Главная > Uncategorized > «Ғуломдорӣ» дар нақби «Истиқлол»

«Ғуломдорӣ» дар нақби «Истиқлол»

Сентябрь 1, 2009

Тибқи иттилои Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаракати нақлиёт тавассути нақби «Истиқлол» аз 01.08.09 то 01.10.2009 сол муваққатан қатъ карда шудааст. Ин тасмим, ки мардумро то андозае норозӣ кард, водор намуд, то баҳри муайян кардани сатҳи пешрафти корҳои сохтмонӣ роҳи нақби «Истиқлол»-ро пеш гирем…

Дар мавзеи Майхӯра мошини моро нафаре аз кормандони Хадамоти танзим дар соҳаи нақлиёт нигоҳ дошт. Чун ба ӯ иҷозатномаи аз Вазорати нақлиёт ва коммуникатсия гирифтаамонро нишон додем, сухане нагуфта, ба мо иҷозати ҳаракат дод. Вақте ба назди даромадгоҳи ҷанубии нақби «Истиқлол» расидем, маълум шуд, ки дар даромадгоҳи нақби асосӣ чиниҳо кор карда истодаанд. Коргарони чинӣ дар даромадгоҳи нақби асосӣ ба корҳои сохмонӣ ва банду басти «галерия»-и навбатиашон машғул буданд, ки бояд онро ба даромадгоҳи асосии нақб  пайваст намоянд. Нақби ҳавокашро бо бетонҳои рехташуда барои ҳаракати воситаҳои нақлиётро тавассути он манъ намудан маҳкам карда будаанд. Вале дар ду тарафи садди сунъӣ нақлиёти гуногун бо тамға ва рақами давлатии TAYOTA — EA5692 — 01РТ, TAYOTA — BK8460 — 01РТ, TAYOTA — 0731 — 01РТ, OPEL — EO3827 — 01РТ, OPEL AC1491 — 01РТ, MUSSO -EA2994 — 02РТ, TAYOTA — PRADA — EO0361 — 01РТ, TAYOTA — BT0370 — 01РТ, MUSSO — EK3147 — 01РТ меистоданду кӯшиши идомаи ҳаракати роҳро доштанд.

Чун ҳадаф аз сафари мо бо ин нақб муайян намудани рафти корҳо дар дохили нақб буд, мошинамонро дар канори роҳ гузошта, пиёда вориди нақб гардидем. Вақте ба гардиши аввал расидем, яке аз мошинҳои дар самти шимол буда чун дид, ки касе роҳро намекушояд, ба  қафо баргашт. Мо низ ба ин мошин савор шуда, ба самти ҷанубии нақб роҳсипор шудем. Дохили нақб ором буду аз болои он чун ҳамешагӣ об мечакид. Оби роҳрав хеле кам шуда буд. Баъдтар маълум гардид, ки сабаби кам шудани оби роҳрав танҳо «саховат»-и табиат аст. Бо фаро расидани фасли тирамоҳ об ҳам кам шудааст. Корҳои таъмиркунӣ танҳо дар як ҷой ба назар мерасид.

Вақте аз нақб берун шудем, хостем бо нафаре аз масъулини эронии сохтмони нақб ҳамсӯҳбат шуда, вазъи корҳоро муайян намоем. Аммо касеро пайдо карда натавонистем. Ба  гуфтаи коргарони маҳаллӣ, нафари масъули эронӣ оғои Шафеӣ дар самти шимоли нақб қарор доштааст ва корҳои таъмиркунӣ бошад (ба гуфтаи коргарони маҳаллӣ) дар дастаи якуми нақби ҳавокашӣ идома доштаанд. Оғои Шафеиро наёфтем. Ҳарчанд муайян намудем, ки ӯ мудири анбор будааст. Ҳамин вақт эронии дигаре бо либосҳои бодабдаба аз дохили хонаи саҳроие берун баромад. Гумон кардем, ки масъули сохтмони нақб ӯст ва хостгори саволу ҷавоб гардидем. Гуфтанд, ки он нафар васлгари барқ аст… Рақамҳои телефони нафареро доданд, ки мебоист ба саволҳои мо посух медод. Аммо телефони ӯ хомӯш карда шуда буд.

Ба автомобили бетонкашие, ки маҳсулоти тайёри сементиро ба мавзеи корӣ мебурд, нишаста, боз ба тарафии ҷанубии нақб баргаштем. Дар дохили нақлиёти боркаш бо ду нафар коргари маҳаллӣ ҳамсӯҳбат шудем. Ба онҳо худро шиносондему матлабамонро иброз намудем. Яке аз коргарони маҳаллӣ, ки худро Исматулло Нарзиев муаррифӣ намуд, иброз дошт, ки 11 сол боз дар ин сохтмон заҳмат мекашад. Вай бо як ҳисси миллӣ сухан меронд. Дар бораи норасоиҳо, мушкилоте, ки боиси пешравии фаъолияташон мегардад, масъалаи таъминот бо хӯрду хурок, сари вақт нагирифтани маош бо ҳасрат ҳарф мезад.

— Эрониҳо дар ин нақб худро ғуломдор ва мо — коргарони маҳаллиро ғулом эълон кардаанд,- гуфт ӯ. Аз вай  пурсидем, ки айни ҳол чанд нафар шаҳрвандони Эрон дар нақби «Истиқлол» фаъолият доранд? Исматулло гуфт, ки танҳо 4 нафар эронӣ дар сохмони иншоот боқӣ мондаанд, ки ҳамаашон «сардоранд». Дар идомаи сӯҳбат ӯ иброз намуд, ки коргарон ду моҳ боз маош нагирифтаанд.

— Вақте,- мегӯяд ӯ,- Президенти Тоҷикистон аз рафти корҳо дар сохтмон дидан карданд, мо ҳам хостем бо он кас ҳамсӯҳбат шавем, аммо «оғоёни эронӣ» моро нагузоштанд, ки аз дохили нақб берун шавем. Вақте вазире ё масъуле аз Ҳукумати Тоҷикистон барои огоҳ шудан аз рафти корҳо меояд, ӯро эрониҳо пешвоз гирифта, худашон гусел мекунанд. Мо танҳо баъд аз рафтани шахсони масъули ҳукуматӣ хабардор мешавем, ки фалонӣ омада будааст.

ӯ пешниҳод намуд, ки вақте масъулини ҳукуматӣ омаданӣ мешаванд, пешакӣ огоҳ накарда биёянд, то мо — коргарони маҳаллӣ тавонем дар сӯҳбати ошкоро бо онҳо проблемаҳои худро бигӯем.

— Охир, ин иншоот барои мо, барои наслҳои ояндаи мо сохта шуда истодааст,- мегӯяд ӯ.

Дар анҷоми сӯҳбат Исматулло Нарзиев иброз намуд: «Ба масъулини Ҳукумати ҷумҳурӣ расонед, ки бо ин шароите, ки дар иншоот кор рафта истодааст, солҳои наздик ба анҷом расидани тармиму таъмири нақби «Истиқлол»-ро Худо медонад».

Ба қафо баргаштему дар дохили нақби асосӣ боз ҳамон 4 нафарро дидем, ки ҳангоми гузаштанамон машғули кор буданд. Онҳо паймонкорони тоҷик буданд, ки худро Саид Пиров, Наврӯз Наврӯзов, Облоқул Сатторов, Мизроб Нарзиқулов номиданд. Онҳо номи сардорашонро Субҳон гуфта, дар кадом фирма кор карданашонро намедонанд. Танҳо илова намуданд, ки  ба корҳои таъмиркунии нақб аз ҷониби фирмае ҷалб шудаанд. Аз рӯи гуфтаашон ба онҳо ҳам эрониҳо супориш медодаанд, ҳам сардоронашон. Ғайр аз онҳо дигар касе дар дохили нақби асосӣ кор намекард.

Ба қитъаи таъмирӣ расидем. Аз нақлиёти боркаш пойин шуда, ба сӯйи нақлиёти худ раҳсипор гардидем. Замоне ки ба баромадгоҳи самти ҷанубии нақб расидем, дидем, ки роҳсозонӣ чинӣ барои гузаштани  автомобили боркашониашон саддҳои дар нақби ҳавокаш гузоштаро тавассути техникаи роҳсозиашон кушоданд. Мошинҳо ба ду тараф ҳаракат карданд. Мо ҳам ба сӯи шаҳри Душанбе роҳ пеш гирифтем. Вақте ки аз рафти корҳои сохмонӣ дар нақби «Истиқлол» дидан карда будем, аз мӯҳлати баста шудани нақб 20 рӯз гузашта буд. Дар давоми ин мӯҳлат дар нақби асосӣ кори самараноке ба субут расонда нашудааст. Оё дар давоми рӯзҳои боқимонда тамоми камбудиҳои ин сохтмон бартараф карда мешавад? Ё боз бо фаро расидани фасли зимистон об аз чак — чак мемонаду роҳро мекушоянд ва зимистон дохили нақб яхистон мешавад?

Намедонем то кадом андоза гуфтаҳои як нафар аз коргарони маҳаллӣ, ки нахост номашро зикр кунем, ба ҳақиқат рост меояд. Ба ақидаи ӯ, маҳкам кардани нақб танҳо бо мақсади назарфиребист. Гӯё кор карда истода бошанд. ӯ иброз намуд, ки масъулин ногоҳ оянду ба коргарон вохӯранд, ҳамааш ошкор мешавад.

Суханони ӯ касро ба андеша мебарад. Агар ҳадаф аз маҳкам кардани нақби «Истиклол» равнақ бахшидан ба корҳои сохтмонӣ бошад, пас чаро кор накарда истодаанд? Агар дар нақби ҳавокаш кор мекарда бошанд, чаро мушкили мардумро зиёд мекунанд? Тавассути роҳи ағбаи Анзоб, ки дар давоми ин солҳо рӯи таъмирро умуман надидааст, ҳаракат кардан хело дандоншикан аст. Ҳайронем, ки ин муамморо кӣ ҳал мекарда бошад? Шояд вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ Абдураҳими Ашӯр?

 Фирдавс НИЁЗӣ,

  БМСТЖ

Advertisements
Рубрики:Uncategorized
%d такие блоггеры, как: