Главная > Uncategorized > Террори додситони генералӣ

Террори додситони генералӣ

18 сол пеш, рӯзи 24-юми август Додситони генералии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоевро мухолифинаш ба қатл расонданд. Қатли Нурулло Ҳувайдуллоев — шахсияте, ки тамоми ҳастияшро барои ҳимояи қонуну қонуният, манфиатҳои давлату миллат бахшида буд, тамоми ҷомеаро ба шӯр овард. Ва дар охир, ҳукумати муросои миллиро аз беху бунаш сарнагун кард.

Чанд сол боз дар бораи шахсияти Нурулло Ҳувайдуллоев рӯзноманигорон менависанд. Аммо то ҳол ягон матлаби таҳлилӣ пешкаши хонандагон нагардидааст. Аз ин лиҳоз, хостем мақолаи таҳлилиеро манзури хонандагон гардонем. Муаллиф кӯшидааст дар асоси дидаю шунида ва матлаби дар бойгонияш дошта ба сабабҳои террори Ҳувайдуллоев рӯшанӣ андозад.

Деҳаи Понғоз яке аз зеботарин деҳаҳои ноҳияи Ашт мебошад.Тӯли таърих ин деҳа дар домани худ ҳазорон инсонони нексириштро ба дунё овардааст. Фарзандони ин деҳа ҳар куҷое буданд, номбардори миллат буданд. Нурулло ҳам 20-уми марти соли 1940 дар ҳамин деҳа ба дунё омадааст. ӯ аз айёми наврасияш паҳлӯи падари деҳқонаш заҳмат мекашид. Ба корҳои ӯ ёрӣ мерасонд. Худ таҷрибаи ҳаёт меомӯхту зиндагии душвори деҳқонон, заҳмати сангин ва музди ночизи моҳонаи онҳоро дида, ба андеша мерафт. Мехост роҳи баланд кардани музди моҳонаи онҳоро дарёбад. Аммо дар илоҷи он ноилоҷ мемонд. Боре падараш ба ӯ гуфт: «Писарам, хоҳӣ, ки аз заҳмати сангини деҳқонӣ раҳо ёбӣ дар мактаб аъло хон». Нурулло пас аз насиҳати падар ба хондан рӯ овард. ӯ дар  мактаб бо баҳои аъло мехонд. Аз ин ҷост, ки пас аз хатми мактаби миёна бе ягон дудилагӣ ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон дохил гардид. Шарикдарсаш М. Маҳмадҷонов дар ин бора гуфтааст: «Нурулло ҳангоми таҳсил дар мактаб натанҳо хубу аъло мехонд, балки истеъдоди ташкилотчигӣ дошта, дар корҳои ҷамъиятии дабистон фаъолона ширкат меварзид, ростқавлу ростгуфтор буд». Ба ин деҳқонписари дар меҳнат обутобёфта таҳсил дар факултаи ҳуқуқшиносии ДДТ чандон душвор набуд. ӯ бо кордонию ташкилотчигиаш аз дигар донишҷӯён фарқ мекард.

Кордонию хислатҳои хуби инсонии ӯро ба назар гирифта, соли 1962 ӯро бе мӯҳлати коромӯзӣ ба вазифаи прокурори шӯъбаи назорати қонунӣ будани қарорҳои судӣ ба парвандаҳои шаҳрвандии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин менамоянд. Пас аз ду сол ӯро ба вазифаи прокурори шӯъбаи тафтишотӣ гузаронданд. Н. Ҳувайдуллоевро дар сини 26-солагӣ аъзои Суди Олӣ интихоб менамоянд. Сипас раиси Суди ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе таъин мегардад. Солҳои 1974-1980 дар вазифаҳои мудири шӯъбаи маъмурии ҳуқуқии мудирияти корҳои Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ фаъолият намудааст. Соли 1980 барои идомаи таҳсил ба Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дохил шуда, онро соли 1983 ба анҷом расонда, дар як вақт рисолаи илмии номзади илми ҳуқуқшиносиро дифоъ намуд.

 Баҳманмоҳи 90

То воқеаҳои баҳманмоҳи соли 1990 кам касон Нурулло Ҳувайдуллоевро чун ҳуқуқшиноси  барҷаста мешинохтанд.Зеро фаъолияти ӯ дар доираи ҳукумат ноаён мемонд. Аммо воқеаҳои феврали соли 1990 чеҳраи як шахсияти машҳуреро дар кишвар  барои мардум рӯшан кард,ки то ин вақт  зери ҷузъдонҳои қоғази неменклатурӣ пинҳон буд.Воқеа ин тавр буд.

 Баъди бозсозии Горбачеви,ки асосаш озодии сухан буд,дар империяи бузурги Шӯравӣ хараҷу мараҷҳо сар заданд.Дар баъзе ҷумҳуриҳо масъалаи ҳудудҳо,забон, хат рӯи кор омада,осоиштагии мардумро халалдор намуд. Ҳатто ҷумҳуриҳои назди балтика истиқлолияти худро эълон намуданд. Тоҷикистон бошад бо сардории Қаҳҳор Маҳкамов дар андешаи ҳимояи манфиатҳои миллӣ нашуда аз паи  боқӣ мондану пурқувват кардани ҳизби ҷоноҷонашон-ҳизби коммунист буданд.

  Дар Арманистон байни армяну озарҳо барои вилояти Қарабоғи кӯҳи ҷангу ҷидол сар зад.Ҳазорон хонаҳои озариҳоро ба коми оташ кашиданд.Дар Озарбойҷон низ ҳазорон хонаи арманиҳоро ба коми оташ кашиданд. Қаҳҳор Маҳкамов чун коммунисти дилсӯз бе маслиҳату машварат бо ҳамрикобонаш ҳазор оилаи арманиро барои буду боши доимӣ ба Тоҷикистон даъват кард.Дар он давр ҳаштод фисати аҳолии Душанбе русзабон буданд.Ин шаҳр барои тоҷикон бегонагӣ мекард.Ҳазорон ҷонфидоёни миллат дар шаҳри худ иҷоранишин буданд. Вақте ки мардум аз мақсади Қ Маҳкамов огоҳ шуданд барои намоиш ба назди қасри ӯ омаданд.Маҳкамов ҷои он ки бо халқи худ маслиҳат кунад,онҳоро бо тиру тӯп пешвоз гирифт.Мардум даст ба тазоҳурот заданд.Чанд дӯкону мошину тролейбусро оташ заданд.Маҳкамов сарбозони двизияи 2001-ро ба ёрӣ даъват кард..Ҳукумати Қаҳҳор  Маҳкамов дар илоҷи воқеа музтар монданд. Ва маҷбур шуданд,кибо намояндагони халқ сари мизи гуфтугӯ нишинанд.Намояндагони халқ,ки аз 17 кас иборат буданд,бо сардории Бӯрӣ Бачабек-ҷонишини раиси Шӯрои Вазирон аз ҳукумати вақт талаб карданд,ки баъди хунрезиҳо дигар ҳуқуқи роҳбарӣ ба миллатро надоранд,бояд ба истеъфо раванд.

-Шоҳиди воқеа рӯзноманигор Мирзо Саттор мегӯяд,ки се роҳбари кишвар дар сари мизи гуфтушунид бо намояндагони халқ нишастанд.Баъди ин қадар хунрезӣ Шумо бояд ба истеъфо равед.Ғ Паллаев-Раиси Шӯрои Олӣ,Қ Маҳкамов-муншии авали ҳизби коммунист бе ҳеҷ дудилаги барои қатъ гардидани хунрезӣ ба протоколи истеъфои худ имзо гузоштанд. Аммо раиси Шӯрои Вазирон И Ҳаёев иброз дошт,ки ман давлатро бе сардор мононда наметавонам.Аз ин рӯ ба протоколи истеъфои худ имзо намемонам.Олими Заробек гуфт,ки дар дунё шахси ивазнашаванда нест.Шумо панҷ ҷонишин доред,яке аз онҳо вахтинча вазифаи Раисии Шӯрои Вазиронро пеш мебарад.  

 Изатулло Ҳаёев гуфт,ки ман ба зери протоколи истеъфоям имзо мегузорам шарт, ҳамин ки минбаъд ягон масъулиятро ба гардан намегирам.

 Аъзоёни кумитаи-17 розӣ шуданд. Иззатулло Ҳаёев ба протокол даст монда,бо қаҳр дарро пӯшида рафт.

 Баъди имзо шудани протоколи истеъфои роҳбарони ҳукумат намояндагони ВАО нусхаҳои онро барои чоп гирифта рафтанд.

 Бӯрӣ Каримов-ҷонишини Раиси Шӯрои Вазирон он лаҳзаҳоро дар китоби «Қурбонии дузахма» чунин ба қалам додаст. «Табаров баъд изҳор кард,ки мехоҳад ба ҳайси шахси беғараз ба ман ёрӣ расонад.Чӣ хел ёрӣ.Ёриро он вақт ҳама дар як чиз медид:муътадил гардонидани вазъият…Баъдтар Ҳувайдуллоев даромад.Чунки на ӯ ва на дигаронро таклиф накарда будам.Ҳамчунин аз Табаров низ хоҳиш накарда будам,ки онҳоро даъват кунад.Баъдан,Ҳувайдуллоевро дар ҳуҷраи корӣ худ якумбор медидам…

-Бӯрӣ Бачабекович,Усмоновро ҷеғ задан даркор.

 Ман бошам беягон фикру андеша ӯро назди худ хондам.Хоҳиш кардам агар шароит дошта бошанд,як ба назди мо дароянд.

 ӯ протоколи истеъфоро хонду ба суханронии Ҳувайдуллоев ва Табаров гӯш андохт…

Усмонову Ҳувайдуллоев мо рафта маслиҳат мекунем,-гӯён баромаданд ва дигарон низ аз паси онҳо рафтанд.» 

 Баътар ӯро барои ба даъвати Табаров ба утоқи кории Каримов  омадан ва оиди бо усули қонунӣ аз вазифа озод ва таъин кардани раиси Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ маслиҳатҳои ҳуқуқӣ доданаш  «гунаҳкор» дониста ,бе ризоияти Шӯрои Олӣ аз вазифа озод карданд.

   Баъдтар комиссияи Президиуми Шӯрои Олӣ ин амали худсаронаи Маҳкамовро маҳкум карда, ғайриқонунӣ донист.

 

Роҳ ба сиёсати калон

Интихоботи соли 1990 дар таърихи мавҷудияти миллати тоҷик аввалин интихоботи озод ва демократӣ буд. Ҳарчанд он дар шаҳри Душанбе дар вазъияти фавқулодда мегузашт,аммо бори аввал ба халқи тоҷик имконияте даст дод, ки онҳо дар муқобили номенклатураи ҳизби коммунист шахсиятҳо ба худ қарин ва равшанфикронро намояндаи худ  дар парлумони кишвар интихоб намоянд.

 Дар ноҳияи Ашт мардум бо як овоз интихоби Нурулло Ҳувайдуллоевро дастгирӣ карданд.

-Хурсандии маро ҳадду канор нест,-гуфта буд он  солҳо  академик Қандил Ҷӯраев.Ин шодии маро сабаб он аст,ки новобаста ба маҳдудиятҳои сиёсиву ақидавӣ,фишору зӯровари дар байни зиёиёни кишвар дар соҳаҳои гуногун садҳо тан рӯшанфикрон ба камол расиданд.Ин равшанфикрон  ба мисли чароғе мебошанд,ки фардои миллати моро равшан мекунанд. Инҳо Аслиддин Соҳибназаров,Акбар Тӯраҷонзода, Ҳайдар Акбар,Нурулло Ҳувайдулло,Сафаралӣ Кенҷаев,Раҳим Мусулмониён,Шарифбек Ёқубов,Ҳоҷимуҳаммад Умаров,Ғаӣбулло Афзалов,Раҳмон Набиев,Нуралӣ Назаров, Абдулло Ҳабибов,Тоҳири Абдуҷабборов,Ҳикматулло Насриддинов,Холмаҳмад Азимов боз садҳо нафарони дигар мебошанд.

 Ҳанӯз ҳам бисёриҳо дар андешаи он буданд,ки вазифаҳи ояндаро ҳизби коммунист тақсим мекунад. Онҳо дарк намекарданд, ояндаи ҷомеа дар дасти парлумон аст. Нурулло Ҳувайдуллоев баъди депутат интихоб шудан дар ҷаласаи аввал Раиси кумитаи Шӯрои Олӣ ҶСШ Тоҷикистон оид ба масъалаҳои қонун, ҳуқуқ ва муроҷиати шаҳрвандон интихоб гардид. Он солҳо ӯ дар таҳия ва қабули қонунҳои ҷумҳурӣ саҳми калон гузоштааст.Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ӯ таҳия кардааст.

 Баъд аз як соли баҳманмоҳ

 Баъд аз интихобот Қ Маҳкамов бояд роҳбари якуми ҷумҳурӣ мемонд. Аз ин рӯ пленуми КМ ҳизби коммунистро даъват карданд.Дар ин пленум танҳо тарафдорони  Маҳкамов иштирок доштанд.Онҳо Ғ Паллаевро маҷбур карданд,ки  барои аз вазифаи раиси Президиуми Шӯрои Олӣ  рафтан аризаашро нависад.Дар сессияи якуми Шӯрои Олӣ даъвати дувоздаҳум,ки моҳи апрели соли 1990 баргузор гардид Маҳкамов  дар муқобили Ғ Паллаев бо андак бартарӣ Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид. Ҳамин тавр Маҳкамов аз ҳизбе,ки ӯро ба чунин баландиҳо бароварда  буд,рӯ гардонд.

 Барои Раиси ШО интихоб гардидани Қ Маҳкамов аз як тараф худи Ғ Паллаев ҳам сабабгор гардид. ӯ медонист,ки намояндагони халқ тарафдориаш намекунанд, аммо барқасди Маҳкамов номзадиашро нагирифт. Шодравон А Соҳибназаров дар китоби  «Субҳи ситоракуш» дар ин бора навиштааст: «Ман ҳамроҳи шодравон Н. Ҳувайдуллоев аз утоқи Ғ Паллаев берун баромадем.ӯ ба ман рӯ оварда гуфт:

-Ин Паллаев ғалаба намекунад. Аммо ғалабаи  Қ. Маҳкамов ба Тоҷикистон оромию осудагӣ намеорад. Қ Маҳкамов албатта,кӯшиш мекунад, ки ҳодисаҳои февралиро ба сари дигарон бор кунад,худро мӯсичаи бегуноҳ нишон диҳад. Аммо ба фикри ман ба ин, ҳодисаҳо худи Қ Маҳкамов ва Ғ. Паллаев сардорӣ карданд.

-Акаи Нуруллоҳ,ман номзадии шуморо пешниҳод мекунам….

-Не додарам Аслиддин.Ин корро накунед.Онҳо якҷоя сари маро мехӯранд.Аз шуморо ҳам.Зӯри ману шумо ба гурӯҳи Қ Маҳкамову Марказ намерасад.Монед,тинҷ гардам..

-Дар ҳолати ғалабаи Қ Маҳкамов шумо тинҷ гашта метавонед?

-Албатта то андозае мегардам. Ба он шарте, ки ба ягон коре дахолат накунам,-гуфт

  (саҳ 98)

  Дар сессияи чоруми ШО тарафдорони ӯ вазифаи президентиро ба миён гузоштанд.К Маҳкамов дар муқобили Р Набиев бо андак овоз дар сессияи ШО президенти кишвар таъин карда шуд.Аммо дере нагузашта Қ Маҳкамовро дарк карданд,ки ӯ бо рӯҳи заифаш наметавонад ҷумхуриро роҳбарӣ намояд.Зеро дар давоми роҳбарии ӯ вазъи сиёсӣ ноорому вазъи иқтисодии кишвар хеле  хароб гардид.Дуздию ғоратгарӣ,таллаю тороҷи моликияти давлату халқ ба авҷи аъло расида буд.Мардум дар кӯчаҳо норозигии худро рӯирост аз роҳбарони маҳалгаро баён мекарданд.Натиҷаи бемулоҳизагии Қ Маҳкамов ба он анҷом пазируфт,ки ӯро дар сессияи ҳафтуми ШО ҳаммаслаконаш  аз вазифа дур андохтанд.

 Амруллои Собир

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: