Главная > Uncategorized > Кози ба хакки худ рози

Кози ба хакки худ рози

ва ё судяхо ба конун итоат мекунанд, Сангинов чи?

«Наход подоши хизмати 18-сола, бедорхобию ду фарзандро калон кардан, шабро шаб нагуфтаю рузро руз нагуфта мехнат намудан, ки оила барпо намоям, 700 сомон арзиш дошта бошад!?»,- менависад дар як номаи пурсузаш сокини нохияи Чаббор Расулов Мукаддас Юлдошева ба унвони нашрия, ки ба воситаи намояндаи хукукияш ба мо расид. Имруз аз ноилочи ду фарзандашро дар ватан гузошта, худ барои чанд суме кор кардан мухочирати мехнатиро интихоб намудаасту фарзандонаш гох ба хонаи тагояшон мераванду гох ба хонаи холаашон, гохо ба хонаи дигар хешу таборону гохо дар куча сарсону саргардон… Номаро мехонию ба рости дасту дилат аз хама чиз мемонад. Хам аз конуну хам аз конунбадастон. Барои он аз конун дилмонда мешави, ки онро метавонанд ба кадом тарафе хоханд, тоб диханду касе барои чунин амалаш подоши сазовор намегирад. Аз конунбадастон бошад…

Мукаддасу Равшан 18 сол якчоя бо хам зиндаги карданд. Аз зиндагии якчояашон ду фарзанд, як писару як духтар доранд. Аз руи навиштахои Мукаддас, зиндагияшон дар аввал хуш мегузаштаасту баъд охиста -охиста дар байнашон сардиро хис карда, шавхараш бо хар гуна бахона уро мезадааст. Рузхое, ки шавхараш ба хона маст меомадааст, модару фарзандонаш рузи хуш надоштаанд. Мукаддасу фарзандонашро аз хона пеш мекардаст.

Боре Равшан маст омада, хамсарашро чунон мезанад, ки шабона бо ду фарзандаш базур гурехта, халос мешаванд. Саломатияш бад мешаваду ба духтур мурочиат мекунад. Аз ин Равшан хабардор шуда, ба наздаш мераваду илтимос мекунад. Мукаддас аз беморхона шифо наёфта мебарояд. Аризаи ба унвони макомоти дахлдор навиштаашро хам бозпас мегирад. Мукаддас гумон мекунад, ки бо хамин шавхараш ислох мешавад. Вале боз хамон амалашро давом медихаду Мукаддас ба назди хохари шавхараш рафта, илтимос мекунад, ки Равшанро насихат кунад. Вале дар чавоб мешунавад, ки «ба кучое, ки мехохи, рафтан гир! Ту пир шуди, барои бародарам зани чавон гирифта медихем!».

«Хамаашро мебахшидам ва барои ояндаи кудаконам токат мекардам,- навиштааст Мукаддас,- вале ходисае умедамро ба тамом канд. Мохи декабр шавхарам барои харидани палто ба духтарам 500 сомони дод. Ними руз нашуда, бо корманди ШКД бо номи Умед ба хона омада, маро «дузд» гуфта, тухмат кард. Шавхарам аз милиса талаб намуд, ки ба дастони ман занчир зада, ба хамаи хамсояхо нишон дода, ба милисахона  барад. Азбаски он руз саломатиям хуб набуду ба бозор баромада натавонистам, пул дар чайбам буд. Онро баргардондам. Хуллас, аз хона чизе нагирифта, бо ду фарзанд ба хонаи модарам рафтам».

Мукаддас дигар илоче наёфта, барои таксими амволи муштараки зану шавхар ба суди нохияи Чаббор Расулов ариза менависад. Аризаи уро раиси Суди нохияи Чаббор Расулов Х. Сангинов ба истехсолоти худ мегирад. Дар аризаи даъвогии Мукаддас номгуи асбобу анчоми зиёде навишта шудааст. Хамчунин, хонаи истикоматию мошини сабукрави тамгаи ВАЗ-2106. Дар рафти тафтишоти суди якчанд амалиёт гузаронда мешавад. Судя бо таъиноти худ аз 27-уми феврали соли 2008 бо парвандаи мазкур ташхиси молшиноси таъин мекунад. Ба ташхисгарон саволхо гузошта мешавад, ки нархи бозории манзили истикоматиро  вокеъ дар шахраки Пролетар, кучаи Нурматов, хонаи 66/2 ва автомашинаи тамгаи ВАЗ-2106-ро муайян намоянд. Ба КФББТ-и нохияи Чаббор Расулов бошад, супориш дода мешавад, ки намунаи таксимшавии манзили истикоматии бахсиро муайян намоянд.

Аз хулосаи ташхиси суди — молшиноси тахти №20/271/08, аз 14-уми марти соли 2008 дида мешавад, ки нархи манзили истикоматии вокеъ дар кучаи Нурматов, хонаи 66/2  25310,1 сомониро ташкил дода, нархи автомашинаи тамгаи ВАЗ-2106 бошад, 1507 сомонист.

КФББТ-и нохияи Чаббор Расулов бошад, маълумот медихад, ки дар манзили истикоматии вокеъ дар кучаи Нурматов, хонаи 66/2 иншооти худсарона бунёдшуда мавчуд аст ва бояд пеш аз хама аз кайди КФББТ-и гузаранд. Юлдошев Р. хукуки сохибмулкии худро бо мурочиат намудан ба Макомоти ичроияи нохияи Чаббор Расулов ба даст меорад.

Судя Х. Сангинов дар мурофиаи суди мукаррар мекунад, ки дар манзили истикомати вокеъ дар шахраки Пролетар, кучаи Нурматов, хонаи 66/2 сохтмони худсарона дар титри 2а1/м бунёд шуда ва он аз кайди давлати нагузаштааст. Яъне, хукуки моликият ба ин иншоот мукаррар карда нашудааст. Вале ба ин чихати дигари масъала ахамият дода намешавад, ки 23-юми октябри соли 1996 хонаи дар нишонаи зерин бударо Р. Юлдошев аз Т. Урунов мехарад. Аз лахзаи баста шудани шартномаи хариду фуруш хукук ба моликияти манзил пайдо мешавад. Чаро инро судя нодида мегирад? Судя барои таквияти фикраш моддаи 246, кисми 2-и КГ Чумхурии Точикистонро далел меорад, ки шахси сохтмони худсарона анчомдода ба он хукуки моликият пайдо намекунад. У хукук надорад чунин биноро ихтиёрдори кунад, тухфа намояд, ба ичора супорад ва дигар ахдхоро анчом дихад. Дар ин чо мафхуми «сохтмони худсарона» таъкид мешавад. Дар кисми 1-и моддаи номбаршуда чунин омадааст: «Сохтмони худсарона — сохтмони хонаи истикомати, биною иншоот ё дигар амволи гайриманкуле мебошад, ки дар китъаи замини мутобики тартиби мукаррарнамудаи конун ва дигар асноди хукуки барои чунин максад чудонашуда ё бидуни гирифтани ичозати зарури ё ба таври назаррас вайрон кардани меъёру коидахои шахрдори ва бинокори бунёд шудааст». Охир, ин бино хануз соли 1996 харида шуда буд. Агар сохтмони иловаги карда шуд, пас дар заминаи хамон хавли сохтанд, на ин ки дар замини дигар. Пас, чи хел он сохтмони худсарона ном мегирифтааст?!

Хангоми баррасии масъала Х. Сангинов нархи хонаи бахси ва мошинро дар асоси хулосаи филиали сугдии Маркази чумхуриявии экспертизахои суди ва криминалисти муайян мекунад. Дар кисми хулосавии ин санад навишта шудааст: «Арзиши асли ва нархи бозории бинои бахси вокеъ дар сурогаи шахраки Пролетар, нохияи Чаббор Расулов, кучаи И. Нурматов, хонаи 66/2, ки ба сохибмулк Юлдошев Р.А. тааллук дорад, бо назардошти соли сохташавиаш, масолехи сохтмониаш, чойгиршавиаш, холати техникиаш, истифодабариаш ва суфташавии иншоот 25310,1 (бисту панч хазору сесаду дах сомониву 10 дирам) мукаррар карда шудааст». Дар ин хулоса сохибмулк будани Р. Юлдошев ба таври возех навишта шудааст. Пас чаро судя нархи биноро ба инобат мегираду аз сохибмулк будани Р. Юлдошев чашм мепушад?

Намояндаи ваколатдори Мукаддас Юлдошева — Р. Хочаев дар мавриди манзили бахси чунин андеша дорад: «Судя мактуби КФББТ-и нохияи Чаббор Расулов аз санаи 12-уми январи соли 2009-ум, № 9-ро бо сабабхои ба мо номаълум хамчун далели асоси кабул кард. Мо хам ба ин ташкилот мурочиат намудем. Санаи 9-уми апрели 2009-ум сол КФББТ-и нохияи Чаббор Расулов бо дархости мо тахти № 11 чавоб дод, ки имконияти таксимоти хонаи истикоматии  бахси дар шакли асли бо рохи ба таври муносиб аз нав тачхизонидан ба кисмхои чудо кардашуда табдил додан, вучуд дорад.

Санаи 21-уми апрели соли 2008 кормандани КФББТ-и нохияи Чаббор Расулов барои аз нав ба кайд гирифтани хонаи бахси мераванду Р. Юлдошев ичозат намедихад. Онхо дар ин бора санад тартиб медиханд. Хамчунин, раиси ин корхона ба Хукумати нохия оид ба ин масъала мактуб ирсол мекунад, ки садди рохи бакайдгири шуда истодаанд.

Дар мавриди нархи мошин хам чунин «бози» карда шудааст. Дар мачлиси суди дар бораи нархи мошин ягон бахсе нашуда бошад хам, судя барои муайян намудани нархи он ташхиси суди мефармояд. Аз забонхати собик дорандаи мошин А. Фармонбердиев маълум мешавад, ки вай соли 2006 мошинро ба маблаги 2750 доллари амрикои ба Р. Юлдошев фурухта будааст? Дар аризаи даъвогияш М. Юлдошева нархи мошинро 12 хазор сомони мавриди бахс карор медихад. Аз тарафи чавобгар  нисбат ба он эътирозе карда намешаад. Наход дар давоми як-ду сол арзиши мошин чунин ба «замин занад»?

Оид ба руёндани амволхо, аз кабили чавохирот дар намуди занчири тиллоии «Нона» — 1 дона, занчири тиллоии «буси» — 1дона,  гушвори тиллои — 1дона, гушвории тиллои бо ангуштаринаш — 1 дона, ангуштарини тиллои — 1 дона, дастбанди тиллои — 1 дона, кулончаи тиллои — 1 дона бошад, судя хулоса мекунад, ки ин тилловорихоро даъвогар Юлдошева М. хангоми рафтан аз хонааш гирифта бурдааст. Вале дар халнома ягон далели катъие оварда намешавад, ки ин хулосаи судяро таквият дихад. Дар халнома нишондоди нозири минтакави Р. Нодиров дар ин масъала оварда мешавад, ки гуфтааст: «Юлдошева М. ба хонааш даромада, баромада гуфтааст, ки хамаи чавохиротхояшро гирифтааст, аммо худи вай он чавохиротхоро надидааст».

Духтари Мукаддас — Мадина гуфтааст, ки дар хакикат хам модараш тилловорихои холаашро дар хонааш нигох медоштааст, ки онхоро хангоми рафтан нагирифтааст.

Намедонем дорандаи маводи тиллои дар рафти мурофиаи суди пурсида шудааст, ё не. Аз руи нусхаи халнома, ки дар даст дорем, нишондоди у тамоман нест. Хамин тавр, судя хулоса мекунад, ки «ин вачххои даъвогар беасос буда, суд инро ба назар намегирад».

Дар мавриди таксими амволи муштарак танхо маводхои арзиши зиёд надошта, аз кабили шкаф барои китоб, дивани хобкуни, гилем (чанд намуд) телевизор, DVD, тюнер, сандуки милли, курпа ва гайраро ба даъвогар Мукаддас Юлдошева медиханд.

Халномаи судя Х. А. Сангинов бо котибии Н. Рузиева ва бо иштироки химоячи Р. Махкамоваю тарчумон М. Бокиеваро дар мачлиси ошкорои суди аз 25-уми апрели соли 2008 дар бораи даъвои Юлдошева Мукаддас нисбати чавобгар  Юлдошев Равшанбек «оиди таксими амволи муштарак» хонда, чизе нафахмидем. Номуайян аст, ки судя барои чи аз моддахои конун ёдовар мешаваду акси он амал мекунад!? Масалан, дар халнома менависад, ки тибки талаботи моддаи 34, кисми 1-и Кодекси оилаи Чумхурии Точикистон, амволе, ки зану шавхар дар давраи заношуи чамъ кардаанд, моликияти муштараки онхо мебошад.

Тибки талаботи моддаи 34, кисми 2-и хамин Кодекс бошад, хукук ба амволи муштарак, инчунин, ба зан ё шавхаре низ тааллук дорад, ки дар давоми заношуи хочагиро пеш мебурд, фарзандонро нигохубин мекард, ё бо сабабхои узрнок даромади мустакилона надошт.

Дар хамин маврид дар халнома гуфтахои Мукаддас оварда мешавад: «Дар давоми зиндагии якчоя бо чавобгар амволхои дар аризаи даъвогиам нишон додаро ба даст овардем. Чавохиротхоро бошад, аз они хохарам буд, онро барои нигохбони дар хонаам нигох медоштам, аммо хангоми рафтан аз хона нагирифтам. Манзили истикоматиро низ бо хамрохии чавобгар харида, дар он чо истикомат доштем. Манзил хам  амволи муштаракамон мебошад. Автомошинаро низ шавхарам дар даврае ба даст овардааст, ки якчоя зиндаги мекардем».

Вале амволи муштаракро судя ончунон таксим мекунад, ки шеъри «Таксими мерос»-и Мушфикиро ба хотир меорад. Ба рости, хеле таксими ачиб! Маводи тилловориро суд ба назар намегирад, мошини арзиши 7 хазор сомони доштаро (ташхиси такрори чунин нарх мегузорад) 1507 сомони нарх мекунанд, масъалаи таксими хонаро бе барраси мемононанд.

Мукаддас боз ба Суди нохияи Чаббор Расулов аризаи даъвоги барои эътироф намудани хукуки моликият ба сохтмони худсарона ва таксими хавлии истикомати ба намуди асл мурочиат мекунад. Дар як вакт оид ба эътирофи хукуки моликияти муштарак ба автомашина аризаи даъвоги менависад. Химоячи Р. Махкамова мегуяд, ки дар истехсолоти Суди нохияи Чаббор Расулов ду парвандаи шахрванди дар асоси даъвои М. Юлдошева мавчуд буд. Аз сабаби он, ки тарафхо як хел буданд, дархост карда шуд, ки ду ариза дар якчояги мавриди барраси карор дода шавад. Аммо раиси суд ин дархостро кабул накард. Тавассути шуъбаи алока дархост фиристода шуд. Бахс оид ба манзилро раиси суд ба истехсолоти худ мегираду бахси таксими мошинро ба дигар судя ирсол мекунад. Даъвогар барои бахси манзилашро барраси намудани раиси суд Х. Сангинов изхори нобовари мекунад. Вале Х. Сангинов онро рад намуда, масъалаи баррасии бахси манзилро ба истехсолоти худ гирифта, ба манфиати даъвогар хал мекунад.

— Танхо  ба  хулоса омадан  мумкин, ки,- меафзояд Р. Махкамова,- суди зинаи аввал бар хилофи талаботхои моддаи 13-и КМГ Чумхурии Точикистон рохбарии мурофиаро анчом дода, бегарази ва холисии худро нигох надошта, мукаррар намудани холатхои вокеи ва истифодаи дурусти конунхоро таъмин накарда, бар замми ин, холатхои ба кор  ахамиятдоштаро дар халнома умуман дарч накардааст.

Дар санаи 13-уми январи соли 2009 судя Х. Сангинов бо халномаи худ хангоми чудо намудани хиссаи даъвогару чавобгар хонаро ба Р. Юлдошев вогузор менамояду кисми маблаги хонаи бахсиро ба фоидаи даъвогар…

Ба коллегияи суди оид ба корхои граждании Суди вилояти Сугд шикояти касатсиони менависанд. Дар хайати раисикунанда М.А. Бобоев, судяхо Ф. Зиёдуллоев ва Ч. Шеров дар мачлиси кушоди суди парвандаи гражданиро аз руи шикояти кассатсионии намоянда мутобики ваколатнома Р. Хочаев ва шикояти кассатсионии адвокат Р. Б. Махкамова аз руи халномаи Суди нохияи Чаббор Расулов, аз 13-уми январи соли 2009 бо даъвои Мукаддас Юлдошева нисбат ба чавобгар Равшан Юлдошев «оиди таксими манзили истикомати дар намуди асли», ки  кисман конеъ карда шудааст, мавриди омузиш карор дода мешавад.

Хайати коллегия хангоми омузиши парванда муайян мекунанд, ки суди мархилаи аввал холатхои корро хаматарафа, пурра ва объективона муайян накардаасту хулосахои дар халнома баёншуда ба холати хакикии кор мувофикат намекунанд. Гарчанде даъвогар М. Юлдошева дар аризааш таксими манзилро дар шакли асли дархост намуда бошад хам, судя аз доираи даъво баромада, кисми маблаги онро руёнда додааст. Хангоми баррасии масъала хукуки афзалиятноки кудакон, ки ба манзили истикомати эхтиёч доранд, ба инобат гирифта нашудааст.

Дар карори суди зинаи кассатсиони дар бораи дигар норасоихою ба инобат нагирифтани нишондоди конунгузори таъкид намуда, хайати коллегия ба чунин хулоса меоянд: «Халномаи Суди нохияи Чаббор  Расулов аз 13-уми январи соли 2009, ки бо он даъвои Юлдошева Мукаддас нисбати чавобгар Юлдошев Равшан «оиди таксими манзили истикомати дар намуди асли» бекор карда шуда, парванда барои баррасии нави суди ба хамон суду дар дигар хайат фиристода шавад».

Мехостем бо чанд суол ба раиси Суди нохияи Чаббор Расулов Х. Сангинов мурочиат намоем. Дар давоми ду рузи дар он чо буданамон якчанд маротиба вориди бинои суд шудему хостем бо Х. Сангинов вохурем. Вале танхо як чавоб шунидем: «Раис дар хонаи машварати»…

Чи хам мегуфтем? Вакте «кози ба хакки худ рози» аст…

Чумъаи ТОЛИБ,

Душанбе — Чаббор Расулов

– Душанбе

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: