Главная > Uncategorized > Азоби «Анзоб»

Азоби «Анзоб»

ё худ, дар «Истиклол» истиклолият надидам

Роххои нав сохтем. Не, аниктараш, туркхо ва чинихо рох сохтанд барои мо. Аммо чи гуна? Хуб ё бад, ба хар хол сохтанд. Баъзе аз рохсозони  ватани бар ин акидаанд, ки роххои сохтаи чинихову туркхо ба стандарти чахони чавобгу нест. Бо сохтани роххои нав роххои кухнаро ба гушаи фаромуши додем. Дигар рохи агбаи Анзобро ба хотир наовардем. Баъзе чойи онро селу барфу борону тарма бурду хароб кард, вале моро парво набуд. Охир, эронихо ба мо накби «Истиклол» сохтанд-ку! Пас, рохи пуразоби агбаи Анзоб ба ки даркор? Барои мо фарк надорад, ки рохи ба умед сохтаи бобоёнамон аз  байн меравад. «Таъмир намудани он зарур нест. Кухна шудааст. Падарон аз «беакли» он рохро  сохтаанд. Мо кухро шикоф кардем. Ин корро мо кардем!»,- гуён даст ба сина мезанем, фахр мекунем, тавсиф мекунем, таъриф мекунем… Аммо боре андеша намекунем, ки рохи агба танхо рахпаймои нест, балки тамошост, лаззат аст. Ва шумо тобистон дар ин агба, агар хохед, зимистони кахратунро хам меёбед. Ба хотири шикофи кардаи эронихо байт гуфтем, рузи кушодашавияш хай хофизи намудему раксидем ва рохи бобоии худро ба боду борон додем.

Хучаини чинии мо

Ахиран накшаи кори чинихо ва баста шудани рохи сохтаи онхо хам дар баромади Душанбе ва хам дар баромади шахри Истаравшан ба назар мерасад. Аммо ин накшаи сохтмонии точикон ва ё чиниён аз чониби рохсозони чини риоя намешавад. Кай вакте ки чинии рохсоз хохад, рохро мебандад ва кай хохад, мекушояд. Агар накшаро пеши руи чини гузориву талаби хукук намои, худатро мезанад, мошинатро зери сангборон карор медихад. Пас, хучаини мо имруз дар рохи Душанбе -Чанок чини аст, на точик. Доштани мошини шумо аз чониби чинихо аз дехаи Хушёрии нохияи Варзоб сар шуда, то баромадгохи нохияи Истаравшан идома меёбад. Канд зану сухане гуй! Худо накарда фишорат баланд ё  паст шавад ва ё бемор шави… Мури хам, бародари чини намегузорад дар рохи сохтааш гом зани! Кани як кушиш кун! Очаи зората нишон медихад! Мегуяд, ки «мури, мурдан гир!».

Афсус! Хато кардем!

«Об рушноист» мегуянд точикон, аммо оби накби «Истиклол» валлох ки торикист. Оби накби «Истиклол» хам кул ва хам дарёст, аниктараш, руз аст. То хануз дилам ба онхое месузад, ки хангоми кушодашавии накби «Истиклол» овозхони, суханрони ва раксу бози карда буданд, ки «ана, кухро шикофтем, дигар хама кор осон шуд!». Афсус! Хато кардем! Хеч не ки оби ду руди ин накб, ки яке ба чанубу дигаре ба шимол чорист, хушк шавад. Мошинхои бо азоби алим харидаи сокинони кишвар дар ин кулу руд киштиеро мемонанд, ки дар об шино доранд.  «Жигули»-яке миёни хавз дар монда, чанд зану мард то рон дар обу либосхояшон тар онро тела медиханд. «Мерседес»-и чанд сол дар Олмон ва баъд чанд сол дар кишвархои назди Балтик  ва пас аз он дар Русия хизматкарда баъди таъмир ба бозорхои мо афтода, бо холи зор дар руди Чануб ва Шимол дар мемонаду дили точикро аз мошини хоричи низ хунук мекунад. Пайдархам гузаштани мошинхои гуногунтамга накби бехавокаши «Истиклол»-ро пурдуд намуда, аз дуди зараровар мусофиронро сурфаю атса мегирад. Бо бовари гуфтан мумкин аст, ки агар беруни мошин бишавед, умуман нафасатон мегардад ва дунёро падруд мегуед. Хол он ки, дар дохили мошин низ рохи нафас, чашму бини аз буи газ сузиш мекунад. Шуморо намедонам, аммо ман дар накби «Истиклол» хеч истиклолияте надидам, ба чуз азоби сангин. Пас, рохи Анзоб акаллан мошингард мебуд, барои ман «Истиклол», ки маънияш «озоди» аст, озодтару бархаво мебуд ва чанд рузак буи гази мошин умри маро кутох намекард ва дар ин дунё зиёдтар умр медидам. Ва ахиран, имруз гуфтаи депутатхо Шабдолову Ахмадов дуруст аст. Рохи иловаги зарур аст, вагарна аз мохи сентябр рох пулаки мешавад. Мардуми бе ин хам камбизоати точик дар ин хол чи кор мекарда бошанд?

Товони зарарро ки медихад?

Рох пайвандгари инсонхост, агар он рох бошад. Хатто, ба гуфтаи кухистониён, агар «харраха» низ дехаеро ба дех бипайвандад, инсонеро ба инсони дигар мерасонад. Аммо кухистониён рохи дигареро ном мебаранд, ки дар он инсону аспу хар кор намеояд, яъне гом зада наметавонад. Ва ин рохро «бузраха» гуянд, ки рохи дар замони шурави сохтаву айни хол аз мадди назари хама дур афтодаи нохияи Айни — Панчакент мебошад. Чавоби чабри экологии рохи ноободи ба гуфтае «Шохрохи абрешим», хамчунин, дехоти Дардар, Вашан, Воба, Ревати Нав, Ёвон ва гайраи нохияи Айни, дехахои Киштудак, Дашти Кози, Рузи Обнок, Шурча, Маргедари Поён, Вагаштон, Гусар, Сузина, Сугдиён ва худи шахри Панчакенти нохияи Панчакенти аз чангу хоки мошинхои кирокаш ба дод омадаро ки медихад? Боз «амак»-еро аз «амакхо»-и эрониву араби ва ё аврупоиву амрикои интизор шавем? Охир, мо ба  ёрдами «башардустона» одат кардаву хамеша интизори он хастем! Гадои хам одат мешудааст. «Гадо доро шавад хам, талбандагиро бас намекунад» мегуфтанд, ки рост будааст. Ман дар бораи чашну  чашнворахо, ки хар сол дар чумхури баргузор мешаванду миллионхо сомониро фуру мебаранд, чизе намегуям. Танхо ин нуктаро кайд   мекунам, ки ман дигар аз ориёи, аз Рудаки то Айни ва баъд Сомонию Тохирию Сосони ва дигару дигархо фахр намекунам. Ман як инсони хокиям ва мехохам хамчун як инсони хоки дар руи замине, ки маро офаридааст, чун аглаби инсонхои дигари чахон зиндагии серу пур дошта бошам. Дар рохи обод кадам монам, на бешу на кам. Мехохам садо барорам, ки «чаноби вазири наклиёт! Товони зарари чанги рохи Айни -Панчакентро ба мардум, ки ба хар гуна бемори гирифтор мешаванд, ки медихад? Рудаки, Имоми Аъзам ва ё бухороиёну самаркандиён, ки оби Зарафшонро истифода мебаранд?».

Руи одам дар агба сиёх мешавад!

Рохи агбаи «Шахристон». Ин рох аз дехаи Хишекати нохияи Айни сар мешавад, ки пурмашакаттарин рохи Душанбе — Чанок аст. Хангоми гузаштан аз ин рох вокеан дил ба ларза меояд. То ба хамвории нохияи  Шахристон фаромадан, агар мусулмон бошед, чанд бор калима арза мекунед, вагар насоро, чанд маротиба «во имя отса и сина» гуфта, «крест» мекашед. Ин агба умуман таъмир нашуда, пури чоху чохчахо, чую чуйчахост. Гумон мекунед, ки 20 ва ё 25 сол  пеш булдозер ин чоро зер карда — зер карда гузаштааст. Аз муме, ки замони Шурави руи рох хобонда буданд, чизе боки намондааст. Дахшадовартарин он аст, ки мабодо мошин вайрон шавад, руи одам дар ин агба сиёх мешавад. На ошхонае хаст, на чои таъмири мошин ва на чои хобу хез. Ба хотирам агбаи Тахтакарачаи Узбекистон расид, ки сари кадам ошхона ва дар ду  тарафи агба 3-4 чои таъмири мошин доранду пули шуморо  мегиранд. Рахмат бар падарашон! Аз хама ачиб он аст, ки дар харду минтака точик зиндаги мекунанд ва саволи «чаро точики узбекистонии хамхуни мову шумо метавонад, аммо мо наметавонем?» маро ором намегузорад. Баъдан андеша мекунам, ки вориси ориёию каёни, хахоманишинию сосони, сомониву бармани ва дигару дигар на мову шумо, балки хамаи точикони дар Узбекистон монда хастанд. Пас аз мо дида зиёдтар онхо  хукуки даъвои авлоди ину он буданро кунанд!

Мошин вайрон шуд, ругандонаш шикоф ва мо мондем дар «аъроф». «Аъроф» ба гуфтае мавзеест дар байни бихишт ва дузах, ки на дузах аст ва на бихишт. Агбаи «Шахристон» барои мо «аъроф» буд. Тайи ду руз интизор шудем, ки устое аз Айни ё Истаравшан ояду мошини моро таъмир кунад. Аммо касе наомад ва онхое, ки ба ин ду чониб рафта буданд ба чустучуи усто, холи баргаштанд. Мачбур шудем нафареро ба Душанбе фиристем.

Ки даромаду баромадро хисоб мекунад?

Хама хуччатхои ронанда чобачо буд. Хатто варакаи сугурта низ дошт. Аммо аз ин сугуртаю сугуртакунии мошин чи суд, дар холе, ки он ба шумо хеч ёрдаме намекунад. Пас, савол доданиям, ки «идорахои сугурта ба ки даркоранд? Ки даромаду баромади онхоро хисоб мекунад?». Идораи мубориза ба мукобили фасоди Точикистон танхо ба тафтиши мактабхои миёнаю оли, духтуру духтурхона, гуё дигар коре надорад. Порахур хам аз нигохи онхо аслан ин ду кишри бепушту панохи чомеаянд. Намешавад, ки назаре ба кори сугуртаю сугуртакунии  давлатию шахси намоянд?

Д. БОБО, рузноманигор
Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: