Главная > Uncategorized > Ё аз гуруснанишини мемирам, ё бо маблаги Вазорати тандурусти ба Киев меравам!

Ё аз гуруснанишини мемирам, ё бо маблаги Вазорати тандурусти ба Киев меравам!

5-уми августи соли равон ба идораи хафтаномаи «Пайкон» нафаре занг заду бе он ки худро муаррифи кунад, чунин хабар расонд: «Зане дар назди Вазорати тандурусти ба нишони эътироз гуруснанишини карда истодааст». Пайи тахкики ходиса ба ин вазорат рафтем. Аммо вакте расидем, аллакай аз он зан нишоне набуд. Дар Вазорати тандурусти гуфтанд, ки сурогаи уро ба хотири сирри шахси буданаш ба мо дода наметавонанд. Ба коргох баргаштем ва нихоят шумораи телефонии Раёсати Вазорати тандурустиро чидем. Аввал чавоб доданд, ки дар бораи чунин як зан огохи надоранд, вале баъди пофишориву дигарбора занг заданамон, ракамхои телефонии зани эътирозгарро маълум намуданд, ки ному насабаш Файзигул Шарифова будааст.

«Ин занак гадои мекард…»

Дар сухбати телефони бо Файзигул Шарифова муайян шуд, ки у собик мушовири суди шахрии Душанбе, маъюби гурухи якум, истикоматкунандаи кучаи Мир Алии шахри Душанбе аст. Номбурда зиёд мехост оид ба вокеаи рухдода тарики телефон изхори назар намояд, аммо ин усул наметавонист моро конеъ кунад. Чониби кучаи Мир Али рахсипор шудем ва занро дар хонааш ёфтем. Нахуст дар бораи сабабхои ба гуруснанишини даст заданаш пурсидем. Гуфт, ки табибон беморияшро нодуруст ташхис карда, хомиладораш баровардаанд ва баъди «муолича» ахволашро бадтар намудаанд, ки бех не. Ба ин хотир, аз Вазорати тандурусти талаб дорад, ки барои табобаташ дар Украина 12 хазор доллар дихад.

Акнун донистан мехостем, ки чониби вазорат ба эътирозаш чи посух додааст ва умуман, гуруснанишинияш бо чи анчомидааст? Дар робита ба ин суол зани маъюб гуфт: «5-уми август дар кабулгохи вазир нишаста будам, ки муовини у — Мирзоев омад. Ба ман гуфт, ки «Шарифова, долон баро, ба журналистон мусохиба бидех!». Вакте ба долон баромадам, дархол дари кабулгохро махкам карданд. Хар се журналистро пеш карданд. Ман набаромадам. Руямро тарафи дигар гардонда, шиштам. Чанд дакика баъд тахминан 15 нафар омаданд. Дар як лахза 8-10 нафарашон дасту пойхоямро то сару гардан капидаву чунон зер карданд, ки тавони чунбидан надоштам. Якчоя бо аробачаи маъюбиям маро ба мошин бор карда, ба шуъбаи корхои дохилии нохияи Фирдавси бурданд. Ба милисахо гуфтанд, ки «инро бигирен, мо ин занака аз пеши Сирк овардем, ки гадои мекард». Дар холе, ки хуччатхоям сад фоиз буд. Барои гуруснанишини кардан хуччат доштам. Карору протоколхои вазири тандурусти Нусратулло Салимов дар дастам буд. Вазир карор бароварда буд, ки вакте беморхонаи кулай меёбаму дархост — мактуби расми пешниход мекунам, пули табобатро медихад.

Вакте милисахо хуччатхоямро диданд, ба онхо телефон карда, гуфтанд, ки «ин занро дакик аз кучо ва барои чи овардед?». Чавоб додаанд, ки маро бо супориши Шерали Сабзов аз Вазорати тандурусти бардошта овардаанд.

Хамин чо як чизи дигарро хам бояд кайд кунам: Вакте бо мошин то шуьбаи корхои дохили меомадем, хамон бачахо либосхои «граждани» пушида буданд. Мисли хулиганбачахои кади куча «футболка» доштанд. Гуфтам, ки «шумо ки хастед, кани хуччатхоятон?». Як зардинаи фарбехтараш, ки дар назди ман шишта буд, мушт бардошту задан хост, аммо дигарон уро боз доштанд. Зардина ба ман гуфт: «Ту ки хасти, ки аз мо хуччат мепурси!? Хозир равем, туро як — ду руз дар як чо махкам кунем, баъд ба кадри одамгари мерасию хуччатпурсиро хам бас мекуни!»…

«Кафи пойхоям мехорад»

Аз Файзигул Шарифова хохиш намудем, ки каме дар бораи таърихи беморияш накл кунад. Мавсуф гуфт: «Бахори соли 2001 дар ман дарди сар пайдо шуд. 23-юми апрели хамон сол профессор Хошимов ташхис гузаронда, маълум кард, ки ман мубталои бемории менингити силиям. «Туберкулёз» гуфта, дар беморхонахо рохам надоданд. Як мох дар хона табобат гирифтам. Духтурхо — Чема Юсуфчоноваю Азиз Мирзоев табобатам мекарданд. Баъди як мохи табобат дар хона духтури Беморхонаи клиникии шахрии №3 Роза Мирсаидовна ба наздам омаду гуфт, ки «туро дар 10 руз табобат мекунам». Бо хамин, у маро ба беморхонааш бурд ва се руз баъд хомиладор баровард. Исрор кардам, ки хомиладориям номумкин аст, зеро соли 1996 дар нохияи Фархор чарохат бардоштааму бачадонам чаррохи шудааст. У ба суханам гуш надод ва барои искоти хамл маро ба таваллудхонаи №2 бурд. Пас аз поксози кардани бачадонам беёд шудам. Дар натича, як сол аз худ бехуд гаштам. Баъдтар аз хешовандон фахмидам, ки Мирсаидовна бо гузашти 15 руз мошини ёрии таъчили даъват карда, маро аз беморхонааш рондааст. Як сол пас каме ба худ омадам. Забонам гирифта буд, дастонам кор намекард, чашмонам губоролуд медиданд. Гарданам шах шуда буд, ду поям бошад, чуби кок. Худоро шукр, ки имруз гайр аз пойхоям хамааш сад фоиз шуд. Танхо кафи пойхоям хама вакт мехорад».

«Гир когазота, «пашол вон»!»

Баъди шунидани ин кадар чузъхои бахсталаб дар хаёти як мизочи сохаи тиби кишвар, бечунучаро фикре ба сар меояд, ки дар халли чунин мушкил пеш аз хама бояд шахси аввали соха, яъне вазири тандурусти сахм гузорад. Файзигул Шарифова дар робита ба ин масъала мегуяд: «Худи хамон рузи 5-уми август соати 7-у 30 дакика ба кабулгохи вазир рафтам ва соати 8-у 35 дакика бо у сухбат доштам. Ба у мактубхои расмиро пешниход кардам. Гуфт, ки «ту танхо бемори!? Гир когазота, «пашол вон»! Рав, кучое шикоят дори, кардан гир! Ва бо газаб баромада рафт». Гумон кардем, ки шояд ин аввалину охирин бахси зани маъюб бо вазир бошад. Аммо не. У мегуяд, ки вакти бори аввал гуруснанишини карданаш, яъне 23-юми апрели соли 2008 низ бо вазир сухбат доштааст. «Вакти гуруснанишинии якумам вазир Нусратулло Салимов чанд пешниходу ваъдаи дигар кард. Масалан, 6 хазор доллар пешниход карду гуфт, ки «ин пулхоро гиру дигар гам надех!». Боз таклиф намуд, ки «3 фарзандатро бе имтихони кабул ба Донишгохи тибби дохил мекунам». Ман хамаи ваъдахояшонро рад кардам. Дид ки нашуд, ваъда дод, ки аз ин пас барои ман пул партофтан мегирад. Пул чамъ шудан мегирад ва хар гохе, ки руйхатро ёфтам, бо мактуби расми мурочиат мекунаму бе ягон мушкилот пулро мегирам. Вале вакте мактуби расми, даъватнома, хамчунин,  карору протоколи мизи мудавварро бо мухри Вазорати тандурусти ва имзои вазир, чонишин, сардори шуъбаву чанд духтури дигар пешниход намуда, дархости 12 хазор доллар кардам, Нусратулло Салимов ба газаб омада, гуфт: «… Ту безори чон карди! 15 хазор сомони дорам, хаминро бигири, бигир, нагири…»,- иброз медорад маъюбзан ва аламу хасраташ меафзояд: «Ман чавонам. Аз бесаводии профессорони сохаи тиб бо се фарзандам дар ботлоки гам гутидаам. Нух сол шуд, ки фарзандонам дар азобу шиканчаи ман гирифторанд. Мегуянд, ки «бемор бемор нест, бемордор бемор аст». Азоби фарзандонамро дигар токати дидан надорам. Барои хамин, ё гуруснанишини карда, аз гуруснаги мемирам, ё бо маблаги Вазорати тандурусти барои табобат ба шахри Киеви Украина меравам!».

«… 300 доллар чарима месупорам…»

Сардори Раёсати Вазорати тандурусти Уктам Бобохочаев дар мавриди гуруснашинии Файзигул Шарифова ибрози акида намуда, мегуяд, ки айни замон вазорат маблаги харочоти муоличаи ин зани маъюбро пардохта наметавонад. Ба гуфтаи у, шифо ёфтани ин зан ба гумон аст, зеро табобати менингит кори осон нест ва барои он, ки Вазорати тандурусти ин амалро сармоягузори кунад, бояд пеш аз хама кафолат дода шавад. «Агар бемор санади асосиро дар бораи он, ки вокеан дар он кишвар табобат меёбад, ба вазорат пешниход кунад, вазорат дар асоси он аз Вазорати молия дархости маблаг  мекунад ва ба у кумак мерасонад. Аммо дар санади дасти у танхо даъват аст барои рафтан. Кафолати пурраи табобат нест»,- зикр мекунад Бобохочаев. У хамчунин посухи Идораи тандурустии шахри Маскавро вобаста ба мурочиати Файзигул Шарифова пеш меорад, ки дар он табобати хучайрахои сутунмухраи бемори менингити сили номумкин арзёби шудааст. Муовини вазири тандурустии Точикистон Аъзам Мирзоев бошад, мегуяд, ки хайати мушовараи пизишкии вазорат бо ширкати 24 пизишки саршинос шикояти Файзигул Шарифоваро барраси намудаву дар фалач шудани у иштибохи пизишконро ошкор накардаанд. Аммо Шарифова иддаои намояндагони Вазорати тандурустиро беахамият хонда, хамоно талош дорад, ки харчи зудтар 12 хазор доллари ин вазоратро бигирад ва бахри муолича ба Беморхонаи клиникии «ЭмСелл»-и Украина равад. «То охири мохи август ва аввалхои сентябр бояд равам. Зеро нусхаи шиносномаамро аллакай фиристодааму онхо барои ман навбат чудо кардаанд. Хам роххат, хам даъватнома ва хам мактуби расми дорам. Огохи додаанд, ки агар навбатро вайрон кунам, 300 доллар чарима месупорам»,- мегуяд у. Хамзамон, номбурда иброз медорад, ки агар макомоти расми ба додаш нарасанд, гуруснанишиниро идома дода, то додгохи оли ва созмонхои байналмилали шикоят мебарад.

Мавзуна АБДУЛЛОЕВА,

Умедчон НАЗАРОВ,

БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. нозофарин
    Ноябрь 6, 2012 в 6:10 дп

    дахшат!хайвонгари дар точикистони сохибистиклол идома дорад!вазир афтат дар гур шавад

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: