Главная > Uncategorized > Шамъистон Сиддикова: «Фарзандонам гунох надоранд»

Шамъистон Сиддикова: «Фарзандонам гунох надоранд»

Пиразани тахминан 60-солаи логарандоми чашмонаш чукида бо дидаи гирён ба идораи нашрия омад. Шиква кард, ки дар арафаи мохи шарифи Рамазон ба сараш мусибат омадаву холи зор дорад. Шабхо аз бедорхоби азият мекашад ва рузхоро бо гаму андух шаб мекунад. Писари калонаш Неъматро ба хок супурдаву ду фарзанди дигараш боздошт шудаанд. Аз пиразан мепурсем:

— Мегуянд, ки ба чустучуи фарзандонатон рафтаед? Чи Шуморо водор намуд, ки чунин кунед?

— Э , бачачон! Охир, ман модарам. Медони модар гуфтани гап чист? Барои фарзанд бо шер мечангад.Чанд нафар аз хукумат омада гуфтанд, ки бачахот дар мухосира, онхоро чамъ карда, ба хонахояшон биёр, ки дар болои сари кудакошон истанд. Мабодо ягон ходисаи дигаре рух надихад. Рафтам, чор руз писаронамро кофтам, чангал ба чангал чустучу намудам, даруни куху пуштахо, мобайни дарахою кишлокхоро кофтам.

— Гуед, ки баъди сар задани чунин вокеа аз макомоти кудрати ва хукумат  ба нохияи шумо рафта буданд?

— Худи вазири мудофиаи Чумхурии Точикистон Ш. Хайруллоев маро аз хона фарёд карданд. Ба шуъбаи корхои дохилии Тавилдара рафтам. Ба ман гуфтанд, ки фарзандонамро ёфта, ба хона орам. Онхо раками телефонхояшонро доданд, ки баробари ба хона омадани фарзандонам, огохашон намоям. Бо фармони вазир рафта фарзандонамро кофтукоб намуда, ба хона овардам. Дар аввал фарзандонам ризо нашуданд, ки биёянд. Гуфтанд, ки хайр мо меравем, баъд чи гап мешуда бошад? Ба писаронам гуфтам, ки онхо раками телефонхояшонро доданд, дуруг намегуянд. Шуморо ягон азоб намедиханд.

— Дар хамон вакт писаронатон дар кучо панох буданд?

— Писарони ман дар худи Калатов пинхон шуда буданд. Онхо се бор ба Дашти Шер омаданд. Рахмиддин хамчун командир дар хамон чо адои хизмат мекард. Зайдулло нав хизмати аскариро адо кардаги буд. Ду маротиба уро барои даъват намудани акахояш фиристода буданд. Бечораро боз равон карданд.Охир, у кудак аст, хизмати харбиро нав ба итмом расондааст.

— Писарони Шумо дар мухосираи ки буданд?

— Дар мухосираи хеч кас набуданд. Худашон танхо ва чудо — чудо дар хар чо хомушона панох мебурданд. Рахмиддинамро дидам, ки чашмонаш аз гуруснаги фуру рафтаву аз пинхоншави дар таги хорхо ба ин ахвол  расидааст.

— Гуед, ки Неъмат писари чандуми Шумо буд? Ва боз, овозае пахн шуд, ки гуё писарони Шумо бо гуруххои дигари зиддихукумати робита доштаанд. Дар ин хусус чи гуфта метавонед?

— Неъмат писари калониям буд. Боз мегуям, ки онхо бо ягон гурух хамрох набуданд. Хамрохи М. Зиёев набуданд. Баъд Неъматро фарёд карданд. Аслан писари ман дар фикри чанг набуд. Хамон командирхояшон чанд маротиба фарёдаш карданд. Писарам чанд маротиба ба онхо гуфта буд, ки ман илоч ёбам, ба хонаи худ меравам. Акнун хонаву дараш валангор аст. Фикр кунед, ки Неъмат 11 фарзанд дорад. Хайр, вайро куштанд, лекин ин кудаконро ки нигохубин мекунад!?

— Хозир писарони Шумо дар кадом холатанд?

— Писари калониям Неъмат Азизовро бурда, ба хок супориданд. Ду писари дигарам — Рахмиддин ва Зайдуллоро боздошт кардаанд. Хохиш дорам, ки онхоро чавоб диханд, зеро хеч гунохе надоранд. Такрор шавад хам, мегуям, ки Рахмиддини писарам дар Кумити холатхои фавкулоддаи нохияи Тавилдара командир буд. Хамин кадар гунох дорад, ки ман кор дорам мегуфт, аммо мачбураш карда гуфтанд, ки ту додари Неъмат хасти, рафта бо бародарат «перегавор» кун! Писарам Рахмиддин ба милисахо хамин кадар мефахмонд, ки гапи маро намегирад, вале онхо «як бало кун!» гуфта, уро ба Дашти Шер фиристоданд.

— Яъне, ахиран барои «переговор» рафт?

— Ха, бояд бо Неъмат сухбат мекард, ки биёяд ба ин чо, яъне, ба назди кормандони хукумат.

— Барои гунахкор кардани писарони дигаратон чи сабаб шуда метавонист?

— Хеч чиз. Охир, хеч гунох надоштанд бачахои ман. Ана хамин хел, бо дасти худам овардаму супоридам онхоро.

— Баъди боздошти ду писари дигаратон ба ягон макомот мурочиат кардед?

— Бале. Ба Вазорати корхои дохили мурочиат кардам. Ичозат доданд, рафта писархоямро дидам. Худи вазир ваъда дод, ки хамин хафта пурсиш мегузаронанду онхоро чавоб медиханд.

Фаромарзи ФОЗИЛ,

БМСТЖ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Август 20, 2009 в 9:15 дп

    dust e hamqom! ba dorud!
    cheshm e chap yek qaside ye ja’rist – boghz e man mesl e zakhm e to kar’ist
    be ruzam o montazer e gozar o nazaret!
    rezavahhab.blogfa.com

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: