Главная > Uncategorized > «Худованд мӯҳтоҷи мо нест»

«Худованд мӯҳтоҷи мо нест»

Мусоҳибаи хабарнигорони «Пайкон» бо мудири шӯъбаи фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қобилҷон БОЕВ

— Омадани моҳи шарифи Рамазонро ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми мардуми Тоҷикистон муборак мегӯем.

— Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон ва дуруд бар паёмбару хонадони ӯ. Ҳамаи мардуми чумҳуриро ба фарорасии моҳи Рамазон табрик ва таҳният гуфта, аз Худованд хоҳони он ҳастам, ки дар хонадони мардуми мо ва мардуми тамоми олам файзу баракоташро ато бифармояд.

— Таври маълум, Рамазон имсол дар Тоҷикистон аз 22-юми август фаро мерасад. Дар баъзе кишварҳои дигар, аз қабили Русияву Туркия бошад, аз 21-уми август. Мардуми тоҷик ба ҳисоби ходимони дин дар мавриди муайян кардани ин рӯз таваҷҷӯҳ доранд. Ин ҷузъиётро метавонед муфассалтар шарҳ диҳед? Ва оё чунин тафриқа сабаби нофаҳмиҳо намегардад?

— Чунончи ба мо маълум аст, имсол моҳи Рамазон ба 22-юми август рост омадааст. Ва дар баъзе кишварҳо рӯзи 21-ум, яъне рӯзи ҷумъа. Ҳадиси паёмбар аст, ки «Шумо ҳилоли моҳро дидед, рӯза доред, ҳилоли моҳро дидед, ид кунед». Ба ҳамин хотир, Тоҷикистон аз баъзе давлатҳо, ба мисли Туркия фарқ мекунад. Агар дар як минтақа моҳро дидаву ба дигар минтақа бо воситаи телефон дар тамос шаванд, ки моҳро дидем, ин дуруст нест. Дар он минтақа иҷоза нест, ба он хотир, ки дар он кишвар моҳро надидаанд. Аз рӯйи ҳисобҳои шамсӣ — қамарӣ, аз мо дурусттар аст, ки Рамазон дар рӯзи 22-юми август омадааст.

— Моҳи Рамазон моҳи муборак аст ва дар ин моҳ мардум бояд забони худро аз ҳар гуна дашному қабеҳгӯйӣ барбанданд ва қалбҳои худро аз кинаву ғайбат пок созанд. Бовар доред, ки ин нозукӣ аз ҷониби ҷомеаи имрӯз амалӣ мешавад?

— Рӯза доштан хоса ба нахӯрдану наошомидан нест. Худованд мӯҳтоҷ ба нахӯрдану наошомидани мо нест. Рӯза доштан канора ҷустан аз дашному ғайбату бӯҳтон аст. Яъне, забонро аз тамоми гапҳои ношоям бояд нигаҳ бидорем. Моҳи Рамазон моҳест, ки гуноҳҳои инсон дар ин моҳ омӯрзида мешавад. Маънои «рамз» сӯхтан, гудохтан аст.

— Моҳи Рамазон моҳи саховатмандӣ ҳам ҳаст. Пас дар ин моҳ ба кадом табақаи одамон ва чӣ гуна бояд кӯмак расонд?

— Дар моҳи Рамазон агар касе хайр кунад, дар номаи аъмолаш аз даҳ то ҳафсад дараҷа подош мегирад. Ё ду ракаъат намози нафл бигзорад, Худованд баробари ҳазор ракаъат намози нафл китобат мекунад. Ба ҳамин хотир, давлатҳои ҷавон, ки имконияти молии зиёд надоранд, дар моҳи шариф хайру саховат мекунанд. Дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ ифтор медиҳанд ва мушоҳида мекунӣ, ки дар ин ифтор шахсони сарватманд ҳузур доранд. Дар ҳоле, ки додани ифтор барои камбағалон аст.

Дар маконе, ки камбизоатон набошанд, ифтор бояд ба хонаҳои бепарасторон ва ятимон дода мешавад.

— Маълум аст, ки вақте моҳи шарифи Рамазон медарояд, дари аксари ошхонаву тарабхонаҳо баста мешавад. Онҳое, ки фаъолият мебаранд, бо хизмат ба мизоҷон баробари ҷамъ кардани пул дар номаи аъмолашон чӣ савобу гуноҳеро мӯл месозанд?

— Ошхонаҳое, ки дар моҳи рамазон ба додани таом машғул мешаванд, агар мақсадашон ҷамъ намудани сарват бошад, дуруст нест. Ва ин гуна афрод дар назди Худованд гунаҳкор мешаванд. Ва шахсони маризе, ки узр доранд барои доштани рӯза, бояд аз шахсони рӯзадор пинҳонӣ таом хӯранд. Дар моҳи Рамазон аксари тарабхонаҳо ва ошхонаҳо фаъолият мекунанд ва мутаассифона ин дар маркази ҷумҳурӣ бештар ба назар мерасад.

— Баракати Рамазон аст, ки тайи як моҳ дар рафи дӯконҳову бозорҳо нӯшу неъмати дунё фаровон мегардад. Аммо муҳим ин аст, ки дастрасии мардуми камбизоат ба он имконпазир бошад. Яъне, нархҳо поён раванд…

Дар тамоми давлатҳои ҷаҳон ва давлатҳои ғайриисломӣ ҳам дар моҳи Рамазон нархҳо пойин мераванд. Ҳатто дар Амрико нархи маҳсулот аз 5 то 10 фоиз арзон мешавад. Дар мо бошад, аллакай нархи шир 5 сомонӣ шуд. Мевагиҳо низ. Дар моҳи Рамазон агар нархро боло баранд, баракат гум мешавад. Ана ҳамин аст, ки як тоҷири тоҷик бой намешавад. Агар шавад, ба зудӣ муфлис мешавад.

Оид ба пешгирии фурӯши машруботи спиртӣ ва истеҳсоли он дар Тоҷикистон дар моҳи Рамазон аз ҷониби қозиёт ягон чора андешида шудааст?

— Аз ҷониби марказ ягон чора андешида нашудааст, зеро дар ин ҳол хилофи қонун амал мекунем. Машрубот моли корхонаи истеҳсолист, вале дар ин моҳ истифода бурдани он дуруст нест. Шӯрои уламо  27 нафар аъзо дорад ва дар маҷлиси навбатӣ ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор дода, аз натиҷааш ба мардуми шариф иттилоъ медиҳем.

Як чизи дигарро ҳам бояд қайд намоям. Овозае ҳаст, ки гӯё роҳбари давлат рафтани мардумро ба зиёрати хонаи худо манъ кардааст ва пешниҳод намудаст, ки ба ҷои зиёрат ба камбизоатон кӯмак намоянд. Ин овозаҳо беасосанд. Президент дар як суханронияш гуфта буд, ки шахсоне, ки бори сеюм ё чаҳорум ба зиёрат мераванд, бояд маблағашонро ба фақирон сарф намоянд.

Умуман, киҳо бояд рӯза бигиранд ва киҳо нагиранд?

— Барои духтарон аз 9-солагӣ ва барои писарон аз 12-солагӣ рӯза гирифтан фарз аст, то дами марг. Иҷозаи гирифтан ё нагирифтани рӯзаро барои инсонҳо Худованд дар китобаш фармудааст. Ба шахсоне, ки ба сафари дур мераванд, модароне, ки фарзанд таваллуд мекунанд, хоҳароне, ки узри занона мебинанд ва баъди пок шудан рӯза фарз мегардад, бемороне, ки қувват надоранду агар рӯза гиранд, беморияшон авҷ меёбад, ислом иҷоза медиҳад баъди бартараф шудани вазнинӣ рӯзаи қазоӣ гиранд.

— 23-юми август бозиҳои ҷоми футболи Тоҷикистон оғоз мешавад. Чун ҳаво гарм аст, барои варзишгарон рӯза доштан душворӣ мекунад. Барои онҳо ягон имтиёз ҳаст?

— Шариат инро иҷоза намедиҳад, ки барои гузарондани як мусобиқа фарзи динӣ тарк шавад. Агар шахсе ният кард ва рӯзаашро хӯрд, гунаҳкор мешавад. Агар ният нокарда ба бозӣ машғул шавад, баъди моҳи Рамазон бояд рӯзаи қазояшро гирад.

Ҷараёни «навбаромад»-е бо номи «Ҷамоаи таблиғ» пайдо шуда. Ин ҷараён чӣ гуна равия аст ва шахсоне, ки ба ин ҷараён шомиланд, чӣ мақсаде дошта метавонанд? Умуман таъсири онҳо ба ҷомеаи Тоҷикистон махсусан дар як моҳи Рамазон чӣ хатар дорад?

— Албатта мо аз барномаи кории «Ҷамоаи таблиғ» хабардор набудем. Тариқи телевизион огоҳ шудем, ки як гурӯҳи чанднафараи онҳоро дастгир карда, ба маҳкама кашидаанд. Соли 2006-ум қарори суд баромада буд, ки тибқи он на ҳар мулло миёни мардум ба тарғибу ташвиқ машғул шуда метавонад. Пеш аз таблиғ бояд аз умури дахлдор иҷоза гиранд, ё номнавис шаванд. Яъне, бояд маълум бошад, ки дар фалон минтақа бо мардум сӯҳбат мекунанд. Агар мувофиқа бо вазорат нашуд, пас ин гуна афрод ягон ҷосусанд. Ва рости гап, мо бо чунин нафарон вохӯрӣ накардаем.

— Ду сол пеш, вақте равияи «Салафия» фаъолияташ шиддат гирифт, аз тарафи Шӯрои уламои ҶТ ягон вокунише ба миён наомада буд. Ва ин бетарафӣ аз ҷониби шумо дар матбуот ҳам зикр гардида буд. Баъдан чӣ вокунише нишон дода шуд? Ва баъд, чун моҳи шарифи Рамазон наздик аст, шояд мушокирати салафиҳои кишвар дар масоҷиди ҷумҳурӣ афзояд. Ба дигар тариқ намоз гузоридани онҳо норозигии дигар мардумро ба бор намеорад?

Дуруст қайд намудед, ки дар матбуот ягон вокунише аз тарафи марказ дарҷ нагардида буд, зеро аз расонаҳо ягон нафар наомада буд, то дар ин хусус бо мо сӯҳбат кунад. Вале дар масҷидҳо бо намояндагони ҳукумат вохурӣ бо муллоҳо доир гардида буд. Ва бо шахсоне, ки дар ин ҷараён шомил гардида буданд, сӯҳбатҳо ороста гардид ва онҳо аҳд карданду аҳдро шикастанд.

Соли 2005 сарвари марказ бо роҳбари салафиҳо Муҳаммадӣ дар хонаи корияшон вохӯрӣ карда буданд. Шахсан худи ман дар масҷиди маҳаллаи Ғофилобод аз намози аср то намози хуфтан бо ин афрод вохӯрӣ доштам. Ба онҳо фаҳмондем, оромашон кардем ва баъдан мӯйсафедонро аз масҷид пеш карданд. Инҳо ҳама дурӯғгӯянд. Салафия роҳи фиреб аст ва ягон мазҳабро қабул надорад.

Мӯйсафеди 84-сола ба Маркази исломӣ омад ва гуфт, ки набераи 15-солааш ба як гурӯҳи салафиҳо шомил шудааст. Ва ба ӯ гуфтааст, ки «бобо, биё мусалмон шав!». Мӯйсафед 70 сол боз намоз мехондааст ва падари набераашро намозхон кардааст. Имрӯз ин набера намозхон шудааст ва ба бобояш мегӯяд, ки «бобо, биё мусалмон шав ва никоҳатро аз нав кун!». Фарз мекунем, ин мӯйсафед никоҳ надошт. Пас ин набера аз зино ба дунё омадааст. Пас, ӯ ҳаромӣ аст ва таблиғаш дуруст нест.

— Акнун баргардем ба мавзӯи асосӣ ва саволи ниҳоӣ. Шӯрои уламо барномае дорад, то ин ки тибқи он дар навоҳии кишвар сандуқҳои боваринок кушояд барои ҷамъ овардани закот?

— Ин барнома дар мо нест. Ба он хотир, ки мо ин ҳақро надорем. Давлати мо давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд аст. Дар бисёр масҷидҳо сандуқҳо аз тарафи мақомоти маҳаллии ноҳияҳо ташкил шудаанд ва дар ҳар иду ҷашнвораҳои динӣ ин сандуқҳо пур мешаванд. 

 Мавзуна АБДУЛЛOЕВА,  Аҳлиддини САЛИМПУР, БМСЖТ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: