Главная > Uncategorized > «Хар агар Макка равад, омада мулло нашавад»

«Хар агар Макка равад, омада мулло нашавад»

Мо ки асбоби нусхагир нестем, ҳушу завқ ва ҳассосияту ақлонияти худро бояд дошта бошем…

»Ҷое телефонҳои мобилиро маншаи бесаводӣ дониста, ба муқобили он хурӯҷ мекунему ҷое «Мерседес» ва «Опел»-ҳоро. Вале боре ҳам ҷуръат намекунем қоил бошем, ки иллати кифояти афзоиши бесаводиҳо дар он аст, ки «аҳли савод»-ро аз саҳнаи дониш ва фазилат ба канор мезанем. Зеро донишманд тамаллуқ намекунад, дурӯғро рост гӯён қарсак намезанад «

Кори ободии дунё ва охират ба дасти худшиносист. Ва харобии ин ҳар ду ба дасти ҷаҳл. Худшиносӣ худ чист? Соҳиби як ё чанд коғази рангзадае, ки дар рӯи он навишта шуда бошад: «ДИПЛОМ»? Ва иддае дар саҳифаи рӯзномаву маҷалла ва садову симо тавзеҳ мекунанд: «Худшинос каси доноро гӯянд». Аммо донистан чист? Яъне, зери ифодаи «донистан» ё «дониш» чиро бояд дар назар дошт? Он ки исми чанд ҳаюлои кимиё, исми чанд ситора ва ё чанд забонро донад? Ё ба қавли ҳазломези Меҳмон Бахтӣ донад, ки: «Олимони Ҷопон баъд аз 40 соли таҳқиқ ба ин хулоса омаданд, ки агар одам ба об дарояд, тар мешавад»? Балки оғози донистан ва худшиносӣ он аст, ки як фард моҳияти ҳастии худро дарёфта бошад. Ва бигузор бидуни донистани қоидаи исм, бидуни донистани ифодаи моддаи сулфати кимиё, бидуни донистани санаи «Ҷанги садсола», бидуни донистани қонуни ҷозибаи умумиҷаҳонӣ ва… Балки донад, ки вуҷуди ӯ аз иттифоқи рӯҳ ва тан аст, ки дар меҳмонии ҳам қарор доранд. Донад, ки ҳеҷ меҳмоне ба ҷое меҳмони абадӣ нашуда, ҷуз ба хокдон, ки он ҷо меҳмонӣ нест, балки аз меҳмонӣ ба хонаи абад баргаштан аст, ва:

Меҳмон гарчи азиз аст ба монанди нафас,

Танг месозад, агар ояду берун наравад.

Пас, ҳамин тангшавии замонии меҳмонии рӯҳу тан ба марг анҷом хоҳад ёфт. Зиндагии мо замонест дар масофаи ҳамин меҳмонӣ. Ва дар ин фосила ҷон, ки аз таҷзияи рӯҳ ва тан пайдо шудааст, баробари парокандани ин таҷзия аз байн хоҳад рафт. Ин ба монанди ин ифодаи кимиёист: Н2 + О = Н2 О — Н2 — О. Донад, ки дар замони ваҳдати рӯҳ ва тан нафс ба кор хоҳад омад, ки зарурати он дар натиҷаи «ҷунбиши камӣ»-и (ибораи истилоҳии Абӯалӣ Сино) вуҷуди бутун ногузир мегардад. Ва донад, ки маҳз ҳамин «ҷунбиши камӣ» дар тадриҷ «ҷунбиши кайфӣ»-ро ба вуҷуд хоҳад овард ва ҳушёрона биандешем, ки чӣ кайфиятеро? Аз нармӣ ба сахтӣ? Аз гармӣ ба сардӣ? Аз адолат ба разолат? Аз маъсумӣ ба макрӯҳӣ? Аз наҷот ба ҳалок? Ва ё баръакс?

… Исмамон «Шайтон» ва «Иблис» шавад…

Инсон агар бидонад, ки ӯ вуҷудест дар ҷаҳони фонӣ ва роҳист ба дунёи абад ва он ҷо «Шоҳаншоҳ» онест, ки ниёз ба тамаллуқ ва хушомад надорад, бениёз аст аз дороиҳои моддӣ ва маънавӣ ва ягона василаи ҷойгоҳи оромиш ёфтани инсон дар олами бақо хулқ ва амали ӯст, худшинос аст. Ин ҷо ба ҷаҳонбинии даҳриён (моддигароён, материалистон) дахл надорем ва худро барои талаби қабули назари мо аз ҷониби эшон ҳақ нахоҳем дод. Онон ҳуқуқ доранд дар мавриди ҳастишиносӣ ва маърифатпазирӣ сари андешаи худ бошанд. Ва Худои эшон Ақл аст ва тарозуи аъмоли онҳо қонун ва мақоми ҳифзи ҳуқуқ, ки ба дасти инсони дорои нафси ҳайвонист…

Инсонро мебояд барои барқарорсозии соидаҳои ҳаракати камӣ ва кайфӣ коре кунад. Ин кор пурра кардани соидаҳоеанд, ки ба шакле онро ғизо гуфтан ошкортар аст. Рӯҳ ва ҷисми инсон ба ғизо мӯҳтоҷ аст, то парвариш ёбанд. Рӯҳи намиранда аз нарасидани ғизо дучори маризӣ ва беҳолӣ гардад ва ҷисми фаношаванда дучори марг. Чун рӯҳи харобшуда мариз ва беҳол шавад, ҷисми инсон аз назорат канор бимонад ва дар доми нафси ҳайвонӣ асир гардад, ки  аз инсон танҳо вуҷуди ҳайвоние дар сурати инсон боқӣ бимонад. Ва агар тан аз харобӣ бимирад, рӯҳи ғайриҳаюло ба макони худ бархоҳад гашт, ки зоҳирӣ нест. Ва ҷисми инсонӣ, ки аз хок аст, ба хок равад ва дигар ӯро коре набошад.

Пас, як инсони худшинос касест, ки дар баробари парвариши тан ҳамеша дар тарбияти рӯҳ низ қарор хоҳад дошт. Тарбияти рӯҳ ин дониш андӯхтан ва онро дар худ ҳазм кардан аст. Донистан ва дар худ ҳазм кардан он аст, ки инсон донистанро бар дарки нек ва бад бидонад ва дар амал аз бад дурӣ ҷӯяд ва некро матои феъл созад. Илло, агар медонему неку бади донистаҳоро тафовут надорем ва агар аз бади донистаҳо парҳез надорему неки онро пайи амал муҳайё намесозем, ҳамон Обиди таълимгари малакути ҳафт осмон ҳастем, ки ба дарёи такаббур ғарқ гашта, зери ғазаби Офаридгор исмамон «Шайтон» ва «Иблис» шавад. Дониш ба воситаи матоъи хуб ба бар кардан, дар беҳтарин тарабхонаи «чандситора» ғизо хӯрдан нест. Донистан аз сайру тамошои кӯр-кӯронаи атрофу акнофи сайёраи Замин ва бурҷҳои коинот ҳам муяссар нахоҳад шуд.

 Муш агар китоб хӯрад…

«Хар агар Макка равад, омада мулло нашавад». Дониш аз тамошо ва дидани раққосаҳои «нимбараҳна» ҳосил нагардад. Дониш бо шунидани суханҳои пуч ва бемағзи санъаткорони аз маънӣ дуршуда ва шаклбоз ба каф наояд.

Бо бадон ёр гашт ҳамсари Лут,

Хонадони нубуваташ гум шуд.

Дониш ба василаи «диплом»-харӣ ва бо дасти ходимакони тамаллуқгари ҳарфнавис, ки назару ақидаҳои дигаронро рӯбардор кардаву китоб сохта дар муқоваи он исми худ ё фармоишгарашонро сабт мекунанд ва ба ин василаҳо дипломҳои дараҷаи илмро соҳиб мешаванд, дар мағз ҷо нагирад.

Зи аҳли мадраса асбоби маърифат маталаб,

Ки нуктадон нашавад муш, агар китоб хӯрад.

Дониш тавассути сутудани маддоҳон ва ситоишгарон ба касе насиб нашавад.

Хор аз ранга задан настару наъно нашавад,

Оҳани сикка гаҳе нуқраву тилло нашавад.

Дониш моле нест, ки дарёфти он ба василаи роҳат бошад.

Зари беранҷ надидаст касе,

Гули бехор начидаст касе.

Дониш кӯҳеро монад, ки аз хам то фарозу қулла басо ҷару хорароҳ дорад. Ва башар дар хами ин кӯҳи пур аз лошахӯр зода шудаву ё ин кӯҳро убур карда ба пушти он, ки лошахӯронро ба он маҷоли гузашт нест, мерасад, ё тӯъмаи онҳо хоҳад гашт. Дониш қуллаи кӯҳест, ки аз баландии он тавон дидан, ки дар акноф чӣ баду неке туро иҳота кардааст. Ҳеҷ кас наметавонад ба қуллаи кӯҳе бе азоб ва ранҷ барояд. Ва ҳеҷ фарди дар пастӣ истода наметавонад атрофу акнофи худро бубинад. Ҳамин посбони сари диж аст, ки омадани душманро мебинад ва барои дафъи ҳаводис бонг мезанад.

Зиндагӣ ҳамин аст. Ҷомеаи инсонӣ ҳам ҳамин. Давлату давлатдорӣ ҳам ҳамин. Агар ҷомеа аз парвариши рӯҳи фард ва ҷомеа барканор шуд, кори он хароб хоҳад гашт. Агар ҷомеа бар сари диж нест, омадани душмани худро дарк нахоҳад кард ва якбора чун ғизол бар даҳони пурмехи шеру паланги хунхор хоҳад буд. Агар ҷомеа аз парвариши рӯҳонияти худ барканор рафт, ҳамин шавад, ки афроди он бозичаи дасти дунё хоҳад гашт. Ин маъниро ояи 7-и сураи Имрон хуб таъриф карда: «Мардумро ороиши хуби шаҳавоти нафсонӣ, ки иборат аз майл ба занҳо ва фарзандон ва ҳамёнҳои зар ва сим ва асбҳои нишонадори некӯ ва чаҳорпоён ва мазореъ (хок, замин,- М. Н.) аст дар назар зебо ва дилфиреб аст, лекин инҳо ҳама матоъи зиндагии фонии дунё аст …».

Ниҳоят, худшиносӣ аз сӯи ҷузъ ба сӯи кулл ва баръакс аст. Афроди доноро мебояд дар кори худшиносии ҷомеа ақлона талош варзад. Ҷомеаро мебояд дар худшиносии афрод саҳм гирад. Дар ин майдон, табиист, ки имкони мутлақ дар дасти ҳокимият аст. Имкони фард нисбист.

 «Говҳои хароб» наздиканд, «хӯшаҳои зард» ҳам

Ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон гирифтори мушкилоти зиёди назариявӣ, иқтисодӣ ва хоҷагидорист. Ба мухтасар, имрӯз Тоҷикистон дар гирдоби тамаддунҳо ва фарҳангҳо саргардон аст. Аз ночорӣ ба сӯи тамаддунҳои худӣ меравем, то моле барои дарак додан аз ҳастии худ ба лафзи фахр кашем. Ба ин хотир, дастамон аз домани Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҷомӣ, Ҳофизу Камол, Беруниву Хусрав канда нест. Аммо, ин ҳама гузашта аст. Онҳоро ҳам бар чашмашон нил кашонидему зери пойи пил афгандем, аз зодгоҳ ба ғурбати Табрезу Юмгон маҷбур намудему имрӯз рӯҳашонро барои шарафмандии ҷисмҳои рӯҳмаризи худ ором намегузорем.

Гоҳо беҳунарона мехоҳем маърифати кунунӣ биороем ва аз ҳосили он фарҳанг эҳё намоем. Тавонамон заифӣ мекунад. Гоҳе худро ба фарҳанги «дунявӣ» мезанему гоҳо ба «динӣ». Ҳамин ноустувории маданӣ дар ҷомеа табақасозиҳоро авҷ гиронидааст. Табақагироиҳо зиддиятҳоро меафзояд. Зиддиятҳо фитнаро эҷод мекунанд ва ҷомеа «сарикалобагум» мегардад. «Сарикалобагумӣ» заминаи харобӣ ва шикаст аст. Иллати ин ҳама дар чист? Иллат он аст, ки дар ҷомеаи мо дониш арзиши худро аз даст дода. Мо «Юсуфҳои канъонӣ»-и «кофар»-ро аз «қаъри зиндон»-ҳо берун карда, дар амирии «Миср» таъин намекунем. Мо чун Мисриёни фиръавнӣ ба худосозӣ машғулем. Аммо мисриён «таъбири хоб» карданд. Мо «хобҳоро таъбир» ҳам нахоҳем. «Говҳои хароб» наздиканд, «хӯшаҳои зард» ҳам. Фақат мо бехабарем.

Дониш моли тиҷорат гаштааст ва маншаи такаббури ҷисм. Дониш аз рӯҳи парваришгари худ бегона аст. Барои супоришгарон аҳли тамаллуқ ва «ризқгадо» китоб менависанд, китобҳои «илмӣ», баёзҳои шеър, рисолаҳо барои дараҷаҳо. Шоирони фирдавситабиат аз боғҳои шеър ронда мешаванд. Шаҳодатномаҳои шоирӣ ва олимӣ ҷои шеър ва илмро гирифтааст. Қоидаҳо низ эҷод гардида. Қоидаҳои дифоъ аз манофеи «шаҳодатнома»-дорон.

 Бозии «парид — парид»-и сардор

Чун воқеият ҳосилест, ки онро инсони заиф наметавонад ба нобудӣ занад, гоҳо аз ин ҳоли нофорами хеш огоҳ мешавему иллат меҷӯем, ки чаро ҷоҳилем. Ҷое телефонҳои мобилиро маншаи бесаводӣ дониста, ба муқобили он хурӯҷ мекунему ҷое «Мерседес» ва «Опел»-ҳоро. Вале боре ҳам ҷуръат намекунем қоил бошем, ки иллати кифояти афзоиши бесаводиҳо дар он аст, ки «аҳли савод»-ро аз саҳнаи дониш ва фазилат ба канор мезанем. Зеро донишманд тамаллуқ намекунад, дурӯғро рост гӯён қарсак намезанад. Фозил қоидаи бозии «парид — парид»-и ҳузурии сардорро риоят намекунад ва ҳеҷ гоҳ ба ҳукми мири бозӣ, ки гуфт: «Агар сардор гуфт, ки шутур мепарад, пас мепарад», итоат надорад. Дар саҳифаи нашрияи «Омӯзгор», №14, аз 3-юми апрели соли 2009 муҳовараеро ба исми «Ҳуш ба телефону калла холӣ» мутолиа намудам. Телефони мобилиро сарчашмаи «каллаҳои холӣ»-и муҳассил эълон кардем. Ин андешаҳо баҳсноканд. Телефони мобилӣ, ба андешаи мо, ганҷест, ки қисмате аз он бар дасти «саррофони гавҳарношинос» уфтода. Чун маданият, фазл ва худшиносӣ надорем, аз ин ихтироъи навини илм наметавонем ба фасоҳат истифода кунем. Чун василаи болобароии ҷомеа «ҷӯра», «хулқи бадаҳонобгирӣ», «тамаллуқ», «пул», «мусоидат» гаштааст, ҷавонон ҳам аз дунболи ҳамин «дороӣ»-анд. Як далели исботи сухан дар ин мақола дар мавриди «ба ҳукми ҷазо» додани телефонҳои мобилӣ ин аст, ки «дар баъзе кишварҳо истифодаи онро барои донишҷӯён манъ кардаву дар баъзе маҳдуд». Ин далел қаноаткунанда нест. Мо, ки асбоби нусхагир нестем, балки ҳушу завқ ва ҳассосияту ақлонияти худро бояд дошта бошем. Ва агар мехоҳем чун як қавми зиндаву солим изҳори назар кунем, бояд ба истидлолҳои ҳуввияти қавмии худ сухан гӯем, на ба он ки дигарон чӣ карданду мекунанд. Далели дигари исботи сухан дар ин муҳовара он аст, ки «бо хулосаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, хулосаи олимони Шветсия» телефонҳои мобилӣ омили пайдоиши бемориҳои саратон ва саратони мағзи сар» буда, «бо тавсияи департаменти тандурустии Британияи Кабир ва Ассотсиатсияи экологии Олмон истифодаи телефони мобилӣ барои хурдсолон манъ аст ва дар мактаб мамнӯъ».

 «Хулосаҳои илмӣ»-и эҷодгарони «вирус»-у «антивирус»

Баъд аз он ки «чархофалак»-и Амфитеатр ба замин чаппа шуд, аз нафароне ин латифаро мешунидам: Масолеҳи сохтмониро барои чунин амали зарароварашон ба додгоҳ (суд) доданд. Чун истинтоқи хокасанг (семент) шурӯъ шуд, ӯ чунин эътироз кард: «Ман, ки аз сохтмони чархофалак хабаре надоштам ва дар кори он ширкат наварзидам, чаро ба истинтоқ кашида мешавам?».

Ва агар телефони мобилӣ чунин даъворо ба миён гузорад, ки: Бемории саратон, ки пеш аз ман дар тамоми вуҷуди инсон амал дошт ва баҳои шумо ҷуз тӯҳмат чизе нест, чӣ хоҳем гуфт?

Сари як мантиқ андеше намоем. Чунон ки дар саҳифаи итернет дар мавзӯи зарари телефонҳои мобилӣ ҷавоби илмие пешниҳод шудааст, агар мавҷҳои электромагнитӣ асоси саратон бошад, чаро танҳо донишҷӯйро зарар мекардаасту дигар табақаҳоро не? Хеле аҷиб аст. Мо ҷавононро аз офати телефонҳои мобилӣ дифоъ мекунем, вале худ ба ин бало дониста меравем? Агар дар хотимаи муҳовара навишта мешуд, ки «муллоро ба гуфтааш раву ба кардааш не», шояд сари масъала нуқта гузошта мешуд. Агар асбобҳои дорои мавҷҳои электромагнитӣ зиён доранд, пас, мебояд аз истифодаи телевизор, печҳои дорои мавҷҳои хурд, (микровольновая печь), компютер даст кашем. Вале чӣ мантиқест, ки ҷавононро ба олами компютер ҳидоят мекунем, компютер ва интернетро манбаи дониш мехонем, вале телефонҳои мобилиро омили «каллаҳои холӣ» мешуморем. Кори танқидгарони «зарари телефони мобилӣ» кори эҷодгарони «вирус» ва «антивирус»-ро мемонад, ки майдони тиҷорати худро маҳз дар ин майлон пайдо кардаанд. Пас, мо соддалавҳона нашояд фирефтаи ин «хулосаҳои илмӣ» гардем.

Телефонҳои мобилӣ чун компютеру дигар асбобҳои навэҷоди хурдмавҷ мебошанд, ки, албатта, зарар ва суди худро доранд. Дар олам ҳеҷ мавҷуде нест, ки «мутлақ бад» ва ё «мутлақ хуб» бошад. Чун асалро аз андоза зиёд истеъмол кардем, зиёни он хоҳад расид.

Пас, агар мехоҳем худшинос бошем, фахри Беруниву Сино гардем, сари қуллаи кӯҳ расем, аз ҷанаси «каллаҳои холӣ» наҷот ёбем, телефонҳои мобилиро маломат накунем, балки ба насламон истифодаи оқилонаи онро биомӯзем, ахлоқи фарҳангиро дар онҳо тарбият намоем, ки роҳ ба сӯи ин мақсуд як аст: Дар пояи арзиши худ ҷой додани дониш ва донишманд.

 Муаллимони соҳибтаҷрибаи «калӯшфурӯш»

Шӯравӣ дар оғоз «куртаи сафед»-ро ба муаллим дод, рушдаш аз «рушди арифметикӣ» ба рушди «алҷабрӣ» расид. Чун «куртаи сафед»-ро аз муаллим гирифт ва ба «раиси колхоз» дод, «кораш ба якборагӣ шуд».

Муаллим таҷассуми дониш аст. Имрӯзҳо аз ҳисоби буҷаи давлат даҳҳо ҳазор маблағро барои тайёр намудани муаллим харҷ мекунем. Қабули ихтисоси омӯзгорро имтиёзнок кардаем. Аммо дидан ва шунидан намехоҳем, ки ҳазорҳо муаллимони босалиқа, соҳибтаҷриба дар бозор «калӯш» мефурӯшанд, мардикори бозорҳои шаҳру деҳотанд, ароба мекашанд ва ё мардикори хориҷи кишваранд. Кор то он ҷо расида, ки пешниҳод дорем, ки хатмкунандагони педагогиро ки муддати муайян тарки касб мекунанд, ба суд бояд дод. Аслан, ки ҳамин бонг «ба доно ишорат аст». Мақолест: «Сагро зӯран ба шикор бурда намешавад». Муаллимро ба василаи ҳифзи иҷтимоъ, дифоъ аз маънавиёт, арҷгузорӣ дар ҷомеа ба майдони тадрис ҳавсманд бояд кард. Чунон бояд кард, ки «барои як ҷойи муаллимӣ ҷанг шавад». Имрӯз, ки аз муаллими мактаби олӣ то миёнаи махсусу умумӣ «бо зарфҳои каҷкулӣ» «рӯ ба печкапулӣ», «пардапулӣ», «рангпулӣ» ва дигар «…пулӣ»-ҳо овардаанд ва муваффақтарин «сайд»-и ташкилотҳои зиддикоррупсия гаштаанд, чӣ гунае метавонем «каллаҳои холӣ»-ро «пур» кунем, агар рамзи дониш — муаллим дар ин мақом қарор дорад? 

Дар арсаи сиёсат Тоҷикистон давлатест, ки намехоҳад ба «бозиҳои ғиромона»-и ҷаҳонӣ ворид шавад. Аммо ӯро бозигарони «ғиромбоз» бар ин иҷозат намедиҳанд. Мо қудрати ҳарбӣ надорем, ки сари роҳи «базӯрбозон» ниҳем, то моро ба ҳоли худ гузоранд. Чӣ кунем? Бо кӣ бошем?

Назари васеъи худро дар ин мавзӯъ ба гуфтори дигар мегузоем. Ин ҷо танҳо ба як масъала қаноат мекунем.

 Дунболи зарбозони «динӣ»-ву «дунявӣ»!?

Тоҷикистонро мебояд ва ногузир аст нодонӣ ва ҷаҳолати ҷамоатиро аз байн бибарад. Халқи ҷоҳил дар майдони маккорон худ душмани худ аст. Дороро Искандари Мақдунӣ бо хиёнати ҷондоронаш кушт ва лашкари бенуфуси ӯро бо сеҳазорааш шикаст.

Иттиҳоди мардуми доно ва ҳушёри Тоҷикистон ва тоҷикистонӣ бо ҳукумати сиёсии Тоҷикистон гарави саломат ва амон аст. Агар мо доно бошем, дунболи зарбозони «динӣ»-ву «дунявӣ» нахоҳем рафт ва бо қурси ҷавини худ дар атрофи роҳбарияти кишвар зич хоҳем истод. Агар ин нест, вой бар мо…

Аммо барои доно шудани мардум чӣ бояд кард?

— дониш ва донишмандонро аз «зиндон»-ҳо бар сари «аморатҳои мисрӣ» бояд кашид. Роҳбарони шаҳр, навоҳӣ, вазорату идораҳоро паиҳам иваз мекунем, аммо аз навомадагон навие нест. Баайбрафтагон муҷозоте надоранд;

— зоҳиргароии «дипломдорӣ»-ро бояд аз байн бурд ва дипломҳоро бо тафаккур қиёс ва муносиб бар он сари кор таъин бояд кард;

— баҳофурӯшии макотиби ҳамагонӣ, миёнаи махсус ва таҳсилоти олиро сахттарин ҷиноят таъин бояд кард. Албатта, шарту шароити омӯзгорро ба ҳоли эътидол оварда;

— аз санъати шаклгароёнаи тамаллуқкор ва хушомадгӯ даст бояд кашид. Суруд ва мусиқӣ бояд танҳо ва танҳо дар асоси мазмун ва мундариҷаи баланд дар майдони ҳунар роҳ ёбад. Худо нигаҳ дорад, ки гирифтории санъати шаклӣ ҳокимияти худро бар сари мазмун мутлақ нагардонад, агарчи ин наздик воқеъ шуда;

— кори садову симо (оинаи нилгун) ба кулл ислоҳ мехоҳад. Аз намоишҳои зоҳиргароёна дур бояд шуд. Ҳамин симо (оинаи нилгун)-и мо хуб нусхабардорӣ аз барномаҳои оинаи нилгуни хориҷ мекунад. Аммо чиро? Ҳаминро: «Зоҳири Масрур -аз маҳаллаи 103, махсус барои барномаи ахбор». Агар ин Масрур дар маҳаллаи 103 сарашро баланд дорад, кулли шаҳр ӯро мебинад. Инсоф, марзи Тоҷикистон марзи Русия нест!

 Чашми тоҷик бегона мешавад

Боре биандешем. Магар Русия аҳмақ аст, ки намоишҳоеро чун «Пусть говорят», «Вокруг света», «Судебные страсти», «Час суда», «Федералный присяжный суд», «Клуб весёлых и находчивых», «Час пик» мавриди назари васеъ қарор дода? Алалхусус, се барномаи судие, ки дар оинаи нилгуни Русия намоиш дода мешавад, барои бедорфикрии ҳуқуқии ҷомеа кореро мекунад, ки онро 100 донишгоҳу 1000 ҷилд китоб ва 100000 рӯзномаву маҷалла дар зарфи 100 сол адо намекунад.

Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд эълон шудааст. Барои татбиқи ин мӯҳтаво мо чӣ коре кардем? Нархи қонунномаҳо баробар ба музди миёнаи меҳнат, нархи рӯзномаҳо аз он бадтар, мардум аз паи рӯзӣ андармон, барои хондан вақт басо маҳдуд. Ҳамон чанд соате, ки сари хон ҳастем, намоишҳо як: рақс-суруд, рақс-суруд. Ва боз чи рақсҳоеву чи сурудҳое (дар истиснои андаке). Ҳамин суолро чӣ чавоб аст? Чаро каналҳои телевизионии Тоҷикистон як намоиш (хоса намоишҳои сиёсӣ)-ро чанд рӯзе пайи ҳам такрор ба намоиш мегузоранд? Мурод чист? Барои ба самъи ҳама расонидан? Хатои маҳз аст. Бо ин амал танҳо чашми мардум аз оинаи нилгуни тоҷик бегона мешавад. Мавҷгирҳои кайҳонӣ ба ин имкон медиҳанд, ва:

Сухан гарчи дилбанду ширин бувад,

Сазовори тасдиқу таҳсин бувад.

Чу як бор гуфтиш, магӯ  бозпас,

Ки ҳалвош хӯрдан ба як бор бас.

Бас мавриде бо иштироки муҳассили макотиби олӣ ва ҷалби ду  —  се устод сӯҳбат дар мавзӯъҳое доир мегардад. Суханҳо соддалавҳона, таҳлилҳо рӯякӣ ва зоҳиргароёна, бе омодагӣ ва муғлақу каммағз. Мавзӯъҳо аз арш, вақто ки фарш ҳамвор нест. Худситоиҳо ва ман-маниҳои бемоя дар самоъ. Нутқи наттоқон чун ҷомаи ямоқӣ. Забони шева бо забони адабии ба он хӯнакарда басо хунук. Басо суханҳоро гӯё «робот»-и «Зани оҳанин»-и Убайдулло Раҷаб ифода мекунад. Ахбори як ҳафта пеш аз «Евронюс» шунидаро акнун чун «хабарҳои тоза» мешунавем.

 Бонги изтироб мезанем…

Фазои Тоҷикистонро фазои ризоияти миллӣ намудан танҳо бо роҳи сохтмони ҷомеаи ҳуқуқбунёди воқеии (ҳол он ки ҷомеаҳои ҷаҳонӣ ба сохтмони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаштаанд) демокративу фарҳангӣ муяссар мешавад. Мо бар ивази ин аз ташкили мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, иқтисод бонги изтироб мезанем. Ин хайр нест. Бигзор кулли мардум ҳуқуқдон бошанд. Он гоҳ сиёсати Президенти кишвар дар мубориза алайҳи коррупсия хубтару босамартар амалӣ хоҳад шуд. Он гоҳ халқи доно мансабдори ба сиёсати Раиси Ҷумҳур «чаправ»-ро ба соддагӣ имкон намедиҳад, ки «худаш шоҳу табъаш вазир»-ӣ кунад. 

Ба он иқрор бояд кард, ки мо барои ба фарзандон мерос мондани суратҳисобҳои хориҷӣ қарздор нестем, аммо барои ба миллат мерос мондани кишвари обод, рӯҳи тавоно ва зираки миллӣ, озодии иқтисодӣ, новобастагии Ватан сахт қарздорем. Ҳар ки дар ин роҳ содиқ бошад, агарчи чун Нусратулло Махсум ва Шириншоҳи Шоҳтемур қурбон шавад, миллат ӯро «ноилоҷ» ба курсии қаҳрамонӣ хоҳад нишонд.

 Муҳаммадалии НУРАЛӣ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Шамсудин
    Декабрь 28, 2010 в 11:28 дп

    Мо ба дасти хеш мулки хеш вайрон кардаем,
    Хам гарибу нотавону хеш сарсон кардаем,
    Миллати Точик таърихи кухан дорад вале,
    Такя бар таърихи Шохи Оли Сомон кардаем,

  2. Мухаммад
    Октябрь 10, 2011 в 11:02 дп

    бародархо гапхои хамаато тугри лекин манба Орзу Исоева агенташ даркор кадоме донад илтимос равон кунед.

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: