Главная > Uncategorized > Омбудсмен тақдири Ёқубро тағйир медиҳад?

Омбудсмен тақдири Ёқубро тағйир медиҳад?

Ҳафтаи гузашта ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон Зариф Ализода дар мулоқот бо намояндагони васоити ахбори умум эълом дошт, ки номаи шикоятии модари собиқ вазири корҳои дохилии кишвар Ёқуб Салимовро мавриди баррасӣ қарор додааст. Баланд шудани ин садо аз ҷониби Омбудсмен нисбати яке аз фармондеҳони пешини Фронти халқӣ, ки ҳоло дар маҳбас қарор дорад, ногаҳонӣ ҳам буд. Зеро то имрӯз атрофи номи ӯ танҳо овозаҳои пардапӯшона радду бадал мешуд ва касе ҷуръати онро надошт, ки дар боби тақдири ояндаи Ёқуб Салимов воқеъбинона ҳадс бизанад.

«Бо ошӯбҳо мувоҷеҳ шудан хуб нест»

Баъд аз иброз шудани тасмими баррасии номаи модари Ёқуб Салимов, беихтиёр суоле пеш меояд, ки «Омбудсмени тоҷикро чӣ водор намуд, то якбора ба ин кор машғул шавад?». Ва ин бесабаб ҳам нест. Чунки, пештар бархе аз васоити чопӣ номаи саркушодаи модари 80-солаи Ёқуб Салимовро ба мақомоти давлатии ҷумҳурӣ нашр карда буданд ва аз ҷониби ишорашудагон вокуниши ҷиддие сурат нагирифт. Модар дар муроҷиаташ махсусан ба вазири адлия ишора мекард, ки вазъи зиндагии писараш дар боздоштгоҳи муваққатӣ хуб нест ва хоҳиш намуда буд, то амри қонун барои адои мӯҳлати ҷазо дуруст тадбиқ шавад. Ҳам модар, ҳам вакилони мудофеъ ва ҳам бародари Ёқуб — Аминҷон Салимов масъалаи интиқол додани маҳбусро аз боздоштгоҳ ба зиндон дархост карда буданд. Додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов низ қазияи нигоҳдории ӯро ба салоҳияти Вазорати адлия марбут дониста, изҳор намуда буд, ки аз Ёқуб Салимов ягон арзу шикояте нагирифтаанд. «Мо ҳам мехоҳем, ки мардум тинҷу осуда бошад. Дар маҳбас ҳамон нафароне менишинанд, ки даст ба ҷиноят, табаддулот, одамкушӣ задаанд. Аммо ҳамаи онҳоро дар як ҷо ҷамъ карда, бо митингу ошӯбҳо мувоҷеҳ шудан хуб нест. Вазорати адлия ҳаст ва як раёсат дорад, ки бо ин қазия сарукор мегирад. Мебинанд, ки ягон тавтиъа шояд мешавад, бидуни бекор кардани режими аз тарафи додгоҳ муайяншуда онҳоро аз як маҳбас ба маҳбаси дигар мекӯчонанд»,- гуфта буд ӯ. Дар ҳамин маврид, раиси Консорсиуми ҳуқуқшиносони Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров мегуфт, ки аз рафтани Ёқуб Салимов ба маҳбас ё ҷои дигар тарс доранд. Ба он хотир, ки дар кадом режиме набошад, ӯ имконияти мулоқот кардан дорад. Мавсуф ҳамчунин қайд карда буд, ки шояд сабаб вазъи саломатии ӯ бошад ва то сиҳат шуданаш ӯро нигоҳ доранд. Бародари Ёқуб — Аминҷон Салимов ҳам рӯи ҳамин нукта пофишорӣ мекард: «Бародарамро пеш аз Иди Қурбон моҳи декабр охирин бор дида будам. Ба мо иҷозат доданд, ки ӯро дар 3 моҳ як бор аёдат кунем. Ва мутаассифона, дафъаи ахир зиёда аз 5 моҳ гузашту баъд ба аёдат даромадем. Вазъи саломатияш хуб нест. Ба ҳама маълум аст, ки дар солҳои ҷанги бародаркуш ӯ захмӣ шуда буд ва то ҳанӯз дар баданаш оҳанпораҳо ҳастанд».

 

«Бохтар» ва мавқеи болотари Ёқуб

Дар бораи маҷрӯҳии Ёқуб Салимов сухан гуфтани бародараш Аминҷон Салимов воқеаеро ба ёд меорад, ки ҳангоми дар вазифаи раиси Кумитаи гумрук кор кардани ӯ рух додааст. Ин рӯйдод наҷот додани президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз марг аст. Манзараи наҷотро коршиноси рус Аркадий Дубнов дар як мақолаи худ чунин тасвир кардааст: «Баҳори соли 1997 дар шаҳри Хуҷанд Ёқуб Салимов сари вақт президентро тела дода, ӯро бо баданаш пӯшонд, вақте ки яке пайи дигар ду норинҷак ҷонибаш ҳавола шуд». Дубнов ҳамчунин дар бораи дархости мақомоти тоҷик дар соли 1997 барои дастгир кардани Ёқуб Салимов, ки ӯро ба кӯшиши исёни яроқнок ва гаравгонгирӣ гунаҳкор мекарданд, изҳори тааҷҷуб кардааст. Зеро ба гуфтаи ӯ, воқеаҳо дар Хуҷанд як сол баъди дархост, яъне соли 1998 рух додаанд. Дар ҳамин мақола ӯ дар бораи мавқеи баландтари сиёсӣ ёфтани Ёқуб Салимов ишора мекунад.

Қисме аз коршиносон бар ин назаранд, ки Ёқуб Салимов баъди таъсиси Фонди хайрияи «Бохтар» ва аз гурӯснагӣ наҷот додани қисме аз рӯшанфикрони тоҷик мавқеи болотаре касб кард, аммо натавонист ин мавқеъро то охир нигоҳ дорад. Соли 1997 ба далели ҳамдастӣ дар шӯриши мусаллаҳона таҳти роҳбарии Маҳмуд Худойбердиев муттаҳам шуда, аз Тоҷикистон фирор кард. Соли 2003 дар Маскав аз ҷониби мақомоти амниятии Русия боздошт гардида, соли 2004 ба Тоҷикистон таслим карда шуд. Моҳи апрели соли 2005 аз ҷониби Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷурми хиёнат ба ватан, ҳифзу қочоқи силоҳ ва сӯистифода аз мансаб ба мӯҳлати 15 сол маҳкум шуд ва то ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад.

 

Оғози рақобатҳо?

Чанд моҳ пеш Департаменти давлатии Амрико гузорише пахш карда буд, ки дар он ба вазъи зиндонҳои Тоҷикистон дахл карда мешуд. Ин ниҳод мегӯяд, ки соли 2008 ҳуқуқи сокинони Тоҷикистон дар амри тағйири ҳукумат маҳдуд буд ва бадрафториву азияти маҳбусон аз тарафи маъмурони амниятӣ мушоҳида мешуд, ки бо ин рафторашон ҳам муҳокима намешаванд. Гузашта аз ин, ин афрод аз муҳокимаи одилона маҳрум буданд. Ин нуқтаи гузориш ба вазъи нигоҳдории Ёқуб Салимов низ метавонад ишора кунад. Зеро ӯ низ маҳбус аст. Маҳбусе, ки акнун номаи модараш таваҷҷӯҳи Омбудсмени тоҷикро ҷалб кардааст ва баъд аз баррасӣ маълум хоҳад шуд, ки муҳокимаҳо одилонаанд, ё не. Аммо боз бармегардем сари суоле, ки пештар гузоштему ба он посух надодем. Яъне, «Омбудсмени тоҷикро чӣ водор намуд, то якбора ба ин кор машғул шавад?». Аз рӯи вазифа, Омбудсмен метавонад аз рӯи шикояти мардум дар бораи ҳукм ва ё қарори ҳама гуна ниҳоди давлатӣ қатъномаи худро содир кунад. Вале, чун ба наздикӣ Консорсиуми ҳуқуқшиносони Тоҷикистон интихоб, омӯзиш ва роҳандозии фаъолияти 50 нафар «омбудсмени ҷамъиятӣ»-ро дар назар дораду ҳамзамон Институти омбудсмен дар ҳоли ташкилёбист, фарзияе пайдо мешавад. Фарзия ин аст, ки шояд байни  ин ду рақобат ба вуҷуд ояд. Агарчи раиси созмони ғайридавлатии Консорсиуми ҳуқуқшиносон Раҳматилло Зойиров мегӯяд, ки «омбудсменҳои ҷамъиятӣ» ба фаъолияти ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон мухолифат надошта, баръакс ба кори Зариф Ализода кӯмак хоҳанд расонд.

 

«Омбудсмен имконият намеёбад»

Баъзе коршиносон андеша доранд, ки Зариф Ализода гумон аст бо баррасии номаи шикоятии модари Ёқуб Салимов тақдири ояндаи ӯро тағйир дода тавонад. Коршинос Шокирҷон Ҳакимов дар ин замина мегӯяд: «Тибқи тартиби қонунгузорие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, дар ҳолатҳои мушаххас ваколатдори ҳуқуқи инсон метавонад арзу шикояти шаҳрвандонро дар робита ба моҳиятан баррасӣ намудани парвандаҳои ҷиноятӣ ва корҳои шаҳрвандӣ муҳокима кунад. Инчунин, фикру мулоҳиза ва эродҳои худро ба мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ ва барқарор намудани адолати судӣ пешниҳод намояд. Вале бояд ба инобат гирифт, ки парвандаҳои ҷиноятӣ дар робита ба шахсияти Ёқуб Салимов, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Ғаффор Мирзоев ва чанд нафари дигар таҳти назорати роҳбарияти сиёсии кишвар қарор доранд. Аз ин хотир, вобаста аз қисматҳои инсонӣ ва баъзе ҷиҳатҳои субъективӣ ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон барои моҳиятан баррасӣ кардани ин масъала, ки воқеан мушкилиҳои зиёд дорад, имконият намеёбад. Зеро масъалаи мазкур бештар на ҷиҳати хусусӣ, балки ҷиҳати сиёсӣ дорад. Ба ин мавзӯъ борҳо созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар низ таваҷҷӯҳи на танҳо додситони кулл, инчунин роҳбарияти сиёсии Тоҷикистонро ҷалб карда буданд. Вале аз тарси он, ки мабодо иваз шудани ҷои ҷазои Ёқуб Салимов боиси муташанниҷ шудани авзои иҷтимоиву сиёсии Тоҷикистон нагардад, хомӯшанд». 

 Қиёми САЪД,

 БМСТЖ

Реклама
Рубрики:Uncategorized
  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: