Главная > Uncategorized > КРМСИЯ

КРМСИЯ

— Бародарони азиз! Маро барои сухандониям ба ҳайати гурӯҳи ташфиқотию таблиғотии ҳукумати маҳаллӣ оид ба пешгирии коррупсия ҳамроҳ кардаанд. Ман дар тӯли 20 соли кориям бо роҳи фаҳмондадиҳии аҳолӣ аз сар задани чандин бемории сироятӣ дар ноҳия пешгирӣ кардам.  Ман дар ҳудуди ноҳия пурра бо забони адабии тоҷикӣ гап занам, мардум маро дуруст дарк намекунанд. Агар кам — кам бо лаҳҷаи ғозималикии худамон гап занам, маро мардуми ноҳияи Хуросон ҳам дуруст мефаҳманду ҳам гуфтаҳоям амалӣ мешаванд. Масалан, мардуми ноҳия 70 фоиз бо оби ошомиданӣ таъмин набошанд ҳам, ягон нафар дар ноҳияамон ба бемории домана гирифтор шудагӣ нест. Як бор гӯям, ки «бачаҳо, ова ҷӯшонда хрен, ки ҳамат мемурен!» дар ноҳия аз хурд то бузург бе бақлашкаи оби ҷӯшондагӣ намегарданд.

— Мӯҳтарам духтур! Хоҳиш мекунам, тезтар фаҳмонед, ки барои пешгирии коррупсияаш чӣ корҳоро анҷом бидиҳем? Имсол нимамон аз омадани сел хонасалот шудем, боз аз касалӣ  нест нашавем!? Мо ғозималикиҳо кам мондагӣ, бисёриҳо Русия рафтанду роҳи баргаштан ба ноҳияро фаромӯш кардаанд.

— Коррупсияаш ба лаҳчаи худомон Крмсия мешавад. Замонҳое, ки дар мо қулф набуд, Крмсия ҳам набуд. Ҳамин қулф пайдо шуд, бемории Крмсия ҳам дар мо тоҷикон пайдо шуду тӯли асрҳо боз дар авҷ аст-э!

— Акаи Духтур, Крмсия  табобатшаванда аст ё ба мисли ҳамун беморие, ки «Вабои асри 21» ном дорад, барои пешгирияш дар кисаҳоямон резин гирифта гардем?

— Шуд-е, мардаки бемаънӣ!

— Дар ҳозира Крмсия беҳад зиёд паҳн шудааст. Ҳатто боғчаҳоро сироят кардагӣ. Крмсия  қисме аз давлатҳои аврупоро солҳо боз забт карда гирифтааст-ҳа!

— О, чува давлатҳои аврупо аз Крмсия парво надоштаанду мо тарсида гаштем?!

— Дар ӯ давлатҳо Крмсияҳо мехӯранду кам — кам хӯрдагиҳояшона дар буҷаи давлату барои мардуми камбизоат қай мекунанд. Дар мо Крмсияҳо авлодӣ хӯрда истодаанду аз онҳо на ба буҷету на ба мардуми камбизоат тини пучаке ҳам фоида намерасад.

— Сардухтур, ҳамун Крмсияи мегуфтагият чи мехӯрад?

— Крмсия ба мисли малахҳои марокашӣ ҳамахӯр аст. Фарқаш ҳамин, ки Крмсияро қапидаву диданаш душвор асту дар бештари ҳолатҳо бефоида. Пуштибони зиёд дорад.

— Ваҳ, Крмсияаш «невидимка» будааст-ку!

— Ёфтӣ, ҳамон «невидимка»-и мегуфтагиат барину агар камтар таваҷҷӯҳ намоед, вайро дар симои одамӣ мебинеду мешиносед.

— Чаро бо Крмсия милиса мубориза намебарад?

— Крмсия аз милиса ҳам боке надорад. ӯ ба милиса не, милиса ба ӯ ниёз дорад. Милиса, ки вайро дар танҳоӣ ёфт, сахт часпида мегираду аз шодӣ ҷои нишастанашро намеёбад.

Мана, як мақомот махсус алайҳи Крмсия таъсис ёфт. Крмсия баъди якчанд моҳ қисме аз кормандони ин мақомотро фурӯ бурд.

— Мӯҳтарам сардухтур, бо ҳамон лаҳҷаи ғозималикии худамон фаҳмон, ки чи кор кунем, ки Крмсия нест шавад.

— Давояш ҳам осону ҳам мушкил. Деҳқонҳо пулро гиранду баъд кор кунанд. Ба раисону кабирон ва дигар хизматчиҳои давлатӣ: суду милиса, балнесаву мактаб ва ғайраву ва ҳоказо ришва надиҳанд, Крмсия мемурад, камбағалҳо бой ва Тоҷикистон обод мешавад.

— Эй, мардаки хуб, давои Крмсия ҳаму Исталин буд, мурд. Мехоҳӣ барои нест кардани ҳамун Крмсияҳо бачаҳои мо бесавод монанд, худамон аз беморӣ мурему моро бегуноҳ ба суд бикашан?…

 Давлати АБРОР

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: