Главная > Uncategorized > «CASTING»: озмун ё барнома???

«CASTING»: озмун ё барнома???

Чанде қабл Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» (ТВС) иқдомеро пеш гирифт, ки тавассути «CASTING» (озмун) ҷавонони бомаҳорату боистеъдодро ба барандагӣ қабул намояд. Озмун аз даврҳо иборат буда, тӯли чанд моҳ давом кард. Баъд аз даври ниҳоӣ ва овоздиҳӣ аз ҷониби тамошобинон чанд нафар аз иштирокунандагон ғолиби озмун дониста шуда, ба ҳайси ровӣ ба телевизион қабул гардиданд. Аммо мутаассифона, аз чӣ бошад, ки нафаре аз онҳо боре ҳам тариқи оинаи нилгун барномае таҳия накардааст.

 

Тайи чанд рӯз аст, ки «Шабакаи 1»-и телевизиони Тоҷикистон низ озмуни навбатии қабули ҷавонони бомаҳоратро ба шабака бо номи «Интихоби мо» эълон карда истодааст. Суоле пайдо мешавад, ки мақсади асосии гузарондани озмунҳо қабули ҷавонони бомаҳорат аст, ё гузарондани барнома? Чаро ҷавононе, ки қаблан ба Телевизиони «Сафина» қабул гардиданд, барномае таҳия накардаанд? Шояд озмун сатҳӣ буд? Шояд  онҳо имкони таҳияи барномаро надоштанд? Ва шояду шоядҳои дигар…

Барои равшани андохтан ба ин мавзӯъ пурсише гузарондем бо чанд тан аз иштирокдорони озмуни  «CASTING» ва тамошобинони ТВС.

Донишҷӯйе  худро  Барно муаррифӣ карда, қайд намуд, ки яке аз  тамошобинони ТВС мебошад. Мавсуф оид ба ин мавзӯъ андешаашро чунин баён дошт: «Ростӣ ман яке аз тамошобинони фаъоли ТВС мебошам. Вақте озмуни «CASTING» эълон шуд, дар он ҷавонони бомаҳорат кам набуданд. Ман ҳамеша ба иштирокунандагони фаъоли ин озмун SMS мефиристодам. Аммо баъд аз озмун боре ягон нафари онҳоро дар телевизион надидам».

Сабаби ба экран набаромадани нафарони аз озмун гузаштаро хостем аз дастандаркорони ин озмун Орзу Исоев ва Дилафрӯз Сатторова маълум намоем. Аз ин лиҳоз, ба ТВС рафтем. Чун бо Дилафрӯз Сатторова — сармуҳаррири идораи барномаҳои ҷавонӣ, зебоӣ ва варзиш ҳамсӯҳбат шудем, сабабашро чунин арзёбӣ намуд: «Барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон соли 2006 озмуне бо номи «CASTING» гузарондем.  Натиҷаи озмун нишон дод, ки метавон тавассути ин барнома ҷавонони боистеъдодро дарёфт кард. Ва бояд бигӯям, ки дар озмуни гузаштаи мо 22 нафар ғолиб омаданд ва аз ин шумора 6 нафарашон то имрӯз бо мо кору фаъолият мекунанд. Аз ин хотир, хостем боз тариқи ҳамин гуна озмун ҷавонони лаёқатмандро дарёфт намуда, на ҳамчун журналист, балки ба ҳайси ровӣ ба телевизион қабул намоем. Аммо дар бораи он ки чаро нафарони аз озмун гузашта ба экран намебароянд, ин аст, ки мувофиқи шартҳои озмун нафарони ғолиб бояд тӯли се моҳ дар телевизион кор омӯзанд ва баъд рӯи экран бароянд. Аммо мо озмунро моҳи майи соли ҷорӣ ҷамъбаст намудем ва ҳоло моҳи сеюми коромӯзӣ рафта истодааст».

Донишҷӯйи курси якуми факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) Саидбурҳони Султон, яке аз иштироккунандагони ин озмун гузарондани «CASTING»-ро як барномаи муқаррарӣ маънидод кард. ӯ афзуд: «Ман яке аз иштироккунандагони ин озмун будам. Намедонам аз чӣ сабаб буд, ки аз озмун нагузаштам. Шояд миқдори овозҳо камӣ кард??? Вале бояд гӯям, ки ба фикри ман, ин озмун ба ҷуз як барнома чизе набуд. Чаро ки, он нафароне аз озмун гузаштанд, то имрӯз боре онҳоро аз телевизион надидаам». Аммо Дилафрӯз Сатторова хилофи ин гуфтаҳо буда, гузаронидани «CASTING»-ро на як барномаи муқаррарӣ, балки озмун барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон арзёбӣ мекунад. «Албатта, иқдоми пешгирифтаи мо на як барномаи муқаррарӣ, балки озмун барои дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод буд. Ҳамчунин, ногуфта намонад, ки ин озмун аз се марҳила иборат буд. Марҳилаи якум 150 нафар иштирок намуда, 50 нафарашон ба даври нимниҳоӣ гузаштанд. Ва дар марҳилаи ниҳои 11 нафар ғолиб дониста шуд. Аз онҳо 2 нафарашон то имрӯз бо мо ҳамкорӣ намуда, тарзи кор дар телевизионро омӯхта истодаанд. Боқимонда аксарият аз ноҳияҳои дурдастанд ва фикр мекунам, ҳангоми таътил ба дидори падару модар баргаштаанд. Ду нафар аз иштирокчиёни мо баъди гузаштан аз озмун ҳуҷҷатҳои худро ба факултаи журналистикаи ДМТ супориданд ва ба он ҷо қабул гардиданд, ки ин аз маҳорати баланди иштирокдорони озмун шаҳодат медиҳад»,- мегӯяд ӯ.

Яке аз иштирокунандагони ин озмун, ки аз гуфтани номаш худдорӣ намуд, сабаби ба экран набаромадани ғолибонро ба таври дигар маънидод кард: «Ростӣ, чун дар он ҷо (ТВС) журналистони босавод бисёранд, ба мои «кӯчак» имкони таҳияи барнома муяссар нашуд. Аз ин хотир, дигар ман ба он ҷо нарафтам». Вале хонум Дилафрӯз баръакси ин иддао буда, мегӯяд, ки барои ҷавонони аз озмун гузашта тамоми имтиёзҳо дода мешавад.

Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки иштирокунандагон ва тамошобинон аз гузарондани чунин озмунҳо на он қадар қаноатманданд ва боварияшон низ нисбат ба ин озмунҳо кам гаштааст. Вале боз «Шабакаи 1»-и телевизиони Тоҷикистон бо номи «Интихоби мо» ва шабакаи кӯдакону наврасон — «Баҳористон» низ барои дарёфти истеъдодҳои наврас чунин озмунҳо эълон карда истодаанд. Интизор мешавем, то анҷоми ин озмунҳо ва аз натиҷаи онҳо хулосабарорӣ мекунем…           

 Наврӯз ҚУРБОНЗОДА,БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Зарина
    Август 12, 2011 в 10:49 дп

    Доброго дня Любимое Душанбинцы я очень рада что у нас тоже можно выбрат каналы и для детей и для взрослых спасибо огромной что вы для нас всех старайтес самое главное для нашых детишк я от себя лично от своих друзьей и подруг передаю огромны привет директору нашего канала Шабакаи якум и,Бахористон:-)

    Нравится

  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: