Главная > Uncategorized > «ХОНАГАРДОНАК — 2009» ДАР ФАЙЗОБОД – 3

«ХОНАГАРДОНАК — 2009» ДАР ФАЙЗОБОД – 3

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод  мақолаи «Бесоҳибӣ дар Файзобод»-ро, ки дар ҳафтаномаи «Пайкон» (№ 20, аз 29.07.2009) нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар ҳақиқат, чи тавре дар мақола қайд гардидааст, 14 июни соли 2009 дар асоси амри прокурори ноҳияи Файзобод аз 11 июни соли 2009 қитъаи замини ғайриқонунӣ ишғолнамудаи шаҳрванд Рақибов Атобулло ба ҳолати аввала баргардонида шудааст. Азбаски мақолаи «Бесоҳибӣ дар Файзобод» дар асоси гуфтаҳои Рақибов Атобулло ва ҳамдеҳагони ӯ навишта шудааст ва  муаллиф, шояд аз сабаби маҳдудияти вақт ё худ бо сабабҳои дигари барои хонанда номаълум шунидаҳояшро тадқиқу таҳлил накарда ҳамчун воқеият ба қалам додааст, зарур шуморидем, ки ба масъалаи дар мақола овардашуда дар асоси факту далелҳои мавҷуда равшанӣ андозем.

Ба шаҳрванд Рақибов А. дар асоси санади комиссияи собиқ хоҷагии давлатии ба номи Ҳамза аз 21 июни соли 1997 ва қарори Ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод № 41 аз 26 сентябри соли 1997 0,10 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст (замимаи № 1). 29  майи соли 2004 дар асоси санади комиссия оиди гузаронидани ҳисоботи замин аз 7 апрели соли 2004 ва пешниҳоди раиси Ҷамоати деҳоти Мискинобод аз 17 майи соли 2004 бо қарори Ҷамоати деҳоти Мискинобод таҳти № 75 (замимаи № 2) дар асоси талаботи банди «г» моддаи 37 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сабаби истифодабарии заминро амалӣ нагардонидан, фармони хоҷагӣ № 13 аз 21.07.1997 ва қарори ҷамоат № 41 26.09.1997 оиди ба шаҳрвандон, аз ҷумла Рақибов Атобулло ҷудо намудани 0,10 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ бекор карда шудааст. Ҳамзамон, соли 2004 харитаи заминистифодабарии Хоҷагии давлатии ба номи Ҳамза тағйир дода шудааст, ки мувофиқи он дар ин қитъаи замин роҳи деҳа ҷойгир аст.

Масъалаи мазкур борҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба шаҳрванд Рақибов Атобулло барои аз нав таҳия намудани ҳуҷҷатҳо ва гирифтани қарори дахлдор тавсия дода шудааст. Аз ҷумла солҳои 2005 — 2006 ӯ аз ҷониби намояндагони Кумитаи заминсозии ноҳия огоҳонида шудааст. 17 августи соли 2006 комиссия дар ҳайати муовини раиси ноҳия Раҳматуллоева Ф., роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия Нуров С., сардори нозироти андозҳои ноҳия Ваҳобов С., муовини раиси Ҷамоати деҳоти  Мискинобод Халифаева Г., сардори Хоҷагии давлатии ба номи Ҳамза Сайфиддинов А., сармутахассиси (заминсоз) Ҷамоати деҳоти  Мискинобод Идиев Б. ва дигарон замини номбурдаро аз назар гузаронида, ба Рақибов А. тавсия додаанд, ки ба ҷамоати деҳот муроҷиат намуда, дар асоси қонун барои сохтани манзили истиқоматӣ ҳуҷҷат тайёр намояд. Ҳайати комиссияи номбурда дар ин бора санад тартиб додааст (заминаи № 3), вале Рақибов бо якравии ба худ хос ҳамаи инро сарфи назар намудааст.

Бо вуҷуди ин ҳама Рақибов А. соли 2008 дар қитъаи мазкур худсарона, бе тартиб додани ягон ҳуҷҷати зарурӣ ғайриқонунӣ хонаи истиқоматӣ сохтааст. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки хонаи ӯ дар болои роҳи мошингарде, ки ҳамсоягон ва дигар сокинон бо он рафтуо мекарданд, сохта шудааст. Ҳангоме, ки Рақибов А. хоҳиши чандинбораи ҳамсояҳоро дар хусуси маҳкам накардани роҳ рад мекунад ва хонаашро месозад, онҳо бо аризаи шикоятӣ ба прокуратураи ноҳия муроҷиат мекунанд.

Дар асоси баррасии аризаи шикоятии як гурӯҳ шаҳрвандон — ҳамсояҳои Рақибов А. прокурори ноҳия муайян намудааст, ки Рақибов А. манзили истиқоматиашро ғайриқонунӣ сохтааст. Дар ҳамин асос прокурори ноҳия аз 11 июни соли 2009 амри худро дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ба имзо расонида, ба ҳолати аввала баргардонидани заминро талаб намудааст (замимаи № 4). 

Пас аз ба имзо расидани амри прокурори ноҳия ҳамсар ва падари Рақибов А., ки худ дар муҳоҷироти меҳнатӣ будааст, аз иҷрои амр  саркашӣ мекунанд. Ҳамсояҳо бошанд, барои кушодани роҳашон иҷрои амри мазкурро ба исрор талаб мекарданд. 22 июни соли 2009 нозири давлатии истифода ва ҳифзи замин Ҳасанов Илҳом таҳти № 41 ба шаҳрванд Рақибов А. дар бораи бартараф намудани вайронкунии қонунгузории замин дастур додааст (замимаи № 5). Худи ҳамон рӯз сармеъмори ноҳия Шарипов Нурулло ба шаҳрванд дар ин хусус огоҳнома додааст (замимаи № 6). 26 июни соли 2009 Қарори раиси ноҳия таҳти № 286 «Дар бораи амри прокурори ноҳияи Файзобод аз 11.06.2009» ба имзо расидааст (замимаи № 7). Пас аз ин 14 июни соли 2009 амри прокурори ноҳия аз ҷониби прокуратура, Кумитаи заминсозии ноҳия бо иштироки раиси Ҷамоати деҳоти Мискинобод ва намояндагони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия ба амал бароварда шудааст.

Тибқи маълумотномаи Ҷамоати деҳоти Мискинобод Рақибов Атобулло дар дафтари бақайдгирии ҷамоат ҳамчун хоҷагии алоҳида ба қайд гирифта нашудааст ва дар оилаи падараш Рақибов Абдул дар қайд  меистад (замимаи № 8).

Бояд қайд намуд, ки ҳангоми иҷрои амр падар ва ҳамсари шаҳрванд Рақибов А. дағалона муносибат намуда, нагузоштаанд, ки маводи сохтмонии боми хона ва анҷомҳои дар хона бударо бароранд ва бо исрор талаб намудаанд, ки ҳатман деворро бо техника кананд.

30 июни соли равон дар деҳаи Заркамари 2 вохӯрии раиси ноҳия бо  сокинони деҳа баргузор гардид ва дар он масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ҳақиқат раиси ноҳия изҳор намуданд, ки Рақибов А. роҳи ҳамсояҳоро кушояд ва ба Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ муроҷиат намуда, дар асоси қонун заминро ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба расмият дарорад. Вале мутаассифона ӯ ба қонунвайронкунии худ иқрор нест ва амри прокурори ноҳияро дар ин бобат нодуруст мешуморад. Ҳатто ӯ ақида дорад, ки прокурори ноҳия бе рухсати раиси ноҳия набояд ин амрро содир мекард.

Шаҳрванд Рақибов А. нигоҳ накарда бо маслиҳату сӯҳбатҳои чандинбораи раиси ноҳия, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони Ҷамоати деҳот бо ҳамсоягони худ муросо карданро намехоҳад ва изҳор медорад, ки роҳи банд намудаашро намекушояд. Дар натиҷа 12 нафар сокинони деҳа — ҳамсояҳои Рақибов аз рафторҳои ношоями ӯ ба унвони раиси ноҳия 28 июли 2009 аризаи шикоятӣ овардаанд (замимаи №9).   Бояд иброз дошт, ки дар мақола на ҳамаи факту далелҳо беғаразона оварда шудааст. Муаллифи мақола дар асоси изҳори боэҳсоси Рақибов А. ва як гурӯҳ сокинони деҳа хулосабарорӣ намуда, масъаларо ба таври зарурӣ таҳлил накарда, хулосабарориҳои рӯякиро мавриди нашр қарор додааст. ӯ аз номи сокинони деҳа далелҳои тахминиву насанҷидаро навишта, бо ин роҳ ба сари чанд нафар айбҳои набударо бор кардан мехоҳад. Аз ҷумла аз забони Рақибов овардани он, ки «Назди раиси суд рафтам. Гуфт, ки бе қарори ман на раиси ноҳия, на прокурор коре карда наметавонад, вале кардаанд. Назди раиси ноҳия рафтем. Гуфт, ки ҳуқуқи ӯ аз ҳуқуқи прокурор пасттар аст дар ин корҳо». Хуб мебуд, рӯзноманигор дурустии ин гуфтаҳоро аниқ намуда, баъд ба нашр мерасонид. Ё худ масъалаи он ки чаро амри прокурори ноҳия бе қарори суд ба иҷро расидааст? Тибқи моддаи 28 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» амри прокурор бетаъхир иҷро карда мешавад. Агарчанде амре, ки дар борааш гап меравад пас аз гузаштани беш аз як моҳ амалӣ карда шудааст. Яъне баъди оне, ки борҳо ба ҷои воқеа намояндагони мақомотҳои гуногуни ноҳия рафта кушодани роҳи аз ҷониби Рақибов басташударо хоҳиш намудаанд. Вале мутаассифона муаллиф сари ин масъалаҳо ҳадди ақал андешаронӣ ҳам накардааст.

Навиштаи муаллиф дар хусуси он ки рӯзи ташрифи ӯ раиси ноҳия ба Душанбе рафта будааст, ҳақиқат нест, зеро раиси ноҳия ҳамон рӯз, яьне 27 июли соли равон дар ноҳия буданд ва аз ҳудуди ноҳия набаромадаанд.                                                                                                                                                                                                                        

Бояд гуфт, ки саҳми рӯзномаю маҷаллаҳо дар тарбияи шаҳрвандон, огоҳсозии онҳо аз воқею ҳодисаҳо, сафарбар намудани онҳо ба ин ё он кор хеле бузург аст. Ба дӯши рӯзноманигорон дар баробари заҳмати гарон масъулияти зиёд низ меистад. Вале, ба хотири  ҳангома (сенсатсия) набояд аз оқибати маводи ба нашр расонидашуда, таъсири он ба ҳаёти шаҳрвандон сарфи назар карда шавад.                                                                                                                                                                                                         Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамеша ҳар як эроди ҳаққонӣ ва беғаразонаро, ки дар саҳифаҳои матбуот гуфта мешавад ва барои ислоҳи камбудиҳо, пешравии кор мусоидат менамояд, бо хушнудӣ пазируфта, баҳри беҳтар намудани фаъолияти худ истифода мекунад ва ҳамеша хоҳони ҳамкориҳои созанда мебошад.                                                                              

Боварӣ дорем, ки нашрия низ барои дар асоси қонун ҳал гардидани ҳар як масъала ва риояи қонунҳои мавҷуда аз ҷониби ҳар як шаҳрванд манфиатдор аст.

 

А. ҲАКИМОВ, раиси ноҳияи Файзобод

Мӯҳри давлатӣ қувваи ҳуқуқӣ дорад?

Ҷавоби раиси ноҳияи Файзобод Абдулло Ҳакимовро ба мақолаи «Бесоҳибӣ дар Файзобод?» хондам. Ҷавоберо, ки чӣ гуна ифода ёфтани далелу арқомашро аллакай пеш аз чопи мақолаи мазкур дар хаёл доштам. Аслан ки намехостам ба посухҳои «муҷаҳҳаз» бо асноди «копишуда» ҷавоб нависам. Аммо, чун ин «нусхабардорӣ» нусхаи ғайриоддӣ ва ғайримуқаррарӣ будааст, хоҳиш пайдо шуд.

 Раиси мӯҳтарам ҷое каминаро ба ғаразнокӣ муттаҳам карданӣ шуда, ҷои дигар навиштааст: «Азбаски мақолаи «Бесоҳибӣ дар Файзобод» дар асоси гуфтаҳои Рақибов Атобулло ва ҳамдеҳагони ӯ навишта шудааст ва муаллиф, шояд аз сабаби маҳдудияти вақт ё худ бо сабабҳои дигари барои хонанда номаълум шунидаҳояшро тадқиқу таҳлил накарда ҳамчун воқеият ба қалам додааст, зарур шуморидем, ки ба масъалаи дар мақола овардашуда дар асоси факту далелҳои мавҷуда равшанӣ андозем».

Ин нутқи «пурмӯҳтаво»-и ҷаноби ҳокимро хеле хуш истиқбол мегирам ва мегӯям, ки ғарази банда ҷуз ифшои ҳақиқат чизи дигар набудаву нест. Бояд бигӯям, ки матлаби чопшуда мақолаи таҳлилӣ несту «хулосабарорӣ» ҳам надорад. Он гузориш аст ва мувофиқи хусусиёташ таҳлил талаб намекунад. Гузоришест, ки дар асоси фикри ҷониби ҷабрдида ва нафаре аз зертобеони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия — Илҳомиддин Ҳасанов нигошта шуда. Пас, он чиро низ, ки аз забони И. Ҳасанов оварда шудааст, ғайривоқеӣ шарҳ диҳем? Умуман, чаро раиси ноҳия ба ин ҷузъи матлаб ишорае накардааст? 

Дар мавриди «мақолаи рӯякӣ» навиштанам ҳамин қадар гуфтам, бас аст. Бармегардам сари масоиле, ки ҳамакнун бароям аҷибтар менамоянд. Як нуктаро агар ҳоло нагӯям, мӯҳтарам раиси ноҳия шояд ба дурӯғгӯӣ ҳам гунаҳкорам кунад. Зеро, ҷои дигар навиштааст: «Навиштаи муаллиф дар хусуси он ки рӯзи ташрифи ӯ раиси ноҳия ба Душанбе рафта будааст, ҳақиқат нест, зеро раиси ноҳия ҳамон рӯз, яъне 27-уми июли соли равон дар ноҳия буданд ва аз ҳудуди ноҳия набаромадаанд».

Хандаам меояд аз хондани ин пораматн! Ҳатто ба ин фикри худам, ки гӯё ба Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимиятӣ давлатӣ нарафтаву дар тарабхонаи «Тайга» нишастаам ва хабари набудани раиси ноҳияро боди сабо ба гӯшам расондааст, қариб бовар мекунам. Дар ҳоле, ки мардум рӯзафзун аз пойдории амалҳои бюрократӣ дар мақомоти давлатӣ шикоят мекунанд ва ман низ инро ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ дақиқ намудаам. Айби ман нест, ки дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод мӯйсафеди қаровул мизоҷро аз пеши дар «гусел» мекунад. Ва айби қаровул ҳам нест!  

Иқтибоси дигаре меорам аз ҷавобномаи раис: «Дар асоси баррасии аризаи шикоятии як гурӯҳ шаҳрвандон — ҳамсояҳои Рақибов А. прокурори ноҳия муайян намудааст, ки Рақибов А. манзили истиқоматиашро ғайриқонунӣ сохтааст. Дар ҳамин асос Прокурори ноҳия аз 11 июни соли 2009 амри худро дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ба имзо расонда, ба ҳолати аввала баргардондани заминро талаб намудааст».

Аввалан, изҳори нигаронӣ аз он дорам, ки чӣ тавр прокурор метавонистааст бе таҳлилу ташхиси ҳукуқии асноди вобаста ба баҳси манзил, дар асоси аризаи шаҳрвандон амр барорад? Дуюм, мехоҳам дар бораи ин амр гуфта гузарам, ки раиси ноҳия онро ба ҷавобномааш замима кардааст. Амр «Дар бораи бартарафкунии вайронкунии қонун» дар як саҳифаи андозаи А-4 дар як компютер ҳуруфчинӣ гардида, дар худи ҳамин саҳифа бо ҳамин ҳуруфи компютерӣ тасдиқномаи раиси ноҳия оид ба гирифтани Амр оварда шудааст. Аммо аҷибтар ин ки, рӯи имзои прокурор Х. Н. Бобоев ва ҳам порае аз тасдиқномаи раиси ноҳия Ҳакимов А. А. мӯҳри Прокуратураи ноҳияи Файзобод гузошта шудааст. Амри мазкур дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуруфчинӣ шуда бошад, ё дар прокуратураи ноҳия? Чӣ маънӣ дошта бошад баровардану қабул кардани «Амри муштарак»?

Ҳамин ҷо чизи дигареро ёдрас карданиям. Раиси ноҳия, мӯҳтарам Абдулло Ҳакимов дар ҷавобномаи худ нусхаи Қарорро аз 26-уми июни соли 2009 (№286) «Дар бораи амри прокурори ноҳияи Файзобод, аз 11.06.2009» замима намудааст. Ҳамон Қароре, ки онро пештар аз раиси Кумитаи заминсозии ноҳия дастрас карда будем. Фарқият танҳо ин аст, ки дар нусхаи аввалӣ С. Нуров имзо гузоштаву дар нусхаи дуюм А. Ҳакимов. Чунин гуногунӣ боиси тааҷҷуб ҳам ҳаст. Дақиқтараш, он метавонад боварии мардумро нисбати қувваи ҳуқуқии мӯҳри давлатӣ коҳиш диҳад. Шояд чандин нафар суолгузорӣ намоянд, ки «наход мӯҳрро дар ҳар ҳолат ба ҳар ҷои пешомада пахш кардан мумкин бошад?» ё худ, «наход дар ҳама ҷо бо «санаи гузашта» санад тартиб диҳанд?».

Он чӣ, ки гуфтам, ками кам аз андешаҳост. Зеро БМСТЖ (Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ) тасмим гирифтааст оид ба ин масъала тадқиқоташро идома диҳад ва дар наздиктарин шумораҳо паҳлӯҳои нокушодаро кушояд. Ба ҳар ҳол, аз раиси ноҳияи Файзобод, мӯҳтарам Абдулло Ҳакимов миннатдорем, ки дар ҷавобнома баъзе паҳлӯҳои норавшанро бароямон рӯшан кардааст. Тариқи ҳафтаномаи «Пайкон» аз эшон хоҳиш мекунем, ки шакли пурраи нусхаи харитаи соли 2004 тағйирёфтаи заминистифодабарии Хоҷагии давлатии ба номи Ҳамза ва нусхаи кӯҳнаи онро дастраси мо намоянд.

Фазлиддин АСОЗОДА

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: