Главная > Uncategorized > Оё тоҷик соҳиб дорад?

Оё тоҷик соҳиб дорад?

Акнун ТОҶИКро барои хондани нашрияҳои ТОҶИКӣ боздошт мекунанд

Дар мавриди боздошт ва тафтиши тоҷикон аз ҷониби сарҳадбонони ӯзбек зиёд гуфтаву навиштаанд, вале вазъ ҳамоно бетағйир боқӣ мондааст. Чунин менамояд, ки ӯзбекистон намехоҳад аз сарҳадаш на танҳо одам, балки ягон мӯру малахи тоҷикро роҳ диҳад. Ва ё, бо шиддат бахшидан ба низоми тафтишотӣ дар қатораҳояш, мехоҳад тоҷикистониёнро аз савор шудан ба қатораҳои байналхалқӣ битарсонад. Ва акнун ин таҷрибаро сарҳадбонони қазоқ низ мехоҳанд ба кор баранд. 

Масалан, тӯли як ҳафта мешавад, ки журналисти тоҷик — Шӯҳрат Шодиевро дар Ҷумҳурии ӯзбекистон ба хотири бо худ доштани ду нашрияи тоҷикӣ ва китоби Қуръон боздошт кардаанд. То имрӯз мақомоти интизомии ӯзбек далели боздошти рӯзноманигори тоҷикро  тавзеҳ надодаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори кишвар низ барои озод кардани ӯ расман вокунише нишон надодаанд. Магар ин аз он шаҳодат намедиҳад, ки тақдири шаҳрвандон барои мақомоти расмии мамлакат пули пучаке намеистад? Ё ин ки ӯзбекистон мехоҳад бо ин амалаш нишон диҳад, ки назди «сиёсат»-и ӯ акнун нашрияҳои Тоҷикистон баробари ҳероин хатарнок аст?

Гуфта мешавад, Шӯҳрат Шодиев ҳангоми бозгашт аз Русия тавассути хоки ӯзбекистон дар яке аз истгоҳҳои роҳи оҳани ин кишвар боздошт шуд.

Ин гуна амал ба ростӣ, ки масхара кардани миллате бо номи «тоҷик» чизе беш нест. Зеро тибқи иттилои радиои «Озодӣ», мақомоти амниятии ӯзбекистон Шодиевро бо гумони ворид кардани силоҳ ва адабиёти мамнӯъ дастгир кардаанд. Магар нашрияҳое, ки расман чоп мешаванд, чанд диск ва бозича адабиёти мамнӯъ ва силоҳ будааст?

Ҳангоми тафтиш ашёи «хатарнок» маълум нагардидааст, ки онҳоро боз барои ташхис ба Тошканд фиристодаанд ва сарнавишти Шӯҳрат баъди дарёфти посух рӯшан хоҳад шуд. Яъне, ин маънои онро дорад, ки таҷҳизоти кишвари ҳамсоя хислати фарқ кардани бозича аз силоҳро надоштааст, ки то имрӯз онро муайян накардаанд.

Масхараи дигари ӯзбекистон нисбати шаҳрванди ҳамсояи худ ба ҳадде аст, ки мақомоти ин «ҳамсоя» ҳеҷ гуна имкони мулоқот бо намояндагони расмии Тоҷикистонро бо ӯ намедиҳанд ва бар замми ин, ӯро дар як манзили шахсӣ нигоҳ медоранд, ки барои ғизо ва ҷойи хоб аз ҳисоби худ маблағ месупорад.

Шояд аз ин гуна рафтор кардани Ҷумҳурии ӯзбекистон аст, ки кишвари дигари ба мо ҳамсоя — Қазоқистон низ дар сарҳадаш ба «шикор»-и тоҷикон сар кардааст. Масалан, боздошти тоҷикон дар сарҳади кишварҳои ҳамсоя, ду муҳоҷири тоҷик, ки дар як постгоҳи марзии Қазоқистон мошинашонро чун моли шубҳанок барои бозрасӣ гирифтанд. Ҳарчанд ин шаҳрвандонро низ ваъда доданд, ки баъди анҷоми бозрасӣ тайи як-ду рӯз муҳоҷиронро раҳо хоҳанд кард, аммо муҳоҷирон баъди 11 рӯзи сарсонӣ озод шуданд. Ва яке аз ин муҳоҷирон, тавре ба радиои «Озодӣ» иброз дошта буд, қаблан низ аз Русия мошин харида, ба Тоҷикистон меоварданд, вале ҳеч гумон надошт, ки мошинҳои харидааашонро 8 рӯз бозрасӣ мекунанд ва тайи ин муддат онон дар ин шаҳри бегона ба ҷуз он ки маблағи зиёд масраф карданд, боз мушкилоти зиёдеро паси сар кардаанд.

Бояд ёдрас шуд, ки ҳарчанд расонаҳои хабарӣ ин қазияро пайгирӣ карда буданд, вале дар ин маврид низ ягон мақомоти марбута вокунише нишон надод. Модоме чунин аст, пас кӣ гуфта, ки ин «сабақ»-и ҳамсояи ӯзбек нест?!

Ин ҷо чизи дигар боиси нигаронӣ аст, ки дар чунин замони фанновариҳои нави иттилоотӣ барои муайян кардани мушаххасоти мошинҳо ва диску навор ҳамин қадар вақти зиёд сарф гардад, ки тӯли 10-12 рӯз шаҳрвандони моро дар сарсониву саргардонӣ нигоҳ медоранд?! Кӣ ҷуброни ин ҳама сарсониҳо ва хароҷотро бояд пардохт кунад?

 Ганҷи БЕБАҲО

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Фарход
    Август 21, 2009 в 11:24 дп

    Кто скрывается под этим псевдонимом? Наверно, какая та узбечка живущая в Таджикистане и её заставили писать такую статью?

  2. Мухайё
    Август 21, 2009 в 11:27 дп

    Мегуянд,Шухрат Шодиев бо худ ду рузнома дошт: Фараж ва Азия плюс. Барои хамин, боздошт кардаанд, ки дар сахифаи якуми Фараж сурати Мирзо Зиёи ришдорро калон карда додаанд…Аммо аз чи бошад харду рузнома хам хатто макола дар бораи ин ходиса нанавиштаанд

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: