Главная > Uncategorized > Шайтонаробаҳои Бег Зуҳуров

Шайтонаробаҳои Бег Зуҳуров

Рӯзи 16-уми август дар шабакаи «Хабар»-и Эрон наворе намоиш дода шуд, ки дар шаҳри Исфаҳон аз ҳисоби давлат ба мардум бепул дучарха медоданд. Одамон танҳо нусхаи шиносномаро месупориданду дучархаро гирифта, ба самти зарурӣ ҳаракат мекарданд ва пас аз итмоми корашон велосипедро ба истгоҳи муқарраршуда бармегардонданд.

Дар мо низ аз тарафи ширкати «Тоҷиктелеком» ба кормандон дучарха кӯмак карда шудааст. Оид ба ин мавзӯъ дар васоити ахбори оммаи кишвар матолиби зиёд пахшу нашр шуда буд ва гуфта мешуд, ки муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсия Бег Зуҳуров аксари кормандонашро велосипедсавор кардааст, аммо худи ӯ бо иллати дарди пой аз ин намуди нақлиёт истифода намебарад. Вале воқеият чизи дигар аст…

«Танбеҳи ронанда»

«Сухан аз забони Луқмон хуш аст» гуфта, ба «Тоҷиктелеком» рафтам ва бо Бег Зуҳуров дар ин хусус сӯҳбат кардам. ӯ на танҳо худ аз велосипед истифода карданӣ нест, балки кормандонашро низ иҷборан дучархасавор намекунад. Вай гуфт: «Мардум моро хато фаҳмиданд. Мо коргаронро маҷбур намекунем, ки ҳатман бо велосипед ба кор оянд. Касе хоҳад, дучархасавор ояд, намехостагӣ пойи пиёда. Ин иқдоми мо як навъ дастгирии кормандон аст. Зеро баъзеи онҳо мошин надоштанд ва акнун соҳиби нақлиёт шуданд». Вале дар саҳни корхона бо ӯ менишастам ва медидам, ки кормандон бо мошин вориди коргоҳ мешаванд. Дарвоза боз мешуд ва мошинҳои тамғаашон гуногун ба дохил ва берун ҳаракат мекарданд. Лекин Бег Зуҳуров мегӯяд, ки бо мошини шахсӣ ба кор омадан манъ нашудааст. Фақат ба мошини давлатӣ иҷозаи вуруд нест. ӯ ҳанӯз суханронияшро тамом накарда буд, ки як мошини давлатӣ вориди корхона шуд. Дар назди ман намоишкорона ронандаи мошинро танбеҳ кард ва ба дарбон муроҷиат намуд, ки ин гуна мошинҳоро чаро иҷозаи вуруд медиҳад. Дар ҳоле, ки дар корхона чунин намуди нақлиёт кам нест ва ба қавли ошпази ошхона Неъмат Мақсудов, онҳо барои кашондани озуқа аз бозор мошинҳои давлатиро истифода мебаранд. «Бо велосипед бозорӣ кардан қулай нест. Аз ин сабаб мошини навбатдорро мавриди истифода қарор медиҳем»,- мегӯяд ӯ.

Шумораи умумии кормандони «Тоҷиктелеком»-ро Бег Зуҳуров 4300 нафар арзёбӣ кард, ки ҳудуди сесад кас аз миёни онҳо соҳиби дучарха шудаанд. ӯ қайд кард, ки ҳар моҳ 20-30 велосипед аз ҳисоби ширкат ба кормандон дода мешавад. «Якбора тавони ҳамаи кормандонро бо дучарха таъмин кардан надорем»,- мегӯяд Зуҳуров. Аммо дар ҳамин ҳол муддати ду рӯз, шому субҳ мушоҳида кардам, ки дар ду нуқтаи кори кормандони ин ширкат дучархаҳо аз 10 дона беш ба назар намерасанд.

 

«Всё по 3 сомонӣ!»

Боре гузоратон ба ягон кӯчаи шаҳри Душанбе афтода, ки дар он ҷо ошхонаи бошукӯҳе бино шудааст ва арзиши тамоми хӯракҳояш 3 сомониро ташкил медиҳад?

Дар кишвари Русия савдогарон як усулро истифода мебаранд, ки диққати харидор зуд ба он ҷалб мешавад. Масалан, гарчанде молу колояшон арзиши воло надорад, вале нархномаеро ба таври «Всё по десят рублей…» меовезанд, то таваҷҷӯҳи муштариён бештар шавад. Дар ошхонаи ширкати «Тоҷиктелеком» низ арзиши ҳама намуди таом 3,5 сомониро ташкил медодааст. Аммо ин хӯрокҳо танҳо барои кормандони корхона аст. Лекин ошпази ошхона Неъмат Мақсудов мегӯяд, ки нархи тамоми намуди хӯрок аз 3 сомонӣ боло нест. Ин дар ҳолест, ки Бег Зуҳуров тамоми намуди хӯрок 3,5 сомонӣ арзиш дорад гуфт ва пас аз иқрори ошпаз шарҳ дод, ки ҳоло 3 сомонист, лекин баъди пурра таъмир шудани ошхона 3,5 сомонӣ муқаррар мешавад. «Ин иқдом ба хотири солимии кормандони корхона пеш гирифта шудааст»,- мегӯяд ӯ. Вале солимии кормандони як ширкат солимии кишвар буда наметавонад.

 

Дучархаи «Мӯсо»  ба «Исо»

Асли зарбулмасалро гирем, номи Исо аз Мӯсо бояд пеш меомад. Вале аз хабари ғайрирасмӣ нисбати «Тоҷиктелеком ва МЛТ» огоҳ шавед, ба дуруст ҷобаҷогузорӣ кардани номҳо шубҳаҳо бартараф мешаванд.

Овозае байни мардум паҳн шуда буд, ки кормандони «МЛТ» бо мошини ин ширкат занҳояшонро аз хона ба кор ва аз кор ба хона мекашондаанд. Роҳбарияти «МЛТ» тасмим гирифтааст, ки мошини ин кормандонро кашида гирад ва бар ивазаш дучарха диҳад. Кормандон аз ин тасмими роҳбарият изҳори норизоӣ карда, ба кор баромадан нахостаанд. Барои таъйиди расмии ин хабар ба ширкати «МЛТ» рафтам. Ширкати мазкур тамғаи тиҷоратиашро иваз мекардааст. Аз ин хотир, дар назди бинои асосӣ ягон нишонае зада нашуда буд, ки мутааллиқ ба «МЛТ» бошад. Бо ҷустану пурсиши зиёд бинои асосиро ёфтам ва бо сардори Маркази матбуоти он Азиз Хайруллоев дар ин хусус сӯҳбат кардам. ӯ ин овозаро бардурӯғ хонд ва гуфт, ки ҳеҷ тасмиме дар бобати иваз кардани мошин бо велосипедро раҳбарияти ин ширкат ба нақша нагирифтааст. Ман аз ӯ пурсидам, ки дучархаи дар назди корхонаи «Тоҷиктелеком» бударо, ки мутааллиқ ба корманди «МЛТ» аст, чи гуна маънидод менамояд. Вай дар ҷавоб гуфт, ки чанд нафар кормандони ин ширкат велосипеди шахсӣ доранд, ки бо он ба кор меоянд.

Дар бинои асосии «МЛТ» ягон дучарха ба назар намерасид, танҳо мошинҳои тамғаашон гуногун буданду халос.

Ҳамзамон Азиз Хайруллоев гуфт, ки велосипед додан ба кормандон аз сӯи раҳбарияти ширкати «Тоҷиктелеком» сурат гирифта буд, ки ахиран аз норизоии занҳо бо ин намуди нақлиёт ба кор омадан, дар тасмим чандон ҷиддият эҳсос намешуд.

«МЛТ» бо дастгирии «Мегафон»-и Русия ва «Тоҷиктелеком» таъсис ёфтааст. Аз ин рӯ, нисбати овоза дар мавзӯи дучархаи «Тоҷиктелеком ва МЛТ» мақоли «Мӯсову Исо» мувофиқ аст. 

 

«Сад фоиз розиянд…»

Бег Зуҳуров дар масъалаи мувофиқ будани кормандон барои бо дучарха ба кор омадан иброз дошт, ки сад фоиз розиянд. Аммо ошпази ошхонаи ин ширкат мегӯяд, ки ба ӯ велосипед додаанду нагирифтааст. Зеро бо дучарха озуқакашонӣ аз бозор кори мушкил аст.

Ин андешаро, ки баъзе кормандони Тоҷиктелеком дучархаҳояшонро фурӯхтаанд, оқои Зуҳуров бардурӯғ ҳисобид ва афзуд, ки танҳо баъди як сол ҳуқуқи фурӯхтани онҳоро доранд. Як корманди дигарро дар беруни  корхонаро боздоштам ва пурсидам, ки велосипедфурӯшӣ ҷой дорад ё не, гуфт, ки хабар надорад.

 Исфандиёр ХАЛИЛОВ, БМСТЖ

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: