Главная > Uncategorized > Муйсафеди 86-сола талоши хакикат дорад…

Муйсафеди 86-сола талоши хакикат дорад…

Муйсафеди нуроние вориди утоки кори шуда, гуфт:

— Ба идораи чанд рузнома даромадам, ки арзи диламро ба мардум расонам. Гуфтанд, ки ба «Пайкон» рав, арзатро нашр мекунанд. Ба хамин хотир, ин чо омадам.

Сухбати мо бо пирамард хеле тул кашид. Маълум гардид, ки ин пири барнодил Тахсин Солиеви 86-сола, нафакагир, хукукшинос, директори корхонаи хурди «Чоркух»-и нохияи Исфара будаасту рохи дарозро тай намуда, барои шикоят ба макомоти дахлдор омадааст.

Бобои Тахсин сухан мегуфту охиста — охиста чун хезуми тар дар мегирифт. Накл намуд, ки санаи 11-уми июни соли 2007 ба унвони Прокуратураи генералии ЧТ оид ба кирдори раиси чамоати дехаи «Чоркух»  Бахриддин Шарипов, директори совхози  «Иттифок» Неъмат Олимов, чонишини директори генералии (чунин муаррифи мекунад) «Ленинободангишт» Ориф Олимов ва муфаттиши Раёсати Агентии назорати молияви ва мубориза алайхи коррупсияи вилояти Сугд Обид Шаропов барои ба фаъолияти конунии сохибкори монеа шудан мактуб ирсол карда будааст. Онхо аз як оила будаанд. Мактубро барои санчиш аз Прокуратураи генерали 17.09.2007 тахти № 2100-2007/10 ва 5.10.2007 бо № 7/50-р-07 (1)  ба Прокуратураи шахри Исфара ирсол кардаанд. Санчиш аз тарафи Прокуратураи шахри Исфара бо назорати Прокуратураи генерали идома доштааст.

— Баъд аз мактуб зиддияти ин нафарон ба хаёти ман бисёр хам тезутунд шуд ва хатто барои ба ман зиён расондан аз амалхои хилофиконуни истифода бурдани буданд,- накл мекунад Тахсин Солиев. — Хамин гурух барои аз ман касос гирифтану дар назди хамдехагон обрую эътибори маро паст задан ходисаеро ба сарам бор карданд, ки инак соли дуюм боз сарсону саргардон аз як макомот ба макомоти дигар рафта, арз мекунам. Ба онхо касе баробар шуда наметавонад. Агар ягон камбудияшонро гуянд, хатман ба ягон бало мепечанд, ё кунчи зиндонро мегиранд. Вале ман умедворам, ки хакикат тантана мекунаду сирри кори онхо мебарояд.

Тахсин Солиев накл намуд, ки дар ду тарафи сохили дарёча хам у корхона доштаасту хам Низомхон Чураев. Маслихат намуда, ба кароре меоянд, ки трансфарматори алохида мечаспонанду хар ду корхона аз он истифода мебарад. Харидану шинондани трансформаторро Т. Солиев ба ухда мегираду аз ширкати «Барки точик» гирифтани шарти техники барои васл ва истифода бурдани кувваи баркро Низомиддин Чураев. Т. Солиев барои шинондани трансформатор тахкурсии онро бо хокаи санг (семент) сохта, трансформатори шиддатнокияш Б-160 оварда, дар маркази савдои «Сомон», ки ба Н. Чураев тааллук дошт, мечаспонад. Мухлати зиёд мегузараду Н. Чураев шарти техникиро намегирад. Т. Солиев мехохад, ки трансформаторашро канда гирифта, дар назди корхонаи худ васл намояд. Муайян менамояд, ки трансформатори шахсии уро иваз карда, ба бинои ШКД-2-и шахри Исфара часпондаанд. Ба прокуратураи шахр барои баргардонда гирифтани моликияташ аз номи корхона мурочиат мекунад. Прокуратура мактубро барои барраси ба ШКД мефиристад. Чанд маротиба аз Т. Солиев хохиш мекунанд, ки як трансформатори бекорхобидаи Н. Чураевро дар махаллаи Таги Сада (тамгаи 250) гирад. Вале Т. Солиев рози намешавад. Барои ичро намудани коре ба шахри Душанбе меояд. Аз набудани Т. Солиев истифода намуда, як трансформатори дар махаллаи Таги Сада бекор истодаро гирифта оварда, дар назди корхонаи Т. Солиев мемонанду овоза мекунанд, ки гуё у ба наберааш О. Ашуров ба воситаи телефон супориш дода бошад, ки трансформатори Н. Чураевро канда биёрад.

— Тамоми амалиёти тафтишот сохтакорона буд. Умуман талаботи конун оид ба тафтишот риоя карда нашудааст. Агар ман моликияти нафари дигарро аз худ кардани будам, барои  чи у ба тарики хатти мурочиат накард? Чаро бахсе, ки метавонист ба тарики граждани хал карда шавад, ба хангома табдил ёфту боиси чавобгарии чиноятии мо гардид. Агар ман трансформатори Н. Чураевро сохиби кардани будам, чаро хангоми дар шахри Исфара буданам, ин корро   накардаму ба шахри Душанбе омадан замон он амали гардид?,- суол медихад Т. Солиеву боз худ посух медихад: Чунки хамаи он ташкили буд. Даъвогару чабрдида раиси махалла О. Олимов эътироф карда шуд, ки умуман ба ин трансформатор алокаманди надорад…

Хамин ходисаро асос намуда, тибки нишондоди моддаи 334 кисми 1-и Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон (худсари) парвандаи чинояти огоз намуда, онро барои мохиятан барраси намудан ба Суди шахри Исфара ирсол менамоянд. Санаи 23-юми октябри соли 2008 судяи Суди шахри Исфара Т. М. Хафизов нисбат ба Т. Солиев ва О. Ашуров хукм бароварда, онхоро дар асоси хамин модда гунахкор дониста, ба фоидаи давлат 2 хазор сомони чарима мебандад.

Ба хукми суд ризо нашуда, Т. Солиев ва О. Ашуров ба зинаи кассатсионии Суди вилояти Сугд оид ба баррасии парвандахои чинояти шикоят менависанд. Аризаи онхо конеъ карда намешавад. Ба тарики назорати ба раиси Суди вилояти Сугд аризаи назорати менависанд. Боз шикояти онхоро конеъ намекунанд. Акнун барои бекор намудани хукми суди зинаи аввал ба раиси Суди оли  аризаи назорати барои эътироз овардан пешниход карда шудааст.

— Ана, хамин тавр,- мегуяд Т. Солиев,- хостгори моликияти худ гардида, бар ивазаш худамро гунахкор намуданд. Наход талаби моликияти шахси ба аломати чинояти табдил ёбад!? Бовари дорам, ки раиси Суди оли мухтарам Н. Абдуллоев адолати судиро дар асоси карори пленуми Суди олии ЧТ аз 4.06.1992 № 1 таъмин менамоянд. Мегуянд, козие, ки хакро мешиносаду бо хак хукм мекунад, дар бихишт мемонад. Козие, ки хакро мешиносаду бо чахл хукм мекунад, дар оташ мемонад.

Муйсафед бовари дорад, ки ин масъала рохи одилонаи худро меёбад…

Марчонаи Кодир,

БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: