Главная > Uncategorized > МОРО АЗ ХУДИҲО РАҲОНЕД, ПРЕЗИДЕНТ!

МОРО АЗ ХУДИҲО РАҲОНЕД, ПРЕЗИДЕНТ!

Хабари боз баста шудани роҳи ҳаракати нақлиёт тавассути нақби «Истиқлол» моро ҳайрон накард. Зеро бояд чунин ҳам мешуд. Ҳанӯз дар моҳи марти соли равон таҳти унвони «Яхи «Истиқлол» кай об мешавад?» «Пайкон» (№ 2, аз 26-уми марти соли 2008) ба вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳими Ашӯр муроҷиат намуда буду баъдтар дар асоси фармони рақами 622-и раиси ҷумҳур («Пайкон», № 7, аз 21-уми майи соли 2009) ёдрас намудем, ки ба мақола посух додан амри Президенти кишвар аст. Аммо то ба ҳол хомӯшанду ба қавле «Яхи «Истиқлол» об шуду ба «кӯл» мубаддал гардид». Соли сипаригардида ҳам роҳ баста шуда буд. Он  вақт Президенти кишвар шахсан аз нақби «Истиқлол» дидан карду азоби мусофиронро дарк намуда, барои бастани роҳу онро барои батамом ба истифодабарӣ омода намудан супориш дод. Он вақт роҳсозони эронӣ ваъда дода буданд, ки дар тӯли се моҳ камбудиҳо бартараф карда мешаванду нақб ба рафтуомади мусофирон пурра мусоидат мекунад. Аммо бо сард гардидани ҳавою фаро расидани фасли зимистон дохили нақб «уқёнуси яхбаста»-ро мемонд. Се моҳи барои дуруст кардани нақб дар соли гузашта ҳам сипарӣ гардиду бо омадани фасли баҳору тобистон «Чакра-чакидан» не, маҷрои об аз тарқишҳои нақб ба поён ҷорӣ шуд. Барои ронандагон ва нафароне, ки доимӣ аз ин нақб мегузаранд, маълум аст, ки се моҳи соли гузашта барои таъмир роҳи нақбро бастан ягон самара надод. Зеро «бадтар шуду беҳтар не».

Дар мақолаи «Яхи истиқлол кай об мешавад?» навишта будем. Боз таъкид менамоем, ки на ронандагону на мусофирон ба чунин эълонҳо бовар намекунанд. Аз тариқи оинаи нилгун эълон мекунанд, ки роҳ бинобар дар таъмир буданаш фалон рӯзу фалон рӯз баста аст. Аммо шаб ё ними шаб ба воситаи телефон мешунавӣ: «Мо гузаштем». Мепурсӣ: «Чӣ хел?». Ҷавоб мешунавӣ: «Як ҳисоб карда…». Ана ҳамин «ҳисоб» дарди бедармон шудаст…

Имсол ҳам аз 1-уми август то 1-уми октябри соли 2009 ҳаракати нақлиёт тавассути нақби «Истиқлол» қатъ карда шуд. Моро суолҳои зиёде яке аз паи дигаре пайгирӣ менамуду барои ба он саволҳо посух пайдо намудан баҳри рафту омади мошинҳои хизматиамон аз Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат пурсидему ризоият доданд. Мақсад дорем муайян намоем, ки бо баста шудани роҳ корҳои сохтмонӣ дар кадом самту ба кадом шакл идома меёбад. Чаро ин қадар сохтмони ин иншооти ниҳоят муҳим, ба таъбире «шири шутур хӯрд»? Айб дар кист: дар ош ё мош? Аз ин лиҳоз, иҷозатномаи расмӣ муҳим буд, ки дар кадом вақте хоҳем то ҷои имконияти ҳаракати нақлиёт буда рафта, омӯзиш гузаронем. Ҳарчанд медонистем, ки бе иҷозатномаи расмӣ ҳам бемалол рафта омадан мумкин аст. Ҳамон тавре, ки дар халқ мегӯянд: «Пул бошад, дар ҷангал ҳам шӯрбо мепазӣ». Бале, бо ҳамон чизак, ки номаш сомонӣ аст аз нақб бе ягон мамониат гузаштан мумкин буду боз рӯзе нагӯянд, ки чӣ хел нақбро гузаштеду мавод омода намудед, расман иҷозат гирифтем.

 Рӯй ба «бозор»

Чанд рӯз қабл аз сафар мухбиронамон ба воситаи нақби «Истиқлол» гузашта, хабар расонданд, ки бо фаромадани пардаи торикӣ ҳаракати мошинҳо ба воситаи нақб авҷ мегирад. Соатҳои 21:00-и шаби 11 ба 12-уми августи соли 2009 озими нақби «Истиқлол» гардидем. Дидбонгоҳи назоратиро ба мавзеи Майхӯра кӯчондаанд. Ҳарчанд дар мавзеи Ҳушёрӣ чанд нафар милиса истода буданду нафаре мошини моро манъ карду ҳуҷҷат талаб кард, аз куҷо омадану ба куҷо рафтанамонро пурсон шуд. Ба даруну беруни мошин нигоҳ карду кадом чароғак кор кардану накарданашро донистан хост. То он даме, ки нозири милиса ин амалҳоро бо мо иҷро намуд, ронандаи қариб 10 мошинро дар он дидбонгоҳ нигоҳ доштанду ба назди милисаи дигар рафта, «салом» карда, бе ягон ҳуҷҷатбинию чароғаксанҷӣ гузаштанд… Ҳамоно он милисионер ба мо хӯрдагирӣ менамуду ниҳоят худро шиносондем.

— Тезтар гӯед намешавад,- норозиёна рафту ба мо иҷозати идомаи сафар дод.

Дар назди хонаи саҳроӣ (будка) мошини зиёди гуногунтамғаи сабукраву боркаш, наздики 50-60 адад истода буданд. Мошинро дар каноре нигоҳ дошта, хостем ба гуфтугӯи ронандагону мусофирон шарик шавем. Ҳар кас ба таври худ дар бораи аз нақб гузаштан назари хешро дошт.

Аз нафаре, ки ронанда буд, пурсидем:

— Имкони гузаштан ҳаст?

— Чӣ хел нест? Албатта ҳаст! Ин ҷо бозор шудагӣ! Гапзанон мекунию гузаштан мегирӣ. Вале ҳозир гузашта намешавад. Эрониҳо роҳро «взрив» кардаанд.

Мо ба назди масъулини роҳ рафтему иҷозатномаро нишон додем. Нагуфтанд, ки роҳро тарконданд ва ё иҷозати гузаштан нест. Танҳо садди сохтаро кушоданду мо роҳамонро идома додем.

 «Тачк-тачк»

То даромадгоҳи нақб бе ягон мамониат баромадем. Дар даромадгоҳи он чиниҳо кор мекарданду мошини сементкашонии хитоӣ дар байни роҳ мондагӣ буд. Чанд дақиқа интизор шудем. Касе онро нагирифт. Аз мошин пиёда шуда, ронандаро ҷустем. Бо имову ишора ба хитоиҳо фаҳмондем, ки мошинро гиранд. Онҳо китф дарҳам кашиданду яке аз роҳсозони хитоӣ нидо кард: «Тачк-тачк». Дарк намудем, ки ронанда тоҷик будааст.

Ба ҷустуҷӯи «тоҷик» афтодем. Чанд дақиқа сипарӣ гардиду касе ба садои мо посух надод. Дастгоҳи наворбардориро гирифта, ба наворбардорӣ шурӯъ намудем, ки дуртар аз мо, аз байни хитоиҳо ҳамон «тачк» ба наздамон омада, пурсид:

— Чаро мошини маро расм мегиред?

— Барои чӣ мошинро дар байни роҳ мондӣ?- ба пурсиши вай ҷавоб надода суол кардем.

— Роҳ баста аст, эрониҳо роҳро бастаанд, гузаштан намешавад.

— Агар роҳ дар дохили нақб баста бошад, барои чӣ ту дар ин ҷо мошинатро дар байни роҳ гузоштӣ?

— Ҳаққи хитоиҳоро кӣ медиҳад?

— Чӣ хел ҳақ?! Барои чӣ ҳақ?- гӯён аз ӯ ному насабашро пурсидем. Чун фаҳмид, ки рӯзноманигоронем, бо як чолокӣ ба кабинаи мошин даромада, мошинро аз сари роҳ гирифту бо ҳамон саросемагӣ худро байни роҳсозони чинӣ зад.

 Ғурури эронию азоби тоҷик

Дар беруни нақб наздики 40 адад мошинҳои гуногунтамға, ки аксарашон сабукрав буданд, меистоданд. Мо вориди нақб гардидему ҳамагӣ чанд метр нарафта дар тарафи рост наздики 10 адад мошини боркашони «Камаз» меистод. Пеш аз онҳо мошинҳои сабукрав бе низом гузошта шуда буданд. Дар каноре мошинро нигоҳ дошта, пештар рафтем. Техникаи азимҷуссае дар байни роҳ меистод, ки тамоми роҳро маҳкам карда, танҳо имкони пиёда рафтану омадан буд. Нафаре аз ронандагон нақл намуд, ки тақрибан соатҳои 22:00 ин техникаро оварда гузоштаанд. Ронандаи он ҳам тоҷик будааст. Тавалло кардааст, ки дар дохили мошинаш кӯдакони ноболиғ дорад. Иҷозат диҳанд роҳашро идома диҳад. Вале  ба суханони ӯ аҳамият надода, техникаро партофта рафтааст.

Дуртар аз он техникаи азимҷусса, ки роҳро маҳкам карда буд, техникаи дигаре меистод. Ба воситаи он тавассути сӯрохиҳои кардаашон байни кӯҳу он сохтаҳои камоншакли нақб лойобаи хокаи санг мерехтаанд. Нафаре меистод. Ба наздаш рафтем. Тоҷик буду посух дод, ки бе иҷозати масъули нақб, ки «оғои Манучеҳрӣ» будааст, коре карда наметавонад. Дар он паҳлӯи садди сунъӣ ҳам наздики 25-30 мошини сабукрав меистод.

Ронандае розӣ шуду моро ба назди оғои Манучеҳрӣ ба тарафи шимоли нақб  бурд.

Манучеҳрӣ дар ошхона истироҳат дошт. Ба ӯ худро шиносонда, сабаби бастани роҳро пурсон гардидем. Дар аввал ризо нашуд, ки ба навор гирем. Чун мо боисрор талаб намудем, ки ҳатман гуфтаҳояшро сабт намудан лозим аст, шарҳ дод, ки рафтуомад тавассути нақби «Истиқлол» расман манъ карда шудаасту ҳаракати мошинҳо ба кори мураттаби онҳо халал мерасонад. Вай ғурури миллӣ дорад. Намехоҳад ватани ӯро дар иҷро накардани мӯҳлати кор муттаҳам кунанд. Ҳамчунин эрод гирифт, ки дар ду тараф милисаҳою дигар масъулони роҳ истодаанду худашон қонунро риоя накарда, мошинҳоро барои гузаштан иҷозат медиҳанд. Онҳо маҷбур шуданд, ки роҳро манъ кунанд.

Манучеҳрӣ рақамҳои давлатии зиёда аз 80 мошинро ба мо нишон дод, ки дар ду тарафи садди сунъии сохтаи онҳо дар дохили нақб меистоданд. Мо ба тамоми эродҳои гирифтаи Манучеҳрӣ розӣ буданамонро иброз карда, хоҳиш намудем, ки дар ду тараф, дар дохили мошинҳо кӯдакони хурдсол, занону мӯйсафедон ҳастанд. Ҳамагӣ чанд дақиқа роҳро кушояд, онҳо сафарашонро идома диҳанд, аз пагоҳ ин масъаларо дар назди вазири корҳои дохилӣ, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ, сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт гузоштан  лозим аст.

Розӣ шуд, ки мо ба пас гардем, баъди ним соат омада, роҳро мекушояд. Баргашта ин хабарро ба мардуми дохили нақб расондем.

Ҳама интизор будем. «Ним» соат хеле тӯл кашиду боз бо мошини сементкашонии нақбсозони эронӣ ба қароргоҳи Манучеҳрӣ рафтем. Дар байни нақб, ки об аз ним метр зиёд буд, вохӯрдем. Имкони ба мошини ӯ нишастан набуд. Боз ваъда кард, ки бо ҳамин мошин ба пас гардем, ӯ интизор мешавад. Дар дохили нақб ба чунин мошини сементкашон, ки аз самти муқобил меомад, нишаста ба қафо баргаштем. Аммо на «оғо» буду на мошинаш. Нафаре рақамҳои телефонашро дод. Занг зада боз илтимос кардем, ки ба мӯйсафедону кӯдакон раҳм кунад. Танҳо чанд мошини онҳоро сар диҳад. Ҳамин тавр то субҳ 4 маротибаи дигар пиёдаю савор ба ҷустуҷӯи Манучеҳрӣ рафтему дигар ӯро надидем…

Дар тарафи шимоли нақб мусофирону ронандагон дар «ҳабс» буданд. Чунки дар даромадгоҳи нақб ҳам техникаи пуриқтидоре гузошта буданд. Ронандагон наметавонистанд пас гарданд. Ҳамин тавр, онҳо то субҳ истоданду ронандагони дар тарафи ҷануб буда ба пас ба роҳи ағбаи Анзоб баргаштанд.

Субҳ дамид. Нафаре омада, моро огоҳ намуд, ки ба пас гардем. Сабаб пурсидему ному насабаш ва вазифаашро. Посух дод, ки аз Хадамоти  давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт мебошаду насабаш Олимов.

— Роҳ тавассути нақб расман манъ карда шудааст, пас чаро мошинҳоро иҷозати гузаштан медиҳед?- пурсидем мо.

— Мо иҷозат надодем…,- гуён аз наздамон дур шуд.

Мо мушоҳидаро идома додем. Занону мӯйсафедон, кӯдакону дигар мусофирон дар байни лойу об ҳоли табоҳе доштанд. Ронандагон мегуфтанд, ки роҳсозони чинӣ меоянду роҳро мекушоянд. Вале мошини онҳо ҳам омаду наздики як соат интизор истоду сохтмончиёни хитоӣ пиёда шуданду мошини онҳо ба қафо гашт.

Соат ба 8:00 наздик шуду чанд нафар ронандаи боқимонда ҳам ба пас гаштанд. Дар давоми мушоҳида аз соати 24:00 то соати 8:00 роҳсозони эронӣ ҳамагӣ 7 мошин сементи омодакарда оварданд. Яъне, дар давоми ин қадар мӯҳлат ҳамагӣ дар дохили нақб 7 маротиба мошин рафту омад. Техникае, ки ба воситаи он лойобаи сементро ба боло мерехтанд, дар каноре меистод. Пас чаро ин ҳолат рух дод? Барои чӣ ақаллан ба мӯйсафедону занону духтарон раҳм накарданд?

Банди саду як андеша мо роҳ сӯи Душанбе пеш гирифтему дар роҳ гуфтаҳои сафаракиёну ронандагонро таҳлил мекардем. Онҳо мегуфтанд, ки ин бегоҳ дар тақсимот ихтилофе ба амал омадаасту иҷозати идомаи роҳ нашудаст. Ҷои пинҳон кардан нест. Ронандагон мегӯянд, ки аз ҳар мошини сабукрав барои гузаштан аз 40 то 100 сомонӣ мегиранд. Агар 100 мошин сар диҳанд чӣ қадар мешавад, 200…300…чӣ ?…

Онҳое, ки дар роҳ меистанду танзими ҳаракати роҳро таъмин мекунанд, доимо мегуфтаанд, ки мо танҳо намехӯрем, ба боло медиҳем. Мо намедонем, то кадом андоза гуфтаҳои онҳо асос дорад. Муайян кардани он ҳам кори сангин асту ба ваколати мо дохил намешавад. Вале медонем, ки дар «боло»-и ин мақомотҳо кӣ меистад. А.Қаҳҳоров-Вазири корҳои дохилӣ ба фаъолияти милисаҳо масъул асту Абдураҳими Ашӯр-Вазири нақлиёт ва комуникатсия ба фаъолияти роҳсозон, А.Ҳ.Нуров-сардори хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба фаъолияти танзимгарони фаъолияти роҳ. Пас бояд онҳо посух гӯянд, ки боиси сарсонию то саҳар дар дохили нақб истодани ин қадар мусофирон кист? Барои чӣ барои кайфу сафои нафаре, сохтани хонаи боҳашамате, савори мошини баландарзише гардидани касе халқи оддию бечора азоб кашад?!Муайян намудани он нафароне, ки он шаб боиси ин қадар сарсонию саргардонӣ шуданд, он қадар мушкил нест.Агар воқеан «пулҷамъкунак»-ҳои боло набошанд. Он шаб барои гузаштани 4 метр шуда қариб 200 мошин ба пас гаштанду 100 км зиёд роҳро тай намуданд. Шаби 16 ба 17-и август боз журналистони «Пайкон»тавассути нақб гузаштанд.Аз рӯи нақли онҳо дар дохили нақб касе кор намекардаасту ягон-ягон мошинҳои сабукрав рафта меомадаанд, дар ду тараф, дар он ҷое ки барои нагузаштан садд сохтаанд, мошинҳои зиёде меистодаанд.

Ниҳоят, чаро аз Эрон омада дар бораи «ғурури миллиаш» дар ватани мо сухан мегӯяду фахр мекунаду мо барои чанд фулус аз баҳри тоҷик будани худ мегузарему ҳамватанонамонро хору зор менамоем?…

Пас,моро аз чунин худиҳо,ки барои миллат ҷамъовардаро ба бод медиҳанду тухми норизогӣ ба Ватану ба сарвари он ба бор меоранд, раҳон,Президент.

 Ҷумъаи Толиб, БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: