудааст ё не?  Боз хам як ихтироъи эйнштейнии мурофиави. Судя изхор намудааст, ки даъвогарон шикояти кассатсионии худро аз суди нохия бозпас гирифта, бо шикояти нав мурочиат кардаанд ва нусхаи аризаи даъвогии навро боз хам бо хамон даъво, хамон мавзуъ, хамон асосхо ба онхо додааст. Ягона фарк ин аст, ки судя Бобобеков Ф. М. аризаи навбатии даъворо ба чавобгарон бе таъинот дар бораи ба истехсол гирифтан ва бе хабарнома оид ба баргузории мачлиси суди додааст. Албатта, дар асоси мукаррароти к. 2-и м. 331 ва к. 1-и м. 334-и КМГЧТ даъвогар хукук дорад шикояти кассатсионии худро дар суди мархалаи аввал баргардонида гирад (дар ин хусус суд таъинот мебарорад) ва ё дар суди мархаллаи касатсиони (то кабули карори дахлдор) ба таври хатти оид ба даст кашидан аз даъво мурочиат намояд (дар чунин холат суди мархалаи кассатсиони таъинот бароварда, баррасии парвандаро катъ мегардонад).  Аммо ин маънои онро надорад, ки даъвогар аз нав хукук пайдо кунад, ки аз руйи хамон бахс, бо хамон далелхо ва матлабхои ибтидои бо аризаи даъвогии нав ба суд мурочиат кунад. Вале, Худо медонад, ки боз чи амали навкашфшудаи мурофиави чавобгарони «аклак»-ро интизор аст.

Инак, аз руи як даъво, як мавзуъ, як асос дар як суди нохияи Фирдавси се парванда бо даъвогар ва чавобгарони якхела вучуд дорад, ки як парванда дар истехсоли судя Содирова М. Х., ду парванда (як шикояти кассатсиони ва як аризаи навбаистехсолгирифташуда) дар истехсоли судя Бобобеков Ф. М. карор дорад.

Ва чавобгарони даъво зери навои «Чарх бизан, чарх бизан гардаме…» гирди дари  хар кадом судя чарх мезананду хаводорони онхо матни «Точикистон давлати хукукбунёд»-ро зам-зама мекунанд…

Мухаммадалии Нурали

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: