Главная > Uncategorized > Хатлон ғаввос надорад

Хатлон ғаввос надорад

Дар вилояти Хатлон дар ду моҳ 9 нафар дар обҳои ҷӯй, наҳр ва ҳавзҳо ғарқ шудаанд. Ҷасади 7 нафар ғарқшудагонро ба зудӣ дарёфт карданд, вале пайдо намудани ҷасади ду нафари дигар ҳафтаҳо идома ёфт. Сабаби асосии пайдо нагаштани ҷасадҳо аз он буда, ки дар гурӯҳи зудамали Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон ғаввосон намерасанд.

Ҷасадҳо тӯъмаи моҳиён мешаванд

Ҳамсӯҳбати мо худро амаки духтарчаи сесола — Розияи ғарқшуда муаррифӣ намуд ва гуфт: «Ҳангоме, ки Розияи сесола дар оби наҳри Ҷӯйбор (сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи Озодии Занон) ғарқ шуд, ду рӯз мо хешу ақрабо ба Ҳукумати вилоят рафта, дархости бастани оби наҳрро намудем. Онҳо даҳ нафарро барои пайдо намудани ҷасад сафарбар карданд, вале барои бастани оби наҳр ба хотири ҷустуҷӯи ҷасад розигӣ надоданд. Дар ҳоле, ки ҷасадро пайдо накарданд, мо  тасмим гирифтем арзамонро барои бастани оби наҳр то ба Президенти кишвар расонем. Мошини мо ба шаҳри Душанбе наздик мешуд, телефони дастиям занг зад ва ба мо иттилоъ доданд, ки оби наҳрро бастанд. Се рӯз зиёда аз 150 нафар ҷасадро ҷустуҷӯй карданд, вале натиҷае ҳосил нашуд. Обро сар доданд. Баъди як ҳафта зане ҷасади Розияро 15 км дуртар аз ҷои ғарқшуда пайдо намуд».

Хонандаи азиз, агар алами хешу ақрабои ғарқшудагонро як ба як нависем, аламовар аст. Аз як ҷониб аз Худованд шукргузорем, ки оби фаровон дорем, аз ҷониби дигар дар ҳолатҳои фавқулодда касе нест, ки дар вилояти Хатлон ғарқшудагонро саривақт наҷот диҳад, то ки ҷасадҳо тӯъмаи моҳиён нагарданд.

 Ғами мурда як тараф…

Барои дарёфти ҷавоб ба ин суол, ки «чаро саривақт оби ҷӯю наҳрҳоро намебанданд ва мардум ҳафтаҳо аз пайи дарёфти ҷасадӣ ғарқшудагон мегарданд» ба муовини аввали сардори Раёсати хоҷагии оби вилояти Хатлон Шамсуддин Гадоев муроҷиат намудем. ӯ гуфт, ки дар вилояти Хатлон беш аз 50 ҷӯй, наҳр, канал, ҳавзу шохобҳое мавҷуданд, ки дар онҳо имкони ғарқшавии одамон мавҷуд аст. Аз ҳама мушкилтарин ҷое, ки дар он пайдо намудани ҷасади ғарқшудагон душвории зиёдеро пеш меорад, ин наҳрҳои Қумсангир ва Ҷӯйбор мебошанд. Наҳри Ҷуйбор 40 км дарозӣ дошта, дар он 50 куб об дар як сония ҳаракат мекунад. Суръати ҳаракати наҳр тез аст. Ҷасади шахси ғарқшударо ба дуриҳои дур мебарад. Ин масъала соли якум нест, ки моро ба ташвиш оварда бошад. Солҳост, ки аз набудани ғаввос дар гурӯҳи зудамали Ситоди ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандии вилоят ҷабрдидагон аз мо боисрор талаб мекунанд, ки обро бандем. Онҳоро фаҳмидан мумкин аст, вале деҳқонро ҳам бояд фаҳмид. Вақте оби наҳри Ҷӯйборро ду ё се рӯз мебандем, барои барқарор намуданаш боз ду — се рӯзи дигар пеш меояд. Дар ин муддат деҳқонон сахт зарар мебинанд, вале ҷуз хомӯшӣ чорае надоранд. Наҳри Қумсангир 80 км дарозӣ дошта, ғунҷоишаш 35-40 мукааб об аст. Ҳангоме, ки наҳри Қумсангирро мебанданд, барои барқарор намуданаш як ҳафта зарур аст. Чор ноҳия аз ин наҳр бо об таъмин мешаванд. Қисме аз заминҳо ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ шодоб мешаванд. Дар чунин ҳолатҳо зарар ба миллионҳо сомонӣ мерасад. Ғамӣ мурда як тараф, болои он касодии иқтисодӣ зам мешавад. Агар дар ситоди ҳолатҳои фавқулодда ғаввосҳо кор мекарданд ва саривақт аз пайи дарёфти ҷасади ғарқшудагон мегаштанд, мардум ин қадар азоби ҷисмонию рӯҳӣ намекашиданд.

 Масъала оянда ҳал шавад, мешавад…

Дар Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии вилояти Хатлон набудани ғаввасонро дар гурӯҳи зудамал тасдиқ карданд. Гуфтанд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ барои ҷустани ҷасади ғарқшудагон ғаввосонро аз баҳри Норак ва аз Маркази наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии ҷумҳурӣ даъват мекунанд, ки ин роҳи ҳали саривақтии масъала шуда наметавонад. Миралӣ Ҳалимов, муовини сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи  шаҳрвандӣ дар вилояти Хатлон гуфт, ки ҳангоми ғарқ шудани одамон гурӯҳи зудамал ба воситаи балонҳо ва чӯбҳои махсус обро «тагурӯ» мекунанд. Мебояд қоил шуд, ки бо ин васила пайдо намудани ҷасад дар ҳавзу кӯлҳо то ҷое даст медиҳад, вале дар ҷӯю наҳрҳои бузург ғайр аз тасаллӣ додани қалби аламдорон дар бештари ҳолатҳо чизе ҳосил намегардад. Иҷозати бастани об барои ҷустуҷӯйи ҷасадҳо дар қисме аз ҳолатҳо қариб имкон надорад. Ҳолатҳое шудааст, ки бастани об боиси рехтани гулу шонаи пахта дар қисме аз мавзеъҳо гардидаву қисме аз пойгоҳҳои обкашӣ аз фаъолият мондаанд. Ҳоло мо чаҳор нафар кормандонамонро аз гурӯҳи зудамал аз санҷиши тиббӣ гузаронда, барои аз бар намудани касби ғаввосӣ сафарбар намудаем. Рӯзҳои наздик онҳо дар баҳри Қайроққум ду моҳ озмоиш гирифта, баъд ба кор шурӯъ хоҳанд кард. Мусаллам аст, ки соли оянда ғаввосҳо дар Хатлон ба кор шурӯъ мекунанд.

 Шиноварон чӣ андеша доранд?

Ҳангоми боздид аз наҳри Ҷӯйбор шоҳиди он гаштем, ки қисме аз бачаҳои синни 16-17-сола аз баландии 5 метр сарозер мепариданд.Зимни сӯҳбат иброз доштанд, ки наҷот додани одамон барои онҳо ифтихор аст ва борҳо бачаҳои аз худашон хурдро аз ғарқшавӣ наҷот додаанд.  Коршиносони маҳаллӣ мегӯяд, ки агар масъулин барои харидорӣ ва дастрас намудани сару либоси ғаввосӣ маблағ медоштанд, дар вилояти Хатлон барои наҷот додани ғарқшудагон чаҳор нафари ҳисобӣ не, балки даҳҳо ғаввоси ихтиёриро дар ҳолатҳои зарурӣ ба кор сафарбар намудан мумкин буд. Вале сад афсӯс, ки миллионҳо аз даст мераваду барои сарфи якчанд ҳазор сомонӣ аз буҷаи давлат баҳри наҷоти ғарқшудагон ва ё пайдо намудани ҷасадҳо мардум рӯҳан ва ҷисман азоб мекашанд.

     Давлати АБРОР

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: