Главная > Uncategorized > «Ҷонҳои мурда»-ро аз сиёсати Абдуллоев раҳонед!

«Ҷонҳои мурда»-ро аз сиёсати Абдуллоев раҳонед!

Бо ҳафтаномаи «Пайкон» аз шумораҳои №13-14 ошно шуда, ба он дил бастам. Махсусан мақолаи «Мо ба куҷо равонаем» —  нома ба курсидорон» ба ман бисёр писанд омад. Аммо дар шумораҳои №14-и «Пайкон» «Ҳукумати мӯйсафедон» ном мақолае дарҷ гардида будааст, ки онро мутолиа карда, ҳаловат бурдам. Ба ман орзуе пайдо шуд, ки чун сокини Душанбе — Одинаи Ҷӯра сухандону хушнавис бошам. Он ҷумлаву ибороте, ки дар «Пайкон» чоп шудааст, гӯё аз қаъри дили ман мавҷ зада баромада бошанд. Ва агар Одинаи Ҷӯра розӣ шавад, дар зери номаш номи маро ҳам ба ҳисоб гирад… Ман низ чун Одинаи Ҷӯра ба ҷуз Худованд ба касеву чизе, ё мансабе, ё савлате ниёз надорам. Аммо ба ҳаққу ҳақиқат ниёз дорам! Аз ин рӯ, мехоҳам аз ноадолатиҳою беҳуқуқиҳои  сокинони  деҳаи Қалъачаи Арбоби ноҳияи Ғончӣ ба қадри имкон нависам.

Аслан номи деҳа Қалъачаи Кӯлибой буда, аз соли 1937 Қалъачаи Арбоб ном гирифтааст. Ин деҳа 66-67 сол системаи колхозу совхозиро аз сар гузаронда, ба муваффақиятҳо ҳам ноил гаштааст. Сохтмони гаражҳо, молхонаҳо, анборҳо, чойхонаву мағозаҳо дар давраи шӯравӣ бунёд шуда буд. Солҳои 1994-95 деҳаи номбурда ғайр аз моли майда то 450 сар гову гӯсола дошт ва номи совхозаш «Гулистон» буд.

Мардуми деҳоти гирду атроф ҳавое ба сар доштанд, ки деҳаашон чун деҳаи Қалъачаи Арбоби ноҳияи Ғончӣ бошад. Зеро як нафар фарзанди фарзона, соҳибкори саховатпеша Баҳриддин Нуриддинов деҳаамонро  бисёр ободу зебо сохт, дар тамоми атрофи деҳа лотокҳо хобонда, роҳҳоро асфалтпӯш кард. Аммо ин созандагиҳои Баҳриддин Нуриддинов ба собиқ раиси ноҳияи Ғончӣ Абумалик Қаюмов маъқул наафтод. А. Қаюмов ба Баҳриддин бисёр фишорҳо оварда, ба худаш одами маъқул ёфту тамоми молу амволи деҳаро ба дасти Ҳамдамов Андақул супориданд.

Дар бораи ба чӣ аҳволу ба чӣ найрангҳо гирифтор шудани одамони бечора чизе намегӯям. Ҳамин қадарашро баён менамоям, ки деҳаи «овозаю дарвозадор»-амон ба харобию муфлисӣ гирифтор шуд. Намояндаҳои ҳамонвақтаи мақомоти ноҳия зуд ба деҳа ташриф оварда, маҷлиси калони умумихалқӣ ташкил карда, аз моҳи марти соли 1999 хоҷагии иҷоравии «Гулистон»-ро «банкрот» эълон намуданд. Хоҷагии   иҷоравии «Гулистон» — як деҳаи 980 гектар заминдору 473 хоҷагидор ба 7-8 қисми алоҳида ҷудо шуд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ташкил карданд. Аммо молу амволу заминҳо ба фазандони як деҳа баробар тақсим карда нашуд. Чаро? Ана ҳамин чаро ҷавоби мушаххас мехоҳад. Ба пиндори ман, ҳама айб айби мақомоти маҳаллист. Мақомоти маҳалии ноҳия талабу дархосту арзу шикоятҳои одамони бечораро ба ду пули пучак намегирад.

Ман дар мавриди ҳақиқат ёфтану дар бораи беадолатиҳо 3-4 маротиба бо раиси кунунии ноҳияи Ғончӣ мӯҳтарам Қаҳҳор Ойматов рӯ ба рӯ нишаста, сӯҳбатҳо кардаам. Дар 3-4-ум арзу шикоятҳоям «мӯҳтарам» Ойматов Қ. маро хуш қабул накарда, ба таҳдид гузашт. Хулоса, кор ба ҷое расид, ки қаламу қоғазро камтар ба кор даровардам. 2-юми декабри соли 2007 мақолаи танқидиеро дар бораи мақомоту раиси ноҳия Ойматов Қ. навшта, ба ҳафтаномаи «Фараж» фиристодам.                   Бисёр интизор шудам ва оқибат баъди гузаштани 88 рӯз, аз 28-уми феврали соли 2008 мақолаам бо сарлавҳаи «Таҳдиди хонандаю моҷаро дар Ғончӣ» ба табъ расид. Ҳама суханҳоям ҳаққу рост ки буд, мӯҳтарам Қаҳҳор Ойматов маро наздаш даъват накард ва бо ман сухане ҳам нагуфт. Аммо «хизматрасонаш» Абдуллоев (Ҳоҷӣ) Шароф ба ман чунон таъзиқу таҳқир расонд, ки ҳудуд надорад. ӯ нисбати ман, ки аз падараш Абдуллоев Асад 2 сол калонам, бисёр беҳурматӣ  зоҳир  намуд.                       

Айби асосии ман ин аст, ки раиси ноҳия Қаҳҳор Ойматовро танқид кардаам. Раиси ноҳия Қ. Ойматов ба ман чизе нагуфта бошад ҳам, ҳамдеҳаам Абдуллоев (Ҳоҷӣ) Шароф ба хотири нисбати раиси ноҳия садоқат доштанашро нишон додан, маҷлиси ҳуҷумкунанда тайёр карда, 4 соат маро интизор шудаанд. Зеро, ҳамон рӯзи интизориҳояшон — 15-уми марти соли 2008 пайи коре ба шаҳри Истаравшан рафта, соати 5-и бегоҳӣ ба деҳаамон баргашта будам. Баробари ба ҳавлӣ ворид шудан, писарам Абдураҳмон гуфт: «Дадо, то ҳозир 2 маротиба аз идора одам омада, таъин кард, ки додотон ба идора раванд будааст». Соати 17:00 ба идораи «роҳбарон»-и хизматрасону лабайкгӯякони мақомоти ноҳия ворид гаштам. Бинам, қариб 40 нафар бадбину ғайбатчиҳои ман ҷамъ шудаанд. Ҳамаашон, ки бо чашмони ғазаболуд ба ман менигаристанд, бо ягон нафар саломуалейк накарда, гуфтам: «Кӣ маро суроғ кард? Ба ман чӣ кор доред?». Депутати ноҳиявӣ, раиси Асоссиатсияи деҳа Абдуллоев Шароф гуфт: «Ман чор соат боз интизор шуда, даъват карда истодаам!». Ба маҷлисгоҳ ворид гаштам, ки писартағои (Ҳоҷӣ) Шароф Мирзомуродов Шодимурод мизи корияшро тартиб дода, ҳамон газетаи «Фараж»еро, ки дар он мақолаи ман чоп шуда буд, дар даст дорад.  «Марҳамат, Ашрафзода, биёед!»,- гуфт ӯ. Ҳамаи «нағзбинҳо»-и ман вориди маҷлисгоҳ шуданд. Шароф ба ман рӯй оварда, гуфт: «Амаки Мавлон, айб нест-мӣ, одами мӯйсафед ҳокими ноҳияро дар газета танқиди сахт кардед? Майлаш, маро танқид мекардед, ҳеҷ гап набуд. Шумо раиси ноҳия қати бозӣ карда истодаед!».

«Агар раиси ноҳия ба арзу шикоятҳои халқи бечора эътибор медод, кор ба ин ҷо намерасид. Барои ҳамин 4 соат боз барои ман маҷлис ташкил кардед?»,- гуфтаму дидам, ки баъзеҳо, ки дари даромадро бо пойҳояшон чун «шлагбаум» банд карда буданд, баромада рафтанд…

Акнун ба мақсаду масъалаҳои асосӣ гузашта, камтар аз кору корнамоиҳои депутат, раиси ассосиатсия (Ҳоҷӣ) Шароф бо факту далелҳо нақл мекунам. Тавре дар аввал баён карда будам, дар деҳаамон молу амвол ва тақсимоти саҳмҳои заминҳо нобаробар ва беадолатона тақсим карда шудааст! Масалан, хоҷагиҳое, ки раисаш Абдуллоев Шароф ба ҳар шахси саҳмдор 2 га 45 сотих, ба хоҷагии деҳқонӣ  (фермерӣ)-и «Баракат» ба ҳар шахси саҳмдор 2,45 сотих ва 5 гектар зимини захиравӣ тааллуқ дорад. Ба хоҷагии деҳқонии Нуриддинов Н. ба ҳар саҳмдор 2,36 сотих, ба хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)-и «Умед» ба ҳар саҳмдор 2,05 сотих. Муқоиса кунед! Чаро хоҷагиҳо дар як деҳа ҳастанду  саҳми замин баробар тақсимот нашудааст?

Аз ҳама заминҳо саҳми заминҳои «Умед» кам аст. Ба ин нигоҳ накарда, (Ҳоҷӣ) Шароф ба аъзоёни «Умед» 8 сол боз ғазаб карда, 8 га 20 сотих замини ҳаққи ҳалоли ин хоҷагиро ғасб намудаву бо хешу ошноҳояш истифода бурда истодааст.

Оқибат корд ба устухон расиду аъзоёни саҳмдори хоҷагии деҳқонии «Умед» ба раиси ноҳия ва ба сардори Кумитаи заминсози ноҳия, ба Сатторов Аслонбердӣ ариза пешниҳод карданд. Дар асоси аризаи  аъзоёни «Умед», аз 21-уми апрели соли 2008 бо Қарори №187 Кумитаи заминсозии ноҳия замини «Умед» будани қитъаи замини фермаи чорводории Қалъачаи Арбобро тасдиқ кард. Абдуллоев Шароф аз қарори Кумитаи заминсозии ноҳия норозӣ шуда, ба Суди иқтисодии вилояти Суғд даъво пешниҳод кард. Дар асоси даъвои Абдуллоев Шароф аз 15.08.2008 сол бо парвандаи №2-336/2008 бо раисии Шарипов Р.З. ва котибии Рашидов А.Н. масъала ба фоидаи хоҷагии деҳқонии «Умед» ҳаллу фасл гардид.

Абдуллоев Шароф ба ҳукми Суди иқтисодии вилояти Суғд норозӣ гардида, боз ба Суди апелятсионии вилояти Суғд муроҷиат кард. Суди апелятсионии вилояти Суғд бо қарори №5013, аз 10-уми октябри соли 2008 боз 8 га 20 сотих заминро бо парвандаи №2-336.08. №А-31.2008 дар ҳайати раисикунанда Кенҷаева М.Х., судяҳо Розиқова Р.М. ва Бадалов  М.М. даъво боз ба фоидаи «Умед» ҳал шуд.

Абдуллоев боз ба Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзу шикоят бурд. Боз Суди олии иқтисодии ҶТ аз 16-уми декабри соли 2008 таҳти №12/485 даъвоҳои беасоси Шарофро рад карда, корро боз ба фоидаи «Умед» ҳал намуд.

Акнун худ қазоват кунед! Оё инсони инсофдор чунин кору рафтор мекунад?…

Моҳи феврали соли 2009 иборат аз 12 кас, аз ҷумла 4 нафар мӯйсафеди 75-84-сола бо чор мошини сабукрав боз ба мақомоти ноҳияи Ғончӣ омадем ва вобаста ба ҳал нашудани масъалаи замин муроҷиат кардем. Бо супориши сардори Кумитаи заминсозии ноҳия Сатторов Асланбердӣ одам омад. Замини баҳснокро аз 15-уми феврали соли ҷорӣ 96 саҳмдори хоҷагии деҳқонии «Умед» 0,08(ҳашт)-сотихӣ тақсим карда гирифтем. 22-юми феврал 0,28 га замини ба мо расидаро бо писаронам ҷави суллӣ коштем. Шароф дар вақти бо трактор заминро шудгор карданам намояндааш — Мингбойро ба наздам фиристода, таъкид кардааст, ки заминро накорам. «Ваколатдор» бо дӯғу диранги бисёр аз наздам рафт… Баъди гузаштани 6 рӯз Исоқова Шарифа ном зан трактор оварда, ҳиссаи расидаашро зағир кошт. Боқимонда 94 нафар одамони саҳмдор аз  сиёсату депутатии Абдуллоев Шароф тарсида, дар замини 8-сотихаи худ чизе кошта натавонистанд.

Абдуллоев Ш. ба ду-се нафар ҷосусонаш  хитоб карда гуфтааст, ки «кадом шахсе, ки дасту мақомаш бошад, ё муштзан бошад, марҳамат бо ман мубориза бурда, соҳиби замин шавад!». Дар ҳақиқат гапҳои (Ҳоҷӣ)  Шароф ҷон дорад. Зеро, чун раиси ноҳия Қаҳҳор Ойматов ҳимоятгару пуштибони зӯр дорад. Даъвои саркафидаю даступошикаста ба ду пули пучак арзиш надорад. Хусусан дар деҳаи Қалъачаи Арбоб ҳаққу ҳуқуқи одамони бепулу бепушту паноҳ чунон поймолшудааст, ки баъзе одам ҳатто 3-4 сол гузашта рафта истодаасту замини наздиҳавлигиии худро истифода бурда наметавонад. Одамони пулдору пушту паноҳдор ба заминҳои наздиҳавлигӣ соҳиб шуда, манзилу хона сохта, дар хонаҳояшон зиндагӣ доранд. Аммо одамони бепул аз давутоз хастаю дилгир шудаанд.

Бояд мақомоти ноҳияи Ғончӣ (гуфти худҳошон) ғамхору хизматгори халқ бошад. Аз ин рӯ, талаби мо иборат аз 5 масъала аст:

1)      Моҳи август ба охир нарасида, ҷонҳои мурдаро аз сиёсату зӯриҳои Абдуллоев Ш. халос карда, замини баҳснокро тезтар ба соҳибони аслияш тақсим намоянд.

2)      Аъзоёни хоҷагии деҳқонии «Умед» аз молу амвол ба дирҳаме соҳиб  нашудаанд. Бояд каме бошад ҳам, молу амволи талаю тороҷгаштаи ин аъзоён аз ҳисоби наҳангҳои носерам рӯёнда дода шавад.

3)      Замини наздиҳавлигие, ки 3-4 сол боз одамони бепушту паноҳ аз ҳосилгирӣ аз онҳо маҳрум гаштаанд. Бояд ҷубронро пардохта, тезтар замини бечорагонро диҳанд.

4)      Раиси ноҳия Ойматов Қ. бо мақомоти дахлдори вилоятӣ ба деҳаамон ташриф оварда, маҷлиси умумӣ барпо намоянд ва ба халқ эълон кунанд, ки дигар ба аъзоёни ҷабрдидаи «Умед» кордор намешаванд. Шароф аз одамони ҷабрдида бояд узр пурсад.

5)      Абдуллоев Ш., ки замини баҳснокро замини худ ҳисобида, сарфи назар аз зери хати баландшиддати барқ мавҷуд будан, онро ба одамони «сирнадиҳандааш» барои манзил сохтан ҳадя кардааст, пурсуҷӯ карда шавад!

 Мавлон АШРАФОВ, ноҳияи Ғончӣ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: