Главная > Аҳлиддини САЛИМПУР > ҲХДТ духтаронро дар 18-солагӣ ба шавҳар медиҳад?

ҲХДТ духтаронро дар 18-солагӣ ба шавҳар медиҳад?

Ҳизби халқӣ — демократии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хостаанд қонуне ба тасвиб расад, ки тибқи он духтарон аз синни 17 не, дар синнӣ 18-солагӣ ба шавҳар бароянд. Аммо қисми зиёде аз коршиносон ва мардуми маҳаллӣ бар ин назаранд, ки чунин тасмим наметавонад роҳи ҳалли масъала бошад ва шумораи нохуши талоқро дар ҷомеа пешгирӣ карда тавонад.

Фаррухшо ҶУНАЙДОВ, ҳуқуқшинос:

— Умуман, синни никоҳӣ худаш чист? Ин аз тарафи қонунгузорӣ муқаррар намудани синни шахс аст, ки баъди ба он расидан ӯ метавонад оила барпо намояд. Дар бисёр мамолик синни мазкур ба 18 сол баробар аст, ҳарчанд, ки дар баъзе кишварҳо синну соли дигар муайян гардидааст. Масалан, дар Фаронса барои мардон 18 ва барои занҳо 16 муқаррар гардидааст, дар Англия — 16 барои ҳар ду ҷинс. Ва дар ҳолати ҷой доштани зарурат ин синну сол албатта бо иҷозати мақомоти салоҳиятдор мумкин аст пойин фароварда шавад.

Дар даврони шӯравӣ синну соли мазкур барои ҳар ду ҷинс 18 сол муқаррар гардида буд. Дар баъзе ҷумҳуриҳои иттифоқӣ синни мазкур барои занон 17 сол муқаррар шуда буд. Масалан, дар Украина ва ӯзбекистон.

Имрӯз дар Тоҷикистон мувофиқи моддаи 13-и Кодекси оила синни никоҳӣ 17-сола муқаррар карда шудааст.

Гуфтан мумкин аст, ки имрӯз дар аксари мамлакатҳои дунё раванди баланд бардоштани синну соли никоҳӣ рафта истодааст ва инро дар аксар вақт «ба хотири ҳифз намудани манфиатҳои занон» баҳо медиҳанд. Дар ҳақиқат дар бисёр давлатҳои дунё синни никоҳӣ вобаста ба синну соли балоғати ҷинсӣ, балоғати психологӣ ва иҷтимоии хонадоршавандагон ва инчунин урфу одат ва дигар шарту шароити мамлакати мушаххас муқаррар карда мешавад.

Дар мавриди пешниҳоди Кумитаи кор бо занон ва оила нисбати баланд бардоштани синни мазкур аз 17 ба 18 баъзе коршиносон ибрози назар кардаанд, ки бо ин роҳ бисёр оилаҳои навбунёд аз вайроншавӣ нигоҳ дошта хоҳанд шуд. Агар чунин мебуд, яъне агар бо ин роҳ пеши роҳи вайроншавии оилаҳои ҷавон гирифта мешуд, чи хуб мешуд. Аммо, мушкилот танҳо дар ин нест. Гуфтан мумкин аст, ки масъала бештар хусусияти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсӣ дорад. Бояд дар баробари баланд бардоштани синну соли никоҳӣ (ҳам барои марду ҳам барои зан) боз чораҳои дигари муҳимро андешид ва аз пайи амалӣ гардидани онҳо кӯшиш ба харҷ дод. Бояд сатҳи таълиму тарбия дар макотиби миёнаву олӣ ва сатҳи зиндагӣ бо роҳи фароҳам овардани шароит барои кору машғулият ба навҷавонон, муҳайё намудани ҷойҳои холии корӣ, сохтмони манзилу хобгоҳҳои нисбатан дастрас баланд бардошта шавад. Аз гап ба амал гузаштан зарур аст. Қонунҳои бисёр, барномаҳову консепсияҳои гуногун  қабул карда шудаанд ва пешниҳод мегарданд, вале мутаассифона танҳо дар рӯи қоғаз…

Гулинор РАСУЛОВА, омӯзгор:

— То куҷо метавонад ин лоиҳаи қонун ба тафаккури ҷомеа, бахусус духтарон таъсир расонад? Дар ҳоле, ки дар макотиби ҷумҳурӣ нарасидани кадрҳои зарурӣ ба назар мерасад. Ва аз набудани шароити зист ва камбизоатӣ духтарон наметавонанд таҳсилашонро дар донишгоҳҳо идома диҳанд. Масалан, духтар дар синни 18-солагӣ мактабро хатм намудааст ва хоҳад кор мекунаду хоҳад ба донишгоҳ дохил мешавад. Вале «анъанаи нохондае» солҳои охир тавлид шудааст, ки духтар аз синни 24-25 боло шуд, ӯ аллакай пирдухтар аст. Беҳтар мебуд барои тасвиб гардидани лоиҳаи қонун Кумита қувва сарф намекарду доман задани ахлоқи бади духтаронеро пешгирӣ менамуд, ки дар дискоклубҳо машғули «рақс»-анд. Хубтар мешуд, ки ин Кумита барои соҳибмаълумот гардидани духтарон дар макотиби миёна, бахусус то синфи 9 саҳм мегузошт. Аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи ташкилотҳои хориҷие, ки созмонҳои ҷамъиятии занонаанд ва ба қавле «ҳуқуқи онҳоро ҳимоя мекунанд», бояд ҳар гуна имтиёз таъсис дода шавад.

Сӯҳроб АЗИМОВ, ронанда:

— Беҳтараш Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонун дар бораи одоби либоспӯшӣ, рафтор ва нарафтани ҷавонони 18-соларо ба дискотекаву фоҳишахонаҳо ва казиноҳо пешниҳод намояд. Тарзи либоспӯшие, ки духтари тоҷик дорад, аврупоиҳоро дар ҳайрат гузоштааст.

Ҳасан БОЙНАЗАРОВ, донишҷӯи ДМТ:

— Тасмими Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи он ки Вазорати маориф иҷозат диҳад, то духтарони сатрпӯш ба донишгоҳҳои олии кишвар роҳ ёфта, таҳсилашонро идома диҳанд, хуб буд. Зеро, амалӣ гардидани ин тасмими пешгирифтаи Кумита метавонад дар рушди тафаккури ҷомеа, бахусус занон саҳмгузор бошад. Аммо дар мавриди он ки тасмими Кумита дар бораи муқаррар кардани синни издивоҷ то куҷо роҳандозиву амалӣ мешавад чизе гуфтан душвор аст.

Аҳлиддини САЛИМПУР, БМСТЖ

  1. Комментариев нет.
  1. No trackbacks yet.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: