Главная > Uncategorized > ДУЗАНАГӣ: ШАҲВАТПАРАСТӣ Ё ҒАМХОРИИ МАРДОНА

ДУЗАНАГӣ: ШАҲВАТПАРАСТӣ Ё ҒАМХОРИИ МАРДОНА

Масъалаи дузанагиро  дар ҷумҳурӣ қисме қабул дошта, қисме онро зуҳуроти номатлуб арзёбӣ мекунанд.

 Зани дуюм

эҳтиёткор аст

Аслан бархе аз мардҳо бо истифода аз вазъи молявии доштаашон қонуни ҷазо барои дузанагӣ ва бисёрзаниро сарфи назар намуда, оилаи дуюм барпо мекунанд ва масъулияташон бештар  мешавад. Масалан, марди тахминан 55-сола К. Ш., ки дар деҳа зиндагӣ мекунад, гуфт, ки беш аз 15 сол боз мувофиқи шариати ислом бо ду зан ақди никоҳ бастааст. Занҳо дар як деҳа зиндагӣ мекунанд, хонаҳояшон алоҳида буда, замини наздиҳавлигӣ доранд. ӯ мегӯяд, ки шароити зиндагӣ душвор аст, хӯронидану пӯшонидани ду оила барои як мард кори саҳл нест. Дар ин ҷо бурди ҳарду оилаам аз он аст, ки таҳти роҳбарии ман бачаҳо баробари таҳсил ба корҳои хоҷагидорӣ кӯмак расонида, аз ҳисоби  зироаткорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва паррандапарварӣ то ҷое бо маводи ғизоӣ ва сарулибос таъминанд. Баракати кор аз тинҷии оила аст. Ҳамсаронам бо истифода аз ин фазои тинҷи дар оилаҳо мавҷуда ғайр аз андешаи рӯзгор дар сар дигар савдое надоранд. Муносибати зани дуюмам бо ман нисбат ба зани аввалаам эҳтиёткорона аст, зеро ду фарзандаш аз шавҳари раҳматиаш мебошанд. Ман дар байни онҳо адлро риоя мекунам. Аввал ин ки, риояи адл дар байни занҳо аз ҷониби мард фармудаи Худованд аст. Дуюм, дар сурати барангехтани низоъ дар оила, мувофиқи қонуни ҷумҳурӣ, ки дузанагӣ манъ аст, барои маро ба ҷазои молӣ ва ё ба маҳбас кашидан басанда аст, ки яке аз  ҳамсаронам ба суд даъво пеш биёрад. Агар ҳамаи инро дар тарозуи ақл баркашем, имрӯз дар деҳот бонувони бесаробон ба мардҳо бештар ниёз доранд. Аз ин лиҳоз, қисме зани дуюм буданашонро пӯшида нигоҳ медоранд, то ки гирифтори «бало» нашаванд.

 

«Бохчонамро

нигоҳубин мекунам»

Бонуи дигаре, ки барои дидорбинии зани дуюми шавҳараш аз деҳа ба шаҳр мерафт, гуфт, ки бохчонаш кӯдакдор шудааст ва ӯро як ҳафта нигоҳубин хоҳад кард. Мусофире барои дузанагӣ шавҳари занро бад гуфт, ки ин боиси ранҷиши ӯ гардид. Ин хонуми зебо гуфт: «Додар, марги шавҳари ман дар дасти Худост. Агар бармаҳал фавтад, марги ӯ боиси бадбахтии ду оила мешавад». Зимни сӯҳбат ин хонум гуфт, ки шавҳараш баъди ба шаҳр рафтану зан гирифтан қудрати ба онҳо ёрӣ расонданро надорад. «Мо аҳли оила, ки иборат аз 6 нафар будем ва ҳоло ду духтарамро ба шавҳар додам, кор карда, аз замин ризқу рӯзӣ меёбем. Фарзандони ман қариб ҳамаашон бузург шудаанд, вале бохчонам ду кӯдаки хурд дорад. Аввалҳо шавҳарамро барои барпо намудани оилаи дуюм нафрин мехондам, баъд ӯро бахшидам. Гузашт кардани ман рафтуомади шавҳарамро ба хона бештар намуд, меҳру муҳаббати фарзандонам аз падарашон канда нагашт. Ҳар ҳафта ба хонаи бохчонам меравам. Дар хонаи ӯ худро ба мисли хонаи худам  ҳис мекунам, зеро шавҳарам барои ҳардуи мо шахси мӯътабар ва азиз аст».

 Мардҳо ақл бой медиҳанд…

Қисме бар он боваранд, ки мардҳои мансабдор 2-3-занӣ дошта, аз ҳисоби пули мардум оилаҳояшонро нигоҳубин мекунанд. Дар тӯли якчанд соли  раҳоӣ аз режими коммунистӣ бисёриҳо фарқи байни мардҳои дузана, сезана, занҷаллоб, маъшуқадор ва фосиқро дар байни бойҳо ва мансабдорҳо то ҷое эҳсос намудаанд. Масалан, ҷаноби В. В., ки мутахассиси хуб аст, новобаста аз шароити душвори иқтисодӣ дар як моҳ имкони то 1000 доллари амрикоӣ пайдо намуданро дорад, солҳост, ки дузана аст. Зан ва фарзандонашро хуб нигоҳубин мекунад. Қисме аз бонувоне, ки муқобили дузанагӣ мебошанд, ба он боваранд, ки чунин мардҳои ҳунарманд ва пулёб дар ҷумҳурӣ ангуштшуморанд ва ҷаноби В. В. яке аз онҳост. Баръакс, ҷаноби Д. Д., ки соҳибмансаб буда, чанд маротиба ҳаҷ рафтааст, гоҳ соҳиби ду зан мешаваду гоҳо овозаи ҷанҷолаш бо занҳо тамоми шаҳрро фаро мегирад. Акнун мардум ба он боваранд, ки ӯ аз тоифаест, ки бо як зан зистан намехоҳаду бо дидани бонувони зебо ақлашро бой медиҳад. Аз ин ҷост, ки пулҳои гоҳ бо ранҷу гоҳ бо роҳи каҷ ёфтаашро шамоли ишқу ҳавас ба ҳар тараф пош медиҳад… Онҳое, ки аз рафтори чунин мардҳо огаҳӣ доранд, онҳоро занҷалоб ном бурда, рафтори онҳоро мазаммат мекунанд.

Дилхушии яксоата

Пӯшида нест, ки аксари мансабдорон зани дуюм надоранд. Ба андешаи қисме аз онҳо, барпо намудани оилаи дуюм боиси сар шудани ҷангу ҷанҷоли оилавӣ гашта, ҳатто фарзандон аз падарон рӯй мегардонанд. Мулоимтар карда гӯем, дар ин ҳолатҳо рақибон метавонанд ӯро барои поймол кардани қонун муттаҳам намуда, дар дилхоҳ вақт масъалаи аз мансаб рафтанашро муҳокима намоянд. Беҳтарин роҳ он аст, ки дар сурати зарурӣ бо бонувони «зебо» бо пардохти маблағ дар ҷойҳои хилват «истироҳат» кард. Баръакси мансабдорони эҳтиёткор, мансабдорони маъшуқадорро бисёриҳо мешиносанд, зеро бо истифода аз маъшуқаҳо чандин корафтодагон бо пардохти маблағ соҳиби вазифа, замин ва иҷрои саривақтии кору качолаҳояшон гаштаанд.

Ба андешаи ҷомеашиносон, аз ҳама пурхатартарин барои ҷомеа мардҳои фосиқ мебошанд. Ин қабил мардҳо барои яксоата дилхушиашон тамоми доштаашонро масраф мекунанд ва ё дар қисме аз ҳолатҳо аз қувва ва таҳдид барои ором намудани нафси саркашашон истифода мебаранд, ки дар бештари ҳолатҳо тирашон ба нишон нарасида, озими маҳбас мешаванд.

 

«Шукронаи

шавҳари дигарон»

Баъди ҳодисаҳои маълуми солҳои 90-уми асри гузашта ва муҳоҷирати зиёди мардҳои қобили меҳнат ба хориҷи кишвар даҳҳо нафар хоҳарони мо ба зиндагонӣ бидуни мард одат намудаанд. Дар ин замина хонум С. С. гуфт: «Мехоҳам дар ин синну солам, ки ба таги 50 расидаам, оила барпо намоям, ақаллан зани дуюм бошам. Вале баъди ду-се рӯзи зиндагӣ бо дилхоҳ мард гумон мекунам, ки ӯ барои ман дар оилаам «даҳони зиёдатист».

Хонум П. П. аз зани дуюм буданаш қаноатманд аст. ӯ гуфт: «Баъди зани дуюм шуданам худро озод ҳис кардам. Зеро, ҳангоми бева буданам ба кадом хонае мерафтам, хонуми хона ба ман рашк мекард, гӯё шавҳарашро мегирифта бошам. Баъди зани дуюм шуданам дар аввалҳо муносибати фарзандонам бо ман бад шуд. Оҳиста — оҳиста бо гузашти вақт эҳсос намуданд, ки ман худ ва онҳоро аз шармандагӣ раҳондаам. Зеро писаронам шоҳиди он гаштаанд, ки қисме зани дуюм шуданро хуш намедоранд, вале барои қонеъ намудани талаботи ҷисмонӣ ва дар бештари ҳолатҳо бо мақсади дарёфти ризқ танфурӯширо ихтиёр кардаанд.

Хонум Т. Т. замоне ризқу рӯзияшро аз «рақс» пайдо менамуд. Баъди кам гаштани тӯю сур ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт… ӯ мегӯяд: «Баъди ҳамаи ин сарсонию саргардониҳо ба худ шиоре  ихтиёр намудам, ки он «Шукронаи шавҳари дигарон» буд. Ҳоло зани дуюм ҳастам, як духтарча дорам. Қариб 70 фоизи бори зиндагиамро худам мекашам. ӯ дар зиндагӣ қуввати дили ман аст. Ба хотири фарзандаш ба хона меояд ва асабҳои солҳо дар «рақс» харобгаштам ором мегиранд. Ба ҳаминаш ҳам шукр мегӯям».

 

Ҳуҷуми занҳо ба мардҳои дузана

Дар қатори ҳамаи он ҷонибдорҳои дар боло зикршуда, қисме аз бонувони бесаробон тан ба тақдир дода, то ахири умр ба нафси шаҳвониашон «мушт» мезананд. Қисме мехоҳанд шавҳар дошта бошанду шавҳарашон танҳо аз они онҳо бошад. Мутаассифона, бо ҷурми носозгориҳои замона мардҳои онҳо мехостагӣ ё дар қайди ҳаёт нестанд ва ё дар Русия худро ба оғӯши кадом як «Маруся» ҳаво дода, солҳои назик ба ин ҷумҳурии бӯҳронзада омаданро ният надоранд. Дар бештари ҳолатҳо он бонувоне, ки ба дузанагӣ муқобилят нишон медиҳанд, хушбахтии занро дар мадди аввал аз доштани ихтисос ва маълумоти олӣ медонанд. Метавон ба гуфтаҳои ин хоҳарон то ҷое бовар кард ва то ҷое не! Чаро? Зеро дар ягон донишгоҳи замони шӯравӣ ва донишгоҳҳои имрӯза муносибатҳои шаҳвонӣ байни марду зан дарс дода намешуду намешавад. Шояд аз надонистани ҳамин масъала бошад, ки аз субҳ то бегоҳ дар куҷое «УЗИ» ҳаст, бонувон дар навбат истодаанд. Тааҷҷубовар он аст, ки қисме аз хоҳарони мо, ки дорои ихтисос ва маълумоти олӣ ҳастанд, даҳсолаҳо умри тиллоияшонро дар танҳоӣ ва ноумедӣ паси сар мекунанд. Баръакс, қисме аз нохондаҳо, ки дар оила аз модаронашон сабақи рӯзгордорӣ омӯхтаанд, дар зиндагӣ хушбахтанд. Зимни як омӯзиш ба бонуи соҳибмансабе тавсияи зани дуюм шуданро додам. ӯ дарҳол аз қонун суханро оғоз кард. Ман ҳам якравӣ кардаму бо ӯ розӣ нашудам. ӯ  худашро идора карда наметавонист ва он чи дар даҳонаш меомад, нисбати мардҳои дузана мегуфту ором намеёфт… Ба хаёлам, ӯ гумон мекард, ки ҳозир ё замони дигар розигии ӯро бо дузанагӣ шунида, марде ӯро ба занӣ мегирад ва ё ӯро аз кор хориҷ мекунанд.

Баъди чанд рӯз ман ин ҳодисаро ба духтури асаб нақл намудам ва  ӯ гуфт: «Ба бемории «нервоз» бештаи мардуми камбизоат ва бонувони бесаробон дучоранд. Онҳо бо шунидани сухане мухолифи ақидаашон  асабонӣ гашта, чи гуфтанашонро аҳамият намедиҳанд. Қисми зиёди духтароне, ки саривақт ба шавҳар баромада наметавонанд, гирифтори бемории «нервоз» ҳастанд, вале ба хотири аз онҳо рӯй натофтани бахт худро дар қайди бемориҳои асаб намегузоранд.

Зимни сӯҳбат дар хусуси дузанагӣ бонуи масъули бақайдгирӣ гуфт: «Ман дар ин шаҳр мардҳои дузанаро мешиносам, зеро онҳо фарзандонашонро аз зани дуюм бо маслиҳат бо мо ба фарзандхондӣ қабул намуда, барои онҳо бо ному насаби худашон ҳуҷҷат гирифтаанд. Дар сурати фавтидани падар ин писархондҳо метавонанд ҳаққу ҳуқуқи худро даъво намоянд». Ба қавли ин хонум, дузанаҳо аслан одамоне ҳастанд, ки зиндагии хуб доранд. «Дар байни дузанаҳо мансабдорҳо низ ҳастанд ва мо чанд фарзанд доштанашонро донем ҳам, ҳуқуқи ифшо намуданро надорем. Зеро дузанагӣ дар назди қонун ҷавобгарӣ дораду корхонаи мо сирри худро дорад»,- қайд намуд бонуи масъул.

 Давлати АБРОР

Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: